Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ШЕФТАИ КАЛОМИ ФАРЗОНА
Таърихи башарият нишон медиҳад, ки дар қатори дастовардҳои инсонӣ забони халқу миллатҳо низ пайваста рушду такмил меёбад. Бо мурури замон ва бо таваҷҷуҳу хештаншиносии соҳибони забон вожа ва истилоҳоти наву тоза, таркибу муштақоти маънидору дардхури ниёзмандиҳои мардум падид меоянд. Мушоҳида шудааст, ки дар ғанӣ гардидани таркиби луғавӣ ва шевою салистар шудани забон, пеш аз ҳама, шоиру нависандагони миллат бо эҷодкорӣ ва истеъдоди забондонии худ нақши бориз доранд. Ин нукта дар тарвиҷу тазйини паҳлуҳои забони тоҷикӣ хеле маҳсус аст. Алалхусус, шуарои тоҷик дар ҳама давру замон саъю талош ба он доштаанд, ки доираи истифодаи каламот васеътар гардида, таркибҳои хушоҳангу салис аз як насл ба насли дигар интиқол ёбанд ва назокату нафосати забони модарӣ дар руҳу қалби халқ нигаҳдорӣ шавад. Дар ин росто ба риштаи таҳқиқ кашидани ашъори шоирони нуктабину навовар яке аз вазифаҳои умда ва аҳамиятнок дар илми адабиёту забоншиносии муосир ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки дар радифи манотиқи шоирхез шаҳри бостонии Хуҷанд бо чандин шоири хушноми худ сарболо аст. Маҳз дар маҳдудаи ин сарзамин сухансолороне мисли Зиё, Камол, Маҳастӣ ба дунё омада аз худ ашъори нобу дилнишин ба ёдгор гузоштаанд. Ахиран дар пайравии онҳо шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона, ки бо навиштаҳои меҳрангезу дилошӯби худ қалби миллионҳо форсизабонро дар гӯшаю канори ҷаҳон ба ҳаяҷон овардааст, доди суханро медиҳад. Ӯ дар мавзуъҳои мухталиф бо сабки хоси хеш хома меронад ва дар ҳоли ҳозир яке аз шоирони пешгоми адабиёти тоҷик аст. Ҳанӯз дар оғози ҷавона задани ғунчаҳои истеъдоди вай устод Лоиқ Шералӣ чунин изҳори назар карда буд: «Албатта, шеърҳо саропо якдаст нестанд, сактаҳои қабеҳу малеҳ ҷой доранд, ки дар оғози кор бадеҳист, чунонки мақоли халқ мефармояд: «сари кор сар мешиканад», аммо ҷо-ҷо пораҳои асил, ташбеҳу истиораҳои ғайримунтазира, паҳлугардониҳои хаёлангези сухан, суханбозиҳои ширин, назари поки ошиқона ба зиндагӣ, ба инсон, ба замон, нигариши хоси шоирона ба ашёи тасвиршаванда ва ҳаводиси ғарази шеър, иборапардозиҳо ва истифода аз таъбирҳои корхӯрдаи классикӣ ва фарҳанги мардум моро итминон медиҳад то ба ояндаи файзбахши Фарзона имон биёварем. Шоираи навкор рисолати шеърро дарёфтааст ва қасдаш аз шоирӣ ин аст:
Дини ман оташпарастӣ не,
Дини ман одампарастӣ бод!.. »
Имрӯз бошад, Фарзона худ ба дараҷаи устодӣ расидааст ва барои таҳқиқу баррасии ашъораш забоншиносону адабиётшиносон аз ҳар ҷиҳат дасту остин барзадаанд. Минҷумла, аҳли илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ба таври ҷиддӣ ба ифшои розу асрори ниҳони Фарзона, бозгуфти маънии сухан ва навпардозиҳои ӯ ва таҳқиқи нозуктарин эҳсосоти шоир машғул шудаанд. Яке аз чунин муҳаққиқони нуктабин ва ҷӯё устоди биступанҷсолаи донишгоҳ, зодаи деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато Зоҳид Қӯрғонов аст, ки ҳанӯз дар овони донишҷӯйӣ аз «доман»-и Фарзона гирифтааст.
Зоҳид Қӯрғонов дар муддати кӯтоҳи омӯзгорӣ дар донишгоҳ бо маъруза ва мақолаҳои илмию интиқодии худ таваҷҷуҳи олимон ва пажӯҳишгарони риштаи забон ва адабиётро ҷалб менамояд. Ба вижа, таҳлилу таҳқиқи шеърҳои шоири ширинкалом Фарзона аз тарафи ӯ мавриди дастгирии шадид қарор мегирад. Пас аз он ки мақолаҳои илмии Зоҳид дар робита бо вижагиҳои шеъри Фарзона, корбурди муродифҳо ва соир калимаҳои сермаъно дар эҷодиёти шоир ва билкул, дар хусуси паҳлуҳои гуногуни ашъори ӯ пушти ҳам дар рӯзномаю маҷаллаҳои илмию маърифатӣ ва даврӣ ба чоп мерасанд, устодони кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ Зоҳидро барои анҷоми кори илмии густурдатар ҳидоят мекунанд. Бо ин пуштибонӣ чанде пеш пажӯҳишгари ҷавон таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов рисолаи номзадии худро таҳти мавзуи «Муродифҳо дар эҷодиёти Фарзона» дифоъ намуд. Дар ҷаласаи Шурои илмии донишгоҳ пас аз маърузахонӣ ва баҳсу мунозираҳои печидаву сахт понздаҳ нафар аъзои шуро сад дарсад ба номзади илмҳои филологӣ шудани Зоҳид Қӯрғонов раъй доданд.
Олими ҷавон ба хотири таҳқиқи ҳамаҷонибаи мавзуи интихобшуда саъй намудааст, ки мизони истифодабарии муродифҳо дар ашъори Фарзона, таносуби муродифшавии вожаҳои тоҷикӣ бо воҳидҳои лексикии забонҳои дигар, услубҳои муродифшавии каламоти сермаъно ва якмаъно, навовариҳои шоир ҳангоми ба кор бурдани муродифҳо ва зуҳури услубҳои ғайрианъанавии муродифотро таъйину тасбит намояд. Ӯ барои инъикоси вижагиҳои муродифот ғайр аз усули аслии тавзеҳотӣ наҳваи таҳқиқи муқоисавӣ-таърихӣ ва гоҳе омориро низ ба кор бурдааст.
Зоҳид Қӯрғонов барои анҷом додани кори номзадии худ мунтахаби ашъори Фарзонаро, ки дар се ҷилд чоп шудааст, маҳаки асосӣ қарор медиҳад. Ӯ ҳарчанд муродифоти ашъори шоирро бо сохту таркибу тобишҳои мухталифаш шарҳу тавзеҳ медиҳад, аз сӯйи дигар, бо ишораҳои мантиқӣ сабку услуби хоси баёни Фарзона ва навовариҳои ӯро дар шеър ошкору баён месозад. Муҳаққиқ умумият ва тафовути калимаҳои сермаънои ба кор бурдаи Фарзонаро бо шоирони дигар, қадимию нав ё ки хоси шеваҳои гуфтугӯйӣ будани муродифотро мавриди таваҷҷуҳ қарор медиҳад.
Аз рисолаи номзадӣ бармеояд, ки қисми асосии муродифоти ашъори Фарзонаро калимаҳои сода бо тобишҳои гуногуни худ ташкил медиҳанд, чун: шуъла-забона, ёр-анис, гунбад-равоқ, ҷаннат-фирдавс-хулд, сухан-вожа- ҳарф, пайкор-пархош-разм, таҷаддуд-эҳё.
Таҷаддуд омаду эҳё, Фаридуномаду Доро, Таҳамтан бар Самангон шуд, Аҷам бедор мегардад.
Табиист, ки Фарзона бо истифодаи муродифҳои умумӣ ва мутадовил маҳдуд намешавад, балки саъйи ӯ бар он аст, ки вожаҳои салиси куҳнашударо аз нав зинда кунад ва калимаю таркибҳои тоза эҷод намояд. Ҳамзамон каламоти фаъоли забонӣ тахайюлоти нозуки шоирро рӯйи об меоварад ва таҳқиқ нишон медиҳад, ки истифодаи ин гуна муродифҳо (вақт- дам-замон, ҷаҳон-олам-дунё, умр-ҳаёт, тан-бадан, бол-қанот...) дар ҳама ҷо яксон нестанд.
Дигар фурӯ мабош, ки вақти дамидан аст, Эй шуълаи нуҳуфта, дами сар кашидан аст. Эй орамида мавҷ, замони тапидан аст...
Дигар, муродифҳои ҷуфт дар ашъори шоир бештар аз каламоти умумиистеъмолӣ, матнӣ ва гуфтугӯйӣ таркиб ёфтаанд ва онҳо бо сабки хоси шоирӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар вақти ба кор бурдани ин гуна муродифот (табу тоб, зару зевар, сару рӯй...) шоир гоҳе қолаби аслиро риоят намекунад ва ё ҷойи муродифҳоро тағйир медиҳад, ё ки вожаҳои дигарро ба таркиби ҷуфт ворид мекунад, чунончи: тобу таб, зевару сим, сару сурат, сару сиёҳ (аз лаҳҷаи ноҳияи Айнӣ), ё баъзан як ҷузъи ҷуфтӣ бо муродифи адабӣ- китобӣ иваз мешавад:
Имрӯз ба базми зиндагонӣ биштоб, Ҳоло, ки аҷал накарда макру фандат.
Дар ин байт муродифи ҷуфти маъмулии «макру фиреб» ба шакли макру фанд омадааст.
Ҳангоми таҳқиқи муродифҳои ҷуфт маълум мешавад, ки шоир бо ин корбурд қонеъ нест, ӯ бо як навоварии ба худ хос ҷуфтшавиро идома медиҳад: поку булурину мубарро, ҷурму айбу гуноҳ...
Яке аз бахшҳои муродифоти ашъори Фарзона каламоти умумиистеъмолӣ ва китобӣ аст ва ағлаби онҳо аз вожаҳои сода иборатанд, аз ҷумла: асп-саманд, ситора-кавкаб, ватан-меҳан, осмон-афлок, охир-интиҳо, ҷавоб-посух, моҳ-қамар. Ин ҷо мушоҳида мегардад, ки луғатҳои муродифшаванда гоҳе тоҷикӣ-форсӣ ва арабӣ (дил-замир, душман-ағёр, осмон-афлок, арш, само...), гоҳе арабӣ ва туркӣ (ливо-байрақ) ва гоҳе низ арабию арабӣ (калом-ҳарф, арш-само...) мебошанд. Гузашта аз ин, муродиф шудани калимаҳои содаи китобӣ низ дар ашъори шоир фаровон ба назар мерасад. Дар ин бахш муҳаққиқ ба кори илмии худ боз ҳам амиқтар таваҷҷуҳ мекунад ва бар асоси манобеи этимологӣ таърихи баромад ё сохташавии каламотро тавзеҳ медиҳад. Ин ҷо хонанда на фақат бо тобишҳои ҷолиби муродифот, балки бо суханбозиҳои моҳирона ва гуфтаҳои салису рехтаи шоир рӯ ба рӯ мешавад.
Рехт аз паймонаи соҳил майи дарё, Рехт аз паймонаи чашмам шароби ашк.
Муродиф шудани калимаҳои умумиистеъмолӣ ва китобӣ бо вожаҳои архаистӣ (деҳа-русто, қабр-дахмагоҳ, оина-зуҷоҷ, абр-саҳоб, зангӯла-ҷарас, соя-ҳола, дурҷ-ҳуққа) низ ба шеъри Фарзона тобишу маъноҳои тоза медиҳад ва равшан бозгӯйи он аст, ки шоир қасд дорад ҳаддалимкон дурдонаҳои забони классикиро бо ҷилои аслиаш ба насли имрӯз интиқол диҳад.
Муҳаққиқ ҳангоми таҳлили муродифҳо дар ашъори Фарзона ба сохти онҳо – сода, сохта ва мураккаб будани каламот диққат медиҳад ва ҳамзамон бо шарҳи маънӣ тарзи сохташавӣ ва зуҳури онҳоро бо такя намудан ба луғатҳои маъруф, мисли Фарҳанги забони тоҷикӣ, Фарҳанги Муин, Луғатномаи Деҳхудо, баён мекунад (фурӯғ-рӯшноӣ, ғофил-бехабар, ҳарза- беҳуда, ғанаб-нимхоб, вузу-шустушӯ, марқад-хокҷо-манзили хомӯшон, мунаввар-фурӯзонфар...). Шоир ҳамеша аз такрори як калима худдорӣ мекунад, масалан, агар як ҷо «ниҳолаки нимҷон» гуфта бошад, муродифи онро дар ҷойи дигар ба шакли «ниҳоли заиф» меоварад.
Зоҳид Қӯрғонов дар бахши дуюми рисолаи номзадии худ ба муродифҳои матнӣ, ки дар ашъори Фарзона ба кор рафтаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Дар асл, ин каламот ҳеч гуна наздикӣ ва алоқамандӣ аз назари маънӣ надоранд, аммо дар шеър роҳат бори муродифро мекашанд. Ин гуна муродифот возеҳан устодкории шоирро дар шеърофаринӣ ошкор месозанд. Чунончи:
Сӯйи ту равам, эй нур, Эрони қарибу дур!
Дар ин ҷо калимаи «Эрон» бозгӯйи эҳсос ва алоқаи гарми шоир нисбат ба кишвари бостонии форсизабон аст, ки чун маркази нури илму фарҳанг дар тасаввуроташ монда ва бо вожаи нур муродиф шудааст.
Аз сӯйи дигар, шоир муродифҳои матниро бо таваҷҷуҳ ба монандии зоҳирӣ ё умумияте, ки доранд, ба кор мебарад: кокул-тозиёна, шафақ-хун, парчам-машъал, ҳаёт-саро, хам шудан-суҷуд, калима-ганҷ, тахт-маъво, фалак-бебизоат, қоқувон-хонасӯзак-чароғак...
Фалак ҳарзагардест бе тӯшаи роҳ, Чӣ хоҳам аз ин бебизоат, чӣ хоҳам?
Ҳамчунин муродиф шуда омадани калимаҳо бо иборот ва ибораҳо бо якдигар ба шеъри Фарзона салосат ва мантиқи баён бахшидаанд. Масалан, ба «хуршед» ё «офтоб» чандин ибора муродифӣ кардаанд: нури хуҷаста, хури субҳ, пӯпаки тило, фариштаи заррин, чатри оламгир... Чунин навоварӣ аз унсурҳои муҳимми шеърият ба шумор меравад. Қалами Фарзона дар ин бахш хеле тез аст, ӯ ба ашёи одӣ ва ошно чунон устодкорона ранг мебахшад, ки он беихтиёр сифати нав касб менамояд (тори заррин-нур, дай-фасли нарӯйиданҳо, даймоҳ-шаби безевари бепироя, зимистон-фасли сапеди оинабандон, баҳор-фасли гулбандӣ...)
Гоҳе ин маҳорати шоир то ҳадде нуму мекунад, ки силсилаи муродифҳо дар як шеър бо тобишҳои тоза ва ҷаззоб намудор мешаванд. Аз ҷумла, дар ғазале, ки матлааш «Парвардигор, ёри маро дар паноҳ дор» аст, вожаи ёр, маҳбуб пушти ҳам ҳафт ҳаммаънои худро мепайвандад: ёр-гурди шаҳсувор- ғамофаридгор-дарёи кӯҳсор-шаҳриёр-сӯфии майгусор-ситора.
То ин ҷо ба таҳқиқоти Зоҳид Қӯрғонов дар хусуси муродифҳои ба кор бурдаи шоири ҳассос Фарзона иктифо намуда, ёдовар мешавем, ки ашъори ин устоди сухан баррасиҳои амиқу густурдатар мехоҳад ва пажӯҳишгарони забоншинос, мисли Зоҳиди ҷӯё ва талошкор, барои кушода додани паҳлуҳои мастуру баҳсталаби он бояд ҳарчи беш ҳиммат гузоранд.
Дарвоқеъ, дарёфти номзадии улуми филологӣ барои ҷавони нуратоӣ Зоҳид Қӯрғонов қадамҳои нахустин дар тай намудани қуллаҳои илму ирфон аст. Худо мададкораш бод!
Зоҳид Қӯрғонов то имрӯз дар кафедраи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кор ва устодӣ мекунад. Ӯ дар идомаи пажӯҳишҳои илмии худ 4-июни соли 2024 рисолаи докториашро низ дар бахши забоншиносӣ, доир ба мавзуи «Таҳқиқи муқоисавӣ-таърихии унсурҳои ёвари сервазифаи осори садаҳои Х- XIII бо даврони муосир» ҳимоя кардааст.
25-уми январи соли 2010 НА ҲАМА ОМӮЗГОР УСТОД АСТ
Инсон ба ҷуз илму дониш бисёр чизро аз омӯзгор ёд мегирад: одоби муошират, саъю талош барои расидан ба зинаҳои камолот, зиндагидорӣ, сабақҳои худшиносӣ... Бо ин ҳол, на ҳама омӯзгор метавонад устод бошад. Мақому манзалат ва қадру қимати устод волотар аст. Танҳо касе, ки дар шууру вуҷуди шогирд аз аъмолу одоби худ нақши носутурданӣ ва абадӣ офарида тавонад, сазовори номи устод аст. Аз ин хотир, пас аз ба камол расидан ва дарки сиёҳу сапедиҳои ҳаёт инсон пай мебарад, ки теъдоди устодонаш ангуштшумор будаанд. Ӯ ба хубӣ мефаҳмад, ки кӣ дар лавҳи хотироташ нақши покнашуданӣ дорад.
Донишҷӯ будем. Яке аз фанҳои омӯзишии мо ҷуғрофиёи Эрон буд. Ҳангоми баргузории дарсҳо домулло Зарифов ҳамеша аз хондани матну гуфтанҳои тулонӣ худдорӣ мекард ва бештари вақтро ба суолу ҷавоб ва баҳсу мунозира ихтисос медод. Бе муболиға, аз ин фан камина дар байни ҳамкурсон фаъолтар будам. Ба аксари пурсишҳои устод ман посух мегуфтам ва гоҳан то ҷое мерасид, ки фақат дасти банда боло мешуду дигарҳо бо шигифт ба сӯям дида медӯхтанд. Боре аз ин ҳол хиҷолат кашидам, ба назар чунин менамуд, ки гӯё ман дӯстони ҳамкурси худро «наҳ» мезанаму «доноӣ»-и худро намоиш медиҳам. Аз ин рӯ, ба саволи навбатии домулло инҷониб низ бетафовут монда, қатори дигарон хомӯш нишастам, агарчи ҳисси ҷавобгӯйӣ дар вуҷудам ғулғула меандохт.
Устоди ҷуғрофиё ин ҳолати маро пай бурд ва лаҳзае сукут ба миён омаду ҳама ду чашм ба сӯйи ман шуданд. Он замон ҳолате ҳукмфармо шуд, ки гӯё ин бандаи «бечора» муваззаф аст ба савол ҷавоб гӯяд. Аммо ман ҳам истодагарӣ кардам, бо чаккаҳои лаввасзадаистода вонамуд мекардам, ки чизеро намедонам. Он дам домулло Зарифов шумханде зад ва аз ман чизи дигарро пурсид:
– Юнус, муаллими ҷуғрофиёи шумо дар мактаб кӣ буд?
– Ҳазратқул Бакриев, – аз ҷо баланд шуда гуфтам ман.
– Магар домулло Ҳазратқул нагуфта буданд, ки дарёи Зояндарӯд аз куҷо сарчашма мегирад?
– Чаро, аз баландиҳои Зардкӯҳи Бахтиёрӣ, аз риштакӯҳи Кӯҳранг!
Ҳама баробар хандиданд.
Оре, Ҳазратқул Бакриев дар мактаби миёна аз зумраи устодоне буд, ки дар дили мо барин шогирдони худ меҳру алоқаи воқеӣ нисбат ба фанни ҷуғрофиёро ҷо карда тавонистааст. Ӯ то бознишастагӣ дар риштаи худ беҳтарин муаллими мактабҳои тоҷикии ноҳияи Нурато буд. дарсҳояш пайваста оммавӣ шуда, муаллимони зиёд услубу равишҳои самарбахши тадрисро аз ӯ омӯхтаанд.
Ёдам ҳаст, ҳар гоҳ ҳамдеҳаи устод – Маҳмуд Нурназаров, профессор, доктори улуми иқтисодӣ, ки яке аз ҷуғрофидонҳои маъруфи Тоҷикистон буд ва чандин китоби дарсию адабиётро дар ин соҳа навиштааст, ба деҳаи Эҷ меомад, дунафарӣ ҳамеша суҳбату баҳсҳои гарму тулонӣ барпо мекарданд. Онҳо ба унвони ҳамкасб дар ҳангоми мунозираҳо ба чандин масъалаи торик равшанӣ меандохтанд ва аз якдигар нуктаҳои зиёди фанниро меандӯхтанд. Маҳмуд Нурназаров бо эътироф ва эҳтироми бепоён мегуфт: «Ҳазратака тасодуфӣ миёни ин се кӯҳ мондаанд. Агар ба донишкадаҳо мерафтанд, беҳтарин устоди ҷуғрофиё мешуданд. Дониш ва диду назари эшон аз бисёр ҳамкорони донишгоҳиам бартар аст». Фикр намекунам, барои касе, ки дӯстдори пешаи худ аст, аз ин беҳтар таърифе бошад.
Равишҳои дарсгузарӣ ва наҳваи бархурди устод Бакриев ба шогирдон ҳеч гоҳ аз хотир сутурда намешавад. Замоне, ки аз тестномаҳо хабаре набуд, устоди мо ба ин шакл саволномаҳо таҳия мекард ва ҳар дарсро мароқовар мегузаронд. Ӯ мегуфт, китоби дарсӣ барои хонандаҳост ва худ ҳар як мавзуъро аз адабиёт ва манобеи дигар шарҳу тавзеҳ медод. Аз он ки бисёр дарсҳои устод равшан дар ёд мондааст, намешавад аз онҳо сарфи назар кард.
Боре яке аз мавзуъҳои мавриди омӯзиш перомуни қитъаи Африқо буд. устод бе ҳеч сухани муқаддимавӣ воситаи аёнии омодакардаи худро, ки иборат аз коғазӣ тулонӣ бо саволномаҳо буд, ба тахтаи синф овехт. Дар он мехондем:
Ҳама бо шавқ ва алоқамандӣ ба ҳалли тест пардохтем. Танҳо бо гирифтани ҷавобҳои саҳеҳ муаллим ба шарҳи муфассали мавзуъ дар хусуси Африқо гузашт. Устод бо ин равиши дарсгузарӣ роҳат диққати хонандагонро ҷалб менамуд ва аз пайи матлаб рафта мақсуди худро ба осонӣ баён мекард. Ӯ ҳамчунин саъй мекард, ки ба дарсҳои худ ҳусни бадеият бубахшад. Дар хотир аст, устод яке аз дарсҳои худро бо мисраъҳои Рӯдакӣ оғоз карда буд:
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дурушти роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро! Шод бошу дер зӣ,
Мир наздат шодмон ояд ҳаме...
Ва аз ин шеър, дар ҳоле ки ба мазмуни он таваҷҷуҳе зоҳир намекард, маънии истилоҳоти ҷуғрофиро, аз қабили ҷӯйи Мӯлиён, рӯдҳои Ому ва Ҷайҳун, шаҳри Бухоро, шарҳ дод. Оре дар бастагӣ бо исми қадимиаш фаҳмондани маҳалҳо, дарёву кӯлҳо, биёбону кӯҳҳо ва ғайра яке аз услубҳои роиҷ дар таълими устод буд.
Пӯшида нест, ки дарси ҷуғрофиё бо нақша (харита) маънӣ дорад. Устоди мо низ ба он чун ба як кумакрассони асосӣ муроҷиат мекард. Ба туфайли саъю кӯшишҳои ӯ харитабозӣ ба яке аз шуғлҳои дӯстдоштаи мо табдил ёфта буд. бар замми ин, бо даст харита кашидан кайфияти хосе дошт. Харитаҳои дастсохти худи устод, ки дар онҳо мавзеъҳои ноҳия ва қаторкӯҳи Нурато, деҳаҳои Эҷ, Сойхурд ва Симбулоқ аз ҳам ҷудо тарсим шуда буд, деворҳои мактабамонро зеб медоданд.
Аз пайи ҳамон иштиёқи беандозаи харитакашӣ боре инҷониб имтиҳони ҷуғрофиёро дар донишгоҳ бо баҳои аъло супурдаам. Қисса ин аст, ки дар вақти имтиҳонсупориҳои охири сол банда аз рӯйи бетаваҷҷуҳӣ ба ҷойи ҷуғрофиё ба имтиҳони таърихи фалсафа омодагӣ дидам. Чун, баъд аз расидан ба факулта маълум шуд он рӯз имтиҳон аз фанни ҷуғрофиё аст ва яке аз шартҳои домулло низ таҳияи нақшаи яке аз устонҳои Эрон буд, филфавр баргаштам ба хобгоҳ, барои овардани харитае, ки хушбахтона, пештар омода карда будам. Пас аз расидани навбат, дар ҳоле ки мехостам ба билети кашидаи худ омодагӣ бубинам, домулло Зарифов ва ду нафар ассистенти ӯ ғарқи тамошои харитаи ман гашта буданд. Он гоҳ домулло ҳеч гуна фурсати омодашавиро надода маро садо зад ва бо изҳори қаноатмандӣ пурсид: «Ту ин харитаро дар куҷо чоп кардӣ?» ва ҳар се заданд зери ханда. Ман низ аз хурсандӣ ду ёқаи костюмамро каме ба боло лағжонда мондам. Домулло афзуд: «Ба ҷавоб додани билет ҳоҷате нест, баҳоят панҷ!» он лаҳза хурсандиам ҳадду канор надошт ва то имрӯз дар ин андешаам, ки он баҳои аъло гӯё арзёбии заҳматҳои устод Ҳазратқул Бакриев аст, на нумраи ман...
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 7-уми апрели соли 2010

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё