КАСЕ НАБИНАД
Муршиди комиле дар ҳалқаи тадрисаш ба яке аз муридони худ аҳамияти бештар медод ва дар умури таълимаш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд. Муридони дигар, ки аз ин тарзи рафтори устодашон нороҳат буданд, боре бо риояи расми одоб аз он пири тариқат талаб намуданд, ки ҳикмати ин амалашро шарҳ диҳад. Муршиди комил ҳамаи муридонро ба даври худ ҷамъ оварда, ба ҳар яке аз онҳо як мурғ ва як корд доду фармуд:
— Ин мурғҳоро дар ҷое кушта биёред, ки шуморо касе набинад. Шарти ягонаи супориш ҳамин аст, ки ин корро дар танҳоӣ ва дар ҷое анҷом диҳед, ки аз назари ҳама пинҳон бошад. Ҳар касе аз шумо инро зудтар анҷом диҳад, бартарии худро исбот хоҳад кард.
Муридон мурғу кордро гирифта, ба чор тараф паҳн шуданд ва аз нигоҳи худ мавзеъҳои ниҳоне ёфта, мурғҳоро забҳ карданд. Пас аз чанде ҳамаи онҳо ба назди пири худ ҳозир шуданд, аммо муриде, ки бар ӯ ҳасад мебурданд, бедарак шуда буд. Касоне, ки барвақт омаданд, байни худ мегуфтанд:
— Шояд аз уҳдаи супориш набаромад ва аз ин рӯ шарм карда, омадан нахост.
Ҳамин тавр аз миён вақти зиёде гузашт ва он муриди ҳақиқӣ ниҳоят ба даргоҳ баргашт, дар ҳоле ки мурғро забҳ накарда буд. Ҳамсабақон мурғи зиндаро дар дасти ӯ дида, бо нишони тамасхур гуфтанд:
— Ӯ, ки аз уҳдаи куштани мурғе ҳам набаромадааст, чӣ гуна аз мо бартар бошад!
Пири тариқат аз муридаш пурсид:
— То ин дам куҷо будӣ, ки мо мунтазират шудем? Ҳама мурғонро куштаанд, ту чаро накуштаӣ?
Муриди ҳақиқӣ гуфт:
— Эй хоҷаи ман! Барои дер карданам, маро маъзур бидоред. Аммо ҳар қадар ҷустуҷӯ кардам, ҷойи ниҳоне наёфтам, ки танҳо бошам ва ҳеҷ касе маро набинад. Ҳарчанд мавзеи пинҳоне пайдо мешуд, яқин медонистам, ки Худованд маро ҳамеша наззора мекунад ва мебинад. Ҳар қадар зиёд гаштугузор кардам, аммо барои иҷрои ин супориш ҷойи мувофиқе наёфтам.
Муродони дигар бо шунидани посухи ӯ ҳикмати таваҷҷуҳи хосаи пири тариқатро пай бурданд ва бар иштибоҳи худ иқрор шуда, дарёфтанд, ки Худованд дар ҳама ҷо ҳозиру нозир аст.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




