Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
САРЧАШМАДОРИ ДУНЁИ ОБОД (Мавзуи озод ба озмуни «Қадамҳои истиқлол»)
Вақте ки ҳусну ҷамоли беҳамтои боғу бӯстон моро чун оҳанрабо ба худ ҷазб мекунад ва насими бонакҳату атри диловези он ба машом мезанад, беихтиёр ба зеботарин гулҳо ва шохаҳои мунаққашу рангоранг назар меафканем.
Агар шаби маҳтобӣ аз осмони пурситора, ки гӯё дар умқи торикӣ чароғҳои равшан чашмакзанон медурахшанд ва аз ҳаёту зиндагие дарак медиҳанд, дидан кунем, хоҳу нохоҳ назарамон пеш аз ҳама ба дурахшонтарин ситора меуфтад, ки он бо нуру партави худ ҳушу хаёли моро рабуда нозу истиғно мекунад.
Ҳамеша тайи рӯзгор, дар гузаштаву имрӯз гулҳои зеботарину бонакҳат ва ситораҳои тобону дурахшони ҳаёти мо устодони азизу муътабар, омӯзгорони асилу хирадманд, муаллимони поктинату покизарӯзгор будаанду ҳастанд, ки бо санъату маҳорат ва панду алфози шифобахши худ ба ҷумла дардҳо дармон бахшида, дилҳоямонро тасхир кардаанд. Онҳо нахустин симоҳое ҳастанд, ки дар байни тӯдаи мардум бо шаҳомату зебоӣ ва бо ҳусни нуронӣ ба назар мерасанд. Шояд ҳамин посдорони маърифат ва илму одоби инсонӣ арзи вуҷуд доранд, ки ҷомеа рушд мекунаду ба ҳусни зиндагӣ ҳусну таровати нав зам мешавад. Вагарна, дар сурати набудани ин мояи ҳастӣ мегуфтем: «Ҷаҳли бебок ба олам лагади хар задааст».
Дар ҳақиқат, омӯзгорон аҳли ҷомеаро аз ҷаҳолат ва муфлисӣ раҳо месозанд. Онҳо ҳамеша тарғибгари омӯзиши ростӣ, покизагӣ, ваҳдат ва орзуву матолиби нек ҳастанд. Аз ин ҷост, ки бузургтарин алломаву донишмандон ва малику сарлашкарон низ пеши устод сари таъзим фуруд овардаанд, ба омӯзгорони асил эҳтироми самимӣ варзидаанд:
Ҳамебуд доим фарҳангу рой,
Ба таъзими устоз кӯшиш намой.
(Ҷомӣ)
Шогирди хурдсол, ки акнун ба дарки зиндагӣ оғоз мекунад, нахуст ба назди устод меояд. Ӯ бояд саводи хондану навиштан, дурдонаҳои одобу муоширатро фаро гирад ва ҳастиаш аз партави илму маърифат, касбу ҳунари пазиро мунаввар гардад. Аз ин рӯ, маҳз устод бори вазнину масъулияти муҳимро ба дӯш мегирад. Ӯ сабру тоқат дорад, ба ҳар нозу нузи кӯдак таҳаммул мекунад ва бо дидаи нек ба ӯ назар меафканад. Мақсад якест: раҳосозии кӯдак аз банди ҷаҳолат ва раҳнамун кардани ӯ ба ҷодаи илму маърифат, барои андӯхтани ҳунар ва ниёзу дархостҳои дилхоҳ. Дар ин роҳ устод азият мекашад, хуни дил мехӯрад, сӯзонтарин лаҳзаҳоро сипарӣ мекунад. Ба гуфтаи шоир:
Зи гиря кор ба ҷое расондаам, Ҳайрат, Ки сӯхт аз ғами шогирдии ман устодам.
Аз ин ҷост, ки бо саъю талоши устод, бо амру фармоиш ва талабу тақозои ӯ олами маънавиёти донишомӯз рӯшан мегардад ва чашмаи илҳомаш ба ҷӯш меояд. Устод, яъне омӯзгори асилу нуктадон, муаллими ҳалиму ғамхор ва серталаб шогирди худро ба роҳи рост ҳидоят мекунад, ӯро савод мебахшад, илми ростини ҳаёт ва дарси ахлоқу муносибатро таълим медиҳад ва инсоне навро бо ҷилои тозаву муҳтавои ҷадид ба пайроҳаи ҷомеа раҳнамун месозад. Ин аст, ки устодро аз падар пеш гузоштаанд, саҳми ӯро дар рушду камоли инсон бештар донистаанд. Дар ин хусус бузургон такрор ба такрор сухан гӯянд, чунончи:
...Ҷабри устод беҳ ки меҳри падар (Саъдӣ)
\\\*
Ҳаққи устод аз падар беш аст,
В-аз падар устод дар пеш аст (Биноӣ)
\* \\
Ҳаққи падар бузург аст ва ҳаққи устод бузургтар (Дониш)
Ин гуфтаҳо далели қотеъ бар он аст, ки эҳтироми касби омӯзгорӣ, фароҳам овардани имконият ва шароити мусоид барои омӯзгор, баланд бардоштани обрӯю мақоми ӯ бояд рукни асосии ҷомеаи мо бошад. Имрӯз, ки мамлакат мустақил асту дар роҳи пешрафти ҳамаҷониба қарор дорад ва сохтмони тозаи давлатиро ба уҳда гирифтааст, бешубҳа, ба мутахассисони оқилу кордон ва соҳибкор ниёз дорад. Аз ин хотир, омӯзгоронро бояд ҳукумату давлат ба ҳимояи худ гирад ва аз онҳо чун силоҳи рушди ҷамъияти нав истифода барад. Дар акси ҳол, ҷамъият моломоли дузду ҳарис, порахӯру фиребгар, риёкору ҷаллоб, дурӯяву заиф ва нодону беимон мегардад.
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор.
(Ҷомӣ)
Аз ин рӯ, нисбат ба табаддулоти иқтисодӣ тарбияи маънавии аҳли ҷомеа вазифаи аввал ва мушкилтар аст. Фақат омӯзгори воқеӣ ҳис мекунад, ки ӯ дар сохтори ҷомеа мутасаддии нахустин мебошад. Агар ба касби худ лоқайдӣ намояд, илму донишро ба манфиати хеш, ба хотири нафсу худситоӣ ба кор барад, ҳеч гоҳ мавриди писанду эътироф қарор намегирад. Ва ин ҷо панди Шайх Саъдиро дастак мекунем:
Нигаҳ дор аз омӯзгори бадаш,
Ки бадбахту бадраҳ кунад чун худаш.
Омӯзгор ҳамон вақт маҳбуби халқ гардида, шуҳрат пайдо мекунад, агар ҳамчун инсони ростин ва поквиҷдон ба пешаи худ дил баста бошад, агар кори худро на барои чашми дигарон, балки аз рӯйи марому майли ҳастии худ анҷом диҳад.
Ҳусни кори муаллим асосан ҳангоми тадрис ошкор мешавад. Қабл аз ҳама, ба муайян кардани дастурҳои синфдорӣ ва амалӣ кардани иддаоҳои худ камар мебандад. Дар ҳар синф мумкин аст руҳияҳои моҷароҷӯ вуҷуд дошта бошад, вале кайфиятҳои поку ором, рафтори муътадил, андешаҳои дуруст бештаранд. Дар ин замина муаллим рафтори худро бар асоси ниёзи синф бояд тавре татбиқ намояд, ки қоидаҳову талаботи инсонӣ ва равиши эътидол дар шуғли омӯзгорӣ иҷро гардад.
Барои ҳарчи зуд расидан ба мақсадҳои омӯзишӣ, муаллимро лозим аст, ки дар синф дастёр дошта бошад. Ин дастёрҳо шогирдоне бошанд, ки сад дарсад мавриди бовари устод ҳастанд. Бо кумаки онҳо муаллим зуд-зуд хулосабарорӣ мекунад, сиёҳро аз сафед ҷудо месозад. Он шогирдон метавонанд дар муайян кардани мушкилоти супоришҳои хонагӣ, ташкили суҳбату мубоҳисаҳо, арзёбӣ намудани омодагии хонандаҳо ба дарс ва ғайра масъулият нишон диҳанд. Умуман, истифода аз неруи шогирдон барои назм бахшидан ба кори синф, мураттаб сохтани воситаҳои аёнӣ ва омода кардани онҳо, нигаҳдории тозагӣ ва ороиши синф ва ин гуна корҳои дигар бисёр муҳим аст.
Дар нигаҳдории дарсхона холисона ва аз рӯйи муҳаббат ба хонандаҳо бояд фаҳмонид, ки албатта, беҳтар аст ба ҷойи як хонаи дарҳаму барҳам хонаи муназзаме дошта бошем. Бо ин мақсад шогирдонро мутобиқи шавқу завқашон ҳидоят намудан лозим меояд. Аз истеъдод ва фаъолияти онҳо истифода бурдан судманд аст. Фаъолиятҳои изофии шогирдон як хидмати шарофатмандона барои синф ва омӯзиш маҳсуб мешавад.
Дар ин маврид аз додани туҳфа, ҷоиза ва ташвиқ ба ҳеҷ ваҷҳ набояд дареғ кард. Бисёр ташаббус ва салиқаро аз фикри худи шогирдон метавон касб намуд. Ба он иҷозат додан даркор аст, ки истеъдоду неруи вуҷуди шогирдон озод бошад. Онҳо метавонанд тибқи лаззати худ тарҳу нақшаҳо созанд, китобу маҷалла ва рӯзномаю мусаввараҳои заруриро гирд оваранд. Агар шогирдон ҳис кунанд, ки устод аз самими қалб мехоҳад ба онҳо ёрӣ диҳад ва роҳбарии лозимро дар синф ба кор бастааст, бешубҳа, аз дилу ҷон ба ӯ мадад мерасонанд.
Бояд омӯзгор эҳтирому муносиботи неки худро дар байни шогирдон ба таври мусовӣ тақсим намояд, ки ин боиси руҳияи неки синф мегардад. Гоҳе мумкин аст ҳолатҳои асабонӣ ва буҳронӣ пайдо шавад. Дар ин сурат хулқу хӯйи тунд зоҳир мегардад, ки шояд шогирдон таҳқир ё сарзаниш шаванд, вале омӯзгор набояд таслими эҳсосот гардад. Маҳз ҳангоми хашм арзиши эҳтиёт ва сабру тоқат маълум мешавад. Дар ҳақиқат, эҳтиёт ва сабр боиси ҷилавгирӣ аз шикаст аст.
Агар сабрат ба дил чун ёр гардад, Зафар охир туро дилдор гардад.
(Носири Хисрав)
Ҳамеша шогирдонро ба хотири корҳои хубашон ташвиқу руҳбаланд кардан лозим аст. Аз шикасту нокомиҳои онҳо ба оромӣ бояд гузашт кард. Ташвиқ ва гузашти огоҳонаю баҷо шеваи матлубест, ки дар ҳар замон ба кор меояд. Ба хусус, ҳангоми тадрис яке аз омилҳои пешрафт аст.
Ба гуфтаи бузургон, танбеҳ бояд мутаносиб бо гуноҳ бошад. Аз ин рӯ, оқилӣ, донистани мантиқ, хулосабарории зуд барои омӯзгор аз омилҳои муҳим ба шумор меравад. Масалан, ҳангоми дарс хонандае ҳарф мезанад ё бо кори нописанд машғул мешавад. Ӯро ба назди тахтаи синф бароварда талаб кардан мумкин аст, ки дар бораи ҳар мавзуи дилхоҳе ду-се дақиқа суҳбат кунад ё қитъаи шеъреро аз ёд қироат намояд. Чунин аксуламали мантиқӣ дигаронро низ ҳушёр месозад.
Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҷойи ҳассос дар замони пайдоиши нороҳатиҳо бештар ақиби синф аст. Маъмулан, қатори охири синф бояд таҳти назорат бошад. Гоҳе дар ақиби синф қадам задан лозим меояд. Шогирдон ин амалро дида, на танҳо сар барнамегардонанд, балки ба кори худ машғул шуда, бовар ҳосил мекунанд, ки онҳо зери назорат ҳастанд.
Танбеҳи ҷисмонӣ манъ аст. Ҳамеша бояд аз ҳаракати дастони худ бохабар буд. Дар хотир дорам, боре яке аз ҳамкорони мо шогирдашро барои беинтизомӣ як торсакӣ зада буд. Хонанда қаҳр карда, аз синф баромада меравад. Он рӯз, пас аз тамом шудани дарсҳо, дар хонаи муаллимон ҷамъ шуда будем. Ҳамон лаҳза занаке вориди идора шуд ва рост ба сӯйи он муаллим рафту як торсакӣ ба сураташ фуровард. Вақте ки дид ҳама суоломез ба сӯяш менигаранд, гуфт: «Мехостам бидонед, ки шаппотӣ задан ба рӯйи як нафар дар назди дӯстонаш чӣ мазае дорад». Ҳамкори мо сурх шуд, сафед шуд, аз шарм натавонист ҳарфе гӯяд.
Ҳамеша мудири мактаб, раҳбари синф, хонанда ва падар ё модари вай аз як таҷрибаи ғайриодӣ ранҷ бурдаанд. Агар миз, курсӣ ё партаи синф бар сари хонанда бишканад боке нест. Ин амал беҳтар аз он аст, ки шахсияти хонанда шикаст хӯрад. Аз ин рӯ, бемаврид таҳқир кардан, дашном додан ва фарёд кашидани омӯзгор аз одоб берун аст. Донистани иззати нафс ва эътимод ба нафс дар кору зиндагӣ муҳим мебошад.
Ҳар як нофаҳмӣ ва рафтори номуносибро ба нафъи хонанда бояд ҳал кард. Агар шогирд устодро тамоман гӯш накунад, ба ӯ эҳтиром нагузорад, дар синф ҳолати ногувор ба амал меояд, ки дар ин хусус фавран ба мудири мактаб бояд хабар дод. Зеро бисёр мушкилотро танҳо мутахассисон ҳал мекунанд. Аммо, агар беинтизомӣ ё беодобии хонанда як лаҳза бошад ва имкони ислоҳи он дида шавад, зарурат надорад, ки дарҳол рафтори ӯро овоза карда, ба чандин кас гӯшрас намуд. Муаллим метавонад худаш ӯро аз амалкарди нодуруст нигаҳ дорад, ки бо ин гуна бархӯрд ҳақиқатан чун кордону нуктафаҳм ва масъули асосӣ ба назар мерасад. Ин ҳам яке аз воситаҳои афзун шудани обрӯю нуфуз ва эҳтироми устод дар назди шогирд аст.
Аз эҳтимол дур нест, ки ҳар замон дар синфу дар мактаб вазъияти ноҳинҷор, ҷанҷол ё пешомади талхе рух диҳад. Аз ин хотир, муаллим бояд ҳассос бошад ва пешакӣ барои ҷилавгирӣ кардан аз нокомии рухдиҳанда чораю тадбирҳои зарурӣ андешад. Дар ин гуна лаҳзаҳо шогирдони бовариноки ӯ мададкори асосӣ шуда метавонанд.
Дар ҷараёни таълим мумкин аст бисёр касон аз мактаб дидан кунанд, зеро ҳам омӯзгорон ва ҳам хонандаҳо дар ҷамъият бо доираи васеъ иртибот доранд. Ҳар касе, ки ба мактаб меояд, мехоҳад аз кори омӯзгор, синфи ӯ, шогирдонаш боздид кунад. Аз ин рӯ, ҳамеша дар интизори гурӯҳе ё касе будан лозим аст ва бояд ба пешвози боздидкунанда ҳамаҷониба омодагӣ дида шавад. Агар мулоқоткунандагон дуруст ва самимӣ истиқбол нашаванд, ин худ як омили номуназзамӣ ва белаёқатӣ дар таълимгоҳ аст.
Муаллим на танҳо худро, балки шогирдонро ҳам бояд ба истиқболи боздидкунандаҳо омода созад. Агар муносибати онҳо низ боадабона ва аз рӯйи эҳтиром бошад, дар қадамҳои аввал ҳусни таваҷҷуҳи меҳмон бештар мегардад ва як лаззати фараҳбахш ӯро фаро мегирад. Чунончи, кадбону барои меҳмонони азизи худ анвои шириниву хӯрокҳои хос дорад ва муаллим низ боздидкунандаҳоро бо «хӯрок»-и фикрию амалии лаззатбахш мебояд пешвоз гирад. Пеш аз ҳама, волидайн муштоқи дидани амали фарзандони худ ҳастанд. Барои ҳамин, муаллими огоҳ ҳамаи корҳои шогирд – нақшаву тарҳҳои сохтаи ӯ, варақаҳои тест, натиҷаи санҷиш ва баҳоҳои ӯро нишон дода, бо камоли ризоят дар борааш нақл мекунад. Агар дар омӯзгор фурсати пешвозгирӣ набошад, бояд муаддабона аз меҳмон маъзарат хоста, вонамуд кунад, ки ба таври ҷиддӣ машғули фаъолиятҳои омӯзгорӣ аст.
Боздидкунанда мумкин аст мудир, корманди шуъбаи маорифи ноҳия ё вилоят бошад. Аслан мақсади ӯ он аст, ки ба кори омӯзгор аз ҷиҳате ёрӣ расонида тавонад. Аз ин рӯ, бо фаъолияти мактабиён шинос мешавад ва ҳар гуна нуқсону камбудиро ошкоро гуфта, аз дастовардҳои хуб, пешрафти фаъолияти омӯзгорӣ ва омӯзишӣ арзёбӣ мекунад. Ӯ метавонад симои зоҳирии муаллим, вазъи саломатӣ ва эҳсосоти ӯ, тавоноӣ дар ҷавоб додан ба саволҳои шогирдон, дараҷаи дарки хислатҳои ҳамдигар ва мисли инҳо фаъолияти омӯзгорро баррасӣ намояд. Ба ҳар пурсиши ӯ бояд бо эҳтиром ва равшан ҷавоб дод. Хиҷолат кашидан, аз ҳад зиёд хоксорӣ кардан, ба ғазаб омадан, шӯру валвала роҳ андохтан дуруст нест. Бояд ҳушмандона ҳақиқатро баён кард. Ҳар як коршинос низ кӯшиш мекунад, ки омӯзгор ба муваффақияте ноил бошад. Барои ҳамин, ба ӯ эҳтироми самимӣ зоҳир намуда, ҳар як фикру пешниҳодашро дар ҷараёни таълиму тадрис ба эътибор гирифтан лозим аст.
Умуман, фаъолияти омӯзгор, ҷараёни таълим, муҳтавои омӯзиш бениҳоят доманадор аст. Гуфтаҳои боло аз баҳр қатрае асту бас. Дар ҳар сурат, мақому нуфузи устодон, омӯзгорон дар ҷамъият баланд аст ва онҳо ҳамчун сутуне дар пойдевори давлати мустақил хидмат мекунанд. Бе муаллим ҳаёти инсон ваҳшиёна аст ва бунёди давлати наву сохти тозаи иҷтимоӣ амри муҳол. Маҳз омӯзгор ҳушёргари ғафлати ҷомеа ва сарчашмадори дунёи обод аст. Шоир Камолиддин Биноӣ барҳақ фармудааст:
Ҳурмати илму устоду китоб, Лозими ин раҳ аст аз ҳама боб. Ҳар кӣ ӯ тарки ин се ҳурмат кард, Азми идбору майли зиллат кард. Пой аз ҳурмат он касе, ки кашид, Андар ин роҳ ба ҳеч ҷо нарасид.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 31-уми августи соли 1996

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё