Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
СОҲИБИ ҚАЛАМИ НАВИШТАНӢ ВА СУХАНИ ГУФТАНӢ
Ҳикояву қисса ва навиштаҳои дар ин маҷмуа гирдовардашударо мутолиа намуда, ба хулосае расидам, ки қаламу сухани дӯсти ҷавони мо – Юнуси Имомназар бурротару расотар шудааст. Ман бесабаб таркиби «дӯсти ҷавони мо»-ро ба забон набурдам. Юнуси Имомназарро ҳанӯз аз овоне, ки дар мактаби миёнаи зодгоҳаш – деҳаи Эҷи хоҷагии ҷамоавии «Нурато»-и ноҳияи Нурато ба ҳайси омӯзгор кор мекард, мешиносам. Ӯ баробари ҷавони қобилу муаллими хуб будан, ровии хушсухан ва сухангӯйи моҳиру ҳозирҷавоби маъракаҳои нишоти на фақат зодгоҳаш, балки мардуми деҳоти тоҷикнишини ноҳияи номбурдаи вилояти Навоӣ ҳам ба шумор мерафт.
«Мушк он аст, ки худ бибӯяд, на ин ки аттор бигӯяд» гуфтагӣ барин, баъдтар ӯро, чун аз қобилияташ огоҳӣ ёфтанд, барои кор ба таҳририяти тоҷикии радиои Ӯзбекистон даъват намуданд. Дар ин ҷо, ба қавле, шабу рӯз кор карда, донишу ҷаҳонбинӣ ва савияи саводи худро хеле такмил дод. Азбаски ҷавони хушзеҳну зирак ва нисбати худ сахтгир буд, аз кормандони собиқадору тавонои ин даргоҳи бонуфуз сабақ гирифт, таҷриба андӯхт, ба такмилу танзими қобилияту маҳорати хеш сахт камар баст.
Гоҳан ба идораи «Овози тоҷик» ҳам меомад ва лавҳаю мақола, очерку ёддоштҳояшро ба салоҳдиди муҳаррирони бахшҳои рӯзнома вогузор менамуд. Аҳёнан шеър ҳам мегуфт. Ва бояд мутазаккир шуд, ки аксари онҳо бо андак таҳрир, баъзан бидуни таҳрир ба чоп мерасиданд ва хонандаи худро пайдо мекарданд.
Ҳамкории мо бо Юнуси Имомназар дар солҳое, ки камина муҳаррири ҳафтаномаи «Фарҳанги Осиёи Марказӣ» будам, хеле густариш ёфт. Ман аз ӯ бино бар ин ё он мавзуъ навиштани матлаберо хоҳиш мекардам. Вай он матолибро пештар аз муҳлати фармуда ва беҳтар аз дархосте, ки банда доштам, омода менамуд. Он солҳо қариб дар ҳар як шумораи ҳафтавори зикршуда маводе ё матлабе бо имзои Юнуси Имомназар ба чоп мерасид, ки ғолибан рӯзмарра ва хонданӣ буданд. Охири солҳои навадум «Фарҳанги Осиёи Марказӣ» аз байн рафту банда Юнуси Имомназарро «гум» кардам. Вале ин «гумшавӣ»-и дӯсти ҷавони ман, хушбахтона, дер напоид. Дигар, ӯро ба сифати нависандаи ҳикояву қиссаҳо аз нав кашф намудам.
Дар рӯзномаи «Овози тоҷик» пайи ҳам ҳикояҳои намакини ӯ, пасон, ёддошту қиссаҳояш ба чоп мерасиданд. Аз онҳо бурду барор ва пешрафти эҷодии мавсуф зуд ба чашм мехӯрд. Азбаски акнун корманди як ширкати эронӣ буду бо ҳамкорони ҳамзабон бештар ҳамсуҳбат мешуд, забони навиштаҳояш низ фасеҳтар ва пуробурангтар мегардиданд.
