Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман ва чаҳор нафар савдогари кӯҳистонӣ ба роҳ баромадем. Раҳбари мо марди қоқинаи болобаланде ба исми Ботурбой ҳамдеҳаи ман буд. Онҳо ду хари изофӣ ҳам доштанд ва якеро дар ихтиёри ман гузоштанд. Борубунаашон зиёд буд: бештар матоъ, биринҷ, қанду қурс, ҳалво ва асбоббозиҳои бачагона. Ойгулапа низ ба ивази корҳоям як халта мавиз ва як кӯлбор пистаю ҳалвою нонро дар харам бор кард. Як баста пулро ҳам доданӣ шуд, ман нагирифтам. «Аз шумо ҳазор бор розиам, – гуфтам ҳангоми хайрухуш, – меҳрубониҳоятонро аслан фаромӯш намекунам!» Ӯ дар навбати худ аз пешониам бӯсида, бо овози маҳин арзи дил кард: «Замин гирд аст, писарам, Худо хоҳад боз вомехӯрем. Агар камию костие гузашта буд, маро бубахш. Худатро эҳтиёт кун».

Ҳарчанд ҳавои зимистонӣ ҳукмрон буду пайваста боди сард ба сару гардан мезад, бе ҳеч мушкилӣ то теппаҳои Ҷӯш расида омадем. Ҳамраҳонам қарор карда буданд, аз Ҷӯш гузашта дар Ҷадир истироҳат кунанд. Аммо давоми роҳамон пурпечутоб буд, ба куллӣ аз ағбаю дараҳо мегузашт. Барф кам-кам меборид, вале то ба кӯҳ наздиктар мешудем, ба суръати худ меафзуд. Маълум буд, ки дар кӯҳ чанд рӯз пайи ҳам барф боридааст. Баъзан маҷбур мешудем ба сабаби пеш омадани барфтӯдаҳо роҳамонро иваз кунем. Гоҳе аз харҳо пиёда шуда, печу хам ва ҷарҳоро бо эҳтиёт мегузаштем. Ман аз ҳама охир, аз ақиби қофилаи харсаворон мерафтам. Намедонам харам заиф буд ё худам, зуд-зуд аз қофила ҷудо шуда қафо мемондам ва ҳамон замон садои «қофиласолор» баланд мешуд: «Ҳой ҷавонмарг, пас намон, сахттар почак зан!» ва ба дигарҳо низ муроҷиат карда меафзуд: «Аз хоричӯбҳо, аз харсангҳо эҳтиёт шавед, мувозиби харҳо бошед, ки мабодо лағҷида нараванд!» Садои Ботурбой дағал ва хирросӣ буд. Ӯ ҳаракат мекард қофилаи худро солим ба манзил расонад.

Дар доманаҳои кӯҳӣ барф беист меборид, боди сард шиддат мегирифт. Ҳар қадар ба фарози кӯҳ болотар мерафтем, роҳгардиамон мушкилтар мешуд. Рафта-рафта ба ағбае расидем, даҳшатовар! На поини ағба ба чашм мерасид, на қуллаи кӯҳ. Мо аз миёни ағба, аз пайроҳаи борике қадам шумурда пеш мерафтем. Боди хунук тадриҷан ба бӯрон бадал мешуд, тундбоди сахте омехта бо барфу борон бардошта шуда бераҳмона ба сару кӯламон мезад. Маҷбур мешудем сари дузону нишаста монем ва дубора бо садои роҳбалад ба худ меомадем: «Аз ман канда нашавед, зуд-зуд ҳаракат кунед!» – дод мезад ӯ. Аммо куҷо! Вақти зиёде нагузашта аз шиддати барфу бӯрон ман билкул аз роҳ мондам. Аслан намешуд чашмҳоямро боз кунам, чӣ ҷойи қадамзанӣ! Харам низ сарашро васати ду пойи пешаш халонда шах шуда буд. Пас аз фурсате базӯр сарамро бардоштам ва ба пеш нигоҳ кардам. Ботурбой ва ду ҳамроҳаш аз ҷари миёнаҷойи кӯҳ гузашта буданд ва бо сарҳои хам банди харҳоро муҳкам дошта ҳаракат мекарданд. Яке аз гӯшаи чашм дидам, ки ҳамроҳи чорумашон бо хари худ дар васати ҷар, дар миёни барфтӯдае дармонда аст. Ӯ саъй мекард аз ҷо баланд шавад, вале натавониста дубора ба рӯйи барф меуфтод. Ба ӯ раҳмам омад, тамоми қувватамро ҷамъ карда харамро «хӣ, хӣ»-гӯён ба пеш тела додам. Натиҷае набахшид. Шамоли қаҳратун шуввос зада гардану буногӯшро лесида мегузашт. Чун пай бурдам ҳаракатҳоям зоеъ меравад, кӯлборамро аз болои хар гирифтам, халтаи мавизро бо як азобӣ боз карда, як қисми мавизро дар он рехтам ва кӯлборро ба китфи худам бастам. Сипас, ҳар чи неруе доштам, бо зарб як лагади «обдор» ба зери думи хар кӯфтам. Ҷонвари муғамбир ҳаминро мехост магар, якбора силкав хӯрду ба пеш қадам зад.

Замоне, ки ба ҷар расидам, дигар дер шуда буд. Савдогари ҷавони аз дӯстонаш ақибмонда дар барфтӯда ғӯтида, беҳаракат мехобид. Танҳо сараш берун аз барф ба чашм мехӯрд, лабу лунҷаш пури кафи яхзада. Хараш ҳам поинтар беҷон мехобид, аз нисф поин дар зери барф. Талвосакунон бо тамоми ҷон барфҳои пасу пеши ҷавонро бо панҷаҳоям ба ҳар сӯ рондам. Бо як азобӣ танашро берун овардам. Хеле дер шуда буд: чашмҳояш нимабоз, забонаш берун аз даҳон ва дасту поҳояш аз хунукӣ карахту беҳис... Ҳар қадар ба сару сураташ кӯфтам, танашро афшондам, ба худ наомад. Ӯ беҷон буд.

Ҳис кардам, аз шиддати сармо худам ҳам сари ҷо меларзам, беист анголак мезанам. Ба ёдам мавизу ҳалвои борхалта омад. Бо мушкилӣ як бари кӯлборамро боз карда, дар муштам мавиз бардоштам. Дар ҳоле, ки дастҳоям меларзиданд, бо шитоб мавиз хӯрдан гирифтам. Муштамро пур карда ба харам низ додам. Бори аввал медидам, ки хар ҳам бо иштиҳо мавиз мехӯрад. Фикр мекунам, дар он сармои қаҳратун ҷони ману харамро ҳамон мавизҳои Ойгулапа наҷот дода буд. Дубора қувват гирифтам ва ноилоҷ савдогари ҷавонмаргро ба ҳоли худ гузошта ба пеш ҳаракат кардам. Агар он ҷо мемондам, бешубҳа, ҳоли ман ҳам монанди он бечора мешуд.

Сад афсӯс, ҳама талошҳоям вақти гузаштан аз доманаи дигари ағба бар абас рафт. Вақте ки аз ҷилавомадагии кӯҳ ба синаи дигар тоб мехӯрдам, тундбоди сахте вазиду ману харамро якрост бардошта ба поин ҳаво дод. Аслан натавонистам ҷуссаамро нигаҳ дорам, гӯё як лахт наъше будам беҷон ва рӯ-рӯйи барф ғелида рафтам. Ҳарчанд саъй кардам аз чизе даст гирам, поҳоямро ба чизе андармон кунам, суде надошт. Фурсате гузашту худро озод рӯйи ҳаво муаллақ дидам, шабеҳи санге будам, ки ангор аз боло партофта бошанд. Ман аз партгоҳе парида будам ва бо ҳамон суръате, ки доштам, ба поин сарозер шудам. Аз баландӣ бо зарб ба тӯдабарфе уфтодам ва манаҳам ба зонуҳоям бархӯрду аз димоғам шараққос зада садое баромад. Дарди ҷонкоҳе тамоми вуҷудамро ба раъша овард ва дигар чизеро ҳис накардам.

...Дашти бекароне холӣ ва хилват аст. Ман савори аспи сафеди урёне шудаам ва он дар канори рӯде маҳмез мезанад. Ҳама ҷо орому сокит, аммо ҷониби дигари рӯд пур аз садо ва қиючув. Он сӯ манзараҳои дилфиреб ба назар мерасанд. Аспи ман лаб-лаби рӯд, дар замини хушку сӯзоне йӯрға меравад, лекин ёду ҳуши маро фазои сабзу гулзори он бари рӯд рабудааст. Дар он ҷо дарахтҳо дар иҳотаи сипоҳи мурғон мондаанд, садоҳои беохири «чириқ-чириқ» равшан ба гӯш мерасад. Ман амиқтар назар меафканам, мехоҳам он манзараи зеборо бо тамоми ҷузъиёташ тамошо кунам. Фурсате нагузашта, духтаре париваш, бо либосҳои сапеду луобӣ васати гулзор падид меояд. Ӯро дида ба шигифт меоям, чашмҳоямро калонтар кушода зеҳн мемонам. Бале, он фаришта модари ман буд, модари ҳақиқиам! «Э Худо, аз қудратат гардам, – бо хурсандӣ ниёиш мекунам, – чӣ хуш аст, ки маро ба дидори модарам мушарраф кардӣ!» Модарам лабханд мезад, либосҳои оҳорӣ ва мӯҳои шабгунашро насими марғзор якрост ба қафо тела медод. Ӯ хурсанд буду бо дастони фарбеҳи сап-сафедаш маро ба сӯйи худ мехонд. Ба назарам, мегуфт: «Биё, писарам, биё ба оғӯши худам». Дар ҳамин асно садои помонии касе аз пушт шунида шуд. Нигоҳ кардам, падарам бо шитоб ба сӯйи ман давида меояд. Ӯро дидан замон аспамро сахттар қамчин задам. Садои падарам баланд шуд: «Писарҷон, ист! Ба он сӯ нарав, ист!» Аспи ман бошад шитоб дошт, чун бод мепарид, мехост маро ҳарчи зуд ба оғӯши модарам расонад. Падарам низ аз дунболгирӣ даст накашид. Ӯ хеле қавиҳайкал ба назар метофт ва калон-калон қадам гузошта, босуръат медавид. Ба ман наздик шуду фарёд зад: «Писарҷон, дастатро ба ман деҳ, ба оғӯши худам биё!» Ман сухани ӯро қабул накарда, бо ишора ба марғзори он сӯйи рӯд гуфтам: «Не, ман ба пеши очаам меравам, маро ба ҳоли худам гузор!» Падар ҳам якравӣ кард. Ӯ ба ман расидан замон, ёзида аз миёнам дошт ва бо як ҳаракати чобукона маро ба оғӯши худ гирифт. Ман дар бағали ӯ мондаму аз тарс дастҳоямро зич ба гарданаш печондам ва дар як он ҳама чиз аз назарам ғоиб шуд. Дилам мехост, ки як бори дигар модарамро бубинам, вале ҳарчанд ба мағзам фишор овардам, сураташ дигар падидор нашуд. Аз қаъри дил дод задам: «Оча! Оча!!»...

Шояд фарёде аз дилу ҷигарам баромад, ки бо он ба худ омадам. Чашмҳоямро кушода худро дар васати ҷар дидам. Аз ду ҷониб синаи кӯҳ ба боло мерафт, ҳама ҷоро ҷомаи чашмхиракуни барф мепӯшонд. Атроф хилват буд, сокиту гирифта. Тоза сапедии субҳ медамид. Ман то бехи поҳоям ба барфтӯда фурӯ рафта будам ва кӯлборамро танг дар оғӯш медоштам. Пай бурдам, ки саҳарӣ сиёҳӣ зер кардааст, пас аз хоби гарон ё баъд аз беҳушӣ хоб дидаам, хоби даҳшатнок! Хушбахтона, падарам ба имдодам расид ва маро аз он дунё баргардонд.

Бо як азобӣ, ҷон канда-ҷон канда худамро аз барф берун кашидам. Ҳис мекардам тамоми баданам бадард аст. Ҷо-ҷойи танам аз касрати харошидагӣ ва зарбу лат месӯхт, ба хусус, лаби поинам сӯзиши ҷонкоҳе дошт. Даст бурдам, лабам дарида ва аз дандонҳоям низ яке шикастааст. Ба ёдам омад, вақти сарозер шудан ба ин ҷар манаҳам ба зонуҳоям бархӯрда садое баромада буд, ки он садои шикастани дандонам будааст. Бори дигар ба боло назар афкандам, воқеан, партгоҳе буд баланду ваҳмовар! Чӣ тавр аз ин иртифоъ афтида зинда мондаам, танҳо ба Парвардигор аён.

Вақте ки аз ҷо хестам, пай бурдам, ки як тарафам кашол, пойи чапам лат хӯрдааст. Бо вуҷуди ин, маҷбур будам ба ҳар гуна азобӣ тоқат кунам ва лангон-лангон аз бағали кӯҳ ба поин роҳ пеш гирифтам. Ман роҳ мерафтаму ёду хаёлам ба ҳамсафаронам банд буд. «Чаро аз ҳам ҷудо шудем? – меандешидам ба худ. – Чаро Ботурбой номардӣ кард? Чаро дӯсташро ба ҳоли худ гузошту рафт? Ё дар он барфу бӯрон илоҷи мадад расондан надошт?

Магар метавонист моро наҷот диҳад?...» Дар ҳар сурат, фикр мекардаму аз хулосаҳои худ қонеъ намешудам, наметавонистам рафтори худаму ҳамсафаронамро дар мизони ақл баркашам. Шояд дар ин гуна ҳолат ҳар кӣ ҳарфи худашро дорад? Вале асли қазия ин аст, ки касе ҷабр мебинад ва дигаре ҷони худро аз ранҷу заҳмат раҳо месозад. Одам шири хомхӯрда аст, фардо чӣ мешавад, барояш аён нест. Гоҳе мехоҳад некӣ кунад, аммо бехабар мемонад, ки акси ҳол рух додааст. Одам ҳамеша хатокор аст.

Барф намеборид, боду бӯрон ҳам набуд, аммо ҳаво сард. Сардӣ мисли сӯзан мехалид. Гӯшу бинӣ, лабу лунҷамро сармо зада буд. Аз хунукӣ дасту поҳоям низ ҷиззас мезад. Афтону хезон аз чанд пушта гузаштам ва ба бахти ман, талошҳоям зоеъ нарафт. Ҳамин ки рӯз аз ним гузашта буд, деҳкадае рӯ ба рӯям намудор шуд. Ҷон гирифтам, бо ҳавлу шитоб тундтар қадам задам.

Дарвозаи аввалин хонаро, ки сари роҳ буд, кӯфтам. Занаке бо қиёфаи қазоқӣ – рафидарӯ, тангчашму абруборик дарро боз кард. Аз ҳавлиаш бӯйи нони навпухта ба димоғ зад. Маълум буд, ки машғули нонпазӣ аст, нонҳояшро аз танӯр меканд. Бӯйи лазизи нони гарм дар ҳафт мағзи ҷонам нишаст. Ба хотирам нонҳои модарам омад. Ӯ ҳар гоҳ нони тоза мепухт, аз он дар табақе ба оби сард тар мекард ва қатори додаронам маро ҳам садо мезад. Нони навпухтаи ба оби сард таршуда чӣ қадар хушмаза аст!

Гуруснагиам бештар хуруҷ кард. Аз он занак хоҳиш намудам, ки нон диҳад, ҳадди ақал як пора, як тикка. Ӯ сар то по маро аз назар гузаронд ва шояд фикр кард, ки ман гадое ё безорие ҳастам, бо абрувони гирифта гуфт:

– Нони зиёдатӣ надорам, ки ба ту диҳам, аз роҳат намон! – сипас дари ҳавлиашро бастанӣ буд, ки ман ҳам паст наомада дарро доштам ва илтиҷо кардам:

– Холаҷон, хеле гуруснаам, ба ивазаш аз кӯлборам мавиз гиред.

Занак бештар асабонӣ шуд:

– Ба ту нон диҳам, бачаҳоям чӣ мехӯранд? – гуфт ӯ ва бо ангушт ба сӯйи хонаи дигаре, ки он тарафи ҷӯйи об воқеъ буд, ишора карда афзуд: – Ҳар чӣ мехоҳӣ аз Гулсунапа хоҳиш кун, вазъаш хуб аст, молу ҳол дорад.

Занак дарашро пӯшид. Ман бо ҳоли гирифта, хастаю абгор сари кӯча мондам. Худамро базӯр сари по нигаҳ медоштам, аз дарду гуруснагӣ баданам меларзид. Бо умед ҷониби хонаи дигарӣ хира шудам, бештар ба як по такя карда, ба роҳ даромадам. Назди дарвозаи Гулсунапа омадаму дигар мадорам намонд. Ду-се мушт ба дарвозааш кӯфтам ва аз беҳолӣ мувозинатро гум кардаму рӯйи барф лағжида, якпаҳлу ба замин уфтодам...

«Ҷони одам аз санг сахту аз гул нозук»-мегӯянд, рост будааст. Вақте ки ба худ омадам, худамро рӯйи тӯшаки нарм, бағали сандалии гарм ва дар хонаи равшани боҳавое дидам. Зани солхӯрдае бо чашмони меҳрогин ба ман нигоҳ мекард, бо як даст аз пешониам дошта меистод ва бо порчаи докае ҳар замон арақҳои гардану суратамро пок мекард. Чашм кушодани маро дида бо меҳрубонӣ гуфт:

– Ба ҳуш омадӣ, писари хуб, ҳолат чӣ хел?

– Раҳмат, бад нестам, – ҷавоб додам ман, – ба ман чӣ шуд?

– Бо шунидани тақ-тақи дарвоза ба берун баромадам, ба рӯйи барф беҳуш афтида будӣ, хеле тарсидам.

– Раҳмат, хола, шумо Гулсунапа ҳастед?

– Ҳа, аз куҷо медонӣ? – бо тааҷҷуб пурсид ӯ.

– Ҳамсояатон гуфт. Аввал он ҷо омадам, нон мепухт. Хоҳиш кардам, ки як бурда аз нонаш диҳад, надод. Занаки хасис будааст.

– Аз Гулсарӣ хафа нашав, – гуфт Гулсунапа, – бечора зиндагиаша базӯр мегузаронад, як хона бача дорад.

Ҳамин тавр, бо ӯ дуру дароз суҳбат кардем. Ҳар чӣ аз сарам гузашта буд, барояш нақл кардам. Ӯ, воқеан, занаке буд дарёдил, дасткушод, ҳалиму ғамхор. Офаридгорро ҳазор бор шукр мекардам, ки дар мушкилтарин айём дастгиру мададкори ман шудааст, ба воситаи одамони меҳрабон ба ман қуввату ҷон бахшидааст.

Азбаски аз сармо дасту поям бод карда буд ва дар танам ҷароҳатҳое доштам, маҷбур шудам чанд муддат дар хонаи Гулсунапа монам. Ӯ ҳар имдоде аз дасташ меомад, барои ман арзонӣ медошт. Шабу рӯз лахчаи гарми сандалиро канда намекард, марҳамҳое ба дасту поҳоям мемолид. Ҳамеша хӯроки гарм, бештар шӯрбо ва шираки бодом медод. Гулсунапа моли бисёр дошт, ду писараш чӯпонӣ мекарданд. Шавҳараш қурбони ҷанги Олмон шудааст. Як дона акси ӯ дар гилеми девораш овезон буд ва рӯмолчаи дастбофтеро рӯйи он андохта буданд. Гулсунапа ду сол боз хати сиёҳи шавҳарашро дар як гӯшаи рӯмолаш нигаҳ медошт.

Ниҳоят, ман сиҳат шуда ба по хестам. Аз дилу ҷон ба Гулсунапа ва писаронаш ёрӣ мерасондам, гоҳ-гоҳ дунболи молашон низ мерафтам. Иттифоқан, рӯзе дар хонаи ӯ машғули тароша кардан будам, ки дарвозаашро аз берун кӯфтанд. Давида рафтаму онро боз кардам. Дарвозаро кушодаму аз ҳайрату шигифт сари ҷо шах шудам: рӯ ба рӯям падарам ва дунболи ӯ амаки Ризвон ба асо такя зада меистоданд. Падарам низ маро диду чеҳрааш боз шуд, чашмонаш гӯё медурахшиданд. Ӯ бо ҳаяҷон «писарҷон!»-гӯён маро ба оғӯш кашид. Ӯ маро дар бағал зер карда, аз сару рӯям мебӯсид, аз хурсандӣ ба чашмонаш ашк ҳалқа зада буд. Аз ин вохӯрии ғайричашмдошт ҳар дуямон бениҳоят хушҳол будем.

Маълум шуд, ки он рӯз падараму амаки Ризвон ба тӯйи яке аз дӯстонашон омадаанд. Дар тӯй, ҳангома-ҳангома гуфтаанд, ки ҷавоне ғариб аз кӯҳпоя чанд вақт боз муқими хонаи Гулсун аст. Бо шунидани ин хабар падарам ёди маро мекунад. Ҳарчанд ӯ аз Ботурбой дар зери барфу бӯрон мондани маро мефаҳмад, аммо ба ҷавонмарг шудани ман билкул бовар накардааст. Аз ин рӯ, бо шунидани пайғоми аҳли тӯй ба суроғи «ҷавони ғариб» мешитобад...

Мо он шаб дар хонаи Гулсунапа мондем. Падарам изҳори миннатдорӣ кард ва хост ба ивази ғамхориҳояш ӯро розӣ кунад. Аммо Гулсунапа пул нагирифт, танҳо хоҳиш кард, ки ҳар гоҳ имкон даст дод, аз кӯҳпоя барояш панҷ-шаш кило арзан фиристам. Мехост ҷохоби набераашро дар гаҳвора бо арзан пур кунад. Субҳи рӯзи дигар бо ҳамдигар худоҳофизӣ кардем ва ману падарам ва амаки Ризвон роҳи деҳаамонро пеш гирифтем.

Ман дубора ба зодгоҳи азизам, ба оғӯши оилаамон, ба доираи дӯстони деҳотиам баргаштам. Аз он чиз бениҳоят хушҳол шудам, ки модарандарам ба куллӣ тағйир ёфта буд. Аз дағалӣ ва сахтгуфториҳои ӯ нишоне надидам, баръакс, аз ман ҳар гуна лутфу меҳрабониро дареғ намедошт...

Дар сарбозӣ

Ҳавои Калининград сарду салқин буд. Азбаски аёсу бодҳои хунук ҳамвора аз ҷониби баҳрҳои атрофи он вазида меистод, ҳатто дар чилаи тобистон намешуд тани бакурта гашт. Ба хусус, шабҳое, ки ба посбонӣ мерафтем, тану тӯшамонро муҳкам печонда, аз зери мӯза ду қабат пойтоба мебастем. Тайи ду соати навбатдорӣ дар як ҷо истодан амри муҳол буд. Пайваста атрофи посгоҳро дар пайроҳаи борике қадам зада мебаромадем. Он чӣ дар маҳалли нигаҳбонии мо, васати анбӯҳи дарахтони булуту коҷу тӯс ба чашм мехӯрд, теппаҳои сабзпӯше буданд, ки ду-сетоӣ дудкашҳои филизӣ доштанд. Мегуфтанд, ин теппаҳо анборҳои махфии силоҳ ва олоти низомист. Дар фосилаи панҷ-шашметрӣ аз пайроҳаи роҳгардии мо ба дарозо ҳифози симхордор кашида шуда буд ва берун аз он саросар буттазору ҷангали бепоён ба назар мерасид.

Ҳар гоҳ навбати ман меомад, саъй мекардам ду соати посдориро бо ҳушёрӣ ва бе дилтангӣ сипарӣ кунам. Бештар, вақте ки медидам аз қадамзанӣ ҳавсалаам сар меравад, корди сари автоматамро дар оварда, аз дарахтҳои ғафстари канори пайроҳа фосила мегирифтам ва дурудароз машғул мешудам ба кордпартоӣ. Бо партобҳои аввалӣ кордам ба «нишон» намерасид, вале оҳиста-оҳиста дастам роҳ меуфтод. Ҳамин ки корди партофтаам пайи ҳам ба дарахт мехалид, фосиларо дуртар мегирифтам. Ба ин минвол, дар ҳар навбати посбонӣ усулҳои нави кордзаниро меомӯхтам, аз ҳар ҳолат – рост истода, хоб рафта, давр зада, пуштнокӣ... корд мезадам. Ҳар гоҳ ин машғулият низ ба дилам мезад, дубора оғоз мекардам ба қадамзанӣ ва фурӯ мерафтам ба ёди «обу ҳаво»-и ватан. Ҳарчанд Калининград аз диёри мо дар фосилаи даҳҳо фарсах воқеъ буд, аммо боре ҳам эҳсоси ғарибӣ ва ҷудоӣ накардаам. Танҳо хумори рангу навоҳои зодгоҳам, навозишҳои одамони дилсӯз, мисли янгаи Равза, Ойгулапа, Гулсунапа, ширин-ширин торҳои мағзамро навозиш мекарданд.

Дар овони наврасӣ аз либоси сарбозӣ хушам меомад. Ҳар гоҳ марди ҳарбиеро медидам, нигоҳам дурудароз ба ӯ дӯхта мешуд, ба назарам, ин тоифа аз ҳама афроди дигар фарқ мекарданд. Алалхусус, тозагӣ ва сари ҷо хуб нишастани формаи низомӣ, барҷастагии пагонҳо, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва хат-хатиҳои изофагӣ дар шалвори ҳарбиён ҷолиби диққат буд. Роҳгардӣ ва муоширату муомилаи онҳо низ шеваи худро дошт. Ҳар қадар бузургтар мешудам, дар дилам орзуи аскар шудан бештар ҷавона мезад. Сарбозӣ, ба назари ман, мактаби ҳақиқии ҳаёт буд. Чунин эҳсос мекардам, ки марду зани деҳаамон ва ҳатто духтарон ба ҷавонҳои аз хидмат омада бо чашми дигар менигаристанд. Дар тасаввури онҳо танҳо касе, ки давраи сарбозиро мегузашт, солиму бенуқсон ҳисоб мешуд. Ҳатто мӯд шуда буд, волидон духтарони худро танҳо ба ҷавонҳое медоданд, ки аз аскарӣ баргаштаанд ва нахустин саволи онҳо ба хостгорони омада низ чунин буд: «Ҷавон аскарӣ рафтааст ё не?» Фикр мекунам, ин ҳама эътиқод на фақат ба хотири он буда, ки домод обутобёфта ва ҷасуру «мард» бошад, ҳамчунин ишора ба он буда, ки ҳимояти ватан қарзи муқаддаси ҳар як ҷавон аст!

Фасли тирамоҳи Калининград серборон меомад. Баъзан ҳангомаи борон канда нашуда то ду-се ҳафта идома меёфт. Мо борониҳои доманбаланди худро аз даст намегузоштем. Ба хусус, ҳангоми посбонӣ боронӣ роҳати ҷон буд.

Аз рӯйи тартиб, дар яке аз шабҳои боронӣ навбати нигаҳбонии ман ба соати дуи шаб рост омад. Сержанти мутасаддӣ гурӯҳи чорнафараи моро дар чор посгоҳ пахш намуда ба хобгоҳ баргашт. Ман баробари шуруи кор бандаки кулоҳи борониамро муҳкамтар бастам ва милаи автоматро таҳи доман пинҳон карда, аз пайроҳаи ошно пардохтам ба қадамзанӣ. Борон бо шиддат меборид. Чароғҳои посгоҳ аз ғояти резиши борон тирагии атрофро он қадар равшан намекарданд. Садоҳои шабеҳи «хишир-хишир», «шарақ- шарақ» аз байни дарахтону буттазор он қадар зиёд буд, ки аслан фаҳмида намешуд ин ҳама таниши садо аз куҷосту аз чӣ дармеояд.

Вақте ки посгоҳро як бор давр задам, итминон ҳосил кардам, ки ҳама ҷо амну амон аст. Сипас, ба хотири каме истироҳат кардан, рӯйи кундаи дарахте нишаста гирифтам. Нишаста будаму ногоҳ садои ғурриши ноошное аз беруни ҳифози симхордор риштаи хаёлотамро барканд. Дарҳол аз ҷо хеста ба сӯйи овоз хира шудам. Аз васати дарахтҳо сиёҳие монанди одам ба сӯйи посгоҳ меомад. Ҳарчанд дар фосилаи дуртар буд, бо садои баланд фарёд задам: «Исто сари ҷо! Кӣ меояд?!» Аммо ҷонвари «сиёҳ» ба фармони ман итоат накарда наздиктар омадан гирифт. Вақте ки бағали симхор расид, дубора дод задам: «Исто! Мепарронам!» Вале он хӯсаи ҷондори сиёҳ ба суханҳоям эътиное ҳам надод ва ғайри интизор, хез заду худашро ба симхорҳо зад. Дигар ҳуш аз сарам парид. Бе он ки фармоне диҳам, дарҳол зомини автоматро аз ҳолати сифр озод кардам ва бе ҳеч гуна тирандозии ҳушдордеҳӣ мустақиман ба «душман» тир холӣ кардам. Бо ҳарос зоминро ба ҳолати автоматӣ гузошта будаам, ки дар як он нисфи тирдон холӣ шуд. Ҷонвари «гапношунав» ҳеч муқобилате накарда, ба ҳифоз часпиду лағжида ба замин уфтод ва садои шалаппосие ба гӯш омад. Агарчи ангуштамро аз куланг бардошта будам, ҳанӯз сари ҷо карахт меистодам ва ҷуръати наздик шудан ба ҳадафи худро надоштам. Шояд аз тарс буд, дастҳоям кам-кам меларзиданд, автоматро бо фишор зери оринҷ нигаҳ медоштам. Лаҳзае нагузашта, аз пайроҳаи посгоҳ давида омадани се нафарро дида мондам. Бе истиҳола, ба сари онҳо низ дод задам: «Исто! Кӣ меояд!» «Ин ман, сержант Глобус!»-баланд шуд садои ошно. Ба тану ҷонам хун давид, худамро ба даст гирифтам, автоматро ба китфам ҳамоил карда, ба сӯйи сержант қадам задам ва роҷеъ ба воқеаи содиршуда гузориш додам. Танҳо пас аз ин бо ҳам рафта ҷасади дар обу гил ғӯтидаро нигоҳ кардем: хирсе буд, бадҳайбат, бо пӯзаи ғафсу шиками калон ва поҳои кулуфт. Аз кори кардаам хиҷолат кашидам, пеши сержанту ҳамраҳонаш замин намекафид, ки дароям. Вале онҳо бо завқ механдиданд ва сержант, дар ҳоле ки аз забонаш «молодетс»-гӯйӣ канда намешуд, амр кард, ки гавдаи хирсро кашида ба канори пайроҳа гузорем...

Баъд аз он воқеа «қаҳрамонӣ»-и ман дар тамоми воҳиди низомӣ овоза шуд. Ҷолиб ин буд, ки сарвари взводамон ҳушёрии маро назди сарбозони даста таъриф карда пуле ба миқдори як моҳонаи аскарӣ подош дод ва як рӯз ҳам ба хотири тамошои шаҳр аз хидмат озод кард.

пешина
аз 44
навбатӣ