Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте ки ман дар Самарқанд машғули таҳсилу омӯзиш будам, апаам Орзу бо шавҳари худ дар Миёнкол иқомат дошт. Азбаски то Миёнкол роҳи дуре набуд, зуд-зуд аз онҳо хабар мегирифтам. Баъзан бори таҳсилоту машғулиятҳо аз ҳолати муқаррарӣ бештар мешуду дертар ба дидорбинӣ мерафтам. Онҳо чунон ба ман хӯ гирифта буданд, дар ин мавридҳо нигарон мешуданд ва ҳамин ки ба хонаашон мерасидам, аввал банди гилагузориро раҳо мекарданд. Ба хусус, акаи Кӯчар норозиёна ва каме қаҳролуд мегуфт: «Моро фаромӯш кардӣ? Ё акнун бачаи калон шудӣ?» Апаам низ бо дилсӯзӣ меафзуд: «Дер накун, додарҷон, ҳавосамон парешон мешавад. Шаҳри бегона, аздусар нимсеру нимгурусна мегардӣ. Моҳе як бор биёӣ ҳам, сарамон ба осмон мерасад, бароят аз будааш майда-чуйда тайёр мекунам».

Воқеан, дар солҳои донишҷӯйӣ апаам ёрирасону ғамхори ман буд. Ҳар гоҳ ба дидани ӯ меомадам, либосҳоямро мешуст, нағзакак меҳмон мекард ва ҳангоми рафтан пул медоду кӯлборамро бо нону биринҷу қанду қурс пур мекард.

Мегӯянд, «тарс бародари марг аст» ва ҳаёт нишон додааст, ки ҳатто мардони ҳузарбу ҷасур ҳам вақти гирифтор шудан ба доми тарсу ваҳм сари калобаи худро гум мекунанд. Боре ман низ дар яке аз сафарҳои худ ба Миёнкол мубталои ин балои ногаҳонӣ шуда будам. Ҳанӯз ҳам, агар он воқеа ба хотирам расад, мӯҳои сарам сих мешаваду вуҷудамро вараҷа фаро мегирад.

Яке аз рӯзҳои таътилоти тобистона буд ва ман ба хотири дидорбинӣ ба сӯйи манзили апаам рахти сафар бастам. Азбаски ҳеч гоҳ ба хонааш дасти холӣ намеомадам, аз истгоҳи автобусҳо сараввал роҳи бозорро пеш гирифтам, мехостам ду-се кило меваи тар харид кунам. Бозори деҳқонӣ бо растаҳои пур аз нозу неъмат ва гавҷуми одамон, ки гӯё ба сару дӯши ҳам мезаданд, маро ба оғӯш гирифт. Ҳамон лаҳзае, ки дар васати растаҳо қадам мезадаму навъҳои гуногуни меваҷоти тозаву ноб, ки бо салиқаи хосе рӯйи растаҳо чида шуда буданд, ёду ҳушамро рабуда буд, занаке пеши роҳамро гирифт ва табассумкунон ишора кард, ки аз дунболаш равам. Он занак, ки бо либоспӯшии аҷиби худ, бо кулӯта ва ҷамолаку шилшилаҳои гесувони худ аз дигарон фарқ мекард, маро ба як гӯшаи бозор бурд ва рӯйи санги паҳне нишаста як дастамро рӯйи кафи худ гирифт ва бо ҳамон табассуми ҷаззоби худ ба сухан пардохт:

– Ҷавони зебо, аз куҳпоя омадӣ-мегӯям?

– Наёфтӣ, хола, агарчи куҳистониам ҳоло аз шаҳр меоям, – бе хавотир ҷавоб додам ман.

– Аз чашму абруҳоят хондам, китфу бозувонат низ туро куҳистонӣ мегӯянд. Номат кист, ҷавони зебо?

– Ислом.

– Аҷабо, гуфтам аз сару суратат нур меборад! Махсумзодаӣ?

– Ҳа, аз куҷо донистӣ?

– Бо як дидан туро хондам, ҷавони зебо, биё бо ман. – Ӯ бе он ки ба хоҳиши ман эътиборе диҳад, аз дастам кашиду дунболи худ аз бозор берун бурд ва аз паскӯчаи тангу торе рафтан гирифт ва суханашро қатъ намекард:

– Ҳафт пушти ту пеши ман аён шуд, инак гӯш куну гап назан, фолатро мекушоям. Ба ман маълум шуд, ки ту дарс мехонӣ, ҳанӯз ҳам зан нагирифтаӣ, ба хизмат рафта омадаӣ. Лекин, ҷавони зебо, пешониат шӯр будаст, зиёд ба сахтиҳои ҳаёт дастбагиребон шудаӣ, боз ҳам мешавӣ. Душманонат кам не, дӯстонат бисёр. Ба ту ҳаваси духтарон меояд, аммо нодида мегирӣ, мағрурӣ, ҷавони зебо!

– Хола, маро куҷо мебарӣ? – ҳарчанд ба фолкушоиҳои ӯ қоил мешудам, ҳавосамро ҷамъ карда пурсидам ман, – охир кор дорам, бояд ба хонаи апаам равам.

– Ту меравӣ, меравӣ ба хонаи апаат. Аҷала кори шайтон аст, аввал ба тақдират назар кун, бубин чӣ зиндагие дар пеш дорӣ, – боз ҳам беист гап мезад ӯ. – Ин муамморо ба ман бигузор, ман ба ту кумак мекунам, ба қалбат нур, ба димоғат сур, ба танат зӯр мебахшам. Ту писари покзодаӣ, падарат маърифат дорад, модарат аз олам гузашта, ҳамшаҳриҳоят одамони хоксору сода будаанд...

Он занаки лӯлимонанд аз дасти ман кашолакунон беист гап мезаду тааҷҷуби ман бештар мешуд, лолу гаранг монда будам. Ниҳоят, назди дарвозае расида табақаи хурди онро боз кард ва бо ҳам дохили ҳавлӣ шудем.

Он ҷо ба хонае, ки боми пасту дару тирезаҳои хурд дошт, даромадем. Пас аз он, ки дарун ба дарун аз ду дар гузаштем, маро дар хоначае гузошта бо садои гиро ва каме дағалона гуфт:

– Ту ин ҷо бош, ман зуд бармегардам, – ва бе он ки ҳарфи маро гӯш кунад, ба қафо гашту дарро аз берун баст ва садои ба ҳам андохтани занҷиру зулфин баланд шуд.

Нафасам дар кунҷи ҳалқам монд, саропо ғарқи шигифту ҳайрат шудам. Лолу гаранг васати утоқ, ки аз даричаи хурде базӯр равшан мешуд, рост мондам. «Ба ман чӣ шуд, – меандешидам ба худ, – чаро ба ёваҳои ин занак гӯш кардам? Маро куҷо овард?» Бо ҳамон ҳолате, ки ҳайратзада сари по меистодам, ба хона чашм давондам. Дар он ҷо ҷуз як мизи чоргӯша ва кати оҳание чизи дигар ба назар намерасид. Дар рӯйи кат кӯрпаеро андохта буданд, ки як лабаш аз пеш ба поин овезон буд. Хона, ки нимторик буд, дар зери кат, поинтар аз лабаи овезони кӯрпа сапедие равшан ба чашм мехӯрд. Бо ҳисси кунҷковӣ оҳиста по мондаму лаби кӯрпаро бардоштам. Бардоштаму ҳуш аз сарам парид: зери кат пур аз устухон буд! Ҳамон лаҳза бо дидани тӯдаи устухон як нақли Алиоқо, ки дар хусуси ҷуҳутони Самарқанд ҳикоят карда буд, ба хотирам зад. Бештар ба ҳаяҷон омадам, саропо вуҷудам ғарқи ваҳшат шуд.

Ба гуфтаи Алиоқо, боре худи ӯ ҷасади хушку қоқиштаки писари ҳамсояашро аз хонаи ҷуҳутон берун овардааст. Вақте ки мефаҳманд, писарак дар маҳаллаи ҷуҳутон гум шудааст, ҳамсоязан бо доду шеван назди Алиоқо меояд ва аз ӯ илтиҷо мекунад, ки писарашро ёфта гирад. Ӯ ба занак дил дода, бо ду нафар ҳамтабақи худ ба суроғи бача мебарояд. Ҳақиқатан ҳам, писари ҳамсояро дар хонаи яке аз ҷуҳутон пайдо мекунанд, аммо беҷону бо сурати ваҳмангез. Поҳои ӯро ба сақфи хона баста, ба поин овезон карда будаанд. Азбаски дар тамоми баданаш чандин сӯзани ҷуволдӯзӣ фурӯ кардаанд, як қатра хун ҳам дар тану ҷонаш намонда будааст...

Бо ин ки тарсу ваҳм ба руҳу майнаам фишор меовард, саъй кардам худамро ба даст гирам. Бо як ҳаракати тез ба ақиб гаштаму дари хоначаро сахт кӯфтам. Дар муҳкам буд. Барои худ хулоса кардам, ки он лӯлизан ҷуҳут аст ва мехоҳад маро туъмаи худу шарикони худ созад. Ман бошам, ҳанӯз вақт дорам, қабл аз ин бедодӣ бояд роҳи гурезро пеш гирам, аммо чӣ тавр? Нигоҳ кардам, ҷуссаам ба даричаи хона меғунҷад. Ба он наздик шудаму муште ба шишааш задам. Шишаи нозук реза-реза шуда ба поин рехт. Чолокона ба боло хез задам ва бо сар худро ба берун гирифтам. Дигар ба сӯйи дарвоза ҳам нарафта, аз девори ҳавлӣ хез зада худро дар тангкӯчаи пурпечухаме афкандам. Бо ҳамон ваҳшати ниҳоние, ки вуҷудамро фаро гирифта буд, ба қафоям нигоҳ накарда бо шитоб фирор кардам. Беист медавидаму хастагиро ҳис намекардам ва пас аз муддате, дар ҳоле ки ранги рӯям паридаву дар тану ҷонам дармон намонда буд ва наистода аз даҳону бинӣ нафас мегирифтам, худро ба хонаи апаам расондам...

Ҳамин тавр, рӯзҳову моҳҳо гузашту солҳои донишҷӯйӣ низ ба поён расид. Ману Мавлон бо дипломи омӯзишгоҳ ба деҳа баргаштем. Ман дар деҳаи худамон ва Мавлон дар қишлоқи ҳамсоя ба шуғли духтурӣ камар бастем. Маро падарам хонадор кард. Фарзанддор ҳам шудам. Ин дам ба он рӯзҳо назар меафканаму мебинам, ки ҳарчанд одам барои хубиву зебоӣ талош кунад, лекин зиндагӣ тахту ҳамвор ва осуда намегузаштааст. Одам, бехабар аз пешомади фардо, ба гирдбодҳои ғайриинтизорӣ дучор меомадааст, тавре ки ин ҳолатҳо бо ман чандин бор рух дод.

Неши туҳмат

Баъд аз як ҳафтаи содир шудани ҳукми додгоҳ маро низ ба гурӯҳи нуҳнафараи маҳбусон ҳамроҳ карданд. Марди ҳарбии силоҳдоре, ки бо лоғарӣ ва андоми борику гӯшҳои калони худ дар либосу кулоҳи афсарӣ хеле зишт ба назар мерасид, ба мо фармон медод. Мо низ итоаткорона дунболи амрҳои ӯ мерафтем ва ҳар чӣ мефармуд ба ҷо меовардем. Бо амри ин марди низомӣ охирин бор дар ҳавлии идораи милитсия саф кашидем. Ӯ исмҳои моро бо тартиби алифбо ва бо овози баланд хонда баромад. Баъд аз он ки сад дарсад ба сари ҷо будани мутеони худ бовар ҳосил намуд, фармон дод, ки савори мошин шавем. Дар мошини оҳании болопӯшида дастҳои моро як-як бо занҷире ба ҳамдигар бастанд ва охири занҷирро ба милаҳои канори борт қуфл заданд. Ҳамин ки дари бортро бастанд, ҷойи нишасти мо зим-зиё торик шуд, гӯё дар чоҳи бетаҳе афтида будем. Тақар-тақаркунон мошин ба роҳ уфтод.

Он рӯз моро аз Нурато ба ҳабсхонаи Каттақӯрғон мебурданд. Шояд чор-панҷ соат аз байн гузашта буд, баъд аз бардорузанҳои беохир, аз мошин пиёда шудем. Ҳоли ман беҷо буд. Аз ғояти хастагӣ базӯр сари по рост меистодам, гӯё сарам чарх мезад, дилам беҳузур мешуд. Бар замми ин, ҳавои Каттақӯрғон тираву гирифта буд, осмон ба назар намерасид, атрофро меғи парокандае фаро мегирифт, замин мунтазири бороне буд, ки намеомад. Ҳаво на гарм буду на сард, аммо намнок менамуд. Ёд дорам, чунин ҳаворо падарам намеписандид. Ӯ мегуфт, ки аз ҳавои тираву намгирифта дилам тез-тез мезанад, сарам гиҷ меравад, гӯё нафасгир мешавам. Он рӯз ҳолати падарамро равшан дар худ эҳсос мекардам. Бо вуҷуди ин нороҳатӣ, маҷбур будам ба фармонҳои афсари масъул итоат кунам. Кашол-кашол дунболи ҳамраҳони маҳкумшудаи худ қадам задам.

Мо аз дарвозаи калони нигаҳбонӣ гузашта, мустақиман ба қароргоҳи раиси маҳбас рафтем. Ман он чиро дар хусуси «қабахонаҳо» тасаввур мекардам, возеҳан дар ҳабсхонаи Каттақӯрғон низ медидам. Деворҳои баланди атрофи он бо симхорҳои печдарпеч, биноҳои хиштини яксохт, тирезаҳои баланди панҷарадор, дарҳои оҳанӣ ва ҳатто тамоми хидматгузорони зиндон – аз нигаҳбони дами дарвоза сар карда то раиси маҳбас ба назар бенуру зишт ва то ҷое тарсовар ҷилвагар мешуданд. Вақте ки гурӯҳи мо дар хонаи пазироии раис ҳозир шуд, ӯ аз зери абрувони паҳну пурмӯйи худ чашмҳояшро калон кушода, дар ҳоле ки пӯшаҳои ҷиноиро дар даст қабза мекард, лабони ғафсу кашоли худро ёзонида ба афсари масъул, ки расидани моро эълон карда буд, рӯ овард:

– Ҳама ҳозиранд?

– Оре, рафиқ майор!

– Роҳ мушкил набуд?

– Не, рафиқ майор! Аз Нурато то ин ҷо ҳеч гуна воқеаи ғайриодӣ рух надодааст!

Раис бо каме таваққуф афзуд:

– Ба шарофати шумо?

– Фикр мекунам, дастуроти ҷаноби олӣ дуруст буд, – бо тамаллуқ даҳони худро инҷ карда ҷавоб дод афсар ва афзуд: – Албатта, худи маҳбусон ҳам боодоб буданд!

Қавоқҳои раис бештар овезон шуд ва норозиёна бо садои хиратар гуфт: – Агар боодоб мебуданд, ба ин ҷо намеомаданд, рафиқ лейтенант! Афсари масъул сурх шуд, сарашро поин андохта хомӯш монд. Раиси маҳбас парвандаҳои ҷиноиро рӯйи миз гузошта якеро боз кард ва бо диққат ба хондан шуруъ намуд. Зоҳиран, пай бурд, ки ошноӣ бо матлаби санадҳои ҷиноӣ вақти зиёдро мебарад, дубора ба афсар рӯ овард:

– Феълан ҳамаро дар хонаи интизорӣ нигаҳ доред. Баъд аз як соат маҳалли адои ҷазоро эълон мекунам.

– Хуб шудааст, рафиқ майор, бо иҷозати шумо!

Ҳама пушти ҳам аз дунболи лейтенант берун омадем ва мунтазири қабули «ҷазо» дар хонаи интизорӣ нишаста мондем.

\\\*

Ҳамин ки ба хонаи умумии маҳбусон дохил шудем, ғайриинтизор, манзараи аҷибе диққати маро ҷалб намуд – дар канори зиндониён шогирди падарам Асилака низ қадам мезад! Ӯ бо чашмони дар мағок нишаста, ришҳои ғулуи расида ва чеҳраи заҳираш мондаву руҳафтода ба назар мерасид. Яктаҳи нимдошти беқасаб ва шалвори обшустаи сапед ба тан дошт, ба нӯки поҳои устухонӣ ва чиркини худ дампойии даридаеро пӯшида буд. Ҳарчанд аз зиндонӣ шудани Асилака хабар доштам, ҳеч ба гӯшаи хаёлам наомада буд, ки ӯро низ ба ҳабсхонаи Каттақӯрғон оварда бошанд.

Асилака ба маҳзи ин ки маро дид, бетоқатона ба сӯям шитофт ва беҳавсала маро танг ба оғӯш кашид. Дар ҳоле ки ашк мерехту аз ғояти пазмонӣ ва аламзадагӣ гулуяш гирифта буд, наметавонист сухан гӯяд. Мушоҳида мешуд, ки дурӣ аз ёру диёр ва гирифторию азиятҳои маҳбас ба ҷонаш расидааст. Гӯё ки дурри ноёбе ба тӯраш омада бошад, маро аз оғӯши худ раҳо намекард, гаштаю баргашта ба чашмону суратам зеҳн мемонд ва дубора дар бағал мегирифт, бо дастони дурушту сахти худ аз шонаҳоям пахш мекард. Ба назар мерасид, ки аз тану тӯши ман эҳсоси бӯйи ватан, бӯйи зодгоҳ мекунад. Наметавонист ҳаяҷону хурсандии худро фурӯ барад.

Дар воқеъ, Асилака маро нағз мешинохт. Азбаски дар назди падарам дарс хонда буд ва ҳаққи устодии ӯро эътироф мекард, бештар ба ман дилбастагӣ дошт. Ҳамон шаби нахустин, ки ман бори аввал ба зиндон по мениҳодам, суҳбати мо то дервақт давом кард. Ӯ сари ҳол менамуд, вале наметавонист ҳайрату тааҷҷуби ботиниашро аз бобати ин, ки чаро ман ба ҳабс афтидаам, пинҳон кунад.

– Ба ман, лаънатиҳо, туҳмат заданд. Кореро, ки дар хоби шабам надида будам, ба гарданам бор карданд. Пиларо дигарҳо дуздиданд, роҳаташро дигарон диданд, аммо ҷабрашро мо мекашем. Агар пуштибону мададкорат набошад, ҳолат ҳамин будааст, – мегуфт Асилака. – Маро-ку бо айби пилаҷаллобӣ маҳкум карданд, аммо бо ту чӣ иттифоқ пеш омад, чаро ту ин ҷо омадӣ? Ба ту чӣ гуноҳеро бор карданд? Магар мешавад писари касе, мисли Бобои Мулло, ба ҷиноят даст занад?

– Чӣ илоҷ?! Ҳар чӣ дар пешониамон навишта, онро мебинем. Ба ман ҳам ноҳақ туҳмат заданд. Неши бадгӯйиҳое буд, ки то дилу ҷигарам фурӯ нишаст, асабҳоям хароб шуд, сабру таҳаммулро аз даст додам. Дар натиҷа, даргирие пеш омад, бемаҳал, беҷо, ки қариб буд одам бикушам.

Асилака аз ҳоли ман мутаассиф шуд. Азбаски наметавонист маъюсӣ ва андуҳи худро пинҳон кунад, насиҳатомез гуфт:

– Он чӣ ба сарат омадааст, ҳис мекунам, додар, мо ҳар ду бандаҳои бегуноҳи гунаҳкор ҳастем. Агар замона бо мо насохта, мебояд мо бо он бисозем. Ту зиёд дилшикаста нашав. Бо умед, бо дили пур ба ояндаат нигоҳ кун, рӯзҳои равшани зиндагӣ дар пеш аст. Агар дилатро ба ман холӣ кунӣ, сабук мешавӣ. Нақл кун, додар, чиҳо ба сарат омад?

Дигар ҷойи истиҳола намонда буд. Рӯйи нимкати симин поҳоямро ҷамъ карда чорзону нишастам ва оғоз кардам ба ҳикояти бархӯрдҳое, ки аввалин бор дар ҳаёти худ мазаи талхи онҳоро чашида будам...

\\\*

Бо фаро расидани мавсими дарав хурду калони деҳа ба заминҳои совхоз рехта буданд. Аз бисёрии кор одамҳо фурсати ҳавохӯрӣ надоштанд. Даст ба даст намерасид, алафдаравӣ ва банду баст кардани ҳосил беш аз пеш авҷ мегирифт. Ман низ ҳамроҳи оилаам, ки ҳанӯз аввалҳои тирмаҳ дар майдони худ хайма зада будем, бо камарҳои баста вориди ин гирудор шуда, аз як сар юнучқаву алафҳои бегонаи се майдони дар ихтиёрамон бударо даравида гирифтем. Ҳарчанд бо машғулӣ ба касби духтурӣ наметавонистам барои бачаҳоям вақти зиёд ҷудо кунам, мекӯшидам онҳоро танҳо нагузорам.

Он рӯзи наҳсе, ки боиси ҳангомаҳои талх гардид, дар ҳамин мавсими дарав иттифоқ уфтод. Ба маҳзи ин ки писари Қазоқ аз аҳволи сахти Амина хабар овард, ҳама корро як сӯ гузошта ба суроғи бемор шитофтам. Дар чунин мавридҳо ҷуз шитоб кардану худро ба аёдати бемор расондан фикри дигаре надоштам. Аммо, чун расидам, кор аз кор гузашта буд. Амина рӯ ба осмон дар васати хона беҳаракат мехобид. Ранги рӯяш парида, чун дока сап-сафед ба назар мерасид. Ҳанӯз ҳам шиёри хуни шоридаеро аз димоғаш тоза накарда буданд. Шавҳараш Азимқул пушташро ба дар карда, дар пойгаҳи хона чорзону зада менишаст. Бо сари хам сахт нороҳат менамуд, аммо гиря намекард. Ӯ ё аз марги бемаҳали ҳамсараш, ё ки аз нафрати ниҳоние карахт буд. Ба навҳаю доду фарёди атрофиён коре надошт. Чашмам ба муштҳои гиреҳхӯрдааш афтид: рагу пайи барҷастаи дастонаш аз ғазаби нуҳуфта дар ниҳоди ӯ дарак медод, шери дар камин истодаеро мемонд, ки омода буд ҳар дақиқа ба сайди худ ҳамла кунад.

Ман баробари расидан ба назди бемор гузаштам. Ҳарчанд донистам, ки ӯ мурдааст, ба одати маъмул ду ангушт ба зери биниаш гузоштам, бо сари ангушт набзи шоҳраги гулуяшро санҷидам. Ноумед ба қафо баргаштам ва ба назди Азимқул лағжида, бо изҳори ҳамдардӣ даст ба рӯйи китфонаш гузоштам. «Худо сабр диҳад, додар, аз тақдир ҷойи гурез нест, қисматаш ҳамин будааст», – гуфтам ва аз ҷо баланд шудам. Он лаҳза ба по рост истоданамро медонам, ки ногоҳ мушти сахте ба пушти сарам, гӯё ки бо як путки сангин зада бошанд, фуромад. Базӯр худро нигаҳ доштам, вале медидам, ки Азимқул чун ҳайвони дарғазаб бо чашмҳои хунгирифта дубора ба сӯям ҳамла мекунад. Ҳамон дам ӯро нигаҳ доштанд ва маро ҳам ду-се кас аз дар ба берун кашида бароварданд. Аз пушти сар садои ҷиғғокии Азимқул баланд мешуд: «Ту, лаънатӣ, занамро куштӣ, хонаамро сӯзондӣ! – дод мезад ӯ. – Агар сари вақт меомадӣ, ба ин ҳол намеафтид. Нахостӣ, наомадӣ, ҳоло тура зората нишон медиҳам, аз духтуриат пушаймон мекунам!»

Ҳуш аз сарам парид. Бо ҳайрату шигифт муҳкам дасти тағобачаам Давронро, ки маро кашида ба берун мебурд, гирифтам. Лолу карахт ба ӯ дида дӯхтам, мунтазир будам зудтар шарҳи ҳол гӯяд. Даврон ба ман дил дода гуфт: «Ту ба гапҳояш гӯш накун, ҳозир аз алам ба кӣ дарафтиданашро намедонад. Мегӯянд, ба ту хабар карда будаанду ту дер мондаӣ. Ҳеч гап не, ҳамааш мегузарад, вақту соаташ меояду мефаҳманд, ки дар ин ҳеч гуна айби ту нест...»

Оре, Амина аз олам даргузашт, аммо марги ӯ фақат аз бетаваҷҷуҳии худашон буд. Агар тақсири ман пешаи духтуриам бошад, чандин бор ҳам худаш ва ҳам хонагиҳояшро огоҳ карда будам, фишори хун доштанаш ба ҳама аёну равшан буд. Ӯ намебоист асабонӣ шавад, намебоист чизеро бихӯрад, ки фишори хунаш равад боло. Аммо он рӯз дубора даргир шудани Амина бо дағечи девордармиёнаш – Ҳосила ҳама корро ҳал кардааст. Ин ду зани шалақӣ мунтазам бо якдигар мушу гурба буданд, аз девор сояи ҳамдигарро метарошиданд. Ба мағзу ҳуши онҳо на гапи шавҳар медаромаду на насиҳати амаку тағо. Аз дасташон хонаводаи амаки Самак ва тамоми авлод безор буд. Марги бемаҳали Амина бошад, омада-омада ба ман дарди сар шуд, аз ҳар сӯ ангушти тавҳинро ба сӯйи ман нигаронданд. То обу обчӯҷаҳои амаки Самак ба ман зид шуданд. Ба гумони онҳо, ман дидаю дониста нашитофтаам, ман кори боғамро аз ӯ бартар дидаам, марги ӯро хостаам, ба онҳо хусумат доштаам ва боз чаранду парандҳои дигар...

Яке аз шабҳои тирафоми тирамоҳ буду ману Озод – шавҳари хоҳарам аз тӯй бармегаштем, аз тӯйи Норбой, ки бачаҳояшро суннатӣ карда буд. Раҳораҳ ҳис кардам Озод каме парешонхотир аст. Ӯ бо изҳори нигаронӣ гуфт:

– Ислом, биё аз кӯчаи майда меравем. Авзои авлоди Самак беҷо менамуд, як кор мекардагӣ барин.

– Чиро дар назар дорӣ? – бо тааҷҷуб пурсидам ман, ки аз таҳи гап бехабар будам.

– Дар тӯй пичир-пичир гап заданҳояшон бисёр буд, метарсам, ки ба ту дармеафтанд.

– Ба хотири ғайбату туҳматҳои занонашон?

– Ҳа.

– Ҳар чӣ бодобод! – шердилона афзудам ман. – То ин овозаҳо яктарафа нашавад, худам ҳам ором намегирам. Аз замоне, ки як гӯшвор шунидам маро низ ба ҷанҷолҳои худ ҳамроҳ кардаанд, роҳатам гум шуд. Ҳарчанд кори хилофе накардаам, пеши ёру дӯстон ким-чи хел худамро ноҳинҷор ҳис мекунам.

– Ба ҳар ҳол, эҳтиёт нашавем, намешудагӣ барин, – бо хавотири бештар изҳор намуд Озод.

Бар замми торикии рӯз ҳаво меғолуд буд. Ману Озод ҳанӯз роҳи бисёреро тай накарда будем, ки аз ақибамон «тап-тап» садои босуръат қадаммонии касе шунида шуд. Ҳар ду дар ҷо истода, ба сӯйи суроби одамӣ, ки ба мо наздик мешуд, зеҳн мондем. Зоҳиран, Озод дуруст тахмин карда буд. Аз байни торикии меғу шаб сару сурати Ёсин – бародари Азимқул ба чашм хӯрд. Вақте ки рӯ ба рӯйи мо мех шуд, равшан ба назар мерасид, ки хеле дар изтироб аст ва гирифтори хашму ғазаб. Ӯ ба маҳзи расидан, бе ҳушдорӣ ба ман даровехт, бо ду даст аз гиребонам гирифт. Ба ман ҳатто фурсати гап задан надода, бо зарда ва итоб як андоз дод зад:

– Қадамата дониста мон, ятимча! Агар донам, ки касе ба авлоди мо душманӣ мекунад, чашмҳоша канда мегирам!

Агарчи амакбачаам асабӣ буду дар ниҳояти ғазаб ин суханҳоро мегуфт, ман аз ӯ, ки марде буд таҳсилкардаву ботамкин, аслан ин гуна бархӯрдро интизор набудам, сахт ранҷидам. Ба хусус, «ятимча» гуфта тавҳин кардани ӯ нештари заҳролудеро мемонд, ки соф бар қалбам нишаст. Бароям аламовар он буд, ки ин ҳақоратро дубора аз одами худӣ мешунидам. Оре, дар байни амакбачаҳо фақат ман будам, ки дар хурдсолӣ аз модар ятим мондаву машаққату азобиҳои танҳоиро фаровон чашидаам. Вале он айём, ки ба ман чун ба «ятим» менигаристанд, хеле-хеле дур монда буд. Чандин сол ин таҳқирро аз касе нашунида будам, охир, ман дигар хурдсол ҳам набудам! Худоро шукр, фақат бо қуввати худам тавонистам ҳама зинаҳои зиндагиро тай кунам, тавонистаам ба касе муҳтоҷ нашуда мушкилоти пешомадаро яктарафа созам. Мардикориҳо, се соли сарбозӣ, чор соли касбомӯзӣ, ташкили оила ва ба хусус, анҷоми кори пурзаҳмати духтуриву дӯстдори дигарон шудан танҳо маҳсули саъю талошҳои ҳамешагии худам буду бас. Бо ин ҳол, вақте ки ба касе қарздор нестиву аз касе забонкӯтаҳӣ надорӣ, шунидани миннату ҳақорат хеле аламовар будааст! Ҳеч намефаҳмам, оё барои Ёсин – ҳамчун як нафар одами бафаҳми авлодамон лозим буд дубора захми куҳнаро рӯ кунад, тавҳини беҷо занад? Ҳамин як калима, ки аз даҳонаш баромад, гӯё як кӯҳ, як искирт30 ҳарфу фаҳше буд бар дӯши ман.

Банда натавонистам ҳолати пешомадаро таҳаммул кунам. Чун асабонияти шадид ба вуҷудам чира мешуд, бо тамоми неру дастони Ёсинро аз гиребонам ҷудо ва ӯро бо зарб аз худ дур кардам. Ҳамзамон фурсати наздик шудан надода, мушти обдоре ба зери манаҳаш фуровардам. Маълум буд, ки Ёсин аслан ин гуна бархӯрдро интизорӣ надошт, ӯ як дам гаранг шуда монд. Ба ҷойи ин ки ҳавосашро ҷамъ кунад, бо бехудӣ хам шуду аз соқи мӯзааш кордчаеро берун овард, ки рӯяи он дар шаби тор ҷило медод. Ӯ дастҳояшро алвонҷ дода, дубора ба сӯям ҳамла кард. Ман аллакай вориди талош шуда будам, идомаи даргириро ба хубӣ контрол мекардам. Ба маҳзи ин ки дидам, дасти ӯ бо корди барроқ рост ба сари дилам меояд, бо чобукӣ ҷуссаамро канор гирифтам ва ҳамоно дудаста аз банди дасту оринҷаш дошта ба пушт қат кардам. Бо ин ҳаракат тани Ёсин ором чархиду пуштнокӣ пеши ман қарор гирифт. Сипас хеле осон кордчаро аз мушташ берун кашидам. Возеҳан дар ёд дорам, он лаҳза ман раҳму шафқатро билкул фаромӯш карда будам. Бароям чунин менамуд, ки авлоди амаки Самак маро куштанианд. Ҳушдордиҳиҳои Озод ҳам дар сафҳаи хаёлам такрор мешуд. «Агар қасди онҳо яктарафа кардани ман бошад, – меандешидам барои худ, – ман бояд пештар илоҷи воқеаро дарёбам». Бо ин хаёл, бехудона кордчаро, ки дар дасти ман монда буд, кашидаю кушода ба тахтапушти Ёсин задам. Дубора корд кашидам, бори сеюм, бори чорум ҳаракатҳоям такрор шуд. Агар Озод ҷуссаи лӯндаи худро васати мо намеандохт, бешубҳа кордзаниро қатъ намекардам, Ёсинро куштанам ҳам аҷаб набуд. Ба бахти ман, Озод ҳар қуввате дошт, ба харҷ доду дудаста ба корди ман часпид. Ҳамон лаҳзае, ки кордчаро кашида гирифт, ҳам ангушти худу ҳам нармии мушти маро бурида фиристод. Ҷароҳати ҳар ду амиқ буд магар, хун тиррас зада баромадан гирифт. Ёсин бошад, ҷуссаашро нигаҳ дошта натавониста чорпо шуда буд ва бо беҳолӣ дуртар хазида рафт. Садои доду ҷеғҳои мо ба гӯши одамоне, ки аз тӯй бармегаштанд, расида буд. Дар як он чанд нафар гирду пешамон ҷамъ шуданд. Аз қазия воқиф шуда, якеро дубора ба тӯйхона, барои овардани мошини Савор фиристоданд.

Ҳаёҳуи беохир ба гӯш мерасид, аранг-аранг медидам, ки ҳалқаи одамон дар атрофи Озоду Ёсин ғализтар мешавад. Мошини боркаши Савор ҳам расида омад. Он дуро ба мошин бор карданд. Ман, ки аз ҳалқаи ҷамъомадаҳо берун монда будам, бо мушкилӣ қадамзанон ба роҳ даромадам. Гӯё ки ба поҳоям вазнаҳое баста буданд, наметавонистам пеш равам. Ҳис мекардам, қалбам фишурда мешавад, роҳи нафасамро чизе мегирад. Бо вуҷуди ин, муқовиматкунон по мебардоштам, дар ҳоле ки ба чашмам ҷуз торикӣ чизе наменамуд. Чунон дар худам фурӯ рафта будам, мисли ин ки дар биёбони бекасу хушке мондаам. Он лаҳза аз зери болҳоям гирифтани дасти бақуввате маро ба ҳуш овард...

Падарарӯсам, ки ҳамроҳи ҳамсару духтари хурдиаш аз тӯй бармегаштанд, ба мавқеъ ба мадади ман расиданд. Он шаб маро на ба хонаи худам, балки якрост ба манзили падарам оварданд. Шояд падарарӯсам нахоста буд, ки бачаҳоям ҳоли маро дида ба ваҳм биафтанд. Азбаски аз ҷойи буридаи корд хуни бисёр талаф дода будам, тез-тез ҳолам баҳам мехӯрд. Он шаб падарам ноилоҷ монда, ҳамсарамро низ садо зад. Дунафарӣ то субҳ болосари ман буданд.

Пас аз ин воқеа Озоду Ёсин се-чор рӯз дар бемористон хобида баромаданд. Ҳарчанд ҳоли Ёсин вазнинтар буд, ба хотири пешгирии овозаҳо ӯро низ ба хона оварданд. Мо ҳама хешу табор будем ва падараму падарарӯсам нуфузи бештаре дар авлоди мо доштанд. Аз ин рӯ, нагузоштанд, ки ҳангомаи ҷанҷоли мо дунболадор шавад. То ҷое, ки имкон доштанд, ҷонибҳои даъвогарро ба ифоқа оварданд. Вале офтобро магар мешавад бо доман пӯшонд? Новобаста аз ҳар талоше кори мо ба додгоҳ кашида шуд. Ман аз он ба баъд роҳатамро гум кардам. Маҷбур шудам чандин бор аз паси даъватномаи вакили додгоҳ равам ва ба пурсишҳояш ҷавоб диҳам.

Бо вуҷуди он ҳама гуфтугузор, касе даъво надошт. Азбаски бархӯрдҳои мо назди додгоҳ маълум шуда буд, фақат ба хотири риояти талаботи қонун маро ба муддати шаш моҳ буриданд. Агар росташро гӯям, ман аз ин маҳбусӣ нороҳат нестам, ба гуфтаи падарам, бо як чашм пӯшида кушодан ин муддат мегузарад, меравад. Зеро мумкин буд аз ин ҳам бадтар шавад, агар пеши ғазабамро намегирифтам, худдорӣ намекардам, одам куштанам ҳеч гап набуд!

Он рӯз дар охирин маҷлиси додгоҳ медидам, ки амакбачаам Ёсин аз кори кардаи худ пушаймон аст. Ӯ бо маъюсӣ дасти маро дошта мегуфт: «Ман бо ақли худ амал накардам, ба сухани дигарон гӯш андохтам. Бадбинӣ маро кӯр карду дӯстӣ ва садоқати туро нодида гирифтам. Кош он рӯз маро мекуштию бо ин шармандагӣ дар наздат намеистодам. Агар тавонӣ, маро бубахш, хоҳиш мекунам».

\\\*

Он рӯзҳо аз пайи туҳмату тавҳинҳои беҷо ба даҳони мардум афтидани номи ман хеле аламовар буд. Эҳсос мекардам руҳияам хаставу дилам сакта гирифтааст. Ба хусус, бардоштани ин ҳол дар ҷамъияте, ки кордӯстию орият дар он муқаддас дониста мешавад, хеле дилхарошу азияткунанда аст. Шояд дар ҳаққи ман гуфтаанд, ки «ятима аз сари шутур ҳам саг мегазад».

Ҳарчанд ин алам маро азоб медод, аз сӯйи дигар, ламъаи муҳаббате қалбамро равшан месохт. Ин меҳрабонӣ ва дастгирии одамони олиҳиммате буд, ки ба ман ёрӣ расонда нагузоштаанд аз зиндагӣ ноумед шавам. Нахуст, ҷонибдорӣ ва насиҳатҳои падару падарарӯсам ва дар рӯзҳои маҳбусӣ оилаамро саробонӣ ва нигаҳбонӣ кардани онҳо маро руҳбаланд месохт. Дар ҳабсхонаи Каттақӯрғон бошад, апаи меҳрабонам Орзу ба ман ғамхорӣ мекард. Ӯ он вақт бо акаи Кӯчар муқими Миёнкол буданд ва қариб ҳар рӯз ба хабаргирӣ меомад. Ба ҳиммати апаам ҳамеша ғизои гарму либоси тоза доштам ва худро чун дар муҳити хона ҳис мекардам. Ҷолиб он буд, ки апаам ҳар гоҳе маро пайдо намекард, нигаҳбонҳои ҳабсхонаро водор месохт дар хусуси чизҳои додааш дастхати маро гиранд.

Оре, дилгармӣ ва муҳаббат аст, ки одамҳо ба ҳамдигар қарину ҳалим мегарданд. Бо тобиши нурҳои меҳр дилҳои афсурдаю сард гарм ва ҳастии имрӯзаи мо, ки онро зиндагӣ меномем, равшан боқӣ мемонад. Ба қавли файласуфон, ин зиндагӣ танҳо як бор ба мо даст медиҳад ва агар дуруст зиндагӣ кунем, ҳамон як бор кофист.

пешина
аз 44
навбатӣ