Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман хеле зуд вориди зиндагии тағои Муҳиб шудам. Муҳити гарму самимии оилаи ӯ маро руҳбаланд мекард, аслан худамро танҳою бегона ҳис намекардам. Ба хусус, дӯстии Даврон – писари тағоям ва меҳрубониҳои момои Норин ба ман қувват мебахшид, дилам ба ҳаёт бештар гарм мешуд. Ҳамвора Худоро шукр мекардам, ки дар он солҳои қаҳтию қиматӣ, дар айёме, ки одамон базӯр нони хӯрданӣ меёфтанд ва боди наҳси гуруснагию бенавоӣ бераҳмона дари бисёриҳоро мекӯфт, мани ятим дастгиру пуштибон доштам. Момои Норин ҳамеша ғамхори ману Даврон буд, пайваста саъй мекард шиками моро сер нигаҳ дорад. Ӯ сари ширу қатиқ21, фаллаи22 бузу гӯсфандҳо, равғани зарди тозагирифтаро аввал ба мо медод. Вақте ки нон мепухт, барои мо ҳатман кулчаҳои алоҳида дуруст мекард. Ғамхорию навозишҳои момои Норин ва тағоям буд, ки бо дили пур, аз субҳ то шом дар хонаашон машғул мешудам, аз ҳеч гуна мушкилӣ намеҳаросидам. Ба чарогоҳ бурдани молҳо, тоза кардани қӯтону оғилхона, нарм кардани заминҳои зери кишт, кашондани обу алаф ва ҳезум, рахт задану ҷо ба ҷо кардани карбосҳои омодашуда ва ҳар коре, ки ба назар мушкилтар менамуд, дар хонаи тағоям ба уҳдаи ману Даврон буд.

Ёдам ҳаст, он солҳо бенавоии мардум ба ҷое расида буд, ки одамон, ҳатто хешу ақрабо, моли худ ё хӯроки худро аз якдигар пинҳон мехӯрданд. Бо баҳонаи бартараф кардани оқибатҳои ҷанг вакилони давлат низ «фаъол» буданд. Онҳо бераҳмона ҳама дороии мардумро кашида мегирифтанд. Аҳли кӯҳпоя ба тақдир тан дода, бо зағоранон, пистаю бодом, туту мавиз, талқону татарон рӯзи худро мегузаронданд. Аз нақлҳои момои Норин дар ёдам мондааст, ду нафар – апаю хоҳар ҳамрозу ҳамдарди ҳам будаанд, доиман якдигарро ҳолпурсӣ мекардаанд. Солҳои бенавоӣ оғоз шуда, рафтуомади онҳо низ кам мешавад ва аз байн муддати зиёде мегузараду апаи меҳрабон ёди хоҳар мекунад. Ӯ нону кулча гирифта, ба меҳмонӣ ба хонаи хоҳар меравад. Хоҳар дар лахчаи танӯр татарон мепухт. Ба маҳзи ин ки мебинад, апааш аз он бари сой меояд, бо шитоб татаронҳои нимпухтаи доғро гирифта, зери поҳояш пинҳон мекунад. Апа расида, ба ҷойи ҷавоби салом хоҳарашро дар ҳоли музтариб ва нолон мебинад. Бечора наметавонист ором нишинад, худашро бетоқатона гоҳ ба росту гоҳ ба чап меандохт. Апа ба асли қазия воқиф шуда, бо ҳасрат мехонад: «Бигзарад ин рӯзи сахту монад ин к..сӯзиҳо».

Омадурафти одамон ба хонаи тағои Муҳиб бисёр буд. Миёни онҳо ҳар рӯз падарамро меҷустам, ҳарчи зуд ба дидораш расиданро орзу мекардам. Аммо наомадани ӯ маро ба ташвиш меандохт, ба худ меандешидам: «Наход хабари ман ба гӯши падарам нарасидааст? Чаро намеояд? Чаро маро ба хонаамон намебарад? Ё аз ман ранҷидааст, намехоҳад маро бубинад? Эй Худо, кош ин тавр набошад...»

Бо гузашти ду моҳ, ки дар назари ман гӯё ду сол менамуд, бар хилофи хаёлҳои печида, лаҳзаи деринтизор фаро расид. Ман бо падарам, ки аз сафари дарозмуддати худ баргашта, бетаваққуф ба суроғам шитофта буд, мулоқот кардам. Он рӯз ҳамроҳи Даврон барои овардани об ба чашмаи Гулибоғ рафта будам. Агар ҳар дафъа сатилҳоро пури об карда зуд ба хона бармегаштем, ин бор ғарқи тамошои чашма ва манзараи атрофи он монда будем. Чашмаи Гулибоғ он қадар бузург нест, лекин бо сардӣ ва серобии худ аз дигар чашмаҳо фарқ мекунад. Даври он бо сангҳои паҳни сиёҳ деворчинӣ шудааст ва пайроҳаи дастрасӣ аз паҳлуи чапи чашма бо зинаҳои пастаки яксохт ба охир мерасад. Ҳар касе, ки ба рӯйи ин зинаҳо истода об мегирад, беихтиёр ҳушу хаёли ӯро оби зулолу ороми чашма, бозии моҳичаҳои мишкию қаҳваиранг, қумрезаҳоро беист пош дода аз бағали сангчаҳо берун задани оби шаффоф мерабояд. Оби чашма ҷамъ шуда ҳавзчаеро ҳосил мекунад ва аз ҷӯяки борике, ки онро низ бо пайи ҳам чидани сангҳои паҳну дарозрӯя дуруст кардаанд, ба поён ҷорӣ мешавад. Дар канори чашма, дар сояи ғафси дарахти маҷнунбед, ки шохаҳои овезон ва пурбарге дорад, нишаста манзараи атрофро тамошо кардан ба кас ҳаловат мебахшид. Он рӯз ману Даврон ҳам асири ин зебоиҳои табиат гашта будем. Бехабар аз ҳама гапи олам, шапараку сӯзанакҳоро, ки рӯ-рӯйи сангчаю буттаҳои харраю23 мармиҷон ҷо иваз мекарданд, дунболгирӣ мекардем. Ҳамин вақт давида омадани хоҳари Даврон риштаи хаёлбофиҳои моро барканд. Ӯ дастпоча «додӣ, зуд ба хона равед, меҳмон омад»-гуфту ба қафо гашт ва «шапарак» шуд.

Ба маҳзи даромадан ба ҳавлии тағои Муҳиб сари ҷо шах шудам. Ба чашмони худ бовар намекардам, чаро ки рӯ ба рӯям падарам меистод, бо ҳамон қиёфаи ҳамешагӣ, бо ҳамон салобату чеҳраи гарм, нуронӣ... Оре, меҳмони омада падарам буд, рӯйи хараки назди дарвоза нишаста бо тағои Муҳиб суҳбат мекард. Ӯ маро диду ҳамоно аз ҷо баланд шуд ва дастҳояшро ба ду ҷониб боз карда ба сӯям шитофт. Ман ҳам бетоқатона ба оғӯши ӯ давидам.

Гуфтугузори мо тул кашид. Ҳар чӣ аз сар гузашта буд, ба падар нақл кардам. Ӯ маро сари ҳол ва мамнун дида хурсанд шуд ва изҳор дошт, ки маро ба хона мебараду ҳама гапҳои куҳна фаромӯш мешавад. Ман ҳам ғарқи меҳрабониҳои ӯ омода будам зудтар дасту поямро ҷамъ кунаму равам ба хонаи худамон. Аммо тағои Муҳиб ба ин қарори мо монеъ шуд, ӯ ба падарам рӯ оварда гуфт:

– Ҷиянам писари туст, имрӯз ё фардо ӯро ба ту месупорам, аммо завҷаат чӣ мегӯяд?

– Тӯйгул аз кардаи худ пушаймон аст, омадани писарамро мехоҳад.

– Шояд ҳамин тавр, лекин ту ҳамеша дар ёбон мегардӣ, писар боз ба дасти очаи ӯгай мемонад. Худо медонад, боз чӣ балоҳое ба сараш меорад.

– Аз ин парво накун, Муҳибҷон, худам ҳастам, ба ҳолаш мерасам.

– Дар ҳар сурат, омадани завҷаатро мепоям. То бо забони худаш ваъда намедиҳад, ҷиянамро орзу накун, – гуфт бо қатъият тағоям.

– Ин чӣ гап, магар омадани ман маънӣ надорад? Охир, ҳар коре шуда як сол пеш буд, он ҷангу даъвоҳо дар гузашта монд, рафт! – каме оташин шуд падарам ва афзуд: – Янгата ба ман супор, бинам як бори дигар азият медиҳад, дасту поша мешиканам, агар ҳарфи бад мезанад, забонаша мебурам!

Аммо тағои Муҳиб якравӣ кард, нахост маро осонакак ба пеши падару модарам фиристад. Маълум буд, ки аз тақдири ман дар хавотир аст, мехост ҳама кор табъи дил анҷом шавад. Маҳз аз ин хотир ҳам нагузошт, ки ҳатто падарам ба ман даст ёбад. Ин гуна қатъият ва истодагарии тағоямро сари иддаою суханҳояш борҳо мушоҳида кардаам. Ин хислати ӯ ба ман маъқул буд.

Аз баҳсу талошҳои падараму тағои Муҳиб вақти зиёде нагузашта, модарам як рӯз дунболи ман омад. Ӯ ба назарам хеле озурда ва ғамгин менамуд. Маълум набуд, ки аз фироқ ва пазмонӣ маъюс аст ё аз рафтани ман ба хонаамон. Ба ҳар ҳол, ҳама шартҳои тағои Муҳибро қабул кард, ваъда дод «очаи дилсӯзу ғамхор» хоҳад шуд. Ман дубора ба доираи оилаамон пайвастам. Он рӯзҳо равшан ҳис мекардам, ки модарам на ба хотири дарки иштибоҳу пушаймонӣ аз кардаҳои худ маро ба хонаамон бурда буд, балки намехост ҷавоне мисли ман кордӯсту дастёри тайёрро аз даст диҳад. Аз сӯйи дигар ҳам, таҳаммули таънаҳои одамон, ки мегуфтанд писари мулло хидматкори дигарон аст, барои падару модарам мушкил буд. Онҳо ориятталаб буданд.

\\\*

Ҳамин ки фасли тирамоҳ фаро мерасид, деҳаи мо ҳусну ҷамолашро аз даст медод. Саросар ба ҷойи фазои сабзу рангини мафтункунанда рад-рад дарахтони лухту урён, ки гӯё ходаҳои бешумореро ба замин кӯфтаанд, ба назар мерасид. Хазонрезӣ ҳукми худро меронд, ҳама пайроҳаю ҳавлию палакҳо пури барг мешуд. Дар ин айём танҳо аз зардгуну қаҳваӣ шудани атроф ва аз ғирҷ-ғирҷ садо додани баргҳои зери по хушам меомад. Падарам мегуфт, фасли пурбаракати сол тирмаҳ аст. Дар ҳамин фасл кисаи деҳқон, хонаю анбори деҳқон пур мешавад. Деҳқон аз тангдастӣ фориғ гашта, ба зиндагӣ бештар умед мебандад.

Ҳамроҳ бо хазонрезӣ киштзори ғалла дар ҳарами офтоб хӯша мебаст, даравгарӣ шуруъ шуда, дашт дари худро ба рӯйи мардум боз мекард. Рӯзи чоруми дарав буд ва ману Аҳадҷони додарам низ қатори одамони деҳа, ки бо камарҳои муҳкамбаста ба дашту дала рехта буданд, ба гандумдаравӣ рафтем. Аллакай тамоми киштзор аз ғалла сабук шуда буд. Вақте ки ману додарам гандумҳои даравидаи худро баста-баста ҷамъ оварда дар як ҷо хирман кардем, торикии шом ҳама ҷоро фаро гирифт. Кори хирманкӯбиро ба рӯзи дигар вогузошта ба хона баргаштем.

Он шаб яке аз шогирдони падарам – амаки Ҷӯрабой меҳмони мо буд. Ӯ ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, тану бозуи барҷаста ва дастҳои дурушту шахшӯле дошт ва ранги чеҳрааш аз офтобхӯрдагӣ сиёҳҷурда менамуд. Ба назар мерасид, марди кор аст, аллакай бо мушкилоти зиндагӣ дасту гиребон шудааст.

– Ҳозир бозори Миёнкол гарм, – мегуфт амаки Ҷӯрабой ба падарам, – савдогарон чун мӯру малах рехтаанд. Ҳар чӣ дилат хоҳад, он ҷо пайдо мекунӣ. Корди одамҳои маҳаллӣ дар таҳи равған мондааст, бештар мардикоронро кироя карда даромади калон мегиранд.

– Моли савдогарони аз берун омада-чи, тез ба фурӯш меравад? – пурсид падарам.

– Шумо бинеду ҳавас кунед! Дар бозорҳои кӯтара даст ба даст намерасад. Як шутур бора дар як чашмзанӣ обу лой мекунанд. Тоҷирони маҳаллӣ се-чортоӣ ёрдамчӣ доранд, ҳамин ки диданд боре ба бозор наздик шуд, чун ору дармеафтанд.

– Тарзи зисти одамон хуб будагист? – бештар ҷӯё шуд падарам.

– Бад нест, ҳатто ба ҳоли мусофирон ҳам сари вақт мерасанд, чойхонаю корвонсаройҳо гавҷум. Ман худам як ҳафта дар пеши дӯсти даббоғам мондам, ба кору зиндагиаш ҳавасам омад. Қатори бачаҳош як даста мардикора сер мекунад. Пӯсту пашм ба ҳавлиаш чун об мерезад. Харидораш аз мӯйи сар бисёр. Пӯсту пашми қабулшударо каме ба тартиб меоранд, оҳор медиҳанд ва пушташро ғарам накарда тез мефурӯшанд.

– Ту ба Миёнкол тез-тез рафта меистӣ?

– Моҳе ду-се бор меравам, – гуфт амаки Ҷӯрабой, – охирин бор, вақте ки аз пеши дӯстам бармегаштам, таъйин кард, ки пашму пӯст бисёртар барам. «Моли ту марғубият дорад, харидоргир»-гуфта буд ӯ. Инак, бори зиёд ҷамъ кардааму бурданаш бароям мушкил. Назди шумо омаданам ҳам аз ин боис буд. Агар розӣ шавед, Исломро бо худам барам. Агар хоҳед, ҳамон ҷо ба кор ҳам мемонам. Паҳлуи дӯстам машғул мешавад, мардикорӣ мекунад. Мебинед, вақти зиёде нагузашта худашро мегирад.

– Не, Ҷӯрабой, бе он ҳам писарам аз хона дур бисёр гашт. Намехоҳам аз наздам биравад, дар хавотир мешавам, – гуфт падарам ва лаҳзае сукут карду афзуд: – Агар ба бурдани молат ёрдамаш расад, ҷойи гап не, як ҳафта-ду ҳафта мефиристам. Забони аспу шутура мефаҳмад, ба ту ёрдамчии хуб мешавад.

– Раҳмат, устод, маро хурсанд кардед, – бо мамнуният гуфт амаки Ҷӯрабой ва нимхез шуда бо тамаллуқ сар хам карду ба суханаш идома дод: – Медонистам розӣ мешавед, сарам ба осмон расид, раҳмат!

Он шаб хобам набурда буд. Рӯйи кӯрпа гоҳ ба паҳлуи чап, гоҳ ба паҳлуи рост ва гоҳе рӯ ба боло дароз кашида, сафари Миёнколро дар худ тасаввур мекардам. Шаҳраки пурғалаёни Миёнкол дар он солҳо беш аз пеш аҳли кӯҳпояро ба худ ҷазб мекард, вале расидан ба ин макони обод, ки гӯё дар фарози дастнорасе қарор дошт, на ба ҳар кас муяссар мешуд. Пиру ҷавон барои расидан ба рӯзгори хуб ва дарёфтани дастмоя ин шаҳракро орзу мекарданд ва ҳар киро даст медод, ба ҳар гуна ранҷу азобӣ тан дода, саре ба он ҷо мезад. Баъзеҳо моҳҳою солҳо дар он шаҳр мемонданд ва касоне ҳам буданд, ки ба куллӣ кӯч баста муқими доимӣ мешуданд. Шаҳраки Миёнкол ҳамзамон бо доштани бозорҳои гавҷум макони нашъунамои косибону ҳунармандон низ буд. Муҳити созгори он бештар одамони камбизоату ночорро аз чор тараф чун оҳанрабо ҷазб мекард. Аз он ки амаки Ҷӯрабой маро ба ҳамроҳӣ қабул карда буд, хеле хурсанд шудам. Бо худ фахр мекардам, ки дигар бача нестам, калон шудаам, аз дастам коре меояд, ба дигарон ёриам мерасад. Гузашта аз ин ҳам, ҳамеша дар дилам дидани Миёнколро орзу мекардам. Мехостам одами бисёрро бубинам, кӯчаю хиёбонҳои васеъ ва рад-рад имороту хонаҳои шаҳриро тамошо кунам. Ҳатто ҳозир будам, ба муддати зиёде он ҷо бимонам, кор кунам, ба падарам пулу молу матоъ фиристам.

Саҳарии барвақт хурӯсҳо бонг заданд. Чашми субҳ накафида садои амаки Ҷӯрабой аз беруни дарвоза шунида шуд, ӯ падарамро ҷеғ мезад. Ман бо шитоб аз ҷо хеста либосҳоямро пӯшидам ва кӯлборамро, ки шабона модарам бо куртаю шалвор ва нону кашк24 пур карда буд, ба китф гирифтаму тозон ба ҳавлӣ баромадам. Падарам низ ҷомаашро ба бар карда аз хонааш берун омад ва амаки Ҷӯрабойро ба дохили ҳавлӣ хонд.

Суҳбати онҳо зиёд тул накашид. Падарам, дар ҳоле ки аз дасти ман гирифта буд, бо оҳанги омирона ба амаки Ҷӯрабой гуфт:

– Писарамро ба ту месупорам, додар, туро ба Худо. Сиҳат рафта саломат баргардед. Миёнкол шаҳри бегона, аз якдигар бохабар шавед. Агар коре ҳам пайдо шуд, писарам машғул шавад, ман розиам. Одам дар кор мепазад, ба қадри зиндагӣ мерасад. Шаби дароз фикр кардам, ин ҷо монад чӣ кор ҳам мекунад? Дар дашту чӯл ангишт барин сӯхтанаш мемонаду бас. Аз хона дуртар рафтанаш беҳтар, оламу одамро мебинад, ба сахтию сустиҳои ҳаёт одат мекунад.

Падарам сухан мегуфту ману амаки Ҷӯрабой гоҳ ба ӯ гоҳ ба ҳамдигар тааҷҷубомез нигоҳ мекардем, аз тасмими ногаҳониаш ба шигифт омада будем. Воқеан, аз таҳи дил шод будам, ки дар шаҳраки Миёнкол мемонам, мустақилона кор мекунам, пул меёбам. Ба иродаи худ боварӣ доштам, худамро ба ҳар гуна пешомад омода ҳис мекардам. Он субҳи тирамоҳӣ ману амаки Ҷӯрабой, баъд аз хайру маъзур бо падару модарам, се хару як шутур борро пеш андохта, аспакӣ ба роҳ баромадем.

пешина
аз 44
навбатӣ