Зеҳн
Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.

Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд

Ҳикоя
Аз аввал хондан

АДИБЕ БЕ КИТОБ, ОЛИМЕ БЕ УНВОН

«...Дар пайроҳаҳои деҳа қадам мегузорему бо одамони мухталиф рӯ ба рӯ мешавем. Кӯдаке аз болои кӯҳ ба роҳ санг мепартояд, ҷойи ин ки роҳро аз санг тоза кунад, ки онро гузаштагон савоб меномиданд. Зане дар дами оби чашма, ки мардум аз он барои хӯрдунӯш истифода мебаранд, ҷомашӯйӣ мекунад, ҳол он ки ифлос кардани обро аҷдодамон убол донистаанд. Ҷавоне бо харе ҳезум меорад, ҳезуми тар. Боз кадом як ниҳоли сарсабз қурбони табари ӯ гардидааст, ҳол он ки гузаштагони мо «тар бурию сар бурӣ» гуфтаанд. Гоҳан аз паҳлуят ҷавонони бекору бепарво мегузаранд, ки ҳастию нестии туро пай намебаранд, духтароне дучор меоянд, ки симои нимурупоӣ доранд...»

Муаллифи сатрҳои боло касест, ки ҳар як андеша ва баҳси худро бо сӯзу гудоз даставвал аз одамони худ, аз гузар у зодбуми худ оғоз мекунад. Ӯ тахайюлоти пуробурангро бо дарки воқеият чунон вусъат медиҳад, ки хонанда беихтиёр ҳис мекунад гӯё оинае аз падидаҳои рӯзгор рӯ ба рӯяш истодааст ва ин оина мисли китобест роҳнамои зиндагӣ. Худ аз худ суоле пеш меояд: ин китоби роҳнамоиро кӣ метавонад таълиф кунад? Чӣ касе метавонад ба миллати худ ин гуна китоберо, ки бозгӯйи асрори ҳаёт бошаду бурду бохт ва орзуву омоли халқро тараннум кунад, тақдим намояд?

Оре, чунин афрод, агарчи ангуштшуморанд, дар нишебу фарозҳои зиндагӣ, дар байни мову шумо, гоҳ аёну гоҳе нопайдо, босубот қадам мезананд. Барои онҳо лаззату талхиҳои шабу рӯз як аст, дарду ранҷҳои равониро дар худ таҳаммул мекунанд, аммо асли воқеият, роҳи дуруст ва имону оқибатро ба дигарон ошкор месозанд. Онҳо худро фаромӯш мекунанд, бехабар аз худ, пайваста ғами дигаронро мехӯранд, роҳати худро дар таровати зиндагӣ ва файзу баракати ҳаёти дигарон мебинанд.

Абдуназари Набӣ, бе муболиға, аз зумраи ин гуна мардони поксиришт аст. «Ман намедонам, ман аслан надидаам, ки одаме чун Абдуназар ҳама роҳату осоиши худро фаромӯш карда, фақат ғами халқро хӯрда гардад, – мегӯяд раиси хоҷагии ҷамоавии «Нурато» Зайниддин Амонов. – Ман саъй мекунам ҳамчун раҳбар ин хислатро дошта бошам, аммо ҳеч ба Абдуназар намерасам. Ба ӯ ҳавасам меояд, ба донишу истеъдодаш тан медиҳам. Раёсати маҳаллаи Эҷро, ки се қишлоқро фаро мегирад, ба ӯ бахшида, хаёламро роҳат кардам. Дили халқро ёфтани ӯ бароям кифоя аст».

Абдуназари Набӣ зодаи кӯҳпояи Нурато ва аз шаҷараи маъруфи «Абдуназарӣ» аст. Падари ӯ Абдунабӣ Назаров низ дар сафҳаи хотироти мардуми диёр нақши босазо гузоштааст. Ӯ яке аз ташкилкунандагони мактабу муассисаҳои маърифатии нав буд ва бештар аз сӣ сол вазифаи мудирияти мактаби Эҷро ба уҳда дошт. Шояд тарбияи дурусти ӯ буда, ки Абдуназари Набӣ ҳам номи гузаштагони худро боз ҳам ба иртифои шуҳрат расонид ва чун нигаҳбони осори ниёкон, забондон ва фолклоршиноси нуктабин ва миллатдӯсту хештаншинос дар дили мардум маъво гирифт.

Ҳарчанд имрӯз, дар овони бознишастагӣ Абдуназари Набӣ ба ҳайси раиси маҳалла иқдомоти ҷамъиятиро анҷом медиҳад, ӯ бештари умри худро ба унвони омӯзгор сипарӣ кардааст. Асрори касби омӯзгориро дар пеши устодони донишгоҳи Самарқанд фаро гирифта, ҳунари худро дар мактаби миёнаи деҳаи Эҷ сайқал медиҳад. Ӯ бо собиқа ва фазилатҳои омӯзгории худ таку танҳо буд. Ба қавли дӯсти солҳои ҷавониаш, адиб Бекназари Дарӣ, ҳеч кас наметавонист «Абдуназар» шавад.

Шуҳрати ӯ ба туфайли маҳорати забондонӣ, корбурди услубу равишҳои хоси тадрис, бархӯрдҳои фавқулода оқилона бо шогирдон шуҳрати ӯ беш аз пеш меафзояд. Дар давоми фаъолияти омӯзгорӣ усули кори Абдуназари Набӣ чандин бор дар миқёси мактабҳои ноҳия ва вилоят оммавӣ гардида буд. Ӯ борҳо ба унвони омӯзгори пешқадам дар анҷуманҳои муаллимон, ки дар шаҳрҳои Навоӣ, Самарқанд, Тошканд ва Душанбе барпо шудаанд, ширкат варзидааст.

Абдуназари Набӣ аз гирдиҳамойии омӯзгорони мактабҳои тоҷикӣ, ки дар Душанбе баргузор шуда буд, хотироти масарратбахш дорад. Ӯ ба баҳонаи он анҷуман бо як идда олимони риштаҳои забону адабиёт, таърих ва аҳли қалами Тоҷикистон, мисли Абдулғанӣ Мирзоев, Камол Айнӣ, Аҳрор Мухторов, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Адаш Истад суҳбатҳои дилнишин доштааст ва то ҳадде дар дили онҳо шавқи сафар ва дидани Ӯзбекистонро барангехтааст. Маҳз бо даъвати ӯ баъдан муаррихи маъруф Аҳрор Мухторов ба кӯҳистони Нурато ташриф оварда, таҳқиқоте дар бахши мардумшиносӣ, катибаомӯзӣ, сангнавиштаю сангнигораҳо ва таҳлили осори ниёкон анҷом додааст.

Абдуназари Набӣ дар давоми омӯзгорӣ шаш сол пайи ҳам ба озмунҳои ҷумҳурӣ, ки аз фанҳои забону адабиёти тоҷик баргузор гардида, ҳамчун узви ҳайати озмун доварӣ кардааст. Дар ин муддат низ бо зиёиёну равшанфикрони пешқадам мулоқотҳо анҷом дода ҳамроз шудани ӯ илҳомовар буд ва ба афзудани таҷрибаю обрӯю манзалаташ дар миқёси кишвар мусоидат кардааст.

Донистани урфу одат, расму оини миллӣ, таърихи бостонӣ ва эҷодиёти мардумӣ ҷону дили Абдуназари Набист. Ӯ дар ин бахш очерку мақолаҳои бешумор навиштааст. Бояд гуфт, ки ӯ ҳанӯз аз овони ҷавонӣ дӯстдору ҳаводори рӯзномаю маҷаллаҳои тоҷикӣ, ба хусус, рӯзномаҳои «Илғор чорводор» (ин рӯзномаи ноҳиявӣ саҳифаи тоҷикӣ бо номи «Рангинкамон» дорад ва дар айни ҳол бо номи «Нурнома» чоп мешавад), «Овози Самарқанд», «Овози тоҷик» аст ва аз ин минбарҳо истифода бурда, чакидаҳои пурмуҳтавои худро ироа намудааст. Ӯ дар хонаи худ китобхонаи бузурге дорад ва як гӯшаи тулониро танҳо бастаҳои чандинсолаи рӯзномаю маҷаллаҳо ишғол мекунанд.

Абдуназари Набӣ барандаи чанд конкурс низ мебошад, ки тавассути рӯзномаи «Овози тоҷик» эълон шудаанд. Солҳои навадум мақолаҳои ӯ дар мавзуоти хештаншиносӣ ва озодандешӣ диққати хонандагонро ба таври шигифтангез ҷалб намудаанд. Дар озмунҳои «Маърифат» ва «Қадамҳои истиқлол»-и рӯзномаи «Овози тоҷик» мақомҳои аввалу дувумро гирифтани ӯ аз ин нукта далолат медиҳад.

Ҷойи зикр аст, ки Абдуназари Набӣ дар соҳаи назм низ қувва озмудааст, вале бо фурӯтанӣ ҳанӯз байтеро ҳам ба дасти чоп надодааст, дар сурате, ки овозхонони маҳаллӣ аз шеърҳои ӯ пайваста мехонанд ва дар ҷашнҳову арӯсиҳо пораҳои шеъриаш аз забони сухангӯҳо намеафтад. Яқинан, ироа ва таҳлили ашъори «ниҳон»-и устод як мавзуи алоҳидае аст, ки як нафар аз дӯстдорони каломи мавзун метавонад ба он камари ҳиммат бибандад.

Дар таърифи марде чун Абдуназари Набӣ, ки воқеан, адибест бе китобу олимест бе унвон, ҳар қадар сухан гуфта шавад, кам аст. Кош хислатҳои нек ва осори боарзиши ин ҷонсупори миллат ва дӯстдори фарҳангу оини мардумӣ ба наслҳои дигар софу шаффоф интиқол ёбад.

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 16-уми августи соли 2006.

Ёддошт:

Мақолаи мазкур таҳти рукни «Ба ҷойи табрик» ба муносибати 60- солагии зодрӯзи омӯзгор ва адиб Абдуназари Набӣ чоп шудааст. Қобили зикр аст, ки акнун Абдуназари Набӣ ҳам соҳибкитоб аст. Ӯ ду китоби худ – якеро иборат аз баргузидаи шеърҳо бо номи «Раҳоварди кӯҳистонӣ» ва дигареро роҷеъ ба таърихи зодгоҳаш деҳаи Эҷ бо номи «Сарзамине дар доманакӯҳ» соли 2010 аз тариқи нашриёти «Ӯзбекистон» ба табъ расондааст.

НАЗАРЕ БА ГАВҲАРИ МАШРИҚЗАМИН (Таҳти рукни «Сафар дар ватан»)

Ба мисдоқи мақоли «шунида кай бувад монанди дида», тамошои маконҳои дидании кишвар чӣ қадар фараҳбахш аст! Бе муболиға, гоҳе аз тасвири зебоиҳо забон оҷизӣ мекунад. Ҳарчи сафар мекунему амиқтар ба муъҷизоти диданӣ фурӯ меравем, беш аз пеш ба асрори тозатар рӯ ба рӯ мешавем ва дар дил ҳисси кунҷковӣ ва дарки ҳақиқат бештар туғён мезанад.

Ҳамеша фикр мекардам ҷаҳонро дидану донистан фақат ба туфайли ҷаҳонгардӣ дар мамолики дигар, дар сарзаминҳои берун аз марзи кишвар муяссар мегардад. Вале, ахиран, пас аз он, ки сафарҳое дар чанд гӯшаи ватани маҳбуб анҷом додам, ба хубӣ дарк намудам, ки диёри худро ба серӣ тамошо кардан беҳтарину руҳбахштарин ҷаҳонгардӣ будааст. Фақат пас аз тамошои маконҳои бостонӣ ва ҳамешаҷавони диёри худ ва таваҷҷуҳ ба арзишҳои воқеии он мумкин аст ба ҷаҳони дигар, ба диданиҳои сарзаминҳои дигар баҳои ҳаққонӣ дод. Агар мо оби дари хонаро тира бубинем, бешак, ба манзилҳову ёдгориҳои дидании бегонагон кӯр-кӯрона фирефта хоҳем шуд ва ағёрро ҳамеша болотару тавонотар аз худ хоҳем дид. Барои тавзеҳи ин нукта шарҳи нуқоти дидании Хеваи куҳантаърих хеле бамаврид аст.

То расидан ба сарзамини Қароқалпоқистону Хоразм лозим меояд роҳи дурударози биёбониро, ки аз Бухорои Шариф оғоз меёбад ва хеле хастакунандаву тазйиқовар аст, тай кард. Вале ҳар гуна азият дар пеши шавқу иштиёқи дидорбинӣ ва тамошои диёри ноошно ҳеч аст. Ба хусус, касе, ки вориди муҳити гарму самимии мардуми он диёр мегардад, бо расму оинҳои ҳамидаашон ошно мешавад ва ҷойҳои дидании он сарзаминро аз наздик тамошо мекунад, ба хубӣ ин маъниро дарк менамояд ва аз ҳар гуна хастагӣ фориғ мешавад.

Дар ин сафар ҳадафи асосии ману бародарам Рабимҷон тамошои Хоразм буд. Вале, қабл аз расидан ба ин диёр мебояд марзи ноҳияҳои Тӯрткӯлу Эликқалъа ва Беруниро бурида гузашт. Дар хоки ин ноҳияҳо қадам ниҳода, тавре ки мардуми маҳаллӣ муътақиданд, боздид накардани чанд боб зиёратгоҳи сари роҳ, мисли «Наримҷонбобо», «Кечирмасбобо», «Султонбобо» гуноҳ аст. Қадамгоҳҳои мазкур муддатҳои зиёд ҷойи тавофу тамошои мусофирону зиёраткунандагон буда, ҳар яке дорои таърих ва моҳияти ба худ хос мебошад. Одамон бештар ба хотири руҳи тоза гирифтан, барои муяссар шудан ба мағфирату иноятҳои Парвардигор ба ин муқаддасҷоҳо ташриф меоваранд.

Мусофирон танҳо баъд аз паси сар гузоштани рӯдхонаи Амударё ба вилояти Хоразм ворид мешаванд. Ҳар касе, ки пояш ба ин хитта мерасад, бе мулоҳиза, ба навбати аввал роҳи Хеваи бостониро пеш мегирад. Ин шаҳр, ки бо номи рамзии «Гавҳари шарқ» маъруф аст, дар сию панҷкилометрии Урганҷ – маркази Хоразм воқеъ мебошад. Ичонқалъаи Хева соли 1967 ҳамчун мамнуъгоҳи давлатӣ эътироф гардида, соли 1990 дар феҳристи мероси фарҳангии ҷаҳон (аз сӯйи ЮНЕСКО) сабти ном шудааст. Моҳи октябри соли 1997 ду ҳазору панҷсадумин солгарди шаҳри бостонии Хева ба таври бошукуҳ баргузор ва ба ин муносибат Фарҳангистони Маъмуни Хоразм низ эҳё гардид.

Ба истилоҳ, ду қалъа – Ичонқалъа ва Дишонқалъа шаҳри қадимаи Хеваро ташкил медиҳанд ва ҳама ёдгориҳои таърихию зиёратгоҳҳо мавҷуд дар ин қалъаҳоанд. Вақте ки кас вориди шаҳри бостонии Хева мегардад, худро дар олами дигар, ки бо кӯчаю сохтмонҳои қадимисохташ имтиёз дорад, ҳис мекунад. Аз назари тарҳу хушгилӣ ин шаҳр ҳарчанд ба маконҳои бостонии Самарқанду Бухоро намерасад, аммо бартариаш ин аст, ки кулли ёдгориҳои он дар як қалъа ҷамъ омадаанд ва ниёзе нест, ки кас аз ин сӯ ба он сӯ ранҷи рафтуомад кашад. Дар Хева низ ҳар як созаву иншоот ва иморат дорои услуби меъмории ба худ хос аст ва аз ҷиҳати намои зоҳириву дохилӣ, рангубор, нақшу нигор, кошӣ ва оҷуркорӣ, тарҳу теъдоди роҳраву зинаҳо ва утоқҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Дар ҳамон замонҳои пеш аз лӯлаҳои гилӣ (сафолӣ) насбу иҷро кардани шабакаи оби сартосарӣ ва фозилоб яке аз бартариҳои дигари ин шаҳри қадима аст.

Аввалин сохтмоне, ки пас аз дохил шудан аз «Ота-дарвоза» ба чашм мехӯрад, Калтаманор аст. Ин манора бо остари сабзу нилӣ ва лоҷвард, нақшунигори арзии мутавозӣ ва ҳалқаӣ, ба хусус, абёти тоҷикӣ-форсии худ, ки дар охирин ҳалқаи мунаққаш сабт шудаанд, ҷолибу дилкаш менамояд. Мутассифона, соли 1855 ба сабаби марги бемаҳали хони он замон – Муҳаммад Аминхон (солҳои ҳукмронии ӯ: 1845-1855) амалиёти сохтмонии манораи мазкур қатъ мешавад ва ба шакли имрӯза, ки гӯё сарбурида аст, боқӣ мемонад. Мегӯянд, қутри пойдевори он бештар аз чордаҳ метр аст ва қарор буда баландиаш ба ҳаштод метр бирасад, ки он вақт баландтарин манораи дунёи мусалмонҳо мегардид. Дар ҳалқаи шеърии манора, аз ҷумла, чунин мисраъҳо омадааст:

Расида чун сутун бар кохи гардун, Зи васфаш қосир омад ақлу идрок. Аз ин рӯ огаҳӣ, соли бинояш

Рақам карда: «сутуни кохи афлок».

Ибораи «сутуни кохи афлок» баёнгари соли бунёди манора (ба ҳар ҳол, сохта шудани манора то ҳамон ҳалқаи шеърӣ, ки қариб итмоми манора аст) буда, аз рӯйи ҳисоби абҷад мутобиқи соли 1269 ҳиҷрии қамарӣ (соли 1853 милодӣ) аст.

Баъд аз Калтаманор дар самти чапи хиёбони вурудӣ ба шаҳри қадима маҷмуаи Арки Куҳна воқеъ гардидааст, ки он шомили хонаҳои абзору анҷом, зарробхона, оҳангархона, ҳарамхона, намозҷой ва айвони тобистона, майдони сафоройӣ ва ҷазодиҳӣ, зиндон, масҷиду мадрасаҳо мебошад. Ба шаҳри куҳнаи Хева мадрасаҳои Муҳаммад Раҳимхон, Қозикалон, Шерғозихон, Исломхоҷа, Қутлуғмурод Иноқ, Хӯҷамбердибӣ, Оллоҳқулихон, Абдуллохон, бинои Масҷиди Ҷомеъ ва Оқмасҷид, манораҳои Муродтӯра ва Исломхоҷа, маҷмуи имороту манораҳои Абдулбобо, Полвонкорӣ ва Саид Шоликорбой, ҳаммомҳои Анӯшахон, мақбараи Се авлиё ва Саид Алоуддин, саройи Нуруллобой ва корвонсарой ва дигар сохтору биноҳо, ки ҳар яке таъриху меъмории хосе дорад, бо зебоӣ ва шаҳомати худ ҳусни дилангез илқо мекунанд.

Дар шаҳр созаи баландтарин манораи Исломхоҷа аст, ки аз тарафи Исломхоҷа – вазири Исфандиёрхон соли 1910 бино шудааст. Қутри пойдевори он нуҳу ним метр буда, баландиаш чилу чору ним метр мебошад. Дар ин ҷо зиёраткунандагон бо ҳавас аз тариқи зинаҳои морпечи дохили манора ба боло мебароянд ва аз панҷараҳои айвони болоии он шаҳри куҳнаву нави Хеваро бо иштиёқ тамошо мекунанд.

Дар байни ёдгориҳои таърихии Хева маҷмуаи Паҳлавон Маҳмуди Пурёивалӣ (1255 – 1322) аз ҳар ҷиҳат ягона аст. Дар асл ин маҷмуа ба хотири бузургдошти паҳлавони хоразмӣ, шоир ва даббоғи маъруф Маҳмуд Пурёивалӣ бунёд шудааст, вале баъдан, бо мурури замон, қабрҳои Абулғозихон, Анӯшахон, Худойдодхон, Арангхон, Шоҳниёзхон, Ёдгорхон, Темурғозихон ва дар кунҷи хонақоҳи гунбаздор қабри Муҳаммад Раҳимхон ва дар даҳлези он қабри Оллоҳқулихон ҷой гирифтаанд.

Ба ҳавлии маҷмуаи Паҳлавон Маҳмуд аз роҳрави гунбаздори Дарвозахона медароянд. Дар самти ғарбии ҳавлӣ қироатхонаҳо (дар ду ошёна) ва суфаи калони хиштӣ воқеъ буда, дар самти шарқиаш айвон, гулҷой, чоҳи об, масҷиди тобистона ҷой гирифтаанд. Аз дари самти шарқии хонақоҳ ба даҳлез ва аз дари дулингаи кандакоришудаи самти ғарбии он ба зиёратхонаи гунбаздор медароянд. Дар қисмати шимолии ин зиёратхона дари паҳне насб шудааст, ки даромадгоҳ ба оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд мебошад.

Зиёратгоҳи Паҳлавон Маҳмуд дар Хева аз намунаҳои барҷастаи ҳунари меъмории Машриқзамин ба шумор меравад. Дар он амалҳои нозуку зариф ва волои оҷуркорию кошикорӣ, наққошию ҳаккокӣ бо тахайюлоти фалсафии ҳунармандон мунъакис шудааст. Диққати бинандаро, пеш аз ҳама, рангомезии деворҳо ба худ ҷалб мекунад, ки дар он тараннуми рамзҳои покизагӣ ва равшанӣ, бахту омад, покии осмон, талош барои хубӣ ва озодӣ эҳсос мешавад. Иҷрои гаҷкорӣ бо шаклҳои мутаносиби ҳандасӣ ва нақшунигори бо кошиҳои хушранг анҷомшуда низ назаррабо аст.

Аз он ҷое, ки шакли ҳаштгӯшаи деворҳои бино оғоз мешавад, гирдогирд рубоиёти Паҳлавон Маҳмуд бо хатти қашанги настаълиқи форсӣ ба забони тоҷикӣ (форсӣ) сабт шудаанд. Аз ҷумла:

Чашм аз ситами замона гирён дидам, Ҳар ранҷу бало, ки мумкин аст, он дидам. Нӯҳе, ки ҳазор сол як тӯфон дид,

Ман Нӯҳ наям, ҳазор тӯфон дидам.

\* \\

Аз санги сиёҳ лоҷвардӣ маталаб,

Аз филфилу занҷабил сардӣ маталаб. Бишнав сухани Маҳмуди Пурёивалӣ, Аз одами нодуруст мардӣ маталаб.

\* \\

Шаб ҳомила аст, то чӣ зояд, бинам, Ангушти замона то чӣ хоҳад, бинам. Аз аввали умр ҳар чӣ омад, дидам,

То охири умр ҳар чӣ ояд, бинам.

\* \\

Дар гуфтани зикри Ҳақ забон аз ҳама беҳ, Тоат, ки ба шаб кунӣ, ниҳон аз ҳама беҳ. Хоҳӣ, ки пули Сирот осон гузарӣ,

Нон деҳ ба ҷаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.

\* \\

Бо бад манишину бош бегонаи ӯ, Дар дом фитӣ, агар хӯрӣ донаи ӯ. Тир аз сари ростӣ камонро каҷ дид, Бингар, ки чӣ гуна ҷаст аз хонаи ӯ.

\* \\

Дар қудрати Ҳақ наз(з)ора мебояд кард, В-аз мардуми бад канора мебояд кард. Ҳар дил, ки дар ӯ сирри Илоҳӣ набувад. Он дил ба ҳазор пора мебояд кард.

\* \\

Марде, ки ба мардӣ ҳунари шер кунад, Сад қалъаи сангин забару зер кунад. Сад сол ба рӯз рӯзаву шаб ба намоз, Чандон набувад, гуруснае сер кунад.

\* \\

Бо ёди Ҷалол дар биёбон рафтем, Аз олами тан ба олами ҷон рафтем.

Ҳафтоду ду сол фикр карда шабу рӯз, Саргашта даромадему ҳайрон рафтем.

\* \\

Модом, ки сокини ҷаҳонем ҳама, Андар талаби луқмаи нонем ҳама. Фардо, ки хурӯси руҳ парвоз кунад, Маълум шавад, ки мо киёнем ҳама.

Дар ин «осорхона»-и сарбози таърих ҳамчунин оромгоҳи Паҳлавон Маҳмуд бо рангу ҷилои мунҳасир ба фарди худ мутамоиз аст. Ба маҳзи ин ки кас аз остонаи дарҳои чӯбини кандакоришуда вориди оромгоҳ мешавад, худро дар як дахмаи афсонавӣ тасаввур мекунад. Аз фарш то сақф назаррабоӣ кардани нақшунигори пайваста, бо рангҳои мухталиф ҷило додани кошикориҳои девор ба бинанда таровату сафо мебахшад. Дар пештоқи дари даромадгоҳ ба қабри Паҳлавон Маҳмуд ин рубоии пурмаънои эшон бо хатти зебои настаълиқ иншо шудааст:

Сесад кӯҳи Қофро ба ҳован судан,

Нуҳ тоқи фалак ба хуни дил андудан,

Сад сол асири банду зиндон будан,

Беҳ з-он, ки даме ҳамдами нодон будан.

Ҳарчанд Паҳлавон Маҳмуд Пурёивалӣ (Қаттолӣ) шеър гуфта, даббоғ, пӯстиндӯз ва кулоҳдӯзи маъруфе будааст, аммо дар таърих ва хотири аҳли Хоразм ҳанӯз ҳам чун куштигири тавоно ва паҳлавони миллӣ ёд мешавад. Дар ин хусус китоби «Маҷолис-ул-ушшоқ»-и Камолиддин Ҳусайн Гозаргоҳӣ яке аз манбаъҳои хуби таърихист. Аз ҷумла, дар он ҳикояти куштигирии Паҳлавон Маҳмуд дар яке аз тӯйҳои бодабдабаи подшоҳи он замони Ҳиндустон ва даҳҳо асири хоразмиро аз асорат озод намуда, ба ватан баргардондани ӯ хеле ҷолиб аст.

Рӯзномаи «Овози тоҷик», 23-юми феврал ва 5-уми марти соли 2008

пешина
аз 44
навбатӣ