Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Дар фосилаи яккилометрии сарбозхонаи мо деҳае буд ба номи Майский ва ин русто дар гирду атрофи Калининград бо асалпарварони худ шуҳрат дошт. Дар хусуси марғубият ва харидоргир будани асалҳои ин деҳа ҳангомаҳои зиёд аз даҳон ба даҳон мегашт. Аз он даме, ки таърифи Майскийро шунида будам, дар дилам орзуи дидани он ва бештар аз ҳама, чашидани таъми асалҳои нобаш туғён мезад. Мехостам ҳарчи зуд кандуҳои занбӯри асал, усул ва ҷойи парвариши он ва асали тару тозаро бо чашмони худ бубинам. Ҳанӯз дар овони кӯдакӣ иштиёқи ман ба асал бедор шуда буд. Вақте ки падарам аз сафарҳояш бармегашт, гоҳе бо худ асал низ меовард. Агар асали овардааш тоза мебуд, бо хушҳолӣ «баҳ, баҳ»-гӯён таматтуъ мекард ва ба ҳафт пушти асалфурӯш дуои нек мефиристод. Ӯ мегуфт, гирифтани асал машаққатҳои зиёд дорад, на ҳар кас аз уҳдаи ин кор мебарояд. Асалпарварон маҷбур мешаванд чор фасли сол ҷо иваз карда истанд. Онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯйи марғзору гулзори нав мегарданд...
Баъд аз интизориҳои тӯлонӣ, дар як шаби маҳтобӣ сарбозхонаро бо мақсади Майский тарк кардам. Ҳарчанд то он дам боре ҳам бе иҷозат аз ҳудуди воҳиди низомӣ берун нарафта будам, он шаб бо умеди дарёфтани асал гирифтори васвасае шудам ва аз пайроҳаҳои пинҳонӣ чанд чиғу деворро гузашта, ба «самоволка» баромадам. Масофаи як километр барои ман чизе набуд ва бе он ки касе аз рафтани ман хабар ёбад, пас аз андак муддат худамро ба соҳили рӯдхонаи хурдаке расондам. Он тарафи рӯдхона шаҳраки чароғони Майский бо равшании маҳтоб хеле зебо ба назар мерасид. Тамоми хонаҳо яксохт буданд ва бомҳои шиферии онҳо он қадар нишеби баланд доштанд, ки дар интиҳо дами ханҷарро мемонданд. Шояд ба хотири тез шорида фуромадани боронҳои ҳамешагӣ шиферҳоро чунин насб мекарданд. Он тавре ки тасаввур мекардам, ҷойгиршавии имороти Майский мисли хонаҳои деҳаи ман набуд, балки пайиҳам дар як хат қарор доштанд ва дарахтҳояш низ рад-раду муназзам ба чашм мехӯрд.
Аз пули борики овезоне, ки вазифаи пиёдагузарро адо мекард, дохили Майский шудам. Он ҷо таваккул аз аввалин кӯча ба роҳ афтидам. Ба назар мерасид, ки аҳли ин шаҳрак ба обод кардани қитъаҳои наздиҳавлигии худ эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Боғчаҳои онҳо бо ҳифозҳои оҳании на он қадар баланд иҳота шуда буд ва дохили ҳавлиҳо аз кӯча дида мешуд. Каме роҳ гаштаму чашмам ба боғчае афтид, ки пур аз қуттиҳои болои ҳам чидашуда буд. Каме дуртар кафиҳои чархдоре низ меистоданд, ки бар рӯйи онҳо бағали ҳам дарчида қафасаҳои оҳаниро гузошта буданд. Дарҳол нақлҳои падарам ба ёдам омад, ки чандин бор дар қуттиҳои махсус парвариш кардани занбӯри асалро гуфта буд. Бо дидани ин манзара гӯё ҷон гирифтам, зудтар қадам зада худро ба канори он ҳавлӣ расондам. Тавре ки ҳушу хаёлам ба дарёфтани асал банд буд ва куллан сокитӣ ва оромии атроф низ аз набудани хавфу хатаре дарак медод, оҳиста дарвозаи он боғчаро боз кардам ва қадамзанон ба назди қуттиҳо омадам. Вақте ки сарамро рӯйи ду-се қуттӣ гузошта гӯш андохтам, равшан «ҷиззас» зада садо баровардани занбӯрҳо шунида шуд. Бо шитобе, ки дар вуҷудам ҷӯш мезад ва бо иштиёқу ҳаваси ҳарчи тез дидани асал, бетоқатона яке аз қуттиҳоро боз кардам. Даричаи қуттиро кушодаму аз лашкари беҳисоби занбӯри асал ба ваҳшат омадам. Тамошои ман як чашмандозии кӯтоҳе буду бас. Ба маҳзи ин ки занбӯрҳо дар остонаи худ пайдо шудани бегонаеро пай бурданд, бе истиҳола чун мавҷи пурталотум ба сару рӯям фурӯ рехтанд. Дар як он тамоми сару сурат ва дасту поҳоям туъмаи занбӯрҳо гардид ва мани бечора беист дасту почакзанон фарёд задам: «Вой дод, ёрдам диҳед!!» Лаҳзае нагузашта худамро гум кардам, бе ҳеч гуна муқобилате ба замин уфтодам ва пеши чашмонам зим-зиё торик шуда рафт...
Дар ёд дорам, бо дамидани гармие дар тану ҷонам чашмҳоям боз шуданд. Ба ҳуш омада худро дар бемористон, дар иҳотаи ҳамшираи тиббӣ, сарвари взводамон ва як пирамарди ношинос, ки ба эҳтимоли зиёд «дуздӣ»-и ман дар боғи ӯ сурат гирифта буд, дидам. Онҳо ба ман нигоҳкунон хомӯш менишастанд, маълум буд, ки мунтазири ҳушёр шудани ман ҳастанд. Чашм кушодани маро дида, ба навбати аввал, ҳамшираи тиббӣ хушҳол гардид, аз хурсандӣ ба лабонаш табассуми малеҳе дамид ва бетоқатона ба ҳамраҳони худ рӯ оварда гуфт:
– Бубинед, ба ҳуш омад!
– Худоро шукр, – оҳи сабук кашид пирамард.
Сарвари взводамон ҳам курсиашро наздиктар кашида аз дастам гирифт ва бо оҳанги омиронаи худ, вале бо мулоимат пурсид:
– Ҳолат чӣ тавр, қаҳрамон? Гурехтанат то ҳамин ҷо буд?
Ман хиҷолат кашидам ва базӯр зери лаб пичиррос задам:
– Маро бубахшед, ғалат кардам.
– Омадаш будааст, – риши сапеди пурпушту гирди худро масҳкунон гуфт пирамард, – агар овозашро намешунидам, зинда монданаш дар гумон буд.
– Давои худсарӣ ҳамин! Каме азоб кашад, дигар ҳаваси асал намекунад, – афзуд сарвари взвод.
– «Ҷони нодон дар азоб»-гуфтаанд, бечора аз куҷо донад, ки занбӯри асал ҳам заҳрнок аст, – илова кард ҳамшираи тиббӣ, – агар занбӯр доштани қуттиҳоро медонист, шояд даст ҳам намезад.
Дар ҳоле ки ҳарфҳои онҳоро мешунидам, саъй кардам дасту поҳоямро ба ҳаракат дарорам. Ҳар қадар зӯр мезадам, бефоида буд. Гӯё тамоми баданам бод дошт, сартопо пӯсти танам, мисли ин ки аз зераш кайк роҳ меравад, «пир-пир» мепарид. Ба хусус, сару суратам пуфаки боддодаеро мемонд ва ҳис мекардам, ки гӯшу чашму лабонам гӯё сари ҷойи худ нестанд.
Баъд аз чордаҳ рӯзи бистарӣ ба по хестам ва ба воҳиди низомӣ баргаштам. Ҳарчанд ҷазое ба ман муқаррар накарда буданд, аммо дар ҳама маҷлису дарсҳои тарбиявӣ ман мавриди мисолу интиқоди сарварон қарор мегирифтам. Азбаски худам айбдор будам, ҳама сарзанишу танқидро бо сари хам қабул мекардам. Ҳамхидматонам низ шӯхиомез «амалиёти шабона»-и маро бо обуранг ва тахайюлоти бофтаи худ зуд-зуд ёдовар мешуданд.
Дуруст, ки он замон ман худро дар хатар монда будам ва ҳазлу шӯхиҳо низ ба ҷонам расида буд, лекин аз сӯйи дигар суде бардоштам, фавқулода бебаҳо! Бо заҳри занбӯри асал ба дарди деринае, ки дар мағзи устухонҳоям хона карда буд, дармон бахшидам. Азбаски дар айёми ятимиву мардикориҳо чандин бор зери боду борон ва сармоҳои ҷонгир мондаам, камару мафосилу поҳоям нам бардошта дарднок шуда буданд ва гоҳу бегоҳ сӯзишҳои ҷонкоҳе азиятам медод. Баъд аз «туъма»-и занбӯрҳои асал гардидан билкул аз ин дард фориғ шудам!
Ҳамин тавр, пас аз он ки аз Ҷадир омадам, баъд аз муддати кӯтоҳе маро ба хидмат фиристоданд, се соли сарбозӣ низ чун бод гузашта рафт. Баробари ба деҳа омадан вазифаи муҳимтар кӯндаланг дар пеш меистод – мебоист касбе ёд бигирам. Бо ин мақсад падарам маро ба Самарқанд фиристод. Ман шуғли духтуриро пеша кардам.
Дарсҳои зиндагӣ
Шиносоии ман бо Алиоқо дар чойхонаи Сиёб сурат гирифта буд. Ҳар гоҳ бо дӯсти ҳамкурсам Мавлон барои шом хӯрдан вориди чойхона мешудем, сараввал ин марди ботакаббур, ки ҳайкали бузург, чашмони дурушти обиранг ва қавоқҳои овезон дошт, ба назар мерасид. Ҷойи ӯ фақат як ҷо – рӯйи кати пешгаҳи чойхона буд, ки оринҷи худро ба лӯлаболишт такя дода менишаст. Муштариён ғизоҳои мухталиф тановул мекарданд, аммо дар пеши Алиоқо ҳамеша як лаълича салату як шиша арақ меистод. Зоҳиран чунин менамуд, ки ӯ ба касе эътиное надорад ва побанди хаёлоти худ аст, аммо дар асл ин тавр набуд. Алиоқо ҳар фарди воридшударо кунҷковона аз зери чашм мегузаронд. Ба касоне, ки ӯро дидан замон дасташонро рӯйи сина гузошта, бо тамаллуқ салом мегуфтанд, сарашро ба унвони «алейк» ҷунбонда мемонд.
Боре Мавлон дар назди санбӯсафурӯшӣ навбат истоду ман як чойник чой гирифта дохили чойхона шудам. Пушти мизе нишаста ҳанӯз як пиёла чой нахӯрда будам, ки аз ҷониби санбӯсафурӯшӣ садои ғалоғула баланд шуд. Нигоҳ кунам, чор нафар ҷавони ношинос ба Мавлон дарафтидаанд. Хунам ба ҷӯш омад, бе таваққуф аз ҷо баланд шуда ба ёрии дӯстам шитофтам. Аввалин коре, ки кардам, ду ҷавони аз гиребони Мавлон гирифтаро ба ду ҷониб тела дода, дӯстамро берун кашидам. Ӯ аз нигоҳҳои ҳайратомези ман, ки гуфтанӣ будам «чӣ хабар, чаро ба ту часпиданд?», дарҳол рамуз фаҳмида бо овози баланд арз кард:
– Лаънатиҳо навбатамро гирифтанӣ шуданд! Фикр карданд ман гӯлу гаранг ҳастам!
Ғайримунтазир, дар ҳамин асно муште сахт ба буни гардани дӯстам нишаст. Бо дидани ин ҳол инони ихтиёри ман низ аз даст рафт. Ҳамоно худамро дар ҳолати омодагӣ ба задухӯрд гирифтам ва бо ҳар усуле, ки медонистам, шуруъ кардам ба кӯфтани авбошҳо. Чӣ ҷойи пӯшидан, ин гуна дарсҳои ҷанги тан ба танро дар сарбозӣ омӯхта будам. Он лаҳза ёдгирифтаҳоям кор доду он чор нафарро ба танг овардам. Ҳамаашон ҷавонҳои қадбаланду тануманд буданд, аммо, бе муболиға, ҳеч кадоме дар баробари зарбаҳои ман тоқат наовард. Дар андак фурсат ҳар чорторо ба замин хобондам. Вақте ки бовар ҳосил кардам, дигар маҷоли муқобилат надоранд, дубора бо дӯстам вориди чойхона шудем. Одамҳои атроф аз талошҳои мо ба завқ омада буданд ва бо нигоҳҳои худ гӯё ба ман «аҳсант» мехонданд. Ҳамин ки дохили чойхона шудем, садои баланди кафкӯбии касе шунида шуд. Ин Алиоқо буд, ки аз ҷо хеста ба пешвози мо меомад. Дасти маро фушурд ва бо дасти дигар ба китфам тап-тапзанон гуфт:
– Офарин, бародар, то ба ҳол инчунин манзараро тамошо накардаам! Ана, ин гапи дигар, ҳоло мешавад гуфт, бо кӣ месазад ҳавои дӯстӣ гирифт...
Ҳамон ҷо бо Алиоқо аз наздик ошно шудем. Ӯ марди паҳлавоне буд аз тоифаи эрониҳои Самарқанд. Дар байни мардум бо хислатҳои наҷиби худ маъруфият дошт. Гурӯҳҳои харобкору авбош, ки он солҳо лак-лак буданд, аз ӯ мурданивор метарсиданд. Касе ҳарфашро дуто намекард. Хонаю ҷо ва зиндагии Алиоқо хеле одӣ ва ҳатто фақирона буд. Агарчи дӯстону ҳаводоронаш майл доштанд ҳар лаҳза аз ӯ пуштибонӣ кунанд ва ҳар чӣ мехоҳад барояш муҳайё созанд, ӯ қабул намекард, дӯст надошт зери бори миннати касе монад.
Аз он муштзанӣ ба баъд ман ҳамчун «дасти рост»-и Алиоқо шинохта шудам. Бо мурури замон чунон алоқаманди якдигар гардидем, ки қариб ҳар рӯз, бо даст додани вақти фароғат, ба дидори ҳамдигар мешитофтем. Аз он ки бо марде мисли Алиоқо дӯстӣ доштам, ифтихор мекардам. Мо аксаран пиёда гаштанро меписандидем. Ҳар гоҳ аз дарсҳоям озод мешудам, дарҳол роҳи манзили ӯро пеш мегирифтам ва бо ҳам бештар то боғи истироҳат қадам мезадем. Роҳравон аз насими шомгоҳӣ, аз накҳати диловези чаманзори канори хиёбон ва аз шаббодаи фаввораҳои об роҳат мебурдему суҳбатҳоямон дар ҳар хусус қӯр мегирифт. Азбаски ман дар омӯзишгоҳи тиббӣ дарс мехондам, Алиоқо аксаран аз бахши бемориҳову дармонҳо маро саволборон мекард. Ман аз бозгӯ кардани мавзуи нав ё навгониҳои соҳаи тиб монда намешудам. Алалхусус, аз нақлҳои ман роҷеъ ба гиёҳони шифобахши кӯҳистон хушаш меомад. Ӯ низ он қадар кунҷков буд, ки дам нагирифта пурсишу бозҷӯйӣ мекард.
Ҳар гоҳ бо Алиоқо ба чойхона ё ресторан мерафтам, Мавлони дӯстам низ ба мо ҳамроҳ мешуд. Агар Алиоқо барои худ арақ мефармуд, Мавлон ҳам ба ӯ пайравӣ карда шароб суфориш медод. Дӯстам ба шаробнӯшӣ хеле алоқа дошт ва каме хуморӣ мешуду сар мекард ба манаҳзанӣ, ба таърифу тавсиф. Аз сергапии ӯ Алиоқо ғаш намекард, баръакс хушҳол мешуд. Ҳар ду бо бода мағзи худро гиҷ карда, аксаран перомуни духтарҳои замонавӣ ва занҳои ҳангоматалаб суҳбат меоростанд ва кайфияти худро чоқ мекарданд.
Боре сенафарӣ дар ресторани «Ғунча» ғизо мехӯрдем. Алиоқо ва Мавлон ширакайф буданду гарм машғули суҳбат.
– Фақат пинҳон накун, то имрӯз бо чанд зан ҳол кардаӣ? – нимҳазлу нимҷиддӣ пурсид Мавлон.
– Номард, ман фақат бо духтарон ҳол мекунам, – шумханд зада гуфт Алиоқо, – аммо ҳисобаш аз даст рафта.
– Ту як марди баобрӯ ҳастӣ, агар ба чашми дигарҳо биафтӣ, хиҷолат намекашӣ?
– Аҷаб содаӣ, магар ман аҳмақам пеши мардум ҳол кунам?
– Ҳеч боварам намеояд, ба назарам ту аҳли ин корҳо нестӣ, – афзуд Мавлон.
– Шояд аз назари ту чунин аст, аммо ман ҳам бадкорам. Ин арақ аст, ки маро хароб мекунад, – гуфт Алиоқо ва идома дод: – Вақте ки одам маст шуд, дигар намедонад чӣ кор мекунад. Ҳамин ҳозир ҳам бубин чӣ қадар арақ хӯрдам, як шишаро тамом кардам-а!
– Бо ин ҳайкалат як шиша кам, – хандида гуфт Мавлон.
– Воқеан, ин чизе нест, як вақтҳо шишаҳоро пайи ҳам боло мекашидам. Дӯстонам мегуфтанд: «Алӣ чӣ кор мекунӣ?». Ҷавоб медодам, ки «дасти худам нест, чӣ кор кунам?» Боз мегуфтанд: «Ҳар чиз ба меъёраш хуб аст». Ман бошам, панди онҳоро гӯш намекардам ва наҳ мезадам: «Шумо зиндагиро намефаҳмед. Бо ҳамин гумроҳӣ умр дида, рӯзе мебинед, ки хушку холӣ афтидаед, фартут ҳастеду коре аз дастатон намеояд».
– Акнун чӣ, зуд маст мешавӣ? Қувватат рафта?
– Не, ин тавр фикр накун, ҳанӯз дармонам хушк нашудааст. Агар хоҳӣ, ҳоло ҳам тартиби чандтоаша медиҳам.
– Қоил ба ту! – хушҳолона хандиду гуфт Мавлон. – Аз дарсҳоят ба мо ҳам омӯзон! Ислом-ку аҳли ин корҳо нест, аммо ман иштиёқ дорам, хеле мехоҳам, ки бо духтарон ҳамнишин бошам. Охир, синну соли мо ҳам рафта, бояд зан гирем!
– Ту ҳанӯз бачаӣ, Мавлон, таҷриба надорӣ.
– Хуб, чашми маро кушо! Ё метарсӣ, ки дӯстдухтарони туро аз роҳ мезанам?
– Ин кор аз дасти ту намеояд.
Алиоқо ва Мавлон ба ин зайл машғули суҳбат буданду ман ғарқи хаёлоти худ. Бо ин ки як гӯш ба гапҳои дӯстонам буд, пеши назар чеҳраи падарам ҷилвагар мешуд. Вақте ки аз сарбозӣ омада будам, ӯ ҷойи нишаст намеёфт, ин қадар хурсанду сари ҳол менамуд, гӯё дурри гумкардаашро пайдо карда бошад. Ӯ ба ман зеҳн мемонду шодмониашро пинҳон карда наметавонист, гӯё аз мағзи чашмони фурӯрафтааш нур меборид. Падарамро пас аз се соли сарбозӣ солманду солортар медидам. Маълум буд, ки аз ниҳояти камхобӣ ва китобхониҳои беохир дидаҳояш хастаю камнур шудаанд ва чину ожангҳои пешониаш низ аз пиртар шудани ӯ дарак медод. Ӯ бо меҳр гуфта буд: «Акнун, писарам, вақти зангириат ҳам расид, бояд саратро ҷуфт кунам». Ман бошам, дар ҳоле ки аз хиҷолат сурх шудани худро ҳис мекардам, ҷавоб додам: «Ҳанӯз вақт ҳаст, додо, зан намегурезад. Аввал бояд ба хондан равам». Ӯ каме фикр карда, нигоҳе ҷиддӣ ба ман андохт ва бо изҳори ризоят аз гуфтаи ман, афзуда буд: «Ин гапат ҳам ҷон дорад, худам низ даст дар бағал карда нишастанро дӯст намедорам. Ба куҷо рафтаниӣ?» «Мехоҳам духтур шавам, бо Мавлон ба Самарқанд меравем», – ҷавоб додам ман. Ин тасмимам ба ӯ маъқул омад магар, бо меҳр дасташро рӯйи шонаам гузошта изҳор намуд: «Бале, писарам, он чиро дилам мехост, гуфтӣ! Ба дарди мардум дармон бахшида савоб мегирӣ, дар ин ду-серӯза ҳаёт фақат нағзӣ мемонаду бас. Агар солҳои пеш ҳам духтур мебуд, раҳматӣ модарат, бародару хоҳаронат барвақт аз дунё намегузаштанд. Касалиро пешгирӣ накунӣ, оҳиста-оҳиста одамро хароб мекунад, мехӯрад, аз по меафтонад...» Падарам дард дошт, дар мағзи ҷонаш дарди ҷудоӣ, дарди дасткӯтаҳиро, ки натавонистааст сари вақт ба доди азизони худ бирасад, ҳис мекард. Ӯ ба ман итминон дошт ва аз ояндаам аслан хавотир намекашид, бо дилпурӣ маро ба хондан гусел кард.
Аз ғиреви Алиоқову Мавлон ба худ омадам. Ҳазлу шӯхиҳои онҳо ба ҷарру баҳс расида буд. Алиоқо ба Мавлон шарт мегузошт ва бо назари ҷиддӣ мегуфт:
– Агар, ҳамин пешхидмати ресторана ба гап бигирӣ ва бо ӯ қарори мулоқот кунӣ, чокарат ҳастам, ҳар чӣ хоҳӣ омода месозам.
Мавлон ҳам паст наомада ҷавоб дод:
– Агар ин тавр аст, тамошо кун! Баъдан нашавад, ки аз навкарӣ фирор кунӣ?
Онҳо ба ҳам даст доданд ва ба ман рӯ оварданд, ки шарташонро бибурам, доварӣ кунам. Ман бе ҳеч фикру хаёл дастамро бо як ҳаракат ба васати дастҳояшон задам ва аз ҳам ҷудо кардам. Мавлон бо виқор аз ҷо баланд шуду ба сӯйи духтари пешхидмат, ки дуртар аз мо мизи аз муштариён холишудаеро тоза мекард, қадам зад. Духтар хеле зебо буд: рухсори гирд, синаҳои дамида ва поҳои ғафс дошт. Мӯҳои мишкини худро бофта, як қабза карда ба пушт партофта буд ва аз болои пероҳани ба тан часпидааш пешдомани сафеде дошт. Мавлон назди духтар расида пушти мизи мураттабкардааш нишаст ва ӯро ба сӯйи худ хонд. Духтар фикр кард, ки Мавлон шом мехоҳад, дафтари ғизоро дар пеши ӯ гузошта дар назди курсиаш мех шуд. Мавлон бошад, дафтарро онсӯтар лағҷонд ва ишора кард, ки ӯ низ бишинад. Духтар аз асли қазия бехабар, паҳлуи ӯ нишаста гирифт. Ба чеҳраи Мавлон табассум давид ва ба сӯйи мо як нигоҳ андохту хушҳолона шуруъ кард ба суҳбат. Лаҳзае гузашту абрувони духтар гиреҳ хӯрд, ба дӯстам бо теғ нигоҳкунон суханҳое гуфт ва хост аз ҷо баланд шавад. Аммо Мавлон аз дасташ дошту дубора сари ҷояш нишонд ва дубора ба таърифу манаҳ задан идома дод. Гуфтугузори онҳо барои мо ношунаво буд, аммо аз ҳаракатҳояшон ҳолати ҳар дуро мушоҳида карда хулоса баровардан мушкил набуд. Ба хусус, авзои духтар манзараро равшан бозгӯ мекард. Алиоқо зери лаб пичиррос зад: «Ҳоло бубин чӣ маҳшаре барпо мешавад». Духтар боз каме ба суханҳои Мавлон гӯш андохту дигар ҳавсалааш сар рафт магар, аз ҷо хестанӣ шуд. Ин дафъа дӯстам аз бозуи ӯ дошта ба сӯйи худ кашид. Дигар тоқати пешхидмат тоқ шуд, оташ гирифт, бо ғазаб қулоч кашида як торсакии обдор ба рӯйи Мавлон фуровард ва дасти ӯро бо зарб тела дода аз пайи кори худ рафт. Дӯсти мо сари ҷо нишаста монд, бо як даст чакаки шаппотихӯрдаашро дошта меистод. Аз хиҷолат афту андомаш қирмизранг шуда рафт, гӯё хунаш ба рӯ дамида буд. Ин ҳолат барои Алиоқо дастаки хубе шуду бо тамоми овоз қоҳ-қоҳзанон хандида фиристод. Садои хандааш дар тамоми ресторан танин андохт. Мавлон бошад, бештар дар хиҷил шуд ва мисли пишаки дар об зада пакару овезон гавдаашро аз курсӣ бардошта на ба сӯйи мо, балки мустақиман ба самти дари баромад қадам ниҳод. Ӯ шартро бохта буд. Алиоқо аз хурсандӣ худашро дошта наметавонист, дастонашро рӯйи шиками гундааш гузошта, беист механдид. Агарчи ботинан ба ҳоли дӯстам раҳмам меомад, наметавонистам ба хушҳолии Алиоқо низ ҳамроҳӣ накунам. Содагии Мавлон маро низ ба завқ оварда буд. Алиоқо базӯр хандаашро фурӯ нишонда, ашки чашмонашро поккунон гуфт:
– Шон зангир шудаанд, шон духтар мехостаанд! Боз ҳам худситойӣ кун Мавлон, Худо бигирад камақлии туро! – боз ҳик-ҳиккунон зад зери ханда...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё