Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АРӮСИ ХОНА

Талошҳои бачагона оғози обутоби ҳар кас дар кӯраи ҳаёт аст.

Маҳтоб саҳарии барвақт аз хоб бедор шуд. Сари ҷо нишасту хамёза кашид. Дар ҳоле ки пилкҳои вазнин чашмонашро нимапӯш нигаҳ медоштанд, сари ҷо таконе хӯрд ва китфу бозувонашро ду-се бор ба чапу рост алвонҷ дод. Рӯмоли сарашро дуруст кард ва аз болои курта нимчаи пахтагини худро пӯшид. Хам шуда кӯрпаи ба як сӯ лағжидаро ба рӯйи духтараш кашид. Шабнам масти хоб буд. Лаҳзае ба чеҳраи нозу беолоиши ӯ дида дӯхта аз ҷо баланд шуд. Ба назди тиреза омад ва ғубори тари рӯйи шишаҳои онро бо остини куртааш пок карда, ба одати маъмул, ба берун чашм давонд. Барфи ду-се рӯз пештар борида ҳанӯз ҳам дар гургу меши саҳарӣ худнамоӣ мекард ва кӯрпаи он аз нури тозаи пагоҳӣ ҷо-ҷо ялтос зада ҷило медод. Ба назар мерасид, ки барф ях задааст, ҳаво ҳам сард хоҳад буд. Сармои баъд аз барф ҷонгирак меояд.

Маҳтоб чароғи пилтагиро, ки бар лабаи тиреза меистод, равшан кард. Сипас ором қадам монда ба сӯйи дар омад, аз мехи болои печкаи оҳанӣ пойтобаҳои худ ва аз гӯшаи дигари хона мӯзаҳои кирзаи шавҳарашро гирифта дар пойгаҳ, рӯйи пӯстаки дами дар нишаст. Пойтобаҳоро бо ҳавсала аз нӯки ангуштон сар карда то соқи по муҳкаму зич печонд ва мӯзаҳоро бо як силка ба по андохт. Ӯ ин мӯзаҳоро чандин бор пӯшидааст. Аз рӯзе, ки шавҳараш ба мардикорӣ рафта буд, бар замми корҳои рӯзгор ҳезумкашӣ низ ба уҳдаи ӯст.

Маҳтоб аз кори бисёр наменолид, баръакс, ҳар қадар бо шуғле бештар андармон мешуд, худро роҳату сабуктар ҳис мекард. Ҳар гуна ҳангома, баҳсу бадгӯйӣ ва ғайбат барояш бегона буд. Барои ӯ фарқе надошт, ки модаршӯ ё Алиму Салим – додарони шавҳараш, ки бо ҳам мезистанд, бо коре андармон ҳастанд ё не. Агар муомилаи хуш доштанду таърифу хушгӯйӣ мекарданд, хушҳол мешуд ва дуруштиву носазогӯйии онҳоро низ бо сари хам, хомӯшу мулзам қабул мекард. Ин одати ӯ ба модаршӯяш хуш омада буд, аз ин рӯ, ҳар гоҳ ӯро дар давру бари худ медид, албатта, коре барояш ҷӯр мекард. Маҳтоб низ ҳар як дастури фармударо бечуну чаро анҷом медод, намехост сурхиҳои модаршӯ рӯ гирад.

Аз сӯйи дигар, ду бародар ба куллӣ аз ҳам фарқ мекарданд ва бо бархӯрдҳои худ аслан бо ҳам намехонданд. Алим бо қадди дарозу чеҳраи устухонӣ ва чашмони танге, ки дар зери абруҳои ғафс ҳарисона бозӣ мекарданд, ваҳмноку ғазабдор ба назар мерасид. Ӯ бо тааддӣ ва дағалона муомила мекард. Маҳтоб боре ҳам аз Алим сухани хуб нашунида буд, гузашта аз ин, аҳёнан аз дасти ӯ рӯзи хуш низ надошт. Бар хилофи Алим, бародари хурдӣ дунёи дигар буд. Салим аз Худо мехост, ки ҳамсари бародар дасташро ба оби ях назанад. Ҳар гоҳ медид, модару бародар нисбат ба Маҳтоб зиёдравӣ ва зӯргӯйӣ мекунанд, дар худ мепечид, асабонӣ мешуд. Ба ҳар тариқе норозигии худро нисбат ба муомилаи зишти онҳо нишон медод ва аз янгаи азизаш пуштибонӣ мекард. Агарчи Салим қадди кӯтоҳу ҷуссаи лӯндае дошт, назар ба бародари худ чусту чолоктар буд. Дар чеҳрааш гармию тароват, дар нигоҳҳояш ҷаззобии меҳрабононае эҳсос мешуд. Бинии пасти кӯтоҳ ва чашмони байзовӣ ба сурати паҳни гандумгун хеле муносиб афтида буд.

Ду сол пештар, вақте ки дар канори Маҳтоб шавҳараш Ҳалим низ дар хона мегашт, ҳезуми яксола ҳанӯз дар рӯзҳои аввали тобистон омода мешуд. Ҳалим ё бо хар, ё бо трактори ҳамсоя ҳам ҳезуми печкаю оташдон ва низ ҳезуми танӯрро ғарам карда мемонд. Одаташ ин буд, ки ҳеч гоҳ кореро ба рӯзи фардо намегузошт. Акнун Ҳалим дар хона нест, ӯ ба мардикорӣ рафту арӯси «балои ҷон» ва «хӯрандаи зиёдӣ» дар асорати модаршӯ монд. Маҳтоб маҷбур буд барои сер кардани худашу духтарчаи хурдсолаш ҳама фармудаҳои «хӯҷаин»-ро бамавқеъ анҷом диҳад, бар ивази даву тозҳои беохир луқмаи нонашро ҳалол кунад. Худо нахоста, агар кореро аз гуфтаҳои модаршӯ анҷом намедод ё нима мегузошт, ҳамоно дучори ҳақорат ва сахтгирӣ мешуд. Вале Маҳтоб ёрои таҳаммули ин гуна бархӯрдро надошт, пайваста, бо сари хам аз пайи кор мерафт. Ӯ барои худ аҳд карда буд, то даъвати шавҳараш тоқат кунад. Охир, Ҳалим ваъдаи сахт дода буд! Мебоист бо даст додани аввалин фурсат дунболи зану духтараш ояд. Аз он ваъда чанд моҳ мегузараду аз ӯ дараке нест, на хат ҳасту на хабар.

Маҳтоб, бо вуҷуди ин ки лафзи шавҳарро ҳалол намедид, аз будани духтари нозаш дар паҳлу Худоро шукр мекард. Ҳар гоҳ дилтанг мешуд, ӯро ба оғӯш гирифта гарм-гарм мебӯсид, дар сари дил мефушурд, бо ӯ суҳбат мекард. Бӯйи нози духтараш ҳама хастагию нороҳатиро аз байн мебурд ва ёди ширини падарашро ба хотир меовард: «Дадаи Шабнам ҳам мисли хелеҳо ба кор рафтааст ва бешубҳа, имрӯз не фардо бармегардад. Ҳамаи мардҳо сафар мекунанд, кори онҳо аз хона берун аст». Вақте ки бо духтараш гарми суҳбат мешуд, ба ӯ таъриф мекард, ки падарат беҳтарин марди дунёст! Имрӯзҳо кори бисёр дорад, хеле машғул аст, аммо, албатта, барои бурдани мо меояд.

