Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Лутфи модар
Он рӯз дар деҳаамон саҳар гӯё ки аз дамидан ҳарос дошт. Нолаи пиру ҷавон, шевани занону духтарон ва ҳатто гиряву лобаи кӯдакон ба фалак печида буд. Табиати деҳа дамсарду дилгирифта ба назар мерасид, мисли ин ки дар ҳама ҷо гарди ғам афшондаву базри яъс пошида бошанд. Бори аввал медидам, ки модарам беҳад ғамгину ҳазин аст. Ӯ мубталои дарду ноҳинҷорие буд, ки дармони он чандон осон наменамуд. Ба назар мерасид, аз фавҷи ҷамъият, ки торафт ғализтар мешуд, сараш гиҷ меравад, намедонист худро ба куҷо занад. Ҳолати ӯ раҳмамро овард, барои ҳамдардӣ наздик шудаму аз бозувонаш доштам. Ба маҳзи ин ки маро дид, бо алам баландтар фиғон сар дод. Лобалои фарёду шеван ҳасрат мекард: «Ин чӣ бадбахтие буд, ки ба сарамон омад, писарам? Охир, одами Худо буд, шабу рӯз сарашро аз саҷда намебардошт, чаро ба ин зудӣ Парвардигор ҷонашро гирифт? Эй вой, мани сарсахт чӣ кор мекунам, ҳолам чӣ мешавад?...» Чун сари худро ба сандуқи дилам часпонда сӯгворӣ мекард, наметавонистам ҳарфе барои тасаллӣ гӯям. Аз ғаму ғубори ятимӣ гулуи ман ҳам гирифта буд, фақат дар пайравии модарам ашк мерехтам.
Бо вуҷуди ин, дар он лаҳза тавонистам ғамбоди гулуямро фурӯ барам ва модарамро дилбардорӣ кунам: «Умри рӯзҳои сахт кӯтоҳ аст, оча, ба руҳи падарам қасам, худам дастёру мададкори шумо хоҳам шуд. Худатро ба даст гир, тоқат кун». Ба назар мерасид, аз суханони ман ғаму изтиробаш коҳиш меёфт, вале бо нороҳатӣ ором намегирифт: «Охир, ин бадбахтиро чӣ хел таҳаммул кунам? Агар падарат набошад, ман ин ҷо чикораам? Эй вой!!»
Он рӯз, ба Худо, аввалин бор дар чеҳраи модарам он қадар яъсу ноумедиро медидам, ки барои ором карданаш оҷиз будам. Росташро гӯям, аз даргузашти ногаҳонии падар пару боли худам низ шикаставу қалбам аз ҷудоӣ гӯё тикка-тикка мешуд. Он рӯз падарамро мегуселондему осмону замин ҳам ҳамрайъи мо буд. Ҳамроҳи ҷамъияти ба фиғон омада фалак ошӯб мекард, оби дидаи абрҳо беист ба замин мерехт...
Баъд аз даргузашти қиблагоҳ табиати модарам ба куллӣ ранги дигар гирифт. Аз он чеҳраи хашмолуд осор намонда буд. Ба хусус, муносибати ӯ нисбат ба оилаи ман рӯз то рӯз беҳтар мешуд. Аксаран ҷойи дарду ҷойи ҳасрати модар ману ҳамсарам будем. Ҳар гоҳ аз кор бармегаштам, ҳамроҳи бачаҳоям ӯ низ ба пешвозам мебаромад. Медидам, ки дидаҳояш пур аз меҳру муҳаббат аст, аз рухсораш, аз дастону пешонии ожангиаш, аз мӯҳои сап- сафедаш, ки аз бари рӯмоли сиёҳи гулдор медурахшиданд, ба димоғам атри гулҳои меҳрабонӣ ва садоқат мерасад. Ӯ, дар назарам, на чун модарандар, балки мисли модари ҳақиқӣ намоён мешуд.
Яке аз рӯзҳои аввали баҳор буд. Гармии офтоб он қадар эҳсос намешуд, вале маълум буд, ки омода аст ба ҳама чиз гармию ҳаёт бахшад. Ман зудтар аз кор баргашта, ба ёрии ҳамсарам шитофтам. Ӯ қитъаи заминамонро аз сангчаву алафҳои ҳарза тоза мекард. Қарор буд заминро ба шудгор омода кунем. Ҳамин ки ман ҳам вориди кор шудам, аз тарафи рӯди борики зери боғ модарам ба назар расид. Ӯ табақи бузурге ба сар дошт ва оҳиста-оҳиста бо эҳтиёт қадам зада меомад. Ҳарчанд қоматаш хамидаву тавонаш заиф шуда буд ва аз ниҳояти пирӣ дастону сараш пайваста меларзиданд, ҳеч аз кор даст намекашид. Ин дафъа низ ба хотири ману набераҳояш ҷон канда, чизеро бардошта меомад. Ҳамсарам баробари дидани ӯ сатилҳои корашро канор гузошта ба сӯяш шитофт.
– Имрӯз охирин қуттии себҳои додота кушодам. Агар монам, бачаҳои хоҳарат дар як зум хӯрда тамом мекунанд. Андаке аз он гирифта овардам, гуфтам набераҳом ҳам чашанд, – ба ман наздик шуда, аз ниҳояти хастагӣ ҳаҳҳасзанон гуфт модарам. – Раҳматӣ падарат мегуфт, ниҳоли ин себҳоро хӯҷаини Исломҷон дар пушти куҳ дода буд. Соли дароз меистаду ягон ҷояш хатча намехӯрад. Баъди хӯрдан ҳам дервақт таъмаш аз даҳан намеравад, аҷаб шакарсебҳое!
– Рост мегӯйӣ, оча, ман аз ин себҳо бисёр хӯрдаам, – гуфтам ба тасдиқи каломаш ва аз рафтораш эътироз кардам: – Охир, чаро худата ба азоб мондӣ, рафта ҳам мехӯрдем?!
– Не, писарам, ман ҳеч азоб накашидаам. Агар ба умеди шумоҳо шинам, аз ҳолам хабар намегиред, – гилаомез афзуд модарам. – Аз кор сар намебардоред. Ёду хаёли додот фақат шумоён будед. Мегуфт, ба писараму келинам дилам пур, ризқашона аз зери хок ҳам бошад ёфта мегиранд. Худо хоҳад, ҳама рӯзҳои хушашон ҳанӯз дар пеш аст.
– Очаҷон, мои беғама бубахш, ин дафъа дер шуд. Дилам мехоҳад тез- тез аз ҳолат хабар гирам, лекин чӣ илоҷ, кору зиндагӣ раҳ намедиҳад. Росташа гӯям, аз пайи духтурӣ фақат дар давуғеҷам, ба ҳоли чор деҳаи атроф ва фермаҳои қазоқон мерасам. Кола надорам, гоҳ савора, гоҳ пиёда саъй мекунам сари вақт худама ба дардмандон расонам. Бароям шабу рӯз як шуда мондааст. Ба хусус, дар дили шаб агар дарама кӯбанд, оромиши оилаам барҳам мехӯрад. Лекин дигар чорае ҳам надорем, маҷбурем ҳар гуна ҳолата тоқат кунем, охир корам ҳамин аст! Худо накарда, ҳоли бемор бад шудаву ба мушкилӣ гирифтор шавад, худама намебахшам. Намехоҳам касе ба корам эрод гирад ё ба нобарорӣ бо ангушт ишора кунад. Бори рӯзгори хона бошад, дар давоми умр ба дӯши келинат аст. Бечора аз ниҳояти кордӯстӣ ва муҳаббате, ки ба ману зиндагиаш дорад, боре ҳам аз тазйиқҳои рӯзгор нанолидааст. Вай ҳам баробари ман талош мекунад, ҷон меканад, сари вақт ба гарму хунуки бачаҳо мерасад. Ғайр аз ин, молу ҳол дорад, обу алаф ва ҳезуму чизҳои даркори зиндагира худаш фароҳам месозад. Аз кори бисёр доим кафи дастҳояш пахолию пуробила аст, пошнаҳояш аз тарак хӯрдан дам намегиранд. Талошҳои шабонарӯзӣ ва зиндагии одию хоксоронаи ману келината падарам ҳар рӯз медид. Ёдам ҳаст, боре ҳангоми дидорбинӣ ба мо зеҳн монда, бо андеша ва итминони ба худ хосе гуфта буд: «Як рӯз ба шумоён ҳаст, намедонам кай бошад! Он вақт мефаҳмед, ки беҳуда азоб накашидаед». Бо ин нукта падарам гуфтанӣ буд, ки ба оилаи ман айёми бонишоте даст хоҳад дод. Худо бандаҳои росткори худа навозиш мекунад. Агарчи моён сангиниҳои ҳаёта фаровон дидаем ва ҳозирем ба ҳар гуна талотум тоб оварем, намехоҳам бачаҳоям ин гуна сарнавишт дошта бошанд. Таҳсилкардаю беозор, пуру шодоб дидани онҳо орзуи ман аст.
Модарам аҳёнан сарашро ба аломати тасдиқ такон дода, ба суханҳои ман гӯш медод ва ноаён аз чашмони таршудааш бари рӯмолашро мекашид. Маълум буд, ки рӯзҳои гузашта ба хотираш меомаданд, алами ҳаҷру пушаймонӣ хӯриашро меовард. Ниҳоят, базӯр худашро ба даст гирифт ва ба сухан даромад:
– Додот одами Худо буд, писарам, ҳар чӣ мегуфт, мустаҷоб мешуд. Шумо, албатта, рӯз мебинед, ҳама ба шумоён ҳавас мекунанд.
Модарам хомӯш шуд ва бо чашмони пуроб ба ман нигоҳ кард. Аз нигоҳаш пай бурдан мушкил набуд, ки аз чизе нороҳат аст, дар умқи дидагонаш суроби илтиҷоомезе барқ мезад. Ӯ каме пештар лағжида дасти маро гирифт ва бо ҳамон руҳияи хастаолуд афзуд:
– Силаҳои тақдир кам буд магар, ман ҳам туро азоб додам, писарам. Мӯйи зан дарозу ақлаш кӯтоҳ мегӯянд, ҳамин будааст. Кошки он замон ба насиҳатҳои додот гӯш меандохтаму ба ҳоли шумоён ҳам мерасидам, шояд имрӯз азоби Худора намекашидам. Афсӯс, дер шуд, ин алама бо худам ба гӯр мебарам, – дубора хӯриаш боло гирифт.
– Осуда бош, оча, ин суханҳо чӣ лозим? – модарамро танг ба оғӯш кашидаму бо мулоимат ва дили пур гуфтам ман, – ҳама кору гап аз ёдам рафтааст, муҳим ин ки имрӯз ҳамдигара мефаҳмем!
Оре, чӣ ҷойи пӯшондан, дар ҳақиқат модарам ману апаам ва ҳамин келини ҳамеша сархами худро хеле азият додааст. Аз дасти ӯ тану ҷони апаам доиман абгору захмӣ буд. Фақат ба сабаби дашному сахтгириҳои ӯ ман ба кӯйи оворагӣ афтида, сахтиҳои мардикорӣ ва талхиҳои фироқро чашидаам. Ҳамсарам бошад, ҳеч гоҳ келини «нағз» набуд, аз ҳақорату дуоҳои бад фориғ намешуд. Он воқеае, ки пас аз ба дунё омадани писари калониам дар яке аз рӯзҳои аввали зимистон рух дода буд, ҳеч аз хотир намеравад. Қисса ин, ки ҳамсарам дар назди гаҳвора бо макондани кӯдак андармон будааст. Иттифоқан, ин «бекорӣ» ба модаршӯй хуш намеояд. Ӯ, бе он ки мулоҳиза кунад, фурӯ дар оташи ҷаҳлу ғазаб, ба сӯйи келини танбал ҳамла мекунад. Ҳамсарам аз ваҷоҳати вай ба ларза омада, беихтиёр аз ҷо баланд мешавад ва намерасад, ки синаи аз даҳони кӯдак ҷудошударо дохили курта пинҳон кунад. Модаршӯй бошад, бо хашм ба синаи овезон чангол мезанад ва бо тамоми қувва тоб медиҳад. Аз дарди ногаҳонии ҷонкоҳу сӯзонанда ҳамсарам ба фиғон меояд, пеши чашмонаш сиёҳӣ мезанад, сараш гиҷ меравад ва беҳолона ба замин меуфтаду худро гум мекунад. Дар паҳлуи ӯ садои чирросии кӯдак баланд мешавад...
Аз пайи ҳамон номеҳрабонӣ синаи ҷабрдидаи ҳамсарам маълулу хушк шуд ва бақия нуҳ фарзандашро бо як сина бузург кард. Аммо Худо гувоҳ, бо вуҷуди ин ҳама азиятҳо нисбат ба модарам заррае ҳам дар дил кина надоштам. Бароям ҳар як азобу шиканҷаи додаи ӯ дарси ҳаёт буд, дарси тоқату таҳаммул дар баробари тазйиқҳои сарнавишт.
Вақте ки ману модарам ҳамоғӯши якдигар нишаста, ба ҳам дарду ҳасрат мекардем, писари хурдиам омада дар бағали модараш ҷо шуд. Медидам, ки ҳамсарам бо ангуштони зарифи худ мӯҳои тиллоиранги ӯро аз пешонӣ канор мезанад ва бо навозиши модарона пайи ҳам гунаҳояшро ғарқи бӯсаҳои гарм месозад. Модару писар хеле зебо ба назар мерасиданд, фикр намекунам, дар рӯйи замин аз ин зеботар манзарае ба чашм хӯрад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё