Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
Нарече яке аз зеботарин шаҳристонҳои атрофи Самара буд ва мисли як рустои бузурги типи шаҳрӣ ба назар мерасид. Ин шаҳрак ҳамагуна сохтори ҳукуматӣ ва сервисҳои мухталифро барои аҳолӣ фаро мегирифт. Ду кӯчаи калоне дошт, ки бо ҳошияҳои чаманиву дарахтзоршуда куллан сарсабз ҷилва мекарданд ва дар миёнҷойи ҳар кӯча бо фалака чорроҳа эҷод мешуд. Даври яке аз фалакаҳоро идораи шаҳрдорӣ, милитсия, андоз ва шуъбаи бонки марказӣ печонида, фалакаи дигар сартосар бо мағозаю фурӯшгоҳҳои хурду бузург ва бозори калон иҳота шуда буд.
Аз самти рости шаҳраки Нарече рӯдхонаи борику дарозе ҷорӣ мешуд ва аз рӯд он сӯ ҷангали анбӯҳе имтидод дошт. Аз самти чапи шаҳрак бошад, заминҳои паҳну холие идома меёфт, ки дар он ғайр аз алафҳои ҳарзаву ҷо-ҷо буттаҳои хурду калон чизи дигар намерӯйид. Сокинони шаҳрак ин қисматро бештар ба унвони чарогоҳ истифода мебурданд ва Сашаамак низ подаи худро маҳз дар ҳамин бахш мепоид.
Сашаамак ҳанӯз аз овони кӯдакӣ ба аспдорию асптозӣ шавқу иштиёқи беҳад дошт. Аз ин рӯ, пас аз бузургтар шудан ҳеч гоҳ хонаашро бе бӯю тафти ин ҷонвар нагузоштааст. Агар ҳангоми деҳқонӣ дар заминҳои колхоз аз аспи худ фақат барои рафтуомад истифода мебурд, пас аз бознишаста шудан рӯзҳои дароз аз он пиёда намешуд. Бо оғози шуғли подабонӣ ба асп боз ҳам бештар алоқаманд гардид ва баҳору зимистон бо ин «кола»-и безабону бематори худ ба нигаҳбонии молҳои калони ҳаммаҳаллаҳо камари ҳиммат баст.
Сашаамак аз рӯзе, ки Ҳалимро ёфта ба ӯ ҳаёти дубора бахшида буд, худро хеле осуда ва болидахотир ҳис мекард. Дар ҳавои ниёишҳои худ ба Парвардигор, пайваста шукр мегузошт ва мағфирати ҳама гуноҳу иштибоҳоти доштаю надоштаи хешро аз Худо мехост. Ӯ Ҳалимро ба ҳаёт баргардонда аз вай як одами нав месохт, ҷисму ҷони ӯро ба урфу оинҳои поку беғараз одат мекунонд. Мехост ин ҷавони ғариб, то замоне ки пеши ваю ҳамшаҳриҳояш аст, як нафар инсони некбину худогоҳ ва орому аз ҳама касофатҳо дар канор бошад. Афсӯс ки, видоату осудаҳолӣ дер давом накард. Ҳамин ки бо Ҳалим унс гирифта, аз ӯ барои худ бародархонди самимие сохта буд, тақдир орзуву умедҳояшро бар бод дод. Барояш хеле алам мекард, ки бо ин ҳама беолоишӣ ва садоқат як ҷавони бегуноҳ бо баҳонаи ночизе маҳкум мешуд. Ӯ бо дили пуралам мехост ба рӯйи ҳар коғазе, ки ончунон қонунҳои сарсариро дошт, туф кунад, аз Худо мехост, дасти ин тоифа қонуннависон каҷ шавад.
Бо вуҷуди ин, Сашаамак тоқат кард. Ҳарчанд яку ним соли маҳбусӣ сипарӣ мешуд, ӯ наметавонист ба худ ояд. Ҳар рӯзи Худоро бо ёди бародархонд мегузаронд. Ба иттифоқи профессор чанд бор аз ҳоли Ҳалим хабар гирифта омад, вале ҳаври дилу нооромии хаёлоташ коҳиш намеёфт. Ӯ рӯз мешумурд, поёни маҳбусии бародархондро бо чашми чор интизор буд.
Ниҳоят, барои Сашаамак лаҳзаҳое фаро расид, ки дигар неруи фурӯ бурдани аламу ҳасрати ҷудоиро надошт ва наздик буд косаи сабру тоқаташ лабрез шавад. Ба инояти Худованд, дар ҳамин ҳолат дӯсти профессораш ба ҷароҳати ҷонаш марҳам молид. Вақте ки аз дари ҳавлӣ сар халонд, мисли боғ мешукуфт, аз чеҳрааш нури хурсандӣ меборид. Ӯ даромадан замон, Сашаамакро ба оғӯш гирифта хушҳолона арз кард:
– Дӯстам, шириниро барор, бароят хабари хуш овардам!
– Шодиёна дар кафи дастат, азизам, ҳар чӣ ҳаст зудтар бигӯ! – гуфт бетоқатона Сашаамак, дар ҳоле ки ӯ низ дӯсти худро муҳкам ба оғӯш мегирифт.
– Ҳалими моро ҷавоб додаанд!
– Рост?!
– Бале, имрӯз телегромаш расид, хоҳиш кардааст, ки фардо дунболаш равам.
– Наход?!
– Оре, рост мегӯям.
Сашаамак аз хурсандӣ дар куртааш намеғунҷид. Ӯ аз оринҷи профессор дошта истода гуфт:
– Росташа гӯям, маро аз дард халос кардӣ, азизам, агар ин тавр, фардо бо ҳам меравем.
– Аммо беҳтар ки ту ин ҷо бошӣ, – андешамандона ҳарф зад профессор, – Ҳалим, ки расид, одамҳо ба дидорбинӣ меоянд, ту бояд ин ҷо омодагӣ бубинӣ. Фақат, агар либосҳои тозааш ҳаст, ман бо худам мебарам.
– Ҳар тавре ки салоҳ медонӣ, дӯстам, аз ин ҷо нигарон набош, ҳама чизро худам тахт мекунам. Барои Ҳалимҷон ҳам як сарутан гирифта мондаам, бо худат бар, – гуфт Сашаамак ва духтурро ба дохил мушояат карду худаш пеш-пеш қадам партофт. Мехост зудтар хабари хушро ба ҳамсараш низ расонад...
Оре, отифаи инсонӣ аз майлу иштиёқи қалби ӯ маншаъ мегирад, ба хусус, вақте ки қалби вай аз нафосату покизагӣ ва хуни тоза ангеза дошта бошад. Инсони боотифа бештар ғами дигаронро мехӯрад ва дарди онҳоро дар дилу ҷони худ эҳсос мекунад. Шояд Ҳалими сарсахт дигар дар қатори одамон намемонд, агар Сашаамаку Николайи духтур дар паноҳи худ намегирифтанд. Ин ду тан ба ҳар гуна садди роҳ ва ноошноию бегонагии Ҳалим нигоҳ накарда, ӯро ба манзил ва ба дили худ роҳ доданд, ба ӯ мувозибат ва ғамхорӣ карданд. Агар ончунон даъвое дар бозор пеш намеомад, шояд ба бисёр чиз муваффақ мешуданд. Аммо, дигар пушаймонӣ суд надорад, ҳама корро аз нав бояд сар кард.
Дар ҳақиқат, бештар аз ҳама Сашаамаку профессор мунтазири ин соат буданд. Агарчи дар зиндонӣ шудани Ҳалим ҳеч кадом тақсире надошт, аммо отифаи ботинии онҳо намегузошт, ки дар канор бошанд. Ҳар ду баробар ҳис мекарданд, ки як нафар ҷигаргӯшаашон дар кӯйи номуродӣ афтидааст. Ҳар ду пас аз руҳафтодагиҳои дурудароз ва бехобиҳои зиёд муштоқи дидори бародархонди худ буданд.
Ниҳоятан, ҳама ноумедиҳо, тазйиқҳои равонии шабонарӯзӣ, ҳавру ҳаяҷонҳои ботинӣ дар ақиб монд ва Ҳалими зиндонишуда, пайрави қавли додаи худ, пас аз таҳаммули азобу азиятҳои танозори дунёи пушти симхор ба назди бародарони қиёматӣ баргашт. Он рӯз дар манзили Сашаамак ба истиқболи ӯ зиёфати дидорбинӣ доир гардид. Ду радиф мизу курсии дар ҳавлӣ чидашударо бо қанду қурс, салату меваҳои хушку тар ва нӯшобаву обмеваҳои ранг ба ранг оро дода буданд. Лудаапа аз болои хилъати қирмизии худ миёнашро муҳкам баста, барои ороиши дасторхону таҳияи ғизову хӯрданиҳо тараддуду ҷунбуҷӯл мекард. Ҳамсари профессор низ ба ӯ ёрӣ мерасонд. Ба ҳар ду чорқадҳои бузурги гули анорӣ, ки ба сари худ кашида, лабаҳои чорқадро то камар овезон карда буданд, мезебид. Ҳалим дар ин сурати онҳо ҳамеша модари худ ва занони деҳаашро медид.
Мардони хона бошанд, меҳмононро қабул мекарданд. Дӯстону ошноёни ҳар ду бародархонди Ҳалим пушти ҳам бо чеҳраи шод даромада меомаданд ва ӯро ба оғӯш гирифта табрику расидан ба хайр мегуфтанд. Дар ин зиёфат аз ҳама бештар Сашаамаку профессор хушҳолӣ мекарданд, дар зеҳни онҳо заррае аз бегонагии Ҳалим намонда буд.
Дар дили суҳбат, вақте ки ҳама сари ҷойи худ нишаста, тоза пиёлаҳоро барои шунидани тости аввалин бардоштанӣ буданд, ногаҳон, дар дами дарвоза пайдо шудани ду тан ғариб диққати ҳамаро ба сӯйи худ кашид. Яке марди баландқомати лоғаре буд, ки аз зери яктаҳи дарозаш тану тӯши васеи ӯ ба назар мерасид. Ӯ дар як даст таёқи чӯбини кӯтоҳ ва дар дасти дигар борхалтаи калоне дошт. Нафари дувум бошад, хеле ҷавон менамуд. Аз чеҳраи гандумгуни гирду лоғар ва дастони рагу пайдораш ҳувайдо буд, ки тану ҷони ӯ низ то ҷое дар кӯраи зиндагӣ обутоб ёфтааст. Ба маҳзи аз дарвоза даромадан, ҳар ду сари ҷо мех шуданд – барои онҳо ҷамъшавии одамони ноошно дар ҳавлие, ки пас аз бардорузанҳои сафари тулонӣ суроғашро гирифта омада буданд, хеле тааҷҷубовар менамуд. Дар он лаҳза садои баланди ногаҳонии Ҳалим ҳамаро ба шигифт овард. Ӯ «додарҷон!»- гӯён ба сӯйи дарвоза тохт.
Чанд муддат гаштаю баргашта, гарм-гарм ба оғӯш гирифта, бо чашмони аллакай серобшуда якдигарро бӯсидани Ҳалиму Салим ва Ашӯрамак аҳли нишастро ба риққат овард. Ба қавли «дӯст болои таом» ҳозир шудани ҷигарбандҳои Ҳалим ба зиёфати дидорбинӣ ҳусну таровати нав ато кард. Ин вохӯрии тасодуфӣ, ки ба гӯшаи хаёли касе наомада буд, ба якояки ҷамъомадагон руҳу фараҳи тоза бахшид ва беихтиёр аз чашмони бисёриҳо ашки шодиву ҳаяҷон рехтан гирифт.
Маҳтоб пай мебурд, ки беш аз пеш пардаи қаҳру итоб аз чеҳраи модаршӯ бардошта мешавад ва ҷойи онро нуру намои лутфу меҳрабонӣ фаро мегирад. Агар аввалҳо келинро чун хари дар меҳисобиду ҳар қадар дилаш мехост аз ӯ кор мекашид ва аз гаронии бор то манзил нарасидани ӯро фикр ҳам намекард, ҳол билкул одами дигар шудааст. Ба ӯ акнун бо лақабу кинояҳои ҷонгир гап намезад, балки дар ҳавои дӯстдорӣ доимо «духтарам» мегуфт. Ба хусус, баъд аз ба суроғи Ҳалим баромадани Салиму Ашӯрамак бархӯрдҳои модарарӯс тамоман тағйир ёфт, ба назар мерасид, ки акнун ба ёриву дилбардориҳои келин хеле ниёз дорад. Ҳар гоҳ аз кору машғулиятҳои худ фориғ мешуд, муддатҳо ба дуою ниёиш менишаст, дар сурате ки аввалҳо ин одатро надошт. Дар поёни саҷдаҳояш бо садои нимшунаво мегуфт: «Парвардигорам, худат бузургу ёрирасон ҳастӣ, бандаҳои гунаҳкоратро биёмурз, писари азизамро ба оғӯшам баргардон. Илоҳӣ, чор буғунаш бутун, сараш дар амон бошад, ҳама умедам ба туст, Худоҷон!» Дар ин ҳолатҳо Маҳтоб низ дар пайравии ӯ даст ба дуо мебардошт.
Маҳтоб ҳис мекард, ки модаршӯ аз нооромие безобита аст. Модар бошад, агарчи аз тақдири Ҳалим дар хавотир буд, ба сафари Ашӯрамаку Салим бо хушбинии беҳад умед мебаст. Ӯ ба зинда будани писари худ итминон дошт, зеро агар Ҳалим ба мусибате гирифтор мешуд, қалби модариаш ҷиз мекард, бар ҷисму ҷонаш пардаи сиёҳӣ менишаст. Қаъри дили Гулсун бошад, боз буд, бо нияти дидорбинӣ ва аз ниҳояти ҳаяҷон тез-тез зада меистод.
Маҳтоб даъвати Алимро ба таъхир нагузошт. Дар ҳоле ки хурсандии худро дар изои ҳадяҳои додарарӯс наметавонист пинҳон кунад, барои мулоқот ва шунидани арзи дили ӯ чун бод бедасту по шитофт. Вақте ки ба манзили Ашӯрамак расид, Алиму Шукрияхола дар таҳхона саргарми тақсими халтаҳои орд буданд. Охирин нафарҳои дар навбат истода дастмузди осиёбонро ё бо пул, ё бо гандум пардохта, орди худро мебурданд. Ҷамила дару пила ва роҳравҳоро то дами осиёб ҷорӯб мезад. Ӯ Маҳтобро дидан замон, тозон ба истиқболаш баромад ва бо лаҳни равони духтаронааш арз кард:
– Янгаҷон, хуш омадед, биёед рост ба меҳмонхона мегузарем. Алимакаю янга ҳозир аз кор мебароянд. Ман бароятон чой дам мекунам.
Маҳтоб аз лутфу пазироии Ҷамила шод шуд. Медид, ки ин духтари хушгилу зебо хеле чобуку кордӯст аст. Ӯ низ нахост ба Алиму зани Ашӯрамак халал расонад, мустақим аз назди таҳхона ва айвони тобистона гузашту ба хонаи пазироӣ даромад. Ҷамила аллакай кӯрпача паҳн карда, дасторхон густурда буд. Лаҳзае нагузашта бо чойники чой баргашт ва бо ҳамон нози духтарона ва табассуме, ки чеҳраашро мунаввар месохт, афзуд:
– Алимака мунтазири шумо буданд, ҳоло чой хӯрда шинед, ман садо мезанам.
\\\*
– Раҳмат, хоҳар, ман шитоб надорам. Бигузор корашона ба охир расонанд.
– Ҳеч гап не, ба Шукрияхола худам ёрдам медиҳам. Шумову Алимака бемалол суҳбат кунед, – гуфт Ҷамила ва бо чеҳраи шукуфон тозон ба ақиб баргашт. «Чӣ хел духтари хуб, исмаш ба ҷисмаш монанд, – ба худ андешид Маҳтоб, – кош мисли ӯ дағече медоштам, ҳама ҷаҳониён ба мо ҳавас мекарданд! Дасту пояш бақувват, духтари меҳнатӣ менамояд. Агар Алим розӣ мешуд, дасти ҳамин духтарро мегирифтем. Худо кунад, ки номзаде надошта бошад...»
Маҳтоб дар ҳоли ба таври худ бурида дӯхтани орзуҳо буд, ки Алим ҳам даромада омад. Бо дидани якдигар ҳар ду хушҳол шуданд. Ба маҳзи салому ҳолпурсии мухтасар Алим дарҳол риштаи суханро ба даст гирифт:
– Мегӯянд, янгаи мо нақшдӯзу кашидадӯз шудааст, ҳунарҳои нав муборак!
– Ин ки бароям тозагӣ надорад, лекин устодкории худат ҳам бад не, аз мо бештар ба сархорӣ вақтат намерасад!
– Оре, бе муҳобо, аз он Алими ландаҳур дигар ному нишон намонд.
Ҳар ду хандиданд. Маҳтоб бо меҳру мамнуният ба чашмони Алим нигоҳ карда гуфт:
– Додар, мана хеле хурсанд кардӣ, туҳфата гирифтам. Ба ҳама кору борат Худо файзу барака диҳад, дар тӯят хизмат кунем, рӯзҳои хуш бин.
– Лутфат зиёд, барои ту ҳар чӣ кунем, кам аст, янга. Аз он чӣ гузашт, пеши ту шармандаам, фикр намекунам ҷуброни беадабиҳои айёми бачагӣ аз дастам ояд.
– Ин тавр нагӯ, додар, мо ҳама як хонавода ҳастем. Дар зиндагӣ каму костӣ мешавад, ҳамаамон бандаҳои гунаҳкорем. Лекин ислоҳ шудан камоли мардонагист, мо бо ту мефахрем, додарҷон!
– Забони ширин дорӣ, янга, ту ҷони одамӣ!
Маҳтоб табассум кард ва сипас бо нигоҳи ҷиддитар ба Алим зеҳн монда гуфт: – Оча пешат фиристод, бо ман коре доштӣ?
Ин ҷо Алим чашмонашро гурезонд. Худаш бехабар, ба чаккаҳои гандумгунаш сурхӣ дамид. Ӯ ҳанӯз гапҳои дилашро ба касе нагуфта буд ва дар пеши Маҳтоб низ каме дасту по хӯрд, ҳарчанд ба худ аҳд карда буд ҳама муддаои дилашро лучу пӯстканда ба янга гӯяд. Маҳтоб ҳам, дар ҳоле ки ба ӯ синча карда менишаст, забон хоиданашро пай бурда афзуд:
– Додар, мебинам, ки дарде дорию аз гуфтан истиҳола мекунӣ. Ё аз ман ҳам хиҷолат мекашӣ? Миёни мо ки ин гапҳо набуд?!
Алим худро ба даст гирифт. Ҳаяҷонашро фурӯ бурда, бо нимтабассум ба Маҳтоб рӯ овард:
– Росташа гӯям, оча чанд бор розигии мана хост, то сарама дуто кунад. Мехоҳад ба ину ба он даҳан андозад, ба хостгорӣ равад. Аммо, чӣ ҷойи пинҳон кардан, дилам фақат ба ҳамин ҳамкорам моил. Бо ӯ хеле унс гирифтаам, шабу рӯз аз мадди назарам дур намешавад.
– Ошиқ шудам-гӯй, – ба завқ омада гуфт Маҳтоб, – ҳамин арзат будаст, зудтар намегӯйӣ?! Худам кора мепазонам, аслан ғам нахӯр! Мо – янгаҳо пас барои чӣ пеши шумоем? Фақат ба ман камтар фурсат диҳӣ-шуд.
– Раҳмат, янгаҷон, барои ҳамин ҳам тура нағз мебинам, ту ба ростӣ ҷони одамӣ!
– Зиёд таъриф накун, аз хурсандӣ кафида наравам? Лекин, маро бениҳоят хушҳол кардӣ, медонӣ аз чӣ боис? Ин ҷо омада, ба маҳзи ин ки Ҷамилара дидам, дилам ба ғулғула афтод, худам ҳам нияти дағеч кардани вая доштам.
Чеҳраи Алим бештар шукуфт, ӯ бетоқатона, дар ҳоле ки дигар ҳама шарму хиҷолатро фаромӯш карда буд, пурсид:
– Аз чӣ сар мекунӣ?
– Ин тарафаш кори ман. Дон, ки додарҷон, янгаат аз ҳозир миёнаша маҳкам баст! – Маҳтоб як зум ба андеша фурӯ рафт, ӯ барои худ тарҳу нақшаҳоеро аз тасаввур мегузаронд: суҳбати наздик бо духтар, ба модаршӯ расондани хушхабар, пайгирии корҳои хостгорӣ ҳамроҳи ӯ, ошноӣ бо обуҳавои хонаводаи духтар, омодагӣ ба тӯйи арӯсӣ то замоне, ки Ашӯрамаку Салим бо Ҳалими ӯ бармегарданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё