Зеҳн
Панду андарзҳо·Зеҳн·20 рӯз пешНашрия

АГАР КАСЕ ЭҲТИЁҶЕ ДОШТА БОШАД

Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

— Ҳар касеро аз шумо эҳтиёҷе пеш омад, таҳорати комил кунад ва ду ракъат намоз гузорад. Дар пайи ин Худоро ҳамду сано намуда, ба Паёмбараш салоту салом фиристад ва сипас ин дуоро бихонад: «Ло илоҳа иллаллоҳу ал-Ҳалим-ул-Карим. Субҳоналлоҳи Раббил ъаршил ъазим. Алҳамдулиллоҳи Раббил ъоламин. Асалука муҷиботи раҳматика ва азоима мағфиратика. Вал ғанимата мин кулли биррин вас саломата мин кулли исмин. Ло тадаъли занбан илло ғафартаҳу. Ва ло ҳамман илло фарраҷтаҳу. Ва ло ҳоҷатан ҳия лака ризан илло қазайтаҳо. Ё арҳамар-роҳимин». (Нест маъбуде ба ҷуз Худои Ҳалиму Карим. Худованди арши азим аз кулли нуқсонҳо муназзаҳ аст. Ҳамду ситоиш хоси Парвардигори оламиён аст. Худоё! Дар ҳаққи ман амалҳоеро биофар, ки василаи раҳмату мағфиратат бошанд. Парвардигоро! Маро аз тамоми гуноҳҳо муҳофизат намо, бо иҷрои амалҳои нек маро ғанӣ гардон ва аз тамоми гуноҳҳо саломат нигаҳ дор. Худоё! Тамоми гуноҳҳои маро афв намо ва маро аз мушкилиҳое, ки тавони бардошташонро надорам, наҷот бидеҳ! Худоё! Дар ҳаққи ман аз ҳама бораҳм Туӣ, ба ман иҷрои амалҳоеро насиб гардон, ки дар онҳо ризои Ту бошад).

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.