Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Маъмулан сокинони деҳаҳои кӯҳистонӣ заминҳои тахту ҳамвор надоранд. Онҳо хонаю дар ва боғу киштзори худро дар нишебиҳои кӯҳ ё теппагиҳо бунёд мекунанд ва бештар дар синаи кӯҳ ҷоеро бармегузинанд, ки хавфи омадани селу тарма ё обхезиҳои мавсимиро надошта бошад. Атрофи хонаро то ҷое, ки имкони дастрасӣ ҳаст, ҳисор мегиранд ва ин ҳотаи худро ба арзи ҳавлии ҳосилшуда то поён – то ҳамон хатте, ки синаи кӯҳ ба рӯд ё ҷару ҷӯҳои васатӣ бармехӯрад, идома медиҳанд.
Хонаи Ашӯрамаки осиёбон дар нишебии кӯҳи Пашметан воқеъ буд. Он бо як таҳхонаи дароз ва айвони тобистона дар қисми болотари ҳота қарор дошт. Аз айвон то таҳхона ва аз он ҷо то лаби рӯд, дуруст то дами дари осиёб, пайроҳае боғи Ашӯрамакро бурида мегузашт. Маҳз ҳамин пайроҳа хатти асосии ҳаракатҳои амак буд, ки бо кашондани ғалладона осиёби худро гардон мекард. Аз сӯйи дигар, оби ҷӯйи калон низ бо андаке каҷ кардани роҳи ҷараёни худ дар ҳолати худҷорӣ бар рӯйи сангҳои осиёб меафтид.
Ғалладонае, ки барои орд кардан оварда мешуд, софу тоза набуд. Вақтҳои аввал Ашӯрамак бо ранҷи зиёд онҳоро бод медоду ғалбер мекард. Баъд аз он, ки бо омадани Алим дар шафати хонааш айвони тобистона сохт, ин мушкилаш осон гардид. Айвон аз чор сӯ боз буд ва сақфи мудаввари нишебдори он танҳо бар рӯйи ҳашт сутуни чӯбии яктикка устувор мехобид. Амак барои бод додан ё ғалбер кардани ғалладона аз рӯйи вазидани бод ҷойи дилхоҳро метавонист интихоб кунад.
Бо мурури замон, вақте ки Ашӯрамак ҳис кард, ҳатто дунафарӣ ба кори осиёб намерасанд, тоза кардани гандуми қабулшударо ба ҳамсараш – Шукрияхола супурд ва духтари ҳамсояи девордармиён – Ҷамиларо низ ба дастёрии ӯ хонд. Худи амак бори расидаро дар таҳхона қабул мекард. Ба хотири омехта ё гум нашудани ҳар як халта исми соҳиби онро дар барчасп ё картонаке навишта ба гарданааш медӯхт. Дигар ба айвон бурдан ва тоза карда ба дӯли осиёб омода сохтани ғалладона ба уҳдаи бонуҳо буд. Халтаҳои ғаллаи тозашударо бошад, бо тартиб, Алим пуштора мекард ва дар анбораки осиёб бағали ҳам дармечид.
Алим дар тӯли шаш моҳ чунон вориди корҳои Ашӯрамак шуда рафт, ки ҳатто бо ин вобастагӣ хонагиҳояшро фаромӯш карда буд ва агар худи онҳо омада аз ӯ хабар намегирифтанд, шояд аслан ба суроғашон намебаромад. Бо амаки осиёбон даст ба даст дода шабу рӯз андармони кор мешуд. Ҳар гоҳ аз номи вай ба хонаашон халтаи орде мерафт, бо худ мефахрид ва ҳис мекард, ки баъд аз танбалиҳои пешин акнун то ҳадде устухон сабук мекунад.