Соли 2008 аввалин китоби мавсуф таҳти унвони «Аз гулгашти Мусалло то Нақши ҷаҳон» дар Тошканд ба чоп расид. Дар он Юнуси Имомназар дидаю шунидаҳояшро аз сафари кӯтоҳе, ки ба Эрон доштааст, бо забони фасеҳу дилнишин нақл мекунад. Бояд махсус қайд намоям, ки сафарномаи мазкур хеле муҷаз ва хонданист. Муаллиф тавонистааст, ки хонандаро дар сафарҳояш ба ҷойҳои диданиву тамошобоби шаҳрҳои маълуму машҳури Шероз, Исфаҳон ва Теҳрони Эрони бузург ҳамроҳу ҳамсафари худ дорад, то эшон низ баробари ӯ он ҷойҳоро бубинанду эҳсос кунанд.
Он чӣ гуфтем шаҳодати маҳорати хуби нигорандагии Юнуси Имомназар аст. Маҳз ҳамин маҳоратро хонандаи гиромӣ метавонад имрӯз аз китобе, ки дар айни ҳол рӯйи даст дорад, идрок намояд. Оре, Юнуси Имомназар қалами навиштанӣ ва сухани гуфтанӣ дорад. Умед аст, ки аз бору самари ин қаламу сухан дилҳои дӯстдорони каломи бадеъ шодобтар хоҳад шуд.
Алъон бо ҳамин умеди қавӣ ба адиби ҷавон дар роҳи эҷод тавфиқи мудом ва ба хонандаи вай дар мутолиаи китоби ҳозир ва осори баъдии ӯ завқи тамом мехоҳем.
ПАЙМОН, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва ИН Ӯзбекистон,
«ҲАР КИ Ӯ АЗ ҲАМЗАБОНЕ ШУД ҶУДО... »
Ҳар гоҳ ба шаҳри Каттақӯрғон равам, рост ба хонаи Курангбобо мешитобам. Мӯсафеди нуронӣ, ки синнаш аз ҳаштод гузашта, чунон ситорагарму ҷаззоб аст, ки ба ҳар кас бо суҳбату гуфтугузори дилнишинаш олам-олам фараҳ мебахшад. Ӯ мисли китобест, ки аз таҷрубаҳои рӯзгору бурду бохти одамону диёр нақл мекунад. Сад афсӯс, чунин «китобҳои гаронбаҳо» дар байни мо торафт кам мешаванд.
Ин дафъа Курангбоборо хастаҳолу бемадор дидам. Дармону неруи пешинаро надошт, қувваи равонаш костааст. То бевақтии шаб суҳбат кардем. Бобо аз ҳар хусус ҳарф мезад. Аён буд, ки ӯро беш аз ҳама вазъи тоҷикони Каттақӯрғон ба танг овардааст. Афсӯс мехӯрд, ки садҳо оила бо гузашти айём, тадриҷан забони модарии худро гум кардаанд. «Аз ягон ҷо дасти ёрӣ надидем. Рӯзамон гузарад гуфта, бо забони дигар гап задем, бо забони дигар хондем, – мегуфт ӯ бо надомат, – дар ҳуҷҷатҳоямон миллатамонро дигар навиштанд».
Дарду ҳасрати мӯйсафед аз ғамхонаи ҳаёт буд, аз зиндагие, ки дар он риштаи умеду орзу гусастааст, дарҳои дӯстиву мурувват ва омӯзишу парвариши асил баста шудаанд. Дар ин рӯзгор сабуи маърифат дарҳам шикаста, ҳама кору ҳама одат фақат барои қонеъ сохтани нафс, баҳри сариштаи ҷон пиёда мешавад. Агар як идда калонсол ба тоҷикӣ ҳарф зананд ва аз русуми тоҷикӣ балад бошанд, аксарият ҳисси ифтихори миллии худро гум кардаанд. Онҳо бо мурури замон то ҷое бегона шудаанд, ки ҳатто тақозо доранд момо ё волидони мусинашон низ аз гуфтугӯ ба забони модарӣ худдорӣ кунанд. Ин гуна оқибати нангин боиси ошуфтагии Курангбобою ҳамтоёни ӯст, намедонанд аз ин вартаи ҷаҳолат чӣ гуна роҳи наҷот ҷӯянд.
Курангбобо хотироти худро варақ мезанад ва пеши назар садҳо симою манзара ба ҷилва меояд. Ӯ медонист, ки солҳои пеш як гурӯҳ ба номи «шуроӣ» ба сари мардум кулфатҳои зиёд оварда буданд. Онҳо аҳли ҳунарманду равшанфикрро чашми дидан надоштанд. Аз рӯинтании ин аҳл хашмгин шуда, бо тамғаҳои «унсури бегона», «душмани Шуро» туҳмат мезаданд ва «қулоқ» мекарданд. Ба онҳо ва аҳли оилаашон молу чиз намедоданд, гоҳан рӯйирост аз деҳаю шаҳр ба берун меронданд. Шояд вазъи ноҳинҷори кунунӣ аз ҳамон «замонасозӣ»-и сарварони аввала ибтидо гирифтааст?
«Кӣ Мулло Нурназарро намешинохт? – оби дида пок карда мегӯяд Курангбобо. – Ҳама медонистанд. Ӯ мулло буд – муллои бузург, табиб буд – табиби ҳамадон... Вақте ки ба масҷид медаромад, ҳама гуррӣ аз ҷо мехест, эҳтиромашро хурду калон ба ҷо меовард. Ҳар кас орзу дошт, ки ба суҳбаташ мушарраф шавад, аз ӯ чизе гирад, чизеро омӯзад. Аммо замонро бинед, ки ҳамин доною азизи мардумро ба душмани аввали Шуроҳо бароварданд ва маҷбур карданд, ки аз зодгоҳ фирор кунад, аз деҳа ба деҳа сарсону саргардон шавад. Қатор-қатор китобҳояш несту нобуд шуданд...»
Хотираи бобо ҳақиқати ҳаёт аст, ҳақиқатест бисёр талх, риққатовар. «Одамони гуреза ба чор тараф мерафтанд, вазнинии зиёдро ба дӯш мегирифтанд. Худамон дар Бургану Ҷадир ҳафтаҳо гурусна мемондем. Аз хунукӣ пою бадан варам мекард, каб-кабуд мешудем. Дар ин вақти нобасомонӣ ду ҷигарпораамро гӯрондам», – мегӯяд Курангбобо бо ҳасрату алам.
Аён мегардад, ки нахустин вазифаи Шуроҳо ба давлати «нав», ба тарзи «тоза»-и ҳаёт ҷалб кардани мардум будааст ва бо ин ҳадаф аз ҳеч кор (ҳатто агар зишту марговар бошад!) рӯ намегардондаанд. Он замон бештари сокинони деҳаҳо ҷойи зистро паси сар гузошта, яке маҷбурӣ, дигаре ихтиёрӣ ба чор сӯ рахти сафар бастаанд.
Акнун ки ба тоҷикони Каттақӯрғон барин шаҳру шаҳристонҳо, ки дубора аз ҳар тараф гирди ҳам омадаанд, назар афканем, беэътибории онҳо ба забону расму оинҳои миллӣ равшан эҳсос мегардад. Онҳо ба забони модарии худ на кор мекунанду на таълим мегиранд. «Бачаҳомо на танҳо забонашона гум мекунанд, метарсам, ки рафта-рафта аз хешони тоҷики худ ҳам ҷудо мешаванд», – бо надомат илова мекунад Курангбобо.
Шояд Мавлонои Балхӣ ҳам ҳамин гуна рӯзгорро пешгӯйӣ карда:
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо, Бенаво шуд, гарки дорад сад наво.
Рӯзномаи «Овози Самарқанд», 8-уми сентябри соли 1992
«АЗ МОСТ, КИ БАР МОСТ»
Вақте ки рӯзнома масъалаҳои мубрами ҳаётиро баррасӣ ва ҳалли онҳоро ба муштариёни худ ҳавола мекунад, кас як ҷаҳон лаззати руҳӣ мегирад ва бо арзи сипос мекӯшад ҳиссае дар кори хайр гузорад. Аз ин ҷост, ки чанд пиндошти камина бо хондани мақолаи «Бачаҳо хондан намехоҳанд! Барои чӣ?» («Овози Самарқанд», 29-уми сентябри соли 1992) падид омадааст.
Инсон ба хотири беҳбуди зиндагии худ саъю талош мекунад. Ба он мекӯшад, ки ҳаёташ мудом бофайзу пур аз шодӣ гузарад, барояш ҳама имконоти рӯзгор муҳайё бошад. Аз ин рӯ, худро ба ҳар сӯ мезанад: медавад, то насими тозаеро дарёб кунад; мехазад, то ба қуллаи осоиш бирасад; метапад, то ки босаводу баору баномус дар колбади33 худ ором бимонад...
Аҷаб сарнавиште! Чӣ қадр танбалу беҳавсалаанд мардуми мо! Чӣ одамоне сохта замони пурасрори ахир! Ҳама дурафтода аз роҳи илманду аз олами покизагию офият бебаҳра. Медаванду мепаранд фақат ба хотири сарзаниши касе, ба ғайбати нафаре, ба таҳқири бечорае. Бехабар аз он, ки худ ба вартаи ҷаҳолат фурӯ рафтаанд, худ таҳқиру мазамматшудаи замон гаштаанд. Аз ҳама охир, гӯё бо таёқе лангон-лангон мераванд...
Ин бесарусомонӣ аз дасти насли аршадест, ки давроне сохтаанд ва наврасону ҷавононро ба чорроҳаи бунбаст дучор кардаанд ва худ бо мазоҳ аҳволи ноҳинҷори замонаро тамошо мекунанду беш аз пеш ҷор мезананд: «Мо фалон будем, мо бисмадон будем, мо ину он мекардем...» Дар асл, марду зани ин давр содалавҳу содакор будаанд, вагарна дурандеш мешуданд, зомини оқибатҳои наҳсу аламзо намегаштанд. Онҳо – аз поин то ба боло, аз деҳқону коргари одӣ то вазиру подшо решаҳои хушомадгӯйӣ, ҳасудхӯрӣ, порагирӣ, савлату шайтанатпарастӣ, фиребкорию коғазбозӣ ва дар охир, ҷамъияти карахту бебунёд ва беоқибатро «сабзондаанд».
Он насли аршад буд, ки зери парчами дӯстиву бародарӣ ба «шаҳду шакар» фирефта шуданд, шираи якдигар макиданд. Баланд-баланд «то гузаштаро надонӣ, имрӯзро намефаҳмӣ» гуфтанду худ як лаҳза ба гузаштаи нек назар наафканданд, ҳама маводи муфидро нодида гирифтанд.
Ҳамон насли аршад олами бедину диёнат, беэътиқоду урён аз имон сохтанӣ шуданд, ба коммунисми хаёлӣ бо чашми умед нигаристанд. Аз Худо рӯ гардонданд, дар асл, ҳазар карданд! Акнун, мисли ин ки бо дасту пойи лухт дар биёбони «сӯзон»-и бидъату даҳригарӣ сарсону саргардонанд.
Ҳатто модарон, ки ба таъбир, биҳишт зери пойи онҳост, муҳимтарин вазифаи хешро ба дасти фаромӯшӣ супурда, дарк накарданд, ки ғайр аз шикамсерии кӯдак тарбияти маънавии ӯ низ амри зарурист. Занони замонасоз аз пайи шавҳарони пулпарасту молбозу айёш давиданд, ба худ гаронтарин либосҳоро, хоҳ ҷопонию амрикоӣ, хоҳ ҳиндию чинӣ, пайдо карданд, аммо ба ҳоли табоҳи фарзанди худ назари нек наандӯхтанд. Бехабар монданд, ки зодаи онҳо одитарин чизро – чун либосовезаку либоси утузада, мизи кориву амволи ороиш, хамиру чӯткаи дандон надорад. чӣ ҷойи сухан аз китоби бадеӣ, рӯзномаю маҷалла ва асбобу дастгоҳҳои, масалан, дуредгарию фаннӣ34!
Саъдии бузургвор гуфта:
Подшоҳе писар ба мактаб дод, Лавҳи симин-ш бар канор ниҳод.
Ба рӯйи он лавҳ набишта ба зар: «Ҷабри устод беҳ, ки меҳри падар!»
Мутаассифона, волидони имрӯз ҷабри устодро ба таври ғалат пазируфтанд. Пеши кӯдаки худ омӯзгорро таҳқир карда, эркагиашро даҳчанд афзуданд. Шогирд дарёфт, ки ҳомии пурзӯре дорад ва ҳеч гоҳ аз устод кам наомад, гоҳан ӯро дашном ҳам дод! Ё Худо, бо ин сифлагӣ волидону фарзандон аз тирагии рӯзгор ҳам ёде накарданд, ки аз набудани омӯзгор падид ояд:
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
(Ҷомӣ)
Дар ҷамъияти навсохта доираи муаллимон васеъ гардид. Ҳар касу «нокас» ба дипломи омӯзгорӣ даст ёфт, ки ин боиси коҳиши рӯзафзуни обрӯи муаллим шуд.
Ҳамин тавр, бо рақобати якдигар ва аз беэҳтиромии мардуму бепарвоии мақомоти боло омӯзгор худро таҳқиру наҳзада дарёфт ва хоҳу нохоҳ кори худро дилу бедил ба сомон расонд. Аксаран шиори онҳо чунин шуда монд: «Хонад ба худаш мехонад, нахонад мана чӣ кор?»
Ин аст, ки дарёи зиндагӣ лойолуд гардид, аз он моҳии хубе гирифтан амри муҳол ва ба нақле, аз мост, ки бар мост...
Бо ин ҳол, дунё ба умед гуфтаанд, шояд дидаи ҳақбине ба тангнои зиндагӣ назар афканад, ҳама бо ваҳдату тифоқӣ, бо сабуриву хирад ҳадисҳои рӯзгорро дарёбанд. Шояд ин шеъри Мавлавӣ низ чун калиди ганҷинаи осоиш ва роҳату фароғат хидмат кунад:
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ. Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
Рӯзномаи «Овози Самарқанд»
МЕҲМОН АТОИ ХУДО
Борҳо бо ифтихор, бо дили гарму саршор аз меҳру муҳаббат, бо ишора ба оинҳои ҳамидаи одамшиносӣ гуфтаем, ки тоҷикон аз қадимулайём меҳмоннавозанд. Ин халқи куҳантаъриху бо амри тақдир парешоншуда, ки ҳазорон бунбасту алангаи рӯзгор, сардиҳои тоқатфарсою оташҳои ҷонсӯзи зиндагӣ, бори гарони ғаму андуҳ ва аламҳои дилхарошро сипарӣ кардааст, ҳамеша меҳмони худро ҳабибу атои Худо хонда, ба ӯ эҳтиром гузоштааст. Меҳмондӯстӣ одати ба шираи ҷисму ҷон часпидаи тоҷикон мебошад, ки ҳеҷ гуна азобӣ ин хӯйи неку писандидаро аз байн набурдааст.
Халқи мо ба хубӣ дарк карда, ки одам дубора ба дунё намеояд, аз ин рӯ, ҳар лаҳза донистани қадру қимат ва манзалати инсонӣ азизтар аз ҳама кори дунявист. Одамшиносӣ аз рафтуомад, аз муносиботи тарафайн, аз суҳбату ҳамнишинӣ сар мезанад, ки маънии меҳмонӣ дар ин гуфтаҳо нуҳуфтааст. Ҳамчунин дар боби меҳмоннавозӣ мақолу зарбулмасалҳои фаровоне гуфта шудааст, ки онҳо чун дурдонаҳои нодир аз дарёи хаёлоту эҷоди мардум падид омада, мамлу аз пандҳои ҳакимонаю дилангез ҳастанд ва аз насл ба насл мегузаранд.
Мегӯянд, сарбаландӣ аз одамшиносӣ маншаъ мегирад. Ба хайру эҳсон саъю ҷадал кардани афроди сахӣ оқибати нек дорад. Ҳар гуна кори хайр беҷавоб нахоҳад монд. Вақте ки одамият дар ниҳоди кас устувор аст, фирефтагӣ ба молу дунё аз байн меравад ва обрӯю ҳайсияти аз ин роҳ ба даст омада аз ҳар гуна давлату дороӣ бартар аст, ба қавле, «одам пулро меёбад, на пул одамро!»
Инсонро шинохтан, касеро пазируфтан нишонаи адаб аст. Набояд ба он гумон рафт, ки меҳмон балои ҷон бошад, баръакс бояд дар хотир дошт, ки «меҳмон рӯзии худро бо худ меоварад» ё «меҳмон аз дар дарояд, ризқаш аз токча медарояд». Меҳмон касеро озор намедиҳад, ӯ ризқи худро мехӯрад ва доиман мутеи соҳибхона аст. Ба шӯхӣ гуфтаанд, ки «меҳмон хари соҳибхона аст». Тавре ки, ҳар чӣ мизбон ҳозир намояд, бар он ризоят диҳад ва қонеъ шавад.
Меҳмон зирак аст. Ӯ медонад, ки ба куҷо меравад, дари киро мекӯбад. Аз ин рӯ, агар меҳмон омад, ҳар ҳунареро, ки дар одоби пазироӣ ҳаст, бояд ба кор бурд. «Нон пушти шиша молидан», яъне хасисиву лаимӣ кардан кори оқилона нест ё нашавад, ки тарсу ваҳм ба дил роҳ ёбад. Ба касе шак доштан, бадбин будан, ба гуфтае, «аз сояи худ тарсидан», одамро ба доми ҷаҳолат мекашад. Дар ин маврид Қоонии ҳассос гуфта:
Нохуни хеш ҳаме бинаду пиндорад теғ, Даст бар миҷа ҳаме моладу ангорад мор.
Равшан аст, ки меҳмоннавозии ҳар кас бояд бо лутфу марҳамат, бо хурсандию эҳтиром ва бо дасти кушод сурат гирад. Забони нарму суханҳои дилнишин ба меҳмон писанд меояд. Гуфтаанд: «Бо забони хуш мор аз сӯрох дармеояд». Ҳатман дар назди меҳмон аз дашному носазо гуфтан ва аз амали ноҷо худдорӣ бояд кард, зеро «ҳар сухан вақтеву ҳар нукта маконе дорад».
Ба хелеҳо одат шудааст, ки будани меҳмонро нодида мегиранд ва ҳар сухани пасту баландро бо қаҳру итоб, бо зардаву ғазаб ба ҳамдигар фурӯ мерезанд. Ба хусус, ин гуна рафтор аз сӯйи зану шавҳари камандеше падид меояд, ки мехоҳанд «оқилӣ ва тавоноӣ»-и худро дар назди меҳмон нишон диҳанд. Онҳо ҳис намекунанд, ки дили меҳмон аз ин ҷаҳолат ба танг омада, аз омадани худ пушаймон мешавад. Беҳуда нагуфтаанд, «дар хонаат меҳмон бошад, пишакатро пишт магӯй», ё ки «дар хона кас ҳаст, як ҳарф бас аст».
Мардуми мо қадри меҳмонро баланд бардоштаанд. Ӯро атои Худо хонда, аз падар ҳам бузург ҳисобидаанд. Аз ин хотир, барои пешвозгирии меҳмон, ки аз дур меояд ё аз наздик, хеш аст ё дарвеш, бузург аст ё кӯчак, ҳамеша омода мебояд буд. Дар ин вақт ба нозуктарин нуктаҳо бояд таваҷҷуҳ намуд. Ҳамеша ҳис кардан лозим аст, ки ана-ана меҳмон меояд. Барои ин хонаю дар ва худи мизбону ҷогаҳаш бояд тамизу озода бошад. Агар ин корро накунем, мақоли «ба хонаи норӯфта меҳмон меояд» ҳеч гоҳ маънии худро аз даст намедиҳад. Дар идома, рӯйи кушоду лабханди мизбон ва илтифоти самимонаи пазироӣ ба дили меҳмон фараҳу нишот мебахшад. Дасторхони густурда ва суҳбати гарм қалби меҳмони накӯорзуро тасхир мекунад. Камоли Хуҷандӣ басо хуб фармуда:
Ба хони ошиқи мискин, агар меҳмон расад, ҷонон, Кабоб аз сина, об аз дида, ширинӣ зи ҷон бошад.
Бояд дар хотир дошт, ки меҳмондории дуруст ва куллан, хушиҳои рӯзгор аз саҳархезӣ сар мешавад ва беҳуда нагуфтаанд: «Саҳархез бош, то комраво бошӣ».
Ба меҳмонӣ рафтан низ тақозоҳои муайян дорад. Унсурулмаолии Кайковус дар «Қобуснома» овардааст: «Агар меҳмон шавӣ, меҳмони ҳар кас машав, ки чашматро зиён дорад ва чун шавӣ, сахт гурусна машав ва сер низ машав, ки агар нон натавонӣ хӯрдан, мизбон озурда шавад ва агар ба ифрот хӯрӣ, зишт бошад».
Дар меҳмонӣ нишастани одам ба давраи одоб кашида шудани ӯст. Сар ба ҳар сӯ задан, чашм андохтан ва аз ҳама қабеҳтар, гуруснагӣ нишон додан, камоли беақлист. «Одами гурусна имон надорад», мегӯянд. Пас, меҳмон бояд ба навбати аввал барги гурусначашмиро хазон кунад!
Муҳлати меҳмонӣ тулонӣ нест, ҳарчанд мегӯянд, «омадан бо иродат рафтан бо иҷозат». «Меҳмон то се рӯз азиз аст», набояд заҳмати соҳибхонаро зиёд кард ва асбоби дарди сари ӯ гардид. Меҳмон агарчи азиз аст, агар дер бимонад, иззаташ мекоҳад. «Об, ки як ҷо бимонад, мегандад». Бамавқеъ хайрухуш кардан дар ҳар як сафар ба ҳурмати кас меафзояд.
Дар меҳмонӣ лутфу эҳтиром, меҳру адолат роҳ меёбад. Меҳмон шарики заҳмату эҳсони мизбон мегардад, аз неъмати хонавода баҳра мебарад. Ҳамин лаҳзаи дилхушӣ бояд меҳмонро қонеъ кунад ва нашавад, ки пас аз рафтан ғайбати ин хонадон ба забон ояд, «намакро хӯрдаву намакдонро бишканад».
«Холаи хушваъда будан» ҳам аз рӯйи одоб нест. Зеро «меҳмони нохонда иззат надорад», бе даъват ба ҷое рафтан, ҳатто ба хонаи дӯстону хешони худ, боиси ноҳинҷорӣ ва бесаранҷомӣ хоҳад шуд.
Пас аз меҳмон шудан одоби меҳмониро нигаҳ доштан зарур аст. Тамоми мурооту пешниҳод ва дархости мизбонро мебояд қабул кард. Ҳар лаҳзаи меҳмониро бо ширингуфторӣ, бо дилхушӣ ва бо ҳамдигарфаҳмӣ бояд сипарӣ кард. Аз ҳама рафтору гуфтори бад парҳез намудан камоли оқилӣ бошад. «Он чӣ ба худ написандӣ, ба дигарон маписанд».
Ҳам меҳмон ва ҳам мизбон мехоҳад аз муҳити баду одами баддаҳан ва муоширати зиёновар дурӣ ҷӯяд. Беҳуда халқи нозукандеш нафармуда: «Аз девори шикаставу саги даррандаву зани салита бояд тарсид».
Чун ҳама қоидаи меҳмонравӣ ва меҳмоннавозӣ риоят шуд, иншоаллоҳ, кор дуруст анҷом мепазирад ва «об аз осиёб меафтад».
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 19-уми феврали соли 1994

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё