Зеҳн
АГ

Агенти Зеҳнӣ

3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн

Усулҳои муосири коркарди чӯб ва масолеҳи чӯбӣ

Чӯб материали тайёри бинокорӣ буда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ васеъ истифода мешавад. Сабаби васеъ истифода бурдани чӯб хосиятҳои баланди техникии он мебошад. Чӯбро коркард кардан осон, вазнаш сабук, пухтагии баланд, гузаронандаи гармӣ ва барқ суст, дар зери таъсири кислота ва ишқорҳо вайрон намешавад, қисми берунаи чӯб намуди зебо, дараҷаи баланди часпиш ва пардозкунӣ дорад. Усулҳои гуногуни коркарди чӯб вуҷуд доранд: Коркарди механикӣ (буридан, сӯрох кардан, кандакорӣ кардан). Коркарди гидротермикӣ. Ширешкунӣ ва пайвасткунӣ (ширешкунӣ, часпонидани шпон ва ғайра). Пардозкунӣ. Дар коркарди чӯб истифодаи техника ва технологияи бо барномаи рақамӣ идорашаванда, коркарди лазерӣ, сарфаи энергия ва масолеҳи ба муҳити зист безарар ва ба таври автоматӣ назорат кардани сифати маҳсулот аҳамияти калон пайдо мекунад. Коркарди чӯб бо усулҳои механикӣ ва автоматӣ ба амал оварда мешавад. Автоматикунонии ҷараёнҳои технологӣ ин идора кардани гурӯҳи мошинаҳои муайян ва кам кардани иштироки бевоситаи шахс дар ин ҷараён мебошад. Мошинҳои автоматӣ аз рӯйи барномаи пеш тайёршуда кор мекунанд. Истифодаи автоматика дар саноати чӯб сифати маҳсулот ва самаранокии меҳнатро баланд бардошта, шароити меҳнати коргаронро хеле беҳтар мегардонад. Усулҳои коркарди чӯб дар саноати истеҳсолот: мошинҳои нимавтоматӣ, мошинҳои автоматӣ ва линияҳои автоматӣ. Мошинҳои нимавтоматӣ мошинҳое мебошанд, ки дар давраи автоматӣ кор мекунанд ва дахолати инсонро талаб мекунанд. Дар дастгоҳҳои нимавтоматӣ коргар заготовкаро васл мекунад, мустаҳкам мекунад, дастгоҳро ба кор меандозад ва маҳсулоти тайёрро аз дастгоҳ холӣ мекунад. Мошинҳои автоматӣ мошинҳое мебошанд, ки қисмҳои онҳо бе иштироки бевоситаи коргар истеҳсол карда мешаванд. Оператор қисмҳои кор кардашударо ҳар вақт чен карда, аз назар мегузаронад ва дар сурати ошкор кардани нодурустии мошина дастгоҳро танзим мекунад. Линияи (хатти) автоматӣ маҷмӯи таҷҳизот ва механизмҳои асосӣ, ёрирасон, нақлиётӣ мебошад, ки ба таври автоматӣ ҷойгиркунӣ, мустаҳкамкунӣ, гардиш ва ҳаракати қисмҳои коркардшударо барои иҷрои амалиёти технологӣ бо пай дар пайи зарурӣ ва бо ритми муайян бидуни иштироки бевоситаи инсон таъмин мекунанд.

0

Қоидаҳои хушк кардан ва нигоҳ доштани чӯб

Хушк кардани чӯб барои баланд бардоштани муқовимати он ба пӯсидан, баланд бардоштани мустаҳкамии он, пешгирӣ кардани кафидан, рахнашавӣ, таъмини пайвастшавии мустаҳкам ҳангоми ширешкунӣ ва зебогии ороиши берунӣ анҷом дода мешавад. Хусусиятҳои фоиданоки чӯби хушк Деформатсия кам мешавад, зичӣ беҳтар мегардад. Овозгузарониаш меафзояд. Ҳамвор кардан, ширеш кардан, ранг кардан осонтар мегардад. Ашёҳои сохташуда шаклашонро тағйир намедиҳанд. Рутубати дарахти навбурида вобаста ба намуд ва вақти буридани он 40% ва аз он зиёдтар аст. Чӯби тар аз 23 % ва бештар аз он, чӯби нимхушк аз 18 то 23 %, чӯби дар ҳавои кушод хушкшуда аз 12 то 18 %, чӯби дар шароити хона хушкшуда аз 8% то 12% намнокӣ дорад. Чӯби мутлақо хушк намнокии 0 фоизро ташкил дода, дар шароити лабораторӣ ба даст меояд. Дар дуредгарӣ ва мебелсозӣ истифода бурдани чӯбу тахта, ки намии он аз 8—12 фоиз ва камтар аст, рухсат дода мешавад. Хушк кардани чӯб бо ду роҳи гуногун анҷом дода мешавад: Роҳи табиӣ (хушккунӣ дар ҳавои кушод). Усули сунъӣ (хушккунӣ дар камераҳо). Хушккунии табиӣ. Дар ҳавои кушод хушк кардани чӯб усули оддитарин аст. Ин харҷи зиёд надорад. Барои он ки дарахтон дар ҳавои кушод нағз хушк шаванд, майдони калоне интихоб карда мешавад, ки дар он нури офтоб рост намеафтад, шамол тез-тез давр мезанад ва оби борон ҷамъ намешавад. Ташкилу амалӣ гардондани он душвор нест. Дар болои пояҳои баландиаш 50 сантиметр тахтаҳои чӯб гузошта мешаванд, то хушк шаванд. Чӯби як хел, навъ, андоза, ғафс дар як ҷо гузошта мешавад. Канорҳои паҳлӯи онро арра накарда, чӯбу тахтаҳои ҳаҷмаш гуногунро алоҳида-алоҳида мегузоранд. Дар байни тахтаҳо рейкаҳо гузошта мешаванд. Тахтаи болои рейкаҳо зуд хушк мешавад ва мағор намекунад. Ҳар қадар баландтар бошад, ҳаво дар байни онҳо ҳамон қадар тезтар ҳаракат мекунад. Камбудиҳои усули хушккунии табиӣ Хушккунӣ аз иқлим вобаста аст. Дар зимистон хушкшавии чӯб суст мешавад. Ҷараёни хушкшавиро ба таври доимӣ назорат кардан мумкин нест. Барои нигоҳ доштани захираи чӯб майдонҳои калон лозиманд. Чӯбро кирм мехӯрад, онро аз пӯсидан наҷот додан мумкин нест. Чӯб мувофиқи талаб хушк намешавад. Барои хушк кардани чӯб муддати зиёд лозим аст. Хушккунии сунъӣ. Хушккунии сунъии чӯб дар камераҳои гарми дараҷаи гармиашон гуногун гузаронида мешавад. Ҳамин тавр, намиро дар вақти хушккунӣ мувофиқи зарурат назорат кардан мумкин аст. Он вақт ва ҷойи камро талаб мекунад. Азбаски ҳаво дар камера назорат карда мешавад, чӯб бе тобхӯрӣ ё кафидан хушк мешавад. Дар ин ҷо замбӯруғҳои касалкунанда ва ҳашароти гуногуни зараровар нест карда мешаванд. Камераҳои хушккунӣ имкон медиҳанд, ки масолеҳи чӯбин дар ҳар шароити иқлим, дар ҳар фасли сол ва дар ҳар обу ҳаво хеле зуд хушк шавад. Ҳангоми дар камераҳо хушконидани чӯб омодакунии чӯбҳо ба мисли хушккунии табиӣ сурат мегирад. Камбудиҳои хушккунии сунъӣ Барои сохтани камераҳо маблағи зиёд сарф мешавад. Барои ба кор андохтани дастгоҳҳо маблағи зиёд сарф мешавад. Таннархи чӯб баланд мешавад.

0

Техникаи саноатӣ дар истеҳсолот

Ҷараёни барои қонеъ гардондани талаботи одамон ба вуҷуд овардани неъматҳои иқтисодиро истеҳсолот меноманд. Мошинҳо ва дастгоҳҳои гуногун, ки барои иҷрои амалиёти технологӣ пешбинӣ шудаанд, техникаи истеҳсолот номида мешавад. Бо ёрии онҳо маҳсулоти ба андозаву сифати пешбинишуда ва ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӯ истеҳсол карда мешавад. Намудҳои техникаҳои истеҳсолӣ аз рӯйи вазифаашон Техникаи андозагирӣ фрезерӣ автоматишуда электрикӣ Мошинаҳои боркаш. Бо ёрии онҳо бор ё маҳсулот аз як ҷо ба ҷойи дигар бурда мешавад. Ба онҳо мошинҳо, аз қабили автокранҳо, кран-манипуляторҳо, конвейерҳои нақлиётӣ, мошинаҳои боркаш, штабелёрҳо ва ғайра дохил мешаванд. Мошинаҳои энергетикӣ. Онҳо як намуди энергияро ба намуди дигари энергия табдил медиҳанд ва механизмҳоро ба ҳаракат меоранд. Мошинҳои корӣ. Дастгоҳҳо дар истеҳсолот бештар истифода мешаванд. Бо ёрии онҳо амалиёти гуногун барои ба маҳсулот додани шакли дилхоҳ иҷро карда мешавад. Дар истеҳсолот дастгоҳҳои харротӣ, фрезерӣ, пармакунӣ, арра ва рандакунӣ, чархгарӣ, пресскунӣ, штампкунӣ, суфтакунӣ ва ғайра истифода мешаванд. Мошинҳои технологӣ. Пурра автоматӣ кунондани мошинаҳои технологӣ хусусияти беназири онҳост. Чунин мошинаҳо ба воситаи пулти дурдаст идора карда мешаванд. Мошинҳое, ки бо барномаҳои рақамӣ идора мешаванд, дар истеҳсолот васеъ истифода мешаванд. Он метавонад дар асоси барномаи пешакӣ кор карда, иштироки одамонро дар ҷараёни истеҳсолот кам кунад. Ба ин гуна мошинаҳо манипуляторҳои роботӣ, дастгоҳҳои бо рақам идорашаванда, линияҳои автоматишуда ва ғайра дохил мешаванд. Техникаи андозагирӣ ва назорат. Шумо дар дарсҳои технология бо якчанд асбобҳои ченкунӣ шинос гашта, аз онҳо истифода бурдаед. Дар соҳаи истеҳсолоти имрӯза дар системаи назорати сифати маҳсулот техникаи ҳисоббарории рақамӣ васеъ истифода мешаванд. Дар натиҷа кори ченкунӣ ва назорат тезонида, хатоҳои ченкунӣ кам шуда, кори ченкунӣ ва назорат объективона ба амал бароварда мешавад. Дар хотир доред! Техникаи истеҳсолӣ аз техникаи маишӣ бо калонии қувват, самараи баланди корӣ, ҳаҷм ва қобилияти кории дарозмуддати боварибахши худ фарқ мекунад. Мақсади истифодабарӣ аз онҳо баланд бардоштани самараи меҳнат, баланд бардоштани самараи истифодаи ресурсҳо, кам кардани сарфи энергия ва материал дар истеҳсолот мебошад. Имрӯзҳо дар истеҳсолот истифодаи техника ва технологияҳои ба таври рақамӣ идорашаванда, лазерӣ, плазма, тарҳрезии 3D, коркард бо фишор, сарфакунии энергия ва мавод, аз ҷиҳати экологӣ тоза, биотехнология, нанотехнология, техникаҳое, ки ба таври автоматӣ сифати маҳсулотро назорат мекунанд, муҳим мебошад.

0

Лобзики электрикӣ

Имрӯзҳо лобзики электрикӣ яке аз асбобҳои васеъ истифодашавандаи электриконидашуда мебошад. Лобзики электрикӣ барои рост ва каҷ буридани чӯб, масолеҳи чӯбин, металл ва дигар маводҳо истифода мешавад. Лобзикҳои электрикӣ барои корҳои маишӣ ё истеҳсолот сохта мешаванд. Онҳо аз қувваи барқ ё аккумулятор қувват мегиранд. Аксари лобзикҳои электрикӣ метавонанд бо арраи дар кунҷи то 45° гузошташуда буранд. Дар лобзики электрикӣ теғи арра аз боло ба поён ҳаракат мекунад. Лобзикҳои муосири электрикӣ бо функсияи ҳаракати маятникӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар ҳаракати маятникӣ теғи лобзик ба поён ва ба пеш ҳаракат мекунад. Ин суръати арраро зиёд мекунад, аммо ин ҳаракат нахҳои фанерро вайрон мекунад. Полотнои арраи лобзик бояд аз заготовка камаш 5 мм берун барояд. Ҳангоми буридан дар хати рост дастурҳоро истифода бурдан лозим аст. Полотнои арраи лобзик аз рӯйи намуд ва хосиятҳои маводи коркардшаванда интихоб карда мешавад. Ҳангоми буридани шаклҳои каҷи дохилӣ аввал сӯрохие сохтан лозим аст, ки ба теғи лобзик мувофиқат кунад. Сохти лобзики электрикӣ Полотнои лобзик. Дастгоҳи полотноро зуд ивазкунанда. Дастгоҳи равшанӣ. Тугмаи оғоз ва чархи танзими суръат. Тугмаи бастани тугмаи идоракунӣ. Даста. Сими барқӣ. Трубкаи тозакунандаи пахолҳо. Асос. Дастгоҳи ҳаводеҳӣ. Тугмачае, ки гашти маятникиро рост мекунад. Эътибор диҳед! Қоидаҳои кор бо лобзики электрикӣ Пеш аз оғози кор бемамониат будани роҳи ҳаракати полотнои лобзикро санҷед; ҳангоми арра кардан диққат диҳед, ки шнури лобзик дар қафо бошад. Танҳо арраҳои тезро истифода баред. Воситаҳои ҳифзиро (айнак, сарпӯшак ва ғайра) истифода баред. Заготовка бояд бодиққат мустаҳкам карда шавад. Ҳангоми кор мавқеи мувозинати баданро интихоб кунед. Асбобро бо зӯрӣ кор нафармоед, корро истода-истода иҷро кунед. Ба лобзик қувва надода, бо як меъёр кор кунед, то ки арраи лобзик нашиканад. Плитаи такягоҳ бояд ба сатҳи заготовка мустаҳкам расад. Дастро ба майдони арра наоваред; дар охири арра фишорро ба асбоб кам кунед. Пас аз ба итмом расидани кор полотноро бароварда, лобзикро алоҳида гузоред.

0

Ошпазӣ

Хунари ошпазӣ (таомпазӣ)-и тоҷикон таърихи қадима дошта, дар тӯли садсолаҳо ташаккул ёфтааст ва осори хосси фарҳанги моддии мардум мебошад. Тоҷикон аз қадим анвои гуногуни таом, нон, ширинӣ, шарбату нӯшобаҳо доштаанд ва маъхазҳои(сарчашмаи маълумот) бисёр, аз ҷумла «Канзу-л-иштиҳо»-и Абуисҳоқи Атьима (асрҳои 14—15), «Кони лаззат ва хони неъмат»-и Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ (1880–81), ки бавижа дар бораи таърихи таом ва таомҳои тоҷикон навишта шудаанд, маълумот медиҳанд. Возеҳ дар китобаш дар бораи 18 навъи нон, 228 навъи таом, тарзи пухтани 109 навъи таом, 169 намуди ҳалво, 23 навъи очор(сабзавоти ба сирко ё намак хобондашуда), 33 навъи мураббо иттилоъ додааст. Гузашта аз ин, баъзе муҳаққиқони ватанию (М. Ҳомидҷонова, А. Мардонова, Н. Бобоева, Р. Абдулвоҳидов, М. Шовалиева, М. Орипов, С. Аминов, Х. Шарипов, В. Ҳоҷиев ва дигарон) хориҷӣ (В. Наливкин, М. Наливкина, Е. Н. Ершов, Н. А. Кисляков, Е. М. Пешерова, С. Андреев, Р. Л. Неменова, А. Сукерман, А. Ванукевич) мавзӯъҳои гуногуни марбут ба таомҳои миллии тоҷикиро таҳқиқу тавсиф кардаанд. Дар китобҳои тахассусии Ф. М. Каримов, И. Ғ. Тоҳирзод ва «Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ғизоҳо» (ҷилди 4) роҷеъ ба ҳунари ошпазӣ ва анвои таоми тоҷикӣ маълумоти бештар дода шудааст. Таомҳои тоҷиконро тӯли садсолаҳо таҷрибаи дигар миллатҳои маскуни(ҷой гирифташуда) Тоҷикистон ва халқҳои ҳамҷавори(ҳамсоя, наздик) ӯ боз ҳам ғанитар гардонидаанд. Инчунин, бино бар ҳамсоягию ҳамзистӣ ва муносибатҳову робитаҳои наздик бо миллатҳои дигар монандӣ таомҳои миллии тоҷикиро бо таомҳои ин мардум мушоҳида кардан мумкин аст. Ба сабаби лазизу шуҳрат пайдо карданашон ҳоло баъзе таомҳо ва маҳсулоти қаннодии тоҷикӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз худуди он ҳам пухта мешаванд. Дар айни ҳол таомҳои миллии тоҷикӣ аз таомҳои дигар халқияту миллатҳо ба куллӣ фарқ мекунанд. Ба ин на танҳо расму анъана, балки шароити ҷуғрофиёву иқлим, инчунин мавҷудияти захираҳои хӯроки маҳаллӣ мусоидат намудаанд. Хусусиятҳои иқлими минтақаҳои Тоҷикистон ба вояи хӯрок ва анвои таомҳои тайёркардашаванда таъсир мерасонанд. Таомҳои миллии тоҷикӣ хусусияти хосси худро доранд ва аз қадим бо таъму бӯйи хосси худ фарқ мекунанд. Онҳо хуштаъму сергизо, аз витаминҳо ва моддаҳои фаъоли барои андомгон(организм) муфид ва давой ғанӣ мебошанд. Дар таоми тоҷикӣ маҳсулоти гӯштӣ бештар ва моҳӣ, тухм, навъҳои гуногуни ярма камтар ба кор бурда мешаванд. Пухтани таомҳо аз биринҷ, мош, лӯбиё, нахӯд, ҷувории сафед ва орд маъмул аст. Аз сабзавот бехпиёз, сабзӣ, картошка, шалғам, қаду, турб; аз равғанҳо — равғани дунба, равғани зард, инчунин равғани пахта ва зағирро васеъ истифода мебаранд. Хусусияти дигари таомҳои тоҷикӣ таъми тез ва бӯйи хуши иштиҳоангез мебошад, ки бо илова кардани кабудӣ ва адвиёт(гиёҳони муъаттар, ки барои ъатру таъм додан ба ғизо аз онҳо истифода мешавад) медиҳанд. Аз кабудию алафҳо бештар пудина, сиёҳалаф, райҳон, юнучка, ғашнич, хулбӯ, чағ-чағ, коку, шилха, чукрӣ, торон, рошак, косруф, шибит, пиёзи сабз, ҷаъфарӣ, ҷамбилак, шибитакро истифода мекунанд. Аз адвиёт зира, зарчӯба, дорчин, зирк, бодиён, қаламфури сурх, мурч, сир ва сиркоро ба кор мебаранд. Дар таомҳои миллӣ маҳсулоти ширӣ — чурғот, чакка, дӯғ, курут (дар зимистон аз он курутоб ва дигар таомҳо тайёр мекунанд)-ро васеъ истифода мебаранд. Палав, анвои шӯрбо, шӯла, ширбиринҷ, мастоба, угро, манту, тушбера, курутоб, суманак, санбӯса, гӯштбирён, кабоб, тухмбирён ва бисёр дигар таомҳои миллии тоҷиконро метавон зикр намуд, ки пухтани онҳо ҳамчун ҳунари суннатии аҷдодӣ то имрӯз ба мерос мондаанд. Дар даврони истиқлол анвои таоми миллӣ, ки то ин замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта, танҳо дар муҳити хонаводаҳо боқӣ мондаанд, аз тариқи баргузории озмуну фестивалҳои таомҳои миллӣ эҳё гардиданд. Оши палав, ки ҳамчун «Шоҳи дастархон»-и миллати тоҷик эътироф шудааст, дар ҳар ҷашну маросим пухта мешавад ва соли 2016 ҳамчун падидаи нодири иҷтимоиву фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ ба феҳристи ЮНЕСКО дохил карда шуд. Дар Тоҷикистон солҳои ахир фестивал ва сабкату ҷашнҳои таомҳои миллӣ, махсусан оши палави беҳтарин дар пойтахт ва маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мешавад ва ошпази беҳтарин бо тӯҳфа ва диплом қадрдонӣ мегардад. Фарҳанги ошпазӣ ҷузъе аз анъанаи фарҳангии меҳмоннавозии тоҷикон мебошад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 690.

0

Сирки тоҷик

Сирки тоҷикӣ ба таърихи бисёрасра ва анъанаву маросимҳои халқӣ, санъати мусиқӣ ва хореография робитаи зич дорад. Рақсҳои пантомима («Уқоббозӣ», «Рӯбоҳбозӣ») ва рақсҳои ифодакунандаи шуҷоату мардонатӣ («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ», «Оташбозӣ»), инчунин куштигирӣ, аспдавонӣ, қувваозмоии паҳлавонон ва дигар машқҳои мураккаби ҷисмонӣ дар пайдоиши сирки тоҷикӣ нақши муҳим доранд. Маъхазҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ҷузъиёти алоҳидаи рақсу дигар ҳунарнамоҳои халқӣ аз нахустин падидаҳои онанд. Намоиши фардию гурӯҳии ҳунармандони халқии аҷдоди тоҷикон як навъ тамошои сиркӣ буд. Унсурҳои сиркӣ дар ҳунарнамоиҳои намояндагони театрҳои халқӣ (шуъбадабозон) мушоҳида мешаванд ва ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон вобастагӣ доштанд. Баъдан аз ин унсурҳо навоҳо ва жанрҳои сиркӣ (ҳусусан дар шаҳрҳои калон) ташаккул ёфтаанд. Анъанаҳои неки мардуми тоҷик, ки дар иду ҷашну маросимҳои миллӣ ифода меёфтанд, барои такомул ва тавсеаи ҳунарҳои мардумӣ – асптозӣ, куштигирӣ, бузкашӣ, дорбозӣ, шуъбадабозию масхарабозӣ, анвои мухталифи рақсҳо (шамшербозӣ, уқоббозӣ, калтакбозӣ ва ғ.) ва ромкунии ҳайвоноту парандагон (аксаран хирс, паланг, юз, оҳу, маймун, фил, гурба, кабк, хурӯс) мусоидат намудаанд. Навъҳои гуногуни акробатика (дорбозӣ) ва жонглёрӣ – кордбозу тосбоз вуҷуд доштанд; кордбоз бо 2–6 корд ҳунарнамоӣ мекард: бо ду даст якбора 4 кордро ба боло партофта, якеро паи дигаре мегирифту боз ба боло мепартофт; чӯбпой бо пойҳои чӯбини 2–3-метрӣ ҳаракатҳои гуногун нишон медод; дорбозон аз болои симтаноб ё арғамчин ҳунарнамоӣ мекарданд; намояндагони найрангҳои мухталиф (аз даҳон чун аждаҳои афсонавӣ алов мебароварданд) ҳунарнамоӣ мекарданд. Нависандаи машҳури асри 16 Восифӣ дар китобаш «Бадоеъу-вақоеъ» ҳунарнамоиҳои мухталифи ромкунандаи машҳури он давр Бобо Ҷамол (шутур, хар ва парандаҳо)-ро (чунончи, бузи калони хокистарранги ришдароз беғалат чизҳои нишоншударо меёфт; хари ромшуда ҳаракатҳои ҳайратоварро нишон медод ва таҳти зарби мусиқӣ мерақсид) ёдоварӣ кардааст. Баъзан ҳунарпешагони сирк ба қасд муллоҳо ва мансабдоронро масхара мекарданд. Баъзе аз навъҳои барномаҳои сирки куҳан дар сирки муосир низ истифода мешаванд. Сирки тоҷик дар даврони шӯравӣ. Баъди Инқилоби Октябр барои равнақу такомули ҳунарҳои халқӣ шароити бештар фароҳам оварда шуд. Ба рушди сирки тоҷикӣ асосан сирки русӣ ва санъати сирки ҷумҳуриҳои ҳамсоя мусоидат кардааст. Гурӯҳи ҳунарпешагони сирки касбии русӣ аз ҷумла Ф. Юпатова, А. Панкратова, Н. Жигалова, Е. Козелкова, Тарасовҳо, Буслаевҳо, Денисовҳо ва дигарон ба сарзамини тоҷикон омада, дар ҳар ҷо (бозорҳо, кӯчаҳо) ҳунарнамоӣ мекарданд. 2 июни соли 1929 аввалин ҳайати сирки давлатӣ ташкил шуда, А. Роберт роҳбари он тайин гардид. Сипас бо тасдиқи Коллегияи Комиссариати халқии маориф дар маркази шаҳри Душанбе (ҷои имрӯзаи Театри давлатии лухтак) бинои нави сирки давлатӣ сохта шуд. Аз соли 1933 бо мадади ҳунарпешагони сирки русӣ аз ҳисоби тоҷикон ҳунарпешагони жанрҳои мухталифи сирк тайёр карда шуданд (М. Зикриёев, Ш. Абдуллоев, Н. Мамадраҳимов). Онҳо гимнастикаи ҳавоӣ ва баъзе навъҳои дигари санъати сиркро аз худ намуданд. Нахустин бор ҳунарпешагони сирки тоҷикӣ соли 1930 ба шаҳри Қаршӣ (Ӯзбекистон) ба сафари ҳунарӣ рафтанд. Соли 1935 Ж. Вилямс директори Сирки Сталинобод (ҳоло Душанбе) тайин гардид. Бо ташаббуси ӯ соли 1937 аввалин бор омода кардани кадрҳои маҳаллӣ пешниҳод шуд. Соли 1966 бо иқдоми дорбози машҳури тоҷик В. Валиев барномаи алоҳидаи сиркии «Бозиҳои миллии тоҷик» таҳия ва танзим гардид. Соли 1968 Сирки давлатии тоҷик ва сипас дар назди он студияи махсуси сиркии дусола таъсис дода шуд, ки аз байни 700 нафар довталаб 70 нафар ҷавони лаёқатмандро қабул намуд. Дар ҳайати он С. Қодирзода (масхарабозу аскиягӯй), М. Зикриёев, А. Шерозӣ, М. Нозим, Х. Қӯлизода ва дигарон буданд. Аз тамоми гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ устодони машҳури сирк – Артисти хизматнишондодаи ҶШС Молдавия, коргардон В. Херс, устодони соҳибтаҷрибаи сирк – Д. Барон, Р. Словский, В. Воробёв, С. Понукалин, Э. Шнейдер ва дигарон даъват шуданд. Роҳбари бадеии ҳайати сирки нави тоҷикӣ таҳиягари номӣ, таъсисдиҳанда ва роҳбари чанд дастаи сиркӣ, шуъбадабоз, Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Литва Н. П. Барзилович тайин гардид. Таълим на танҳо малакаҳои маъмули аврупоӣ, балки анъанаҳои миллии сиркро низ дар бар мегирифт. Баъзе донишҷӯёни студия дар сиркҳои Қазон, Тифлис, Иркутск, Ашқобод ва дигар шаҳрҳо таҷриба меомӯхтанд. Соли 1970 як гурӯҳ ҳунарпешагони ҷавон бори нахуст бо барномаи «Баҳодурон» дар шаҳри Минск ҳунарнамоӣ карданд. 22 апрели ҳамон сол дар шаҳри Душанбе нахустнамоиши аввалин барномаи ҳайати сирки миллӣ «Наврӯз» баргузор гардид. Дар ин давра дар саҳнаи Сирки тоҷикӣ як зумра ҳунармандон камол ёфтанд ва баъди тамрину ҷустуҷӯи бозёфтҳои эҷодӣ гимнастҳо, ширинкорону дорбозон бо барномаи «Саҳнаи дӯстӣ» ба шаҳрҳои Кемерово, Кузбасс, Иркутск, Минск, Тбилиси, Ашқобод, Тошканд ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ сафарҳои ҳунариву эҷодӣ намуданд. Аз байни онҳо Ҳайитбоевҳо, М. Қодиров, Н. Алиев, Н. Аҳмадова, Т. Холматов, Ю. Зубов, Ҷ. Олимов, Р. Рискуллоева ва дигарон аз беҳтаринҳо буданд. Солҳои баъдӣ «Корвони кӯҳистони Помир»-и ромкунанда П. Юсупов, «Рақси рӯи симтаноб»-и Р. Рискуллоева ва Т. Ёқубов, «Нардбони муаллак»-и Н. Аҳмадова, ансамбли «Дӯстон»-и дорбоз Н. Алиева, «Духтари кузабадаст»-и М. Қодирова, «Чобуксаворон»-и С. Беҳбудӣ ва дигар барномаҳои ҷолиби ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дили мухлисони санъати сиркро тасхир намуданд. 22 декабри 1977 ҳунарнамоии ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дар бинои нави сирк (барои 2000 ҷои нишаст) баргузор гардид. Шароити нави мусоид ба рушди санъати сирк мусоидат намуд. Ҳунарпешагони он дар Ленинград, Волгоград, Свердловск, Челябинск, Саратов, Тбилиси, Венгрия, Чехословакия, Олмон, Мӯғулистон, Полша, Амрико бо муваффақият ҳунарнамоӣ менамуданд. Барои саҳми басазо гузоштан дар рушди санъати сирки миллӣ П. Юсупов сазовори унвони Артисти халқии Тоҷикистон, Н. Алиева, С. Беҳбудӣ, В. Валиев, Д. Барот – Артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон гаштанд. Дар ин давра ба барномаҳои сирк барномаҳои нави дорбозон, йогаи ҳиндӣ, оташбозӣ, вазнбардорӣ, кашидани автомобил бо зӯри дандонҳо, рақс дар рӯи шишапораҳо ворид гардиданд. Сирки тоҷикӣ дар даврони истиқлол. Ба рушду нумӯи сирки тоҷикӣ дар даврони истиқлол қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри 2001 мусоидат намудааст. Дар ин давра дар назди Сирки давлатии Тоҷикистон студияи ҳунарҳои сиркӣ кушода шуд ва аввалин роҳбари он А. Раҷабов (ҳоло директори Сирки давлатии Тоҷикистон) таъйин гардид, ки минбаъд шогирдонаш ба саҳнаи сирки тоҷик ва ҷаҳонӣ роҳ ёфтанд. Ҳунарпешагони сирк дар ҳамаи ҷашнҳо ва тадбирҳои фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат менамоянд. Онҳо ҳамасола ба тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарҳои ҳунарӣ мекунанд. Дар даврони истиқлол беш аз 20 ҳайати сиркҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон даъват шуда, бо ҳунарнамоии худ хотири ҳазорон шаҳрванди пойтахтро шод гардонданд. Дар давоми солҳои 2001-20 барномаҳои мукаммали сиркӣ таҳия ва пешкаши мухлисон гардиданд, аз ҷумла: «Афсонаи солинавӣ», «Марҳабо, Соли нав», «Наврӯзи диёр», «Наврӯзи дилоро» ва «Парвози хаёл». Сафари ҳунарии ҳунармандони сирки тоҷик ба Анталия, Дубай, Покистон, Чин ва ду бор сафари ҳунармандони Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардидааст. Ҳунарпешагони Сирки давлатии Тоҷикистон дар фестивалҳо фаъолона ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои намоён ва ҷоизаҳо гардидаанд: Луганск (соҳиби ҷои аввал, 2018), Қазоқистон (ҷоизаи махсус, 2019), Беларус (дипломат аз тарафи намояндаи Испания; ҷоизаи «Elefant de Bronze», 2019), Испания (ҷоизаи «Premi de la Critica», 2019), Ветнам (соҳиби ҷои севум, 2019) ва соли 2020 дар шоу-барномаи сиркии ҷоизадор дар Португалия ширкат кардааст. Ҳоло (2021) дар Сирки давлатии Тоҷикистон 130 нафар (45 нафар ҳунарпеша, 5 нафар ҳайати эҷодӣ, 15 нафар дар студияи назди сирк) фаъолият доранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 688.

