Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

ҲАМОН ГУНА КИ НОМАМРО ГИРОМӢ ДОШТӢ

Яке аз авлиёи бузург — Бишри Ҳофӣ дар айёми ҷавонӣ ба чоҳи гуноҳ афтода буд ва рӯз аз рӯз фурӯтар мерафт. Боре, пас аз шаби хамморию мастӣ, афтону хезон ба сӯйи хона меомад. Дар роҳ пораи коғазеро дид, ки дар он «Бисмиллоҳ» навишта шуда буд. Пораи коғазро аз миёни хоку лой бардошта, пок кард ва онро бӯсиду ба хонааш овард. Сипас ба рӯйи он навиштаҷот бӯйи хуш молид ва онро ба зеботарин гӯшаи хонааш гузошт.

Он шаб донишманде дар хобаш дид, ки ба ӯ чунин фармуданд: «Бирав ба Бишр бигӯ, ки чун номи Маро пок намуд, ӯро пок хоҳам кард ва чун номи Маро гиромӣ дошт, ӯро гиромӣ хоҳам дошт ва он гуна ки ба рӯйи номам хушбӯйӣ молид, ӯро дар муҳити хушбӯе қарор хоҳам дод. Қасам ба Иззатам, ки номашро дар дунёву охират поку тамиз хоҳам кард».

Ин хоби ӯ се маротиба такрор ёфт. Пагоҳӣ донишманд ба ҷустуҷӯи Бишр баромад, то он фармудаҳоро ба ӯ бозгӯяд. Пас аз чанде ӯро дар миёни ҳамсафонаш пайдо карда, ба назди худ хонд ва гуфт, ки барояш хабари муҳиме дорад. Бишр инро шуниду гуфт:

— Хуш омадӣ, аз кӣ хабар овардӣ?
Донишманд посух дод:
— Ба ту аз Худованди Таъоло хабаре овардаам. Бишр номи Худоро шунида, гуфт:
— Медонам, ки Худо аз ман розӣ нест ва маро ҷазо хоҳад дод. Ҳаминро гуфтанӣ ҳастӣ?
Донишманд хоби дидаашро қисса кард. Бо шунидани гуфтаҳои донишманд Бишр инони ихтиёрашро аз даст дода буд ва беист оби дида мерехт. Ниҳоят ба назди ҳамсафонаш омаду гуфт:

— Эй дӯстони ман! Маро даъват карданд ва шумо дигар маро дар ин ҷо нахоҳед дид!

Бишри Ҳофӣ ҳамон лаҳза ба назди донишманд баргашту ба даргоҳи Парвардигораш тавба кард. Ӯ дар он лаҳза пойафзол надошт ва дигар то поёни умраш пойафзоле напӯшид. Чун мардум ӯро дар ин ҳол медиданд, боре сабаби пойбараҳна буданашро пурсиданд. Гуфт:

— Дар вақти тавба карданам дар поям пойафзол набуд ва дигар шарм кардам, ки пойафзол бипӯшам.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.