Маҳтоб медонист, ки Шабнам суханҳои ӯро намефаҳмад ва худаш ҳам дурӯғ мегӯяд, лекин беихтиёр дар хусуси Ҳалим ҳарф мезад. На фақат ба духтараш, ба дигарон низ дурӯғҳое мегуфт. «Дар шаҳри калоне кор мекардааст, ба чанд нафар саркоргар будааст, вақти холӣ надоштааст. Ҳамин рӯзҳо ба мо пул фиристод, ба духтарам кафшу ҷуроб харидам. Хат гирифтам, гуфтааст, ки ҳарчи зуд корҳояшро ҷамъу ҷӯр карда, барои бурдани мо меояд. Албатта, меояд...» Маҳтоб ин суханҳоро мегуфту худро таскин медод. Барояш аҳамияте надошт, ки дигарон ӯро чӣ хел қабул мекунанд. Дар асл бошад, аз Ҳалим ранҷур буд, бадқавлии ӯ вуҷудашро месӯзонд. Баъзан ба таҳлука меафтид, тарси дуриву ҷудоӣ ба руҳаш фишор меовард...

Маҳтоб аз бурҷаки даҳлез ресмони ҳезумро гирифту аз зери ҷомаи корӣ ба даври камараш печонд ва ҳамон ҷо табарро низ ба китф гузошта, дари хонаро ором аз берун баст. Ӯ ин дафъа ба Кӯҳи Сиёҳ набаромад, ҳарчанд то Қушхона, ки маҳалли ҳезумкании ӯст, пайроҳаи наздиктарин боло-болои ин кӯҳ меравад. Маҳтоб медонист, ки дар чунин ҳавои сармо боди хунуки болои кӯҳ азиятовар аст. Ӯ аз бағали Хондон гузашту дар роҳи ноҳамвори новаи Ҷуғҷояк ҳаракат кард. Охири ҷарии Ҷуғҷояк теппаи Қушхона аст. Боди сарди зимистонӣ пешонӣ ва ду рухи аз рӯмол берун мондаи Маҳтобро бурида мегузашт, бо ин ҳол, ҳавои ҷар нисбат ба шамолрави болои Кӯҳи Сиёҳ сокиту оромтар буд.

Маҳтоб бардам қадам мезад, фақат садои ғарч-ғарч помонии ӯ бар рӯйи барф шунида мешуд. Ҳар ҷо бар рӯйи санге ё буттачаи ҷорӯбу сапалҳои шутур31 по мегузошт, хеле эҳтиёт мешуд, хавфи лағжида рафтан аз эҳтимол дур набуд. Як бор, зимистони соли гузашта ин иттифоқ барояш рух дода буд. Вақте ки сар-сари Кӯҳи Сиёҳ ба тундбоди сахти барфолуд муқобилат карда пеш мерафт, баногоҳ пояш ба сапали шутуре дармонда афтида рафт. Он лаҳза дар нишеби кӯҳ чизе набуд, ки поҳояшро тиргак кунад ё бо даст нигаҳ дорад. Мувозинатро гум карда то таҳи кӯҳ сарозер шуд. Ба бахти ӯ, он маҳал теппаи хокие буд, ки рӯ-рӯйи барф ғелида рафт ва фақат чанд ҷойи дасту по ва баданаш харошида шуду бас.

Қушхона теппагии баланде буд ва то як фарсах аз деҳа фосила дошт. На ҳар касе бо хару хингил метавонист ба болои он барояд. Дар ин теппагӣ дарахтҳои ҳезумӣ, ба хусус, хорчӯбҳои хушк фаровон буд. Маҳтоб ба мушкилии роҳаш нигоҳ накарда, ҳар гоҳ барои ҳезумканӣ фақат ба ин ҷо меомад. Аз он хушҳол мешуд, ки пуштаи ҳезум дар як дам ҳозир мегардид. Ӯ аз ҳезумшиканӣ хаста намешуд, балки роҳи байни Қушхона ва деҳа ӯро азоб медод.

Маҳтоб ба арши теппа расид. Пушти он зови баланде, ки иборат аз шахҳои яклухти сиёҳранги сӯрох-сӯрох буд, яксара ба дараи Пиргирӯд мепайваст. Кас метавонист аз ин теппагӣ тамоми дараи тӯлонии Пиргирӯдро то вартаи Пашкан тамошо кунад. Маҳз шахҳои яклухти сӯрох-сӯрох маҳалли сукунати қушҳо – уқобу калхотҳои азимҷусса будаанд, вале солҳои охир онҳо хеле кам ба чашм мехӯранд. Бо вуҷуди ин, теппагии мазкур бо номи «Қушхона» маъруф аст. Ҳоло дар ин ҷо боди хунаки шадиде Маҳтобро пешвоз гирифт. Шамоли ҷонгир на фақат дастону рухсори ӯро чун алмос бурида мегузашт, ҳатто дар як он гӯё ҳазору як сих ба баданаш фурӯ мекард.

Маҳтоб табарро ба даст гирифта, пушт ба боди сарду барфолуд гардонд ва ба ҳезумканӣ пардохт. Ӯ дар назди ҳар буттаи хорчӯбе, ки меистод, аввал бо нӯки табар шохаку хорҳои тезашро буридаю шикаста барои худ роҳ мекушод ва сипас аз дохили бутта танҳо навдаҳои хушкро муҳкам ба даст мегирифту меканд ё бо по зер карда дармеовард. Агар навдаи хорчӯб ғафсу сахттар буд, онро бо пушти табар мезаду мешикаст.

Маҳтоб ҳезум мекарду на хастагиро пай мебурд, на ба сару димоғаш бархӯрдани боди сарди барфолудро. Дар дили кор хаёлаш фақат ба Ҳалим банд буд: «Ду сол боз ғоиб аст. Куҷо рафт, чӣ кор мекунад, ба чӣ ҳолест, касе намедонад. Чаро пайғоме намефиристад? Ҳатто суроғи Шабнамро ҳам намегирад-е! Беғаму ба майли хотири худ гаштан ҳам ба эбаш-дия. Ё, воқеан, кору ҳоле пеш омада? Худаш зинда бошад? Ё, астағфируллоҳ, набояд ба хаёли бад рафт. Ӯ марди бақувват аст, бо ирода аст, ба ҳар азобӣ ба осонӣ тан намедиҳад. Ӯ худашро ҳимоя мекунад!»

Маҳтоб қоматашро рост кард, нафаси амиқ кашида дубора ба навдаҳои хушк дарафтид. Ҳамоно аз пеши назараш суроби Ҳалим дур намешуд. Ҳамон тану бозу, шонаҳои паҳн, поҳои баланд... Ана, Ҳалими ӯ дар маърака аст, куштӣ мегирад. Рақибаш ҳам чакана не. Ӯро ба ин сӯву ба он сӯ мекашад, мехоҳад хастаю шалпар кунад, ӯро аз по дарорад. Вале Ҳалим фурсати часпидан ба ӯ намедиҳад. Бо як даст аз бехи остини дасти чап ва бо дасти дигар аз камарбанди рақиб дошта, бо як силка ба пеш мекашад. Дар як вақт пойи ростро аз пеш гузаронда ба хушкии пойи рости рақиб мепечонад ва билофосила пушти биқини ростро ба шиками рақиб гузошта ӯро пуштора мекунад. Рақиби ноумед бо танаи боҳайбати худ лаҳзае дар ҳаво муаллақ мемонад ва дар як чашмзанӣ бо тахти пушт ба замин меуфтад. Ҳалим аз пирӯзии худ дилпур шуда дасту по ҷудо мекунад ва аз болои рақиб мехезад. Маъракаро як бор давр зада, бо изҳори хушнудӣ ба атрофиён, ба кафкӯбию аҳсантгӯйии мухлисони худ қуллуқ мегӯяд...

Маҳтоб як дам аз ҳезумканӣ даст кашид. Чашмону пешонӣ ва рухсори таршудаашро бо лаби остин пок кард. Суроби Ҳалим аз назараш ғоиб шуд. Боди барфолуди сард шуввос зада ба сару гарданаш бархӯрдан гирифт. Дид, ки ҳанӯз ҳезумаш такмил нашудааст, дубора ба буттаи хорчӯб часпид.

\\\*

Вақте ки Гулсун – модаршӯйи Маҳтоб аз хоб хест, аллакай рӯз даромада, ҳама ҷо равшан шуда буд. Чун ба саҳархезӣ одат дошт, ин дафъа аз хоб мондани худ нороҳат шуд. Дар канораш Алиму Салим низ бехабар аз олам, лӯла шуда, дар кӯрпаҳои худ печида масти хоб буданд. Алим бо даҳони нимабоз кӯтоҳ-кӯтоҳ хур-пуф мекард. Салим бошад, ором мехобид, гӯё ки нафасаш ба дарун афтида бошад.

Гулсун аз ҷо хеста, даставвал мӯҳои парешонашро ҷамъ карда ба пушт кашид ва рӯмоли ловдони гулдори худро, ки поин омада ба сари китфонаш ҳамоил шуда буд, боз кард ва дубора ба даври сараш баст. Ҷомаи баланди беқасаби худро аз болои курта пӯшид ва бандакҳои пӯпилакдори онро ба ҳам гиреҳ зад. Ӯ, бе он ки коре кунад, рост ба хонаи Маҳтоб гузашт. Келин сари ҷо набуд, фақат Шабнам рӯ ба боло пинак мерафт. Духтар бо чашмҳои нимабоз ва лабони ба табассум моил хеле дилкаш менамуд. Гулсун лаҳзае ба набераи худ чашм дӯхта истод ва ҳамон дам ба хотираш омад, ки имрӯз навбати хамири нав аст, келин ҳатман ба ҳезум рафтагист.

Гулсун бекор наистода бо ҷорӯби ҳавлирӯбӣ роҳаки рафтуомад то оғилхонаро, ки аз шаб то субҳ бо пардаи тунуки барф пӯшида шуда буд, тоза кард. Сипас сатили ширро гирифту ба оғилхона даромад. Ӯ ду гови ҷӯшоӣ дошт. Аз ин рӯ, ҳеч гоҳ хонааш аз ширу ҷурғот канда намешуд. Агарчи ҳар рӯз говдӯшӣ ва тоза кардани оғилхона ба уҳдаи Маҳтоб буд, ин дам ӯ нигарон намонд. Медонист, ки келин дер мекунад, тори инсоф барояш даст доду худ ба сабук кардани корҳои зиндагӣ пардохт. Ӯ низ корро дӯст медошт, ба хусус, вақте ки медид дасттанҳост, ҳама заҳматро ба дӯш мегирифт. Бо вуҷуди ин, аз кор кардани арӯсони худ лаззат мебурд. Дилаш мехост онҳо шабу рӯз машғул бошанд, дам нагирифта кор кунанд. Ду келини калонашро хонаҷудо кардааст. Онҳо акнун бо зиндагии худ овораанд. Ҳоло дар дасташ ҳамин Маҳтоб – «бачаҳои» Ҳалим. Писараш ду сол боз зану кӯдакашро партофта рафтааст. Зоҳиран, аслан парвое надорад, ки инҳо чӣ кор мекунанду ба чӣ аҳволанд. Балои ҷони модар, нонхӯрони зиёдӣ. Маҳтоб ҳаққи гила кардан надорад, акнун ки шӯяш нест, худаш бояд ҷон канад. Дар ин замон кӣ нони муфт медиҳад?

Гулсун ҳар ду говро сабук карда гӯсолаҳоро сар дод. Сатили пури ширро оварду дар деги болои печка холӣ кард. Пеш аз он ки дар зери деги шир алов монад, ду сатили холии обро гирифта ба дами дари хонаи бачаҳо омад ва бо садои баланд дод зад:

– Алим! Салим! Зуд хезед, рӯз шуд! Говона ба пода расонед, сатилҳора пури об кунед. Бас ҳамин қадар хоб рафтед, хезед тезтар, аз пайи корҳо шавед!

Садои модар гӯё ба гӯши Алим нарасид. Ӯ поҳояшро ба зери шикам ҷамъ карда кӯрпаи болоиро дар гирду бараш муҳкамтар печонд. Салим бошад, ҷаста аз ҷо хест ва бо итоат, дар ҳолати нимхобу нимбедор, ҷавоб дод:

– Хуб шудаст, оча, ҳозир либосҳома пӯшида мебуроям.

– Акаи ландаҳурат ҳам хоб намонад, бедор кун.

– Бедор мекунам!

Салим нағз медонист, ки агар, Худо накарда, дунафарӣ кори фармудаи модарро анҷом надиҳанд, дигар дар бало мемонданд. Модар раҳм намекард, ҳам забони ҳақораташ мешукуфту ҳам химчаи адабро бар сари писаронаш мешикаст. Алимро бошад, парвои фалак набуд. Ҳилае пеш оварда, аз дасти модар дармерафт. Дашном ё дӯғу пӯписаҳои оча аз як гӯш даромада аз дигараш баромада мерафт.

Имрӯз ҳам аз таҳи кӯрпа хезондани ӯ барои додар осон нагузашт. Вақте ки Салим сару китфони ӯро ҷунбонида бедор кард, аз хоби ширин сар набардошта, ду-се ҳақорати обдор аз даҳон андохт. Лекин дар кӯрпа зиёд напечид, ба маҳзи ин ки даъвоҳои модар ба зеҳнаш зад, парида аз ҷо хест. Пилкҳои чашмонашро базӯр аз ҳам ҷудокунон аз Салим пурсид:

– Оча куҷост?

– Намедонам, дар берунҳо мегардад.

– Чӣ кор фармуд?

– Ту молҳора ба пода расон, ман сатилҳора пури об мекунам.

– Ҳамааш кори худат, додарҷон, – Алим нафаси роҳат кашид ва афзуд:

– Ростӣ, янга дар кадом гӯр будаст, зиндагиаша худаш кунад намешавад?

– Янга-янга! – асабонӣ шуд Салим. – Бе янга рӯзат намегузарад, агар намебуд, чӣ кор мекардӣ?

– Боз тарафаша мегирӣ-а, гаранг, янга шудаст, мекунад-дия.

– Янга зани бародар аст, на чӯрии ту!

– Агар надонӣ, гапама ба ду гӯшат ҳалқа кун, гаранг, келини хона канизи хона аст! – бо итоб сар боло кард Алим. – Дар ин замон ҳеч кас ба ҳеч кӣ пули муфт намедиҳад.

