Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ҲИКМАТИ ПАЙҒАМБАРОН (Таҳти рукни «Ганҷи ороста»)
Агар ба гузаштаи ислом назар афканем, воқифи ду мафҳуми ба ҳам мухолиф мешавем, ки ҳамеша дар канори ҳам таваҷҷуҳро ҷалб намудаанд. Яке таълимоти исломӣ аст, ки фақат дурусткорӣ ва маърифати некро талқин мекунад. Дигар, истилокорӣ дар ислом буда, ба он шайтонсиратон сарварӣ мекунанд ва ғорату дуздӣ, қаллобию найрангбозиҳои онҳо дар зери ниқоби ислом одамонро ба шакку тардид меоварад ва боиси афрӯхтани ҳисси бадбинӣ мешавад.
Бино ба гувоҳии таърих, то ҳол таълимоте чун ислом падид наомадааст, ки ахлоқи инсониро ба муддати тулонӣ ва ба ниҳояти пуррагӣ фаро гирифта бошад. Бо вуҷуди ин, чандин сол талқин кардаанд, ки фармудаҳои ислом нодаркор ва беманфиат аст ва ҳама гузаштагон, тайи бештар аз ҳазор сол, аз ҷаҳолат ба ин таълимот печидаанд. Бо ин дуриҷӯйӣ ва худобадбинӣ ҷамъияте сохта шуд, ки дар он ҳусни ахлоқ коҳида, маънавиёти инсонҳо ба дами футур расид.
Агар холисона ва бо чашми ҳақиқат ба таълимоти исломӣ, ки дар китобҳои муқаддаси «Қуръон», «Қасас-ул-анбиё», «Дурр-ул-маҷолис», «Чоркитоб», «Фарзу айн» ва ғайра баён гардида ва дар умқи ҷони мо реша гирифтааст, назар кунем, шоҳиди он мешавем, ки дин ақл аст, донистани таълимоти динӣ асоси хирад, зебоӣ ва покиҳост. Мо метавонем аз он дар зиндагии худ либоси гарму роҳати ахлоқиро таҳия кунем ва аз нури он зулмати маънавиётро равшан созем. Ин ҷо, ба таъйиди гуфтаҳои худ, назаре кӯтоҳ ба ривоёт меандозем.
Тибқи асотири динӣ Одам-алайҳиссалом аввалин инсон аст. Ӯ ҳамроҳ бо Момо Ҳавво аз биҳишт берун шуд. Ин буда, ки то ба ҳол шарораи ҳасрати мо хомӯш нашудааст. Ба Худо дарди дил мекунем, ки кош эшонро аз лаззати биҳишт маҳрум намесохт ва имрӯз гаронии рӯзгор ба сари одам намеомад. Чӣ илоҷ? Одам(а) ба фармони Ҳақтаоло нашуд, аз ақл бегона гардида ду дона гандум хӯрд ва аз дунёи ҷаннатӣ барканор шуд. Чун ба замин омад, бештар аз дусад сол навҳаю зорӣ кард, аммо пушаймонӣ суде надошт.
Чаро Одам(а) аз роҳ бероҳ шуд?
Бо зикри саргузашти Азозил-алайҳилаъна дар «Қасас-ул-анбиё» овардаанд, ки Одам ба васвасаи Иблис фирефта гардид ва хамр хӯрд. Ин амал ӯро бероҳа сохту дар сармастӣ ба кори манъшуда даст зад. Аз ҳамон дам шаробро модари бадиҳо хондаанд. Зинҳор, аз он парҳез бояд кард.
Дар қиссаи Солеҳ-пайғамбар низ омада, ки ашрофзодае ба номи Қайдор дар мадҳушӣ шутури муъҷизавиро, ки шираш қавми Солеҳ(а)-ро сер мекард, ба ҳалокат расонд. Саид ибн ал-Мусайяб гӯяд: «Қавми Солеҳ(а) агар шароб намехӯрдандӣ, ноқаро ҳаргиз намекуштандӣ. Он гуноҳи кабира, ки дар вуҷуд омада аст, аз шароб хӯрдан будааст».
Омӯхтани илму дониш баробари ибодат дар ҳамаи қиссаву ҳадисҳо ёдрас мешавад. Аҳли илмро Худо дӯст медорад. Дар назди Худо олиме, ки кашфиёт кардааст, аз обиде, ки чил сол тоату ибодат доштааст, пештар ва мақбултар аст. Ҳар хирадманду оқил ба доноӣ пирӯз гардида, шуҳрат пайдо карда, расолати пайғамбарӣ гирифтааст. Чунончи, дар симои Юсуф(а) аз аҳли нубувват будани ӯ ва таҷаллии мунаҷҷимӣ ошкор мегардад. Ӯ таъбири хоби малик мегӯяд ва худ ба мартабаи маликӣ мерасад.
Ё дар қиссаи дигар нақл кунанд, ки умри Довуд(а) ба охир мерасад. Пеш аз марг ӯ фарзандони худро ҷамъ карда пурсиш мегузаронад, то ҷонишини хешро муайян созад. Маълум мешавад, ки аз ҳама донотар писари хурдӣ – Сулаймон аст. Чунончи, ба суоли «мақоми имон, муҳаббат, ақл ва шарму қувват дар тан куҷост?» Ӯ чунин посух медиҳад: «Мақоми имону муҳаббат дар дил, мақоми ақл дар сар, мақоми шарм дар чашм ва мақоми қувват дар устухон аст».
Ба тасдиқи пажӯҳиш ва омӯзиши илм ин ҳадиси маъруф доиман вирди забонҳост: «Аз гаҳвора то гӯр илм омӯз».
Борҳо ахлоқи Луқмони Ҳаким дар ривоёти динӣ зикр шудааст. Аз навиштаҳои «Қасас-ул-анбиё» бармеояд, ки Худованд Луқмонро ҳикмат арзонӣ фармуда. Луқмони Ҳаким дар насиҳати фарзанд мегӯяд: «Бар хубӣ ҳукм кун, манъ кун аз бадӣ ва сабр кун бар он чӣ, ки туро расад. Аз такаббур парҳез кун, ки Аллоҳ мутакаббир ва мутафаххирро дӯст надорад».
Вақте ки ҳикояти аҷиберо дар хусуси сафари писари Луқмони Ҳаким мехонем, ҳисси эҳтиром гузоштан ба падару пирони рӯзгордида дар вуҷуди мо ҷӯш мезанад. Писар ҳангоми сафар дар ҳама ҷо ба гуфтаи пирон итоат мекунад ва дар охир соҳиби зани зебову моли фаровон мегардад.
Баръакси ин, дар қиссаи Одам(а) аз гуфтаи падар саркашӣ кардани Қобил зикр шудааст. Ӯ падарро итоат накарда ба бародари худ ҳасад мебарад ва аз намоиши Иблис омӯхта, бо ҷаҳл бародарро ба қатл мерасонад. Ин фарзанди ноқобили Одам(а), ки бераҳмӣ кард ва хуни одам рехт, ба бадӣ дар ёд монд ва тамоми бадкору бадкирдорон ва ҳасуду мунофиқон аз доираи ӯ ҳастанд.
Ё дар ҷойи дигар зикр шуда, ки Канъон ба гуфтаи падари худ – Нӯҳ(а) нашуд ва дар киштӣ наомад. Дар натиҷа тӯфону об ӯро бурд.
Бо ин ки қиссаҳои мазкур зарурати эҳтироми волидонро талқин мекунанд, дар ҳадисҳо низ омада: «Дарҳои биҳишт барои касе боз аст, ки падару модар аз ӯ розӣ бошанд».
Дар муқобили ҷабру ҷафо, ғаму андуҳ, ноомади кор сабру тоқат кардан аз нишонаҳои мардигарӣ ва омили тавоноӣ аст. Аз мазмуни қиссаҳо бармеояд, ки ҳар як пайғамбар барои доштани чунин хислати ҳамида саъю талош кардааст ва аксаран сабуриву шакебоии худро собит сохтааст. Чунончи, Нӯҳ(а) аз тӯфони абарқудрат наҳаросид ва киштии бузурге сохта, тамоми парандаю сутурону муъминонро наҷот дод. Ё Иброҳим Халилуллоҳ як сари мӯе аз оташи Намруди лаин натарсид ва андаруни он мӯе аз тани ӯ наёзурд. Ин ҷо Ҷабраил(а) бо тааҷҷуб гуфт: «Маро аз қудрати Ҳақтаоло аҷаб омад, лекин бар сабри ту аҷабтар аст, ки дар инчунин ҷой ба ғайри Худои аззаву ҷалла ба касе ҳоҷат нахостӣ, то Худованд ин каромат ба ту арзонӣ дошт...»
Васфи сабурии Иброҳим(а), Ҳоҷара(раз) ва Исмоил(а) аҷибу дилангез аст. Инро аз қиссаи «Қурбон кардани Исмоил(а)», ки маъруф аст, фаҳмида метавонем. Эшон бо сабру тоқати ҳайратангез эътиқоди худро нисбат ба Худованд собит кардаанд. Дар ивази ин сабри ҷамил қурбонии Исмоил бекор мешавад ва гӯсфанде фиристода шуда, ки забҳи он раво бошад.
Ҳамчунин дар яке аз марғубтарин қиссаҳои анбиё, ки аз рӯзгори Ҳазрати Юсуф нақл мекунад, тасвири сабру таҳаммули Яъқуб(а) дар фироқи писар хеле муассир ва ибратангез аст.
Чун аз пайғамбарон тоқату устуворӣ омӯхта шавад, бо итминон метавон «пас аз сабр худро ба пирӯзӣ башорат дод». Ва дар ҳадиси дигар омада: «Сабр калиди гушоишҳост».
Аз мундариҷаи ривоёт бармеояд, ки онҳо аз панду ҳикмат, васфи ахлоқи ҳамида ва талошҳои парҳез намудан аз хисоли бад саршоранд. Аз ҷумла, қиссаи Юсуф(а) сар то по бо либоси ахлоқӣ пӯшида шудааст. Аз он хоксориву олиҳимматӣ, ҷасуриву тавоноӣ, авфи гуноҳ, ситоиши хирад ва шакебоӣ, одамдӯстӣ, ҳисси эҳтиром, дарки гуноҳ ва амсоли ин одобро метавон омӯхт.
Овардаанд, ки Юсуф худро дар оина дида ба ҷамоли хеш мағрур мешавад ва мегӯяд: «Агар ғулом будаме, ҳеч кас дар ҷаҳон баҳои ман наметавонистӣ кард». Ва ин мағрурӣ ба Худованд писанд наомад ва Юсуф бандии Малик ибни Зағр гашт. Пас, баҳо додан ба зебоии худ камоли оқилӣ нест, бигзор дигарон аз он арзёбӣ кунанд. Набояд фаромӯш кард, ки «офати зебоӣ худписандӣ ва кибр аст».
Ҳақтаоло пайғамбаронро дар пероҳани саховат оростааст. Гуруснаро сер кардан, бараҳнаро пӯшонидан ва бе меҳмон хӯрок нахӯрдан шиори онҳо будааст.
Овардаанд, ки Иброҳим(а) ғами рӯзӣ намехӯрд, хӯроке бе меҳмон пеши худ намегирифт, кори охиратро аз кори дунё муқаддам меҳисобид ва Худо бо ин ҳиммат ӯро хилофату каромат арзонӣ доштааст.
Аз рӯзгори Яъқуб(а) нақл мекунанд, ки рӯзе дарвешеро ваъдаи таом доду бо машғулӣ ба коре ғофил монд. Дарвеш аз ин дилхиҷил шуда дуо кард: «Ҳақтаоло орзуи ту аз ту дур гардонад». Ва ин дуо мустаҷоб шуда, Яъқуб(а) чил сол азоби фироқ кашид, аз дидори писари азизи худ маҳрум монд.
Пас, манзури ҳикмат ин аст, ки яке аз хислатҳои шоиста навохтани бенавою бечорагон, ба доди муҳтоҷон расидан будааст. Дар ҳадисҳо омада, ки сарватманди бесаховат монанди дарахти бебарг аст ва додраси туҳидастон навозидаи Худост. Ё «тавонгари бахил аз мустаманди саховатпеша дарвештар аст».
Аҳли муъмин дар роҳи эътиқод ба Худо аз ҳар гуна зиштӣ ва бадкорӣ, аз ҳар фисқу фасод ва ҳаромӣ эмин ҳастанд. Ин хулқи ҳамидае бошад, ки ботини зебои тақводорро ошкор созад. Агар ба қиссаи Қорун (алайҳилаъна) таваҷҷуҳ кунем, ба ҳарисӣ ва тамаъкории ӯ воқиф мегардем ва чун ба Мусо(а) ва Худои ӯ имон наоварда ҳасад хӯрд, аз қабили осиён гашт, бо тамоми молу ҳишмату кӯшк бар замин фурӯ рафт.
Ё дар қиссаи «Зикри гов» овардаанд, ки дар бани Исроил писаре буд зодаи яке аз солеҳин. Ӯ бағоят накукор ва порсо буд. Аз гуфтаи модар ҳеч берун намерафт ва фақат шукру ибодати Худо карда, бо меҳнат ва некӣ машғул мешуд. Дар поён ба ивази ин ҳама аъмоли нек сазовори пӯсти пур аз зар гардид.
Афзудани ҳисси шаҳват ва машғулӣ бо фисқу фуҷур дур аст аз ахлоқи инсонӣ. Инро кутуби анбиё ҳама ҷо манъ кардаанд. Чун дар қиссае омада, як зани зебо бо бегонагон ба айшу нӯш машғул шуд. Дуои Балъами Боур қабул шуда, ӯ ба саги сиёҳ табдил ёфт.
Нақле дигар аст, ки «дар шаҳристони Лут мардон бо мардон ҷамъ оянд ва занон бо занон. Онҳо роҳзанонанд ва моли мардум рубоянд». Он вақт Иброҳим(а) гуфта буд: «Ҳар киро ин феъли бад бувад, ҳалок шавад». Барҳақ, ин олитарин ҷазост.
Дар қиссаи Ҳазрати Довуд низ омадааст, ки ӯ дар пайи ҳавои нафс ва шаҳват рафт. Ба Батшоъ ном зане, ки мебоист бо Авриё ақди никоҳ бандад, бо чашми шаҳвонӣ нигарист. Аз ин сабаб ба бало мубтало гашт. Фақат пас аз ҳафтод соли тавбаю зорӣ ӯро Худо пазируфт ва гуноҳашро авф кард.
Дар ҳадисҳо баён шуда, ки зинокор беҳисоб ба дӯзах дарояд. Пайғамбарон ҳамеша аз ин кори зишт худдорӣ кардаанд. Чунончи, Юсуф(а) исрори Зулайхоро беэътибор карда ба ӯ даст назад ва бо ин покӣ шаҳир гардид. Зани зинокор дар оташи дӯзах месӯзад ва марде, ки ба ин гуна зани худ кордор нест, даюс аст.
Тибқи ҳикматҳои динӣ, барои зан марди ӯ (шавҳараш) чун пайғамбар аст. Агар зан саркашӣ кунад, лоиқи ҳар гуна ҷазо аз тарафи мард аст.
Зани нодон ва фирефтаи молу ҳавасҳо боиси ба бало печидани шавҳар мегардад, тавре ки Сулаймон(а) ва Шамъун(а) ин азобро дидаанд.
Дар ҳадисҳо зикр шуда: «Оташ бадани се касро насӯзонад: зане, ки ба фармони шавҳар бошад; зане, ки ба ҳангоми сахтиву гирифтории шавҳар сабр кунад; касе, ки ба падару модар некӣ кунад».
Худо афроди бедину диёнат, беэътиқоду бемаслак ва ҷаббору каҷниҳодро намепазирад ва онҳоро ба азобу уқубати алим гирифтор месозад. Ин шиканҷаҳо дар дӯзах аст, ки тавсифи он дар ривоёт пайваста таъкид мешавад. Дар ҳафт табақаи дӯзах бар аҳли гунаҳкор хашми Худо сахт аст. Ҳар тарафи онҳо оташ буда, дасту по мезананд, гуруснагӣ азоб медиҳад, ғаму шодӣ нафаҳманд, ҳаргиз роҳат наёбанд, дарунҳо сиёҳ, чашмҳо нобино ва дар зиллат муқим шудаанд. Ҳарчанд тавба кунанд, иҷобат нашавад.
Вақте Ҷумҷума бо дами Исо(а) қолаб мегирад, аз азобу уқубати хеш, ки дар дӯзах дидааст, нақл мекунад. Ӯ, ки ба куфру бехудоӣ омехта шуда буд, ҳазор-ҳазор шиканҷаро дидааст. Чуноне ки нақл кунад, хӯроки дӯзахиён оташ аст, мору каждуми бисёр неш мезананд, оби сӯзони наҳр ва чоҳи пуроташи дардовар аз ҳама ҷонсӯзтар аст. Соҳибони дӯзах мегуфтанд: «Эй бадбахт, туро ҷазо бояд ёфт, ки Худои таолоро нашинохтӣ, шукри Парвардигор нагузоридӣ ва даст ба моли мусалмонон дароз кардӣ, аз ҳаром натарсидӣ ва бо он шикамро пур кардӣ, аҳли муслимро ранҷонда, тапонча ба рӯйи эшон задӣ, аз корҳои бад парҳез накардӣ...»
Дар радифи пайғамбарон зиндагӣ ва одоби Муҳаммад(с.а.в) низ намунаи ибрат аст. Ӯ инсони бо сабру қонеъ буда, ба касе озор нарасондааст. Мардумро дилдорӣ мефармуд, хайру офият мепурсид. Дар ростгӯйиву ифои ваъда ва шафқату меҳрабонӣ аз ҳама фоиқ36 буд. Ҳадяи мардум қабул карда, ба ивазаш чизе мисли он ё беҳтар аз он медод. Ба бемор ё сафаркунанда дуои хайр мефармуд. Ба ҷанозаи мусалмонон ҳозир мешуд ва «инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиун» мегуфт. Узри мардумро ҳарчи зуд қабул мекард, меҳмонро менавохт. Худ пиёда шуда ҳамроҳашро савор мекард. Баробари худ дигаронро низ мехӯронду мепӯшонд. Ғарибону фақиронро дӯсттар медошт, ба касе бо чашми ҳақорат наменигарист. Кафшу порчаи (пероҳан) худро бо дасти худ медӯхт. Шукри Худо мекард, бештар ва ба мавқеъ намоз мехонд. Ҳар кореро бо бисмиллоҳ ва аз тарафи рост шуруъ мекард...
Бо ин гуфтаҳо иктифо намуда, феълан аз таҳлили қиссаҳои марбут ба пайғамбари охируззамон худдорӣ мекунем. Дар ин хусус китобу рисолаҳои фаровон иншо шудааст, ки ҳар мусалмон бидуни истиҳола бояд аз онҳо баҳра гирад. Ба вижа, ҳадисҳои монда аз паёмбар басе ҷолиб ва дардхури инсонҳо ҳастанд. Ҳар кӣ онҳоро нахондааст, бе шакку тардид, бояд камар бибандад ва ба омӯхтани онҳо эҳтимом кунад, вагарна аз як ҷаҳон роҳати индунёӣ маҳрум мемонад. Дар ҳадисҳо хираду ҳикмат, эътиқоду эҳтиром, давлату шуҳрат, баракати рӯзгор ва ботину зоҳири зебо ороста шудааст ва ҳар яке чашмаи афзояндаи офият аст.
Ин буд як бардошти мухтасар аз қиссаҳои анбиё, валлоҳу аълам биссавоб!
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 19-уми июли соли 1995

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё