Аз санг сахт, аз гул нозук

Юнуси Имомназарро алоқамандони каломи бадеъ ва хонандагони «Овози тоҷик» бо гузоришот ва ҳикояҳову қиссаҳои намакинаш мешиносанд.
Ахбор · 9 октябри 2024 · 44 саҳифа · 1 писанд
ДАР ҲОШИЯИ ҶАШНУ ИДҲОИ МАРДУМӢ
1. САЙРЕ БА ТАЪРИХИ НАВРӮЗИ КУҲАН
Расму оини истиқболи Наврӯз ва бардошту масаррати мардум аз он то ҳадде барои мо аён аст. Ин ҷо суоле пеш меояд, ки ҷашни Наврӯз аз кай инҷониб таҷлил мешавад ва барои чӣ онро «наврӯз» номидаанд?
Барои посух додан ба ин суол ба мақолаи муфассале, ки онро донишманди эронӣ Саид Нафисӣ дар маҷаллаи «Шарқ» дар Теҳрон ба чоп расонда буд, рӯ меоварем. Саид Нафисӣ дар мақолаи худ «Наврӯз дар замони Сосониён» роҷеъ ба таърихи ҷашнгирии Наврӯз, маросим ва сабабҳои пайдоиши он маълумоти муфассал медиҳад, ки барои ошкор намудани ин ҳама маънӣ қаблан навиштаҳои олимони мухталиф, мисли Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Балхӣ, Умари Хайём, Муҳаммад Наршахӣ ва дигар маъхазҳои таърихиро омӯхтааст.
Наврӯз таърихи дуру дарозе дорад. Он на як асру ду аср, балки аз давраҳои хеле қадим арзи вуҷуд кардааст. Нашъунамои Наврӯз бештар дар замони салтанати Ҳахоманишҳо48 ва Сосониён49 мушоҳида гардидааст. Ин ҷашн ҷузъи ақидаҳои бисёр қадими аҳли Аҷам мебошад, ки онро дар афсонаҳои бостонии худ дохил кардаанд. Ба ибораи дигар, афсонаҳои гуногуни мардум аз пайдоиш ва расму оини он гувоҳӣ медиҳанд ва заминаи воқеӣ доранд.
Баъзеҳо муътақиданд, ки Наврӯз аз замони Кайхусрав нумуъ мекунад. Гӯё маҳз Кайхусрав аз насли Парвизи Ҷаҳон (ба ривояти «Шоҳнома» писари Ковус) нахустин касест, ки Наврӯзро асос гузоштааст. Мегӯянд, ӯ кохҳои муҷаллал сохт, пояи подшоҳиро устувор кард, симу зар ва филиз бароварда олот сохт ва санъатҳо омӯхту ҷӯйҳо равон кард. Дар натиҷа, подшоҳии ӯ равнақ ёфт, неъматҳо фаровон шуданд ва ин айёми хушро «Наврӯз» номиданд.
Гурӯҳе ба ин фикранд, ки Наврӯз ба саъю кӯшиш ва заҳматҳои Сулаймон-пайғамбар ба вуҷуд омадааст. Бино ба ривояте, боре вай ангуштарии худро гум мекунад ва салтанат аз дасташ меравад. Баъд аз гузаштани чил рӯз ангуштариашро меёбад ва фараҳи пешина ба ӯ бармегардад: подшоҳон ба суроғаш меоянд, мурғон ба лонаҳои худ бармегарданд ва эрониён мегӯянд «наврӯз омад» ва он рӯзи хушро ҷашн мегиранд.
Аксарияти донишмандон бошанд, пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед, ки аз силсилаи Пешдодиён – аввалин силсилаи подшоҳони эронӣ мебошад, марбут мешуморанд. Бо номи Ҷамшед ривоятҳои мухталиф баён шудааст. Инак, сари чанде аз онҳо истода мегузарем.
Гӯё Ҷамшед гӯсолаеро гирифта ба болои он менишинад ва ҷину шайтонҳо ӯро дар як рӯз аз Дамованд50 то Бобул51 бар рӯйи ҳаво мебаранд. Мардум ин воқеаи шигифтангезро дида, он рӯзро ҷашн мегиранд ва минбаъд «Наврӯз» меноманд.
Чунин мепиндоранд, ки Ҷам (Ҷамшед) дар шаҳрҳо мегашт. Вақте ки хост ба Озарбойҷон ворид шавад, мардум, ки аз вай хубиҳо ва фаровонии неъмат дида буданд, ӯро бар тахти зар нишонда, бар дӯши худ бурданд. Ҷамшедро бузург хонданд, эҳтиром варзиданд, бо вай шодӣ карданд ва он рӯзро ҷашн гирифтанду рӯзи тоза, яъне рӯзи нав – «Наврӯз» номиданд.
Сабаби «Наврӯз» хондани ин рӯз он буд, ки соибон52 дар рӯзгори Таҳмурас (подшоҳи силсилаи Пешдодиён, бародари Ҷамшед) падид омаданд. Чун Ҷамшед аз миёни онҳо ба подшоҳӣ расид, динро тоза кард, барои ҳама поксириштиро талқин намуд ва аз ҳама ҳалолкориро талаб кард. Ин рӯзро, ки дар он ҳама иқдоми неки шоҳро пазируфтанд, «Наврӯз» номиданд ва ҷашн гирифтанд.
Нақл мекунанд, ки Иблиси палид баракатро аз миён мебарад. Дар ҳама ҷо қаҳтӣ, хушксолӣ ҳукмфармо мешавад. Одамон барои худ чизи хӯрданию нӯшиданӣ пайдо намекунанд. Ҳатто бод аз вазидан бозмемонад. Дарахтон низ хушк мешаванд ва қариб буд, ки ҷаҳон ба адам53 равад. Хушбахтона, бо фармону роҳнамоии Яздон Ҷам меояд ва ба сӯйи ҷануб меравад. Бо Иблиси палид разм намуда, бо ғалаба бармегардад. Мардум аз бадбахтию нобудшавӣ раҳоӣ меёбанд. Онҳо мебинанд, ки аз Ҷамшеди ғолиб нур меборад, ҷавоҳироти тоҷи ӯ аз нури Офтоб медурахшанд, растаниҳо аз нав сабз мешаванд, табиат ҷони тоза мегирад. Пас, одамон мегӯянд, ки рӯзи нав – «Наврӯз» омад.
Чу Хуршеди тобон миёни ҳаво, Нишаста бар ӯ шоҳи фармонраво. Ҷаҳон анҷуман шуд бар тахти ӯй, Аз он бар шуд қурраи бахти ӯй.
Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар-он рӯзро рӯзи нав хонданд.
(Фирдавсӣ)
Ҳамин тавр, мардум бо ворид шудани рӯзи нав хурсандӣ мекунанд, руҳи тоза мегиранд. Ҷашни Наврӯз расо сӣ рӯз барпо мешавад.
Баъд аз он то ба имрӯз анъанаҳои наврӯзӣ, новобаста аз ҳамлаҳо ва зӯргӯйиҳои бодиянишинони ғаддор, арабҳои ҷоҳил, туркони яғмогар ва соир душманони зишткор, дар дилу дида, дар вуҷуди халқ зинда монданд ва ҳамроҳ бо таҳаввулу тағйирот такмилу рушд ёфтанд.
Рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», 19-уми марти соли 12.
РӮЗИ МЕҲРУ ҶАШНИ МЕҲРГОН
Рӯзҳои фархунда барои мардуми форсизабон зиёд аст, ки ҷашн мегиранд, шодию хурсандӣ мекунанд. Яке аз он айёми хуррам иди Меҳргон маҳсуб мешавад ва он баробари Наврӯзи Аҷам фарру шукуҳ дорад. Меҳрмоҳ моҳи ҳафтуми солшумории форсӣ-тоҷикист (мутобиқан аз 23-юми сентябр то 22-юми октябр) «ва рӯзи шонздаҳуми он рӯзи меҳр аст, ки иди бузург бошад, ба номи Меҳргон ва давраи хазони дуюм аст».
Абӯрайҳон Берунӣ дар китоби «Осор-ул-боқия» менависад, ки «меҳр» номи Офтоб аст. Чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, онро «Меҳргон» гуфтанд.
Сосониён тоҷеро бар сар ниҳоданд, ки сурати Офтобро дошт ва гӯё Офтоб ҳангоми давр задан дар он тоҷ савор буд. Дар ин рӯз неъматҳо барои эрониён фаровон шуд, бозоре пайдо гардид.
Рӯзи бисту якуми меҳрмоҳ «Ромрӯз» аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд. Таҷлили иди Меҳргон дар ин рӯз пуршукуҳтар аст. Сабаби ин ид дар он буда, ки Фаридун бар Заҳҳоки мордӯш зафар ёфт. Ӯро асир гирифта дар кӯҳи Дамованд ҳабс кард. Ва мардум аз шарри Заҳҳок наҷот ёфта ин рӯзро ид хонданд. Фаридун ба мардум амр кард, ки рӯмоле дар камар бибанданду замзама кунанд ва ҳангоми таом сухан нагӯянд, ба Худованди худ сипос гузоранд, ки онҳоро пас аз ҳазор соли тарс тасаллути мулк раво донист. Ва ин кор дар онҳо суннату одат монд.
Эрониён Меҳргону Ромрӯзро ба як андоза бузург медонанд. Ҳурмуз писари Шопури паҳлавон миёни ин дуро ба ҳам пайвастааст ва муддати ҷашнгирӣ тулонитар шудааст. Меҳргонро ҳам мисли Наврӯз сӣ рӯзи тамом ҷашн гирифтаанд ва ба ҳар табақае (қишри аҳолӣ) панҷ рӯзи ид қарор додаанд.
Аз сӯйи дигар, Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд, зеро дар ин вақт ҳама чиз аз сабзиш мемонад. Наврӯз бошад, баръакси он аст, онро оғози олам мехонанд. Аммо баъзан Меҳргонро бар Наврӯз афзал мешуморанд, чунонки тирамоҳро бар баҳор бартар донистаанд. Ин назар мабно бар он аст, ки Искандар аз Арасту пурсид: «Кадом яке аз ин ду фасл беҳтар аст?» Арасту гуфт: «Подшоҳо, дар баҳор ҳашароту газандаҳо оғоз мекунанд, ки нашъунамо ёбанд ва дар тирамоҳ оғози аз байн рафтани онҳост. Пас, тирамоҳ аз баҳор беҳтар аст». Ҳамчунин дар ин дам мардум аз меҳнати гарон сабукдӯш мешаванд, хирмани пурбаракатро мебардоранд, заминаи роҳати фардоро муҳайё месозанд.
Абурайҳон Берунӣ: «Осор-ул-боқия»
Дар ситоиши Меҳргон Салмони Форс гуфтааст: «Мо дар аҳди Зартуштӣ будан мегуфтем, Худованд барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон бурун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ба ҷавоҳири дигар». Эроншаҳрӣ хотирнишон мекунад, ки «Худованд аз нуру зулмат байни Наврӯзу Меҳргон паймон гирифт». Ва асҳоби найранг афзудаанд: «Ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд».
Ҳамин тавр, Меҳргон ҳам чун Наврӯз иди бузургест, ки аз қадимулайём ҷашн гирифта мешавад ва дар солшумории мо таҷлили он аз шашум то дувоздаҳуми октябр рост меояд. Масъуди Саъд фармуда:
Меҳрабонӣ кун ба ҷашни Меҳргону рӯзи меҳр, Меҳрабонӣ беҳ ба рӯзи меҳру ҷашни Меҳргон.
Рӯзномаи «Илғор чорводор» (саҳифаи «Рангинкамон»), 27-уми апрели соли 13. ЗАКОТИ ТАН РӮЗА АСТ
Тамоми мусалмонони соҳибиродаи дунё, ки ба Парвардигор эътимоди комил доранд, дар моҳи шарифи рамазон рӯза мегиранд. Воқеан, дар ин моҳи нек рӯза гирифтан воҷиб аст, зеро рӯзаро чун яке аз муҳимтарин дастурҳои ибодатии Ислом донистаанд.
Тартиби он чунин аст, ки ҳар як муъмин бо итоат ба фармони Худои мутаол, аз азони субҳ то шом аз ҳар чизе, ки рӯзаро ботил месозад, худдорӣ мекунад. Корҳое, ки рӯзаро ботил созанд, ба таври дақиқ баён шудаанд ва онҳо иборатанд аз хӯрдану ошомидан (ҳарчанд кам бошад), омезиши ҷинсӣ, истимно (ҷалқ задан, яъне бе наздикшавӣ берун овардани манӣ), дурӯғ бастан ба Худо ва расулу имомон, расондани ғубори ғализ (ва дуди ғализ) ба гулу, фурӯ кардани тамоми сар дар об, боқӣ мондан бар ҷанобат (нопокии пас аз ҷимоъ ва эҳтилом, ҳолати пеш аз ғусл) ва бар ҳайзу (хунравии ҳармоҳаи зан) нифос (хунравии баъд аз таваллуд дар занон), имола (клизма) бо чизҳои равон, истифроғи (қай кардан) амдӣ.
Агар инсон қасдан ва аз рӯйи ихтиёр кореро, ки рӯзаро ботил месозад, анҷом диҳад, рӯзаи ӯ вайрон мешавад ва агар аз рӯйи саҳву ғалат ё беихтиёрӣ бошад, мушкил надорад.
Инчунин, агар чизеро бо зӯрӣ дар гулуи рӯзадор бирезанд ё сари ӯро зӯран дар об фурӯ созанд, рӯзаи ӯ ботил намешавад. Аммо агар маҷбураш кунанд, ки рӯзаи худро ботил кунад, масалан, таҳдидаш кунанд, рӯзааш вайрон мешавад.
Рӯзаи моҳи рамазон барои ҳар муъмину мусалмон воҷиб аст. Агар ӯ қасдан ва бо ихтиёр рӯзаи худро тарк кунад, илова бар қазои рӯза бояд каффора (он чизе, ки дар товони гуноҳ дода мешавад) бидиҳад. Ва дар дастурҳо баён шуда, ки каффораи як рӯзи рӯза озод кардани як асир ё шаст рӯз рӯза доштан, ё хӯроки шаст нафар фақирро додан аст. Агар бо чизи ҳароме рӯзаи худро ботил кунад, бояд ҳар се каффораи мазкурро анҷом диҳад ва агар барояш мумкин набошад, ҳар кадоме аз онҳоро, ки мумкин аст, анҷом диҳад.
Дар чанд маврид рӯза гирифтан воҷиб нест. Аз ҷумла, бар шахси беморе, ки рӯза барояш зарар дорад; бар касе, ки ба сабаби пирӣ наметавонад рӯза бигирад ё рӯза гирифтан барояш машаққат дорад; бар зани ҳомила ё кӯдаки ширмакдошта, ки рӯза барои худаш ё кӯдакаш зарарнок аст. Бояд хотиррасон кард, ки баъд аз бартараф шудани узр қазои онро бояд анҷом дод.
Қоидае роиҷ аст, ки агар ҳар кас ба иллати беморӣ рӯзаи рамазонро нагирад ва беморӣ то рамазони соли дигар тул кашад, қазои рӯзаҳои нагирифта бар ӯ воҷиб нест.
Бояд барои ҳар рӯз як мад, ки тақрибан даҳ сер (як сер баробари 750 грам аст) мебошад, гандум ва монанди он ба фақире диҳад. Ин қоида бар касоне низ дахл дорад, ки узрашон баъди моҳи рамазон бартараф шудааст. Вале агар ба сабаби узри дигаре, масалан, барои мусофират рӯза нагирифта бошад ва узри ӯ то рамазони баъд боқӣ монад, беҳтар аст, ки барои ҳар рӯз як мад таом ба фақирон диҳад.
Рӯзаи мусофир тақозои махсус дорад. Мусофире, ки намозҳои чорракаатиро дар сафар ду ракаат мехонад, набояд рӯза гирад. Мусофире, ки намозашро пурра мехонад, мисли касе, ки шуғлаш мусофират бошад, бояд дар сафар рӯза бигирад. Агар рӯзадор баъд аз зуҳр ба сафар барояд, бояд рӯзаи худро тамом кунад ва агар пеш аз зуҳр мусофирати худро оғоз намояд, метавонад рӯзаи худро ифтор кунад (ба шарте, ки аз маҳалли расидаи ӯ деворҳои шаҳр маълум набошад ва садои азонро нашунавад). Агар мусофир пеш аз зуҳр ба ватанаш расад ё ба ҷое ояд, ки мехоҳад ҳадди ақал даҳ рӯз он ҷо бимонад, бояд он рӯз рӯза гирад.
Дар рӯзи идҳои Фитр (Рамазон) ва Қурбон рӯза гирифтан ҷоиз нест.
Ислом дини таҳорат ва покизагӣ аст. Чунончи, дар Қуръони карим мехонем: «Худо покону покизагон ва тавбакоронро дӯст дорад». Маҳз дар айёми рӯзадорӣ нигаҳдории таҳорат ба эътидоли олии худ мерасад. Ҳар як муъмини рӯзадор тамоми қоидаҳои таҳоратро ба мавқеъ анҷом медиҳад. Дар ин маврид баъзе чизҳои нопок иборатанд аз бавл, мадфуъ, хун ва ҳар мурдории инсону ҳайвон, саг ва хуке, ки дар хушкӣ зиндагӣ мекунанд (ҳатто мӯю устухон, панҷаву нохун ва рутубатҳои онҳо), шароб ва ҳар чизи масткунанда. Агар вақти ҷӯш задани ғизо чизи наҷисе (нопок, наҷосатолуд) ба он биафтад, ҳарчанд кам бошад, тамоми ғизо ва зарфи он ҳаром мешавад ва ҷӯшондану ҳарорат додан поккунанда нест. Ба ғайр аз ин, ҳар муъмин бояд бидонад, ки хӯрдану ошомидан аз чизи наҷис ҳаром аст. Инчунин наҷис кардани хатту варақи Қуръон ва чизе, ки исми Худо ва паёмбар бар он навишта шудааст, ҳаром мебошад ва агар наҷис шавад ё дар ҷойи наҷису олуда биафтад, фавран онро берун оварда, татҳир (пок) бояд кард. Ҷоиз нест, ки шахс дар ҳангоми қазои ҳоҷат рӯ ба қибла ё пушт ба қибла бошад ва ё дар кӯчаю роҳҳо, дар макону заминҳои мардум, ки розӣ набошанд, қазои ҳоҷат кунад.
Инчунин дар хиёбон, гузаргоҳҳои умумӣ, назди хона, зери дарахте, ки мева медиҳад, дар лонаи ҷонварон, дар об, махсусан дар оби норавон, қазои ҳоҷат кардан ё истода бавл кардан ва бавл кардан дар замини сахт ё рӯ ба рӯйи бод макруҳ аст.
Ин ҷо худ аз худ суоле пайдо мешавад, ки поккунада чӣ метавонад бошад?
Бо оби тоза метавон чизҳоеро, ки наҷис шудаанд, пок кард. Онро дар шариат оби кур(р) хондаанд, ки дар ҳудуди 384 литр аст (баъзан ин миқдорро 480 килограм донистаанд). Дар он ҳар чизи нопок татҳир мешавад. Обе, ки махзани зеризаминӣ дорад ва аз замин ҷӯш зада мебарояд, монанди оби чоҳу корез ва чашма, ҳукми оби курро дорад. Агар ба чизе, ки наҷис шудааст, борон биборад, пок мешавад. Зарфи наҷисшударо бо оби кам бояд се маротиба шуст ва дар оби кур ё ҷорӣ, пас аз бартараф кардани наҷосат, як маротиба шустан кофӣ аст. Зарферо, ки саг онро лесидааст ё аз он чизи дигареро хӯрдааст, ибтидо бояд бо хоки пок хокмол кард ва сипас онро ду маротиба бо об шуст. Агар кафи по ва таҳи кафш дар асари роҳ рафтан дар замини наҷис нопок шавад, метавон онро бо роҳ рафтан рӯйи замини хушку пок, ба он андоза, ки наҷосат бартараф шавад, пок кард ва эҳтиёҷи ба об кашидан нест. Инчунин қоидае роиҷ аст, ки хӯрдану ошомидан аз зарфи тилоию нуқрагин ҳаром аст. Аммо агар зарфро оби тило ё нуқра давонда бошанд, монеӣ надорад.
Баробари нигаҳдории покизагӣ рӯзадор бар нафс ғолиб меояд. Ӯ бештари вақти худро бо гирифтани вузуву таҳорат, намозхонӣ, анҷом додани корҳои дунявӣ мегузаронад. Аз сухани бисёр гуфтан, ба ифрот хоб кардан ва хӯроки зиёд хӯрдан парҳез мекунад. Ба ин маънӣ дар ҳадисҳои паёмбар низ омада: «Се чизро Худо душман дорад: пургӯйӣ, пурхобӣ ва пурхӯрӣ». Тибқи ин гузориш, сабук нигаҳ доштани бадан, руҷуъ ба камхӯрӣ ва муддате ором сохтани узвҳои дохила боиси аз нав неру гирифтани аъзои
ҳозима ва барқарор шудани қувваи бештар дар вуҷуди инсон мегардад. Тани инсон аз гаронии олудагиҳо фориғ мешавад ва барои ҳаракоти ояндаи узвҳои бадан, маҷмуи ботини инсон заминаи мусоид фароҳам меоварад. Бар тақвияти ин фикр дар ҳадисҳои паёмбар мехонем: «Ҳар чиз закоте дорад ва закоти тан рӯза аст». Ё ба ин маънӣ Шайх Саъдӣ афзудааст:
Закоти мол бадар кун, ки фазлаи разро Чу боғбон бизанад, бештар диҳад ангур.
Паёмбари акрам фармуда: «Се чиз ҳофизаро қавӣ кунад: мисвок, рӯза, Қуръон хондан» ё «муъмин дар дунё се хушӣ дорад: мулоқоти бародарон, ифтор баъд аз рӯза ва ибодати охири шаб».
Дар ҳақиқат, ҳар касе рӯзадорӣ мекунад, ба дурустии ин суханони ҳикматнок итминон ҳосил менамояд. Таваҷҷуҳи зоҳирӣ аён месозад, ки хаёли осудаи инсон, нахӯрдани ғами таом бевосита шахси соҳибҳушро ба дарки мазмуну масъалаи дилхоҳ водор месозад. Ӯ хеле осон ҳар чиро, ки бихонад, онро ба осонӣ дар хотир нигаҳ медорад.
Чӣ бас масарратангез аст пас аз рӯзадорӣ ифтор намудан! Инро фақат касе эҳсос мекунад, ки рӯзадор бошад ва бо иштиҳои хуш ба сарфи таом пардозад.
Бешубҳа, аз кори рӯзадор, ки бо эътимоди комил ва итминон нисбат ба Худои мутаол ба амри воҷиб даст андохтааст, хулосае бармеояд: рӯзадор шахси боимон, парҳезкор, ботаҳаммул, тақводор ва покиза аст. Ӯ одами ростин, дурусткор ва ҳалол буда, ҳар дуояш мустаҷоб мегардад. Бо ин поксириштӣ рӯзадор дар поёни моҳи шарифи рамазон ба иди Фитр, иди рӯзадорӣ мерасад.
Худо ҳар бандаи муъмини хешро дар паноҳаш нигаҳ дорад!
Рӯзномаи «Овози тоҷик», 11-уми январи соли 1997

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё