«БИСМИЛЛОҲ»
Хаттоти забардастеро зарурати гузаштан ба он соҳили дарё пеш омад ва ӯ бо ин мақсад ба киштие савор шуд. Киштӣ дар як муддати кӯтоҳ ба соҳили дигар расид ва хаттот бо қасди пардохти музди киштирон даст ба ҷайб бурда, ҳамин лаҳза пай бурд, ки ҳангоми берун омадан бо худ маблағе нагирифтааст. Дарҳол коғазеро ба даст гирифту бо хати зебову нафис «Бисмиллоҳир-раҳмонир-раҳим» навишт ва онро ба киштирон дода, гуфт:
— Бигзор ин дастхат бароят армуғоне бошад ва маро бубахш, ки пуле надоштаам, ки бо ту ҳисобӣ кунам.
Киштирон коғазро гирифт, дар ҳоле ки аз санъати волои хаттот бехабар буд. Ӯ пас аз анҷоми кор ба қаҳвахонаи назди соҳил рафт ва дар аснои суҳбат ин воқеаро ба бошандагони он ҷо қисса кард. Мардум дастхатро дида, маҳсули эҷоди хаттоти забардаст будани онро дарёфтанд ва ҳамагӣ ҳозир шуданд, ки онро бо ҳар қимате аз киштирон бихаранд. Чун мардум дар мавзӯи харидории ин дастранҷ ба муҷодила бархостанд, киштирон дастхатро ба музояда гузошт ва дар ниҳоят онро ба панҷоҳ тангаи тилло фурӯхт. Ҳамин тавр ӯ чанд маротиба бештар аз музди меҳнаташ фоида дид.
Вақте киштирон ба назди киштияш баргашт, хаттотро дар он ҷо дида, ӯро ба киштӣ даъват намуд. Хаттоти машҳур ба киштӣ нишасту роҳкирояшро дарҳол ба киштирон дароз кард. Киштирон, ки акнун ӯро хуб мешинохт, гуфт:
— Устод, чӣ мешуд, агар бори дигар ҳам дар лавҳае «Бисмиллоҳ» навишта, ба ман ҳадя бикунед?
Хаттот гуфт:
— Дӯстам! «Бисмиллоҳ»-е, ки пагоҳӣ гуфтем, барои ҳафт пуштатон басанда буд.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




