Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ДАР АМАЛ КӮШ ВА ҲАР ЧӢ ХОҲӢ ПӮШ
Эй порсӣ, имрӯзи ман, ояндаи ман,
Эй дар ду ҷаҳон забони пояндаи ман.
Аз олами фонии ман уммеде нест.
Уммеди абад туӣ, абадзиндаи ман. (Низом Қосим)
Бешубҳа, бузургии миллат, зиндаю ҷовид будани халқ ба пойдории забони модарӣ вобаста аст. Забон воситаи асосиест, ки имрӯзро бо гузаштаву оянда мепайвандад. Забон танинандози ниёиш, расму оин ва баёнгари осори гаронбаҳою ахлоқи инсонҳост. Ҳифзу нигаҳдории забони мардум ва ҳуқуқи соҳибзабонон яке аз нуктаҳои асосии дастуруламали ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ба шумор меравад. Ҷомеаеро пайдо кардан мушкил аст, ки ин мавридро нодида гирифта бошад. Аз ҷумла, агар Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро варақ занем, ба ин сатрҳо мувоҷеҳ мешавем: «...Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибати боэҳтиромонаро ба забонҳо, расму оинҳо ва анъанаҳои миллату халқиятҳои сокини қаламрави худ, ба вуҷуд овардани шароитҳоро барои пешрафти онҳо таъмин менамояд» (Қонуни асосӣ, модаи 4). Ё дар ҷойи дигар омадааст: «Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қатъи назар аз ҷинс, нажод, миллат, забон, дин, вазъи иҷтимоӣ, эътиқод, аҳволи шахсӣ ва ҷамъиятиашон ба ҳуқуқу озодиҳои яксон соҳиб ва дар назди қонун баробар мебошанд» (Қонуни асосӣ, модаи 18).
Пас, мо – мардуми тоҷик низ дар ватани худ Ӯзбекистон ба таври воқеӣ аз ҳимояти қонуну давлат бархурдорем. Ба шарофати доштани озодии ҳуқуқи миллӣ дар гӯшаю канори кишварамон мактабҳои тоҷикӣ пойдор ҳастанд (ҳарчанд ба қадри кофӣ нестанд), рӯзномаю осори илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ интишор меёбанд (ҳарчанд бо теъдоди кам), маҳфилҳо ва марказҳои Бунёди забони тоҷикӣ (форсӣ) фаъолият доранд (ҳарчанд хеле суст ва муҳофизакорона). Минбари назаррас ва боифтихори хонандагони тоҷик рӯзномаи ҷумҳурии «Овози тоҷик» аст. Хушбахтона, ин минбар, ки дар тули даҳҳо сол дар назди халқи тоҷик ба мисоли дурри гаронбаҳо ҷилва кардааст, пурра аз ҷониби Олий Маҷлис ва Девони Вазирони ҷумҳурӣ пуштибонӣ мешавад.
Аз ҷониби дигар, дар пешбурди оини забон, нигаҳдошти муҳтавои ғанӣ ва пурасрори он шуъбаҳои тоҷикии радиои вилоятҳо ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд. Ба хусус, шуъбаи тоҷикии радиои ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ҳар рӯз тавассути шабакаи «Дӯстлик» садо медиҳад, мухлисони бешумор дорад. Кормандони он пайваста барои ҷаззобу рангин сохтани барномаҳои худ саъю кӯшиш мекунанд. Барои шунавандагон амвоҷи оҳангу сурудҳои дилнишин, силсилаи гуфторҳои адабӣ, суҳбату муколамаҳои афроди равшанзамир, ахбор ва дигар матолиби ҷолиби диққат пахш мешаванд. Ҳар рӯз ҳаводорони забони ноби тоҷикӣ (форсӣ) гуфторҳои радиоро бесаброна интизорӣ мекашанд. Ин маркази таблиғотию забон низ (ҳарчанд бо камии вақт ба эҳтиёҷу талаби халқ ҷавобгӯ нест) аз ҷониби давлат ҳимоят мешавад.
Пас, мардуми тоҷики Ӯзбекистон мисли дигар миллатҳои қаламрави он имконият доранд, ки ба андозае бо забони модарии худ таҳсил гиранд, нависанд ва гӯш кунанд. Ин лоиқи гуфтан аст, аммо Симои тоҷик дар куҷо ва ба чӣ аҳвол аст? Оё мо метавонем ба андозаи кофӣ аз телевизиони ҷумҳурӣ баҳра бардорем?
Чӣ тавре ки аён аст, дар шароити имрӯз таблиғи расму оини миллӣ, беҳтарсозии тарзи гуфтори забони модарӣ, зинда сохтани симоҳои бузургу намоён, бардоштани лаззати руҳию маънавӣ, дидани воқеоту навгониҳо ба оинаи нилгун сахт вобаста аст. Бо ин мақсад дар назди Ширкати давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бахши тоҷикӣ низ ба унвони «Рангинкамон» фаъолият дорад. Масъули ин шуъба рӯзноманигори босалиқа Шарофат Эрматова мебошад, ки барои ҷаззоб сохтани барномаҳои таҳиякардаи худ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Ҳарчанд муҳтавои барномаҳои тоҷикии телевизион ҷолиби диққатанд, асосан аз ду ҷиҳат он ба талабу тақозои бинандаҳо ҷавобгӯ нест. Аввал ин, ки миқдори барномаҳо хеле кам аст (дар як моҳ фақат ду маротиба) ва дувум, барномаҳо тавассути шабакаи чоруми телевизион намоиш дода мешаванд (дар ҳоле, ки намоишҳои ин шабакаро на ҳама мардуми ҷумҳурӣ дида метавонад).
Мо медонем, ки чанд сол пештар барномаҳои «Рангинкамон» ҳафтае як бор пахш мешуданд. Имконият буд, ки матолиби мухталиф ба онҳо дохил карда шавад. Аммо имрӯз, ба ҷойи ин ки теъдоди намоишҳо бештар гардаду вақти бисёртарро фаро гирад, баръакс, онҳо мухтасар мешаванд. Ҳатто ба дараҷае, ки моҳе танҳо ду маротиба ва ба ҷойи чилу панҷ дақиқаи аввал фақат сӣ дақиқа намоиш дода мешавад. Худ мулоҳиза фармоед, магар ин миқдори намоиш моро, ки расман бештар аз якуним миллион нафар ҳастем (агар тоҷикони кишвари ҳамсояро ба инобат нагирем) қонеъ месозад? Ҳеч гоҳ!
Аз сӯйи дигар, намоишҳои «Рангинкамон» тавассути шабакаи чорум фиристода мешаванд. Мо агар ба шаҳру ноҳияҳои дигар, ба хусус, ба деҳоти дурдаст равем, воқеан мебинем, ки мардум аз дидани барномаҳои ин шабака маҳруманд. Дар аксари маҳалҳо танҳо шабакаи якуми телевизионро мебинанду бас. Бар замми ин, «Рангинкамон» ба таркиби барномаҳои видеоканали «Чинор» дохил карда шудааст, ки ин боиси маҳдуд шудани фаъолияти озодаш мегардад. Дар сурате ки, тоҷикон ҳамчун яке аз сернуфустарин халқи ҷумҳурӣ баъд аз ӯзбекон ба доштани шабакаи мустақили телевизионӣ сазовор ҳастанд.
Бузургвор Камоли Хуҷандӣ гуфтааст:
Бикӯш то ба каф орӣ калиди ганҷи вуҷуд, Ки беталаб натавон ёфт гавҳари мақсуд.
Имрӯз даврест, ки давлату ҳукумат, сарварону раисон саъю талоши одамонро мехоҳанд, беш аз пеш навгонию аъмоли некро орзу мекунанд. Дар ин росто мо низ бояд барои васеъ кардани доираи барномаҳои тоҷикӣ талаботи мушаххас пеш гузорем, нақшаи корро ба таври дақиқ муайян созем.
Пӯшида нест, ки халқҳои тоҷику ӯзбек аз қадимулайём решаҳои фарҳангию маънавии ба ҳам печида доранд. Дӯстию ҳамдигарфаҳмии онҳо дар пояи баланд қарор гирифтааст. Аз ин рӯ, агар мо тавонем, ки барномаҳои рангину ҷолиби диққат таҳия созем, халқҳои бародар аз он хурсанд мешаванду бас. Зеро барномаҳои мо ба онҳо на зарар, балки дар дарки таъриху фарҳанги миллӣ, омӯзиши осори гуногуни илмию санъатӣ ва ҳунарӣ кумак мерасонанд.
Чӣ тавре ки аён аст, намоишҳои тоҷикии телевизиони ҷумҳурӣ моҳи майи соли 1989 бо саъю кӯшиши шоири шодравон Ҷонибеки Қувноқ ташкил ёфта буд. Шоири маҳбуб бо усули хоссаи дилпазир барномаҳои оинаи нилгунро таҳия мекард. Ӯ дертар ин кори заҳматталаб ва масъулиятнокро ба зиммаи духтари ҳассосу оқил, хабарнигори ҷавон Шарофат Ҷӯразода месупорад. Шарофатбону Донишкадаи маданияти Тошкандро хатм кардааст. Ӯ қаблан дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» ва шуъбаи тоҷикии Радиои ҷумҳурӣ низ фаъолият дошт. Инак, тамоми фикру хаёл, орзуву омол ва ҳастии хешро ба «Рангинкамон» бахшидааст. Бо вуҷуди ин, аз корҳои кардааш дилпур нашуда мегӯяд: «Ҳарчанд бо ёрию дастгирии баъзе дӯстон барномаҳои тоҷикии телевизионро ба роҳ мемонем, аз маводи омодашуда комилан қаноатманд нестам. Бисёр вақт дасткӯтаҳӣ маро азоб медиҳад. Ин аст, ки ба ҷойи рӯз то рӯз васеътар шудани доираи барномаҳо, онҳо торафт тангтар мешаванд. Мухлисони «Рангинкамон» гарчи бисёранд, аммо хомӯш меистанд, талабу дархосте ба хотири беҳбуди барномаҳо надоранд. Барои бештар шудани замони намоиш ва миқдори онҳо ҳеч гуна саъю дархост намекунанд. «Болои сӯхта – намакоб», барномаҳои мо рӯзона, вақте ки ҳама аз пайи кору зиндагиянд, намоиш дода мешаванд. Бо фикру пешниҳодоти мушаххас чандин бор ба мудирияти барномаҳои байналмилалӣ муроҷиат кардем, аммо гуфтаҳои моро ба инобат нагирифтанд. Ба назар мерасад, барояшон гуфтору намоишҳои инглисию фаронсаӣ аз тоҷикию қазоқӣ афзалтар аст...»
Мо шоҳиди он ҳастем, ки сол то сол сафи обуначиёни рӯзномаи «Овози тоҷик» кам мешавад. Илоҳӣ, нашавад, ки мардум нисбат ба телевизион ҳам бефарқ гарданд. Охири ин бефарқӣ фақат ҷаҳолат ва харобии маънавиётро ба бор меоварад. Ҳақ ба ҷониби Шарофатбону аст, ки бештару беҳтар ва ҷозибтар шудани барномаҳои тоҷикии телевизион аслан аз худи бинандаҳо, аз дарки мавзуъ ва дархосту талабҳои ҳамзабонон вобаста аст.
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 28-уми сентябри соли 1996

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё