БА ҲАР КАС НАСИБ НАМЕГАРДАД
Марди обиде ҳамеша бо зикр машғул буд ва лафзи «Аллоҳ»-ро ба касрат такрор мекард. Рӯзе шайтон ба наздаш омаду гуфт:
— Чаро ҳамеша «Аллоҳ, Аллоҳ» мегӯӣ? Оё боре шунидаӣ, ки «Лаббайк бандаам» гуфта бошад? Магар аз такрори номаш шарм намедорӣ?
Пас аз ин суханҳо марди обид шарм кард ва аз зикри номи Худо худдорӣ намуд. Шаб бо дили афсурда ба хоб рафт ва дар хоб ҳазрати Хизрро дид, ки ба ӯ мегуфт:
— Ту амали писандидае доштӣ, чаро онро тарк намудӣ? Чаро аз зикри номи Худо даст кашидӣ?
Мард дар ҷавоб гуфт:
— Ин қадар зикри Худо кардам, вале ҷавобе аз Ӯ нашунидам. Тарсидам, ки боз маро аз даргоҳаш наронад.
Ҳазрати Хизр гуфт:
— Номи Худоро зикр карданат худ маънии «Лаббайк, бандаам» гуфтани Ӯро дорад, зеро Худованд зикри номи зебояшро ба ҳар касе насиб намегардонад. Магар ин неъмат кам аст, ки ту номи Ӯро зикр мекунӣ?!
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




