Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Маҳтоб дар оғилхона охирин бор ду сатили дасташро бо пору пур карда ба қӯтон – молхонаи бузу гӯсфандон бурд. Сатилҳояшро ба рӯйи теппачае, ки бо гузаштани зимистон дар васати молхонаи бесақф аз поруи гову бузу гӯсфандони дараш ҳосил шуда буд, холӣ кард. Як дам қоматро бардошта нафасашро рост кард ва сарутани худро ба тартиб даровард. Сипас сатилҳоро гирифту ба лаби об шитофт. Чанд бор ба лаби ҷӯй рафта омад ва тамоми ҷогаҳҳоеро, ки дар қӯтон буданд, бо об пур кард. Дид, ки ҳама чиз – об, тағораи қолабӣ, каланду бел барои рехтани таппӣ омода аст, пешдомани сиёҳашро ба миён ва як порча матои докагиро аз болои даҳону бинӣ ба рӯйи худ баст. Он гоҳ «ё бисмиллоҳ»-гӯён ба кор сар кард. Аз як гӯша теппачаи поруиро бо каланд кандаю кашида «ҳавзак» сохт, ба он каме об рехт ва тез- тез омехта кардан гирифт. Бӯйи тунду бади пору ба атроф паҳн шуд. Аммо аз он ғаши Маҳтоб наомад, бо бел аз махлути мулоимшуда ба тағораи қолабӣ андохт. Тағораи пурро бардошта аз дари қӯтон берун баромад ва онро дар бехи девор холӣ кард. Ин амали Маҳтоб беист такрор шудан гирифт. Ӯ бо завқ кор мекард ва чун медид, таппиҳои рехтааш рад-рад падид меоянд, боз иштиёқаш меафзуд ва бо неруи бештар ба кор мечаспид.
Фурсати зиёде нагузашта Салим низ ба имдоди Маҳтоб расид. Ӯ ҳеч гоҳ зани бародарашро танҳо намегузошт ва саъй мекард ҳар гуна заҳматро бо ҳам бикашанд. Агар медид, Маҳтоб хаста менамояд ё аз чизе нороҳат аст, дар худ мепечид ва бо ҳар роҳ барояш дил медоду дасти ёрӣ дароз мекард. Ҳар ду чун бародару хоҳар бо ҳам унс гирифта, ҳамеша дар фикри якдигар буданд. Имрӯз саҳарии барвақт Салим молҳои хонаро ба подаю рамаи маҳалла ҳамроҳ карда шитобон ба манзил баргашт ва каланди дасти Маҳтобро гирифт. Ӯ поруи аз «теппача» кандаи худро баҳамзанон ба сухан даромад:
– Таппии имсолаатон бобарака барин. Агар бо ҳамин шаст равад, ҳезум ҳам даркор нашуда мемонад.
– Чун таппӣ хушк шуд, чалма мешавад ва чалма ҳам ангишти тапа- тайёр, – ба тасдиқи ҳарфҳои Салим илова кард Маҳтоб, дар ҳоле ки тағораи таппидорро барои холӣ кардан мебурд, – зим-зим лахча шуда месӯзад ва албатта, ба ҳезум дарора аст. Барои печкаю оташдонҳои берун ҳамин чалма бас, ҳезумҳора фақат ба танӯру сандалӣ мегузорем.
– Рост, имрӯз заҳмат кашем, фардо ба роҳаташ мерасем, – гуфт Салим ва пас аз андаке сукут афзуд: – Аммо, янга, ҳеч дар майнаам намеғунҷад, барои чӣ мо аз гази табиӣ, ки неъмати фаровон аст, то ба ҳол маҳрумем? Имрӯз то гӯшаҳои дурдасти мамлакат, ҳатто то Кегейлию Чимбой ва аз он ҳам дуртар газ кашидаанд, қубурҳо аз чапу рост мегузаранд, ба тарафи мо бошад, гардан хам карданӣ нестанд.
– Ина ҳама орзу мекунад, додар. Ба он орзу падаронамон нарасиданд, мо бенасибем ва шояд фарзандонамон ҳам муяссар нагарданд. Аз ҳамин чӯбучахсу чалмаи бобоӣ намонем! – тағораи навбатиро бардошта истода гуфт Маҳтоб.
– Шунида будам, ки агар раҳбарон дар солҳои пеш ҳаракат мекарданд, ин кор ҳал мешудааст. Акнун бошад, кӣ ҳам фикри ин чор қишлоқи куҳистона, ки чорта одам дорад, мехӯрад? – ноумедии янгаашро тақвият дода гуфт Салим. – Газ бошад, дар ҳақиқат, роҳати ҷон аст, чӣ қадар кори одамҳора осон мекунад! Як моҳ дар Миёнкол ба хонаи тағои Ҳаким меҳмон шудаму ба зиндагиашон ҳавасам омад. Ҳар чӣ мехоҳанд дар учоқи газ дуруст мекунанд, аз обгармкуни газӣ хонаҳояшон гармак, ҳаммомашон шабу рӯз даргард, ҳатто ба зери танӯр лӯлачаи газ кашидаанд. Нияти ман ҳам ин аст, ки агар акаи Ҳалимам меомад, ҳамаамон кӯчида ба шаҳр мерафтем, аз ин ҳама дардисарҳо роҳат мешудем – на фикри молу ҳол доштем, на ҳезумкашӣ мекардем, на дар зери ин гуна бӯю тафт дастҳоямона ба таппӣ меолудем...
Маҳтоб исми шавҳарашро шуниду лаҳзае карахт шуд, ба девор такя зада, ду чашм ба ҳаракоти дастони Салим нигарон монд. Дар пеши назараш чеҳраи ҷиддии Ҳалим ҳувайдо гардид. Ӯ бо нигоҳҳои маънидоре ба Маҳтоб дида медӯхт, гӯё гуфтанӣ буд, ки «додарам рост мегӯяд, зудтар сару сомонатро ҷамъ кун, ман бо худам пули бисёр меоварам, дар шаҳр хона мехарем, дигар намехоҳам туву духтарам азоби фироқу ташвиши рӯзгорро кашед...» Дар ҳоле ки аз шодиёнаи ниҳонӣ лабони Маҳтоб ба табассум моил шуда буд, бо садои Салим ба худ омад.
– Янга, рост мегӯям? Агар ба шаҳр равем, доду бедоди очаам низ камтар мешавад. Ку бубинем, он вақт сари чӣ эрод мегирад.
– Э додар, зиндагӣ дар ҳама ҷо мушкилиҳо дорад, – ба сухан омад Маҳтоб. – Одама ҷонсабил мегӯянд, аз ҷойи набуда барои худ кор месозад, лекин ба ҳама гирумон одат мекунад. Кай медонистем, ки Алим коргари осиёб мешавад? Ҳамон бачаи танбал имрӯзҳо ба сархорӣ вақт надорад.
– Оре, ин ҷо кораш фақат дасту гиребон шудан буд. Аз хархашаҳои ваю очаам оромӣ надоштем.
– Вале ҷояш холист. Бо он ҳама шайтониҳош одама пазмон кард, шаш моҳ чӣ хел гузашт, нафаҳмида мондем, – гуфт Маҳтоб ва охирин тағораи таппиро, ки Салим рехта, дар як гӯшаи қӯтон дастҳояшро рӯйи зонуҳояш ҳамоил гузошта менишаст, бардошта ба берун бурд.
Маҳтоб дарёфт, ки Салим монда шудааст ва то ин ҷо дар дасту пойи худ низ беҳолиро ҳис кард. Тағораи холиро канори теппачаи нимбуридаи пору гузошта ба Салим рӯ овард:
– Кор намегурезад, додар, биё равему нонушта кунем. Шабнам ҳам бедор шудагист.
Салим гӯё мунтазири ин ишора буд, ҷаста аз ҷо баланд шуд ва гуфт:
– Рафтем.
Ба ҳавлӣ, ки даромаданд, Маҳтоб офтобаро бо об пур карда овард ва
ҳар ду аз дасти ҳамдигар об рехта, бо собун нағзакак дасту рӯ шустанд. Гулсун дар пешайвон менишаст. Аз қирраи чашм ба келину писараш нигоҳкунон чойи пиёлаашро ҳӯрт мекашид. Маҳтоб авзои ӯро дидан замон пай бурд, ки ҳанӯз кайфияти хуб надорад. Аз дишаб, ки дервақт ба хона омада буд, то ҳол як калима аз ӯ нашунидааст. Ҳис мекард, дами даруни модаршӯ аз оқибати баде дарак медиҳад. Маҳтоб мазаи ин гуна ҳолатҳоро чандин бор чашида буд.
Маҳтобу Салим пасу пеш дар канори дасторхон нишастанд. Ҳанӯз ба нону чой даст назада, Гулсун нигоҳи ҳар дуро ба сӯйи худ гардонд:
– Ба ту нағзӣ кардагӣ одам – худаш аҳмақ! Хонаю дари падарат аз сараш монад, мемурдӣ, рост рафта рост ба лаҳадат биёӣ? Ё аз лақомаки даҳани мардум шудан хушат меояд? Аз дасти шумоён ҳеч рӯзи хуш надидам- ки надидам! Охир, ба пасу пешат нигоҳ карда қадам монӣ, намешавад?! Ба зане, ки дую ним сол болои сар шавҳар надорад, аз ин дар ба он дар дайдугӣ кардан мезебад? Ё шумо тарзи ҷудо? Ё очат фармуд, ки дарбадарӣ кунӣ? Дониста мон, ту келини ҳамин хонадонӣ, агар шаъни ин оиларо зери по кунӣ, аз ман раҳму шафқат намебинӣ! Коре мекунам, ки ҳам худату ҳам очаю додот пушаймон мешавед, ҳа, пушаймон мешавед, ки ба ин дунё омадаед!
Аз қаҳру итоб ва беохир доду ғирев кардани Гулсун Маҳтобу Салим – ҳарду ҳайрон шуданд. Маҳтоб ҳарчанд медид сарзаниш ба сари ӯст, аммо имкони лаб кушодан надошт. Ӯ метарсид, ки банохост ҳарфе бемаврид мегӯяду оташи ғазаби модаршӯ бештар забона мезанад. Вале Салим, чун одати ҳамешагӣ, ба ин ҳол тоб наовард ва бо овози гирои худ ба даҳони модар зад:
– Оча, худаш чӣ гап? Чаро саҳар-катӣ ба ҷойи «мондаҳо» гуфтан доду бедод мекунӣ? Охир, айби ин бечора чист? Шабу рӯз ғулом барин дар дарат кор кунаду подошаш ҳамин?
– Ту ҳанӯз кӯдакӣ, Салим, ҳеч чиза намефаҳмӣ! – бо ҳамон садои баланд гуфт Гулсун ва афзуд: – Агар калонтар мебудӣ, медонистӣ, ки зани муддатҳои зиёд бе шавҳар буда намебоист ба хонае равад, ки фақат мард дорад!
– Хуб, бе шавҳар будани ӯ айби кист? – оташин шуд Салим ва бештар ба шӯр омад: – Агар писари эркаат монда гум намешуд, ин бечора ҳам бе шавҳар намемонд! Ҷойи ин ки набудани акаамро маълум накунем, мо баръакс: ба захмаш намак пошиданамон пошидан. Ҳамин ҳам аз рӯйи одамгарӣ шуд, оча?!
Гулсун бошад, тоқати шунидани ин суханҳоро надошт, фикру зеҳни ӯ побанди хаёлоти дигар буд. Ҳанӯз ҳам пичингҳои Шарбати ҳамсояаш, ки дар вақти ғӯзачинӣ дар миёни як хона зан зада буд, аз хотираш намерафт: «Келини нозанинат дар ба дар мегаштагӣ шудааст, ба худаш шавҳар мекобад, чӣ бало?» Он лаҳза Гулсун аз хандаю истеҳзои ҷамъи занон хиҷолат кашид. Касе пайдо намешуд, ки пеши ин ғайбату таҳқири беҷоро бигирад, ҳарчанд худи ӯ паст наомада буд: «Ба даҳонат нигоҳ карда гап зан, Шарбат, агар донам, ки келини ман ҳамин г..хӯриро кардааст, сангсораш накунам одам набошам! Ба кадом гӯр рафта буд, ки ту дида мондӣ?» Шарбат аз гӯшу ҳуш шудан ва чашму даҳони бози ҳозирин қувват гирифта афзуда буд: «Дирӯз Маҳтоб аз хонаи Усто Шариф баромадаст. Охир, ҳама медонанд, ки усто ғайр аз чанд бӯзбала каси дигаре дар хона надорад!» Он ҷо Гулсун пай бурда буд, ки кашол додани домани баҳс дар иҳотаи занони ҳангоматалаб ва ба хусус, бо зани кинагиру шаттоҳе мисли Шарбат, фоида надорад. Аз ин баҳсу талош фақат ҳавзхонаи манаҳдорону ғайбатчиён сероб мешаваду бас. Аз ин рӯ, лаб фурӯ бастанро афзал дониста, сар-сарӣ бо ғӯзачинон хайрухуш кард ва аз хона берун омад. То ба ҳол ҳис мекунад, ки он лаҳза, ҳангоми баромадан хандаи баланду ҷонгири Шарбат мисли як тири заҳрдор аз пушт ба ӯ халида буд.
Вақте ки Гулсун ба хона баргашт, бачаҳояш ҳама ба хоб рафта буданд. Агар ҳамон дишаб арӯси «аз пеши худ шуда»-ашро медид, ҳатман ҷазо медод, тикка-пора карданаш ҳам аҷаб набуд. Инак, дар атрофи дасторхон бо «мулоиматӣ» ғазабашро ба сару кӯли Маҳтоб мерехт ва бетоқатона мунтазири як луқма ҷавоби ӯ буд, ки чаро ба манзили Усто Шариф рафтааст. Аммо об дар даҳон нишастани Маҳтоб ӯро бештар асабонӣ мекард ва эътирозу нороҳатии Салим асаре ончунон ба руҳияаш надошт. Ӯ дубора ба Маҳтоб теғ кашида фарёд зад:
– Чӣ шуд, ки аз пеши очаат рост наомадӣ? Дар хонаи Шарифино чира гум карда будӣ?!
Маҳтоб ин ҷо ба асли қазия воқиф шуд. Дарҳол ба хотираш омад, ки парерӯз, ҳангоми баргаштан аз хонаи падарӣ, сари роҳ ғалбери ба амонат гирифтаро ба зани Усто Шариф дода гузашта буд. Дар ёд дорад, он рӯз аз дами дарвоза ҳамсари усто – апаи Умсунро ҷеғ зада, баъд аз ҳолу аҳволпурсии мухтасар ва изҳори сипос аз ҷониби падараш ғалберро пас дода буд. Маълум мешавад, ки ин ҳаракати ӯ ба чашми нокасон афтида, дастаке барои чарбзабонии занони суханчин шудааст. Ӯ сар бардошт:
– Янгаҷон, он рӯз падарам хоҳиш карда буданд, ки ғалбери Усто Шарифа ба хонаашон дода гузарам. Ва ман ҳам аз дарвоза ба дохил қадам намондаам, ҳамон ҷо ба апаи Умсун супурдаму ба роҳам омадам. Ба ҷон зорӣ карданд, ки даме бо ҳам нишинем, суҳбат кунем, аммо Худора шукр, ман ин тавр накардам, худи апа гувоҳ!
Аз ин шарҳи ҳоли Маҳтоб Салим шердилтар шуд ва бо симои ҷиддӣ ба модар эрод гирифт:
– Мебинӣ, оча, бадтинатии одамон то куҷо рафтааст?! То кай мо ба гапи ҳар гуна баду бероҳ шуда дили якдигара мехарошем? Агар ҳеч кас надонад ҳам, ту ки янгаама хуб мешиносӣ! Медонӣ, ҷойи вай каси дигаре мебуд чӣ кор мекард? Аллакай сар мегирифт, мерафт ба хонаи падару модараш. Лекин янгаам ин кора накард, ана дую ним сол мегӯйӣ – тамоми ин муддат бо ману туст, ҳама буду шудаша ба мо бахшидааст. Ношукрӣ ҳам меъёре доштагист?!
Бо вуҷуди ин, Гулсун паст омадан намехост. Беихтиёр рӯмоли сарашро боз карда, мӯҳои фалламонандашро аз болои сар то нӯки ҷамолакҳояш ба тартиб даровард ва дубора рӯмолашро баста истода ба Салим рӯ овард:
– Одамони мо маътали ишораанд, аз паша фил месозанд. Ҳамин як қадами Маҳтоб барои занони маккачин кофист. Ман-ку вая мефаҳмам, лекин даҳони ҳар як ғайбатчира чӣ хел ҷамъ мекунӣ? То ба ҳар кадомаш будушуди гапа мегӯйӣ, хунат аз ҳалқат меояду натиҷае ҳам намегирӣ.
Маҳтоб оромтар шудани модаршӯяшро ҳис карда бо ҳамон сари хам гуфт:
– Маро бубахшед, ҳеч фикр намекардам, ки ин қадар хоки пойи мо сабук аст.
Салим низ пушташро ба сутуни айвон такя дода, мисли як пирамарди солхӯрда бо симои андешаманд дунболи сухани Маҳтобро гирифт:
– Мардум ҳар чӣ гӯяд, бало ба пасаш, мо кори худамона мекунему ғами зиндагии худамона мехӯрем. Ба ростӣ, оча, дигар намешавад ба тақдир тан дода нишаст. Шумо розӣ шавед, ман ба ҷустуҷӯйи бародарам мебароям. Агар пайдо мекардам, ҳама корамон дуруст мешуд, лоақал янгааму Шабнамҷон нафаси осуда мекашиданд.
Гулсун ин хоҳиши писарашро чандин бор шунида буд. Ҳар гоҳ, аз тарси ин ки ӯро низ аз даст медиҳад, ризоят намедод. Ин бори дуюм аст, ки ба арӯсаш туҳмат заданӣ мешаванд. Дафъаи аввал ба хостгорӣ омадани Зарифи кӯпкаритоз ҳамаро ба шигифт оварда буд. Он ҷавони занмурда гӯшворе шунидааст, ки Ҳалим дар мардикориҳо ба фалокат гирифтор шуда аз дунё гузаштааст. Бо ин хабар дуд аз димоғи Гулсуну оилааш баромада буд. Лекин пас аз пурсуҷӯю расидани хабарҳои баъдӣ маълум шуд, ки овозаҳо дурӯғ будааст... Ҳанӯз доғи он рӯзҳо аз байн нарафта, занони бекор аз нав доманҳои покро олуда карданианд. Шояд Салим рост мегӯяд, таваккул ба Худо, агар бародарашро пайдо мекард, нафаси ҳамаро гирифтагӣ мешуд.
– Шумоён аз пайи коратон шавед, – хаёломез ба сухан омад Гулсун ва аз ҷо хеста истода изофа кард: – Ман ба хонаи амаки Ашӯр меравам, гапи гуфтанӣ бисёр дорам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё