ҚАТРОН
Уштури пиразане ба бемории хоришак гирифтор шуда буд. Беморӣ торафт уштурро лоғару нотавон мекард. Ин ҳолат пиразанро ғамгин карда буд, зеро агар уштур намешуд, ӯ маркаби дигаре надошт, ки корҳои хоҷагияшро анҷом дода, бори рӯзгорро бикашад. Пиразан чанд муддат барои табобати уштураш ранҷ кашид, аммо давои дардашро пайдо накард. Ӯ беист дуо мекарду барои уштураш аз Худо шифо талаб менамуд.
Рӯзе пиразан уштурашро ба чарогоҳ баровард, вале уштур на хасу хошок мехӯрду на об менӯшид. Пиранзани бечора ин ҳолро дида гирист ва дасти дуо бардошта, дуо кард. Дар ҳамин асно Паёмбари Акрам (с) бо асҳоб аз он мавзеъ мегузаштанд ва Ҳабиби Худо (с) пиразанро дар ин аҳвол дида, пурсид:
— Эй бандаи Худо, чаро афсурдаву гирён нишастаӣ? Пиразан бо овози гиряолуд посух дод:
— Барои уштурам мегирям, эй Расули Худо! Охир, ин уштур дастёри ман аст. Барои сиҳат шуданаш дуо карда, аз Худованд шифо металабам, аммо дуоям мустаҷоб намешавад.
Расули Худо (с) табассум карду фармуд:
— Агар хоҳӣ, ки мустаҷоб гардад, ба дуоят каме қатрон илова кун!
Пиразан дар оғоз ҳикмати сухани Расули Худоро (с) нафаҳмид, вале андаке андеша карду ба маънии ин фармудаҳо сарфаҳм рафт. Ӯ дарҳол ба хонаи ҳамсоя рафта, қатрон пурсид ва онро ба рӯйи пусти уштур молид. Сипас дуо карду барои уштураш аз Худованд шифо талабид. Дар пайи ин аҳволи уштур рӯз аз рӯз беҳтар шуду иштиҳояш пайдо гардид ва дар ниҳоят шифо ёфта, сиҳат шуд.
Ҷавобҳо (1)
қатрон - модаи равғанишакл ва сиёҳранг, ки аз бархе дарахтон монанди санавбар, ъаръар ва амсоли он мечакад