0

Опера

Унсурҳои опера дар санъати сарояндагии бостонии тоҷик бештар дар драмаҳои мусиқии халқӣ дида мешаванд. Дар яке аз онҳо – «Муғулча» (аз тарафи се ё чор ҳаваскор таҳти ҳамовозии ҳамин қадар навозанда дар ҷашнҳои оилавию мардуми Бадахшон суруда мешуд) аз оғоз то ба охир нақши Домод вокалӣ буда, нақши Муғулча танҳо ба воситаи рақс иҷро мегардид. Нахустнамоиши аввалин операи тоҷикӣ «Шӯриши Восеъ» 16 октябри 1939 баргузор гашт. Намоиши мусиқии «Лола» («Тюлпан», мусиқии С. А. Баласанян ва С. Ю. Урбах, 1939) барои ба вуҷуд омадани нахустин опера ва балети тоҷик замина гузошт. Соли 1940 Театри мусиқии тоҷик ба Театри опера ва балет (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) табдил дода шуд. «Шӯриши Восеъ» (таҳияҳои нави он солҳои 1941, 1945, 1958, 1974) нахустин операи миллӣ буд. Ба саҳна омадани операи «Евгений Онегин» ба забони тоҷикӣ (1946) аз баланд рафтани сатҳи маҳорати ҳунарпешагон (Онегин – А. Муллоқандов, А. Наматиев; Татьяна – Т. Фозилова, Р. Ғолибова) гувоҳӣ медод. Барои театри опера ва балети тоҷик ба саҳна гузоштани асарҳои П. И. Чайковский мактаби бузурги мусиқии касбӣ гардид. «Модари қарамашшоқ» («Пиковая дама» 1948, 1958, 1968, 1991) идомаи кор аз рӯи асарҳои П. И. Чайковский буд. Дар саҳнаи театри опера ва балет асарҳои «Афсона дар бораи шоҳ Султон» (1949), «Шаби моҳи май», (1950), «Аруси шоҳ» (1953, 1973), «Мосарт ва Салери» (1983), операҳои «Княз Игор»-и А. Бородин (1949, 1953, 1980), «Парии обӣ»-и А. Даргомижский (1951, 1984), «Азозил»-и А. Рубинштейн (1955, 1982), «Мазепа» (1956) ва «Ярмаркаи Сорочинск»-и М. Мусоргский (1971), «Иван Сусанин»-и М. Глинка (1967), «Алеко»-и С. Раҳманинов (1968, 1996) намоиш дода шуданд. Барои бачагон операҳои «Кулоҳсурхак»-и И. Кюи (1956, 1969, 2001), «Рӯбоҳи фиребгар»-и М. Светков (1961), «Сафедак»-и Э. Колмановский (1975), «Кафши тилоӣ»-и А. Спадавекқиа (1988), «Карлик-бинӣ» (1994), «Нозанин ва ваҳшӣ»-и Т. Шаҳидӣ (1995) ва дигарҳо офарида шуданд. Дар рушди санъати опера таҳиягарон Р. Корох, Н. Фрид, А. Баранников, Б. Мартов, А. Бакалейников, А. Макаревский, С. Усмонов, Ш. Низомов ва дигарон, дирижёрон В. Чернов, Л. Левин, Г. Рисман, Э. Айрапетянс, Д. Далгат, И. Чудновский, И. Абдуллоев, А. Ниёзмамадов, Б. Меробов ва дигарон, хормейстерҳо К. Марожников, Х. Муллоқандов, А. Мелехин, Х. Маҷидов ва монанди инҳо саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҳунарпешагони рус Г. Лерская, С. Зарифян, Г. Бенеманская, С. Баринский, Н. Чередникова, В. Дубовик, Р. Волберг, А. Матеосов, В. Ризванович, В. Першина, Н. Бесстрашнов, Л. Нерсесова, Ю. Ягунова, Н. Карасева, Г. Зорина, Н. Буряк, Н. Свешникова, В. Свиридова, Р. Соколская, А. Денисов, Е. Андреев, Г. Федюк ва мисли инҳо дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намуданд. Операҳои Ш. Сайфиддинов– «Рӯдакӣ» (1976) ва «Айнӣ» (1978) симои барҷастаи асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик ва нависандаи забардасти асри 20-и тоҷикро нишон додаанд. Асарҳои бадеӣ низ маводди хубе барои операҳои Д. Дӯстмуҳаммадов «Лаънаткардаи халқ» (1973) ва «Қишлоқи тилоӣ» (1981) гаштанд. Афсонаи халқии «Бузаки чингилапо» барои Ф. Одинаев баҳри офаридани операи ҳамноми кӯдакона (1987) асос гардид. Охири асри 20 ва ибтидои асри 21 операҳои «Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ (1999) ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён ва операи нави «Рустам ва Суҳроб»-и Т. Сатторов (2001) аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯи саҳна омаданд. Х. Мавлонова аввалин зани тоҷик аст, ки санъати вокалиро аз худ намуда, беҳтарин шоҳкорҳои операи классики ҷаҳониро (Тоска, Аида, Лиза, Дездемона, Ярославна, Мария ва дигарон) иҷро кардааст. Вай эстафетаро аз нахустин сарояндагони операи тоҷик Т. Фозилова, Р. Ғолибова, А. Бобоева қабул намуда, ба қуллаҳои баланди санъати опера расонд. Солҳои 2004–16 дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷики ба номи С. Айнӣ коргардони итолиёвӣ Ч. Колела бо ҳамкории коргардонҳои театр С. Темурова ва Ш. Низомов оперераҳои «Аида»-и Ҷ. Верди, «Богема»-и Ҷ. Пуччини (ба забони итолиёвӣ), «Кармен»-и Ж. Бизе (ба забони фаронсавӣ), «Бастиен ва Бастиенна»-и В. Мотсарт (ба забони олмонӣ)-ро ба саҳна гузошт. Дар давоми солҳои 2004–20 операҳои тозаҷоди оҳангсози маъруф М. Бафоев «Шайҳуррайс Абӯалӣ ибни Сино» (либреттои К. Олимов), асарҳои классикии ҷаҳонӣ «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини, «Трубадур»-и Ҷ. Верди намоиш дода шуданд. Дар мавсими театрии соли 2014 операи нави М. Бафоев (либреттои Низом Қосим) дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Борбади Марвазӣ манзури тамошобинон гардид. Дар давоми солҳои 2020–21 театр афсонаҳои «Хонаи Заргушбибӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов (либреттои Н. Бақозода), «Рӯбоҳи ҳилагар»-и М. Светаева, «Бузаки чингилапо», «Сафедак», «Буратино» ва ғ., операҳои «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусо, опереттаҳои «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Дугонаҳо», «Кони пурганҷ», «Маликаи чардаш»-и И. Калман ба саҳна гузошта шуданд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 683.

0

Санъати балет

Балети тоҷик дар натиҷаи анъанаҳои ғании рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи русӣ ва ҷаҳон ба вуҷуд омадааст. Унсурҳои миллии балет қарнҳои зиёд дар рақсҳои халқӣ ва классикии тоҷикӣ («Кордбозӣ», «Калтакбозӣ», «Нағорабазм» ва ғ.) вуҷуд доштанд, ки ҳангоми сайругаштҳои халқӣ ва баргузории ҷашнҳо иҷро мешуданд. Баъди барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар заминаи балети классикӣ ва санъати рақси миллӣ балети касбии тоҷикӣ таваллуд ёфт. Соли 1936 дар назди Театри мусиқии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) таҳти сарварии иҷрокунандагони моҳири рақси миллӣ Ғ. Валаматзода, А. Исҳоқова, С. Хоҷаев, М. Файзибоева, Г. Пассаров, Ӯ. Ҳомидов ва дигарон гурӯҳи рақсӣ таъсис дода шуд, ки барои драмаҳои мусиқӣ («Восеъ»-и С. Баласанян, «Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян ва ғ.) саҳнаҳои рақсӣ меофариданд. Баъди ба Тоҷикистон омадани балетмейстерҳои рус (1936) дар баробари омӯхтани рақси тоҷикӣ аз балети классикӣ низ машғулиятҳо доир мешуданд. Нахустин кори мукаммали гурӯҳи балетӣ «Шаби балет» (1939) буд. Барномаҳои рақсӣ («Гулсара», «Лола»), саҳнаҳои хореографии операҳои нахустини тоҷикӣ («Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар») барои намоишҳои ояндаи балет дар саҳнаи тоҷикӣ асос гузоштанд. Дар театр омӯзиши нозукиҳои балет ва рақси классикӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1941 ҳайати эҷодӣ аз намоиши саҳнаҳои ҷудогонаи хореографӣ ба балет гузашт. Нахустин балети тоҷик «Ду гул» (мусиқии А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) ном дошт, ки дар заминаи омезиши устокоронаи санъати балет ва рақси миллии тоҷикӣ эҷод шудааст. Дар он аввалин ҳунарпешагони балети тоҷик А. Азимова, А. Исҳоқова, О. Исомова, Ғ. Валаматзода, М. Қобилов, У. Рабимов, С. Баҳор ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Минбаъд театр «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел (1943), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев (1945), «Кӯли қувон»-и П. Чайковский (1947, 1956, 1962, 1983) ва дигар балетҳоро манзури бинандагон менамуд. Балеринаи тоҷик Л. Зоҳидова нахустин ҳунарпешаи тоҷик аст, ки сазовори унвони Артисткаи халқии ИҶШС гардид. Соли 1947 Ғ. Валаматзода дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанянро таҳия намуд. Соли 1949 муаллифон ва иҷрокунандагони асосии ин намоиш С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова ва М. Қобилов ба дарёфти Мукофоти давлатии ИҶШС мушарраф гардиданд. Баъдан балети тоҷикӣ ба мавзӯъҳои таърихию қаҳрамонӣ, ишқию афсонавӣ ва ғайра рӯй овард. Балетҳои «Дилбар»-и А. Ленский, «Афсонаи кӯҳистон», «Писари Ватан» ва «Винни Пух ва ҳама чиз»-и Ю. Тер-Осипов, «Темурмалик»-и М. С. Ашрафӣ ва «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-и Г. Александров аз ҷумлаи онҳо буданд. Инчунин осори классикон («Шелкунчик»-и П. Чайковский, «Жизел»-и А. Ш. Адан, «Ромео ва Ҷульетта»-и С. Прокофьев, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Болеро»-и М. Равел, «Хонум ва авбош»-и Д. Шостакович) ба ғанишавии репертуар ва сайқал ёфтани маҳорати эҷодии артистони балети тоҷик боис шуд. Солҳои 1958—1961 ба ҳайати эҷодии Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ як гурӯҳ хатмкардагони студияи тоҷикии омӯзишгоҳи хореографияи Ленинград (ҳоло Академияи балети рус ба номи А. Ваганова): Б. Исаева, М. Собирова, Ш. Турдиева, Г. Головянс, Л. Гусакова, Н. Мадёрова, М. Бурҳонов, Қ. Холов ва дигарон ҳамроҳ шуда, намоишҳои нав: «Шурале»-и Ф. Ярулин (1962), «Бо роҳи озарахш»-и Қ. Қароев (1963); «Класс-концерт» аз рӯи мусиқии оҳангсозон (1972); «Маскарад» (1973), «Офариниши олам»-и А. Петров (1982) ва барномаи классикӣ — «Шопениана» (1961), «Шелкунчик» (1971, 1991), «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский (1975), «Баядерка»-и Л. Минкус (1974), барои бинандагони хурдсол намоишҳои «Духтур Айболит»-и Н. Морозов (1952, 1963, 1977, 1992), «Петя ва гург», мусиқии С. Прокофьев (1963), «Буратино»-и Н. Собитов (1965, 2001), «Оҳуи тилоӣ» (1969), «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Г. Александров (1983), «Хурдакак ва Карлсон» (1977) ва «Винни Пух ва ҳама»-и Ю. Тер-Осипов (1981), «Найи сеҳрнок»-и М. Атоев (1985), «Маликаи барфин»-и К. Тушен (1988) ва ғ.-ро ба саҳна гузоштанд. Июни 1977 ҳайати ҳунарпешагони балети тоҷик дар Фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад» (Хелсинки) иштирок намуда, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян ва «Жизел»-и А. Ш. Аданро намоиш доданд. Инчунин дастаи ҳунарии балети тоҷикӣ он солҳо дар чандин мамлакати ҷаҳон — Малайзия, Сингапур, Тайланд, Ҳиндустон, Покистон ва ғ. ҳунарнамоӣ карда, бо муваффақиятҳои калон баргаштаанд. Дар рушди санъати балети тоҷикӣ саҳми М. Собирова хеле бузург аст. Ӯ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Солҳои 60–90 дар барномаи театр балетҳои нави миллӣ: «Қиссаи кӯҳсор» (1964) ва «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов (1967, 2000); «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ (1972), «Марги судхӯр» (1978), «Достони кӯҳсор» (1985) ва ғ. пайдо шуданд. Барномаи театриро классика («Калисои модархудои Порис»-и С. Пуни, 1989), асарҳои муаллифони муосир («Кармен сюита»-и Ж. Бизе ва Р. Щедрин, 1981; «Макбет»-и К. Молчанов, 1984; «Ситора ва марги Хоакин Мурет» ба мусиқии А. Рибников, 1987; «Павана мавра»-и Г. Пёрселл, 1988; «1001 шаб»-и Ф. Амиров, 1986 ва ғ.) оро медоданд. Дар намоишномаҳои хореографии театри тоҷикӣ ҳунарпешаҳои Театри калони Маскав М. Кондратова, Е. Рябинкина, Г. Ледях, Б. Хохлов; Санкт-Петербург И. Колпакова, С. Викулов, Н. Кургапкина, Ф. Рӯзиматов; театри Ереван В. Галстян; балеринаи итолиёвӣ Л. Кози ва дигар ҳунармандони балети хориҷӣ иштирок намудаанд. Майи 1989 дар ш. Душанбе нахустин Озмуни минтақавии артистони ҷавони балет ба номи М. Собирова баргузор гардид. Соли 1991 ин озмун байналмилалӣ гардида, довталабонро аз бисёр шаҳрҳои ҷаҳон ҷамъ овард. Балети тоҷик дар давраи истиқлол. Баъди соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон балети миллӣ бино бар ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ муддате ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, аксари раққосони таҷрибадида саҳнаро тарк карда, қисмате аз ҷумҳурӣ ҳиҷрат намуданд. Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ якчанд тадбирро ба нақша гирифтанд. Бинои театр таъмиру тармим гардид ва гурӯҳи эҷодии боқимонда сарфи назар аз душвориҳо корро идома дод. Дар давоми чанд соли ахир балети тоҷикӣ мутахассисони ҷавонро ҷалб намуда, як силсила асарҳои нав, аз ҷумла: «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Л. Гертел (1990), «Юсуф ва Зулайхо»-и Т. Шаҳидӣ (аз рӯи достони Абдурраҳмони Ҷомӣ, 1991), «Сиёвуш» (муаллиф ва устоди рақс С. Азаматова) ва «Мақоми ишқ»-и Ф. Баҳор (1992), «Гули анор»-и Ю. Мамедов (1993), «Хоби ҳайкалтарош» дар асоси мусиқии Ф. Лист (1997), «Карашмаҳои муҳаббат»-и В. Мотсарт, «Буратино»-и Н. Собитов, «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғ.-ро ба намоиш гузошт. Як зумра раққосу раққосаҳои ҷавон ба арсаи ҳунар баромаданд. Тӯли солҳои ахир ҳайати эҷодии театр балети «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский ва балет-ораторияи оҳангсози маъруфи тоҷик Ф. Баҳор «Мақоми ишқ»-ро ба саҳна гузошт. Ин намоишномаро ҳайати эҷодии театр моҳҳои июн–июли 2014 ҳангоми сафари ҳунарӣ дар ш. Берлин (Олмон) ба тамошобинон пешкаш кард. Соли 2018 барои дӯстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи «Буратино», инчунин (2019) балетҳои «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский ва «Золушка»-и С. Прокофев, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусоев, «Хонум Пик»-и П. Чайковский (2020) манзури тамошобинони ҷавону наврас гардонида шуданд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи санъати балет дар давраи истиқлол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Коллеҷи ҷумҳуриявии хореография ба номи М. Собирова (аз 2007) таъсис дода шуд, ки барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ мутахассисони касбии соҳаи хореография омода мекунад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 681–682.

0

Санъати рақс

Рақси халқии тоҷикӣ таърихи хеле қадим дошта, то ба шакли имрӯза расиданаш таҳаввулоти басо мураккаб ва роҳи дуру дарозро тай кардаву аз насл ба насл гузаштааст. Ёдгориҳои бостонии санъати тасвирӣ ва маъхазҳои хаттӣ аз густариши рақс дар ҳаёти гузаштагони мо шаҳодат медиҳанд. Унсурҳои қадимтарини рақси тоҷикӣ дар тасвирҳои рӯи сангҳо мушоҳида мешаванд. Дар байни 3500 тасвири рӯи сангии аз дараи Сармисои ҷанубии Қаротоғ ёфтшуда тасвирҳои раққосон низ ба назар мерасанд, ки ба асрҳои 3–2 то м. мансубанд. Олимон дар баландии 3000 м аз сатҳи баҳр, дар силсилакӯҳҳои Фарғона шумораи зиёди тасвирҳои рӯи сангро пайдо намудаанд, ки дар яке аз онҳо саҳнаи рақси маросими динӣ ва одами доирабадаст тасвир шудааст. Дар осори классикони форсу тоҷик ҳангоми тавсифи зиёфат ва сайру гаштҳо на танҳо номгӯи созҳои қадимии мусиқӣ, балки маълумот оид ба раққосу раққосаҳо низ ба назар мерасанд. Дар асри 15 дар қасрҳо ва майдонҳои шаҳрҳои бузург базмҳои боҳишмат ва саҳнабоб баргузор мегардиданд, ки дар онҳо раққосон муттасил ширкат доштанд. Онҳо таҳти навозиши 3–4 мутриб, гоҳе яккаса ва гоҳе дукаса мерақсиданд. Мас., дар минётуре, ки рассоми бухороӣ барои «Хамса»-и Низомӣ кашидааст, манзараи тӯи Искандари Зулқарнайн бо Равшанак акс ёфтааст. Як гурӯҳ занони тамошогар рӯи гилеми нақшин нишастаанд. Раққоса таҳти доиразании зане бо шавқу ҳавас ва илҳом дар сараш тоқӣ, аз болои он чодари нозук, дар тан камзӯл, миёнаш бо камарбанде баста шуда, дасти чапаш нимқат боло ва дасти росташ андак поин мерақсад. Аз ин маълум мегардад, ки дар замонҳои пеш аз милод низ рақс сабку услуби хосса дошта, ҳар як ҳаракату ишораи дасту пайкар, рамзеро ифода мекардааст. Санъати рақс дар давраи юнонию бохтарӣ низ вуҷуд доштааст. Тасвири раққосаҳо дар чандин ёдгории давраи Сосониён (асрҳои 3–7) низ мушоҳида мешавад. Зайнуддин Маҳмуди Восифӣ дар «Бадоеъу-л-вақоеъ» дар бораи сарояндагон ва раққосони замони худ ёдоварӣ кардааст, ки Мақсудалӣ, Тоҳири Чакка, Моҳчучук ва дигарон аз беҳтаринҳо будаанд. Унсурҳои рақси мардумӣ аз урфу одат, расму оин, ҳаракату рафтор ва дигар сарчашмаҳо манбаъ гирифта, вобаста ба ҳар минтақаву ноҳия шакл ва иҷрои ба худ хосро касб кардааст. Вобаста ба мазмун, мавзӯъ, шакл, табиату хислат, сохт, тарзи иҷро рақси халқии тоҷикӣ ба якчанд гурӯҳ тақсим мешавад: рақси имову ишоравӣ, рақсҳои маросимӣ, рақсҳои корӣ, рақсҳои ҷанговарона, рақс бо созе, рақсҳои хандаовар, рақсҳои тақлидомез ва ғ. Ҳар як намуди рақс на танҳо аз ҷиҳати шакл ва ҳаракатҳои хос, балки тарзи истифода бурдани мусиқӣ ё суруд фарқ мекунад. Қисме аз намуди рақсҳо барои мардҳо ва қисми дигараш барои занон, вале аксарашон барои ҳар ду ҷинс яксонанд. Дар байни инҳо рақси имову ишоравӣ хеле қадимист. Тарзи иҷрои ин рақс чунин аст: иҷрокунанда ба сару рӯяш ниқоб пӯшида, бо ҳаракатҳои махсуси мазмундор рафтору кирдори ҳайвоноту парандаро тақлид менамояд (чунончи, «Лақлақбозӣ», «Уқоббозӣ», «Шербозӣ», «Рӯбоҳбозӣ» ва ғ.). Рақсҳои маросимӣ вобаста ба анъанаи расму оинҳои гуногун пайдо шудаанд. Дар баъзе деҳаҳои Рӯшону Бартанги ВМКБ рақсе ба номи «Пойамал», дар водии Зарафшон бо номи «Гира» (Гиря), дар Панҷакент бо номи «Садр» вуҷуд дорад, ки хешовандон (хусусан занон) дар рӯзи дафни мурда якҷо иҷро мекунанд. Рақсҳои вобаста ба фаъолияту касб – «Гилембофӣ», «Рағзабофӣ», «Арғушти ошпазӣ», «Шибитз» низ хеле қадимианд. Рақсҳои «Пила», «Пахта», «Боғбон» дар ибтидои асри 20 саҳнагузорӣ шудаанд, ки бахшҳои гуногуни зиндагии мардумро нишон медиҳанд. Рақсҳое, ки шуҷоату мардонагиро ифода мекунанд, бо ҳаракатҳои қавӣ, чархзаниҳои босуръат ва истҳои ногаҳонӣ иҷро карда мешаванд («Шамшербозӣ», «Калтакбозӣ» ва ғ.). Рақсҳое низ ҳастанд, ки бо абзоре (масалан, чумча, кӯза, чойник, тоқӣ ва ғ.) иҷро мешаванд. Баъзе рақсҳо хусусияти театрӣ дошта, саҳнаи мустақили хореографиро ба хотир меоранд («Аспакбозӣ», «Уштурбақатор», «Кемабозӣ»). Дар ин рақсҳо унсурҳои драмавӣ ва санъати сирк бо ҳам омезиш ёфтаанд. Рақсҳои тоҷикӣ дар намоишҳои театри масхарабозон, театри халқии лухтакбозӣ, сирки халқии пойчӯбинбозҳо, табақбозҳо, дорбозҳо, ки рӯи арғамчин ҳар гуна ҳаракатҳои мураккабро бо рақс мепайвастанд, истифода мешуданд. Дар драмаҳои мусиқии халқӣ («Бобопирак», «Муғулбозӣ») рақс аз василаҳои асосӣ буда, баъзан ҷойи муколамаву монологҳои қаҳрамонони намоишро мегирад. Дар рақси тоҷикӣ мазмун аз рукнҳои бисёр муҳим ва асосӣ ба ҳисоб меравад. Раққос тавассути ҳаракату имову ишора муносибаташро ба ҷиҳатҳои гуногуни ҳаёт, олами атроф ва табиат ифода намуда, асосан ба ҳаракати даст, сар ва китфҳо эътибор медиҳад. Дар ин маврид ҳаракати по воситаи ёридиҳандаи бадеӣ буда, ҳаракати дастон бо ҳаракати бадан, имову ишора ва ғ. мувофиқат мекунад. Яке аз махсусиятҳои рақс бадоҳатан ба вуҷуд омадани он аст. Раққос вобаста ба зарбу усул ва мазмуни рақс амал карда, суръати даркорӣ ва василаҳои мувофиқи бадеии онро дарҳол дармеёбад. Чунин бадеҳакорӣ на танҳо дар иҷрои ҳаракатҳои мухталиф, балки дар бандубаст ва мазмуни рақс таъсири амиқ мегузорад. Рақси тоҷикӣ бештар бо ҳамовозии доира ва дастаи созҳои мусиқӣ, ҳангоми сайр, тӯй ва тантанаҳо, баъзан бо иштироки созҳои нафасию зарбӣ – даф, доира, таблак, сурнай, карнай, нағора ва ғ. иҷро мешавад. Дар ташаккули услубҳои асосии рақси тоҷикӣ тафовути иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихии ноҳияҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, шароити табиӣ, махсусиятҳои забон ва зисту зиндагонӣ акс ёфтаанд. Ҳар яке аз онҳо ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд, чунки аксари онҳо соҳиби рақсҳои анъанавӣ, услуби хосси бозӣ, пӯшок, зарбу усул ва оҳангҳо буда, хислат ва шуҷоати сокинони ҳамон ноҳияро инъикос мекунанд. Раққосон ҳаваскор ва касбӣ мешаванд. То Инқилоби Октябр раққосони касбӣ танҳо дар шаҳрҳои калон буданд. Онҳоро дар байни мардон «ҷувон», «бача» ва дар байни занон «созанда», «яллачӣ» меномиданд. Рақсҳои созандаҳои Бухоро авҷи аълои санъати рақси классикии тоҷик ба шумор мераванд. Дар барномаҳои созандаҳо рақсҳои тоҷикии «Қайроқбозӣ», «Равона», «Соқинома», «Занг» ва ғ. машҳур буданд. Равнақи санъати рақси тоҷикӣ тахминан ба солҳои 1920–30 рост меояд. Дар ин давра дастаҳои рақсӣ батадриҷ афзоиш ёфтанд. Рақсҳои гуногуни ноҳияҳои тоҷикнишин нахустин бор рӯзҳои Анҷумани якуми умумитоҷикии ҳофизон ва раққосон, ки охири феврали 1931 дар Сталинобод (ҳоло Душанбе) баргузор гардид, намоиш дода шуданд. Аз тамоми шаҳру ноҳияҳо мутрибон, сарояндагон, раққосаҳо, масхарабозон гирд омаданд. Дар ин ҷамъомад нахустин бор занон ҳамроҳи мардон ҳунарнамоӣ карданд. Бори нахуст рақси тоҷикӣ августи 1932 дар Маскав дар Олимпиадаи умумииттифоқии санъат намоиш дода шуд. Рақси тоҷикӣ оҳиста-оҳиста баъзе унсурҳои саҳнавиро ба худ касб намуд. Солҳои 20 ва ибтидои солҳои 30 рақсҳои тоҷикӣ бештар хусусияти фолклорӣ доштанд ва дар барномаҳои дастаҳои ҳаваскорони клубу чойхонаҳои сурх, мактабҳо иҷро мешуданд. Баъди ташкили театрҳои касбии ҷумҳурӣ ва ба камол расидани балетмейстерҳо хусусияти миллии рақсҳои тоҷикӣ сайқал ёфт. Дар ин давра дастаҳои худфаъолият таъсис ёфта, батадриҷ афзоиш ёфтанд. Сохт ва таркиби рақс такмил ёфта, шаклан саҳнабоб шуд. Рақсҳои яккасаву дукасаи марду зан, рақсҳои чоркасаву оммавӣ, сюитаҳои рақсӣ ба вуҷуд омада, бандубаст ва таносуби композитсияи онҳо устувор гардид. Устодони рақс ҳангоми офаридани рақсҳои оммавӣ ҳаракатҳои хосси рақси тоҷикиро интихоб намуда, бозёфтҳои худро ба сужет ва мундариҷаи рақс мепайвастанд. Онҳо дар асоси сужетҳои фолклорӣ рақсҳои «Кӯза», «Сӯзанӣ», «Пахта», «Тӯй», «Субҳи баҳор» ва ғ.-ро эҷод карданд. Замони нав мавзӯъ, сюжет ва образҳои тоза овард. Рақсҳои мардонаву занона сифатҳои нав пайдо карданд. Масалан, рақси занона аз ҳаракатҳои нисбатан маҳдуд, оҳангҳои маҳзун, суръати бағоят суст раҳо ёфт. Дар рақсҳои мардона оҳанги ҷасорату диловарӣ, дар рақсҳои яккасаи занона аломатҳои ифтихор, шаъну эътибор, озодию шодмонӣ зиёд шуданд. Чунин хусусиятҳо дар рақсҳои «Шодиёна», «Дугонаҳо», «Вохӯрӣ», «Товус», «Лола» ва ғ. бештар мушоҳида мешаванд. Саҳми балетмейстерҳо М. Файзибоева, А. Исломова, А. Протсенко, К. Голейзовский, Ғ. Валаматзода, А. Азимова, Р. Баккал, З. Аминзода, М. Отамов, Г. Мирҷумъаева, Ш. Рашидова, Ф. Каримов, И. Раҳмониён, М. Абдурасулов, Д. Сатторова, Б. Карамхудоев ва дигарон дар инкишофи рақси халқии тоҷикӣ хеле бузург аст. Ба онҳо пайваст намудани рақс бо тахайюли эҷодӣ, ифодаи мазмуни баланд, нафосат, рангин намудани василаҳои тасвир ва нигоҳ доштани таровати нотакрори санъати халқ хос аст. Барои офаридани беҳтарин намунаҳои санъати рақси тоҷикӣ ва ташвиқу тарғиб намудани онҳо театрҳои касбию халқии ҷумҳурӣ саҳми басазо гузоштанд. Дар офаридани рақсҳои нав дар заминаи рақсҳои халқӣ ва дар таблиғи беҳтарин санъати хореографии халқӣ Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ, Театрҳои мусиқӣ-драмавии Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб нақши муҳим иҷро кардаанд. Соли 1965 Ансамбли давлатии рақсии «Лола» (роҳбари бадеиаш Ғ. Валаматзода) ва соли 1978 ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» (1986, роҳбари бадеӣ Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Зафар Нозим, устоди рақс — Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон Г. Мирҷумъаева), ансамбли «Зебо» (назди Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, роҳбари бадеиаш З. Аминзода, 1979), ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро» (1988), ансамбли тарона ва рақси «Сомон» (1997) ва дигар ансамблҳо таъсис ёфтанд, ки ҳоло барномаи онҳо аз рақсҳои тоҷикӣ ва рақсҳои дигар мамлакатҳои дунё иборат аст. Махсусан рақсҳои тоҷикии «Занг», «Ҷавонӣ», «Завқи ҷавонӣ», «Насими кӯҳсор», рақсҳои классикии «Нағмаи ораз», «Чоргоҳ», «Уфари Уззол», рақсҳои русии «Рақси духтарон», «Афсонаи беша», озарбойҷонии «Бахчакурд» ва ӯзбекии «Субҳи Фарғона», «Амонёр», «Роҳи бахт» бо маҳорати баланд ва услуби хос иҷро мешаванд. Солисткаҳои «Зебо» — Артисти хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон С. Файзиева, ҳунарпешагон Н. Потёхина, Г. Улмасова, Т. Муҳаммадиева ва дигарон рақсҳоро хеле бомаҳорат иҷро мекарданд. Ансамбли «Зебо» дорандаи Мукофоти комсомоли ленинии умумииттифоқ (1982) гардида, дар инкишофи санъати рақси тоҷикӣ ҳиссаи арзанда гузоштааст. Дар рушду такомули рақси тоҷикӣ Б. Ҳомидов, С. Хӯҷаев, Ҳ. Пасаров, О. Исомова, У. Рабимов, А. Исҳоқова, М. Қобилов, А. Носирова, Л. Зоҳидова, Г. Мирҷумъаева, З. Каримова, М. Қаландарова, Ҳ. Эркаева, З. Асанова, Ҳ. Боева, З. Искандарова, Г. Худоёрбекова, М. Гуленов ва дигарон саҳми бузург доранд. Оҳангсозони тоҷик барои раққосон сюитаҳои рақсӣ эҷод кардаанд, ки сюитаи рақсии «Лола»-и Ҳ. Абдуллоев, «Сюитаи ҳиндӣ»-и Ф. Баҳор, «Духтари тоҷик», «Раъно»-и А. Камолов, «Чорзарб», «Гулдастаи баҳор»-и А. Одинаев, «Сюитаи тоҷикӣ»-и Я. Сабзанов, «Мо аз боми ҷаҳон»-и Ф. Солиев, «Хуш он замон» ва «Сюитаи ҷавонӣ»-и З. Шаҳидӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳоанд. Соли 2000 дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамбли рақсии «Гулрез» (роҳбари бадеӣ — Артисткаи халқии Ҷумҳурии Мухтори Қароқалпоқистон Ҷ. Охунова, баъд Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Раҳмонӣ) ташкил шуд, ки мақсад аз ташкил шудани он, аз як ҷониб, баланд бардоштани фарҳанги зебоишиносии мардуми кишвар ва, аз тарафи дигар, тарғибу ташвиқи рақси миллии тоҷикӣ буд. Нахустин сафари ҳунарии ин ансамбл ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли 2004 дар фестивали ҳунарии давлатҳои узви ҳамкориҳои Шанхой баргузор гардид. Соли 2005 дар рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, ҳамчунин рӯзҳои Тоҷикистон дар шаҳри Пориси Фаронса бо барномаи калони ҳунарӣ иштирок дошт. Ансамбл ба шаҳрҳои Пекин, Алмаато ва Остона (Қазоқистон), Боку, Охсу (Озарбойҷон), Минск ва Волководск (Беларус), Деҳлӣ ва Бангалор (Ҳиндустон), Туркманобод (Туркманистон), соли 2019 ба Маскав ва Санкт-Петербург сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар солҳои охир ҷиҳати рушду равнақи унсурҳои рақси халқӣ фестивали ансамблҳои давлатӣ баргузор мегардад. Имрӯз рақсҳои омехта — рақси якҷои зану мард — хеле густариш ёфтаанд. Ансамблҳои рақсии фаъолияткунандаи муосири тоҷик на танҳо ороишдиҳандаи саҳнаҳо дар маросимҳои дохилии кишвар мебошанд, балки дар саҳнаҳои хориҷ аз кишвар низ эътибору шуҳрати санъати моро боло мебардоранд. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ансамблҳои рақсии «Падида», «Базморо», «Дарё», «Зебо», «Ҷаҳоноро», «Чаман», «Сомон», «Гулрез», «Рухшона» ва ғайра, инчунин мактабҳои ҳунарии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият доранд, ки ба тарбияи раққосу раққосаҳо ва рушди санъати рақс машғуланд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 678–679. Муаллиф: Н. Нурҷонов.

0

Театри намунавии миниатюраи «Ойна»

Театри намунавии миниатюраи «Ойна» — театри таҷрибавии миниатюра. Бо ташаббуси У. Раҷабов 24 сентябри 1990 дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Театри «Ойна» бо мақсади рушду такомули санъати театрии халқи тоҷик, эҳёи маънавиёти фолклорию суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани завқу салиқаи эстетикӣ, тарбияи ахлоқӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию ватанпарастии мардум фаъолият мекунад. Бо дар назар доштани алоқамандии сокинони пойтахт ба санъати ҳаҷву мутойиба дар шакли миниатюра, театр ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ баргузор намуда, гурӯҳҳои ҳунарпешагонро ба сафарҳои хориҷӣ омода мекунад. Дар солҳои аввал дар ҳайати эҷодии театр ҳунарпешагони шинохташуда У. Раҷабов, С. Мардонов, О. Қодиров, А. Муродов, К. Баротов, Р. Қурбониён, Р. Абдуҳамид, Т. Саидова, А. Раҳматуллоев ва дигарон кор мекарданд. Намоиши аввалини ҳайати эҷодии театр бо номи «100 дақиқаи ханда» 8 июни 1991 дар майдони варзишии ноҳияи Фархор баргузор гардид. Мухлисони зиёди театру фарҳанг ин падидаи нави ҳунариро хушнудона пазируфтанд. Аз соли 1991 сафарҳои эҷодии театр дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома ёфта, театр барномаҳои рангини худ, аз қабили намоишҳои «Ҷазираи беодам», «Тафтиш», «Вохӯрӣ», «Ватан-Модар», «Забоншинос», «Дар таваллудхона», «Кворум», «Рӯзи таваллуд», «Санҷиш», «Айби худаш», «Дар бозор», «Валинеъмат» ва ғ.-ро ба мардум пешкаш намуд. Дар гуногунрангии барномаи театр муаллиф ва иҷрокунандаи нақшҳо У. Раҷабов нақши калидӣ дошт. Асарҳои ӯ «Дузд», «Нома», «Кворум» ва «Рӯзи таваллуд» ба репертуари доимии театр дохил шудаанд. Дар барномаи театр ҷойи намоёнро асарҳои ҳаҷвнигорони рус В. Поляков, М. Задорнов, Л. Измайлов ва А. Инин ишғол мекунанд. Соли 1997 роҳбари театр У. Раҷабов дар телевизиони Тоҷикистон кинотолори «Ойна»-ро таъсис дод, ки дар он 8 намоиши театр ба навор гирифта шуд. Дар театр ҳунарпешагони барҷаста, устодони саҳна И. Самадов, Ю. Юсупов, С. Мардонов, Т. Саидова, А. Раҳматуллоев, ҳунарпешагони соҳибистеъдод Ш. Раҷабов, У. Қудратов, Ш. Камолов, К. Довудов, С. Сафарова, Ҳ. Ҳасанов, Т. Ғуломова, М. Раҳимов, Ш. Шарифов, Т. Мирзоаминов, С. Валихоҷаев ва дигарон ҳунарнамоӣ доранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 677.