Аз ҳамон рӯзҳои аввале, ки Ҷамила ба ёрдами Шукрияхола омад, дилгармии Алим ба коргоҳ дучанд шуд. Ин духтараки қадраси ситорагарм бо нозу ибоҳои ҳамешагӣ ва бо иштиёқи баланде, ки нисбат ба кору зиндагӣ дошт, дили ҷавонро тасхир карда буд. Баъзан Алимро ҳиссиёте фаро мегирифт, ки бе ихтиёр ба сӯйи таҳхона ё айвон қадам мениҳод ва ду чашмаш дунболи пайкарае мегашт, ки бо чеҳраи дилрабои худ беш аз пеш дар мағз-мағзи ҷонаш хона мекард. Ҳар як ҳаракати Ҷамила дар назари Алим зебо менамуд, ба хусус, вақте ки ӯ бо табақи чӯбин гандумро бод медод, алвонҷ хӯрдани пероҳани гулдораш ва ҳамроҳ бо он дар пушти шонаҳояш бозӣ кардани гесувони аз зери рӯмолак берун омада диққати ҷавонро ба худ мекашид. Алим баъзан ин «рақс»-и духтарро дар лобалои нурҳои офтоб медиду бештар ба ҳаяҷон меомад, тасаввур мекард, ки дар пеши назараш фариштае бол мезанад.
Бо гузашти айём Ҷамила низ ба нигоҳҳои пинҳонии Алим пай бурд ва дар дили ӯ низ ҳисси гуворое ламъа зад. Бо ин ки Алимро орому фурӯтан ва ҳамеша машғули кор медид, дилаш мехост бо ӯ дар суҳбат ояд, ҳазлу шӯхӣ кунад. Алим бошад, бо вуҷуди ҳар гуна шайтониаш, наметавонист ба духтар чизе гӯяд. Вақте ки рӯ ба рӯ мешуданд, то буногӯш сурх шуда сар мехорид ва бо баҳонае дуртар мерафт. Ҷамила ин шармгинии ҷавонро дида аз дарун ба завқ меомад ва бо нозу карашмаи бештар даргири кор мешуд...
Он рӯз Ашӯрамак бо ҳамсари худ дар суфаи бағали таҳхона, ки он ғарқ дар сояи ғафси шохаҳои паҳну баланди тути садсола монда буд, нишаста чой мехӯрданд. Ҷамила гандумҳои ба айвон кашондаро бод медоду Алим ҳам худро дар атрофи ӯ бо бастану ҷо ба ҷо кардани халтаҳои гандум банд мекард. Ба таъбири «офтобро бо доман пӯшонда намешавад», Шукрияхола ба амак рӯ овард:
– Ҳис мекунед, додош, ин ҷавонҳо хеле ба якдигар унс гирифтаанд.
– Гуфтанӣ ҳастӣ, ки ошиқи якдигаранд?
– Оре, ба ин монанд ҳаракатҳое доранд.
– Дар синну соли онҳо ин чизи табиист, – бо хушҳолӣ гуфт амак дар
идомаи суҳбат, – кош мо ҳам ҷавон мешудему аз нав ошиқӣ мекардем. Он вақт...
– Он вақт-чӣ? – бо кунҷкобӣ миёни гапро гирифт Шукрияхола.
– Он вақт туро рӯз намедодам, занак!
– Э, намуред, шумо! – ҳар ду заданд зери ханда.
Чолу кампир фурӯ дар шӯхиҳои худ аз самти боғ омадани Гулсунро нафаҳмида монданд. Чун ӯ низ хушҳолии ин дуро дида ба завқ омада буд, шӯхиомез ба суҳбат ҳамроҳ шуд:
– Ба чӣ ин қадар дилакатон меравад ё солҳои ҷавонира ёд кардед?
Зану шавҳар модари Алимро рӯ ба рӯйи худ диданду бештар қилқилакашон омад. Бо хушнудӣ хандакунон аз ҷо хестанд ва ҳар ду баробар ӯро ба гирди дасторхон муроот карданд. Ҳанӯз тафси ҳангомаро нагардонда, Ашӯрамак бо ишора ба сӯйи айвон изҳор намуд:
– Бачаҳора бубин, хоҳар, чунон зери тоқӣ гарми суҳбатанд, ки на хандаҳои моёна мешунаванду на омадани тура пай бурданд. Қариниҳошора дидему ба гуфтаи худат, ёшиамон ба эс омад.
– Алимҷона синнаш расидаст, сараша ҷуфт ҳам кунем мешавад, – ба сухан ҳамроҳ шуд Шукрияхола.
Аз ин бархӯрду пешниҳоди амаку хола Гулсун ба ваҷд омад. Бо он ки дар дил мегуфт, «ман дар чӣ хаёл, фалакам дар чӣ хаёл» бо пайравӣ ба суханҳои онҳо афзуд:
– Ҳар чӣ шумоён мефармоед. Алима одам кардед, акнун, ба назарам, писари шумо шудаст, агар гӯед сараша ҷуфт мекунем, ман аз Худо мехоҳам.
Ҳар як ҳаракату ҳолати равонии Гулсун барои Ашӯрамак ошно буд. Ӯ дар ҳар маврид, вақте ки ба чеҳраю чашмони ҳамсари дӯсташ дида медӯхт, дарҳол пай мебурд, ки авзоаш чӣ гуна аст: аз ҳаяҷон ноором аст ё майлу иштиёқе дорад, ё изтиробе ӯро нигарон сохтааст... Ин дам низ ҳис мекард, ки дар аввали рӯз ва андешанок омаданаш бесабаб нест. Баъд, Гулсун ба хонаи ӯ кам андар кам меомад, фақат дар сурати зарурате пеш омадан. Вай Гулсунро хеле дӯст медошт, мисли хоҳари худ нағз медид ва ҳеч гоҳ шаддодию қаҳрҳои ӯро ба рӯяш назадааст. Ба ҳурмати дӯсти худ ба Гулсун эҳтиром мегузошт. То аз дасташ меомад, ёрӣ мерасонд ва ҳиммати худро ба дарё меандохт.
– Сарам ба осмон расид, хоҳар, дер боз наомада будӣ, – бо илтифот ва мулоимати ҳамешагӣ сухан оғоз кард Ашӯрамак. – Имрӯзу фардо Салимро ҷеғ заданӣ будам, халтаи ордаш истодааст.
– Барака ёбед, амак.
– Ба писарат кори худам ҳам буд, мисли дафъаи пеш пӯстлохи бедҳои Йӯлдош лозим шуд. Янгат як заҳмат мекашиду дуди тамоку мехӯрд!
– Ҳо, ман заҳр хӯраму шумо кайф кунед, носатон аз саратон монад, – бо якравии худ ноз кард Шукрияхола.
Қариб ҳама мардони деҳа нос мекашиданд ва ҷолиб он буд, ки барои онҳо ҳамсаронашон ин тарёки рафъи хуморро месохтанд. Шукрияхола низ барои шавҳари худ ҳамеша барги хушки тамокуро захира мекард ва ҳар гоҳ фурсат даст медод аз он нос месохт. Барои таҳияи нос фақат хокистари пӯсти бедро меписандид. Гӯё худаш таъми носро чашида бошад, ба ҳар каси алоқаманд таъриф мекард, ки бо хокистари бед носи мулоим дармеояд ва таҳи забонро ҳам аслан намесӯзонад...
Он рӯз шӯхиҳои чолу кампир буду аз пайи он ҷомаи маслиҳат хостани Гулсун аз Ашӯрамак. Суҳбаташон хеле тӯл кашид. Гулсун лучу пӯстканда вазъияти пешомадаро ба амак таъриф кард ва ҳозир буд ҳар чӣ ӯ гӯяд бетаъхир анҷом диҳад. Он лаҳза Ашӯрамак ба андешаи амиқ фурӯ рафт. Танҳо пас аз сукути тулонӣ, дар ҳоле ки риши сафедча ва пурпушти худро беохир масҳ мекард, ба Гулсун рӯ овард:
– Хоҳарам, хавотир накаш, ту аз пайи корат шав, ман фардо ба хонаат мегузарам, – дигар ҳарфе нагуфта, бо ишораи «шумо – ду нафар бону суҳбати худро кунед», аз ҷо баланд шуд ва ба сӯйи осиёб роҳ пеш гирифт.
Дар хусуси Маҳтоб паҳн шудани туҳмату иғвоҳо Ашӯрамакро озурда сохта буд. Ӯ ҳис мекард, ки гӯё сангеро ба гӯшаи қалбаш овехтаанд ва дар баробари нигоҳҳои маънидори дӯсташ, ки зуд-зуд дар лавҳи хотираш падид меомад, хиҷолат мекашид. Гӯиё дӯсташ ба сӯйи ӯ ангушти тавҳин нишон медод: «Чаро бачаҳои маро ба ҳоли худашон гузоштӣ? Маҳтоб арӯси худат ҳам ҳаст, наход ту ҳам тамошобин бошӣ? Чаро дунболи Ҳалим намеравӣ? Дӯстам, ба ту бепарвоӣ намезебад, ту медонӣ чӣ кор кунӣ, кори имрӯзро ба фардо нагузор!..»
Се рӯзи дигар Ашӯрамак тамоми корҳояшро ба Алим супурд ва саҳарии рӯзи чорум, ҳанӯз равшании субҳ надамида, ба хонаи дӯсташ омад. Тавре ки бо Салим қарор гузошта буданд, ҳамроҳ бо ӯ ба сафар баромад. Умеди Ашӯрамак бештар ба Амони каллапӯсткан буд. Ин марди «аз зери дор гурехта» чанд сол пеш аз деҳаи ҳамсоя бадар рафта, дар ноҳияи Қора- Қамиши Тошканд сокин шудааст. Ӯ фаҳмида буд, ки Амон дар овони наврасӣ бо писари амаки худ даргир шуда, бо қайчии мол мӯҳои сари вайро метарошад ва ҳамдеҳагон «сари амакбачаашро пӯст кандааст»-гӯён ба ӯ лақаби «каллапӯсткан» мениҳанд. Ашӯрамак як гӯшвор шунида буд, ки дақиқан хамин Амон бо писари дӯсташ якҷоя мардикорӣ кардааст ва аз забони ӯ овозаи ё дар Самара, ё дар Уфа будани Ҳалим паҳн шудааст...
Он рӯз субҳи барвақт Ашӯрамак ва Салимро Гулсуну Маҳтоб дар дами дарвоза, бо дилҳои умедвор ва чашмони ашколуд гусел карданд.
\\\*
Офтоб болои сар омада буд. Дамои гармӣ ба сару димоғ мезад. Гулсуну Маҳтоб аз айвони болопӯшида гилему кӯрпачаҳои тагипойиро бардошта, ба суфаи миёни боғ кӯчиданд. Суфа ғарқи сояи дарахти тути бузурге буд, ки бо шоху баргҳои баланду паҳни худ муҳобот мекард. Дар миёни дарахтони боғ ҳамин тути балхӣ аз ҳама соли бештар дошт. Шавҳари Гулсун ниҳоли онро ҳанӯз панҷоҳ сол пеш, вақте ки дар замини сахту санглохи гузари Доничак барои дуруст кардани боғ дасту остин бар зада буд, шинондааст. Ҳар сол, ба маҳзи ин ки мавсими кирмакпарварӣ фаро мерасид, аз бебаргӣ чанд бор бо табар ба тут наздик мешуданд, лекин, аз як сӯ, азамат ва аз сӯйи дигар, ба навъе сеҳрангез ҷилва кардани он баргзанонро наздик шудан намемонд. Касе ҷуръат надошт ба шохаҳояш табар занад. Дар ҳамин мавсим тут ҳосили фаровон медод. Меваҳои сапеду зардгуни ширадори он, ки ҳар яке аз ангушти калон калонтар мешуд, хеле бомаза ва иштиҳоовар буд. Гулсун ҳар сол аз меваи тут ширинӣ ва тутмавиз дуруст мекард. Ба хусус, шириниҳояш чунон болаззат ва кешдор мешуданд, ки сад хел конфету набот дар пеши онҳо арзише надоштанд.
