Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

МО ДАРУНРО БИНГАРЕМУ ҲОЛРО (Таҳти рукни «Нақди адабӣ»)

Гаҳ оташ, гоҳ дудӣ, ай дил, ай дил, Наво гоҳе, гаҳ удӣ, ай дил, ай дил. Наӣ аз қатра беш, овезӣ бо баҳр, Чӣ узве дар вуҷудӣ, ай дил, ай дил?

Муаллифи ин сатрҳои дилангез яке аз шоирони намоёни Ӯзбекистон Абдулло Субҳон аст, ки дар ҳавзаи адабиёти муосири тоҷик мақоми хосса дорад. Эшон бар замми тааҳҳудоти худ ва навиштани шеър, бори устодӣ бар эҷодкорони ҷавонро низ мекашад. Аз чашмаи устодии ӯ чандин шоиру адиби ҷавон об хӯрдаанд.

«Гарди анҷум» феълан охирин дафтари ашъори ӯст. Ин дафтар ғайр аз шеърҳое, ки аз маҷмуаи «Уфуқи пиндор» гулчин шудаанд, чанд шеъри нав бо сабки нимоӣ, силсилаи дубайтиҳо таҳти рукни «Гарди анҷум», боби «Модарнома» ва ғазалу рубоиёти тозаи шоирро фаро мегирад.

Маълум аст, ки шеъри тоҷик ҳам дар шаклҳои суннатӣ ва низ бо усули нав (мисли «шеъри сафед») гуфта мешавад. Агарчи Абдулло Субҳон шефтаи шакли ҷадиди шеърофаринӣ аст, ӯ дар қолабҳои қадима, аз қабили дубайтӣ, рубоӣ ва ғазал низ ҳадафи худро ба курсӣ нишондааст. Аз навиштаҳояш пайдост, ки ҳеч гуна шакли шеърӣ дар баёни фикру андешаҳояш банд намеандозад. Ӯ на танҳо аз ин ё он шакли шеърӣ парҳез намекунад, ҳатто саъйаш бар он аст, ки ба ҳар шакле бо шеваи тозатар сухан гӯяд.

Ҳангоми мутолиаи шеърҳои «Гарди анҷум» дар назари аввал барои хонанда чунин менамояд, ки шоир мехоҳад ҳар падидаи атроф, ба хусус, зуҳуроти табиатро бо тамоми вижагиҳояш, бо он ҳама шаклу таровате, ки дорад, тасвир намояд, аммо ин тавр нест. Хонандаи закӣ ва борикбин бо як баррасии ҷиддӣ ва бо назари амиқтар метавонад дарёбад, ки манзури шоир баёну маълум сохтани зуҳуроти ба чашм бархӯрда нест, балки бо ин васила мехоҳад розҳои зиндагӣ, дарду талошҳои одамон, ҳиссиёт ва орзуҳои ҳамешагии бани башар, ниёишҳои ниҳонии қалбҳои хасташуда, эҳсоси шӯрангез ва дар айни ҳол пинҳони аҳли дардмандро ифшо намояд.

Табиат, ҳамин оламе, ки дар зери деги посгонаи фалак аст, бо дамидани субҳ ҷон мегирад. Ҳама мавҷудоти он аз шири субҳаш, ки тамоми рӯз покии худро нигаҳ медорад, баҳра мебаранд. Аз пайи субҳ бошад, пардаи шом медарояду ҳастии табиат гӯё аз ҳаракат бозмемонад. Табиат таҳаммули ин хоби ғафлатро надорад, дар ҳавои худ дубора дунболи бедорӣ – шири рӯз меравад, то ки мавҷудоташ аз он сер шаванд. Табиати инсон низ ба ин сон аст: гоҳе чун субҳу рӯз поку беолойиш асту гоҳе чун шому шаб сиёҳ; гоҳе ба хубиву ободӣ мекӯшад ва гоҳе бадиву харобиро пеша мекунад; гоҳе имону эътиқод дорад, гоҳе доди шайтонӣ ва нохудоиро мезанад... Ин тазод, ин манзара фақат дар дунёи фонӣ бо ҳамин намояш боқӣ мемонад, аммо дар рӯзи қиёмат, ки рӯзи хатм шудани ҷаҳон аст, Худованд чораандешӣ мекунад

– табиатҳоро ба як сурат ошкор месозад. Тасвири чунин як манзараи муқоисавӣ дар шеъри «Ду нима» омадааст, ки хулосаи шоир низ ба ин зайл аст:

...Як умр мегурезам,

Аз нимаи сиёҳ ба нимаи сафед,

Аз нимаи соя ба нимаи нур,

Аз нимаи шайтон ба нимаи раҳмон... Танҳо рӯзи растохез хоҳӣ дид,

Маро як нима:

Ё сиёҳ,

Ё сафед.

Ҳангоми баррасии шеърҳои шоир кас то дараҷае фурӯ дар фикрҳои тамсилии ӯ меравад, ки баъзан дар назар гӯё тамоми истилоҳу иборот ба маънии маҷозӣ омада бошанд. Чунончи, шеъри «Хонаи вайрон» хонандаро, дар навбати аввал, ба чунин андеша водор мекунад. Гӯё «хонаи вайрон»-и шоир, ки болорҳои пӯсидаю боми фурӯрафта, дару дарвозаи абгору деворҳои шусташуда ва сақфу фарши ваҳмноке дорад, маҷозан як сарзамине ё зодбуме аст, ки ҳама ободию зебоиҳои худро аз даст додааст. Охир, шоир пайи тахайюлот ба надоштани маъвои обод, ба ғаму ғуссаи мардум ва ба он, ки макони онҳо ҷойгоҳи ҷуғду чорпоён гардидааст, низ ишораҳо дорад! Аммо пас аз хондани банди охир хонанда ба манзури аслии шоир наздик мешавад:

Бо ман ба тамсил гӯяд ин хона:

Ҳуш дор, рӯзе хонаи умри ту низ абгор хоҳад шуд,

Аз он садое ҷуз садои зилла шабҳо барнахоҳад хост. Илло чароғи маҳ чароғе дар шабистонаш намесӯзад, Боми баландаш бо замин ҳамвор хоҳад шуд...

Маълум мешавад, ки манзури шоир фақат тасвири манзаравӣ аст ва он хонаро барои муқоиса бо «хона»-и умри инсонӣ рӯнамоӣ кардааст. Ӯ аз ин тариқ инсонҳоро ҳушдор месозад, ки дар сурати беэътиноӣ эҳтимол дорад рӯзе ҳаёти онҳо низ ба ҳоли он хона гирифтор шавад.

Бо вуҷуди ин, аз бисёр шеърҳои шоир, ки фикрҳои тамсилии ӯро фаро гирифтаанд, чунин бармеояд, ки ӯ аз обхӯри маънавии ниёкон то ҳадде, ки ташнагиашро шикаста бошад, об хӯрдааст. Ба хусус, нуктаҳое аз аҳодису қиссаҳои паёмбарон ва аз афкори Мавлонои Румию Хоҷа Ҳофиз дар нигоштаҳои ӯ обуранги тоза касб намудаанд. Гӯё ӯ низ дар қаъри дили худ бозтоби ин шиорро эҳсос мекунад:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Пӯшида нест, ки шоир дар чанд шеъри худ («Дар роҳи наҷот», «Дар ёди обҳои оғозин», «Нагҳати дӯст», «Дӯсти азалӣ», «Дар домани кӯҳи хоб», «Пурсиш») ба навъе муноҷотҳо барои Худованд дорад. Ӯ ба фаромӯш шудан ва аз байн рафтани обҳои зулоли оғозин, чашмаҳои сероб ва боғҳои пурбору атромези биҳиштӣ, ваҳдати гилу гул, ки офарандаи одами нахуст аст, ҳаёти осудаи Ҳазрати Одам ва Момо Ҳавво, саодати покзистӣ ва амсоли инҳо ҳасрат мехӯрад ва фақат аз Парвардигор умедвор аст, ки дар ҳаёти инсонҳо он ҳама зебоӣ ва хушиҳоро эҳё гардонад.

Дар шеъри «Дар ёди обҳои оғозин» истилоҳи «обҳои оғозин» ба фикри шумо ба чӣ маънӣ омадааст? Ишораи шоир бошад, ба нахустин обҳоест, ки ҳанӯз олуда нашудаанд: «Худованд барои шумо замин густурд ва осмонро барафрошт ва аз осмон обе фурӯ борид, ки берун овард ба сабаби он об меваҳои гуногун, то рӯзии шумо гардад...» («Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 22). Шоир аз забони Одами нахустин, ки ҳанӯз гуноҳе содир накардааст, мегӯяд:

Пок буд ин рӯди бузург, Моҳиёнаш ба назар менамуданд. Обҳои кабуду шаффофаш, Дидаи ҳуши маро мерабуданд...

Дар идома қаҳрамони лирикии шоир аз он гиламанд аст, ки баъдан он обҳои поку зулолро лойолуду касиф кардаанд, ба он туф андохтаанд, то ҷое, ки ҳатто на сангу на моҳиёни покаш ба назар менамоянд ва на хӯрдани он обҳо муҷоз аст. Дар тасвирҳои бадеии шоир ошкоро касодии маънавии одамон эҳсос мешавад, ки ҳатто одитарин улгуҳои муқаддас, чун оби даҳан наандохтан ба об, фаромӯш шудааст. Шоир дар охир аз забони одаме, ки дучори қаҳри Худо гардида аз макони аслиаш берун меафтад ва дар ин дунёи инсонӣ ҳама ҳолро мебинад, ҳарф зада, ашки ҳасрат мерезад:

Ҳолиё ҷорӣ шаванд аз чашмам, Обҳое, ки бихӯрдам з-он рӯд. Моҳиёнаш бихироманд сабук, Рӯди ашкам чӣ зулол асту кабуд.

Аз пайи ба бозӣ андохтани калимоти хушоҳанг офаридани мисраъҳои ноб на аз дасти ҳар кас меояд. Фақат шоире, ки вожаро бо ҳама чеҳраҳояш дарк мекунад, метавонад онро ба мисли дурру марҷон дар риштаи сеҳрангези назм бикашад. Шоир Абдулло Субҳон дар шеъри «Нагҳати дӯст» бо истифодаи гилу гул, хуни гил ва раги гулу решаи гул тасвирҳое офаридааст, ки ношӣ аз ривоятҳои қадимӣ буда, аз пайдоиши одам дарак медиҳанд. Бино ба нақлҳои асотирӣ, дамидани ҷон ба қолаби одам аз хуну нутфаест, ки ба хок рехтааст. Аз ҷумла, Мавлоно Румӣ дар чанд ҷойи маснавии худ ба ин маънӣ ишоратҳо кардааст:

Арза кардӣ нури одамро аён,

Бар малоик гашт мушкилҳо баён...

Сирри хуну нутфа ҳусни одамист,

Собиқи ҳар бешие охир камист.

Бо истинод ба он гуна ривоятҳо, аз хуну нутфаи ба хок (гил) афтида гуле сабзидааст, ки ду барг ё ду шоха доштааст. Яке аз баргҳо (шохаҳо) музаккар ва дигаре муаннас будааст. Шеъри «Нагҳати дӯст» низ бо таваҷҷуҳ ба нақли мазкур, бо талмеҳи шоиронае оғоз меёбад:

Гулу гилро бинигоранд ба як ҳарфу ҳиҷо, Каламоти ҷӯранд.

Бидавад хуни гил андар раги гул.

Раги гул, решаи гул,

Ба рагу решаи мо –

ба ҳамон нутфаи инсони асотир,

ки ба гил рехта буд, пайвандад...

Ва дар идома қаҳрамони лирикии шоир боз ҳамон одамест, ки дар боғи пур аз гулу муаттару зебо нишастааст ва гӯё дар ҳар сӯйи боғ, дар гулҳои савсану садбаргу раъно, дар насими атрогин ҷамоли Худоро мебинад. Бо ин тасвири бадеӣ шоир ҳамчунин ишора карданист, ки «Машриқу Мағриб ҳар ду мулки Худо аст, пас ба ҳар тараф рӯ кунед, ба сӯйи Худо рӯй овардаед. Худо ба ҳама ҷо муҳиту ба ҳар чиз доност» («Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 115).

Чун қаҳрамони шоир ҳузури Худоро пай мебарад, ба муноҷоту ниёиш менишинад ва ин ҷо асли матлаби шоир ошкор мегардад. Ӯ аз Худои меҳрабон илтиҷо мекунад, ки дар замини ҳастии мо низ тухми ваҳдат бикору ниҳоли имон бинишон, тавре ки дар аввали аввал буд. Сипас, дар ҳоле ки он саҳар аз накҳати дӯсташ – Худованд нашъа бардоштааст, эҳсоси роҳат мекунад:

Чу зи ҷо бар шудаву мерафтам, Бинамудам эҳсос:

Нафасаш атрогин,

Ба сару рӯйи ман аз соҳати боғ, Вазидан дошт сабук боди саҳар.

Ҳанӯз барои хонандагони тоҷик возеҳ нест, ки доираи биниш ва дарки шоир Абдулло Субҳон то чӣ андоза густурда аст. Дар ҳақиқат, баъзе шеърҳои ӯ ҳокӣ аз он аст, ки шоир мехоҳад азалу абадро бо ҳам бипайвандад ва тасвире аз вусъати ҳастӣ биофарад. Сувари хаёли шоир аз маъниҳое падид омадаанд, ки ҳам дар шеърҳои гузаштагон ба чашм мехӯранд ва ҳам дар ашъори шоирони муосир рангу ҷилои тоза гирифтаанд.

Аз ҷумла, ҳар кӣ шеъри «Дӯсти азалӣ»-ро мурур мекунад, беихтиёр дунболи тахайюлоти шоир ба сӯйи зистгоҳи азалии одам сафар мекунад. Тавре ки дар қиссаҳо омадааст, бо фармони Худо ҳама фариштагон ба Одам саҷда кардаанд, ба ҷуз шайтон. Одам бо ҷуфти худ дар биҳишт ройгону безаҳмат ҷой гузидааст ва ба хӯрдани атъима (хӯрокиҳо) ва ҳар чӣ дар биҳишт буд, дастёб гаштааст. Фақат барои онҳо наздик шудан ба дарахти гандум (ё себ) мамнуъ буд, ки агар наздик шаванд, аз ҷумлаи ситамгарон мегардиданд. Вале шайтон Одаму Ҳавворо ба лағзиш афканд ва онҳо аз дарахти гандум хӯрданд ва аз пайи ин исён ҳар ду аз биҳишти пурнеъмат берун шуданд.

Баъд аз ин «одам»-и шоир, ки замоне дӯсти Худованд буд, ба азобӣ ва кулфатҳои бепоён рӯ ба рӯ шуд ва беватан гардид. Дигар пас аз дурии тулонӣ фақат танҳоиро мехоҳад. Албатта, дар рӯзгори баъдина «одам»-и шоир дӯстҳое пайдо кардааст, аммо рафоқати онҳо чун ҳубобҳоест, ки бо як насими сабук метаракад. Аз ин рӯ, эътиқоди «одам»-и ҳамешагии шоир фақат ба Парвардигор аст, ки ӯро ҳеч гоҳ танҳо нагузоштааст:

Ай монда дар варои пардаи гуноҳҳоям, Ту дӯсти азалӣ ва абадии манӣ,

Ҳеч гоҳ нагузоштаӣ, ки танҳо бошам. Танҳоӣ чист?

Танҳоӣ хилват бо Туст,

Дар гӯшае, ки хомӯштар аз ҷамъияти гунгон аст.

Дар ҳошияи шеъри «Дӯсти азалӣ» метавон гуфт, ки шоир қиссаи ронда шудани Одаму Ҳавво аз биҳишт ва армони онҳоро бо сабки тозаи баён дар қолаби шеъри нав ба қалам додааст. Ин тозапардозӣ хеле мақбул ба даст омадааст, бо ин ки маншаъ аз ҳарфи гузаштагон дорад:

Гандуме хуршеди Одамро кусуф,

Чун занаб шаъшои бадреро хусуф. (Ҷ.Балхӣ)

Ё:

Мегӯянд, сайри сулук намудани соликин роҳравиест (кӯшишест) барои тақарруб бо Ҳақтаоло. Ин сайри сулук дар муҳтавои худ азобу мушкилот ва тазйиқу уқубатҳоеро фаро мегирад, ки бояд ҳар солик ё сӯфӣ, ё дарвеш барои расидан ба ҳадафи худ дар умурот таҳаммул кунад. Аз ин назар, ба навъе

Аз дили танги гунаҳгор барорам оҳе,

К-оташ андар гунаҳи Одаму Ҳавво фиканам.

(Ҳофиз)

андешаҳои тасаввуфии шоир дар шеъри «Дар домани кӯҳи хоб» нуҳуфтаанд. Тасвири ҳоли як нафар солик дар шеъри мазкур чунин оғоз мешавад:

Танҳо мерафтам,

Сӯзани офтоб ба сару рӯям мехалид. Хоки дашт пойи урёнамро месӯхт. Дилам об мехост, набуд.

Ногаҳ дар канори роҳ море пайдо шуд...

Зуҳури мор мушкилоти соликро бештар мекунад. Ин бадхоҳ ӯро таъқиб мекунад, аммо намерасад. Боз ҳам:

Хок пойи урёнамро месӯхт, Вуҷудам об мехост, набуд...

Дар ниҳоят, пас аз тай намудани роҳи пуразоб ва паси сар кардани ҳама ваҳму таҳлукаҳо солик ба доманаи кӯҳе мерасад, ки он кӯҳ чашма ва боғе дошт дорои себу гандум, гулу булбул, обҳои шаффоф, ҳавои атрогин...

Гуфтам:

«Худоё, ин магар нест ҳамон боғ, ки дӯш Падарам бар ивази донаи гандум бифурӯхт?»

Оре, он боғи биҳиштӣ ҳамон боғе буд, ки Ҳазрати Одам ва Момо Ҳавво аз он матрук шудаанд. Дигар Одаму Ҳавво («падар»-у «модар»-и шоир ва мо) аз кардаи худ пушаймонанд, онҳо намоз мегузоранду Қуръон мехонанд, яъне ба Худо тавбаву тазарруъ мекунанд:

Модарамро дидам:

Дар сояи коҷе намоз мегузорид, Падарам канортар аз ӯ Қуръон мехонд.

Ба ин маънӣ дар Қуръони карим низ омадааст: «Пас Одам аз Худои худ калимоте омӯхт (ин калимот сабаби пазируфтани тавбаи ӯ гардид), ки Худованд тавбапазир ва меҳрабон аст» («Қуръони карим», сураи «Бақара», ояти 37).

Аз фикрҳои сӯфиёнаи шоир, ки дар шеъри «Дар домани кӯҳи хоб» баён кардааст, бармеояд, ки зоти инсон аз азал гунаҳкор аст, вале бо роҳнамоии Яздони ҳақ ва бо эътиқод ба ин зоти пок мешавад аз шарри шайтон раҳоӣ ёфт. Ба даст овардани дурри мақсуд низ аз пайи заҳмату машаққатҳо имконпазир аст, дар сурате ки асли матлаб фаромӯш нагардад. Ба гуфтаи Мавлоно Румӣ:

Мо бурунро нангарему қолро, Мо дарунро бингарему ҳолро.

Дар асл, шоир ба ҳеч як падидаи атроф бефарқ нест. Ӯ мехоҳад аз хоку гили заминӣ сар карда, то анҷуми фалак, ҳар чизеро, ки мебинаду мушоҳида ва дарк мекунад, дар каломи мавзун ифода намояд ва бо ин васила розу дардҳои ҳамеша пинҳон ё дар хуруҷи худро гоҳ аёну гоҳе мастур бозгӯ кунад. Ин гуна матолиби шоир дар шеърҳои «Нақш ва наққош», «Боғе дар роғе», «Набарди ҷовид», «Фаввора», «Таваллуди дигар», «Ду манзара», «Суол» низ нуҳуфтаанд. Ба назар мерасад, шеъри «Суол» то ҷое равшанкунандаи манзуру матлабҳои ӯст, ки аз ҷумла мепурсад:

Дунё бигӯ, бо ман бигӯ, Хуршеду моҳат рӯйи кист? Чашми киянд истораҳот, Дарёи ту гесуи кист?...

Бояд зикр намуд, ки Абдулло Субҳон бо таваҷҷуҳ ба завқи мардуми замона шеваҳои тозаву мутаносиби баёнро барои ифодаи маъниву мазмунҳои шеърӣ ба кор мебарад. Нуктаи муҳимме дар нигоштаҳояш он аст, ки ҳама ҷо аз гуфтани сухани такрор худдорӣ мекунад ва ба хотири пур кардани мисраъ ва анҷоми қофияи дуруст аз истифодаи вожаҳои номарбут даст мекашад. Бо ин ҳол, ҷолиб ин аст, ки барои ҷаззобии фикри худ аз санъатҳои бадеӣ устокорона истифода бурдааст.

Воқеан, моҳирона ва дар мавқеи худ ба кор бурдани санъатҳои бадеӣ бурди ҳар як шоир аст. Дар ин робита, Абдулло Субҳон пуробурангӣ ва дилкашии нигоштаҳои худро бо корбурди истиораю ташбеҳҳои дилчасп ва ба хусус, аз тариқи офаридани маъниҳои маҷозӣ таъмин намудааст. Ҳарчанд сурудаҳои шоир содаву равон ба назар менамоянд, хонандаро лозим меояд, ки барои дарки матлаби ӯ ҳатто дар паси одитарин вожаҳо, мисли сафеду сиёҳ, рӯду об, чашму абру, боғу мева, субҳу шом, гилу гул, гарду ғубор, сангу шиша, нуру сӯзан, ки ба кадом маънӣ омадаанд, ба таври ҷиддӣ ва амиқ андеша кунад.

Дигар, шоир дар шеърҳои худ чандин бор ба масал ё қиссаҳои маъруф ишораҳо кардааст, ба иборати дигар, санъати талмеҳро низ ҳамчун силоҳи ибрози фикр қарор додааст. Аз лобалои шеърҳои ӯ пайдост, ки шоир аз қиссаҳои ошиқона, чун «Лайливу Маҷнун», аз талошҳои Ҳурмузи некхоҳ алайҳи қувваҳои бади аҳриманӣ, аз қасру саройҳои бемонанди Хусраву Қубод, аз саргузашти Одаму Ҳавво, аз дами ҷонбахши Исои афсонавӣ ва амсоли инҳо ба хубӣ огоҳ будааст.

Дардҳои зиндагӣ, ғаму ташвишҳои рӯзгор ҳамеша шоиронро нороҳат кардаанд, лекин хубиву хушиҳои ҳаёт асбоби роҳату хурсандии онҳоро фароҳам овардаанд. Бо вуҷуди ин, баёни ҳақиқат ва ифшои воқеият дар ҷомаи сухан ҳадафи ҳар як шоири нуктабин аст. Шоир Абдулло Субҳон дар зикри ин мавзуъ аз санъати дӯстдоштаи худ – тазод ба таври васеъ ва хеле ҷолиб истифода мекунад. Қариб дар ҳама шеърҳои ӯ ин санъат тараннум ёфтааст.

Дар ҳақиқат, ҳаёти инсон гоҳе ширин гоҳе талх, миҳану зодбуми ӯ гоҳе обод гоҳе хароб, духтарону писаронаш гоҳе серу пӯшида ва гоҳе гуруснаву лухтанд. Чунин тазодҳои зиндагиро шоир ҷомаи бадеият пӯшонда, шеъри пурмазмун меофарад.

Чунончи, бо ҳам зид гузоштани ду ҳодиса дар шеъри «Набарди ҷовид» имтиҳон шудааст. Дар сатрҳои ин шеър талошҳо аз олами табиат ба олами инсонҳо убур мекунад ва манзараҳои шигифтовар хонандаро ба ваҷд меоваранд, аз ҷумла:

Саҳар бо Шом, оре, Шом бо Субҳ, Ҳамеша дар талошанду набарданд. Ба мисли Неку Бад, Шайтону Раҳмон, Замоне оштӣ бо ҳам накарданд.

Баду Некиву Шайтоневу Раҳмон, Биҷангад дар дили мо ҳам шабу рӯз. Гаҳе Шайтону Бад пирӯз оянд, Гаҳе Раҳмону Нек оянд пирӯз.

Тавре ки дар оғози сухан мутазаккир шудем, тозапардозӣ ва салосати забони шоир, гузашта аз шеърҳои озоди ӯ, дар дубайтиҳо, рубоиёт ва ғазалҳояш низ мушоҳида мешавад. Ин ҷо суханро ба дарозо накашида, чанд байтро аз дафтари «Гарди анҷум» меоварем, ки бе муболиға, бо як хондан хотирнишинанд ва дар қалбҳои ташнагони шеър ба осонӣ маъво мегиранд:

Сукут дар мо ба фарёд аст медонӣ, намедонӣ? Раҳашро сурма бикшодаст медонӣ, намедонӣ? Ҷафоҳое зи худ дидам, ситамҳое зи бегона, Саропоям ҳама дод аст медонӣ, намедонӣ?

\\\*

Шоҳбози фикрро болу паре даркор нест,

Дил ба хониш ояд-ар, хунёгаре даркор нест... Борҳо санҷидаам дар умри кӯтоҳи сарам, Шеър агар аз дил барояд, минбаре даркор нест.

\\\*

Меҳмоно, чӣ шитобӣ, бинишин, менӯшем,

То иҷозат нашавад, ҳаққи туро рафтан нест.

\\\*

Дӯстони беғараз, нодӯстонам будаанд, Ағбаҳову вартаҳо дар пешу пас бошад маро.

\\\*

Ман нахоҳам давлати дунё, ки бошад бебаҳо, Гӯшаеву махзани ашъор бас бошад маро.

\\\*

Ману мурғи чаман як нола дорем, Ту гӯйӣ дарди чандинсола дорем. Ба зоҳир сабзтар аз шохи гул, лек Диле хунрезтар аз лола дорем.

\\\*

Маро он ҳамнафас хуни ҷигар кард, Ки созаш савту оҳанги дигар кард. Ман аз ғамҳои миллат лаб кушодам, Вай аз нархи наво ҳангома сар кард.

\\\*

Ку маҳрами роз, шишае боз кунем,

Рагҳои ҳазини дил нахи соз кунем.

Сар монда ба сар мисоли мастон то субҳ, Аз дард суруди тоза оғоз кунем.

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 5-уми ноябри соли 2008.

пешина
аз 44
навбатӣ