Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз пайи луқмаи нон

Меғ торафт ғализтар мешуд. Ғубори хокистарии он, гӯё аз таъқибе фирор мекунад, бо суръат ба атроф паҳн мегардид ва ба оҳистагӣ рӯз ҳам домани худро аз миён мебардошт. Дигар даҳ-понздаҳ қадам дуртарро дидан мушкил буд. Шутурҳои ман хираю аранг ба назар мерасиданд. Онҳо ба майли хотир мечариданду дили маро ваҳму нигаронӣ зер мекард. Таёқамро боло-поин алвонҷ дода бо тезӣ қадам задам ва «ҳайт, ҳайт»-гӯён шутурҳоро наздиктар ҷамъ карда ба пеш рондам. Муддати зиёде нагузашта, чанд теппаю дӯнгӣ пушти сар монд. Баъд аз каме таваққуф ба атроф зеҳн мондам, ҳеч нишонае аз маҳалҳои ошно ба назар намерасид. «Эй Худо, наход раҳгум занам? – бо хавотир андешидам ба худ, – бояд тезтар ҳаракат кард». Боз ҳам бо садои баландтар «ҳайт, чу!»-гӯён галаро ба пеш рондам. Дигар, инони ихтиёрро аз даст медодам, ба ростӣ, ба куҷо меравам ба худам ноаён буд. Бо ҳамин таваккулӣ, ғайри интизор, галаи шутурҳоро дар бағали ҷарии бетаҳе дида мондам. Бештар ба таҳлука уфтодам, тарси раҳгумзанӣ ва тазйиқи танҳоӣ ба руҳу мағзам фишор овард. Бо эҳтиёт аз канори ҷар ба пеш давидам ва шутурҳоро як-як ба самти рост, ба ҷониби ҳамворӣ рондам. Осеб надидану гум нашудани шутурҳо шарти асосӣ буд ва хаёлан танҳо ҳамин нуктаро меандешидам. Охир, маҳз бо ҳамин шарт пеши хӯҷаин қасам хӯрдаам!

Аз ғояти давидану қулочкашиҳои пайиҳам ва боридани меғрезаи шадид тамоми баданам тар шуда рафт. Чакмани танам об гирифта, торафт вазнинтар мегардид. Ба куҷо роҳ гузидани худро надониста сахт асабонӣ мешудам ва аз сӯйи дигар, ба поён расидани рӯз нигарониамро бештар мекард. «Худо накарда, ба торикии шаб монам, тамом, дигар шутурҳоро ҳам нахоҳам дид, овораю сарсон мешавам, – меандешидам ба худ, – апаам, бечора, хавотир мекашад».

Рӯзҳои дар Бурган будан апаам намехост ба коре машғул шавам, вале худам ба ҷону ҳолаш намонда хоҳиш кардам, ки бароям шуғле пайдо кунад. Мехостам луқмаи нон бароям ҳалол шавад ва ман ҳам ба зиндагиашон ёрӣ расонам. Охир, медидам, ки бо шавҳараш хеле азият мекашиданд, аз субҳ то шом банд буданд, аз деҳқонӣ, молдорӣ, корубори рӯзгор сар намебардоштанд. Шавҳари апаам сахт алоқаманди замин буд. Аз омадани ман хеле хушҳол шуд. Ӯ ҳамон шаби аввал, ки ҳамроҳи амаки Самак дар хонаашон пиёда шудем, бо изҳори хушнудӣ гуфта буд: «Ниҳоят, дастёрам омад, дигар аз кори замин ғам нахӯрам ҳам мешавад». Аммо рӯзҳо мегузашту ба ман коре дурусттар намефармуданд. Танҳо амалҳои пешпоуфтода, мисли белу каланд овардан, чою нон додан, об кашондан шуғлҳои ман буду бас. Ба заҳматҳои ҷонкоҳи апааму шавҳараш тоқат наоварда ҳар рӯз илтиҷо мекардам, ки ба ман низ коре ёфта диҳанд. Апаам бошад, бо дилгармӣ ва изҳори қаноат маро ба оғӯш гирифта мегуфт: «Додарҷон, бе он ҳам ту азоб кашидаӣ, дар қишлоқ ба ҳолат нарасидаанд. Акнун дам гир, қувват гир, аз ману додият парво накун. Дар пешам буданат бас, дилам пур мегардам». Бо вуҷуди ин, якравиҳои ман кор дод. Як рӯз акаи Кӯчар – шавҳари апаам хабар овард, ки Азимбой дунболи мардикор мегардад. Ӯ ба шутурҳояш, ки аз яйлоқ овардааст, шутурбон мехостааст. Ман беҳад хурсанд шудам ва ҳарчанд апаам он қадар розӣ набуд, аз ҳамон рӯз ба поидани шутурҳои Азимбой миён бастам...

Он рӯз, ки дар зери меғи анбӯҳе монда будам ва ҳавои шом равшании бударо низ дар худ фурӯ мебурд, намедонистам ба куҷо меравам. Ба маҳзи ин ки пай бурдам роҳгум задаам ва дигар чораи раҳоӣ намондааст, беихтиёр аз дунболи шутурҳо рафтан гирифтам, ба ҳар самте ҷилав мекашиданд, ман ҳам аз қафои онҳо қадам мезадам. Вақте ки шаб чодари торики худро ба атроф андохт, умедамро аз ёфтани роҳи манзил кандам. Ҳис кардам, ки ҷуз интизор шудани оқибати ҳол дигар илоҷе нест. Руҳафтодаву хаста саъй намудам, ки ҳадди ақал суроби шутурҳоро аз назар дур накунам, аз онҳо ақиб намонам.

Намедонам чӣ қадар вақт гузашта буд, баногоҳ овози ошное шунида шуд, аз ҳамон наздикиҳо садои шилдирроси об ба гӯш омад. Дар танам мадори тозаеро ҳис кардам ва беҳавсала ба он сӯ давидам. Бо ин саъй ба рӯде, ки мустақиман ба самти деҳаи Бурган ҷорӣ мешуд, даст додам. Гӯё як бори вазнин аз дӯшам барканор шуд, нафаси амиқ кашида, бо хушҳолӣ галаи шутуронро лаб-лаби рӯд ба пеш рондам.

Вақте ки ба манзили хӯҷаин расидам, аз бемадорӣ базӯр сари по меистодам. Аз ниҳояти роҳгардиҳои номуназзами шабона ба обу арақ ғӯтида будам, аз танам ҳаври сӯзон мебаромад. Хӯҷаину ҳамсараш баробари дидан ба сӯям шитофтанд. Онҳо, зоҳиран, роҳи маро мепоиданд, ки хеле нороҳату мушавваш менамуданд.

– Куҷоӣ, писарам, ин қадар ҳаял кардӣ? – дарҳол бо мулоимату меҳрабонӣ пурсид хӯҷаин ва пушти ҳам саволборон кард: – Дур рафтӣ, хоб мондӣ, раҳгум задӣ, чӣ шуд?

Ман бошам, ёрои ҳарф задан надоштам. Гулуям месӯхт, аз бемадорӣ тану ҷонам меларзид. Ин ҳоли маро ҳамсари соҳибкор пай бурда дарҳол пӯстинамро дар овард ва ҷомаи пахтагини худашро ба китфам андохта печонд ва бо ҷадал «зуд бош, зуд бош»-гӯён маро ба хона бурд. Аз гиреҳи худ як шалвору куртаро, ки аз либосҳои писараш буд, берун оварда ба ман дод ва гуфт:

– Писарам, либосҳота тез иваз кун, бо ин ҳол дар салқинии шаб арақи баданат яхча мебандад, сармо хӯрданат ҳеч гап не, – ва худаш пас гашта дарро аз берун пӯшид.

Бори аввал буд, ки ман он шаб машаққати шутурпоиро кашида, хӯҷаину ҳамсараш ва апааму акаи Кӯчарро дар хавотир гузошта будам. Ба хусус, апаам оромию роҳати худро аз даст дода буд. Ӯ дар ниҳояти ошуфтагӣ ҳатто он шаб аҳд кард, ки дигар маро ба кор нахоҳад гузошт. Бо ин ҳол, акаи Кӯчар воқеаи шударо чун ҳодисаи маъмулӣ арзёбӣ кард. Ӯ бо ҷонибдорӣ аз майлу ҳавасҳои ман гуфта буд: «Бо ҳамин сахтиҳо одам ба мақсад мерасад. Агар додарам аз кор даст кашад, дигар ба худаш бовар намекунад». Ӯ апаамро розӣ кунонд, ки шутурбониро идома диҳам. Ба ин тариқ, боз бештар аз як сол дунболи уштурони Азимбой гаштам. Ёдам ҳаст, соҳибкор марди сахӣ ва дасткушод буд. Ҳеч гоҳ маро ба хонаи апаам дастхолӣ намефиристод.

Аз гандуму шолӣ, мавизу чормағз, қоқи себу шафтолу, ғӯлинг, умуман, ҳар чизе, ки барои худашу бачаҳояш меовард, ҳиссае низ ба ман медод. Ҳамсари соҳибкор – апаи Хазина ҳам зани дилҷӯе буд. Ӯ бароям аз пашми шутур чакману кулоҳ ва кӯрпаю болин дӯхта буд.

Он солҳо роҳи савдогарон аз деҳаи Бурган низ мегузашт. Хару аспу шутур воситаҳои асосӣ барои кашондани бор буданд ва хатсайри савдо аз Порашту Синтабу Эҷ сар шуда то Ҷӯшу Карминаю Миёнкол идома меёфт. Савдогарони кӯҳистонӣ дар кӯлбори худ бештар меваи хушк, пашму пӯст, ғалладона ва дигар маҳсулоти хомро мекашонданд ва дар бозгашт низ холӣ нарафта, василаҳои рӯзгор, бозичаҳои кӯдакона, либосворӣ, қанду парвардаю ҳалво, матоъҳои ранг ба ранг мебурданд. Аҳён-аҳён бо онҳо мулоқот мекардам ва ҳар гоҳ касеро аз Эҷи азизам медидам, хурсандиам ҳадду канор надошт. Ӯро ба хонаи апаам бурда, сари як пиёла чой суҳбат меоростем, бисёр чизро пурсида мегирифтам. Аз нақлу хабарҳои онҳо камокон набзи деҳаамро ҳис мекардам.

Он рӯзҳо ёди падарам маро азоб медод. Ӯро бо ҳама салобату қудрат, тақводорию парҳезкорӣ ва меҳрабонию суҳбатҳои ширинаш ёд мекардам. Чеҳраи нуронии ӯ аз назарам дур намешуд. Падарам маро нағз медид ва аз занаш ҳам умед мекард, ки нисбат ба ман дилгарму дилсӯз бошад. Аммо якравию бадфеълиҳои ӯро дида, дар худ мепечид, аз дасти чигилиҳои рӯзгор наметавонист модарамро ба доштани лутфу марҳамат маҷбур кунад. Падарам баъзан аз ҳамсари аввали худ – аз модари аслии ман бо хорию афсӯс ёдовар мешуд. Боре бо ҳасрат гуфта буд: «Дар Ғиждувон муллоӣ мекардам, раҳматӣ очаат будушудашро ба ман бахшида буд. Бечора аз дасти беморӣ бармаҳал аз олам гузашт. Ду бачаам низ мубталои сурхак шуда вафот карданд. Як духтарам гум шуд, бе ному нишон. Дигар тоқати он зиндагии талхро надоштам, борубунаамро ҷамъ карда, тую апаата гирифта ба деҳа омадам».

Равшан медонам, падарам на танҳо барои ман, балки пеши аҳли кӯҳпоя азизу муътабар буд. Аз он ки бо хислатҳои неку доноии худ ба дили одамон роҳ меёфт, фахр мекардам ва паҳн шудани ибороте, мисли «илми Бобои Мулло», «нафаси Бобои Мулло», «боғи Бобои Мулло», «хари Бобои Мулло», «гурбаи Бобои Мулло», ки аз эътибори хоссаи мардум ба падарам гувоҳӣ медод, хеле ҷолиб буд. Ҳар яке аз ин иборот дар мағзи худ маъние, муъҷизае дошт. Ёдам ҳаст, гурбаи мо ҳамеша бо зиракӣ ва ҳушёрии худ маро лол мекард. Дар хона падар ба ҳар ҷое, ки мерафт, Мошон дунболи ӯ буд. Ҳамин ки нишаста китоб мехонд ё ноништа мекард, бағали ӯро Мошон ба касе намедод. Вақте ки падарам таҳорат мегирифт, Мошон ҳам дуртар аз ӯ бо дастҳояш сару гардан ва пӯзаашро «мешуст». Ҳангоми намозхонӣ низ то охир паҳлуи падарам, сари поҳои пушташ нишаста мемонд ва дар ҳавои саҷдаҳои соҳиби худ пинак мерафт. Мошон мӯҳои доим фахшудае дошт ва бо ранги сап-сафеди худ гӯё ҷило медод. Ҳарчанд ҷуссааш калону фарбеҳ буд, бо чобукӣ ва ҷаҳишҳои баланди худ маро қоил мекард. Гурба даруну беруни хона, таҳхона ва анборамонро пос медошт ва аҷали воқеии мушҳо буд. Ба «душманон»-и хурдаки думдарози худ чун уқоб ҳамла мекард, вале монанди калхотҳои мурдорхор набуд, ҳеч гоҳ ба «туъма»-и беҷон даҳан намезад. Дӯст медошт, мушаки ба дом афтида зери панҷаҳояш талвоса кунад, ҷон канад...

Дар Бурган ҳаёти осудае ба сар мебурдам. Аз таҳи дил, бо мароқ шутурбонӣ мекардам. То аз дастам меомад, ба хӯҷаин ва апааму акаи Кӯчар ёрӣ мерасондам. Онҳо меҳнаткашии маро дида хурсанд мешуданд, аз корам розӣ буданд. Бо вуҷуди ин, ёди деҳа, хумори тамошои чашмаю ҷӯйборҳои сероб ва дарахтзори он, эҳсоси ангезаҳои овони кӯдакӣ маро ором намегузошт. Бо ин ки ҳавои дардноки тарс маро аз хона дур ронда буд, умед мебастам ба Худо, ки дубора ба зодгоҳи азизам баргардам. Апаам низ ин орзуро дошт. Ӯ борҳо гуфта буд, ки аз мондани ман хурсанд аст, аммо бо падару модар будан гапи дигар. «Табиати инсон аст, ки доим ба васвасаи шайтон гирифтор мешавад. Гоҳе хато мекунад, кина мегирад, ба ғазаб меояд, вале рафта-рафта гузашти айём ӯро ба худ меорад. Шояд оча ҳам аз кардаҳои худ пушаймон бошад, бачагии тура ҳам, албатта, мебахшад» – гуфта буд ӯ. Аммо барои ман муҳимтар фикри падарам буд, бовар доштам, ки ӯ аз гуноҳи ман мегузарад. Шояд аз фироқи ҷигаргӯшаи худ дар азоб ҳам бошад, шояд орзу ҳам мекунад, ки ба дидори ятими дурдасти худ бирасад.

Тобистони Бурган он қадар гарм набуд. Дар талу теппаҳое, ки шутурбонӣ мекардам, ҳамеша боди фораме вазида меистод. Ман аксаран куртаамро кашида, то нисф лухт, тани ба шалвор мегаштам. Боди маҳину дилосо ба тану ҷонам ҳаловат мебахшид, то охир нафас кашида, дастҳоямро ба ду ҷониб меёзондам, ғубори дил мебаровардам. Ҳар ҷое сабзаву замини нарм буд, беист ҷасту хез мекардам, ба сарам рост меистодам, рӯйи дастонам қоим шуда роҳ мерафтам. Уштурон ба ҳама қилиқҳоям одат карда буданд, ҳеч гоҳ намеҳаросиданд. Гоҳ-гоҳ ду-се шутурбача маро ҳамроҳӣ мекарданд, аз ҷастухези ман ба «завқ» омада, лик-лик медавиданд, бо сару гардан бозӣ мекарданд ва он лаҳза ба ду ҷониб беист лаппидани куҳони хурдаки онҳо хеле дилангез буд.

Аз он даме, ки хонаамонро тарк карда ба Бурган омадам, як сол сипарӣ шуд. Аҷаб, бовари кас намеояд, гӯё дирӯзакак буд, ки миёни ману модарам даъво роҳ уфтода, ман аз шарри ӯ фирор карда будам. Рӯзҳои доғи тобистони деҳа, шиканҷаи ҷорӯбу ҳезумкашиҳои бетанаффус, дӯғу пӯписа ва дағалиҳои модари ӯгайро ҳанӯз ҳам дар тану руҳам эҳсос мекунам. Ҳатто беэътиноӣ ва камгирии додару хоҳаронам аз ёд нарафтааст. Дар тули муддате, ки гузашт, суроғи маро нагирифтани онҳо ҷойи тааҷҷуб надошт, аммо дар дил аз падарам гиламанд будам ва дар худ меандешидам: «Чаро дунболи ман намеояд? Наход ӯ низ аз баҳри ман баромадааст? Ё кору ҳоле пеш омада бошад?»

Ҳамон айёми тобистон буду ману акаи Кӯчар як бегоҳӣ паҳлуи ҳам нишаста тӯқуми хар дуруст мекардем. Акаи Кӯчар бо ангуштони дурушту бақуввати худ нахҳои муҳками аз қили асп бофташударо аз сӯрохҳои қош ва тахтаҳои ҷонибии тӯқум мегузаронд ва дунафарӣ аз ду нӯки нах гирифта сахт мекашидем. Баъди ба якдигар бастани нахҳо ду-се бор қоши тӯқумро ба пешу пас такон медод, ба таври худ натиҷаи корашро, ки табъи дил анҷом шудааст ё не, имтиҳон мекард. Апаам бошад, дар шафати айвон, бағали оташдон истода, деги ширакро20 бод мекашид. Ӯ барои мо аз мағзи бодоми талх ширак омода мекард. Ин хӯроки апаам хеле хушмаза мешуд, ман бо иштиҳо мехӯрдам. Ҳис мекардам, ки шираи шираки бодом то мағзи устухонҳоям меравад.

Дар он ҳангом ногоҳ аз берун садои тақ-туқ ва «иш, иш»-гӯйии касе шунида шуд. Акаи Кӯчар нигоҳе ба ман афканд, аз чашмҳояш хондам, ки гуфтанӣ буд, «дар ин бевақтии шаб кӣ бошад?» Аз ҷо хестам ва давида ба сӯйи дарвоза рафтам. Апаам низ маро ҳамроҳӣ кард. Мо ҳанӯз берун наомада, меҳмони нохонда садо дод: «Хоҳар, ҳой хоҳар!» Овози шиносро шунида ҳар ду баробар дарвозаро боз кардем. Рӯ ба рӯямон тағои Муҳибро дидем, ки ба як даст асо ва бо дасти дигар хӯрҷини китфашро дошта меистод. Ҳар ду худро ба бағали ӯ андохтем. Аз тарафи модари раҳматиам наздиктарин одами мо ҳамин тағои Муҳиб буд. Танҳо ӯ аз ҳоли мо хабар мегирифт ва инак, пас аз ҷудоии тулонӣ ба суроғи мо омада буд.

Тағои Муҳиб дар деҳа дастгоҳи газворбофӣ дошт, дӯзандагӣ ҳам мекард. Карбосҳои бофтаи ӯ хеле маъруф буданд. Ба хусус, онҳое, ки пулу дороӣ камтар доштанд, аз матоъҳои ранг ба ранги савдогарон дида бештар ба карбосҳои ӯ тарҷеҳ медоданд. Арзонӣ ва муҳкамии газворҳои ӯ табъи дили харидорон буд. Тағои Муҳиб баъди шавҳар кардани апаам зуд-зуд ба хонаи мо меомад, мехост ба ман ғамхорӣ кунад. Корҳои вазнини маро дида, боре ҳам хоста буд, ки ба хонааш барад. Бо баҳонаи ин, ки ба ёрии ман муҳтоҷ аст, мехост маро аз дасти модарандари шаддод озод кунад. Аммо падарам розӣ нашуд, ҳатто бо итоб гуфта буд: «Ёрдами писарам ба худам ҳам даркор, аз наздам дур намекунам».

Модарам аз омадурафти ӯ ба хонаи мо хушаш намеомад. Баъзан миёнашон баҳсу ҷанҷол роҳ меафтод. Тағои Муҳиб модарамро сарзаниш мекард, ки маро аз ҳад зиёд азоб медиҳад, хурдии маро нодида гирифта корҳои вазнин мефармояд. Модарам бошад, аслан намехост ин ҳарфҳоро қабул кунад, ҳатто бе ҳеч гуна андеша, бо итоб мегуфт: «Ятим шудаст, мекунад-дия! Кӣ аз кор мурдас, ки вай мурад!» Ин гуна бархӯрдҳои модарам ғазаби тағои Муҳибро меовард, аммо ӯ маҷбур буд ғазабашро фурӯ бурда ҳавлиро тарк кунад...

Он шаби тобистонӣ тағои Муҳиб аз Миёнкол меомад. Ӯ дар хонаи апаам монд ва тамоми шаб аз сафарҳои худ, аз дидаю шунидаҳояш нақлҳои аҷоиб кард. Ӯ хабар дод, ки дигар ҷавононро ба ҷабҳа намебурдаанд, ҷанги Олмон ба охир расидааст. Худо хоҳад, мардҳои мо бармегарданд, аз ин пас давлат ҷон мегирад, фаровонӣ мешавад, халқ дигар қашшоқ намемонад. Ӯ гуфт, ки дар хонаи апаам будани маро аз амаки Самак фаҳмидааст. Аммо дар ин хусус ҳанӯз ба падарам лом-мим нагуфтаанд. Амаки Самаку янгаи Равза нахостаанд, ки ман дубора ба чанголи модари ӯгай гирифтор шавам. Лекин худи падарам, ба хотири овоза нашудани гапҳои беҳуда дар нишасту суҳбатҳо мегуфтааст, ки «писарам ба хонаи апааш рафт. Ҳамин ки фурсат даст дод, ба дидани онҳо меравам, писарамро бо худам меорам».

Он шаб охирин бор дар Бурган бо апааму акаи Кӯчар даври дасторхон нишастем. Аз пушти нурҳои чароғи овезон чеҳраи онҳо ба назарам ғамгину хаёлолуд менамуд. Ба хусус, апаам нороҳат буд, бо хӯрӣ базӯр ҳарф мезад. Аз он, ки қарор шуд ман бо тағои Муҳиб ба деҳа баргардам, ҳар ду дилтанг буданд. Ҳарчанд тағоям ваъда дод, маро дар манзили худаш нигаҳ медорад ва пайваста аз ман ғамхорӣ мекунад, дилашон ором намегирифт.

Воқеан, баъд аз як соли будубоши осуда ва ба якдигар унс гирифтан, ҷудоӣ барои мо хеле сангину аламовар буд. Мебоист ба хотири даст бардоштани ман аз мардикорӣ ва баргаштан ба доираи одамҳои худӣ ин фироқро таҳаммул кунем. Саҳарии рӯзи дигар дар дами дарвоза ҷамъ шудем. Акаи Кӯчар ба даҳонаш нос гирифта хомӯш меистод, мехост буғзу алами ҷудоиро бо заҳри нос фурӯ барад. Апаам бошад, бо чашмони ашколуд сарамро рӯйи китфаш нигаҳ медошт ва оромона насиҳат мекард. «Додарҷон, ҳар ҷо бошӣ, худатро эҳтиёт кун. Ҳар вақт дастат расид, ба суроғи мо биё, туро пазмон мешавем. Агар дидӣ ба ҳолат намерасанд, пеши худам баргард. Дигар намехоҳам зери азоб монӣ, муҳтоҷ шавӣ» – мегуфт ӯ.

Ҳанӯз ба роҳ наафтида будем, ки хӯҷаину ҳамсараш ҳам расида омаданд. Якдигарро ба оғӯш гирифта хайрухуш кардем. Аз муомилаю чеҳраи онҳо пай бурдан мушкил набуд, ки аз кору ҳамдастиҳои ман миннатдоранд. Хӯҷаин ошкоро эътироф мекард, ки аз дастёру мададкори босадоқати худ ҷудо мешавад. Худам ҳам аз ҳалол шудани луқмаи даҳонам хурсанд будам.

Вақте ки бо тағои Муҳиб ба роҳ баромадем, апааму акаи Кӯчар ва хӯҷаину ҳамсараш бо чашмони пур аз оби дида, андуҳгин дар зери тути бағали дарвоза меистоданд. Апаам то панаҳ шудани мо даст меафшонд.

пешина
аз 44
навбатӣ