– Ҳо, гӯё ки ҳама пула ту кор карда меёбӣ! – бо зарда ҷавоб дод Салим. – Ақаллан, рӯйи хотири додӣ кун, имрӯз ё фардо бармегардад, он вақт чӣ мегӯйӣ?

– Агар бармегашт, то имрӯз меомад, гаранг. Худо медонад, ду сол боз дар кадом қабристон аст, сояаша ҳам намебинем. Бачаҳои одамон ҳар рӯз пул мефиристанд, додии мо бошад – мурдаи гӯр!

– Гапи наҳсата шамол барад, ту чӣ хел одами пастӣ, Алим! Бароят фақат пул бошад бас, – аламомез гуфт Салим ва дигар баҳсу талошро беҳуда дониста, аз хона берун баромад. Рост ба айвон рафта, ду сатили холии обро ба даст гирифт.

Ҳарчанд ҳаво сард буду боди хунак ба машом мезад, Салим бетафовут, чизеро ҳис намекард, ҳушу хаёлаш побанди бародари калонӣ ба об мерафт. Ӯ низ Ҳалимро ёд мекард, пазмонӣ дар сару барги баданаш хона карда буд. Охир, ду сол фурсати каме нест! Магар мумкин аст як ҷигарбанд ду сол бе ному нишон ғоиб шавад?! Духтари шашмоҳааш инак дую нимсола, пешонии ҳамсари ҷавонаш хат-хатӣ шудааст, модари бечора, ҳарчанд ба рӯ намеорад, чандин бор бо остин оби дида пок кардааст. Ин ҳол то кай давом мекунад? Худо медонад, агар вай намебуд, ҳоли зану духтари бародараш чӣ мешуд. Бе шубҳа, Алими баттол дар сари ҳар ду чормағз мешикаст, аз дасти ин дилсиёҳ ҳар чӣ меояд.

Алим бошад, баъд аз монда рафтани Салим хоболуд хамёзае кашида ба назди тиреза омад. Як лаби пардаи тирезаро боло кард, хира-хира ба берун чашм давонд. Ҳама ҷо сап-сафед барф буд. Поинтар шохаҳои ду дарахти себ ва як ниҳоли олуча, ки дар лаби ҷӯ қомат афрохта буданд, алвонҷ хӯрда, мисли гарди фаввора барфрезаҳоро ба чор сӯ пош медоданд. Маълум буд, ки бод мевазад, ҳаво сард аст. Аз наззораи ин манзара ё аз сардии хона буд, ки раъшае бадани Алимро ларзонд. Ӯ ба пас гашта аз нав худро дар ҷойгаҳи хоб печонд. «Магар ман аҳмақам, ки дар ин ҳаво ҷона ба азоб монам? – ба худ пичиррос зад Алим. – Бе ман ҳам корашон буд мешавад».

Салим сатилҳои холии хонаро бо оби чашма пур кард. Ҳаво ба куллӣ равшан шуда буд. Ба ҷойи шири субҳ аз сари теппаҳои самти офтоббарои деҳа нурҳои тиллоиранги хуршед ламъа мезад. Вақте ки Салим дарвозаи ҳавлиро мебаст, аз оғилхона садои баоси гову гӯсолаҳо баланд шуд. Дарёфт, ки бародари ландаҳур корашро анҷом надодааст. Тез ба оғилхона баргашт ва гӯсолаҳои мастро як-як ба мехҳои охурча баста, ду гову як ғуноҷин ва аз паси онҳо наргови чорсоларо сар дода ҳамаро ба берун ронд. Молҳоро ба ҷониби подаи гузар, ки дар камари Кӯҳи Сафед ҷамъ мешуд, равона карда, беихтиёр сари наргови баланд ва тану тӯшдор ба фикр фурӯ рафт. Ӯ медонист, ки ин тойин ҷони модараш аст. Орзу дорад, ба маҳзи пайдо шудани сару думи Ҳалим арӯсии Алимро барпо хоҳад кард. Агар Худо ёрӣ диҳад, ба Салим низ номзад ёфта ҷуфткелин мефурорад. Модар ин нияти худро чандин бор гуфта буд. Дар ҳақиқат, тойин худаш як тӯйро бозӣ медоронад, гӯшташ комилан барои як маросими калон мерасад, камӣ намекунад. Коре карда, обу алаф то охири зимистон монад-шуд, он тарафаш Худо-подшо. Баҳор, ки даромад, молҳо шиками худро аз дашту дала сер мекунанд...

Салим молҳоро ба пода расонда зуд ба хона баргашт. Ҳамин вақт Маҳтоб низ бо як пушта хорчӯб даромада омад. Ӯ по чида-по чида то назди танӯрхона расид ва бар рӯйи тахтасанги ҷувозӣ, пушт ба девор такя дода нишаста монд. Маълум буд, ки дигар қуввати ҳаракат надорад. Салим беирода барои ёрӣ ба ҷониби Маҳтоб шитофт. Дастҳои бечоразан аз сардӣ чангак шуда, ба бандҳои пуштаи ҳезум часпида буданд. Ҳарчанд зӯр мезад, ҳаракате аз панҷаҳояш барнамеомад, наметавонист ангуштонашро аз ҳалқаи ресмон ҷудо кунад. Салим дарҳол кафи дастҳояшро бо навбат рӯйи ду дасти Маҳтоб, ки аз сармо шах шуда кабудранг ба назар метофтанд, гузошту бо суръат молидан гирифт. Ҳангоми молидан дилсӯзона ба сухан омад:

– Нигоҳ кун, янга, сармо ба сарат чӣ рӯзе овардааст! Магар шарт буд дар яхбандони саҳарӣ ба ҳезум равӣ? Охир камтар ба ҷонат раҳм кунӣ, намешавад?!

Маҳтобро сару сураташ низ яхча баста буд. Ду чашми пури об аз сардӣ ялт-ялт ҷило медоданд. Донаҳои яхбастаи оби дида ба гунаҳояш шорида буд. Сурати хунакзада бо ранги кабуди сиёҳча ба назар мерасид. Хастагӣ тану ҷони ӯро гирифта буд ва дар ин ҳол сахт ба мадади Салим муҳтоҷ буд. Ҳарфе намезад, фақат бо чашми имдод нигарон менишаст.

Салим панҷаҳои Маҳтобро ба ҳаракат даровард ва ҳамзамон ҳалқаи ресмонро боз кард. Пуштораи ҳезум оҳиста лағжида ба замин нишаст. Салим бандҳои пуштораро, ки ҳанӯз дар китфони Маҳтоб ҳамоил буданд, ба ду тараф фуровард. Бе таваққуф бо як даст аз бозу ва бо дасти дигар аз тахтапушти янга гирифта, ӯро озод бардошт. Онҳо ба тарафи хонаи Маҳтоб, ки он ҷо Шабнам хоб буд ва Гулсун низ шир мепухт, қадам заданд. Маҳтоб роҳравон ба сухан даромад:

– Раҳ...мат..., до...дар...ҷон...

– Ҳеч гап не, худата азоб надеҳ, лабонат аз дасти сармо намеҷунбанд, – гуфт Салим, – ба пушти сандалӣ шиста гир, зуд ба худ меойӣ.

