Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Пайдо кардани манзили Амони каллапӯсткан барои Ашӯрамак ва Салим мушкил нагузашт. Гарчи шаби аввалро дар меҳмонхона сипарӣ карданд, рӯзи дигар, бо дамидани субҳ аз пайи суроғи гирифтаи худ мустақиман ба Қора-Қамиш омаданд. Ба бахти онҳо, Амони каллапӯсткан дар хона буд. Оре, ӯ дар хона буд, вале ҳоли бетобу мискинонааш дили касро ба изтироб меовард. Ӯ рӯ ба сақф рӯйи тахт хобида, базӯр нафас мегирифт ва поҳояш мисли машк варам карда буданд. Дар чеҳрааш рангу нуре ба назар намерасид, чашмонаш ба косахона фурӯ рафта, тамоми сурати заҳиргаштаашро риши мошубиринҷ пахш карда буд. Аҳёнан аз решаҳои дил месурфид ва базӯр худро ба даст гирифта, нафасашро рост мекард. Ӯ бо дидани Ашӯрамаку Салим хушҳол шуд. Талвоса кард аз ҷо баланд шавад, вале камдармонӣ ва шояд дарди ҷонкоҳи вуҷудаш ба ин имкон надод, ки дубора сару китфони худро ба болин партофт.

Ашӯрамак бо дидани ин гуна дармондагии Амони каллапӯсткан дастпоча шуд. Ҳамин ки бо мурооти зани ӯ дар бағали тахт, бар рӯйи кӯрпача нишаста гирифт, базӯр ҳисси раҳмдилиро дар худ хӯрда ба сухан омад:

– Додар, моро бубахш, намехостем туро нороҳат кунем. Аз Худоям фақат саломатӣ мехоҳам, фикр намекардам ин ҳама азоб ба сарат омадааст.

Амони каллапӯсткан ба оҳистагӣ ва бо овози хирросии худ лаб ба сухан кушод:

– Маро хурсанд кардӣ, Ашӯрамак, хуш омадӣ. Дер боз аз ҳамқишлоқиҳо касеро надида будам.

– Чӣ шуд, додар, чаро ба ин ҳол афтидӣ?

– Худам ҳам нафаҳмида мондам, – Амони каллапӯсткан даст ба сурат кашид ва бемадорона афзуд: – Қариб ду моҳ аст, ки рӯйиҷойӣ шудаам, тамоми баданам бод карда, сари дилам месӯзад. Ба гумонам, хунукиҳои Русия корамро кардааст.

– Худо шифо диҳад, ноумед нашав, додар, – гуфт Ашӯрамак, дар ҳоле ки намедонист чӣ ҳарфе барои дилбардорӣ гӯяд.

– Кошки.

– Хӯрду хӯрокат чӣ тавр, кӣ ба ҳолат менигарад?

– Ман, ки ғайр аз ҳамин келинат дигар касе надорам. Худо умраша

дароз кунад, шабу рӯз болои сарам, – Амони каллапӯсткан каме сукут кард. Чун дилашро барои меҳмонони худ мекушод, аз ғояти хурсандӣ шушаш пур мешуд ва беихтиёр даст рӯйи чашмони обгирифтааш мекашид. Ӯ дубора ба сухани худ идома дод: – Пур гуноҳ кардам, Парвардигорам ҳатто як фарзандро бароям раво надид. Акнун бошад, дар бистари беморӣ мехам кардааст, намедонам ба кӣ арзу дод кунам.

Матлаби аслӣ аз ёди Ашӯрамак бардошта шуда буд. Дар ҳушу хаёли ӯ ҳисси ҳамдардӣ хона карда, бо тамоми вуҷуд дарди Амони каллапӯстканро сабук карданӣ мешуд.

– Тавба кун, додар, Худо бузургу меҳрубон аст, – гуфт ӯ, – албатта мушкилат осон мешавад.

– Кош ҷонамро мегирифт, душманат ба ин ҳол наафтад, Ашӯрамак. Агар медонистам ба ин бадбахтӣ гирифтор мешавам, ҳамон рӯз ҳамроҳи Ҳалим ман ҳам худамро аз мошин ҳаво медодам. Намедонам ба сари додарам баъдан чӣ рӯзҳое омад, лекин ҷонашро наҷот дод. Ҳамон рӯзҳои аввал ба қишлоқ хабар карданӣ будам, аммо аз дастам наомад. Агар дубора Садрӣ- баззозро намедидам, шояд то имрӯз ҳам касе хабар намеёфт...

Ба тану пайкари Ашӯрамак ҷон дамид. Хеле мехост тезтар суроғи писари дӯсташро бигирад, аммо ҳоли сангини Амони каллапӯстканро дида, намедонист чӣ тавр манзурашро баён кунад. Дар ин хусус гап кушодани худи ҳамсуҳбаташ ӯро шердил кард ва бо алоқамандии бештар ба ӯ гӯшу ҳуш шуд. – Шаш моҳ мегузарад, дар Тошкандам, лекин ягон рӯзи Худо дарду

ранҷ тану ҷонамро тарк накардааст, – ба суханаш идома дод Амони каллапӯсткан, – дар қишлоқ додаронамро озор медодам, аз дасти мани густоху ҷангара модари бечораам зери гап монда буд. Ба хурду калон дод мезадам, як худобезор ва мардумозори гузаро будам. Охир корам ба ҷое расид, ки ҳамдеҳагон ба ман дарафтиданд. Аз тарси онҳо гурехта дар ин ҷо паноҳ бурдам. Келинатон бошад, ба ҳама зарбу лату бадгӯйиҳоям нигоҳ накарда аз думболам омад. Лекин обуҳавои шаҳр мисли деҳа нест, ин ҷо ҳеч кас эркагии туро намебардорад. Аз дасти ночорӣ ба сафи мардикорон пайвастам. Бо Ҳалим низ ҳамон ҷо, дар бозори мардикорӣ вохӯрдам. Шаҳриёни пулдор аз мо то диққи нафас шудан кор мекашиданд. Ба ивази машаққатҳои беохир пули ночизе мегирифтем, фақат ба шикамсерӣ мерасид.

Амони каллапӯстканро сурфаи сахте гулугир шуд. Ӯ беист ва тулонӣ сурфакунон аз ҳол рафт. Чеҳрааш суп-сурх шуда чашмонаш гӯё аз ҳадақа берун ҷастанд. Ашӯрамак ҳеч коре наметавонист бикунад, фақат ду-се дастмоли коғазӣ ба дасти ӯ доду мунтазир монд, то ба худ ояд. Ниҳоят, лаҳзае чанд гузашту ором шуд ва Ашӯрамак бо дилкашолӣ ба суҳбати ӯ гуфт:

– Ту сахт шамол хӯрдаӣ, додар, бояд ба духтур равӣ. Ҳар мушкилиро илоҷе ҳаст, албатта сиҳат мешавӣ.

– Кошки...

– Амак баъд чӣ шуд? – бетоқатона ва дар ҳоле ки ба вазъи Амони каллапӯсткан дилаш месӯхт, ба суҳбат ҳамроҳ шуд Салим. Ӯ хеле мехост аз пешомадҳои бародараш ҳарчи зуд воқиф шавад.

Амони каллапӯсткан оромона ба нақли худ идома дод:

– Як рӯз, ба одати маъмул, саҳарии барвақт дар бағали бозори Чорсу ҷамъ омада будем. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, он замон як зане пушти фармони «Нексия» омаду рост дар рӯ ба рӯйи ман қарор гирифт. Бе он ки пиёда шавад, шишаи пешро поин оварда маро бо ишораи даст ба сӯйи худ хонд. Ман, ки мисли дигар мардикорон ҳамеша чашм ба роҳи ин гуна корфармоён будам, давида ба мошин часпида гирифтам. Ғайричашмдошт, хоҳиши зан аз талаби корфармоёни дигар билкул фарқ мекард. Барои ӯ се-чор мардикоре лозим буданд, ки барои кор ба Русия рафта тавонанд. Он лаҳза, ба шумо дурӯғу ба Худо рост, он зани фармонбадаст ба назарам чун як фаришта ҷилва мекард. Гӯё ки аз муддаои дили ман огоҳ бошад, мустақиман маро хонданаш хеле ҷолиб буд. Росташро гӯям, он рӯзҳо пинҳонӣ аз пайи ҳамин гуна нафаре мегаштам, ки дар хориҷа бароям коре дуруст кунад. Ҳамроҳам Ҳалим низ доим ин орзуро дошт.

Он рӯз дарҳол ду нафари дигарро пайдо кардам ва чорнафарӣ сар ба итоати зани корфармо ниҳодем. Ӯ моро ба хонааш бурд ва тамоми шаб бо як нафар ҳамкори худ ба исми Никита, ки дар шаҳри Самара машғули корҳои сохтмонӣ будааст, телефонӣ суҳбатҳое анҷом дод. Ниҳоят, қарор шуд рӯзи дигар моро бо поезд ба Русия фиристад. Мебоист, ба маҳзи ин ки ба Самара расидем, ба он ҳамкораш телефон кунем...

Амони каллапӯсткан ором шуд. Маълум буд, ки хаста шудааст, аммо ба рӯй овардан намехост. Омадани Ашӯрамаку Салим ва нигоҳҳои кунҷковонаи онҳо, ки ҳарисона будушуди воқеаро донистан мехостанд, ӯро водор менамуд, ки худро ба даст гирад ва ба андозае, ки воқеаҳои гузашта дар зеҳнаш ҳаст, барояшон таъриф кунад. Ӯ дубора худро ҷамъ кард ва ба суханаш идома дод:

– Баъд аз чор рӯзи бардорузанҳои роҳ мо чор нафар шӯрпешонӣ дар вокзали шаҳри Самара пиёда шудем. Шаб торик буд, ҳаво сард. Сели одамони аз қатор фуромада дар як зум пароканда шуда, истгоҳи роҳи оҳанро дар ихтиёри даҳ-понздаҳ нафар мусофири мисли мо «бехонаҳо» гузоштанд. Ману Ҳалим дарҳол ба хонаи навбатдори вокзал шитофтем. Бо сад илтимосу зорӣ аз он ҷо ба суроғи Никита сим задем. Аммо ба телефонҳои мо касе ҷавоб надод. Ноилоҷ, чун гурбаҳои дар об зада, ба ҳавлии назди истгоҳ баромадем, намедонистем чӣ кор кунем, ба куҷо равем. Дар он ҳолате, ки сари калобаамонро гум карда бесарпаноҳ монда будем, милисаҳои посбон ба суроғи мо омаданд. Онҳо на як нафару ду нафар, балки як гурӯҳ буданд. Ҳамин ки аз миниавтобуси худ пиёда шуданд, дар як чашм пӯшида кушодан ба гӯшаву канори вокзал пахш шуданд ва ҳар кӣ ба назарашон бегона метофт, бепурсуҷӯ кашолкунону теладеҳон ба мошини болопӯшидае бор карданд. Дар қатори «асирон» ману Ҳалим низ ба тӯри милисаҳо, ки ба қавли худашон «рейд» мегузарониданд, афтидем. Шояд ним соат дар роҳ будем, моро бо миниавтобус ба ҷое оварданд ва дар як таҳхона, ки ҷуз роҳрав ягон ҳуҷрааш чароғ надошт, зиндонӣ карданд, - Амон аз таҳи дил оҳ кашид. – Ҳамин... Ба умеди фардои нек як соли умрамон дар зери тазйиқоти формапӯшону азобҳои ҷонкоҳи бардагӣ гузашт. Шояд бовар накунед, аз ману Ҳалими аввалӣ суробе боқӣ намонд, чун чӯбҳои хушк қоқиштак шуда рафтем...

Амони каллапӯсткан даст ба рӯйи чашмонаш кашиду дубора хомӯш монд. Мехост бо фурӯ бурдани оби даҳон буғзи гулуяшро бишканад ва дидаҳои пуробшудаашро пинҳон кунад. Аён буд, ки он лаҳза шиканҷаҳои айёми наҳси аз сар гузарондаашро дар тану ҷони худ ҳис мекард. Ашӯрамаку Салим бошанд, ҳанӯз аз нақлҳои ӯ қонеъ набуданд. Ҳарчанд ба ҳоли заифонаи ҳамдеҳаи худ раҳмашон меомад, боз ҳам мехостанд ӯ ҳарф занад, тезтар дар хусуси Ҳалиму маҳалли сукунати ӯ хабар диҳад. Бештар ҳавсалаи Салим сар рафта буд, ӯ бетоқатона пурсид:

– Яъне худи милисаҳо шуморо зери кор гирифтанд? Пинҳонӣ, ба касе нагуфта зиндонӣ карданд?

Амони каллапӯсткан оромона ба гап даромад:

– Ҳамон таҳхона ҷойи зиндагии мо буд, аммо ҷойи корамон... Аз гуфтан ҳам хиҷолат мекашам, аммо чаро пинҳон кунам, ману Ҳалими сарсахт як соли дароз зери пойи хуконро тоза кардем. Дар ҳақиқат, як хукхонаи дурафтода аз шаҳр маҳалли кори мо буд. Он ҷо як марди тотор ба исми Ринат хукбонӣ ва ба мо корфармоӣ мекард. Ба русӣ бо лаҳҷаи ғализ ҳарф мезад, аз баду бероҳ гуфтан хаста намешуд. Ӯро чашми дидан надоштем, вале аз тарси милисаҳои маъмур маҷбур будем ба ҳама фармонаш итоат кунем. Ӯ моро ночор медиду ҳар чӣ дилаш мехост, анҷом медод, бо мазоҳу масхаракуниҳои беохир аз болоямон механдид. Агар, мабодо, аз бинӣ боло сухане мегуфтем, зери лату кӯб мемондем. Гӯё зиндагии мо дар мамлакати кӯрон буд, ки ба он якчашма подшоҳӣ мекард.

Дар давоми як соли бардагӣ рӯйи пулро надидем. Милисаҳои навбатдор намегузоштанд, ки як қадам дуртар аз коргоҳ ё хобгоҳ равем. Ҳар гуна илтимосу илтиҷои мо чун бод аз буногӯши онҳо гузашта мерафт. Рӯзҳо пайи ҳам сипарӣ мешуду ҳисси нафрату адовати мо бар корфармоён бештар мешуд ва мудом интизори фурсати муносибе будем, ки аз дасти ғосибон фирор кунем. Ниҳоят, дар як шаби зимистон, вақте ки бо мошини «Газел»-и соҳибкор аз хукхона бармегаштем, Ҳалимҷон таваккул кард. Дар ёдам ҳаст, он шаб мошини мо аз канори роҳи оҳан ба пеш мерафт ва аз самти чап ҳам ба дарозои роҳи мошингард нишебие буд, ки охираш ба чашм намерасид. Ҳамин ки то нисфи роҳ расидем, ламъидани чароғакҳое аз самти деҳаҳои атрофи Самара ба чашм хӯрдан гирифт. Ҳалими аз сахтиҳо ба танг омада аз банди дастам дошт ва бо овози расо гуфт: «Додӣ, агар Худо меҳрубонӣ кунаду зинда монем, боз бо ҳам вомехӯрем. Агар на, хости тақдирамон. Маро бубахшед, ман дигар таҳаммули ин ғуломиҳоро надорам». Он лаҳза тамоми вуҷудамро ваҳм зер кард, сахт аз банди дасташ дошта хоҳиш кардам, ки ба худ ояд, аз раъйи худкушӣ баргардад. Аммо Ҳалими мо ба гапам гӯш надод. Ӯ мисли як бабри ба ғазаб омада ҷуссаашро бо як ҷаҳиши баланд аз канораи мошин ба поин афканд. Дар миёни шуввоси боду гур-гури мошин ҳеч садое дигар аз Ҳалим ва бархӯрдани ӯ ба замини доманнишеб нашунидам. Дар торикии шаб ҳам ҳеч суробе дигар ба чашмам нанамуд. Ман он рӯз аз ҳамраҳу ҳамрози азизам ҷудо шудам, аз ӯ умедамро кандам. Фикр намекунам, ки касе баъд аз бархӯрдани ончунон ба замин ва сарозер шудан ба ҷари бетаг, тавре ки Ҳалим карда буд, ҷон ба саломат бибарад.

Баъд аз ғоиб шудани Ҳалим корфармоёни ғаддор як ҳафтаи тамом маро зери истинтоқ гирифтанд. Обу нон надода, то замоне, ки аз ҳуш нарафтам, калтаккорӣ карданд. Вақте ки ба худ омадам, донистам, ки дар бемористон хобидаам. Аз тарси милисаҳо, ки дубора омада набаранд, комилан сиҳат нашуда аз бемористон гурехтам. Бо сад мушкилӣ дар бозору сару куни роҳҳо мардикорӣ карда, пули роҳамро андӯхтам ва дар аввалин фурсат ба ватан баргаштам. Омадаму бистарӣ шудам. Фақат келинатон болосарам буд, ба ӯ рӯзҳои дидаамро гуфта додам. Боре ҳамин келинатон дар бозори Чорсу Садрӣ-баззозро дида, дар хусуси Ҳалим хабар додааст. Ҳатто гуфтааст, ки Ҳалим шояд дар қайди ҳаёт набошад. Аз он ба баъд хоб бароям ҳаром шуд. Аз тариқи занам дубора суроғи ҳамқишлоқиёнро гирифтам. Намехостам ба Ҳалим, ки ҳанӯз будану набуданаш маълум нест, азо гиранд. Худоро шукр, дуоҳоям мустаҷоб шуду хабари зинда будани ӯро расондам ва инак мебинам, ки шумо бо пойи худ омадед.

Ашӯрамак ва қатори ӯ Салим ҳам ба андеша фурӯ рафт. Дар мағзи амак чанд «манзара» аёну ноаён ҷилва мекард: ҷодаи мошингарди канори роҳи оҳан, нишебии бетаг, маҳалҳои тобони атрофи Самара...

\\\*

Инсон ранҷу азияти корро чӣ қадар метавонад таҳаммул кунад? Ба хусус, кореро, ки суде надошта бошад ва ҷону ҷигари одамро хуноб созад. Вой бар ҳоли касоне, ки дасту пойи худро побанди дигарон мекунанд ва дар кӯйи асорат афтида, аз ҳосили заҳматҳои худ баҳрае намебаранд ва бо ин бенасибӣ ба тақдир тан додаву аз пушти панҷа ба ҳаёти мармузи атроф нигоҳ мекунанд. Ба ҳикмат, зиндагӣ дунёест, ки дар он умри инсонӣ чун дарё равон аст ва ҳар мавҷи пасту болошуда дигар ба ҳолати қаблӣ рӯ намедиҳад. Дар ин дунё одамро фақат талоше мебояд, то қирраҳои тобнокаш бо муҳтавои пурбор ҷило диҳад. Ва фақат бо ҳамин саъю талош мағзи инсон беҳтару самарбахш кор мекунад ва расидан ба умеду орзуҳои нуҳуфта, ки армони доимии қалбҳост, осонтар мешавад.

Наздик буд ҳама туғёни ботинии Ҳалим ҳамроҳ бо ҷисми наҳифу лоғаршудаи ӯ дар ботлоқи бардадориҳои беохир ғарқ шавад ва дар замоне, ки инсонҳо бо ҳавои озодболӣ барои доштани имконоти бештар талош мекунанд ва барояшон асорату зӯроварӣ билкул бегона шудааст, орзуҳои беолоиши қаъри дилашро фаромӯш кунад. Ҳалим дигар ёрои дасту панҷа задан бо хукхонаю хукҳоро надошт. Ҷони ӯ ҳам аз бӯю тафти гулугиру иштиҳобанд ва ҳам аз таҳхонаи намноку тазйиқи милисаҳои бадхӯ ба сер омада буд. Ӯ омодагӣ дошт дар аввалин фурсат ин ҳаёти пуразобро, ки бар сараш бор шудааст, тарк кунад ва ба сӯйи пайвандони худ болу пар кушояд. Ӯ шабу рӯз азизони худро ёд мекард, вале чун медид коре аз дасташ намеояд ва ҳатто як пора коғазро ба нишонии онҳо фиристода наметавонад, дар худ мепечид, ба сару тани хеш мушти таассуф мезад. Ӯ пайваста меандешид, ки чӣ тавр бехабар монду дар як таҳхонаи заҳкашида ва хукхонаи бӯйгирифта бе ресмон баста шуд, наход роҳе барои наҷот набошад? Аз сӯйи дигар, Ҳалим медид, ки ҳоли Амони каллапӯсткан аз ӯ бадтар аст. Ин рафиқи солманду дар ҳасрат мондааш низ дар доми пушаймонӣ афтида, ҳар соату ҳар лаҳза тарҳи фирорро барои худ мекашид.

Ниҳоят, он шаби зимистонӣ, вақте ки аз кор ба таҳхонаи худ бармегаштанд ва мошини «Газел» дар роҳи асфалтӣ чун бод пеш мерафт, Ҳалим, бе он ки оқибати муҳликоварро биандешад, таваккул ба Худо кард. Ӯ кайҳо фаҳмида буд, ки бе ҳеч пурсупоси қонунӣ зиндонӣ шудаанд ва ҳеч касеву ҳеч санаде пуштибони онҳо нест. Агар дар ин асорат ҷон ба Ҷаббор таслим ҳам кунанд, касе ҳаққи эътироз карданро надошт. Фақат беному нишон, дар шароити дамгир ва зери бору машаққатҳои сангин мурда рафтани ӯву ҳамроҳаш мемонду бас. Азбаски назорату дунболгирии милисаҳои нигаҳбон рӯз ба рӯз сахттар мешуд, Ҳалим дар пеши худ ҷуз фирор кардан дигар чораеро намедид. Ба хусус, вақтҳои охир ба қатори онҳо ҳамроҳ шудани даҳ нафар «асир»-и беҳуқуқи дигар рӯзгорро барояшон бештар сиёҳ кард. Ҳалим дар фарҷоми андешаҳои бесару нӯкаш, ҳангоми бо мошин рафтан, ба таври қатъӣ тасмим гирифт. Пас аз худоҳофизӣ бо Амони каллапӯсткан дудаста аз канораҳои мошин дошт ва чашмони худро муҳкам баста, бо тамоми қувват ба самти нишебии беохире, ки дар канори роҳи асфалтӣ ба дарозо хобида буд, худро ҳаво дод. Ӯ мисли як сангпорае, ки аз болои кӯҳ ба зер партофта бошанд, сараввал сахт ба замин бархӯрд ва бо суръати сарсомовар гоҳ ба пешу гоҳ ба пушту гоҳе ҳам ба бағал ғелида- ғелида аз дӯнгӣ ба поён сарозер шуд. Ҳанӯз ба охири нишеб нарасида дар миёнҷойи он худро бо зарб ба буттаи ғафсе зада гирифт. Шохаҳои зичу кешдори бутта чун пружине гавдаи ӯро бардоштанду аз нав ба замин парчин карданд. Ҳалим талвосаи ҷон карда хост аз ҷо баланд шавад, вале ба маҳзи ин ки сари ду по нимхез шуд, худро бевазн ва муаллақу беҷон ҳис кард. Бо ин ки поҳояш аз дарди ҷонкоҳ месӯхтанд, замину осмон дар гирди сараш бо суръати баланд мечархиданд. Ӯ натавонист худро нигаҳ дорад, дубора сар ба поин шуд ва ғелида то зери нишеб рафту дигар аз ҷо барнахест...

Дар асл, он лаҳза ҳама умеди Ҳалим ба ҳамон шаҳраке банд буд, ки бо чароғҳои бешумор ва тобони худ дар наздикиҳои роҳи мошингард ба назар мерасид. Ӯ медонист, ки бо ин амали номуносиб ҷони худро дар хатар мениҳад, вале аз таҳи дил умедвор буд, шояд роҳгузаре ба додаш бирасад. Агар лат хӯрад, маъюб ҳам шавад боке нест, фақат зинда монад шуд. Зинда мондани ӯ идомаи ҳаёт гуфтан аст.

Қазоро, ба Ҳалими бадбахт толеъ ёр гардид. Дар ҳоле ки ӯ то субҳи рӯзи дигар танҳо ва шикастхӯрдаву беҳуш мехобид, подабони шаҳраки ноошно он рӯз, аз рӯйи одат, подаи худро аз чарогоҳе, ки наздик ба ҳамон нишебиҳо буд, мегузаронд. Вай аз қафои гову гӯсолаҳои худ аспакӣ меомад ва баногоҳ хӯсидаву шиҳаи пасте кашидани асп ӯро ба худ овард. Ҷонвар бо дидани наъши одамӣ дар ҷойи худ мех шуд. Подабон низ, чун аз ҳаракати ғайриодии асп як қад парида буд, ба маҳзи дидани ҷасади хӯсавор хобида худро поин андохт ва ба сӯйи он шитофт. Ӯ Ҳалимро бо сару сурати харошидаву хуншор ва либосҳои тиккаю порашуда дарёфт. Дарҳол, нахустин коре, ки кард, ду ангушташро рӯйи раги гардан ва ҳамзамон гӯшашро ҷафс карда бар рӯйи қалби Ҳалим гузошт. Чӯпон фаҳмид, ки марди бегона ҳанӯз зинда аст, зарабони қалбаш оҳиста-оҳиста ба гӯш мерасад. Бе мулоҳиза боронии баланди худро аз тан дароварду дар бару китфи Ҳалим партофт ва бо ҳарчи қувват дошт, ӯро ба дӯш бардошта, ба рӯйи зин гузошт. Сипас бо як ҷаҳиш худаш низ савори асп шуд ва беист самандашро маҳмез занонда ба тарафи шаҳрак шитофт. Ӯ Ҳалимро мустақиман ба хонаи духтури ошнояш бурд...

Аз миён як моҳ сипарӣ шуд. Сари кору охири кор духтур ба давру бари Ҳалим гашт ва тавонист ӯро ба забон овараду ба по хезонад. Чӯпон низ рӯз дар миён аз ҳоли «наъш»-и пайдокардаи худ хабар мегирифт ва ҳар чӣ духтур мефармуд, муҳайё мекард. Кӣ будану чӣ шудани Ҳалим барои ҳар ду аҳамияте надошт, онҳо фақат медиданд, ки ғарибе ба ҳоли бад гирифтор шудааст ва наҷот додани ин мустаманд аз беҳолию ноумедӣ қарзи инсонии онҳост.

Вақте ки Ҳалим сари ҳол омад, худро дар иҳотаи одамони ҳалиму меҳрабон дид. Ӯ дарёфт, ки пас аз якравӣ ва амали таваккули худ ба яке аз маҳалҳои атрофи Самара – шаҳраки Нарече афтидааст ва дар он ҷо Николайи духтур, ки дар шаҳрак бо номи «профессор» машҳур буд, ӯро аз марг наҷот додааст. Ҳиммати Сашаамаки подабон бошад, барои Ҳалим чун баҳри беохир менамуд ва намедонист бо чӣ забон аз ӯ сипосгузорӣ кунаду оташи хушнудиро дар қалби худ фурӯ созад. Баъд аз ба по хестан ҳам ӯро ба хонаи худ овардани Сашаамак аз дилгармӣ ва ҷасорати беҳамтое гувоҳӣ медод, алахусус, дар замоне, ки сокинони он манзилҳо бо азобу даву този зиёд чархи рӯзгор мегардонданд.

Ҳалим дар муҳити ноошно, вале хеле гарму самимии бегонагон ҳис мекард, ки қадру қимати инсонӣ болотар аз ҳама чиз аст ва сар мондан ба зонуи дӯстону бародархондҳои ғамхор чӣ қадар лаззат ва роиҳаи гуворо дорад. Ӯ бо майлу иштиёқи тамом тасмим гирифт, бо ҳар чӣ дар қудрату тавонаш ҳаст, ба Сашаамаку профессор ёрӣ диҳад ва ба хотири ҷуброни нағзиҳои онҳо ҳар коре аз дасташ меояд, анҷом диҳад. Воқеан, Ҳалим шабу рӯз дар фикри он буд, ки чӣ хел ин ду марди бегона ҷавони бекасу кӯй ва билкул ноошное мисли ӯро дастгирӣ намуда, инояту шафқат воҷиб дидаанд? Охир, ҳамин ҷо, ҳамшаҳриҳои ҳамин одамҳо то имрӯз чӣ қадр азобу кулфат ба сари ӯву Ҳасани каллапӯсткан оварда буданд! Мегӯянд, панҷ ангушт баробар нест, дар як замину дар як ҳаво одамҳо ба ҳар навъ вомехӯрдаанд.

Фурсати зиёде нагузашта, Ҳалим ба риволи зиндагии Сашаамак хӯ гирифт. Даставвал, ба корҳои хурдурези хонагӣ ва подабонӣ ёрӣ мерасонд, вале дере нагузашта, баъд аз куллан шифо ёфтан, ба кори хеле муҳим ва судманд дасту остин бар зад. Дар дили зимистон ба фурӯш баровардани картошкаҳои Сашаамак, ки аз ҳосили тирамоҳӣ нигаҳ медошт, хеле бамавқеъ ва айни муддао буд. Ҳалим барои ин кор пӯсту устухон надошт, ба хусус, дар бозори марказии шаҳраки Нарече харидуфурӯш кардан барои Ҳалим барин ҷавонҳои аллакай бозоршинохта хеле осон ва роҳат буд. Сашаамак ҳар рӯз субҳи барвақт се-чор халтагӣ ба ароба бор мекард ва Ҳалимро ба бозор мефиристод. Ҳалим бошад, то вақти шом тамоми картошкаҳоро якто намонда мефурӯхт ва бегоҳӣ бо дастаи пул ба хона бармегашт. Вақти зиёде нагузашта муштариёни бешумор пайдо кард ва бо хушзабонию чолокии худ зуд ба дили аҳли бозор ва харидорон роҳ ёфт.

Ба тезӣ худро гирифтани Ҳалим ва пешрафти кораш Сашаамак ва ҳамсари ӯ – Лудаапаро (онҳоро Ҳалим чунин ном мегирифт) хурсанд месохт. Пас аз унс гирифтан ва қарин шудан бо якдигар, зану шавҳар ба писархонди худ қавл доданд, ки бо расидани баҳор ӯро ба диёри худ, ба пеши модару бачаҳояш мефиристанд. Ҳалим низ ба онҳо эътимод дошт, тамоми вуҷудашро барояшон бахшида, аз чизе намеҳаросид ва бо дилу ҷон даст ба кор мешуд.

Бозори деҳқонии Нарече хурд набуд. Он дувоздаҳ раста ба дарозии бистметрӣ дошт. Сақфи баландашро бо варақҳои голвониза пӯшонда буданд. Давр то даври бозорро, баъд аз роҳравҳои васеъ, хонаҳои ба ҳам часпида иҳота мекарданд, ки аксаран ба сифати анбор, идораи коргузорӣ ва расондани хидматҳои маишатию беҳдоштиро истифода мешуданд. Агарчи равуойи одамон дар бозор қатъ намегардид, фақат панҷ-шаш растаи он рӯзонаҳо аз маводи деҳқонӣ ва меваҷот пур мешуд. Ҳалим низ барои худ ҷойи муносибе интихоб карда, картошкаҳояшро рад-рад бо намои зебою диданӣ дармечид. Ҳар рӯз, вақте ки субҳи барвақт ба бозор мерасид, аз дасти савдогарони хурдафурӯш тамоми сабзиҷот ва баъзан помидору бодирингу меваҳояшонро низ харида мегирифт ва бо нархи гаронтар ҳамроҳ бо картошкаҳои худ мефурӯхт. Ин навъ корҳои Ҳалимро Сашаамак медиду хушҳол мешуд ва бештар ба ӯ меҳр мебаст.

Зимистон дар пасу пеши Нарече ҳукми худро меронд. Ҳарчанд барфи ончунонӣ ҳанӯз наомада буд, ҳаво рӯз ба рӯз сардтар мешуд. Ҳалим бошад, ба сардиву хунукиҳо нигоҳ накарда, кори бозорро канор намегузошт. Ҳар рӯз ба по мӯзаҳои куҳнаи намадин, аз болои ҷемпери дастбофти Лудаапа бушлати пахтагин ва ба сараш ҳам телпаки сарбозии соҳибкорро пӯшида, бо аспу ароба ба роҳ мебаромад. Дар бозор савдогарони ҷонсахт мисли ӯ бисёр буданд. Ҳеч кас намехост бо баҳонаи сармои зимистон аз луқманони ҳаррӯзаи худ маҳрум монад.

Бозориён наҳорро ҳамеша дар ҷойи кор мехӯрданд. Чанд русзани маҳаллӣ бо салиқаи худ санбӯсаю пирожкаҳои гӯштӣ ва картошкаӣ, лағмон, пилмен ва дигар ғизоҳои гармро дуруст карда, дар бозор ва растаҳои он давр мезаданд. Ҳалим ва ду нафар ошнои доғистониаш, ки себу анор мефурӯхтанд, ошиқи санбӯсаҳои онҳо буданд. Қариб ҳар рӯз як термос чойро бо чор-панҷтоӣ санбӯса холӣ мекарданд. Боре дар дили яке аз чунин наҳорҳои ширини секаса болосарашон пайдо шудани ду нафар маъмури формапӯшро нафаҳмида монданд. Ҳалим дар тули бештар аз ду моҳи кори худ нахустин бор ба чунин ҳолат афтида буд. Ӯ каме ҷо хӯрд. Медид, ки ҳамраҳонаш низ то буногӯш сурх шуда, нафасашон гирифта буд. Милисаи аввалӣ, ки сардӯшии ситорадор дошт ва синнаш ҳам бузургтар менамуд, худро шиносонд ва бе он ки ба Ҳалим таваҷҷуҳе кунад, аз ду нафар доғистонӣ ҳуҷҷат хост. Яке аз савдогарони ҷавон дарҳол худро ба даст гирифт, лабу лунҷашро инҷкунон бо лаҳҷаи ба худ хос ба сухан даромад:

– Бубахшед, командир, чӣ хабар, мо хилофе кардаем?

– Ҳеч гап нашудааст, – оромона гуфт милиса, – бо тақозои вазифа санҷидани тамоми мусофирони аз берун омадаро ба дӯшамон гузоштаанд.

– Месанҷед, албатта, месанҷед, – гуфт ҳамон доғистонӣ ва бо лаҳни хушомадомез афзуд: – Марҳамат, аввал лутф кунед, себ, анор...

Аммо милисаи афсар паст наомад, бо ҳамон оҳанги аввала амр кард: – Ҳуҷҷат!

Шарикони Ҳалим ноилоҷ дастҳои ларзони худро ба кисаи сари дил бурданд. Милиса бо мутолиаи паспортҳо дарёфт, ки муддати қайди ҳар ду гузаштааст ва бе он ки гузаште кунад, амр дод:

– Бо мо биёед! – ва худаш рафтан гирифт. Ҳамроҳи ӯ – милисаи дувумӣ бошад, бо даст ба ҷавонҳои савдогар ишора кард, ки ба роҳ дароянд.

Бо рафтани дӯстони ҳамкораш дили Ҳалим сиёҳ шуд. Аз ниҳояти нооромӣ худро наметавонист ба даст гирад, гӯё чун симоб дар ҷо меларзид. Дар ёд дошт, боре профессору Сашаамак аз бобати ӯ дар идораи милитсия ёддошт дода, барои кор карданаш дар бозор рухсат гирифта буданд. Акнун медид, ки он муҳаббати ду бародархонд кор медиҳад ва маъмурини тартибот ӯро нодида мегузаранд. Бо вуҷуди ин, аз дастгир шудани ҳамкорон сахт нороҳат шуд. Ҳирс мехӯрд, ки ҳар дуро ҷарима хоҳанд кард ва ин гуна ҷаримаҳо андак-мундак нест.

Ҳалим аз дер кардани ҳамраҳони худ бетоқат шуд, ҳавсалааш сар рафт. Муддати зиёде нагузашта ӯ бозорро канор гузошт ва бе дудилагӣ аз пайи шарикони доғистонӣ ба сӯйи посгоҳи милисаҳо роҳ пеш гирифт. Вақте ки ба дами дари милисахона расид, садои баланди шавқуну доду бедод хаёлашро парешон кард. Беист дарро кушод ва манзараи дохилро диду лаҳзае бо даҳони бозу чашмони алошудаи худ сари по шах шуд. Маълум набуд барои чӣ, маъмурони посгоҳ ду ошнояшро бо навбат лату кӯб мекарданд ва ҳар фаҳшу носазое, ки медонистанд, ба сари онҳо фурӯ мерехтанд. Ғарибони зери калтак монда бошанд, имдодталабона доду фарёд мезаданд. Аз ин бархӯрди бераҳмонаи формапӯшон хуни Ҳалим ба ҷӯш омад, дуд аз димоғаш баромад ва бо оташи ғазабе, ки вуҷудашро фаро гирифта буд, ба тарафи милисаҳо хез зад. Ӯ ҷилави онҳоро гирифт, мехост аз занозанӣ даст нигаҳ доранд. Вале формапӯшон ба ӯ низ раҳм накарданд, пушти ҳам ба сару танаш чанд мушту лагад фуроварданд. Ҳалим бадтар асабонӣ шуд, дигар сабру бардоштро аз даст дода, бехаёл ба ҳимоя гузашт. Доғистониҳо низ аз ҷонибдории ӯ шердил шуда ба милисаҳо даст бардоштанд. Чанд муддат афту дарафти сахт ба миён омад ва ҳамин аксуламали беҷо ҳама корро хароб кард...

Тавре ки мегӯянд, усул ба дасти нақорачӣ аст, баъд аз он даргирӣ маъмурони формапӯш аз коҳ кӯҳ сохтанд. Аз болои Ҳалим ва ду рафиқи доғистониаш парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Воқеа чун тир ба гӯши Сашаамаку профессор расид. Ҳар ду ба мадади бародархонди худ шитофтанд. Бо вуҷуди ин ки пеши чандин милисаи ошною ноошно сар хам карда, илтимосу илтиҷоҳо намуданд, ҳама саъю талошашон бар абас рафт. Дар давоми яку ним ҳафта ду ҷаласаи додгоҳ баргузор шуд ва дар муҳокимаи ниҳоӣ ҳукми додгоҳ эълон гардид. Пайрави он ҳукм Ҳалиму ҳамраҳони доғистониаш ба муддати якунимсолӣ аз озодӣ маҳрум шуданд. Бо ин қазоват ҳама умеду орзуҳои Ҳалим чилпарчин гардид. Ӯ на фақат худро, балки оилаҳои Сашаамаку профессорро ҳам дар сояи ғаму андуҳ гузошт. Ҳама аз нобарории кор ва бахти бади пешомада ангушти таассуф газиданд, дилҳо хун шуду дидаҳо ашкбор. Ишкели қонуниҳо дасти Ҳалимро гирифт. Ӯ бошад, бо дили пурхун аз бародархондҳои худ хоҳиш кард, ки ба наздиконаш дар ин хусус чизе нагӯянд. Ӯ ваъда дод, баъд аз маҳбусӣ аввал ба Нарече хоҳад омад. Ба ин тариқа, ҷудоӣ барои ҳар яке сахту ҷонгудоз буд, таҳдиди ғурбату фироқ чун сӯзан ба устухон мехалид.

пешина
аз 44
навбатӣ