Бо ин ки ҳавои нисфирӯзӣ дамгир буд, то ба суфа аз поини боғ, ки дар он ҷо ҷӯйи калон, на, рӯди пуробе мегузашт, насими форам вазида меистод. Гулсун рӯмоли паҳну шаршарадори худро набаста, аз болои сар партофта буд ва дар зери сояи тут бар рӯйи кӯрпачаи густурдаи Маҳтоб менишаст. Ӯ як лаган лӯбиёро аз пӯст ҷудо мекард. Маҳтоб бошад, гулдӯзии сӯзании худро ба поён мерасонид. Дасту ангуштони ӯ мисли духтарони дигар он қадар наҳифу нозук набуданд, аммо сӯзани кашидадӯзиро моҳирона бозӣ медоронд. Воқеан, гулдӯзии ӯ ҳамто надошт, дар деҳа бо ин ҳунари худ аллакай шинохта шуда буд. Духтаракон, ба хусус, наварӯсон нақшдӯзии рӯйи болишту тӯшакҳо, сӯзанию таҳмонҳо, рӯмолакҳои арӯсӣ, зеҳу узораҳо ё пардагиҳои худро бештар ба ӯ мефармуданд. Маҳтоб саъй мекард ҳама дархостро пазируфта ба мавқеъ онро анҷом диҳад. Ӯ ба ивази заҳмати худ чизеро тамаъ намекард, аз ҳар гуна ҳиммати муштариёнаш розӣ ва мамнун мешуд. Барои Маҳтоб муҳимтар аз ҳама он буд, ки модаршӯяш ба ин шуғли ӯ коре надошт ва худаш бо дилгармӣ ҳунари дастиашро сайқал медод. Ҳар гоҳ ба даст кашидаю курҷук мегирифт, дар чеҳраи модаршӯ хушҳолиеро пай мебурд ва бо майли тамом ба кор мечаспид.
Худи Гулсун ҳам дар овони ҷавонӣ кашидаю гулдӯзӣ мекард. Вақте ки синнаш ба ҷое расиду чашмонаш неши сӯзану риштаро намедидагӣ шуд, ин пешаро ҷамъ кард. Ҳар гоҳ ба гулдӯзиҳои арӯс чашмаш меуфтод, бо ҳавас ба кори ӯ диққат медод, ба ҳаракоти ангуштон ва гулу нақшҳои ҳосилшуда нигоҳкунон, хаёлан ба овони ҷавонӣ сафар мекард.
Маҳтоб охирин нахро аз рӯйи боли кабӯтар гузаронд. Сипас сари дузону нишасту сӯзаниро аз ду гӯшааш гирифта алвонҷ дод ва онро дар назди Гулсун паҳн карда бо маънии «чӣ хел шудааст?» ба модаршӯ рӯ овард. Гулсун хам шуда аз бари сӯзанӣ дошт ва бо иштиёқи баланд ба нақшу нигор ва аксҳои он зеҳн монд. Нахуст нақши бузурги ҳаштдоираӣ, ки дар васати сӯзанӣ бофта шуда буд ва дар миёнҷойи худ акси Хуршеди нурафшонро дошт, ба чашм мехӯрд. Дар чор ҷониби он нақшҳои ҳаштдоиравии майдатар ба назар мерасид, ки мутаносибан бо нақши марказӣ ҳамхонӣ мекарданд. Давр то даври сӯзанӣ бошад, ба арзи яку ним ваҷаб хатҳои мустатилӣ кашида шуда буд, ки дар дохили худ хатҳои мавҷдор ва шохаку баргҳои хурду бузургро фаро мегирифтанд. Охири хатҳои росту мавҷнок дар чор гӯшаи сӯзанӣ ба акси чор кабӯтар, ки рӯйи шохакҳои бед менишастанд, бармехӯрданд. Зернамои кабӯтарҳо бо ранги обии равшан, ки гӯё осмони софе бошад, кашидадӯзӣ шудааст. Аз ин ҳама дар паҳнои сӯзании қирмизранг намои мунаққаш ва ҷолибе ҷилва медод.
Гулсун ба дастдӯхти келинаш дуру дароз зеҳн монд. Ниҳоят, дар ҳоле ки маълум буд аз тамошои он наметавонад сер шавад, бо мамнуният изҳор кард:
– Ин ҳамон сӯзание, ки холаи Мусалламат фармудааст?
– Оре, мегӯянд ҷиҳези арӯсӣ ҳама чиз дораду фақат сӯзанӣ не. Имрӯз худи холаам омаданӣ буд, лекин даракаш нест.
– Бинад, хурсанд мешавад, – Гулсун пештар лағжида бо даст рӯйи сӯзаниро чанд бор палмосид ва афзуд: – Корат нағз баромадаст, маҳин дӯхтаӣ, ҳама рангҳоят пушти ҳам ба якдигар соз омадаанд.
Маҳтоб дарун-дарун хушҳол шуд, дар чеҳрааш табассум давид. Бо ин болидагӣ келину модаршӯй ба ҳам дида дӯхтанд, ин гуна ҳолат барои онҳо кам андар кам иттифоқ меуфтод. Гулсун ба сухани худ идома дод:
– Пеш аз тӯй одам аз кори зиёд саргаранг мешавад. Холата дасташ нарасидагист ё аз ёдаш рафта бошад ҳам аҷаб нест. Худат бару те, савоб мегирӣ.
Аз муомилаи ширини модаршӯ Маҳтоб бештар ба ваҷд омад. Аз ҷо хеста истода сӯзаниро ҷамъ кард ва гуфт:
– Хуб шудаст, янга, ман тез бармегардам. Фақат аз Шабнам бохабар шуда истед.
– Хавотир накаш.
Гулсун дубора ба лӯбиёи тағорааш часпид. Лӯбиёро аз пӯст ҷудокунон мурғи хаёлаш ба даври Ҳалим парвоз кард. Ба гум шудани писар аслан бовараш намеомад, беному нишон ғоиб шудани ӯ барояш мавҳум буд. Медонист, ки маҳз ҳамин писараш хеле чусту чолок ва дар кори худ «пишшиқ» буд. Ӯ аз онҳое нест, ки ба осонӣ ба тақдир тан диҳад. Азбаски дидадаро буд ва корҳояшро пухта анҷом медод, ҳар замон дар ҳаққи ӯ таъриф мешунид. Занҳои деҳа ба Ҳалимаш бо ҳавас менигаристанд, «мисли додояш ба ҳама меҳрубон, – мегуфтанд онҳо, – аз кор сар намебардорад. Ҳар кӣ ба ҳашар гӯяд ё хоҳише кунад, бо сар медавад...» Вале дую ним сол мешавад, ки аз ин ҷигаргӯшааш дарак нест. Болои сӯхта намакоб, аз даҳони Амони каллапӯсткан хабари вафоти ӯ, агарчи дурӯғ буд, паҳн шуду ҳанӯз ҳам дилу ҷигараш ғулғула дорад. Аз Худо мехост Ашӯрамаку Салим бо хабари хуш баргарданд, ҳарчи зуд деги иғвою ғайбатҳо пӯшида мешуд. «Кош намемондам ба мардикорӣ равад, решаи ин касбу кор хушк шавад! Ба дигарон ҳавас карду худаша ба обу оташ зад. Ҳамин ҷо бо нони қоқу об ҳам рӯзамон мегузашт. Якравию дӯғу пӯписаҳои худам ҳам бисёр шуд, нагузоштам ором сари бачаҳояш бошад, ба ҳар кораш хӯрдагирӣ кардам...» – Гулсун оҳ кашида, ҳасрати дилашро зери лаб ба худ холӣ мекард.
Бо ёди Ҳалим дили модар об мешуд. Тоза мефаҳмид, ки ҷудоӣ аз фарзанд чӣ қадар дардовар аст. Ҳавоси кас парту парешон мешавад, буғзу хиррок гулуро мегирад, оҳи сӯзон аз сина берун меояд. «Эҳ, Худоё, худат қодиру меҳрубонӣ, Ҳалимҷонама ба оғӯшам баргардон!» – бо нола илтиҷо мекард модар.
– Оча, дар хонаӣ? – садои Алим Гулсунро ба худ овард. Ӯ аз тарафи ҷӯйи калон як халта ордро пуштора карда меомад. Маълум буд, вазнинии орд аз ҳад гузаштааст, бо мушкилӣ қадам мебардошт.
Гулсун ҳеч гоҳ Алими худро дар ин ҳол надида буд. Орди хонаро фақат Салим мекашонд. Дар айни ҳол коргарии ин писари «якраву гапнодаро» ӯро хушҳол кард. Беихтиёр аз ҷо баланд шуд ва ба имдоди писар шитофт. Дар сурате ки чашмони аз ашкҳои ҳасрат пуршудааш ҷило медоданд, ба Алим наздик шуда бо мамнуният ва дилгармӣ изҳор кард:
– Писарам, худата дар азоб мондаӣ, бо харамон ҳам меовардем, – ӯ хост аз як гӯшаи халта бигирад, аммо Алим бо ин ки аз хастагӣ базӯр нафас мекашид, гуфт:
– Ист, оча, то ошхона ду қадам монд, худам мебарам.
Гулсун дар ҳамон суфаи зери тут барои Алим дасторхон паҳн кард. Очаю бача бо дилгармӣ ба пурсупоси якдигар пардохтанд...
Алим баъд аз оғози кори осиёб чандин бор бо модараш вохӯрдаву ҳамсуҳбат шуда буд, аммо ҳамааш дар хонаи Ашӯрамак. Шояд бори аввал буд, ки бемалол дар хонаи худӣ менишастанд. Ӯ дигар он бачаи хому сабук набуд. Шонаҳояш паҳнтар, бозувонаш қавитар ва нигоҳу чеҳрааш низ ҷиддитар ба назар мерасид. Гулсун дар симои писари худ як марди дар кору заҳмат пухташудаеро медид. Аз андоми устухонӣ ва лабу лунҷи нозуки ӯ осоре намонда буд. Алим оромона, мисли мардони калонсол бо андеша ҳарф мезад. Ҳар як суханаш ҷон дошт, маълум буд, ки аз сахтию сустиҳои рӯзгор то ҷое бархурдор шудааст. Вақте ки аз кору шуғлҳояш таъриф мекард, модар гӯшу ҳуш ба ӯ шуда, ҳар замон бо мамнуният дасташро аз рӯйи китфҳояш мекашид.
– Кори осиёб тамом намешавад, секаса ҳам шабу рӯз ҷон канем, намерасем. Ҷойи Ашӯрамак холӣ, ҳама кора худаш саришта мекардасу мо бехабар, – мегуфт Алим. – Талабгори орд рӯз ба рӯз зиёд мешавад, аллакай рӯйи як коғаз аз номи одамони навбатгирифта пур шуд. Ба Шукрияхола таъйин кардам, ки дигар ба касе ваъда надиҳад. Аз гандуми овардаи амак як ҷуволаш мондасу бас. Дирӯз пеши раиси колхуз рафтам, мегӯяд, агар гандум дошта бошӣ, ту ба ман қарз дода ист. Колхуз ҳам ба кунаш шишта будасу мо бехабар. Худо накунад, ки дубора норасоии орд ба сари одамон афтад. То дарав се-чор моҳи дигар ҳаст. Бечора оилаҳои серфарзанд азоб мекашанд. Аз мондаву рондаи осиёб камтар ҷамъ карда бо Ҷамила ба хонаи Наимаапаю Фирӯзахола дода фиристодам. Ҳанӯз қарзҳояшона накандаанд, боз аз омада пурсидан хиҷолат мекашанд.
– Худо умри Ашӯрамака дароз кунад, тура ба кор гирифту оилара аз чанд ташвиш озод кард. Ҳамин ҳар моҳ орд дода истоданаш як давлати калон, – аз писараш чашм наканда гап андохт Гулсун.
Алим ба тасдиқи суханони модар афзуд:
– Рост мегӯйӣ, оча, мана ҳам ба як дунёи дигар баргардонд амакамон. Гоҳ-гоҳ инҷиқиҳои бачагира ба ёд меораму аз худам шарм медорам. Дар воқеъ, оча, аз пулҳои додаи Ашӯрамак пасандоз кардам, – ӯ як бастаи латтапечеро бароварда ба модар дароз кард ва гуфт: – Инҳоро дар сандуқат саришта кун, ба маҳзи расидани додиям ба халқ ош медиҳем. Таҳи дилам кушод, Ашӯрамак албатта ӯро меёбад.
Гулсун чунин ҳиммати писарашро умедвор набуд. Аз дасти дарозкардаи Алим бастаи пулро гирифта истода, беихтиёр ашки шодӣ рехт. Ӯ наздиктар шуд ва аз пешонии писар бӯсиду ӯро як дам дар оғӯши гарми худ нигаҳ дошт ва дуо кард:
– Барака ёбӣ, писарам, ту хеле калон шудаию ман нафаҳмида мондаам. Илоҳӣ, дастакот дарда набинад, хока гирӣ зар шавад, умри дароз бин, писарҷон!
Алим аз хурсандии модар боз ҳам хушҳолтар шуд ва гӯё чизеро гум карда бошад, ба ин тараф он тараф чашм давонд. Ӯ аз набудани Маҳтоб ба тааҷҷуб омада пурсид:
– Янгам куҷост, наменамояд?
– Келин сӯзании холаша тайёр карда буд, ҳамона бурд. Ҳамин-замон пайдо мешавад.
– Аз нӯки маошам куртагӣ харидам, – Алим бастаи дигари коғазпечеро, ки бо худ оварда буд, ба модар дод, – агар ба янгаам маъқул шавад, хурсанд мешудам. Бечора, аз ман дилаш сахт мондагист, намедонам чӣ хел гуноҳҳоямро бишӯям.
– Ин тавр нагӯ, писарам, он рӯзҳо гузашту рафт. Мо ҳамаамон туро бахшидаем, дар бачагӣ чиҳо намешавад, мегӯйӣ?!
Алим дигар мунтазири Маҳтоб намонда, тараддуди хестан кард ва гуфт:
– Ман ба корам меравам, оча, ба янгам гап доштам, агар дасташ расад, як ба хонаи Ашӯрамак гузарад.
– Ба чӣ шитоб дорӣ, як коса дӯғ хӯрда мерафтӣ, мешуд, янгат ҳам омада мемонд.
– Эҳ, кош нишаста метавонистам! Як қадам дуртар равам, Шукрияхолаю Ҷамила худашона гум мекунанд.
– Ба янгат чӣ кор доштӣ?
Ба рухсори Алим каме сурхӣ дамид, дар ҳоле ки лабханд мезад, гуфт: – Ин сир, оча, – ва аз ҷо баланд шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё