Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Даббоғхонаи дӯсти амаки Ҷӯрабой хеле калон буд. Дар ҳар сурат, ман аввалин бор коргоҳеро ба ин бузургӣ медидам. Ба ҳавлии васеи он аз дарвозаи баланди дутабақа ворид мешуданд. Давр то даври ҳавлӣ ёздаҳ хонача бо дару даричаҳои яксохт ба ҳам часпида буданд. Ҳар як хонача ба кори алоҳидае ихтисос дошт ва дар интиҳо толори дарозе вазифаи анборро адо мекард. Аз ду ҷониб, дар хоначаҳои аввал тарозуву чӯбҳои андозагирӣ, халтаю доманҳои зиёдеро гузошта буданд ва он ҷо сенафарӣ тамоми пашму пӯсти расидаро қабул мекарданд. Дар хоначаҳои баъдӣ пайи ҳам амалиёти даббоғӣ сурат мегирифт. Коргарони чолоку чирадаст бо ҳавсалаи тамом молҳоро ба сараю носара ҷудо карда, шона мезаданд, ош медоданд, соба мекарданд... ва ниҳоят, қат-қат рахт зада, пӯстҳоро дар як тараф, пашмҳои омодаро дар тарафи дигари анбор ғарам мекарданд.
Раҳбари даббоғхона марди болобаланди шонапаҳне буд. Ҳама коргарони зердасташ ба ӯ «Устоака» мегуфтанд. Аввалҳо фикр мекардам, «Усто» номи ӯст, аммо баъдтар фаҳмидам, ки номи аслиаш Қудрат будааст. Ҳанӯз дар айёми шогирдӣ аз устодаш ош додани пӯстро хуб ёд гирифта, он корро бо маҳорат анҷом медодааст ва устодаш ӯро «усто» гӯён садо мезадааст. Ҳар гоҳ касе аз устодаш асрори коркарди пӯстро ҷӯё шавад, мегуфтааст: «Пеши усто рав, усто ёд медиҳад». Ҳамон эътирофи устодаш буда, ки баъдан Қудрат бо номи «Устоака» маъруф мешавад.
Устоака шиками калон, абрувони дурушт ва мӯйлабҳои ғафси ба боло хамидае дошт. Ӯ бо ин симои худ хеле босалобат ба назар мерасид. Ҳар гоҳ ӯро медидам, ба хотирам Хуррамака – шикорчии ҳамдеҳаам меомад, ки ӯ низ қавиҳайкал буду мӯйлабҳои дурушти дарозе дошт. Хуррам-шикорчӣ аҷали воқеии гургу шағолон буд. Дар кӯҳпоя мерганҳое мисли ӯ ангуштшумор буданд.
Устоака маро дар коргоҳи пашмсобакунӣ ба кор монд. Дар хоначаи шафатӣ пашмҳои гузиндашударо ба ду навъ ҷудо мекарданд. Як қисм боби ресидан буду қисми дигар бобати соба кардан. Мегуфтанд, пашмҳои аз гӯсфанд гирифташуда аксаран барои қолию гилембофӣ истифода мешавад ва пашмҳои баррагӣ бошад, намадбоб аст. Ҳамин навъи дуюмро пас аз гузинда тит кардан ба коргоҳи мо мекашонданд ва дар васати хона, рӯйи суфраи чоргӯшаи калоне ғарам мекарданд. Ману ду мардикори дигар сари дузону нишаста, пашмҳои расидаро аз се ҷониб соба мекардем. Воситаи собакунӣ дутоӣ химчаи муҳками қайишӣ буд. Амалиёт бояд тавре сурат мегирифт, ки рафтуомади химчаҳо якзайл, зарбҳо ба ҳар як нуқта яксон бошад. То замоне, ки фах-фахӣ ва маҳинии пашмҳои кӯфта ба назар намерасид, химчакориро қатъ намекардем. Кор чунон босуръат ва бетанаффус идома меёфт, ки аз сару гардан беист обу арақ мешорид, мушакҳо ва рагу пайи бадан таранг мешуд. Аз сӯйи дигар, бар замми вазнинии кор, маҷбур будем гарду ғубори тунд ва гулугири аз пашмҳо хестаро таҳаммул кунем. Гарду чанги ҳосилшуда тамоми хонаро фаро мегирифт ва танҳо аз як тирезаи хурду як адад мӯрии шифт иваз шудани он бо ҳавои тоза ғайриимкон буд.
Баъд аз он ки амаки Ҷӯрабой ҳисобу китоби худро дуруст карда бо аспу шутуру харҳояш ба пас гашт, ман ду моҳи расо дар даббоғхонаи Устоака машғул шудам. Агарчи ҳангоми рафтан ба худ қавл дода будам, ки ҳар кор бошад анҷом медиҳаму аз мушкилие наменолам, аммо собакунии пашм, ба ростӣ, тоқатфарсо ва ҷонзанак буд. Ба хусус, рӯзҳои аввал, баъд аз химчакориҳои дурудароз, тамоми баданам «гӯшт канда» ёрои роҳ гаштану нишасту хест надоштам. Бӯйи тунду нафасгири пашм низ ба куллӣ иштиҳоямро баста буд. Вақти наҳору шом ҳама ба серӣ хӯрок хӯрда истироҳат мекарданд, аммо мани «бечора» як-ду обхӯрӣ об мехӯрдаму базӯр як тика нон мехоидам. Кӯфтаю шалпар, бо шиками гурусна, нимхобу нимбедор шабҳоро рӯз мекардам. Вақт мегузашту касе ҳоли маро намепурсид ва дар замони кӯтоҳе чунон лоғару нимҷон шудам, ки устухонҳоямро бо даст мешуд шумурд. Азбаски имрӯзу фардо гуфта иҷозати ҳаммом рафтан ҳам намедоданд, аз мӯйи сар то нохуни по чирк баста будам. Ба либосҳоям намешуд нигоҳ кард. Чирку карра то ҷое расида буд, ки ба ҳар ҷойи баданам даст мезадам, як қабза шабуш дохили панҷаам берун меомад. Худо он рӯзро ба касе нишон надиҳад, худам аз худам ҳазар мекардам.
Устоака бо сахтгирӣ ва дағалии худ коргаронашро зиндонӣ карда буд. Ба ивази ин, ки ба онҳо ғизову андаке пул медод, ҳар чӣ дилаш мехост талаб мекард. Нозири коргоҳаш як марди паканаи лӯндае буд ва чеҳрааш бо чину шиканҳои зиёд зишт ба назар мерасид. Ӯ тамоми рӯз бо қамчини тасмагини худ ба соқии мӯзааш тап-тапзанон дунболи коргарон «тортанак» мешуд. Туршрӯ буд, аз даҳонаш пайваста ҳақорату кинояву пичинг пош мехӯрд. Ҳар кӣ лаҳзае бекор меистод ё корашро пештар аз вақти муқарраршуда қатъ мекард, ба доми ӯ гирифтор мешуд, ҳатто зарбҳои ҷонкоҳи қамчинашро низ ба хубӣ мечашид. Касе ҷуръат намекард ҳарфи зиёдатӣ занад, аз истироҳату мушкилот забон кушояд. Бо гирифторӣ ба ин касофату залилӣ сахт пушаймон будам, ки ҳарфи амаки Ҷӯрабойро қабул кардам. Бо мурури замон косаи сабрам лабрез шуд ва пас аз андешаҳои зиёд ба худ аҳд бастам, ки ҳарчи зуд аз кор даст кашида, аз «марҳамат»-и Устоака фирор кунам. Бо дилтангӣ такроран ба худ мегуфтам: «Агар ба ивази ин ҳол нону пул медиҳад, аз сараш монад, дигар маҷоли пашмсобакунӣ надорам. Коре карда мегурезам, Худо меҳрабон аст, шояд коре дурусттар пайдо кунам».
Ниҳоят, рӯзе ба шарофати як пиразан, ки ҳар саҳарӣ бо баҳонаи ширфурӯшӣ саре ба корхонаи мо мехалонд, ба нияти худ расидам. Ҳамон лаҳзае, ки тақ-тақи дарвоза баланд шуд, ғайр аз ман касе дар ҳавлии даббоғхона набуд. Дарро боз кардам. Аз чӣ бошад, пиразан дар муқобили худ маро диду фурсате нигарон монд ва ба ҷойи ин ки даббаи ширашро дароз кунад, ҳайратомез суол кард:
– Писарам, ту кай ба кор омадӣ?
– Ду моҳ мешавад.
– Наход? Ман бори аввал мебинамат.
– Рост мегӯям, аммо ман шуморо ғоибона мешиносам.
Пиразан лаҳзае сукут карда, синчакорона ба сару рӯ ва тамоми баданам чашм давонд. Дубора бо ҳамон оҳанги нарму навозишӣ афзуд:
– Корат вазнин мегӯям?
– Э, напурсед, хола, – бо маъюсӣ ҷавоб додам ман, – ба хотири як бурда нон аз субҳ то шом ҷон меканем. Аз тафту заҳри даббоғхона кор ба ҷону корд ба устухон расидааст.
– Маълум, нагӯйӣ ҳам аз аҳволат мехонам, – гуфт пиразан ва амиқтар ба чашмонам зеҳн монда пурсид: – Миёнколӣ нестӣ, аз куҷо омадӣ?
– Аз Нурато.
– Аз куҳ?
– Ҳа.
– Деҳқониро медонӣ?
– Ҷону дилам замин аст, хола!
– Мехоҳӣ бо худам барам?
Ман дигар худамро гум мекардам. Аз хурсандӣ ба ваҷд омада, дар куртаам намеғунҷидам. Наздик буд дасту пойи пиразанро бӯса занам, ӯро ба оғӯш гирам. Базӯр шодиамро фурӯ бурда гуфтам:
– Кош аз ин зиндон халос мекардед, як умр аз шумо розӣ мешудам, холаҷон!
– Ин хел бошад, чизучората ҷамъ кун, аз раисат ҷавоб пурс, ҳозир бо худам мебарам.
– Холаҷон, ҳеч чиз надорам, иҷозати раисам ҳам лозим нест, аз ҳамин паси дарвоза меравем, фақат зудтар...
Ҳамон рӯз ба ҳиммати пиразан, ки худашро ба исми Ойгул шиносонда раҳораҳ номи маро ҳам пурсида буд, мардикории ман ранги дигар гирифт. Даббоғхонаро тарк карда, мустақиман роҳи ҳавлии Ойгулапаро пеш гирифтам. Ҳамроҳам ҳарчанд калонсол менамуд, аммо хеле чобук буд. Бо тезгардиаш занони деҳаро ба хотир меовард. Дар кӯҳпоя аксари занон бақуввату ҷаққонанд. Онҳоро кори бисёру сангин обутоб медиҳад, аз субҳ то шом ҷунбуҷӯлашон тамом намешавад. Агар бекор монанд, тамом, гӯё касалу беҳоланд. Ҳар гоҳ чеҳраи занони деҳотӣ пеши назарам ҷилвагар мешавад, фикр мекунам, Худо онҳоро танҳо барои заҳмат кашидан офаридааст.
Боғи Ойгулапа он қадар калон набуд, аммо хеле титу пит ва «алғов- далғов» ба назар мерасид. Маълум буд, ки баъд аз бардоштани ҳосил касе ба он даст назадааст. Ҳар ҷо-ҳар ҷо навдаю виёраҳои нимахушки помидору каду, сабзиву карам, чӯбучахс ва партовҳои ғуншуда ба чашм мехӯрд.
– Имсол ҳосили нағз гирифтам, – аз лаби ҳавлӣ ба боғ ишора карда гуфт Ойгулапа. – Худо хоҳад, картошкаю пиёз ва сабзиам то баҳор мерасад. Акнун замина тайёр карда гандум кориданиам. Аз дасти танҳоӣ ҳар сол мардикор мегирам, туро ёфтанам хуб шуд.
– Хоки заминатон ҳосилхез менамояд, аз рангаш маълум, – як қабза хокро байни ангуштонам соида гуфтам ман ва дарҳол корҳои карданиеро, ки барқосо ба зеҳнам мезад, барояш бозгӯ кардам: – Ба ман даҳ рӯз муҳлат диҳед кофист, Ойгулапа, боғатонро ба тартиб медарорам. Аввал девору чиғҳои атрофашро дуруст мекунам, баъд ҳама навдаю чӯбу хасу хошокро мебардорам, аз он пас заминро побел карда гандум мекорем. Албатта, сари вақт ҷӯякҳоро ҳам кашидан лозим...
Ман гап мезадаму Ойгулапа аз хурсандӣ дар худ намеғунҷид. Дар ҳоле ки аз хурсандӣ сураташ чин хӯрда буд, бо як даст сарамро силакунон дуо кард:
– Умри дароз бин, писарам, Ҳазрати Хизр мададкор бошад, хока гирӣ зар шавад! Аз ман ҳеч хавотир накаш, ба ҳолат мерасам, ҳаққатро пурра медиҳам.
Ёдам ҳаст, ҳамон рӯзи аввал то бевақтӣ дар боғи Ойгулапа кор кардам. Баъд аз кор бо ҳам шом хӯрдем. Азбаски хеле монда шуда будам, зуд ба рӯйи бистари пиразан, ки бароям дар меҳмонхонааш андохта буд, дароз кашидам. Он шаб дар болин гузоштани сарамро медонаму бас. Вақте ки аз хоб бедор шудам, аллакай ҳама ҷо равшан шуда буд, офтоб бо анвори заррини худ муҳобот мекард. Баробари аз ҷо хестан манзараи аҷибу ғариберо дидаму ҳуш аз сарам парид. Малофаи29 сап-сафеде, ки Ойгулапа ба рӯйи бистару болинам кашида буд, куллан хираю тирагун ба назар мерасид. Он аз ғояти чирку карра ва давуғеҷи беинтиҳои кайку шабуш, ки аз тани ман рехта буд, саросар сиёҳу алобуло метофт. «Э Худо, ин чӣ аҳвол аст?! – бо таассуф андешидам ба худ. – Чаро аз пиразан пинҳон кардам, чаро росташро нагуфтам, ки ман шабуш кардаам? Акнун чӣ мешавад?» Он лаҳза ба зеҳнам фақат як чиз меомад: Ойгулапаи дарғазаб... Ҳатман аз мани кирмин ҳазар мекунаду поямро аз остонааш мебурад. Ба назди дарича омада ба берун чашм дӯхтам. Пиразан дар канори суфачаи ҳавлиаш нишаста сабад мебофт. Ба ӯ нигарон мондаму ҳар гуна хаёл ба мағзам фишор овард. Аз як сӯ, дилам мегуфт, ҳар чӣ гузашта ба Ойгулапа ошкор кунам, аз ӯ бахшиш пурсам, вале аз ҷониби дигар поям маро ба роҳи фирор мекашид. Дилу бедилон дари меҳмонхонаро боз карда, нӯг-нӯки по ба сӯйи дарвоза қадам ниҳодам. Тасмим гирифта будам тезтар худамро аз шармандагӣ раҳо созам. Ҳамин ки мехостам як лингаи дарвозаро кушоям, садои Ойгулапа аз пушти сар маро сари ҷо шах кард:
– Писарам, куҷо меравӣ? – овоз дод ӯ.
– ... – дандон хоидам ман.
– Дастшӯйӣ дар ин тараф, – гуфт Ойгулапа ва бо даст самти боғро нишон дод.
– Мебахшед, ман... – боз ҳам забонам дар даҳон печид. Ҳис мекардам тамоми рӯям то буногӯш ҷиззас мезанад.
Пиразан ин ҳоли маро дида тааҷҷуб ҳам накард. Наздиктар омада аз дастам гирифт ва дар сурате ки лабханде чеҳраашро оро медод, афзуд:
– Писарам, ту хиҷолат накаш. Ман ҳамон дирӯз медонистам, ки бадану либосҳоят чиркин аст, аз гарду тафти даббоғхона ҳама ҳам ба ин ҳол гирифтор мешавад...
Он рӯз Ойгулапа дар тағораи калоне лахча омода карду бо ҳам малофаҳо ва либосҳои маро рӯйи он нағзакак афшондем. Ҳар гоҳ тап-тап мезадем, аз касрати кайку шабуш оташи лахча ҷиз-ҷиз овоз мебаровард ва наздик ба хомӯш шудан мерасид. Лахчаро дубора тагурӯ мекардем... Ойгулапа ҳаммомашро низ гарм кард. Баъд аз муддати мадиди об надидан ҳаммом бароям хеле хуб часпид. Чунон роҳат кардам, ба дараҷае сабук шудам, ки гӯё як тонна бор аз дӯшам афтида бошад. Аз хурсандии беҳад намедонистам бо чӣ ҳарфе ба пиразан арзи сипос гӯям. Аз он пас бо дилгармӣ ва муҳаббати зиёд ба кори деҳқонӣ часпидам.
Ёди ватан
Дар он солҳои навхатӣ, вақте ки ҳавои мардикорӣ маро то Миёнкол бурда буд, фикр мекардам ин шаҳрак аз деҳаи мо дар фосилаи хеле дур қарор дорад. Охир, чанд кӯҳу пушта ва дашту дала маро аз зодгоҳам ҷудо мекард! Агарчи ин дурӣ буду дар мағзи дилам насиму накҳати ҳамешагӣ ва бӯйи муаттари деҳаамонро хумор мекардам, маҷбур будам ба ҳар гуна ранҷи мусофирӣ низ тоқат кунам. Он рӯзҳо танҳо будам, вале як гӯшаи хаёлам доиман бо чеҳраҳои шинос, бо нигоҳҳои наздиконам, ки гоҳе маъюс менамуданду гоҳе хушҳол, пур мешуд. Бештар аз ҳама, ҳамроҳ бо симои нурониаш, ҳикматҳои падарам, панду насиҳатҳояш ба ёд меомад. «Ҳар ҷо бошӣ, бо ҳар кӣ бошӣ, нонатро ҳалол карда хӯр», – мегуфт ӯ. Падарам дар ҳама ҷо, ба ҳар кас кордӯстию вафодорӣ, ҳалолкорию нектинатиро талқин мекард.
Ман дар хонаи Ойгулапа озоду сариҳол мегаштам. Ӯ маро чун фарзанди худ дӯст медошт. Ҳамеша дар хусуси падару модарам, аҳли кӯҳистон ва одобу муоширати онҳо донистанӣ мешуд, пурсишҳо мекард. Ман бо ақли кӯтоҳи худ ҳар чиро дидаву шунида будам ва бештар аз ҳама, дар бораи доноӣ, дарёдилӣ ва сахтгириҳои падарам сухан мегуфтам. Ойгулапа низ ғоибона ба падарам эҳтиром варзида, эътимоди худро нисбати ман пинҳон намекард. Ӯ дар омади гап гуфта буд, ки тифли ҳалолзода ба асли худ мезанад, ту ҳам, албатта, мисли падарат мешавӣ. Ӯ мехост маро дар назди худ нигаҳ дорад, ҳамеша дастёраш бошам. Аммо, ҳамин ки медид ман ҳамвора ёди ватан мекунам, аз раъйи худ мегашт ва бо дилгармӣ ба ман дил медод: «Ҳар вақт савдогарони Нурато омаданд, туро ба онҳо ҳамроҳ карда мефиристам. Бояд зимистон нарасида ба қишлоқ равӣ, вагарна аз кӯҳу пуштаҳо гузаштан мушкил мешавад».
Агар дар даббоғхонаи Устоака аз ғояти дилтангӣ рӯз мешумурдам, дар хонаи Ойгулапа ҳаш-паш нагуфта гузаштани ду моҳро нафаҳмида мондам. Азбаски фасли зимистон даромада буд, рӯзҳо торафт сард мешуд. Ман аллакай корҳои заминро тамом карда, бо хоҳиши Ойгулапа самти офтоббарои боғашро, ки ба заҳкаши бадбӯе рафта мерасид, девор задам. Девори похсагӣ буд ва ҳар рӯз панҷ-шаш қолабӣ лой мерехтам. Дар ҳавои сард ба кор андармон шуда хунукиро ҳис намекардам. Ба ростӣ, Ойгулапа пиразани меҳрубоне буд, ба ҳолам нағз мерасид. Ду маҳал хӯрок ва барои ноништаи пагоҳӣ низ ширчою равғани зард ё асал ва ё тухми мурғ медод. Ӯ саҳариҳои барвақт хеста, бо дучархаи дастии худ ба маҳалҳои атрофи Миёнкол мебаромад ва даҳ-понздаҳ дабба шир ҷамъ карда, дар кӯчаҳои шаҳр дар ба дар мегашт ва то вақти субҳона ширҳояшро фурӯхта меомад. Каме истироҳат карда боз ба бозор мерафт. Дар бозор ҳам хариду фурӯшҳое дошт ва ҳар рӯз бо як миқдор пул ё хӯрокворӣ ба хона бармегашт. Ором нагирифтану доиман дар ҷунбуҷӯл будани ӯ маро ба ваҷд меовард, вале ҳар гоҳ тасаввур мекардам, ки ӯ танҳо асту фақат барои худ заҳмат мекашад, дилам ба ҳолаш месӯхт. Шавҳараш барвақт даргузаштааст, фарзанд надидаанд, дасттанҳо буд Ойгулапа.
Баъд аз он ки деворзаниро ҳам ба итмом расондам, дигар дар хонаи пиразан коре барои ман намонда буд. Дақиқан ҳамон рӯзҳо, вақте ки худам ҳам мехостам аз Ойгулапа ба кӯҳпоя рафтанро хоҳиш кунам, ӯ хабар овард, ки чанд савдогари нуратоиро дар бозор дидааст. Онҳо молҳояшонро фурӯхта шудаанд, фардо тараддуди баргаштан доштаанд. Ба онҳо суроғи хонаашро дода таъйин кардааст, ки омада маро низ ҳамроҳи худ баранд. Аз ин пайғоми ӯ хеле хушҳол шудам. Ниҳоят, ба ватан бармегардам, ба оғӯши падару аҳли пайванд, ба доираи ҳамдиёрони азиз. Он лаҳза бештар аз ҳар вақт эҳсос мекардам, ки одамони худиро хеле ёд кардаам. Ҳарчанд ин пиразани ҳалимро танҳо мегузоштам, аммо меҳри диёр маро чун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё