Зеҳн
1 пайгир · аз 15 июли 2026 дар Зеҳн
ДУ КАЛИД...
Рӯзе шогирде аз устодаш пурсид: - Устод, роҳи аз ҳама зудтар роҳ ёфтан ба қалби инсон чист? Устод аз ҷайбаш ду калид баровард. - Яке аз ин калидҳо аз тилло ва дигарӣ аз оҳани оддӣ сохта шуда буд. Ба фикри ту, кадоме аз онҳо дарро мекушояд?, - гуфт устод. Шогирд дарҳол ҷавоб дод: - Албатта, калиди тиллоӣ. Устод ҳардуро ба қулф андохта нишон дод. Калиди тиллоӣ накушод. Калиди оҳанини оддӣ бошад, қулфро ба осонӣ кушод. Шогирд дар ҳайрат монд. Устод гуфт: - Барои қулф на қимати калид, балки мувофиқ будани он муҳим аст. Қалби инсон низ ҳамин тавр аст. Онро на бо сарват, мансаб ё зебоӣ, балки бо самимият, меҳр ва муомилаи нек кушодан мумкин аст. Шогирд оҳиста сар ҷунбонд. - Пас, барои ёфтани роҳ ба қалби одамон пеш аз ҳама инсони накӯ будан лозим будааст. Устод табассум кард: - Бале. Дарҳои аз ҳама мустаҳкамро низ на ба зӯрӣ, балки калиди дуруст мекушояд. Калиди боварибахш, ки ба қалби инсон мебарад, ин самимият, меҳр ва эҳтиром аст.
ЁЗДАҲ ФАРЗАНД
Орифе ёздаҳ фарзанд дошт ва рӯзе ҳамаи онҳоро ба назди худ хонда, ба рӯяшон як-як назар карду гуфт: — Худоё, ҳамду санои бепоён бар Ту бод! Фарзандон гумон карданд, ки падарашон Худоро ба хотири онҳо шукр мегӯяд. Ориф муриди заковатманде дошт, ки дар ин асно ҳозир буд ва гуфт: — Эй Хоҷа! Ман иллати шукргузориятро медонам! Ориф пурсид: — Иллаташ дар чист? Мурид гуфт: — Дар он ки Худованд бароят фарзандони зиёд додааст, аммо муҳаббати ҳеҷ якеашон дар қалби ту ҷойи муҳаббати Худоро нагирифтааст!
ДАВОИ ДАРДИ ГУНАҲКОРӢ
Рӯзе Боязиди Бистомӣ аз назди байтулҷунун (беморхонаи девонагон) мегузашт ва хидматгори беморхонаро дид, ки касеро тозиёна мезанад. Пурсид: — Чӣ кор мекунӣ? Хидматгор гуфт: — Ин ҷо беморхона аст. Ба дарди беморон даво мебахшам. Боязид гуфт: — Барои дарди мо ҳам давое доред?! Хидматгор пурсид: — Ба чӣ гирифторед? Боязид гуфт: — Ба гуноҳ. Бемориям ин аст, ки гуноҳ содир мекунам. Хидматгор гуфт: — Ман ин бемориро намефаҳмам ва роҳи табобаташро ҳам намедонам. Дар ҳамин миён девонае, ки гуфтугӯи онҳоро мешунид, аз дохили беморхона садо кард: — Биё, эй бандаи Худо! Биё, ки илоҷи кори туро ман медонам. Боязиди Бистомӣ ба бемор наздик шуд ва хоҳиш кард, ки давои дардашро бигӯяд. Бемор гуфт: — Решаи тавба ва барги истиғфорро ба ҳам омехта, дар ҳовани қалб бо санги тавҳид бикӯб ва аз элаки инсоф гузаронида, бо оби дида хамир бикун ва дар оташдони муҳаббат бипаз. Субҳу шом аз он истеъмол намо ва бубин, ки асари гуноҳ дар ту боқӣ мемонад ё на?! Боязид бо шунидани ин тадбир гуфт: — Дареғо, ки туро ҳам девона гуфта, ба ин ҷо оварданд?!
ИНШОАЛЛОҲ, МАН ОМАДАМ!
Рӯзе марди деҳқоне ба завҷааш гуфт: — Агар пагоҳ борон борад, ман ба ҷангал меравам ва агар ҳаво соф шавад, заминро ҷуфт мекунам. Завҷааш дид, ки ӯ лафзи «иншоаллоҳ»-ро ба забон наёвард, пас таъкид намуд: — «Иншоаллоҳ» бигӯ, эй ҷаноб! Бигӯ, ки «Агар Худо хоста бошад!» Марди деҳқон ба гуфтаи завҷааш эътибор надод ва бар замми ин эътироз намуд, ки магар дар ҳама кору пайкор «иншоаллоҳ»-у «мошоаллоҳ» гуфтан шарт аст?! Пагоҳӣ ҳаво боронӣ шуд ва мард роҳи ҷангалро пеш гирифт. Дар роҳ марди ношиносеро вохӯрд, ки аз ӯ номи деҳаеро пурсида, гуфт: — Чӣ гуна ба он ҷо биравам? Деҳқон бо ишораи сар «намедонам» гӯён, хост ба роҳаш идома диҳад. Вале марди ношинос дасти ӯро дошта, қамчинашро бароварду гуфт: — Пеш даро! То маро ба он ҷо набарӣ, ба ҳеҷ куҷо намеравӣ! Марди деҳқон ноилоҷ монд ва бо он марди ношинос ба роҳ афтод. Онҳо пас аз тай кардани роҳи дуру дарозе ниҳоят он деҳаро пайдо карданд ва марди деҳқон бевақтӣ ба хонааш баргашт. Ӯ он қадар хаставу озурдаҳол буд, ки худро базӯр ба дари хонааш расонд. Чун дари хонаро кӯфт, завҷааш аз дохили ҳавлӣ пурсид: — Кист? Марди деҳқон посух дод: — Хонум, дарро кушо, иншоаллоҳ, ман омадам!
АЗ НУҚСОНҲО МУНАЗЗАҲ
Паёмбари гиромӣ (с) фармуд: — Ҳангоми рукӯъ ҳадди ақал се маротиба чунин бигӯед: «Субҳона раббиял ъазим» (Худованди бузург аз кулли нуқсонҳо муназзаҳ аст). Ҳангоми саҷда бошад ҳадди ақал се маротиба бигӯед: «Субҳона раббиял аъло» (Парвардигори Мутаъол аз ҳама нуқсонҳо муназзаҳ аст).
НАЗДИКТАРИН ҲОЛАТИ БАНДА БА ПАРВАРДИГОР
Расули Худо (с) фармуд: — Наздиктарин ҳолати банда ба Парвардигораш замонест, ки ӯ дар саҷда қарор дорад. Пас, дар ин ҳолат бисёр дуо кунед. Вақте инсон оятҳои саҷдаро бихонад ё ин ки бо шунидани ин оятҳо саҷда кунад, шайтон гирякунон мегурезад ва мегӯяд: «Вой бар ҳоли ман! Фарзанди Одам ба саҷда маъмур шуду саҷда кард ва бар ивази он биҳиштро ба даст овард. Ман низ ба саҷда маъмур шуда будам, аммо бо сабаби кибру ғурур эътироз намудам. Бар ивази ин маро оташи дӯзах интизор аст».
ДУОИ МАҚБУЛ
Расули Худо (с) фармуд: — Ҳар касе дар дили шаб ва пас аз намозҳои фариза дуо кунад, дуояш мавриди иҷобат қарор гирифта, рад намегардад. Ҳар дуое, ки дар фосилаи байни азону қомат карда мешавад, низ рад намегардад. Худованд дуои се зумраи инсонҳоро қабул мекунад ва дар мақбул будани дуои онҳо шубҳае нест: дуои мазлум, дуои мусофир ва дуои падар дар ҳаққи фарзанд.
ДИЛИ ШАБ
Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с) фармуд: — Худованд ҳангоми фаро расидани севум ҳиссаи шаб ба осмони дунё фуруд меояд ва мефармояд: «Магар касе ҳаст, ки ба сӯйи Ман дуо кунад, то дуояшро мавриди иҷобат қарор диҳам. Магар касе ҳаст, ки аз Ман чизе бихоҳад, то онро барояш ато кунам ва касе ҳаст, ки аз Ман талаби мағфират кунад, то ӯро мағфират кунам». То гузаштани ҳамон ҳиссаи шаб муҳлат дода мешавад. Сипас ба осмони наздик фуруд меояд ва мефармояд: «Молик Манам, Молик Манам. Кӣ ба Ман дуо мекунад?» Худованд бандагонашро то ҳиссаи аввали шаб фурсат медиҳад ва сипас ба осмони Замин фуруд меояд ва мефармояд: «Молик Манам, Молик Манам. Кӣ аз Ман талабе дорад?
ДУОИ ШОМ
Расули Худо (с) шомгоҳӣ чунин дуо мекард: «Худоё! Дар шоҳидии Ту, фариштагонат ва тамоми махлуқотат рӯзро бо чунин иқрор бегоҳ кардам, ки ба ғайр аз Ту маъбуде нест, Ту Ягонаӣ ва шарике надорӣ ва Муҳаммад банда ва расули Туст!»
ДУО
Расули Худо (с) чунин дуо мекард: «Парвардигоро, нафсамро ба Ту таслим кардам ва корамро ба Ту супурдам ва аз рӯйи тамоюл ба хайр ва тарси уқубат ба Ту эътимод намудам. Паноҳгоҳе ва мояи наҷоте ба ҷуз Ту нест. Имон овардам ба китоби нозилкардаат ва ба паёмбари фиристодаат. Худоё, он чӣ ато мекунӣ, касе монеъ шуда наметавонад. Ва он чиро ки монеъ мешавӣ, касе лутф карда наметавонад. Ҳеҷ сарватманд ёрӣ карда наметавонад ва ҳама сарватҳо аз они Туст. Худоё, ситоиш бар Ту бод. Ту Қайюм ҳастӣ ва замину осмонро устувор доштаӣ. Ситоиш бар Ту бод. Молик Туӣ ва соҳиби ҳақиқии кулли махлуқоту мавҷудоти олам Туӣ! Ситоиш бар Ту бод, ки Ту нури осмонҳову замин ҳастӣ!»
ҚАТРОН
Уштури пиразане ба бемории хоришак гирифтор шуда буд. Беморӣ торафт уштурро лоғару нотавон мекард. Ин ҳолат пиразанро ғамгин карда буд, зеро агар уштур намешуд, ӯ маркаби дигаре надошт, ки корҳои хоҷагияшро анҷом дода, бори рӯзгорро бикашад. Пиразан чанд муддат барои табобати уштураш ранҷ кашид, аммо давои дардашро пайдо накард. Ӯ беист дуо мекарду барои уштураш аз Худо шифо талаб менамуд. Рӯзе пиразан уштурашро ба чарогоҳ баровард, вале уштур на хасу хошок мехӯрду на об менӯшид. Пиранзани бечора ин ҳолро дида гирист ва дасти дуо бардошта, дуо кард. Дар ҳамин асно Паёмбари Акрам (с) бо асҳоб аз он мавзеъ мегузаштанд ва Ҳабиби Худо (с) пиразанро дар ин аҳвол дида, пурсид: — Эй бандаи Худо, чаро афсурдаву гирён нишастаӣ? Пиразан бо овози гиряолуд посух дод: — Барои уштурам мегирям, эй Расули Худо! Охир, ин уштур дастёри ман аст. Барои сиҳат шуданаш дуо карда, аз Худованд шифо металабам, аммо дуоям мустаҷоб намешавад. Расули Худо (с) табассум карду фармуд: — Агар хоҳӣ, ки мустаҷоб гардад, ба дуоят каме қатрон илова кун! Пиразан дар оғоз ҳикмати сухани Расули Худоро (с) нафаҳмид, вале андаке андеша карду ба маънии ин фармудаҳо сарфаҳм рафт. Ӯ дарҳол ба хонаи ҳамсоя рафта, қатрон пурсид ва онро ба рӯйи пусти уштур молид. Сипас дуо карду барои уштураш аз Худованд шифо талабид. Дар пайи ин аҳволи уштур рӯз аз рӯз беҳтар шуду иштиҳояш пайдо гардид ва дар ниҳоят шифо ёфта, сиҳат шуд.