Гулсун, дар ҳоле ки шири дегашро бод мекашид, аз дасти Маҳтоб гирифта даромадани писарашро дида норозиёна хитоб кард:

– Натарс, бало намезанад! Агар ин хел меҳрубонӣ кардан гирӣ, аз худ меравад. Ина мону рафта додията ҷеғ зан, ширчой мехӯрем.

– Ин чӣ гап, оча? Магар намебинӣ бечорара сармо задаст? Лоақал ба хотири додиям камтар иззат кунед, осмон омада ба замин намечаспад. Дағалӣ ҳам ин қадар не-дия!

– Ман гуфтам, ки бало намезанад, нафаҳмидӣ, ҷувонимарг! Корҳое, ки мо мекардем, аз ин ҳам сахттар буд, лекин намурдем!

Гулсун бо дуруштӣ ҳарф мезад, аммо дар дил эҳсоси дигар дошт. Ба ростӣ, дили ӯ низ ба Маҳтоб месӯхт, аммо намехост ба рӯ оварад. Фикр мекард, агар ба арӯсони худ каме меҳрабонӣ кунаду ҳарфи хуш занад, ба болои сараш мебароянд. Зоти келин ҳамин, ҳеч гоҳ ба модаршӯ дилсӯз намешавад. Шӯраш паст нашуда, ба сари Салим дубора дод зад:

– Додии ҷувонмаргат куҷост? Садо зан, ду-се луқма нона ба заҳру маргатон хӯред.

Салим медонист, ки бо модар тую ман рафтан фоида надорад, Маҳтобро ба ҳоли худаш гузошта ба ақиб баргашт, то бародарро хабар кунаду аз шарри модар роҳат шавад.

Дар носазогӯйӣ Алим ҳам ба мисли модар дасти тамом дошт. Вақте ки Салими дар байни обу оташ монда омаду ӯро бедор карданӣ шуд, бо овози баланд доду ғирев роҳ андохт:

– Агар хестанӣ шавам, аз ту намепурсам, хар! Гӯшу думата ҷамъ куну аз ин ҷо дафъ шав!

– Ноз мекунӣ, ландаҳур? Мебинам, ки зӯрат фақат ба ман мерасад, лекин наравӣ, садқаи сарам. Ба нағзӣ ҷавобат ҳамин бошад, аз худат гила кун. Канӣ бубинам, ба оча чӣ мегӯйӣ.

– Эй хари аблаҳ, мемонӣ каме нафас гирам ё не? Ҳеч гоҳ ғами мана нахур! – бо қаҳр ҷавоб дод Алим ва илова кард: – Мисли ту тарсу нестам, ба ҳар кӣ ҷавобаша худам медиҳам.

Дигар ин сухани охири Алим ба гӯши модар низ расид. Салим, ки дер кард, Гулсун аз қафояш омада буд. Дӯғу пӯписаи писари калониро шунида тоқаташ тоқ шуд. Бо хашм пушаки гуппиашро аз гӯшаи даҳлез ба даст гирифт ва ҳамоно ба сари Алим омада, бе овоз ғазабашро бо калтакзанӣ нишондан гирифт. Аз ниҳояти ошуфтагӣ чашмонаш хун гирифта буданд. Рӯйи кӯрпа – ба ҳар ҷое, ки рост меомад, пушак32 мезад. Аз лабу лунҷаш ҳам беист оби ҳақорату бадгӯйӣ мерехт:

– Ту ландаҳури ҷувонимарг аз кай боз худбину худсар шудӣ?! Ҳоли, гапи мана дута мекунӣ? Канӣ, бинам, кӣ дар ин хона ба ман гӯш намедодаст! Агар хуната набарорам, ту ятими ҷувонимарга, одам нашавам. Додои гӯрсӯхтаат мурда рафт, ун додии ҷувонмаргат ҳам беному нишон, болои ин ҳама ту чӣ мехоҳӣ? Ё фикр кардӣ аз қилиқот метарсам? Дасту поҳота мешиканаму маъюб бонӣ мекунам. Нагӯ, ки ҳама кор ба ин содагӣ аст, мо ҷон канему ту хоб равӣ?! Агар сағири гапношунав набошӣ, чаро қатори додарат нахестӣ?!..

Аз қаҳру ғазаби модар тану ҷони Салим ба ларза омад. Ҳар пушаке, ки ба сари бародараш мефуромад, дилашро таҳ мекашонд. Чунин ҳис мекард, ки гӯё модар ӯро мекӯбаду ба ӯ бад мегӯяд. Лаҳзае ин манзараи пурошӯбро тамошо кард, вале косаи сабраш лабрез шуд. Бе тааммул худро ба пеши пойи модар андохт ва бо лобаву зорӣ илтиҷо кард:

– Очаҷон, бас кун, ӯро мекушӣ-охир! Дигар бехуд гап намезанад, тура хафа намекунад...

Вале суханҳои Салим ба гӯши модар намедаромад. Теғи ғазаб пардаи раҳму шафқатро дарида буд. Ба назар мерасид, ки фурсате надошт сари бетараҳҳумии худ фикр кунад. Ӯ, бехабар аз худ, бо як даст аз гиребони Салим ҳам гирифта ба қафо мекашид ва нохунҳои тезаш ҷо-ҷо пушти гардани ӯро харошида хунобча карда буданд. Салим ҳамчунин паст наомад. Бо ҳар қуввате, ки дошт, ба модар часпид ва дастаи пушаки гуппиро аз нӯки дигар миёни панҷааш нигаҳ дошт. Алими дар ғафлатмонда бо азоб аз зери кӯрпа ба по хест ва бо доду фиғон ҷойҳои дардгирифтаи баданашро молида- молида, аз чанголи модар берун ҷаст. Ӯ ба қафо нигоҳ накарда, аз дар париду ба ҳавлӣ баромад ва ба тарафи боғ гурехта рафт. Гулсун низ оғушта дар чанги ғазаб аз паси ӯ ба берун давид. Дид, ки дунболгирӣ фоида надорад, бо қаҳр пушакро ба як сӯ ҳаво дод ва ба хонаи ҷойи нишаст баргашт. Дар ниҳояти ғазаб зери лаб ба такрор ғур-ғур мекард: «Ҷувонимарг, ятими бехосият...» Ба маҳзи ин ки омада ба хона даромад, худашро дошта натавонист, аламомез бо овози баланд дами гиряро сар дод. Маҳтоб низ, чун гиряаш дар остин буд, ба ӯ ҳамовоз шуд. Салим бошад, аз пушти модар омада, бо дидани ин ҳол шах шуда монд, намедонист ба кӣ дил диҳаду чӣ коре барои осуда шуданашон кунад.

Алим аз дасти модар раҳо ёфта, бо ҳавли ҷон боғро миёнбур кард ва рӯ- рӯйи барф ба самти чашмаи Миёнбоғ гурехт. Ҳарчанд чор тараф бо домани барф пӯшида шуда буд ва боди сарди зимистонӣ вазида меистод, аз оби чашмаю ҷӯйчаи он, то ҷое, ки ба чашм менамуд, ҳавре заҳида меистод ва он тасмаи ғубории каҷукилеберо ба назар ҷилва медод. Маълум буд, ки оби чашма нисбат ба ҳавои берун гармтар аст, дар сурате ки сардии он дар фасли тобистон дандонҳоро мезанад.

Алим ба назди чашма омада нафасашро рост кард. Дилаш аз асабӣ шудани модар нороҳат буд. Ин ҷанҷолро намехост, аммо чӣ кор кунад? Табиати ӯ чунин сохта шудааст, амру хоҳишеро бамавқеъ анҷом додан барои ӯ чун кӯҳи азим вазнинӣ мекард. Сахтгириҳои модар, дар воқеъ, аламашро меовард. Ба назараш чунин менамуд, ки модар роҳату осудагии бачаҳои худро дидан намехоҳад, ӯ меҳрабонӣ ва навозишҳои модаронаро бо дағалию носазогӯйӣ иваз кардааст.

Дар асл, Алим намедонист, ки аз дили модар чиҳо мегузарад, чӣ гуна ранҷҳои равонӣ ӯро азият мекунад. Бо ин ноошноӣ, гирифтори андешаҳои рӯякии худ поҳояшро ба ду канори ҷӯяки оби чашма гузошт ва хам шуда дасту рӯ шуст. Оби гарми чашма бар сару рӯяш нишаст, ором гирифт. Дигар, бо хаёли ин, ки агар ба хона баргардад, дубора оташи қаҳри модарро меафрӯзад, беихтиёр аз васати боғҳо, лаб-лаби ҷӯ ба самти поёноб ба роҳ даромад.

Боғи мобайн дар ихтиёри Йӯлдоши Бобокалон буд. Азбаски модари пири ӯ – Майсахола пас аз вафоти шавҳари худ солҳои зиёд зиндаю саломат мондааст, ин ҷо бештар ба унвони «боғи Майсамомо» вирди забонҳо мегашт.

Дар ду ҷониби рӯди об дарахтони муреду ношпӯттӣ ва болотар – дар самти рост токзори Йӯлдошака ҳамеша ҳосили фаровон медод. Ба хусус, ангурҳои сиёҳи кишмишӣ бо мазаи шаҳдбори худ ба ҷонҳо роҳат мебахшиданд. Аз сӯйи дигар, токзор барои бачаҳое мисли Алим, ки гоҳу бегоҳ зери он гавак кашида, ангур медуздиданд, чӣ неъмате буд! Ҳанӯз аз ёди Алим нарафтааст, ки боре холабачаи шаҳриаш ба меҳмонӣ омаду онҳо дунафарӣ ба сайди ангур баромада буданд...

Дар як гӯшаи токзор, онсӯтар аз танӯрхонаи Йӯлдошака як нимкати тахтагин қарор дошт. Майсахола ҳамеша бар рӯйи он менишаст ва боғу ангурзорро синчакунон наззора мекард. Гоҳ-гоҳ таноби силсиласимҳоеро, ки ба чор тарафи токзор кашида буданд, бо даст такон медод ва «ҳей-ҳо!»-гӯён сели гунҷишку майнаву акка ва дигар парандаҳоро киш мегуфт. Он рӯзе, ки Алиму холабачааш камин гирифта буданд, ҳавои гарму дим ба атроф тасаллут дошт. Онҳо дар пушти девори боғи худӣ истода, тамоми ҳаракатҳои Майсахоларо дар зеҳн мехонданд ва ба «шикор» омодагӣ медиданд. Кампир бошад, рӯмоли чити гулдори худро болои сар андохта, ба ангурзор ду чашм монда буд. Баъзан лабаҳои рӯмолашро алвонҷ дода, ба сару рӯ шамол мезад ва бо бари остин арақҳои сурату гарданашро пок карда мемонд. Ду «шикорчӣ» мунтазири он буданд, ки Майсахола аз нишастан хаста шаваду рӯйи ҷояш дароз кашад ва ба хоб равад. Аммо ин ҳолат ба осонӣ даст намедод. Наздик буд, худи «шикорчиҳо» аз интизории тӯлонӣ ба ғанаб раванд. Ниҳоят, холабача Алимро нихта кард: «Ана-ана, момо дароз кашид. Акнун навбати мо». Онҳо чанд лаҳзаи дигар мунтазир шуданд, то ки Майсахола бе хавотир «хоб монад». Аз камингоҳ ба чор тараф чашм давонда боварӣ ҳосил карданд, ки касе дар ин гирду барҳо нест. Пасу пеш аз рӯйи девор хез зада, худро ба рӯйи сабзаҳо партофтанд. Ҳар кӣ дар хатти худ гаваккашон то таҳи шоху баргҳои ангур омад. Дар зери воишҳои паст сарҳои ангур чун хӯшаҳои дурру марворид овезон буданд. Аҷаб тамошое доштанд он хӯшаҳо!

Ба маҳзи ин ки доманҳо аз саракҳои ангур пур шуд, Алим бо садои кам эълони ақибнишинӣ кард. Ҳар ду аз зери воишҳои ток ба пас хазиданд. Он замон, дар ҳоле ки бо як даст доманҳои пур аз ангурро медоштанду бо дасти дигар ба замин такякунон ба пушт гавак мекашиданд, ногоҳ аз болои сар овозе баланд шуд: «Боракалло, қаҳрамонҳои худам, насибаи имрӯзамон ҳам омода шуд, акнун дар куҷо бо ҳам мебинем?» Садои ошно рагу пайи Алимро шах кард. Ноилоҷ ба сӯйи овоз сар гардонд. Йӯлдошака бо лабони нимханд мӯйлабҳои дарози худро тоб дода, чӯби баландеро дар даст бозӣ доронда меистод. Ба назар мерасид, ки аз амалиёти бачаҳо ва дастгир шуданашон хеле хушҳол аст. Забони Алим гирифта буд, наметавонист чизе гӯяд. Аз хиҷолат сарашро поин афканд, замин намекафид, ки даромада равад. Холабачааш бошад, то он лаҳза думашро хода кард, ӯ баробари шунидани овози бегона домани пури ангурро сар дода, ба самти номаълум гурехта буд...

Аз ин гуна сайдҳо бебарор ҳамон яке равшан дар хотири Алим мондааст. Ӯ то ҳол намефаҳмад, ки чаро он вақт Йӯлдошака пеши холабачаашро нагирифта, ӯро ҷазо надода буд. Фақат суханҳои насиҳатомези марди ҳамсоя ҳанӯз дар пушти гӯшҳояш садо медиҳад: «Писарам, агар ангур хоҳӣ, ба худам ишора кунӣ бас. Бо ҳам мечинему маза карда мехӯрем. Ба ин зайл танҳо шохаку виёраҳои токро мешиканеду поймол мекунед ва ангур ҳам ҳайф мешавад». Эҳ Йӯлдошака, шумо аз куҷо медонистед, ки мо аз ангурдуздӣ чӣ кайфе доштем!..

Алим хаёломез то таҳи боғи Ашӯрамак расидани худро нафаҳмида монд. Садои гур-гури осиёби амак ҳавоси ӯро парешон сохт. Ҳис кард, ки баданаш ях мекунад. Як шалвори тунуки хонагӣ ва куртаи нимдошти синтетик дар муқобили сармои зимистонӣ чизе набуд. Аллакай гӯшҳои паҳну баланд ва сурати қоқу дастони нозукаш сурх шуда, кам-кам месӯхтанд. Хунукӣ ба тану ҷонаш чира мешуд.

Алим лаҳзае дар назди осиёб истод ва ба даврубари Ашӯрамак домани хаёл зад. Медонист, ки амаки осиёбон ба хонаводаи онҳо алоқаи хосе дорад. Ӯ дӯсти қарини падараш буд. Равшан дар ёд дорад, ҳангоми рӯйиҷойӣ шудани падар танҳо нафаре, ки мудом пурсида меистод ва лутфу меҳрабониҳои худро дареғ намедошт, ҳамин Ашӯрамак буд. Қариб ҳар рӯз ба аёдат меомад ва бо суҳбатҳои гарму шӯхиҳои ҷонфизои худ дили хастаи дӯсташро ба зиндагӣ гарм месохт. Аммо, вақте ки барои банда соати ҷон супурдан фаро мерасад, ҷуз таслим шудан чораи дигаре нест. Даргузашти муфоҷои падар ғайр аз аҳли байташ дили Ашӯрамакро низ реш-реш кард. Дар ҳоле ки наметавонист чеҳраи пур аз ғаму ғуссаи худро пинҳон кунад, ба ҳама кори ташйиъи ҷаноза ва маросими худоӣ сарвар шуд.

Ашӯрамак осиёб дошт, ҳам бо об мегашт ва ҳам бо гардонаи барқӣ. Бештар дар тирамоҳу зимистон бо об фаъол мешуд, аммо фаслҳои баҳору тобистон, вақте ки обёрии заминҳо ба таври дастаҷамъӣ авҷ мегирифт, бо гардона, яъне бо неруи барқ давр мезад. Алим дар ёд дорад, чанд сол пеш аз осиёб ному нишон набуд. Он замон дар мағозаи деҳа думи орд канда намешуд. Ҳар кӣ ҳар қадар мехост, ордҳои навъи дуюм, якум ва ҳатто олиро харид мекард. Фаровонии орд то ҷое расида буд, ки одамон барои молҳои худ низ ба ҷойи ему хошок нони гандумиву атола пухта медоданд. Шояд аз пайи ин ношукриҳо бошад, занҷираҳои ҳокими ҷамъият аз ҳам гусасту мағозаҳои давлатӣ аз байн рафт ва дар рӯзи равшан камбуди маводи хӯрокворӣ, пеш аз ҳама орд, дар зиндагии одамон ба миён омад. Бо мурури замон, ба хотири ёфтани орду гандум дарбадарӣ оғоз гардид. Рӯзҳову моҳҳо гузашту овардани ин неъмати зиндагӣ аз маҳалҳои болои кӯҳӣ ва шаҳрҳои дурдаст ба ҷон расид. Аҳли деҳа маҷбур шуд дар ҳар пора замини худ гандум корад ва аз пайи осиёбҳои бобоӣ биафтад. Он айёми сахт буд, ки Ашӯрамак низ осиёби чордеворшудаи худро ба роҳ андохт ва рӯзгори сахти ҳамдеҳагонро то ҷое осон кард...

Ҳавои хунак аз ҷони Алим гузашт, баданаш ларзидан гирифт. Беихтиёр, девори сангинро дудаста дошта, хез зада ба даруни боғ ҷаҳид. Аз бағали девори осиёб гузашта ба назди дари вурудӣ омад. Дари осиёбро бо занҷиру зулфини оҳанин баста, дар сӯрохи зулфину ҳалқаи дар як тикка чӯбро гузаронда буданд. Алим бе хавотир тиккаи чӯбро аз ҳалқа берун оварда ба замин гузошт ва зулфинро кашида дарро ба ақиб тела дод. Даҳлези осиёб тип-торик буд. Лаҳзае дар дами остона рост истод, то чашмонаш ба торикӣ одат кунад. Камубеш, ҳар чӣ дар дохил буд, ба назар аён мешуд. Симкате дар ростии даромадгоҳ қарор дошт ва бар рӯйи он кӯрпачаеро паҳн карда буданд. Ба ҷойи болишт як бушлати чорқадшуда ба назар мерасид. Дар бехи девор, аз тарафи дасти чап, се-чор халтаи пур аз орд ва чанд сатилу тағораи холӣ рӯйи ҳам меистоданд.

Алим, дар ҳоле ки ба даҳлез хира мешуд, дар мағзу ҳуши худ садои баландтари осиёбро ҳис кард. Равшан ба гӯш мерасид, ки оби тунде бо шӯру мағал поин мерезад, сангҳои сангин ғаж-ғаж рӯйи ҳам давр мезананд ва ҳамзамон гулдурроси баланде дару девори осиёбро меларзонад. Ӯ дигар нахост дар берун бимонад. Чун сардии ҳаво тоқаташро тоқ карда буд, бе дудилагӣ ба дохил даромад ва дарро аз дарун баст. Ба рӯйи симкат дароз кашид, бушлати ғафси пахтагиро ба ҷойи кӯрпа ба болои худ кашид. Бо дили пур ба Ашӯрамак, ки аз худсарона ворид шудани ӯ ба осиёбаш ҳеч гоҳ нороҳат намешуд, ҳама гапу корро як сӯ ғундошт ва якпаҳлу зад. Оҳиста- оҳиста пилкҳояш вазнин шуда, ғанаб ба ӯ зӯрӣ кард...

Маҳтоб низ баъд аз пухта гирифтани як танӯр нону кулча ва саранҷом додани корҳои хурду рези рӯзгор барои гузиндани бузмӯй ба даври модаршӯяшу Салим пайваст. Гулсун тамоми бузу гӯсфандони дарашро бо ҳамдастии писаронаш қайчӣ зада, як ҷувол лаб ба лаб пашм гирифта буд. Акнун, ба маҳзи ин ки бекор мемонд, то бевақтиҳои шаб бо сарубасар кардани бузмӯйҳо машғул мешуд.

Он рӯз сенафарӣ то вақти хуфтан пашм тарит карданд. Маҳтобу Салим аксаран бо сари хам, хомӯшона дасту ангушт мезаданд, аммо Гулсун аҳёнан аламашро ба берун мерехт: «Ин ҷувонимарг наомад, аз афташ омаданӣ ҳам нест, – мегуфт ӯ бо қаҳру хафагӣ, – сару почаша гирифту гум шуд. Ба кадом гӯри торик рафт, Худо медонад».

Гулсун инро мегуфту чеҳраю дастонаш ба маънии дигар аломат медоданд. Аз ҳаври бетоқатие, ки дар сандуқи дилаш дамида буд, рухсораш лолагун ва ҳаракати панҷаю ангуштонаш торафт тезтар мешуд. Гӯё ҳама хашми ӯ дар муштҳояш ҷамъ шуда буд, ҳар қабзаи бузмӯеро, ки ба даст мегирифт, сахт-сахт тарит карда бо зарб ба рӯйи бӯқча мепартофт. Маҳтоб ҳама ҳаракоти ӯро аз зери чашм мехонд, вале ҳарфе намезад, ҷуръати ҳарф задан ҳам надошт. Салим бошад, натавонист ин ҳолро то охир таҳаммул кунад:

– Оча, чӣ кор мекунӣ? Ин чӣ гузиндан? – ниҳоят кафид ӯ бетоқатона.

Гулсун ба ҷойи ҷавоб хам шуда бӯқчаи пашмҳои таритшударо ҷамъ кард ва бо зарб ба бағали Маҳтоб андохту итобомез дод зад:

– Ҳамаат ба ҷонам задед! Вид-видӣ накарда хезед, дасторхону нон биёред! Хӯрока мехӯрему мехобем. Наояд, ба гӯри падараш, ин сағири бехосият...

Маҳтобу Салим сухане нагуфта, ҳамроҳи Гулсун аз ҷо баланд шуданд. Ҳоли модар барояшон чун моҳ равшан буд: бо изтироби ботинӣ ҳоли саги сӯзанзадаро дошт, дилаш барои Алими якрав месӯхт. Ҳарчанд бо нӯки забон ба ӯ лаънат мехонд, дар дил хавотир мекашид: «Куҷо рафт, чӣ ҳол дорад, чизе хӯрда бошад ё не?»

Маҳтоб бӯқчаи бузмӯйро ба хонаи миёна, ки кулбаи хурде буду вазифаи анборро адо мекард, гузаронд. Сипас аз болои печка обдастаро гирифта обашро гармухунук кард. Дар навбати худ, Гулсуну Салим дар даҳлез либосҳояшонро афшонда, омодаи дастурӯшӯйӣ меистоданд. Гарду бӯйи бузмӯй он қадар хуб нест, гӯё то мағзи чашму бинӣ менишаст. Аз ин рӯ, то бо собун дасту рӯ намешустанд, хотирашон ҷамъ намешуд.

Маҳтоб аз дасти ҳар яке об рехт ва худаш низ даступанҷа шуста дунболи дасторхон рафт. Маълум буд, ки он рӯз ҳам барқро қатъ кардаанд. Вақтҳои охир ин ба одати маъмулии коркунони идораи барқ табдил ёфта буд. Агар шохаки дарахт ҷунбад, бо баҳонаи шамол калиди тронсро мебастанд. Хонаро чароғи керосинӣ, ки бо сими дарозе дар васат ба болор овезон буд, равшан мекард. Ҳарчанд нури чароғ тобонии лампаҳои барқиро надошт, барои равшан кардани хона, то ҷое, ки пеши чашму поҳо дида шавад, кофӣ буд. Аммо торикии хона дилтангии Гулсунро бештар мекард. Ӯ иштиҳои хӯрокхӯрӣ надошт, шӯрбои косаашро тагурӯкунон бо қошуқ бод мекашид. Хомӯшии Салим ва Маҳтобу духтараш, ки саргарми ғизохӯрӣ буданд, ғаши ӯро меовард. Дилаш мехост баланд дод занад, ҳар чизеро, ки ба назараш менамуд, титу пора кунад. Ҳеч симои Алим аз назараш дур намешуд, аз набудани ӯ парешонхотир менишаст. Мехост ин писари ҷувонмаргаш, ҳар қадар баду бадкор аст, паҳлуяш бошад, то як луқма нон аз гулуи ӯ низ гузарад.

Дар ҳамин асно, вақте ки Гулсун то ҳолати таркидан расида буд, садои тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Ҳар се баробар ба якдигар нигоҳ карданд. Дар чеҳраи ҳар кадом як маънӣ буд: «Алим омад!»

– Ман худам, – гӯён Гулсун ҷасту аз ҷо хест ва бо шитоб ба берун баромад.

Модар дар ҳоле буд, ки мехост дидан замон ба писари худсару гапнодарои худ дарафтад, ҳисобӣ лату кӯб кунад. Агар маҷруҳ ҳам шавад, боке нест, дар хона бошад шуд, маъюб бонӣ мекунад. Ин ҷавонмарги гапнодаро бояд адабашро гирад, вагарна бо бесариҳои худ дилҳоро хун карданаш аҷаб не...

Боди хунак ба сару тани Гулсун зад. Ҳама ҷо торик буд. Аз пушти дарвоза овози шинос баланд шуд, садои Ашӯрамак меомад:

– Хоҳарам, дар хона ҳастӣ? Мебахшӣ, ки дар бевақтӣ беҳузур кардам. Агар намеомадам ҳам, намешуд.

Гулсун дарҳол дарвозаро боз кард. Ба дӯсти шавҳараш бо илтифот салом дод, барои даромадан ба хона муроот намуд ва аз қирраи чашм ба пушти ӯ зеҳн монд. Нигоҳҳояш Алимро меҷустанд, вале Ашӯрамак танҳо буд.

Маҳтоб дуқабат кӯрпача андохт. Амаки осиёбон чорзону нишаста дуои расиданро хонд ва ҳама даст ба рӯ кашиданд. Шабнам бо нозу карашма ба тарафи амак моил шуд. Амак низ аз ин лутфи духтарак хушҳол шуд, ёзида ӯро ба бағал гирифт ва мӯҳои ҷингилаашро миёни ангуштони худ шонида ба сухан даромад:

– Худоро шукр, ки ҳамаатон сиҳату саломат ҳастед. Руҳу хотири дӯстам шод бод, дар ин ними шаб барои маслиҳат омадам, хоҳар.

Гулсун нафаҳмид ва бо тааҷҷуб ба ӯ дида дӯхт. Салиму Маҳтоб низ гӯшу ҳуш ба суханҳои амак шуданд.

– Омадам ба шумоён хабар диҳам, ки Алим бо ман аст. Ман вая дар осиёб нигаҳ доштам, – гуфт Ашӯрамак ва бо ҳамон оҳанги мулоим афзуд: – Агар розӣ бошед, бо ман монад, кумакам шавад.

Аз хурсандӣ дар чашмони Гулсун ашк ҳалқа зад. Бо ҳаяҷон, дар ҳоле ки наметавонист хушҳолии худро пинҳон кунад, гуфт:

– Додӣ, аз наомадани ин ҷувонимарг бо дили хуноб менишастам. Умри дароз бинед, як куҳ бора аз китфам дур кардед. Шумо ба кор гиреду ман не гӯям? Раҳмат, додӣ, нағзиҳоятон аз Худо гардад.

– Худам дар фикри ёфтани ёрдамчӣ будам. Саҳарӣ бо ҳамин хаёл ба осиёб омадаму Алимҷона масти хоб дар он ҷо дидам. Ба фоли нек донистам ва ҳамон лаҳза барои худам нақша кашидам, ки ин кора ба таъхир наандозам. Тамоми рӯз корҳои осиёба бо ҳам анҷом додем, дасту панҷааш мепечад, тез роҳ афтид. Вақтҳои охир рафтуомади одамон зиёд шудааст, як худам дасттанҳоӣ кардам, ба корҳоям намерасам...

Ашӯрамак дар хусуси корҳои осиёб ва чолокии Алим гап мезад, Гулсун ва Салиму Маҳтоб ғарқи суханҳои ӯ менишастанд, хурсандиашон ҳадду канор надошт. Дар чунин як замоне, ки хелеҳо муҳтоҷи луқмаи нон ҳастанд, соҳиби кор шудани Алим омади калоне буд. Ҳадди ақал, аз орд дасткӯтаҳӣ намекашанд, нонашон бутун мешавад. Гузашта аз ин, Алими якрав дигар сака-сака намегардад, дар дасти Ашӯрамак одам мешавад. Агар гуфтаи касеро гӯш накунад ҳам, ба амак меҳри хосса дорад, ӯро ҳурмат мекунад.

пешина
аз 44
навбатӣ