0

Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон

Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Бӯстон — дуввумин театри русии Тоҷикистон. Соли 1949 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати драма таъсис ёфтааст. Солҳои 1948–58 Театри драмаи мусиқии русии Ленинобод ном дошт. Нахустин намоишномаи театр «Егор Буличев ва дигарон»-и А. М. Горкий (коргардон Д. М. Ляховский, 1948) буд. Бештар осори драмавии классикону драматургони муосири рус, тоҷик ва хориҷиро таҳия кардааст. Дар саҳнаи театр асарҳои драматургони тоҷик Ҷ. Икромӣ, М. Миршакар, Ф. Тошмуҳаммадов, М. Рабиев, Ф. Ансорӣ, С. Саидмуродов, М. Бахтӣ, А. Баҳорӣ, А. Сидқӣ ба саҳна гузошта шудаанд. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрӣ «Парасту-2003» намоишномаи «Хоин»-и П. Мериморо манзури тамошогарон кард. Дар гурӯҳи эҷодии театр собиқадорону устодони санъати театр Н. Селезнёва, А. Круглов, Ю. Абросимов, П. Борзов, С. Валавина, И. Янковский, В. Баронов, О. Герасимов, Б. Яншевский, З. Барботко, Л. Исков ва дигарон намоишномаҳо таҳия намудаанд. Дар ороиши саҳнаҳои театр рассомон Я. Гущин, А. Османов, С. Куртмалева, С. Самсонов хизмат кардаанд. Пйесаҳои муосир барномаи асосии театрро ташкил медиҳанд. Намоишномаи солинавии «Соле як маротиба»-и С. Шехов, намоишномаҳои «Хона фурӯхта мешавад»-и С. Ҷӯрабоев, «Бӯққа»-и М. Супонин, «Заргӯши доно ва гурғи коно»-и Ш. Қиём, «Афсонаи солинавӣ», «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» (таҳияи Р. Раҳматуллоева), «Фарзандони генералҳо»-и Н. Шарипов, «Хирс»-и А. Чехов ва ғ. солҳои ахир рӯи саҳнаи театр омада, мақбули тамошогарон гардидаанд. Театри давлатии драмаи мусиқии ӯзбекии ноҳияи Спитамен ба номи Ш. Бурҳонов Ин ҳайати эҷодӣ соли 1934 дар заминаи маҳфили драмавии ҳаваскорони санъати Хонаи маданияти ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) таъсис ёфтааст. То соли 1957 ҳамчун театри халқии ҳаваскорон амал мекард ва ҳамон сол Театри драмаи мусиқӣ ном гирифт. Дар таъсиси театр аввалин коргардонони он Ф. Мусоев ва Т. Ҳасанов саҳми назаррас доранд. Тӯли фаъолияташ театр беш аз 250 намоишнома таҳия карда, манзури тамошогарон гардонидааст. Дастаи консертии театр бо барномаҳои рангоранги ҳунарӣ қариб ба ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар солҳои нахустини таъсиси театр гурӯҳи эҷодии он аз 18 нафар иборат буд. Дар ибтидо ҳайати театр бештар ба таҳияи асарҳои драманависони ӯзбек машғул буд: «Лолахон» ва «Андарун»-и К. Яшин, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳ. Ниёзӣ ва ғ. Сипас ба эҷодиёти драманависони кишварҳои собиқ ИҶШС рӯ оварда, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Ҳуҷум»-и В. Ян, «Хосият»-и Е. Акубҷонов ва Н. Зелеранский ва ғ.-ро намоиш дод. Дар рушди театр М. Парпиев, У. Сиддиқова, М. Қосимхонов, П. Элмуродов, И. Бобоев, Н. Азизова, Б. Турдимуродов, Г. Раҳимов, С. Ҷӯраева, А. Слугин, Д. Маҳкамов, А. Османов, О. Назаров, Ғ. Аюбҷонов ва дигарон саҳм доштанд. Намоишномаҳои «Адолат»-и И. Икромов, «Шабҳои фироқ»-и А. Шукӯҳӣ, «Хонаи умед»-и А. Сидқӣ, «Олуфта»-и А. Мусоҷонов, «Маликаи Турандот»-и К. Готси, «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Ишқи Ватан»-и З. Фатҳуллин, «Киштишикастагонем»-и Ч. Қуддус, «Якравҳо»-и Ҷ. Ҷабборов, «Ричард III»-и У. Шекспир мақбули тамошогарон гардидаанд. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту-2003» театр намоишномаи «Шиквае аз ту надорам, асри ман!»-и М. Сурушро манзури тамошогарон намуд. Ҳайати эҷодии театр ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту-2021» намоишномаи «Фариштаи наҷот»-и У. Усмонов ширкат карда, дар номинатсияи «Беҳтарин нақши эпизодӣ» (М. Абдураззоқова барои иҷрои нақши Саломат) соҳиби ҷоиза шуд. Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Ин дуввумин театри касбии тоҷикӣ буда, январи 1932 дар заминаи дастаи ҳаваскорони мусиқӣ-драмавии шаҳри Хуҷанд (солҳои 1925–26) таъсис ёфтааст. То соли 1990 Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқӣ ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод ном дошт. Дар таъсиси театр аввалин коргардонони театр Ҳ. Маҳмудов, ҳунарпешагон М. Холматов, Т. Тоҷибоев, М. Самандаров, З. Дӯстматов, Х. Қосимова, Г. Бобоева, Т. Султонова, М. Аҳмадова, аввалин мудирони бахши адабии он М. Турсунзода ва М. Аминзода, аввалин дирижёрон Н. Азимов, К. Мирмуллоев, Д. Айрапетянс, рассом В. Нуриддинов, балетмейстер Д. Хусайнов ва дигарон саҳми назаррас доранд. Аввалин асарҳои мукаммали дар саҳнаи ин театр таҳияшуда инҳоанд: «Бегуноҳ»-и М. Юсуфбеков ва «Ғолибият»-и Р. Ҷалил (1932, коргардон Ҳ. Қосимов). Соли 1933 «Ду коммунист»-и К. Яшин (коргардон М. Саидов), «Шӯриши Восеъ»-и А. Фитрат, «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (коргардон Ҳ. Қосимов), солҳои 1934–36 як силсила пйесаҳои адибони тоҷик – «Саодат»-и Р. Ҷалил, «Ҳукм»-и М. Турсунзода (коргардон Ҳ. Маҳмудов), «Шараф»-и М. Аминзода, «Роҳатхон»-и М. Турсунзода (коргардон Ҳ. Қосимов), «Муҳаббат»-и Р. Ҷалил, «Доҳунда», солҳои 1938–41 «Макр ва муҳаббат»-и Ф. Шиллер, С. Саидмуродов ва И. Исмоилов, «Гулсара»-и К. Яшин, «Санавбар»-и Р. Ҷалил, «Бой ва хизматгор»-и Ҳ. Ҳамза (коргардон Р. Эркабоев), дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45) ва солҳои баъдиҷангӣ «Калтакдорони сурх»-и С. Улуғзода (1941), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва В. Волкенштейн (1942), «Мардуми рус»-и К. Симонов (1944), «Тоҳир ва Зуҳра»-и С. Абдулло, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Ш. Хуршед, «Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин, «Раъду барқ»-и А. Островский, «Қишлоқи тилоӣ»-и М. Миршакар ва ғ. рӯи саҳнаи театр оварда шуданд, ки мухлисони зиёд дар дохил ва хориҷи кишвар доштанд. Аз соли 1955 Р. Эркабоев саркоргардони театр шуд ва чанд намоишномаро ба саҳна гузошт, ки дар байни онҳо «Пӯлод ва Гулрӯ»-и Р. Ҷалил, «Ду зебоӣ, ду ишқ»-и М. Сайфиддинов, «Ҷони нодон дар азоб»-и Ҳ. Содиқ, «Тӯй»-и С. Раҳим, «Тӯфон»-и Ғ. Абдулло ва Ш. Қиёмов, «Нурхон», «Равшан ва Зулхумор»-и К. Яшин буданд. Роҳбари нави бадеии коллектив Л. Бочавер «Сонни ва Махивал»-и Балвант Гарги, «Беҷиҳоз»-и А. Островский, «Дили шоир»-и Р. Ҷалил, «Шарораҳои Хуҷанд»-и С. Сафаровро ба саҳна гузошт. Дар театр дар давраҳои гуногун ходимони намоёни санъати театрӣ — Ҳ. Умаров, Х. Назаров, Ю. Раҳматзода, М. Воҳидов, И. Фозилова, А. Храмченко, М. Киситс, Д. Серебрянник, О. Назаров, И. Саломов, Р. Баккал, И. Буров, А. Акрамов, О. Усмонова, М. Иброҳимова, Ҷ. Набиев, С. Исоева, С. Қурбоналиев, У. Ҳамдамов, С. Холматов, М. Самандаров, С. Фармонов, М. Аҳроров, А. Парпиев, Д. Алиматов, З. Асанова, И. Саломов ва дигарон нақш бозидаанд. Солҳои 70–80 дар барномаи театр намоишномаҳои «Бедорӣ»-и Р. Ҷалил (1975), «Супориши ЧК»-и А. Сидқӣ, «Абадзиндаҳо»-и С. Сафаров (1976), «Зол ва Рудоба»-и Ш. Қиёмов, «Ашрофпараст»-и Ж. Молиер (1977), «Соҳибаи меҳмонхона»-и К. Голдони, «Лӯлиён»-и А. С. Пушкин, «Фаввораи ишқ, фаввораи ашк» (аз рӯи асари «Фаввораи Боғчасарой»-и А. С. Пушкин, инсценировкаи Н. Исломов), «Исёни арӯсон»-и С. Аҳмад, «Авлодони шайтон»-и Ҳ. Мухторов (1978), «Қиссаи ҳиндубача Маугли»-и Р. Киплинг, «Хонашерони майдонғариб»-и Ғ. Абдулло, Ш. Қиёмов ва М. Рабиев, «Хусрав ва Ширин»-и Г. Птитсин (аз рӯи достони Н. Ганҷавӣ), «Аз бало ҳазар»-и Ш. Қиёмов (1979), «Темурмалик»-и С. Улуғзода, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Баъди имтиҳон»-и Ф. Ансорӣ, «Фоҷиаи инсон»-и А. Атобоев ва ғ. мавқеи намоён доштанд. Дастаи консертии театр барномаҳои пурмазмунро манзури тамошогарон мекунад. Театр замони фаъолияти бисёрсолаш зиёда аз ҳазор намоишномаро дар жанрҳои гуногун (драма, мелодрама, намоиш барои кӯдакон, мюзикл) ба саҳна гузоштааст. Дар солҳои истиқлол театр «Ҷавонии Мушфиқӣ»-и Т. Зулфиқоров, «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо»-и А. Сайфуллоев, «Таксисти ошиқ» (тарҷумаи Қ. Бобоҷонов), «Найрангҳои Абдуи Хуҷанд»-и Б. Абдураззоқов, «Бухорои шариф» (аз рӯи «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ), «Ишқи парӣ»-и Т. Муҳаммадризо, «Бозгашти айём»-и А. Қодирӣ, «Ошиқам, ман ошиқ»-и М. Ҷӯрабекова, «Вийд», «Гурбаи мӯзапӯш»-и Ч. Қуддус, «Афсонаи солинавӣ» ва «Ашрофпараст»-и Молиер, «Арӯси чойдорӣ»-и Н. Аббосхон, «Булбули Хуҷанд»-и Т. Озарахш ва ғ.-ро рӯи саҳна овард. Намоишномаи «Ишқи парӣ» дар чандин озмуну ҷашнвораи байналмилалӣ дар Украина, Беларусь, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Россия соҳиби тӯҳфаву диплом ва дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту-2011» сазовори ҷои аввал гардидааст. Намоишномаи «Булбули Хуҷанд» дар «Парасту-2021» ва дар фестивали байналмилалии «Параллельные миры» (Беларус, 2021) сазовори ҷоизаи «Беҳтарин ороиши мусиқӣ» гардид. Театри вилоятии мазҳакаи мусиқии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров Яке аз аввалин ҳайатҳои эҷодии касбии тоҷик аст. Соли 1936 дар заминаи дастаи ҳунарии ҳаваскорони санъати клуби шаҳр таъсис ёфтааст. То соли 1940 Театри мусиқӣ, аз соли 1958 то 1994 Театри драмаи мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Рӯдакӣ ном дошт. Номи имрӯзааш аз соли 1996. Аввалин ҳунарпешагони театр Ғ. Ғуломалиев, Б. Карамхудоев, Г. Қадамшоева, Д. Бекова, А. Ибодуллоева, Қ. Ноёбшоев, М. Шакаринов, С. Давлатова, К. Шотомуров, Г. Наврӯзбеков, Ш. Бақоев, Н. Одинаев (ҳамагӣ 20 кас) буданд. Баъдтар ба ҳайати театр мутрибону раққосони халқӣ Н. Қурбонҳусейнов, М. Мамадюсупов, М. Гуленов, санъаткорон С. Бандишоева, Ф. Чорубов, М. Исмоилов, Б. Шоҳонова, С. Раҳимхудоев дохил шуданд. Соли 1954 ба театр як гурӯҳ хатмкардагони Институти театриву рассомии Тошканд ба номи А. Н. Островский – П. Завқибеков, Қ. Имматшоев, М. Мамадазимов, М. Маликов, Ш. Пӯлодов, А. Раҳмонқулов ва дигарон омаданд ва дар рушди бадеии театр саҳми арзанда гузоштанд. Намоишномаҳои беҳтарини театр инҳоянд: «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков (1939), «Қишлоқи тиллоӣ»-и М. Миршакар (1946), «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер (1947), «Рустам ва Суҳроб»-и А. Пирмуҳаммадзода ва Волкенштейн (1948), «Достони Ҳофиз»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Нисо»-и В. И. Виталев (1956), «Шафақҳои Помир»-и И. Павлов (1958), «Ҳалокати одат»-и М. Назаров (1960), «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молиер (1965), «Мо аз Боми Ҷаҳон»-и Р. Абдулло (1969), «Чинори гӯё»-и С. Саидмуродов (1968), «Дуэл»-и Ж. Байчиев (1969), «Хуррият»-и Ғ. Абдулло (1970), «Байрақи мактаб»-и М. Миршакар (1971), «Интиқом»-и С. Сафар (1972), «Писари гумроҳ»-и Э. Ранет (1972), «Супориши махсус»-и А. Балакаев (1973), «Меҳмон аз Помир»-и Ф. Тошмуҳаммадов (1973), «Ситораи умед»-и Ғ. Абдулло (1976), «Андро ва Сандро»-и Г. Хугаев, «Ҷойи сердаромад»-и А. Островский (1977), «Ваня-тағо»-и А. Чехов, «Ситораи Сино» (1980), «Қиссаи Зайнаббибӣ»-и С. Саидмуродов (1983) ва ғайра. Дар ҳайати эҷодии театр Артистони халқии РСС Тоҷикистон Б. Карамхудоев, Ғ. Худоёрбекова, М. Дилдорова, С. Шоисмоилова, С. Бандишоева, ҳофизони халқӣ М. Хӯҷамёров, М. Қурбонҳусейнов, ходимони хизматнишондодаи санъати РСС Тоҷикистон Ё. Ашурмаҳмадов, Р. Муродҳусейнов, Артистони хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон А. Давлатов, П. Завқибеков, З. Искандарова, М. Мамадазизов ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Аз рӯзи нахустини таъсиси театр саркоргардонони он Ш. Бақоев, Б. Смирнов, М. Назаров, М. Дубровин, Н. Гулмамадов, А. М. Мирзохонов, А. Раҳмонқулов, Ф. Тошмуҳаммадов, Б. Карамхудоев, М. Мамадазимов, Қ. Халилов, М. Мазҳабшоев, рассомон М. Беспалко, М. Назаренко, Н. Малишев, Ю. Калинин, М. Гадомамадов буданд. Роҳбарии театрро аз соли 1976 то 1996 Ҳ. Давлатбеков, аз соли 1996 М. Назаршоева ба уҳда дошт. Театр тайи чанд соли охир «Ишқи парӣ»-и Т. Муҳаммадризо, «Чароғи сеҳрноки Аловуддин» (дар асоси ривоятҳои «Ҳазору як шаб»), «Қабилаи дугоникҳо», «Вирод», «Қавм»-и М. Суруш, «Акси садо», «Зани шаҳрӣ»-и П. Қиматшоев, «Гурбаи мӯзапӯш»-и Ч. Қуддусро рӯи саҳна овард. Ҳоло саркоргардони театр У. Ҳисравов мебошад. Ҳайати имрӯзаи театр аз 56 нафар иборат аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 675–677.

0

Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон

Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон — ҳайати эҷодист, ки соли 1950 бо ташаббуси гурӯҳи ҳунарпешагони ҳаваскори Театри драма ва мазҳакаи русии шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон) таъсис ёфтааст. Нахустнамоиши театр «Гулаки сурх»-и А. Аксаков (1950) буд. Соли 1952 студияи лухтакбозон таъсис ёфт, ки А. Волохова, Н. Карпова, И. Морозов, Н. Полигалов ва дигарон ба ҳайати он дохил буданд. Дар ин солҳо театр қариб 30 намоишномаро аз рӯи афсонаҳои халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва рус ба намоиш гузошт. Соли 1965 дар Театри ҷумҳуриявии лухтак гурӯҳи тоҷикӣ ташкил шуд. Соли 1971 театр узви Иттиҳоди байналхалқии ходимони театри лухтак гардид. Соли 1979 ҳайати эҷодии театр дар Фестивали байналмилалии театрҳои лухтак дар шаҳри Тошканд иштирок карда, сазовори ҷоизаи махсус гардид (барои намоишномаи «Қиссаи аввал»-и А. Атобоев (аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ)). Дар тӯли фаъолияташ театр беш аз 170 намоишномаро ба забонҳои тоҷикию русӣ ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла «Бузаки чингилапо»-и Н. Бақозода, «Саодати уддабаро», «Парвоз ба Моҳ»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Чӯпонбача ва оҳуи тило»-и Ш. Қиёмов, «Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов, «Донаки сеҳрнок» ва «Суруди Бахтиёр»-и Н. Исломов, «Шаҳри тиллоӣ»-и Р. Маруҳян, «Шайтони гӯшдароз»-и Р. Мингалиев, «Уқобча»-и М. Супонин, «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Б. Маслов, «Духтари ҷасур» ва «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов ва ғайра. Солҳои 90-уми асри 20 театр намоишномаҳоро, аз қабили «Хирсбачаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой», «Дурри нилгун», «Мишкаи дурӯғгӯй», «Хурӯсчаи гапногир», «Хуршед ва ҷодугари ғаммоз», «Се хукбача», «Рӯбоҳаки ҳилагар», «Дарахти зардолу», «Саргузашти Лаку Пак», «Тоқисурхак» ва ғайраро манзури тамошогарони хурдсол гардонд. Дар театр дар давраҳои гуногун гурӯҳи ҳунарпешагони бомаҳорат А. Волохова, М. Бойматова, У. Абдуллоев, И. Грибовская, Н. Бойматов, В. Пименова, Л. Лихнер, М. Алибоева, В. Одинаев, Ш. Юсуфова, К. Додарбеков, А. Боймуродов, С. Бобоев, С. Холов, А. Ҳоҷибоев, Н. Ахмедова, Насиба Ахмедова, А. Ахмедов, Ф. Мӯъминов, Р. Мӯъминов, В. Н. Лихачёва, Е. Крапоткина, С. Казансов, Р. Маҷидов, Н. Числов, З. Зиёева ва дигарон кор кардаанд. Дар пешравии театр В. Соколова, Пантелеймонова (директори театр), П. Поздняк, А. Аҳмадов, А. Тараханов, П. Рудометкин саҳми арзанда гузоштаанд. Аз соли 1988 саркоргардони театр Н. Шарифов аст. Театр ҳар сол 4 намоишнома (ба забонҳои тоҷикию русӣ) таҳия намуда, қариб дар ҳамаи ноҳияву деҳоти ҷумҳурӣ барои тамошогарони хурдсол намоиш медиҳад. Ҳайати театр чанд бор сазовори ҷоизаи Вазорати маданияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ гардидааст. Соли 1983 театр дар азназаргузаронии умумииттифоқии драматургия ва санъати театрии халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои намоишномаҳои «Суруди Бахтиёр» (таҳияи Е. Абраамян, рассом Т. Кислова) ва «Лаку Пак»-и И. Усмон ба Дипломи дараҷаи III-и Вазорати маданияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Котиботи Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Кумитаи Марказии Иттифоқи касабаи коркунони маданият сазовор гардид. «Гулранг ва Хушранг»-и М. Миршакар, «Духтари ҷасур»-и Ш. Қиёмов, «Ҳар кӣ китобхон шавад, оқилу доно шавад»-и А. Мақсудов, «Лаку Пак»-и И. Усмон, «Рӯбоҳи маккор»-и Н. Аҳмадова, «Хирсчаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой»-и Н. Шарипов, «Гӯсолаи хасин»-и К. Мешков аз ҷумлаи намоишномаҳоеанд, ки театр солҳои ахир ба маърази тамошо гузошт. Театр бо намоишномаҳои ҷолибу пурмуҳтаво пайваста дар ҷашнвораҳои театрӣ, аз ҷумла «Парасту» ва «Чодари хаёл» ширкат мекунад. Ҳунарпешагони театр дар фестивали ҷумҳуриявии «Парасту-2003» бо намоишномаи «Дарахти дӯстӣ биншон» (Н. Шарипов) ширкат карда, аз ҷониби тамошогарону мутахассисон баҳои баланд гирифтанд. Дар «Парасту-2019» намоишномаи «Зумрад ва Қимат»-и Н. Маҳкамова ва дар «Парасту-2021» намоишномаи «Лак ва Пак»-и Н. Шарипов сазовори ҷоизаи беҳтарин асари кӯдакона гардиданд. Театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова Яке аз театрҳои аввалини Тоҷикистон аст. Солҳои 1925–26 нахустин театри ҳаваскорӣ таъсис ёфт, ки дар ҳайати он аввалин муаллимон К. Ҳусейнзода, И. Тӯрахонов, М. Нозиров, Ҳ. Қобилов, С. Шерматов ва ҷавонони 15–18-сола, аз ҷумла К. Ёрматов дохил буданд. Соли 1930 дар заминаи дастаи ҳаваскорӣ театри касбӣ таъсис ёфт. Калонтарин намоиши он «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ буд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳаваскорони боистеъдод интихоб гардид, ки анъанаи мардумии иҷрогариро ба театр оварданд. Дар кори басаҳнагузорӣ ва таҳияи намоишномаҳои аввалин артистони театр Б. Неъматов, М. Ғаффоров, Ҳ. Қосимов фаъолона иштирок доштанд. Барои рушди эҷодии ҳайат коргардонони театр Р. Розиқов ва С. Холматов саҳми басазо гузоштанд. Дар таъсиси театр мусиқинавоз Х. Азимов низ саҳми бориз дорад. Артисти халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Тӯҳфа Фозилова, Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Л. Орифова, К. Маҳкамов ва дигарон фаъолияти эҷодиашонро аз саҳнаи ҳамин театр оғоз намуданд. Дар театр ҳунарпешагони маъруф ба монанди Ш. Қодирова, Т. Орифова, С. Ашӯрова, К. Дӯстматова, Ш. Каримова, Б. Ҷӯраев, Г. Шодиев, А. Неъматов ва М. Қодиров, М. Эргашева, И. Муҳаммадҷонова, Д. Баҳромова, Б. Содиқов, А. Аҳмадов, М. Мухторов, Х. Шарипов, Ш. Каримова, С. Ашӯрова, Қ. Дӯстматова, Б. Тоҷибоева, Т. Тоҷибоев, Л. Орифова, К. Маҳкамов, Т. Фозилова, М. Аҳмадов, М. Мавлонов ва дигарон ба камол расидаанд. Барномаи театр ҷолибу рангин аст: «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ҳамза, «Гулсара»-и К. Яшин, «Ғолибият»-и Р. Ҷалил, «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, «Комсомолон»-и М. Саидов, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Орият»-и М. Ҳалимова, «Туҳфа», «Виҷдон»-и Ҳ. Содиқ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Суруди кӯҳсорон»-и Ғ. Абдулло, «Сирри дилҳо»-и Д. Раҳмонов, «Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев, «Ишқи араб»-и П. Мериме ва ғайра. Солҳои 1941–56 бештар концерту асарҳои якпардагӣ («Дар сояи шипанг»-и Б. Раҳимзода ва М. Рабиев, «Пеш аз тӯй нағора»-и С. Саидмуродов, «Меҳмони азиз» ва «Домоди қаллоб»-и А. Чехов, «Таърифхӯҷаев»-и А. Деҳотӣ ва Б. Раҳимзода)-ро намоиш медод. Калонтарин намоиши театр «Сӯзании шоҳӣ»-и А. Қаҳҳор (1954) буд. Соли 1956 театр баста шуд ва ба ҷои он театри халқӣ амал мекард. Соли 1956 бо ташаббуси коргардону драманавис С. Саидмуродов театр эҳё шуд. Солҳои 70-уми асри 20 барномаи театр аз пйесаҳои С. Саидмуродов «Чинори гӯё», «Зафар ва Зарина» ва ғайра иборат буд. Соли 1979 як гурӯҳ хатмкардагони Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайати театр дохил шуданд. Баъдан асарҳои «Раъно», «Гаҳвораи заррин»-и С. Саидмуродов, «Тӯй»-и С. Ғанӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Гулҳои саҳро»-и М. Тӯйбоев, «Лайлӣ»-и М. Ҳоҷиқулов, «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ, «Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло, «Эшони Иллонта ва қории ҳиромон»-и А. Атобоев, «Гирдоб»-и С. Сафар, «Зангирӣ»-и Гогол, «Бемории хаёлӣ»-и Мольер саҳнаи театрро рангинтар гардонданд. Асарҳои «Бало қоим аст»-и Н. Ҳикмат, «Трибунал»-и А. Макаёнок, «Дуэл»-и М. Бойчиев, «Нурхон»-и К. Яшин, «Шаби пас аз хатм»-и Тендряков, «Шоҳина»-и А. Володин далели ҷустуҷӯю заҳматҳои эҷодию тахайюли рангини Т. Баҳромов буданд. Солҳои 90-уми асри 20 асарҳое назири «Кооперативи тумор»-и Ш. Қиёмов, «Як каллаву сад хаёл»-и У. Раҳимов, «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷабборов, «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, «Парвона»-и Уйғун, «Гумроҳ»-и М. Юсуфов, «Умри гузарон»-и Аъзам Сидқӣ ва якчанд намоишномаи кӯдаконаро ба саҳна гузоштанд. Театр дар ин солҳо дар озмунҳо бо намоишномаҳои «Марги судхӯр», «Парвона», «Сӯҳони қазо», «Товони гӯсола» ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардид (масалан, намоишномаи «Умри гузарон» Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандиро соҳиб шуд). Ибтидои соли 2000 Ю. Эргашев дар назди театр студияи актёрони наврасро ташкил намуд. Соли 2016 намоиши «Суди девонагон» (аз рӯи асарҳои «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир) дар таҳияи А. Ҳоҷақулӣ намоиш дода шуд. Театр дар саҳнаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ фарҳангу санъати театри тоҷиконро муаррифӣ кард. Соли 2017 намоиши «Қорӣ-ишкамба»-и С. Айнӣ (таҳияи М. Музаффар) дар фестивали «Место в городе» (Бишкек) баҳои баланд гирифта, дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» соҳиби ҷои аввал гардид. Дар ду соли ахир «Карлсон»-и А. Линдгрен, «Қобил»-и Н. Шодмонов, «Роҳзан»-и М. Музаффар, «Саргузашти О ва Э», «Бозичаҳо»-и Ф. Ғаффорпур ба саҳна гузошта шуданд. Театр дар фестивали «Парасту-2021» бо намоишномаи «Садои қу»-и А. Чехов (таҳияи А. Ҳоҷақулиев) ширкат карда, Шоҳҷоизаро ба даст овард. Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Ашт ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Муассисаи театрӣ аст. Марти соли 2016 таъсис шудааст. 25 барномаи консертию намоишномаро ба саҳна гузоштааст. Машҳуртаринашон «Мардикорон», «Вопасин арӯси амиралмуъминин», «Гулпарӣ», «Дар ҷустуҷӯи Бобои Барфӣ». --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 674–675.

0

Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара

Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара — муассисаи театрӣ. 18 октябри 2003 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Нахустин ҳунармандони театри навтаъсис М. Махсумов, Н. Исматов ва Р. Мутеуллоев буданд. Нахустин намоишномаи театр «То қиёмат»-и С. Айюбӣ (таҳияи Р. Одинаев, 2004) мебошад, ки дар жанри театри як актёр офарида шудааст. Намоишномаҳои баъдӣ «Бобои барфӣ куҷост?»-и Р. Одинаев, «Баъди кӯрдуд», «Экстрасенс»-и С. Муқаддамов, «Хурӯсҷоно», «Халтаро биёр»-и Ш. Солеҳов ва Зулфия Содиқова, «Рустам ва Суҳроб»-и Ғ. Абдулло, «Бойи золиму хурӯси ҷабрдида»-и Ш. Солеҳов, «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Айюбӣ, «Дод аз дасти Афандӣ», «Макри зан — ҷуволи арзан»-и Ғ. Ашӯров, «Оби мусаффо»-и Ҳ. Салимов ва И. Сафаров, «Рӯдакӣ»-и Ҷ. Қуддус ва М. Каримов, «Савдои ишқ»-и М. Набиев, «Афсона мехоҳам»-и Ҷ. Қуддус, «Соли нав дар Яхобод»-и И. Сафаров ва Х. Салимов, «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷаббор, «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ, «Сухани вопасини модар»-и Ш. Ҳусайнов, «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и И. Усмонов ва А. Қодиров, «Гар зан ба шӯр ояд»-и С. Сафаров, «Диёри дилҳои хаста»-и Т. Муҳаммадризоев, «Ишқи дев»-и А. Қодиров ва И. Усмонов, «Пайраҳаи зиндагӣ»-и С. Сафаров, «Ишқи бозорӣ», «Лаҳзае бо Аллома»-и Ҷ. Қуддус, «Гулпарӣ» ва «Рӯбоҳ ва харгӯш»-и А. Файзиев, «Зангирии бобои Ҷумъа»-и Х. Холиқов, «Зиндамаргон»-и М. Ғоиб, «Чаманзори ваҳдат»-и Т. Аҳмадхонов, «Ҳазир-бод»-и Ҷ. Қуддус, «Дуздро қароқчӣ зад»-и С. Сафаров, «Дилҳои пуралам»-и М. Набиев, «Тахти Султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ, «Дугоникҳо»-и А. Могилев, «Зангирии Балзаминов»-и Н. Островский ва ғайра ба саҳна гузошта шудаанд. Борҳо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намоиши асарҳои саҳнавӣ ва рақсу сурудҳо (Хатлон, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, шаҳру ноҳияҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Театр ширкатдори фаъоли ҷашнвораҳои дохилию байналмилалии театрҳои касбӣ аст. Аз ҷумла, дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2007» (намоишномаи «Дод аз дасти Афандӣ»-и Ғ. Ашӯров, таҳияи Д. Убайдуллоев) ҷои дуввум, «Парасту-2011» (намоишномаи «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и И. Усмонов ва А. Қодиров) ҷои севвум, «Парасту-2013» (барои намоишномаи «Субҳи козиб»-и Ғ. Ашӯров, таҳияи Д. Убайдуллоев) дипломро соҳиб шуд. Дар «Парасту-2015» дар номинатсияи «Барои беҳтарин нақши эҷодӣ» (М. Махсумов, намоишномаи «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Айюбӣ, таҳияи А. Қодиров) ва «Парасту-2017» дар номинатсияи «Беҳтарин нақши мардона» (М. Махсумов, «Шикасти аввали қаромита»-и Ҷ. Қуддус) ҷоиза ба даст овард. Соли 2012 театр дар фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ таҳти унвони «Давраи эҳё ва санъати театрӣ», ки дар шаҳри Ашқободи Туркманистон баргузор шуд, бо намоишномаи «Фолбинии Афандӣ»-и А. Баҳорӣ ширкат карда, ба гирифтани диплом мушарраф гардид. Театр соли 2020 «Тезии корд дар нӯғи корд»-и А. Абдураҳмонов, «Тавқи лаънат ва номзад»-и Ш. Солеҳ, «Карими Шиш»-и З. Ғулом, «Ҳаёт — сканворд»-и Х. Давлатовро рӯи саҳна овард. Ҳайати эҷодии театр дар фестивали «Парасту-2021» намоишномаи «Даҳ рӯзи генерал Шерак»-и И. Усмонов (таҳияи С. Додарбеков)-ро манзури тамошогарон намуд ва ҷоизаи махсуси ҳайати ҳакамонро барои тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу осоиш соҳиб шуд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 673–674.

0

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар — яке аз аввалин театрҳои касбии ҷумҳурӣ. Соли 1934 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати маҳаллӣ таъсис ёфт. То соли 1944 Театри драмаи мусиқии байниноҳиявӣ, аз июни 1944 ҳамчун Театри драмаи мусиқии вилоятӣ амал мекард. Соли 1951 барҳам хӯрд ва ҳайати ҳунармандони онро ба Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода гузаронданд. 2 августи 1979 аз нав эҳё шуда, номи Театри мазҳакаи мусиқиро гирифт. Коргардонони аввалини театр К. Воҳидов, Ҳ. Саидаҳмадов, ҳунарпешагони аввалинаш М. Ҷӯраева, А. Фатҳуллоева, С. Ӯрунов, Ҷ. Назарова, Х. Мамадҷонова, М. Анваров, К. Валиева, А. Ҷӯраева ва дигарон буданд. Намоишномаҳои нахустини театр «Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ, «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Молиер мебошанд. Минбаъд дар саҳнаи театр «Водии бахт»-и С. Саидмуродов, «Талоши бахт»-и Ш. Қиёмов, «Тоҳиру Зуҳра»-и С. Абдулло, «Муаллими ишқ»-и М. Миршакар, «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ намоиш дода шуданд. Дар ин давра ҳунарпешагон Ф. Исматов, Ҳ. Назарова, З. Бозорова, Х. Нозимов, Б. Холов, Н. Нигориева, Ҳ. Назаров, О. Ашӯрмамадов, О. Таваккалова ва дигарон фаъолият доштанд. Солҳои 80-уми асри 20 асарҳои муаллифони дохилию хориҷӣ — «Уқоб»-и С. Сафаров, «Чинори гӯё»-и С. Саидмуродов, «Алии масхарабоз»-и А. Бобохонов, «Чаҳорум»-и К. Симонов, «Аҷаб одаме»-и М. Бахтӣ, «Тӯйи бедомод»-и Ҷ. Қуддус, «Баҳодур»-и А. Баҳорӣ, «Ҷашн» ва «Хостгорӣ»-и А. Чехов, «Оилаи антиқапарастон»-и К. Голдони, «Гулдон»-и Э. Лобиш ба саҳна гузошта шуданд. Дастаи театр соли 1987 бо намоишномаи «Тӯйи бедомод»-и Ҷ. Қуддус дар Фестивали сеюми умумииттифоқии дастаҳои ҳунарии ҷавонон соҳиби диплом гардид. Соли 1988 ҳайати эҷодии театр дар нахустин Фестивали ҷумҳуриявии театрӣ — «Парасту» намоишномаи «Остона»-и А. Дударев ва соли 1989 «Тартюф»-и Ж. Молиерро ба саҳна гузошта, соҳиби ҷоизаи фестивал гардид. Театр охири солҳои 90-уми асри 20 ва дар даврони истиқлол намоишномаҳои «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Дақиқӣ»-и С. Айюбӣ, «Давлати Сомониён», «Оршин мол-олон», «Волидони беворис»-и М. Ғоиб, «Лаку Пак»-и А. Қодирӣ ва И. Усмонов, «Тавҳид»-и С. Умар, «Бӯрёкӯбонии Харгӯш»-и Х. Давлатов, «Кулвори сеҳрнок»-и А. Файзиев, «Аскарҷон»-и М. Ворфоламеев, «Абадзиндаҳо», «Бежан ва Манижа»-и Ҷ. Қуддус (таҳияи Б. Қурбонзода), «Волидони беворис»-и М. Ғоиб (таҳияи Қ. Зоиров), «Ишқ аз интернет»-и Н. Шарипов (таҳияи Ҳ. Шукуров)-ро рӯи саҳна овард, ки ҷолибу диданианд. Дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» театр барои намоишномаи «Бежан ва Манижа» (аз рӯи «Шоҳнома», таҳияи Б. Қурбонзода) ҷои дуввумро соҳиб гардид. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 673.

