Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ОЛИҲАИ РАВШАНЗАМИР

Нигиндори ин чархи фирӯзафом,

Пайи номи некӯ бувад, вассалом!

(Ҷомӣ)

Ҳар гоҳ дар шаҳристони Нурато сухан роҷеъ ба одамони шуҳратманду овозадор меравад, ҳар кас номи момои Сафияро низ бо эҳтиром ба забон мегирад. Ин момои ҳалиму меҳрабон симои нуронӣ дорад, дилаш саршори меҳру муҳаббат ва пур аз ишқу ормони зиндагист. Мӯйҳои чун барф сап- сафед, чашмони фурӯрафта, рухсори пурожанг ва қомати хамидааш аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ӯ пастиву баландиҳои зиндагиро бисёр дидааст, таъми неку бади рӯзгорро хеле чашидааст.

Момои Сафия аз шаҷараи дар кӯҳпояи Нурато маъруфи «Абдуназарӣ» аст ва аз авлоди «Қозӣ-Тоҳирӣ». Аксари наслҳои гузаштаву имрӯзаи ин шаҷара одамони оқилу хирадманд, аҳли илму маърифат ва порсову озодандешанд. Намояндаи маъруфи он Мулло Нурназар, ки дар замони худ дар мадрасаҳои машҳури Бухоро – Хоҷа Порсо ва Мири Араб таълим гирифтааст, на танҳо дар саросари кӯҳистони Нурато, ҳатто берун аз он обрӯю нуфуз дошт. Сеҳри ақлу заковат, нафаси гарму наҷотбахш ва усулҳои экстрасенсии табобати ӯ мардуми зиёдро аз ранҷу азобҳои руҳиву ҷисмонӣ фориғ сохтааст. Кӯҳистониён ин марди худогоҳ, табиб ва муллои ҳикматшиносро ба некӣ ёд мекунанд.

Вакили дигари шаҷараи «Абдуназарӣ» омӯзгори асилу шуҳратманд Абдунабӣ Назаров аст, ки ӯ низ дар сафҳаи хотироти аҳли диёр нақши босазо гузоштааст. Ӯ созмондеҳи мактабҳои нав буд ва бештар аз сӣ сол вазифаи директории мактаби зодгоҳи худро ба уҳда дошт. Баъд аз даргузашти ин марди ҷонсупори халқу миллат мактаби миёнаи деҳаи Эҷ ба номаш гузошта шудааст.

Момои Сафия дар ин гуна муҳити илмдӯсту маърифатпарвар ба дунё омадааст. Вақте ки падару модараш ба шаҳри Каттақӯрғон (ин шаҳр дар забони омма бо номи Миёнкол маъруф аст – Ю.И.) кӯч мебанданд, ӯ соли 1909 дар маҳаллаи Сӯфигузар таваллуд меёбад. Таълими ибтидоиро дар ҳамон ҷо мегирад. Ба гуфтаи худи момо, падараш марди порсову эътиқодманд буд. Лаёқату истеъдод ва дилгармии ӯро ба дарсхонӣ пай бурда, дар синни нуҳсолагӣ ба мактаби махсус мегузорад. «Ман се сол дар назди зани мударрис – Бибӣ Мунаввара дарси Қуръону аҳкоми шариат, «Фарзу айн»-у «Чор китоб», девони Хоҷа Ҳофизу Бедилро хондаам. Худоба шукр, аз он дам то ҳозир намозхониро тарк накардаам», – мегӯяд омирона ӯ.

Дар ҳақиқат, момои Сафия илми, ба гуфтае, «куҳна»-ро хеле хуб андӯхтааст. Агар дар ин хусус бо ӯ мусоҳиб шавед, аз даҳонаш шаҳду шакар мерезад. Ӯ бо лафзи равону шево «Чор китоб»-и шарифро аз ёд қироат мекунад. Қувваи ҳофизааш ба андозае қавӣ аст, ки то ҳол чандин ояти раббонӣ, ғазалҳои Ҳофизу Бедил ва абёти халқиро фаромӯш накардааст. Ӯ ба пирии худ нигоҳ накарда, рӯзе панҷ вақт намоз мехонад. Мояи осудагии ҳаётро, ба қавли худаш, дар «панҷ маҳал намозу панҷ вақт таҳорат ва покизагии ахлоқу ҳусни гуфтор» мебинад.

Момои Сафия дар синни дувоздаҳсолагӣ ба макони бобоӣ – деҳаи Эҷ меояд. Он ҷо дар гузари Дарифеҷак зиндагиро давом медиҳад. Солҳои бистум мактабҳои маҳви бесаводӣ амал мекарданд ва момои Сафия низ дар чунин мактаби занона, ки дар хонаи Ҳайдарбой ташкил шуда буд, дарс мехонад. Соли 1931 ба маркази ноҳияи Нурато рафта, фаъолияти худро дар мактаб-боғча давом медиҳад. Соли 1933 дар ин ҷо курси шашмоҳаи тарбияти муаллимро хатм мекунад. Баъд ба деҳа баргашта, ҳафт сол ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ кор мекунад. Ин аст, ки дар солҳои душвори сиюм шогирдони зиёдеро омӯзишу парвариш додааст. Якҷоя бо ҳамкасбони худ – Деҳқон Шомуродов, Нурназар Қазоқов, Абдунабӣ Назаров (бародари ӯ), Чинорапа, Бахтигул, Хадича ва дигарон барои саводнок кардани фарзандони халқ ва омӯзондани асрори таълиму тарбияи мактабҳои нав заҳмат кашидааст. Шогирдон момои Сафияро ҳамчун устоди ҳалиму ғамхор ҳурмат мекунанд. Момо на фақат дасти каҷи онҳоро рост намуда сабақ додааст, ҳамчунин дар замони пур аз муаммо дарсҳои зиндагӣ ва роҳҳои раҳо шудан аз банди ҷаҳолатро омӯзондааст.

Момои Сафия ранҷу азиятҳои даври ҷангро низ аз сар мегузаронад. Ба таъбири ӯ, ҷанги хонумонсӯз, ки онро Олмони фашистӣ ба сари мардуми мо бор карда буд, ба ҳар як ҷабҳаи ҳаёт латмаи сахт ворид намуд. Шаҳру деҳот аз қувваи мард холӣ шуда, дар ҳар ҷо, ба ҳама кор занону духтарон ҷалб мешуданд. Момои Сафия дар ин давра вазифаи котибии шурои қишлоқро ба уҳда гирифтааст. Ӯ ҳам дар саҳро ба ғаллакорон ёрӣ мерасонд ва ҳам корҳои расмиро иҷро мекард. Дар он замон ҷисму ҷони момои Сафия беш аз пеш обутоб меёбад. Мардонавор қадам мезад, фикру андеша меронд ва ба афтидаву бечорагон дасти ёрӣ дароз мекард.

Момои Сафия баъд аз ҷанг низ фаъолияти худро дар идораҳои давлатӣ идома медиҳад. Аз сабаби набудани мутахассис ду моҳ курси ҳисобдориро дар Боғдон (Фориши имрӯза) хатм карда, дар шурои қишлоқ ҳисобдор шуда кор мекунад. Ӯ, рӯйиҳамрафта, сӣ соли ҳаёти худро ба хидмати халқу ватан бахшида, барои беҳбуди зиндагӣ ва аҳволи мардум саъю талош варзидааст. Сахттарин рӯзҳои зиндагиро бо таҳаммул паси сар менамояд, барои фаровонӣ ва осудагӣ мубориза мебарад. Кам андар кам занон пайдо мешаванд, ки мисли момои Сафия дар муасссисаҳои давлатӣ ба муддати дурудароз кор карда ё фаъолияти ташкилотию ҷамъиятии ҳамешагӣ дошта бошанд.

Момои Сафия модари панҷ фарзанд аст. Ӯ нозуктарин ҷузъиёти ҳаётро ҳис карда, бо нафаси тозаи модарона кӯдакони худро ба камол мерасонад. Ба онҳо беҳтарин хислатҳои инсонӣ, чун хоксорӣ, олиҳимматӣ, сабру тоқат, саъю талош, кордонию одамшиносиро ёд медиҳад ва чашми ҳар якеро барои хубтар дидани муаммою нозукиҳои ҳаёт боз кардааст.

Сад афсӯс, ки хеле барвақт, соли 1946 шавҳари момо – бобои Тилаб зиндагиро падруд мегӯяд. Аз он дам бори рӯзгорро танҳо худаш мекашад.

Санъати тақдир чунин аст, ки инсон пай дар пай бо азобу душвориҳо рӯ ба рӯ мешавад, ба гуфтаи Бедил:

Зиндагӣ нақди ҳазор озор аст, Ҳар қадар кам шумарӣ, бисёр аст.

Момои Сафия бошад, бо бурдборию истодагарӣ ба ин гуна азобиҳо ҳамеша пирӯз омадааст.

Дар айёми пирӣ сарпарасти момо писари хурдиаш Кӯчум Тилабов мебошад. Ӯ низ яке аз мардони шуҳратманди кӯҳпояи Нурато буда, бисту панҷ сол сарварии Комиссариати ҳарбии ноҳияро ба уҳда дошт. Инак ба унвони сарҳанги мустаъфӣ бознишаста аст. Момои Сафия беҳтарин хислатҳои худ, чун инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ ва кордониро бештар дар симои ҳамин фарзандаш мебинад. Ин марди баландқомати тануманд, ба гуфтаи ҳамдиёрон, «ҷони одам» аст.

Имрӯзҳо ҳар касе, ки ба дидорбинии момои Сафия меравад, ба нақлҳову гуфтори аҷоиби ӯ комёб мешавад, барои худ як ҷаҳон лаззати маънавӣ мегирад, аз панду насиҳатҳои ӯ бархурдор мегардад. Момо ҳамеша дар ҳалқаи набераю абераҳои худ аст. Ӯ чилу ҳашт набера, қариб шаст абера ва панҷ чабера дорад. Ин давлати гаронбаҳо барояш шодиву сурур мебахшад. Хурсандии кӯдакон, шӯхию бозии онҳоро дида оҳи сабук мекашад ва фахр мекунад, ки барои офаридани чунин зиндагии зебою ором ҳиссаи ӯ кам нест.

Барҳақ, момои Сафия яке аз фидоиёни ватан ва омӯзгори ҳаёту модари ҷонсупор аст. Ӯ тавонистааст, ки ба дили мардуми диёри худ ҳамчун инсони накӯкору ҳунарманд роҳ ёбад. Ба гумон аст, ки зинаҳои пурпечутоби тайкардаи ӯро касе азхуд намояд. Момои Сафия дар зиндагӣ роҳи дуруст интихоб кард ва аз ин ҷост, ки ба мақоми олӣ – дӯстдоштаи халқи худ соҳиб гардид. Ба гуфтаи худаш: «Дар ҳаёт худхоҳӣ, худписандӣ ва шуҳратталабӣ бузургтарин офат аст. Ҳар кас аввал бояд худашро бисозад, баъд ба ҷамъият метавонад таъсиргузор бошад. Шуҳрати инсон он аст, ки дигарон ба ӯ баҳои мусбат диҳанд». Ва хушбахтии момои Сафия ҳам дар ин аст: дигарон ба ӯ лутфу эҳсон меварзанд, ҳаёти ибратомӯзи ӯро ситоиш мекунанд, бо доштани чунин як симои нуронӣ ифтихор доранд.

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 12-уми июни соли 1996

Замима:

Вақте ки ин мақола ба табъ расида буд, момои Сафия Қазоқова 87 сол дошт. Ин олиҳаи равшанзамир соли 2000 дар синни 91-солагӣ аз олам даргузашт. Қабри ӯ дар гӯристони деҳаи Эҷ, дар хокҷойи авлоди Қозӣ-Тоҳирӣ қарор дорад. Бар рӯйи санги гӯраш ин мисраъҳо ҳаккокӣ шудааст:

Аё модар, ба марги ту замину осмон гиряд,

Ҳама марду зану ҳар кӯдаку пиру ҷавон гиряд.

пешина
аз 44
навбатӣ