ТАҚДИРАТОНРО БА ХАРСИФАТОН НАСУПОРЕД
Булбуле дар шохи дарахт нишаста нағмасаройӣ мекард. Ин замон зоғе омаду гуфт: - Шарм намедорӣ, ин қадар дод мезанӣ? Булбул норизоёна гуфт: - Эй зоғи нодон! Мардум мафтуни садои ман ҳастанд! Ту чӣ донӣ, ки навозиш чист?! - Ҳа-ҳа! Садои ман ба маротиб аз хониши ту беҳтар аст! Қаррр, - гуфт зоғ. - Иштибоҳ мекунӣ, - гуфт булбул. Зоғ гуфт: - Биё, аз касе мепурсем, агар садои маро писандад, ман як чашми туро минқор зада, кӯр мекунам. Агар ту ғолиб ойӣ, ту чашми маро минқор мезанӣ. Булбул розӣ шуд. Ҳар ду ба самте парвоз карданд, аз пешашон хар баромад. Зоғ аз ӯ пурсид, ки садои кӣ беҳтар аст. Хар ҷавоб дод: - Албатта, садои зоғ. Зоғи ғолибомада чашми булбулро кӯр карду рафт. Чанд рӯзе гузашт, зоғ дид, ки булбул дар ҳамон ҷойи пешинааш нишаста, ин дафъа ғамгинона месаройид. Зоғ гуфт: - Эй булбули бешарм! Магар аз мағлуб шуданат қонеъ нашудӣ, ки боз нағмасаройӣ мекунӣ? Булбул гуфт: - Ман аз дили хуш на, аз он ки тақдири худро ба хар супоридам, ғамангезона месароям. Хар ҳама вақт хар мемонад. Хар чӣ донад лаззати қанду набот, Тӯрбаи каҳ бошаду кунҷи работ.
АГАР КАСЕ ЭҲТИЁҶЕ ДОШТА БОШАД
Паёмбари Акрам (с) фармуданд: — Ҳар касеро аз шумо эҳтиёҷе пеш омад, таҳорати комил кунад ва ду ракъат намоз гузорад. Дар пайи ин Худоро ҳамду сано намуда, ба Паёмбараш салоту салом фиристад ва сипас ин дуоро бихонад: «Ло илоҳа иллаллоҳу ал-Ҳалим-ул-Карим. Субҳоналлоҳи Раббил ъаршил ъазим. Алҳамдулиллоҳи Раббил ъоламин. Асалука муҷиботи раҳматика ва азоима мағфиратика. Вал ғанимата мин кулли биррин вас саломата мин кулли исмин. Ло тадаъли занбан илло ғафартаҳу. Ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу. Ва ло ҳоҷатан ҳия лака ризан илло қазайтаҳо. Ё арҳамар-роҳимин». (Нест маъбуде ба ҷуз Худои Ҳалиму Карим. Худованди арши азим аз кулли нуқсонҳо муназзаҳ аст. Ҳамду ситоиш хоси Парвардигори оламиён аст. Худоё! Дар ҳаққи ман амалҳоеро биофар, ки василаи раҳмату мағфиратат бошанд. Парвардигоро! Маро аз тамоми гуноҳҳо муҳофизат намо, бо иҷрои амалҳои нек маро ғанӣ гардон ва аз тамоми гуноҳҳо саломат нигаҳ дор. Худоё! Тамоми гуноҳҳои маро афв намо ва маро аз мушкилиҳое, ки тавони бардошташонро надорам, наҷот бидеҳ! Худоё! Дар ҳаққи ман аз ҳама бораҳм Туӣ, ба ман иҷрои амалҳоеро насиб гардон, ки дар онҳо ризои Ту бошад).
«БИСМИЛЛОҲ»
Хаттоти забардастеро зарурати гузаштан ба он соҳили дарё пеш омад ва ӯ бо ин мақсад ба киштие савор шуд. Киштӣ дар як муддати кӯтоҳ ба соҳили дигар расид ва хаттот бо қасди пардохти музди киштирон даст ба ҷайб бурда, ҳамин лаҳза пай бурд, ки ҳангоми берун омадан бо худ маблағе нагирифтааст. Дарҳол коғазеро ба даст гирифту бо хати зебову нафис «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» навишт ва онро ба киштирон дода, гуфт: — Бигзор ин дастхат бароят армуғоне бошад ва маро бубахш, ки пуле надоштаам, ки бо ту ҳисобӣ кунам. Киштирон коғазро гирифт, дар ҳоле ки аз санъати волои хаттот бехабар буд. Ӯ пас аз анҷоми кор ба қаҳвахонаи назди соҳил рафт ва дар аснои суҳбат ин воқеаро ба бошандагони он ҷо қисса кард. Мардум дастхатро дида, маҳсули эҷоди хаттоти забардаст будани онро дарёфтанд ва ҳамагӣ ҳозир шуданд, ки онро бо ҳар қимате аз киштирон бихаранд. Чун мардум дар мавзӯи харидории ин дастранҷ ба муҷодила бархостанд, киштирон дастхатро ба музояда гузошт ва дар ниҳоят онро ба панҷоҳ тангаи тилло фурӯхт. Ҳамин тавр ӯ чанд маротиба бештар аз музди меҳнаташ фоида дид. Вақте киштирон ба назди киштияш баргашт, хаттотро дар он ҷо дида, ӯро ба киштӣ даъват намуд. Хаттоти машҳур ба киштӣ нишасту роҳкирояшро дарҳол ба киштирон дароз кард. Киштирон, ки акнун ӯро хуб мешинохт, гуфт: — Устод, чӣ мешуд, агар бори дигар ҳам дар лавҳае «Бисмиллоҳ» навишта, ба ман ҳадя бикунед? Хаттот гуфт: — Дӯстам! «Бисмиллоҳ»-е, ки пагоҳӣ гуфтем, барои ҳафт пуштатон басанда буд.
КАСЕ НАБИНАД
Муршиди комиле дар ҳалқаи тадрисаш ба яке аз муридони худ аҳамияти бештар медод ва дар умури таълимаш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Муридони дигар, ки аз ин тарзи рафтори устодашон нороҳат буданд, боре бо риояи расми одоб аз он пири тариқат талаб намуданд, ки ҳикмати ин амалашро шарҳ диҳад. Муршиди комил ҳамаи муридонро ба даври худ ҷамъ оварда, ба ҳар яке аз онҳо як мурғ ва як корд доду фармуд: — Ин мурғҳоро дар ҷое кушта биёред, ки шуморо касе набинад. Шарти ягонаи супориш ҳамин аст, ки ин корро дар танҳоӣ ва дар ҷое анҷом диҳед, ки аз назари ҳама пинҳон бошад. Ҳар касе аз шумо инро зудтар анҷом диҳад, бартарии худро исбот хоҳад кард. Муридон мурғу кордро гирифта, ба чор тараф паҳн шуданд ва аз нигоҳи худ мавзеъҳои ниҳоне ёфта, мурғҳоро забҳ карданд. Пас аз чанде ҳамаи онҳо ба назди пири худ ҳозир шуданд, аммо муриде, ки бар ӯ ҳасад мебурданд, бедарак шуда буд. Касоне, ки барвақт омаданд, байни худ мегуфтанд: — Шояд аз уҳдаи супориш набаромад ва аз ин рӯ шарм карда, омадан нахост. Ҳамин тавр аз миён вақти зиёде гузашт ва он муриди ҳақиқӣ ниҳоят ба даргоҳ баргашт, дар ҳоле ки мурғро забҳ накарда буд. Ҳамсабақон мурғи зиндаро дар дасти ӯ дида, бо нишони тамасхур гуфтанд: — Ӯ, ки аз уҳдаи куштани мурғе ҳам набаромадааст, чӣ гуна аз мо бартар бошад! Пири тариқат аз муридаш пурсид: — То ин дам куҷо будӣ, ки мо мунтазират шудем? Ҳама мурғонро куштаанд, ту чаро накуштаӣ? Муриди ҳақиқӣ гуфт: — Эй хоҷаи ман! Барои дер карданам, маро маъзур бидоред. Аммо ҳар қадар ҷустуҷӯ кардам, ҷойи ниҳоне наёфтам, ки танҳо бошам ва ҳеҷ касе маро набинад. Ҳарчанд мавзеи пинҳоне пайдо мешуд, яқин медонистам, ки Худованд маро ҳамеша наззора мекунад ва мебинад. Ҳар қадар зиёд гаштугузор кардам, аммо барои иҷрои ин супориш ҷойи мувофиқе наёфтам. Муродони дигар бо шунидани посухи ӯ ҳикмати таваҷҷуҳи хосаи пири тариқатро пай бурданд ва бар иштибоҳи худ иқрор шуда, дарёфтанд, ки Худованд дар ҳама ҷо ҳозиру нозир аст.
АҚРАБ, ҚУРБОҚҚА ВА МОР
Яке аз бузургони олами тасаввуф Зунуни Мисрӣ чунин ривоят мекунад: «Боре барои шустани либосҳоям ба соҳили дарёи Нил омадам. Ногаҳон дидам, ки ақраби калоне ба сӯйи ман меояд. Бисёр тарсидам ва аз шарри он ба Ҳақ Таъоло паноҳ бурдам. Вақте ақраб ба дарё наздик шуд, қурбоққае аз об баромада, ба наздаш омад. Ақраб болои қурбоққа нишаст ва онҳо ба он тарафи дарё шино карданд. Ман ин ҳодисаро дида, дар тааҷҷуб афтодам ва онҳоро таъқиб намудам. Ҳангоме ки он ҳар ду ба соҳили дигари дарё расиданд, ақраб аз болои қурбоққа ба замин фаромад ва ба тарафи дарахте, ки баргҳои калону сояи ғафс дошт, равон шуд. Ба зери он дарахт назар кардам ва дидам, ки ҷавоне хоб аст. Ба худ гуфтам: «Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳ», ҳар ҷо бошад, ин ақраб барои заҳр задани ҳамин ҷавон омадааст». Вақте ки ақраб ба ҷавон наздик омад, қасди куштанаш кардам, аммо он ҳангом дидам, ки море ба ҷавон наздик мешавад. Дар ин ҳол ақраб морро дида, ба сӯяш ҳуҷум овард ва онро то мурдан заҳр зад. Баъди безарар гардидани он мор ақраб дубора ба соҳили дарё омад, дар сурате ки қурбоққа омадани онро интизорӣ мекашид. Ақраб ҳам ба болои қурбоққа нишаст ва онҳо бозпас ба соҳил баргаштанд. Сипас ман ба назди ҷавон омадам ва ба ӯ гуфтам: — Эй ҷавони хоб! Ҳарчанд ки ту эҳсос намекунӣ, Худованд ҳамеша нигаҳбонӣ туст. Агар ту хоб бошӣ, Худованд аз хоб муназзаҳ аст ва Ӯ нисбат ба бандагонаш ниҳоят бораҳм аст.
ҲАМОН ГУНА КИ НОМАМРО ГИРОМӢ ДОШТӢ
Яке аз авлиёи бузург — Бишри Ҳофӣ дар айёми ҷавонӣ ба чоҳи гуноҳ афтода буд ва рӯз аз рӯз фурӯтар мерафт. Боре, пас аз шаби хамморию мастӣ, афтону хезон ба сӯйи хона меомад. Дар роҳ пораи коғазеро дид, ки дар он «Бисмиллоҳ» навишта шуда буд. Пораи коғазро аз миёни хоку лой бардошта, пок кард ва онро бӯсиду ба хонааш овард. Сипас ба рӯйи он навиштаҷот бӯйи хуш молид ва онро ба зеботарин гӯшаи хонааш гузошт. Он шаб донишманде дар хобаш дид, ки ба ӯ чунин фармуданд: «Бирав ба Бишр бигӯ, ки чун номи Маро пок намуд, ӯро пок хоҳам кард ва чун номи Маро гиромӣ дошт, ӯро гиромӣ хоҳам дошт ва он гуна ки ба рӯйи номам хушбӯйӣ молид, ӯро дар муҳити хушбӯе қарор хоҳам дод. Қасам ба Иззатам, ки номашро дар дунёву охират поку тамиз хоҳам кард». Ин хоби ӯ се маротиба такрор ёфт. Пагоҳӣ донишманд ба ҷустуҷӯи Бишр баромад, то он фармудаҳоро ба ӯ бозгӯяд. Пас аз чанде ӯро дар миёни ҳамсафонаш пайдо карда, ба назди худ хонд ва гуфт, ки барояш хабари муҳиме дорад. Бишр инро шуниду гуфт: — Хуш омадӣ, аз кӣ хабар овардӣ? Донишманд посух дод: — Ба ту аз Худованди Таъоло хабаре овардаам. Бишр номи Худоро шунида, гуфт: — Медонам, ки Худо аз ман розӣ нест ва маро ҷазо хоҳад дод. Ҳаминро гуфтанӣ ҳастӣ? Донишманд хоби дидаашро қисса кард. Бо шунидани гуфтаҳои донишманд Бишр инони ихтиёрашро аз даст дода буд ва беист оби дида мерехт. Ниҳоят ба назди ҳамсафонаш омаду гуфт: — Эй дӯстони ман! Маро даъват карданд ва шумо дигар маро дар ин ҷо нахоҳед дид! Бишри Ҳофӣ ҳамон лаҳза ба назди донишманд баргашту ба даргоҳи Парвардигораш тавба кард. Ӯ дар он лаҳза пойафзол надошт ва дигар то поёни умраш пойафзоле напӯшид. Чун мардум ӯро дар ин ҳол медиданд, боре сабаби пойбараҳна буданашро пурсиданд. Гуфт: — Дар вақти тавба карданам дар поям пойафзол набуд ва дигар шарм кардам, ки пойафзол бипӯшам.
БА ҲАР КАС НАСИБ НАМЕГАРДАД
Марди обиде ҳамеша бо зикр машғул буд ва лафзи «Аллоҳ»-ро ба касрат такрор мекард. Рӯзе шайтон ба наздаш омаду гуфт: — Чаро ҳамеша «Аллоҳ, Аллоҳ» мегӯӣ? Оё боре шунидаӣ, ки «Лаббайк бандаам» гуфта бошад? Магар аз такрори номаш шарм намедорӣ? Пас аз ин суханҳо марди обид шарм кард ва аз зикри номи Худо худдорӣ намуд. Шаб бо дили афсурда ба хоб рафт ва дар хоб ҳазрати Хизрро дид, ки ба ӯ мегуфт: — Ту амали писандидае доштӣ, чаро онро тарк намудӣ? Чаро аз зикри номи Худо даст кашидӣ? Мард дар ҷавоб гуфт: — Ин қадар зикри Худо кардам, вале ҷавобе аз Ӯ нашунидам. Тарсидам, ки боз маро аз даргоҳаш наронад. Ҳазрати Хизр гуфт: — Номи Худоро зикр карданат худ маънии «Лаббайк, бандаам» гуфтани Ӯро дорад, зеро Худованд зикри номи зебояшро ба ҳар касе насиб намегардонад. Магар ин неъмат кам аст, ки ту номи Ӯро зикр мекунӣ?!
Ё САМАД!
Дар Ҳундустон пирамарде дар танҳоӣ умр ба сар мебурд. Ӯ ҳафтод соли зиндагияшро бо парастишу ибодати буте гузаронида, онро Офаридгори худ меҳисобид. Рӯзе пирамардро зарурате пеш омад ва ӯ либосҳои зеботаринашро ба бар карда, ба бутхона ҳозир шуд. Дар ҳоле ки оби дидагонаш шашқатор мерехтанд, пирамард даст ба дуо бардошта, гуфт: — Эй бути ман! Ту медонӣ, ки ман тӯли чандин солҳо хизмати туро самимона ба ҷой оварда, улуҳияти туро иқрор кардаам. Бар ивази ин бандагиям бошад то имрӯз аз ту чизе талаб накардаам. Аммо акнун маро зарурате пеш омадааст. Хоҳиш мекунам, ин дархости маро қабул бифармо! Эй бути ман! Ин бандаи солхӯрдаат заифу нотавон шудааст. Хоҳиш мекунам, ба хотири бандагии ихлосмандонаам заъфу нотавонии маро бартараф намо! Пирамард ҳарчанд дуо мекард ва хоҳишу дархосташро ба забон меовард, аммо посухе намешунид. Ӯ талаби худро ҳафтод маротиба такрор намуд, аммо буташ ҳанӯз хомӯш буд. Чун дигар чорае надошт, ноумед шуд. Дар ҳамин ҳол Ҳақ Таъоло аз рӯйи раҳмати беохираш ба пирамарди фонӣ назар кард ва ба қалби ӯ чунин илҳом бахшид: «Ҳафтод сол дар хидматаш будӣ, аммо ин бут дуоятро нашунид. Маълум мешавад, ки он ба иҷрои ҳеҷ коре қодир нест. Пас, боре ба даргоҳи Ҳазрати Самад дасти дуо бардор. Умед аст, ки саркашиву гуноҳҳоятро афв карда, тавбаву дуоятро қабул намояд». Ниҳоят пирамард аз бут рӯй гардонид ва ба Ҳақ Таъоло таваҷҷуҳ карду гуфт: «Ё Самад!» Аз ғайб чунин овоз омад: «Лаббайк! Эй бандаам, бигӯй, аз Ман чӣ мехоҳӣ?!» Фариштаҳо ин ҳодисаро дида, гуфтанд: — Худоё, ҳикматашро худат медонӣ, аммо ин бандаат аз Ту рӯй гардонида буд ва ҳафтод сол хидмати бутеро ба ҷо меовард. Имрӯз ҳам ҳафтод маротиба ба сӯйи он бут дуову тазарруъ карду аз ӯ ҷавобе нашунид. Аммо як маротиба «Ё Самад» гӯён нидо баровард ва Ту тавбаву дуои ӯро қабул намудӣ. Аллоҳ Таъоло фармуд: — Эй фариштагони ман! Он бандаам ба бут дуову тазарруъ кард, иҷобат нашуд. Сипас ба Ман рӯй овард. Агар дуову тазарруи ӯро қабул намекардам, миёни Санаму (номи бут) Самад чӣ фарқе мебуд?! Ӯро афв кардам ва дуоҳояшро мавриди иҷобат қарор додам!
БА ШИР ОБ ИЛОВА НАМО!
Ҳазрати Умар (р) барои таъмини амнияти мардум ва огоҳӣ ёфтан аз ҳоли онҳо шабона ба гаштугузор мебаромад. Дар аснои яке аз ин гаштугузорҳо аз назди хонае мегузашт ва нохост гуфтугӯи модару духтаре ба гӯшаш расид. Модар ба духтар мегуфт: — Духтарам, медонӣ, ки эҳтиёҷмандем ва ҳоло шири кам дорем. Аз ин рӯ ба шир андаке об илова намо, то зиёд шавад. Духтар дар посух гуфт: — Модар, шумо чиҳо мегӯед?! Охир асло чунин накардаем! Модар гуфт: — Бале, чунин намекардем, чун шири фаровон доштем ва маблағи лозимиро ба даст меовардем. Ҳоло бошад, шир кам аст, ба ин хотир чунин мегӯям. Духтар гуфт: — Медонӣ, ки халифаи муъминон Умар (р) ба шир об андохтанро манъ кардааст. Модар гуфт: — Бошад, ту андаке об биомез! Духтар гуфт: — Агар Умар (р) бифаҳмад, аҳволамон бад мешавад. Модар гуфт: — Эй духтари содаам! Дар ин нимашаб халифа моро аз куҷо мебинад? Ӯ кори моро аз куҷо мефаҳмад? Духтар посух дод: — Эй модар! Агар халифа набинад, магар Худованд ҳам намебинад?! Ин сухани духтар ба модараш сахт таъсир кард ва ӯ хомӯш монд. Пас аз чанде сухани модар шунида шуд, ки мегуфт: — Рост мегӯӣ, духтари покдилам, рост мегӯӣ! Худованд туро подоши накӯ диҳад, ки маро аз гуноҳ боздоштӣ. Ҳазрати Умар (р), ки аз суханони духтар ва аз иртиботи қавии ӯ бо Худо ҳайрон гашта буд, субҳ ба хостгории ӯ омад ва ӯро ба никоҳи писараш даровард. Умар ибни Абдулазиз, ки бо адолату раиятпарварияш машҳур аст ва лақаби «Умари сонӣ»-ро гирифтааст, набераи ҳамин духтари покдоман мебошад.




