Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте ки Маҳтоб аз пеши Алим баргашт, рӯз аллакай симои нуронии худро аз даст дода буд. Аз ҷамоли офтоб нишоне намонда, рӯ-рӯйи охирин теппаҳои қабристон нурҳои хираи он яксара чодари зардгуне, ки ҷо-ҷо хунолуд ба назар мерасид, ҳосил мекарданд. Ин ҳолат ба Маҳтоб ҳушдор медод, ки вақти говдӯшӣ ва сару басар кардани бузу бузғолаҳо расидааст. Ӯ ду-се боғро – аз ҳаёти Ашӯрамак то боғи худӣ миёнбур карда гузашт. Бедаступо буд, мехост ҳарчи зуд хабари навро ба Гулсун расонад. Охир, ҳар рӯз модаршӯ ин мавридро ёдовар мешуд, намедонист чӣ тавр ризояти Алимро бигирад. Маҳтоб ҳам ба ҷуз гуфтани «ҳанӯз ҷавон аст, вақту соаташ меомадагист» дигар сухане барои дилбардорӣ намеёфт. Акнун бошад, дили худро кушода додани додарарӯс ба ӯ болу пар мебахшид, ба хусус, аз интихоби ӯ хушаш омад. Ҷамила чун як духтаре, ки дасту панҷаи худро дар гарму хунуки зиндагӣ обутоб додааст, аз ҳар ҷиҳат ба Маҳтоб мақбул буд. Мехост бедаранг домани ин духтарро бигирад ва гесувонашро ба занҷири дари Алим бибандад.

Чун Маҳтоб ба наздикии ҳавлӣ расид, шӯру ғавғое ҳавосашро парешон кард. Дар лаби ҷӯйи об, аз як сӯ Гулсун, ки миёнашро бо рӯмоли калоне баста, бо ду даст аз он дошта меистод ва аз сӯйи дигар, Арзиакаи мироб, ки каланди паҳнеро бо дастагии дароз дар китф гузошта, бо як даст ба танаи зардолу такя дода меистод, бо садои баланд ҷарру баҳс мекарданд. Бештар овози гирои Гулсун бо ҳаяҷону зӯргӯйӣ ба гӯш мерасид:

– Ту, бинипучуқи камнур, илоҳӣ мироб нашуда монӣ, кай ба инсоф меойӣ, ки кори мо ҳам осон шавад? – мегуфт ӯ ба Арзиака имкони ҳарф задан надода. – Охир, дар хонаи ман мард нест, дар торикии шаб кӣ об медорад? Соат-поата намедонам, ҳар коре мекунӣ, туву мурдашӯят медонед, ба ман фардо – рӯзона об медиҳӣ!

– Ҳар гоҳ навбат мерасид, шаб об мегирифтед, – базӯр дар миёни сухани Гулсун даҳан андохт мироб ва бо овози баландтар идома дод: – Ҳамин худат набудӣ, ки мегуфтӣ шаб об «дӯрҷа» меояд, ба ман як соат-ду соат бештар, вале навбатамро ба шаб дуруст кун?

– Он замон писаронам буданд, мани аҳмақ ҳам ҳар чӣ мегуфтӣ қабул мекардам. Акнун мебинам, ки мазахӯрак шудаӣ, беимон!

– Ин нозу нузата ба ман намекунӣ, занак, соати обат, ки омад, гиру боғата об дор. Агар вақтат гузарад, айби ман не, ман тура огоҳ мекунам! – аз беибо гапзаниҳои Гулсун ошуфта шуда гуфт Арзиака.

– Гап задаӣ, бинипучуқи беимон, ман миробам гуфта аз ҳад нагузар! Садто ту баринҳора дидаем, аз мурданат натарсӣ, навбатама фақат ба рӯз дуруст мекунӣ! Миробиат ба худат, шукр кун, ки бо ҳамон каландат каллапоча карда ба сари даҳна гӯр намекунам.

– Яке туву яке Шарбати шаттоҳ хунама ба ҳалқ овардед. Агар намебудам, рӯйи оба намедидӣ. Биваи бечораам гуфта аз худ нарав!

– Илоҳӣ, зани шумшукат бива монад, бе ту ҳам боғамон сероб буд. Ба дасти гадо мансаб нарасад, аз осмон истора гирифтанӣ мешавад. Доштагиаш як каланд ҳам бошад, дағдағааш як хирман!

Арзиака паст наомад:

– Ҳамин каланд бас, агар хоҳам куҳа талқон мекунам, ҳоло-ку ту. Нафасата кашу гуфтама кун!

Маҳтоб медонист, ки модаршӯяшу мироби деҳа ҳамсоли ҳаманд ва ҳар гоҳ якдигарро медиданд, гулуяшон хоридан мегирифт ва баду бероҳ гуфтан ба арши аъло мерасид. Дар ин ҳол то касе миёнҷигар намешуд, ҳеч кадом паст намеомад. Аз ин хотир, дарҳол хост сари баҳсро шиканад:

– Янгаҷон, ба ҷанҷол кардан намеарзад, монед гуфтаи амаки мироб шавад. Шаб ҳам бошад ман худам об медорам, ҳеч гап не.

– Ту ҳам тарафи ин беимона мегирӣ? – бо оҳанги норизо гуфт Гулсун ва ба мироб нигоҳкунон афзуд: – Вая бин, даррав лабутонаш инҷ шуда рафт.

Арзиака баланд хандид. Мехост бо ин истеҳзои худ ба ҷони Гулсун неш занад. Ӯ аз ҷонибдории Маҳтоб хушҳол шуда, бепарво ба сухан омад:

– Духтарам, соати ёздаҳи шаб ба ҷӯят об меояд, даҳанаҳои боға дуруст карда мон. То саҳарӣ об дар ихтиёри худат мешавад.

– Хеле хуб, то саҳар боға даҳ бор об дода гирем ҳам мешавад, чӣ гуфтед, янга?

Гулсун аз қаҳраш фуромада буд. Ба маънии «худат медонӣ» лабу абрувонашро боло кашид ва ба ақиб гашта истода, ба Арзиака гуфт:

– Оби даҳната ҷамъ куну биё хона, чойи гарм хӯрда рав, – ва худ ба сӯйи оташдон роҳ пеш гирифт.

Арзиакаи мироб аз қафои ӯ ба Маҳтоб маънидор чашмак зад ва мамнунона изҳор кард:

– Фурсати чойхӯрӣ ҳам мерасад, дафъаи дигар, ҳоло кори бисёр дорам.

Баъд аз хайрухуш Маҳтоб тозон аз ҳавлӣ ба берун баромад. Аллакай гову бузу гӯсфандон дар пешу бари оғилу қӯтон ҷамъ омада, бо баосу маосҳои беохир замину замонро ба дод меоварданд. Ӯ дарҳол сатилу тағораҳоро бо обу чолоб пур кард, дар новдонҳои гирду дароз ему хошок андохт ва бо тартиб ду гови дӯшоиро ба оғил ва бузу гӯсфандонро ба қӯтон ронда даровард. Сатилчаи ширро ба даст гирифта аввал бузонро сабук кард ва бузғолаҳои ба шӯр омадаро барои «оча-бача» шудан сар дод. Онҳо чун лашкари мӯру малах аз хонача берун омада, ба сӯйи модарони худ ҳамла оварданд. Маҳтоб ин манзараи дӯстдоштаи худро каме тамошо карда истод ва дар ниҳояти завқу хушҳолӣ бо сатилчаи пури шир ба хона баргашт. Ӯ аз нав бо сатили дигари бузургтар ба сӯйи оғилхона роҳ пеш гирифт, акнун мебоист ба доди гову гӯсолаҳояш расад.

\\\*

...Борон наистода меборид. Ба ин нигоҳ накарда, Маҳтоб сари лухт ва бо як пероҳани тунук дар лаби арз ду чашм ба сӯйи боғ дӯхта меистод. Аз шиддати борон дарахтони боғ хира ба назар мерасиданд ва роҳи борике, ки манзили Маҳтобиноро то он тарафи ҷӯйи калон мепайваст, аслан ба чашм намехӯрд. Маҳтоб ҳис мекард, ки борон сард нест, балки хеле форам ва дилнавоз ба сару кӯлаш мерезад. Борон мебориду куртаи ӯ зич ба танаш часпида буд ва тамоми манзараи зери он омехта бо шиёру чакраҳои оби борон намудор мешуд. Поинтар аз шиками сап-сафед эзори қирмизранг ва болотар ҳам синаҳои барҷаста дар зери корсетҳои қирмизӣ мисли ду дона анори суп-сурх ба назар метофтанд. Мӯҳои дарози сардодаи Маҳтоб бо оби борон то пушти шонаҳояш ва аз пеш то сари дил шорида мефуромаданд. Гарчи ҳаво тирагун буд, сару бадани ӯ ҷо-ҷо медурахшид, чун як парӣ ҷило медод ва чашмонаш барқ зада, аз моварои души осмонӣ Ҳазрати Хизрашро меҷустанд.

Оре, Маҳтоб аз лобалои пардаи тираву меғолуд синчакунон ба васати дарахтони боғ дида медӯхт. Дар мағзи дидаҳояш пай мебурд, ки пардаи меғолуд оҳиста-оҳиста бардошта шуда дар он сару сурати азизаш сохта мешавад, шаклу шамоиле монанди Ҳалими ӯ дақиқтару возеҳтар падид меояд. Бале, Маҳтоби дида ба роҳ зиёд мунтазир намонд, азизаш бо сарутани таршуда қадамҳои баланд партофта ба ӯ наздик шудан гирифт. Дигар тоқати ҳар ду тоқ шуд, беихтиёр башаст ба сӯйи ҳам давиданд ва бағал кушода якдигарро ба оғӯш кашиданд. Ҳалим Маҳтобро танг дар оғӯш гирифт, мӯҳояшро силакунон рӯйи худро ба гунаҳои маҳини ӯ часпонд. Маҳтоб ихтиёри худро аз даст дода буд, нафаси гарми азизаш ҳамроҳ бо намии борон ба ӯ лаззат мебахшид. Лабони ташна ба бӯсаҳои ҷонбахш ба ҳам хӯрданд, роҳату масаррати беинтиҳое тору пуди ҳар дуро фаро гирифт. Борон беист меборид ва ду тан дилдодаи ба дидор расидаро бо қатраҳои рагбору форами худ сар то по навозиш мекард.

Қазоро, ин роҳату навозиш зиёд давом накард, борони нарму форам ногаҳон сард шуд. Ҳамон лаҳза Ҳалим ҳам дасту тани худро аз Маҳтоб бардошт, ба саъю талоши Маҳтоб, ки бо дастони ба пеш дарозкардааш мехост ӯро нигаҳ дорад, таваҷҷуҳ накарда дур шудан гирифт. Ӯ дар як зум нопадид шуд, дар васати дарахтон, ки ҳанӯз ғӯтавар дар оғӯши меғи тира буданд, ғоиб гардид. Ҳамроҳи борон оби тани Маҳтоб низ сард шуд, баданаш ях кард. Аз хунакӣ сахт ларзиду худро таконе дод ва ба худ омад...

Маҳтоб чашмонашро кушода болои сар додарарӯсони худ – Алиму Салимро дид. Ҳар ду бо завқ ӯро тамошо мекарданд. Дар дасти Алим обхӯрии филизӣ буд, ки мехост аз он дубора ба чаккаи Маҳтоб об резад. Ҷаста аз ҷо баланд шуд ва рӯйи тӯшаки хоб сари дузону нишаст.

– Ин қадар хоби ширин дорӣ, янга, – гуфт бо табассум Алим.

– Дунёро об барад ҳам, ба парвоят нест, – илова кард Салим.

Маҳтоб худро ҷамъу ҷӯр кард ва бо тааҷҷубу шигифте, ки аз дидани

Салим ба танаш роҳ уфтода буд, нобоварона лаб ба сухан кушод: – Салимҷон, ин туӣ?

– Оре, нашинохтӣ?

– Не, не, чаро нашиносам, сабил, хобам бурдааст, – Маҳтоб ба по хест, рӯсариашро дурусткунон афзуд: – Тамоми шаб мижа таҳ накардаам, навбати обамон буд.

– Гуфтам, янга одати дерхезӣ надошт, бечора кори ману тура карда будааст, – бо эътироф ҳарф зад Алим.

Салим китф дарҳам кашид ва бетоқатона барои зани бародар бағал кушод. Маҳтоб ӯро ба сари дил пахш карда, ба рӯйи китфонаш тап-тап зада гуфт:

– Омадӣ, додарҷон, шерӣ ё рӯбоҳ?

– Албатта, шер! – бо хушҳолӣ арз кард Салим. – Кай дидаӣ, ки ману Ашӯрамак корро нимкора монда бошем?

– Медонам, дасти холӣ баргаштан ба шумо намезебад.

Дар ин ҳол аз дами остона садои Шабнам баланд шуд. Ӯ бо ҳаяҷон ва овози баланд дод зад:

– Оча, очаҷон, додом омаданд, додом!

Маҳтоб ба сӯйи дар назар афканда ба чашмонаш бовар накард: рӯ ба рӯяш Ҳалим духтарашро дар бағал гирифта меистод. Ин ҷо Алиму Салим ба якдигар маънидорона чашмак зада, оҳиста хонаро тарк карданд. Маҳтоб аз таги дил гиря карда фиристод ва дар ҳоле ки рӯйи рухсораш сели ашк равон буд, худро ба оғӯши шавҳар андохт. Шабнам гоҳе ба модари гирён ва гоҳе ба падараш, ки чашмони ӯ низ лиқ-лиқи об мешуд, нигоҳкунон дар ҳайрат монд. Намедонист чӣ гӯяд ва чӣ кор кунад, дар сурате ки беихтиёр аз косачаҳои ҷилодори ҳосилшуда дар зери мижгонҳои кӯтоҳи ӯ донаҳои марворидии гарм ба рӯйи дасти Ҳалим чакиданд...

пешина
аз 44
навбатӣ