Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АЗ САНГ САХТ, АЗ ГУЛ НОЗУК

Қиссаҳои падарам нахустин манбаи илҳоми ман аст. Руҳи поки қиблагоҳам шод бод!

Ҷудоӣ

Пардаи торики шомгоҳӣ ба оҳистагӣ ҳама ҷоро фаро мегирифт. Ҳавлии об зада рӯфташуда ҳанӯз дам дошт. Гирду атроф орому сокит, ҳатто гулҳои бағали ҷӯе, ки аз канори ҳавлӣ ба поин ҷорӣ мешуд ва баргҳои дарахтон сари ҷо шах шуда буданд. Аз насими форами намозшомӣ, ки ҳамеша ба машом мевазид, хабаре набуд. Бар замми ин, аз дили дарахтҳои боғ садои шуми ҷуғзе беист ба гӯш мерасид. Дар ниҳояти дилтангӣ санге гирифтаму сахт ба он сӯ ҳаво додам. Шарақ-шарақ ба ҳам хӯрдани баргу шохаҳои дарахтон баланд шуд ва пирросзанон селаи гунҷишку майнаҳои хобида ба парвоз даромаданд. Садои ҷуғз ҳам қатъ шуд. Падарам мегуфт, чуққас задани бум хосият надорад, парандаи шум аст. Ман аввалин бор ин садои наҳсро мешунидам.

Он рӯз дар хонаамон танҳо ду нафар будем, ману апаам16 Орзу. Ӯ бо рӯмоли хокиранги шаршарадор ва куртаи чити гулдораш хеле зебо менамуд. Рӯйи зинаи паҳни айвон нишаста, шишаи чароғро пок мекард. Аввал бо нафаси норасои худ дар он медамид ва сипас чӯби борики латтапечеро, ки миёни ангуштони нозукаш нигаҳ медошт, бо фишор аз дохили шиша мегузаронд ва ба пешу пас ҳаракат медод. Апаам шишаро то даме, ки ялт-ялт ҷило медод, тоза мекард. Ман аз назди ӯ гузашта ба сӯйи девори молхонаи бобои Амон, ки бо девори ҳавлии мо муштарак ва ҷойи доимии тамошоям буд, рафтам. Он ҷо аспи сапеди бобо бо виқори ҳамешагии худ ором меистод, аҳёнан думу гӯшҳояшро алвонҷ дода мемонд. Тамошо кардани маро пай бурд магар, ба сӯям нигоҳе афканд ва сарашро боло-поин кард. Бештар ба асп зеҳн мондам, фурӯ дар хаёлҳои бесару нӯк савори он шудам ва шуруъ кардам ба сайру гардиш...

Бо аспи дӯстдоштаам ба парвоз даромада, аз болои бомҳои гилии гузар мепаридам. Ҳадафам зудтар расидан то майдони бузкашӣ буд. Ниҳоят, майдони гавҷум ба назар мерасад. Аз он ҷо ҳамроҳ бо ҳаёҳуи одамон садои шиҳакашии аспон шунида мешавад. Дар минбаре чеҳраи падарамро мебинам, ки беист даст афшонда, маро ба майдон мехонд. Нидоҳои қувватбахши ӯро шунида, бе мулоҳиза аспамро қамчин мезанам ва худамро ба миёни кӯпкаритозон меандозам. Дар як он танаи маҷруҳу фатилашудаи бузғоларо баланд мекунам ва аз доираҳои ҷафсу ба ҳам часпидаи аспон берун меоям. Саманди худро дубора тозиёна мезанам. Ҷонвар масту сархуш аз пирӯзӣ, чун бод ба сӯйи марра медавад...

Хаёлҳои ширинамро садои ғиҷирросии дарвоза барканд. Овози ғафсу ваҳмноки модарам, ки аз меҳмонӣ меомад, баланд шуд:

– Орзу, чӣ кор мекунӣ?!

Апаам як қад парида аз ҷо хест ва ду чароғи омодакардаи худро дар назди тирезаи айвон гузошта ба пешвози модарам давид. Табақи ӯро аз сараш гирифта, бо садои пасту маҳини худ гузориш дод:

– Ҳама корҳои фармудаатона анҷом додам, очаҷон. Гандума аз ярғучоқ кашидам, нон пухтам, молхонара тоза кардам, ҳавлира рӯфтам. Акнун чароғома шуда, хӯроки шома пухтанӣ будам.

– Ҷувонимарг, торик шуду то ҳол хӯрока сар накардаӣ? Вақти омадани додот ҳам шуд-у?!

– Тез мешавад, очаҷон, – апаам табақи модарро канори хонтахта гузошта ба сӯйи ошхона давид.

Ба модарам одат шуда буд, аввали рӯз тамоми корҳояшро ба апаам фармуда, аз хона берун мерафт. То вақти намози шом дар ба дар мегашту аз меҳмонравӣ сер намешуд. Ҳамин ки сари теғи офтоб мешикаст, ба хона бармегашт ва дубора сар мекард ба амру фармон додан. Маҳз пеш аз омадани падарам худашро чунон вонамуд мекард, ки аз кори зиндагӣ сахт хастаю монда шудаасту бачаҳояш ба ӯ ёрӣ намедиҳанд. Апаҷонам бошад, бо сари хам ҳама таҳқиру ҳақоратҳои ӯро мебардошт. Саъй мекард ба ҳама корҳояш расад, то аз модар гап нашунавад ва як луқма нонро ба ману ба худаш ҳалол кунад. Худро дар хона мисли гунаҳкор медид ва ҳеч гоҳ ба падарам аз зӯровариҳои модар шикоят намекард.

Ман ҳам садои қаҳромези модарро шунида бесаранҷом шудам ва аз нав ҷониби аспи дӯстдоштаам сар гардондаму бо ишораи даст хайрухуш кардам. Асп аз рафтани ман гӯё нороҳат буд, як пояшро беист сари ҷо мезад. Ман дигар наметавонистам он ҷо бимонам, ба хотири он ки модарам ба сари ман ҳам дод назанад, зуд ба ақиб гаштам. Як ангуштамро байни лаб газида, бо сари хам ва аз қирраи чашм ба модарам, ки канори суфача нишаста гирифта буд, нигоҳкунон, бошитоб ба сӯйи ошхона гузашта рафтам. Азбаски саросема будам, вақти дохил шудан ба ошхона баногоҳ ба остонаи дар пешпо хӯрдам ва барӯ ба замин афтидам. Апаам «додарҷон, чӣ шуд?»-гӯён ба сӯям давид. Аз дастпочагӣ шишаи дасти ӯ низ, ки пури равған будааст, ба гӯшаи дар бархӯрду шикаст. Бо баланд шудани садои шикастани шиша оташи ҷаҳли модарам аланга гирифт. Ӯ ҳамон замон халачӯби бодомии падарамро бардошта, ба сӯйи мо давид. Ба ҷойи ин ки ҳол пурсаду меҳрабонӣ кунад, бо чӯби хушки дасташ яксара сар кард ба кӯфтани апаам. Ба даҳонаш ҳар чӣ меомад, мегуфт, дашном медод. Мани маҷруҳ, ки аз хуни биниам тамоми сурату гарданам лолагун шуда буд, бо як азобӣ ҷусаамро ба болои апаам гирифтам ва... аввалин бор зарбҳои ҷонкоҳи халачӯбро чашидам. Апаам бошад, илоҷи аз ҷо хестан надошт, гӯё беҳуш мехобид. Шояд гавдаи хурду нимҷони ман ба чашмҳои хунгирифтаи модарам афтид, аз задан даст кашид ва халачӯбро як сӯ ҳаво доду бераҳмона ду лагади дигар ба биқини апаам фуровард. Ҳанӯз сари хашмаш нашикаста, бо итоб гуфт:

– Сағири ношуд, ҳамин фардо тура гум мекунам, илоҳӣ дарбадар монию ба як бурда нон зор шавӣ!

Тани абгоршудаи апаҷонамро хорумол мекардаму зор-зор мегиристам. Ӯ бошад, ҳатто наметавонист чашмонашро боз кунад. Бароям дидани нотавонии меҳрубонам хеле аламовар буд. Бо ин ҳол, фикр мекардам модарам ҳақ аст, зеро ӯ ҷазои духтари ношудашро медод. Кай ба гӯшаи хаёлам меомад, ки ӯ модарандар аст?!

Маъмулан, падарам ҳар рӯз вақти намози шом дар хона мешуд. Ҳар гоҳ аз роҳи дур меомад, лаҳзаи ба хона расиданаш барои ман ид буд. Чаро ки ҳеч гоҳ бо дасти холӣ аз дар намедаромад. Ӯ хуб медонист ман чиро дӯст медораму ба апаам чӣ маъқул аст. Ба хотири завқи ман ҳар савғотие, ки меовард, шабеҳи чашмбандӣ нишонам медод. Ҳамин ки дар дами дарвоза намоён мешуд, ба сӯяш медавидам ва ӯ бо меҳрабонии беҳад маро ба оғӯш мегирифт. Дунболи ман апаам низ по чида-по чида наздик мешуд ва падарам сару дӯши ӯро низ навозиш карда аз рухсораш мебӯсид.

Ҳар гоҳ падар ба назди дарвоза мерасид, садои ҳангоси хараш баланд мешуд ва аз омаданашон дарак медод. Хари ӯ қадбаланду бақувват, ба мисли аспи бобои Амон сап-сафеду бовиқор буд. Падарам пас аз салому алейк, ба навбати аввал, нӯхтаи гӯшдарозашро ба дасти апаам дода мефармуд: «Духтарам, ба хар ҷав деҳу аз шӯраҳои лаби сой канда андоз». Сипас бо диққат ба дару пила назар меафканд. Ӯ марде буд бисёр покизакор ва ҳатто дар банди назофат. Мабодо як адад чӯбак ё хасу хошокеро рӯйи ҳавлӣ медид, ё беназмиеро ҳис мекард, аз ҳамон дами дар модарамро садо мезад ва фарёд мекашид: «Ин чӣ гап, фақат чашми ман мебинаду чашми дигарҳо не?!» Модарам бошад, дарҳол баҳонае пеш меовард ва маккорона ҳама айбро ба гардани апаам бор мекард. Маҳз ҳамин айёрии ӯ кор медоду падарам аз аспи ғазаб мефуромад.

Он шабе, ки ману апаам лату озордида, бо ҳоли абгору гирифта монда будем, падар хеле дер аз сафар баргашт. Аранг дар ёдам мондааст, он бегоҳ бору бунаи ӯ нисбат ба рӯзҳои муқаррарӣ зиёдтар буд ва он шаб бо модарам то дервақтӣ суҳбати дурударозе доштанд. Апаам нагузошт, ки ман хеста ба назди падарам равам, маро муҳкам дар оғӯш гирифта, беист гиря мекард. Ба ӯ раҳмам омада буд, гумон мекардам ҳама доду шеван аз тазйиқу азобҳои модарам аст. Аммо дертар аз асли қазия воқиф шудам. Фаҳмидам, ки дарду аламҳои ӯ аз чизи дигар, аз ҷудоӣ будааст. Ӯро бе ҳеч гуна пурсупос, ҳатто наврасиашро рӯйи хотир накарда, ба шавҳар медоданд. Ҳама давуғеҷ ва безобитагиҳои ахири падар ва коркашиҳои беҳадди модар аз ин будааст. Мехостам нағзакак аз модар шикоят кунам, ҳама лату озорҳои додаашро ба падар ифшо намоям, тани захмдидаи апаам ва изҳои халачӯбро дар бадани худам нишон диҳам, вале апаам нагузошт. Аз сӯйи дигар, барпо шудани арӯсӣ, омадурафти меҳмонон ва хеле машғул будани падар ба ин аҳди ман монеъ шуд. Ӯ духтари азиятдидаи худро танҳо зери чодар медид, аз зулмҳои бемавриди зани айёри худ, аз захму кабудиҳои тани апаам хабаре надошт. Рӯзи арӯсӣ, вақте ки апаамро гусел мекарданд, дар пеши дарвоза дастони ӯро дошта меистодам ва зор-зор гириста илтиҷо мекардам, ки маро низ бо худ барад. Ба гапи касе гӯш намеандохтам, намегузоштам, ки касе маро ба қафо кашаду аз апаам ҷудо кунад. Танҳо замоне, ки падарам омаду маро ба оғӯш гирифт ва бо чашмони пурнам «писарҷон, апаатро ба ҳоли худаш гузор, худам туро ба пешаш мебарам» гуфта буд, дасти ӯро раҳо кардам. Ман дигар дар оғӯши падар мондаму апаам бо фиғон савори аспи ороста шуд...

Ман дигар кӯдаки хурдсол набудам, то ҷое сафедро аз сиёҳ, некро аз бад фарқ мекардам, вале ҳанӯз ҳам модарам аз таҳқиру камшиканӣ даст намебардошт. Ваҷоҳати ӯ ҳамон бетағйир мемонд. Пеш аз он ки худашро бубинам, садои хашму хушунаташро17 мешунидам. Аз дашному носазо гуфтан ҳеч сер намешуд. Барои ӯ номи ман доиман «ятим» буд ва мебоист ҳама корро барояш бе қилуқол анҷом диҳам. Рӯзҳо чун оби равон мегузашт ва ман аз кор сар набардошта, расидани шабро нафаҳмида мемондам. Ба хусус, аз кӯҳ кашондани ҳезуму аз саҳро овардани ҷорӯб18 бароям мушкил буд. Вақти бор кардани лингаҳои хар ва сарбории он азоб мекашидам. Аз як сӯ камқувватӣ роҳ намедоду аз сӯйи дигар сари ҷо наистодани хар. Гоҳе маҷбур мешудам, ки ду ё се бор аз сари нав лингаю сарборӣ бандам. Аз маҳалли кор то манзил ҳам хеле дур буд ва то расидан ба хона кӯфтаю шалпар мешудам. Дар воқеъ, на писари ҷоноҷон, балки ятими дари падар будам. Ба роҳату осудагии додару хоҳаронам, ки фарзандони худӣ ва дӯстдоштаи модарандар буданд, ҳавасам меомад, вале гирифтории худам ҳамеша диламро меозурд. Танҳо фаро расидани шаб бароям илҳом мебахшид. Пас аз хастагиҳои рӯзона рӯйи тӯшаки нимдошт дароз кашида, дунёро ба хоби роҳат иваз мекардам.

Падарам доим дар сафар мегашт. Баъзан бевақтиҳои шаб меомаду саҳарии барвақт дунболи кораш мерафт ва ман ӯро надида мемондам. Танҳо рӯзҳои таътил, вақте ки навбати бозор дар деҳаи мо буд ва аз чор сӯ савдогарону меҳмонон меомаданд, падарам дар хона мемонд. Дӯсту ошно ва мухлисони зиёд дошт ва он рӯз думи меҳмонон аз дари мо канда намешуд. Суҳбатҳои падарам ҷаззобу дилнишин буд, дуо ва нафаси гармаш ба муҳтоҷу дардмандон дармон мебахшид.

Рӯзҳои таътил ман ҳам аз наздаш дур намерафтам ва ҳар коре, ки мефармуд, бо чобукӣ анҷом медодам. Аксаран тарафи шом маро ба гардиш мебурд ё ба хонаи яке аз амаконам, ё ҳамсоягон мерафтем. Бо падарам гардиш мекардаму ба хубӣ аз насими шомгоҳӣ, аз атри диловези боғҳои пур аз дарахту гиёҳони ботаровати деҳаамон ва аз замзамаи ҷӯйбораш нашъа мебурдам. Дар канори падар роҳ мерафтам ва ӯ ба ман чун ба марде солдида муносибат мекард. Ӯ дар хусуси таърихи деҳа, гузарҳои он, аҷдоди гузашта нақлҳои аҷоиб мегуфт ва таъкид мекард, ки ман дигар бачаи хурд нестам, бояд ҳама чизро донаму ба ҳар кор қодир бошам.

Барои ману падарам кам иттифоқ уфтодааст, ки бо ҳам ба бозор равем. Ӯ он қадар майли харид надошт, аз дурӯғгӯйӣ ва гаронфурӯшии савдогарон хеле бадаш меомад. Ҳар гоҳ медид, ки фурӯшандае мехоҳад ҷинси номарғуберо ба кас гузаронад ё беҳуда аз ашёи каммасрафи худ таъриф кунад, асабонӣ мешуд ва дар ин маврид ба ҷойи ҳар гуна эътироз бо чеҳраи барафрӯхта нигоҳе ба савдогар меандохт ва норизо сар ҷунбонда мемонд. Баъд, дар ҳоле ки дасти маро бо шиддат мекашид, хашмнок аз дӯкон берун мерафт. Дар ин миён он чӣ барои ман ҷолиб буд – қиёфаи дар шигифтмонда ва тарсолуди фурӯшанда. Ӯ бо нигоҳҳои хира ва ҳайратзада падарамро то беруни дӯкон гусел мекард.

Падарам шабҳо муноҷот мекард ва бо овози ҳазин ба Худованд рози дил мегуфт, гӯё аз ранҷҳои рӯз ба даргоҳи Ӯ паноҳ мебурд ва пешонии саҷда ба остони Ӯ мегузошт. Дар дили шаб ё саҳаргоҳон, ки муноҷот мекард, ҳама дар хоб буданд, ҷуз ман. Фақат ман аз садои ғамину ҳазинаш бедор мешудам ва ваҳме диламро фаро мегирифт. Кӯрпачаро рӯйи сар мекашидам ва дар оғӯши худ паноҳ меҷустам, вале садои ӯ дубора дар гӯшҳоям мепечид ва дар он ҳол дилам месӯхт – намедонам барои чӣ: барои танҳоии падар, барои ҳоли ятимонаи худам, намедонам... Бо мурури вақт кам-кам тарсам мерехт ва дилам сабук мешуд. Дар он ҳол ҳис мекардам, ки ҳамчун коҳе ҳастаму бо насими овози падар дар сапедии субҳгоҳӣ парвоз мекунам. Гӯё мусиқии муноҷоти ӯ малоики осмониро ба хонаи мо меовард ва ман парҳои сапеду оҳориашонро аз васати мавҷҳои нолаи ӯ медидам, ки ҳамчун чодаре аз абрҳои абрешимӣ болои ҳавлии мо густурда мешуд. Оре, ҳар вақт ба ёди маснавӣ хондани падарам меуфтам, хаёлан тасаввур мекунам, ки тамоми сӯзҳои зиндагӣ дар овози ӯ нуҳуфта аст. Баъдҳо ҳеч оҳанге нашунидам, ки ба андозаи он овози ғамангези падар дар ман асар карда бошад.

Аммо модарам дунёи дигар буд. Аз он ҷозибае, ки падарам дошт, дар ӯ асаре набуд. Он айём ҳеч гоҳ дуруст ба чашмонаш нигоҳ накардаам, дар чеҳрааш низ осори меҳрабониро надидаам. Ҳамеша қавоқҳояш гирифта ва хашму ғазабаш дар нӯки биниаш буд. Аз дӯстдориҳое, ки ҳар замон падарам ба ман арзонӣ медошт, хушаш намеомад, гӯё ҳасад мебурд. Пас аз он, ки падарам аз хона берун мерафт, ҳар кинаю кудуррате, ки дошт, ба рӯям мерехт ё бо баҳонае шаллоқ мезад, ё борони ҳарфҳои носазояш аз сару дӯшам меборид.

Рӯзҳо пайи ҳам мегузашту ман бузургтар мешудам ва дағалиҳои модарандарро бештар дарк мекардам. Ӯ ҳар қадар маро озор медод, ҳамон қадар ба бачаҳои худ ғамхорӣ мекард ва аз ҳар ҷиҳат ба онҳо мерасид. Ниҳояти нописандӣ ва беадолатиҳои модар буд, ки ғазабу ҳарфҳои сӯзонаш то ба устухон расид ва боре ҳам сабру таҳаммулро аз даст додаму воқеае пеш омад дилхарош, нохуш...

Яке аз рӯзҳои тафсони тобистон буд. Нафаси доғи гармсел ба сару димоғ мезад. Ман дуртар аз деҳа дар саҳрои ҷорӯбзор бо шитоб каланд мезадам. Ҷорӯб мекандаму тамоми баданам арақшор мешуд ва аз ғояти гармии ҳаво тез-тез лабу даҳонам хушк мемонд. Дамои баланд харамро низ пакар карда буд, гӯшҳояшро поин андохта, дар як ҷо шах шуда меистод. Аҳадҷони додарам ҳам маро фаромӯш карда, беғаму ғарқи хаёлоти худ дар сояи хар менишаст. Ҳар гоҳ аз хӯрҷин мешии обро гирифта ташнагиамро мешикастам, ҳамоно додарам низ то сер шудан об мехӯрд. Ӯ барои ман коре анҷом намедод, танҳо вақти бор задан харамро нигаҳ медошту борҳои аввалиро ба хона мебурд ва дубора харро ба маҳалли кор меовард. Он рӯз низ як хар ҷорӯбро бор зада ба Аҳадҷон додам ва таъйин кардам, ки тез рафта баргардад ва ҳангоми бозгашт бо худаш об биёрад. Ӯ ба роҳ афтиду ман ҷорӯбзаниро давом додам. Пас аз муддате корам тамом шуд, барои лингаҳою сарборӣ ба қадри кофӣ ҷорӯб омода кардам, аммо аз додар дарак нест. Ҳар замон як дастамро ба болои пешонӣ гузошта, бо умед ба роҳи деҳа чашм медӯхтам, вале суроби Аҳадҷонро надида хастагиам меафзуд. Теғи офтоб то болои сар омада, бераҳмона ба сару гарданам сӯзан мезад. Аз фарти ташнагӣ ва гуруснагӣ мадорам намонда, комҳоям ба якдигар мечаспиданд, ҳалқам қоқ мешуд. Ниҳоят, аз интизорӣ ҳавсалаам сар рафт, чун пай бурдам аз хару Аҳадҷон хабаре нест, ноилоҷ роҳи деҳаро пеш гирифтам. Шояд як соат бештар роҳ гаштам, вақте ки ба дами дарвозаамон расидам, аз ниҳояти кӯфтагӣ ҷуссаамро базӯр сари по нигаҳ медоштам. Ба ҳавлӣ даромадан замон, чашмам ба айвон афтид, ки он ҷо модарам ва бачаҳояш бо майли хотир гирди суфраи наҳор менишастанд. Аҳадҷон низ, гӯё дар олам гапе нест, бо иштиҳо хӯрок мехӯрд. Ба маҳзи ин ки модар маро дид, чинҳои пешониаш заҳида баромад, чашмонаш калон боз шуданд, бо итоб дод зад:

– Ҳе ятим, куҷо гум шудӣ?!

Ҳарчанд ин гуна итобҳоро бисёр шунидаам, он лаҳза гӯё теғе вуҷудамро сӯрох кард, хӯриам омад, худамро хеле хору залил дидам. Бо ин ҳол, ҷуръате дар танам ҳосил шуд ва ба модар чизе нагуфта, бо қаҳр ба Аҳадҷон рӯ овардам:

– Додар, чаро хара набурдӣ?

– Оча намонд, – гуфту сарашро поин андохт.

– Оча...

Бо азоб қаҳрамро ба дарун хӯрда, кору дарунсӯзиамро ба модар тавзеҳ доданӣ шудам, ки ӯ имкон надод. Хам шуда урчуқашро19 ба даст гирифт ва суханамро бурида бо ҷаҳл, «гум шав а назарам, ҳе ятими бехосият!»-гӯён, бо шаст урчуқашро ба самти ман ҳаво дод. Алвонҷи дасташро дидаму билофосила сарамро ба поин хам кардам. Нӯки урчуқ ба китфам бархӯрд ва сангаки он аз дастааш ҷудо шуда, тиқ-тиқкунон онсӯтар ғелида рафт. Ман ҳам асабонӣ шудам. Аз муомилаи сарди модар хунам ба ҷӯш омад, дигар инони ихтиёрро аз даст додам. Ҳамон лаҳза лобалои ҳалқаҳои ҳарранг ба чашмам дастагии табар уфтод, ки дар бағали сутуни айвон мехобид. Одатан, падарам дастагиҳои белу ташу каландро аз навдаи бед дуруст мекард, аммо дастагии табарро аз чӯби бодом. Ӯ мегуфт, сахттарину пурдошттарин чӯб чӯби бодом аст. Мани ғӯтида дар оташи хашм, ҳама фикру андешаро фаромӯш карда беихтиёр дастагии табарро ба даст гирифтам ва бе ҳеч гуна мулоҳиза онро ба тарафи модар ҳаво додам. Дастагӣ ду-се бор тоб хӯрду рост ба фарқи сари ӯ бархӯрд.

– Вой мурдам! – аз таҳи дил фарёд зад модарам ва сарашро дошта, дар ҷойи нишаст худро ба як паҳлу афканд.

Ҳамон лаҳза доду фиғони додару хоҳаронам баланд шуд. Вақте ки дидам ҷӯяки хун аз пешонии модар заҳида ба поин мешорад, тарсу таҳлука вуҷудамро фаро гирифт. Ёзида аз гиребони Аҳадҷон кашидам ва гуфтам:

– Додар, дав, янгаи Равзара ҷеғ зан!

Аз он ки модарамро сахт маҷруҳ карда будам, ҳолам беҷо шуд ва тамоми хастагию гуруснагиам ба тарс табдил ёфт ва ягона изи наҷотро дар роҳи гурез дидам. Бо шитоб аз дарвоза ба берун давида, дуртар аз хонаамон, дар паси харсанги бузурге, ки дар кӯдакӣ ҳамеша маҳалли «рустшавакон»-и мо буд, паноҳ бурдам. Дар ҳамон ҷо қиючуви додарону хоҳаронам, омадани янгаи Равза, оҳувойи беохири модарро наззора карда, то вақти шом, то расидани падарам аз сафар нишаста мондам.

Ҳар гоҳ қиблагоҳам аз сафар бармегашт, аввалин шуда ман ба пешвозаш медавидам. Пас аз вохӯрӣ ва ҳолпурсии мухтасар харашро савор шуда, йӯрға давонда ба хархона мебурдам. Нигаҳбонии хар низ, пас аз рафтани апаам, ба зиммаи ман буд ва обу алафашро ҳамеша омода мекардам. Падар ҳар замон ба ёдам мерасонд, ки зоти хар муғамбир меояд, ҳамон вақт нағз кор мекунад, агар аз соҳибаш парвариши хуб бинад. Аз ин рӯ, барои харҳои дарамон на аз алаф, на аз ҷав сарфаҷӯйӣ мекардам. Аз он рӯзҳо тӯрбаи ҷавро дар дастам дида, бетоқатона ҳик-ҳиккунон ҳангос задани харҳоямон равшан дар ёдам мондааст.

Он шомгоҳӣ, ки аз хона гурехта будам, падарам вақти говгум ба хона баргашт. Ӯро хоҳаронам пешвоз гирифтанд, бешак, бо доду фиғон. Намедонам он дам падарам ба чӣ ҳол афтида буд, тозон ба ҳавлӣ даромад ва муддати зиёде нагузашту бо ишораи Аҳадҷон рост ба сӯйи ман омадан гирифт. Мисли бед меларзидам, аз тарс дигар сари ҷоям намонда, қабат- қабати кӯҳи доманадори самти офтобнишин ба тарафи қабристон гурехтам. Пушти сар садои падарам шунида мешуд, ки мегуфт: «Писарам, нагурез, ист гап дорам!» Ман бошам, бо ҳавли ҷон, рӯ-рӯйи гӯрҳо ҷаҳидаю хеззанон фирор кардам. Ғазаби падарамро медонистам, фикр мекардам, агар дарёбад, маро сахт танбеҳ медиҳад. Он дам ӯ нофармониамро дида, бо суръати бештар аз пасам дунбол мекард. Фурсате нагузашта ё давиданам тезтар шуд, ё торикӣ ғализтар гардид, ки пеши поямро надида, баногоҳ гурсӣ ба даруни қабри рӯбозе афтида мондам. Лаҳзае нагузашта падарам низ расиду аз болои қабр хез зада гузашт ва бехабар аз ман дунболкуниашро идома дод. Ман бо як азоб аз чолаи гӯр берун омадам ва ба пас, ба тарафи деҳа гурехтам. Падарам тап-тупи поямро шунида, ба қафо гашт. Дигар аз боло ба поин медавидам, гӯё чун бод мепаридам. Сари роҳ аз чанд девору ҷӯйча паридаму аз миёни боғҳои ҳамсоягон ба самти осиёби Бобокабир тохтам. Падар ҳанӯз аз пуштам медавид. Ба осиёб расидан замон худро ба зери шаршараи он гирифтам. Ҳар чӣ, бодобод, агар дастгир ҳам кунад, дигар чорае надоштам, дар вуҷудам неруи давидан ҳам намонда буд. Падарам омаду канори санги паҳне, ки болотар аз шаршара қарор дошт, истод. Лаҳзае он ҷо монда, ким- чиҳоеро бо худ ғур-ғур кард, вале аз дасти овози об садояш ношунаво буд. Сипас миёнбандашро аз камар кушода, арақҳои сару гарданашро пок кард.

Дар ҳоле, ки аз ғоиб шудани ман нороҳат менамуд, миёнбандашро дар гардан ҳамоил карда ба қафо баргашт.

Вақте ки аз зери шаршараи осиёб берун омадам, бо тамоми вуҷуд дир- дир меларзидам. Аз хунакхӯрии беҳад арақи баданам ба оби сард бадал шуда, куртаам ба танам часпида буд. Анголакамро нигаҳ дошта наметавонистам, аз ғояти сардӣ шарақ-шарақ дандон ба дандон мезадам. Бо вуҷуди ин, то ҷое, ки имкон доштам, починон ба ҳаракат даромадам ва беихтиёр ба хонаи амаки Самак роҳ пеш гирифтам. Амакам савдогарӣ мекард ва бо шарикони худ тез- тез ба Ҷӯшу Карминаю Миёнкол рафта меистод. Агар толеъ ёр гардад, шояд ман ҳам ба ӯ ҳамроҳ шуда то Бурган равам. Коре карда, дар он ҷо апаамро ёфта мегирифтам ва бо ин мусофират аз шарри модарандар наҷот меёфтам.

Бо ин гуна хаёлот ба дари хонаи амаки Самак расиданамро нафаҳмида мондам. Маро янгаи Равза пешвоз гирифт. Аз ҳолати ноҷӯрам ба изтироб афтид ва дарҳол як ҷомаи куҳнаи амакро бароварда ба китфам андохт ва маро ба хоначаи худ даровард. Дар мобайни хонааш сандалии чоргӯшае меистод ва бар рӯйи он як чароғи керосинӣ хира равшан буд. Зуд маро дар бағали сандалӣ нишонд, аз болои ҷома боз як кӯрпачаро печонд. Янгаи Равза чун аз корномаи ман огоҳ буд ва сабаби нороҳатиамро медонист, гӯё воқеае нашудааст, беист меҳрабонӣ мекард. Ӯ дарҳол нону чой гузошта, як коса мошоба низ бароям дод. Бо чойи гарму мошоба зуд ба худ омадам, сардии баданам рафъ шуд, ҳушёр шудам. Худамро роҳат дида, хомӯширо халалдор кардам:

– Раҳмат, янга, дастатон дард накунад.

– Ош шавад, додарҷон, мебинам, ки аз хонаатон гурехтӣ?

– Ҳа, – сарамро поин андохтам.

– Хафа нашав, ҳамааш нағз мешавад. Ҷароҳати очата бастам, ҷойи хавотир нест.

– Рост? – хурсанд шудам ман, – фикр кардам очама куштаам.

– Не, чиҳо мегӯӣ? – лабханд зад янгаи Равза ва афзуд: – Лекин қаҳри додот омад, сабил, ҷаҳлаш тез.

– Акнун чӣ мешавад, янга?

– Ҳар чӣ гузашт ба додот росташа гӯ, узр пурс.

– Не, додом намебахшад, ман гуноҳи азим кардам.

– Тура нағз мебинад, албатта, мебахшад, – гуфт янгаи Равза.

Каме сукут кардаму дубора пурсидам:

– Амаки Самакам кай ба сафар мераванд?

– Ҳамин фардо.

– Наход?! – хушҳол шудам ман ва бо хурсандӣ гуфтам: – Ман ҳам меравам. То Бурган расам шуд, он ҷо апаама меёбам.

– Додарҷон, моёна ба бало намонон, – ба изтироб афтид янгаи Равза, – додот фаҳмад чӣ мегӯяд? Баъд, роҳ ҳам мушкил, ту бошӣ ҳанӯз бача.

– Янгаҷон, илтимос, амакама розӣ кунонед, наравам намешавад. Медонед, ки аз пушти ин ҳама гап очам мана рӯз намедиҳад, – гуфтам ман ва андуҳгин сарамро ба поин афкандам.

Ёдам ҳаст, он лаҳза янгаи Равза ба фикр фурӯ рафт. Ӯ илоҷи наҷот додани маро аз чигилии пешомада меандешид. Янгаи Равза муомилаҳои дағалонаи модарамро нағз медонист. Аз лату озорҳои беохир, аз фармудани корҳои вазнин ҳам хабар дошт. Чандин бор аз дасти модарам гурехта дар хонаи ӯ паноҳ ҷуста будам. Янга медонист, ки модар ҳамеша дар ҳаққи ман ба падарам бадгӯйӣ мекард, аммо падар ҳеч гоҳ аз асли қазия воқиф набуд. Бо вуҷуди ин, бо шунидани он ҳама бадгӯйиҳо аз ман меҳрабониашро дареғ намедошт. Падарам маро нағз медид. Шояд ҳамин нукта янгаи Равзаро ба андеша водор карда буд ва шояд ба ҳамин далел намехост, ки ман аз падарам ҷудо шавам. Дар ҳар сурат, он шаб ӯ ваъда дод, ки то имкон ҳаст, ҳаракат мекунад маро бо амакам ба сафар фиристад.

Саҳарии барвақт бо садои тақу туқи зиёд аз хоб бедор шудам. Кулба торик буд, танҳо аз даричаи хурдаке равшании субҳи козиб ба дарун мезад. Аз берун овози амаки Самакро шунидам, ки зоҳиран ба янгаи Равза мегуфт: «Мон, хоб равад, раҳи моёна намебардорад. Рӯз даромадан замон бару ба додиям супор». Дарҳол ба сарам зад, ки сухан дар ҳаққи ман меравад. Дарҳол по шуда либосҳоямро пӯшидам ва ҳамин ки хостам ба берун бароям, дарёфтам, ки дар аз қафо баста аст. Онро сахт кӯфтам. Янгаи Равза ба пушти дар омад:

– Додарҷон, амакат розӣ нашуд, онҳо баромада рафтанд, – гуфт ӯ.

– Не, ман бояд равам, илтимос дарро кушоед, – хоҳиш кардам ман.

– Додарҷон, гӯш кун, агар тура сар диҳам, амакат мана мекушад. Ба ғайр аз ин, аз куҳу пуштаҳо гузаштан кори осон нест. Раҳ дур, пиёда рафтан амри муҳол. Ин ҷо ба додот чӣ мегӯям?

Он лаҳза аз як сӯ хоҳишу илтиҷоҳои ман ва аз сӯйи дигар фаҳмондану маслиҳатҳои янгаи Равза хеле тул кашид. Аммо, дар ниҳоят, раҳми янгаам омад магар, дарро боз кард. Ӯ маро бо чашмони гирён ва дар ҳолати муҳтоҷӣ диду ба оғӯш гирифт. Аз раъйаш гашт ва як нонро ба рӯмолчае печонда ба миёнам баст. Аз пешониам бӯсида бароям дуои сафар хонд ва ҳангоми худоҳофизӣ таъкид кард, ки аз худам эҳтиёт шавам. Бо ӯ хайрухуш гуфта, чун бод аз пайи амаки Самак ва ҳамраҳонаш ба самти кӯҳи Ағба давидам.

Ҳанӯз ҳам равшан дар ёдам ҳаст, он рӯз офтоб ба қадди найза баланд шуда буд ва ман ба амаконам, ки аз кӯҳи баланди Довон аз харҳои худ пиёда шуда мегузаштанд, расидам. Ҳаҳҳас зада омадани маро аввалин шуда амакам дид. Ӯ дар охир нӯхтаи харашро дошта мерафт. Амак рӯяшро турш кард, бо қаҳр гуфт: «Чаро омадӣ? Аз ҷонат безор шудӣ?» Ман бо сари хам илтиҷо кардам: «Амакҷон, то Бурган баред шуд». Ӯ лаҳзае ба ҳолу суратам зеҳн монду дигар чизе нагуфт ва харашро нигаҳ дошта бо сар ишора кард, ки савор шавам...

пешина
аз 44
навбатӣ