0

Тағкамар

Тағкамар, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 103 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Яғноб ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,04 литр дар сония, ҳарорати обаш – 7,5 °С. Дар таркиби оби чашма кислотаи силикат, маргимуш, молибден, литий, сезий, стронсий, ҳамчунин манган, никел, титан, хром, сирконий, мис, сурб, нуқра, руҳ, бор, барий мавҷуданд. Онро метавон бо мақсади табобати бемориҳо истифода бурд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Сист

Сист, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 47 километр ҷанубтари шаҳри Хоруғ, дар баландии 2360 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз Сист то Гармчашма 14 километр. Дебиташ 0,1–0,2 литр дар сония, минералнокиаш – 4,2 грамм дар литр, ҳарорати обаш +10 – +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (153 миллиграмм дар литр), магний (41,0 миллиграмм дар литр), натрий (25,0 миллиграмм дар литр), оҳан (20,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (284 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (264 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), гази ангидриди карбон (12,51 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (39,4 миллиграмм дар литр), радон (5,3 нанокюри дар литр), ҳамчунин мис, молибден, бор ва фтор мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои нарзани доломитии Кисловодск ва Слиач (Чехия) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, роҳҳои талхарон ва пешоброн, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин манфиатбахш аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Саришитхарв

Саришитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар водии сойи Саришитхарв, 52 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3300 метр. Дар ин мавзеъ оби чашма ҳашт роҳи баромад дорад. Дебиташ 0,3–0,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,27 грамм дар литр, ҳарорати обаш 8 – 12 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (263 миллиграмм дар литр), натрий (91,0 миллиграмм дар литр), магний (91,0 миллиграмм дар литр), калий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонат (909 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (339 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (458 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (102 миллиграмм дар литр), ҳамчунин оҳан, радон (3 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Аршанск (Бурятистон) шабоҳат дорад. Сасиқбӯлоқ Сасиқбӯлоқ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили ҷанубии Яшилкӯл, дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Роҳ ба сӯи чашма аз тарафи деҳаи Булункӯл мегузарад. Минералнокиаш 0,55 грамм дар литр, дебиташ 2–4,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 22–32 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (59,0 миллиграмм дар литр), калсий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (11,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (50,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (50,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (35,0 миллиграмм дар литр), фтор (6,4 миллиграмм дар литр), радон (1,1 нанокюри дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, роҳҳои талхарон, панкреатит, дарди мафосил (колит) истифода мебаранд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Ачалуки (Гурҷистон) шабоҳат дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385–386.

0

Оқсуқон

Оқсуқон, кӯли шӯрест дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар соҳили рости дарёи Сир, дар доманаи қаторкӯҳи Қизилҷар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 420 метр. Масоҳаташ 12 километри мураббаъ, тӯлаш 5 километр, бараш то 2,5 километр; умқаш қариб 1 метр. Баҳорон кӯл аз оби барфу борон пур мешавад, тобистон обаш дар натиҷаи бухори зиёд хушк шуда, қабати намак боқӣ мемонад. Гиле, ки дар зери намак ҷамъ шудааст, шифобахш аст. Мавсими табобат дар кӯл моҳи июл оғоз ёфта, то сентябр давом мекунад. Тобистон боришот кам аст, боронгариҳо тирамоҳ сар мешаванд. Маълумоти нахустин оид ба Оқсуқон охири асри 19 пайдо шудааст. Вале аҳолии таҳҷоӣ гили шифобахши онро аз замонҳои қадим истифода мебурданд. Таҳқиқоти аввалини гидрогеологӣ ва физикию кимиёвии кӯл соли 1887 сурат гирифт. Ранги сиёҳи гили кӯлро олимон ба мавҷудияти пайвастҳои сулфури оҳан дар он нисбат медиҳанд. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон ионҳои натрий ва калсий (то 95%), ҳамчунин хлор (то 90–95%) ва сулфатҳо (4–5%) бартарӣ доранд. Вобаста ба мавсим ва маҳал дараҷаи ғилзат (консистенсия)-и лойқа гуногун мешавад. Чунончи, лойқаи соҳилҳо нисбатан дурушт буда, лойқаи қисми наздик ба маркази кӯл нарм ва «обакӣ» аст. Ҳангоми омезиш бо об лойқа массаи якранги часпак ҳосил мекунад. Оби лойқаи шифобахш бояд аз 40–60% зиёд набошад. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон хлориди натрий (74,86%) ва сулфати магний (7,76%) хеле бисёр аст. Вазни хоси лойқа 1,85–1,87 аст. Соли 1951 дар назди кӯл табобатхона кушода шуд. Ночӯриҳои асаб, гардиши хун, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳоро дар андомгон ба сомон меорад. Инчунин дар Оқсуқон остеохондроз, тарбод (ревматизм), артрит, бемориҳои меъда, рӯдаҳо, талхадон, ҷигар, ғадуди зери меъда, гурда, амрози занона, простатит, бенаслӣ, бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд. Лойи Оқсуқонро дар шифохонаҳои Хуҷанд, Хоҷаобигарм, Обигарм, Тошкент, Фарғона, Чортоқ истифода мебаранд. Оқтош Оқтош, Шаймак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 128 километр ҷанубу шарқтари деҳаи Қизилработ дар баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма дар соҳили рости дарёи Оқсу аз 16 мавзеи хурд мебарояд. Атрофи чашма шибарзамин аст. Дебиташ 3–5,3 литр дар сония, ҳарорати обаш +15 – +27 °С. Таркибаш аз калсий (31,0 миллиграмм дар литр), магний (11,0 миллиграмм дар литр), натрий (7,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (12,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (35,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин аз мис, никел, руҳ, сурб ва маргимуш иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд. Ривак Ривак, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Ғунд, 32 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,9 литр дар сония; ҳарорати обаш +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (555 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (93,0 миллиграмм дар литр), натрий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), оҳан (5,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (329 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (44,0), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемориҳои санги пешобдон ва талхадон, дарди мафосил, гепатит, холангит ва душворҳаракатии талхароҳа муфид мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби осоишгоҳи Лебарден (Гурҷистон) ва чашмаи Молоковскии вилояти Читаи Россия наздик аст. Оби чашма тавассути қубурҳо ба водӣ ҷорӣ мешавад. Аз он нӯшокии минералии «Бадахшон» истеҳсол мекунанд. Ростошитхарв Ростошитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 56 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар баландии 3900 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,8 – 1,9 литр дар сония, минералнокиаш – 0,98 грамм дар литр, ҳарорати обаш +8 – +10 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (136 миллиграмм дар литр), натрий (72,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (366 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (278 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (88,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (14,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои аъзои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ истифода мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби нарзани доломитии Кисловодск наздик аст. Рохарвдара Рохарвдара, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 7,5 километр ғарбтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар соҳили рӯди Рохарвдара, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ҳарорати обаш +18 °С; дебиташ 1,4 литр дар сония. Дар таркиби обаш катионҳои калсий (145 миллиграмм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (612 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (97,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (5,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (700 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, мис ва кобалт мавҷуданд. Минералнокии умумиаш 1,6 грамм дар литр. Омили асосии шифобахши чашма оби минералнокиаш ками дорои карбонатҳо ва калсий мебошад. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, ҷигар, роҳҳои пешоб ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мебаранд. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Обишифо

Обишифо, оби минералӣ. Дар масофаи 23 километр ғарбтари шаҳри Исфара аз пармачоҳ ҷорӣ мешавад. Он аз қабатҳои олой ва бухорои давраи палеоген аз чуқуриҳои 400–450 метр ва 1430–1460 метр мебарояд. Оби пармачоҳ гарм (19–27 °С) буда, таркибаш аз гидрогенсулфид (370–560 миллиграмм дар литр), намаки бор (128 грамм дар литр), намаки ош иборат аст. Таъмаш андаке турш мебошад. Дебити пармачоҳ 0,27–0,46 литр дар сония. Ҳамчун оби шифобахш барои табобати бемориҳои дилу рагҳо (ғалаёни хун, миокардит, атеросклероз, ишемия ва ғайра), асаб, узвҳои ҳозима, ҳаракат (тарбод, илтиҳоби тарбодмонанд, остеохондроз, спондиллёз, остит, тендовагинит ва ғайра) истифода мешавад. Дар осоишгоҳи «Зумрад» 16 обзани табобат бо Обишифо вуҷуд дорад. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Кӯкбой

Кӯкбой, чашмаи минералии обаш гарм дар ноҳияи Шуғнон. Дар соҳили рости шохоби дарёи Кӯкбой ҷойгир аст, баландиаш аз сатҳи баҳр 3920 метр. Дебиташ – 4 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,9 грамм дар литр, ҳарорати обаш +40 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (73,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (15,0 миллиграмм дар литр) ва ангидриди озоди карбон (77,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Кӯкбой хосияти шифобахшӣ дошта, барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо муфид аст. Оби чашмаро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Қаратобон Қаратобон, чашмаи минералӣ. Дар нишебии ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 15 километр шарқтари деҳаи Зиреҳ ҷойгир шудааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2050 метр. Дебиташ – 0,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 90 °С, минералнокиаш – 3,6 грамм дар литр. Таркиби оби чашма аз кислотаҳои силикат, метаборат, манган, никел, кобалт, мис, рух, литий, гази карбонат (90,6%), нитроген (7,8%), оксиген (1,6%) иборат аст; хусусан миқдори оҳан (2 миллиграмм дар литр) зиёд аст (он ҳангоми ба рӯи замин баромадани оби чашма қисман таҳшин мешавад). Ҳамчун оби ошомиданӣ ва барои қабули обзан (ванна) тавсия шудааст. Қизилработ Қизилработ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар водии дарёи Оқсу, 2 километр ғарбтари деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3380 метр. Оби чашма газнок (кислотаи карбон – 87%, нитроген – 12,5%) буда, аз миёнаҳои дарёи Оқсу дар ҷазирачаи хурде мебарояд. Дебиташ 1,2–1,6 литр дар сония, минералнокиаш 1,53 грамм дар литр, ҳарорати обаш +37 – +38 °С. Таркиби оби чашма аз калсий (193 миллиграмм дар литр), натрий (71,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), калий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (756 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (69,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (335 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), метаборат (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин литий, оҳан, никел, фтор, бром, рух ва сурб иборат аст. Барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима тавсия карда мешавад. Онро метавон барои обзан (ванна) ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои маъдании Тсагвери ва Шови (Гурҷистон) наздик аст. Қизилтумшуқ Қизилтумшуқ, оби минералии гарм дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Аз пармачоҳ (чуқурии 500–700 метр) ҷорӣ мешавад. Бӯи тези гидрогенсулфид дорад. Таркибаш аз хлоридҳо, сулфатҳо, натрий, калий, ҳамчунин йод, бром, бор, оҳан, алюминий, газҳои радон, карбоҳидрид, нитроген ва ғайра иборат аст. Он асосан барои табобати амбулаторӣ истифода мегардад. Тобистон барои беморони вазнин дар беморхонаҳои ноҳиявӣ чанд кат ҷудо карда мешавад. Дармонгоҳи обшифоӣ аз моҳи май то октябр фаъолият менамояд. 6 километр дуртар аз маркази ноҳия воқеъ гаштааст. Оби пармачоҳ барои табобати бемориҳои узвҳои такяву ҳаракат, силсилаи асабҳои канорӣ, бемориҳои занона, пӯст (псориаз, нейродермит, себорея, шукуфаи сурхи паҳн ва ғайра) нафъ дорад. Қизилчилга Қизилчилга, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 45 километр ҷанубтари ағбаи Оқбайтал, дар водии дарёи Сасиқсу ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 4500 метр, дебиташ 0,3 литр дар сония, минералнокиаш 2,42 грамм дар литр, ҳарорати обаш +4 – +7 °С. Таркибаш аз калсий (448 миллиграмм дар литр), магний (153 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (1392 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (293 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (11,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (67 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (54,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Он барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои хунгард, ҳаракат, системаи асаб, пӯст ва узвҳои ҷинсӣ тавсия карда мешавад. Меҳмонйӯл Меҳмонйӯл, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили чапи дарёи Оқсу, 2 километр ҷанубу ғарбтар аз деҳаи Қизилработ воқеъ аст. Дебиташ 0,2 литр дар сония, минералнокиаш 4,8 грамм дар литр; ҳарорати обаш +24 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (903 миллиграмм дар литр), калий (93,0 миллиграмм дар литр), калсий (93,0 миллиграмм дар литр), магний (16,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (2466 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (203 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (111 миллиграмм дар литр), кислотаи метаборат (42,0 миллиграмм дар литр), радон (8,7 нанокюри дар литр), силикат (37,5 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, бемориҳои рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, талха, ихтилоли мубодилаи моддаҳо манфиатбахш аст. Ба обҳои маъдании Борҷоми наздикӣ дорад. Миёндара Миёндара, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Ванҷ, 55 километр шарқтар аз маркази ноҳияи Ванҷ воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3500 метр. Дебиташ – 1 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 1,65 грамм дар литр; ҳарорати об +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (800 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (260 миллиграмм дар литр), натрий (116 миллиграмм дар литр), магний (47,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (342 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (78,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (1,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин микроэлементҳо - оҳан, никел, мис, бор ва рух иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи гастрит, бемориҳои захми меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, холецистит, гепатит, пиелонефрит ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби ионӣ ба обҳои нарзании Кисловодск шабоҳат дорад. Навободак Навободак, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар соҳили чапи дарёи Яғноб (дар муқобили деҳаи Анзоб) ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2800 метр. Дебиташ – 0,2 литр дар сония, ҳарорати обаш 7 °С; таъми оҳан дорад. Аз оби чашма гази карбонат хориҷ мешавад. Таркиби он аз гидрокарбонатҳо, калсий, магний, кислотаи силикат иборат аст. Барои табобати бемориҳо истифода бурдан мумкин. Нахрхун Нахрхун, чашмаи минералии обаш сард. Дар соҳили рости дарёи Панҷ, 46 километр дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Дебиташ – 0,5 литр дар сония, минералнокиаш – 1,7 грамм дар литр, ҳарорати обаш +13 – +15 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (253 миллиграмм дар литр), калсий (230 миллиграмм дар литр), магний (43,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (1029 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (79,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (70,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (8,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Онро метавон барои ошомидан истифода кард. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Шови ва Тсагвери (Гурҷистон) наздик аст. Барои табобати бемориҳои аъзои ҳозима ва ихроҷи пешоб муфид мебошад. Наспар Наспар, чашмаи минералӣ. Дар ноҳияи Шуғнон дар масофаи 2 километр болотар аз резишгоҳи дарёи Наспар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3840 метр. Дебиташ 0,8–10 литр дар сония, минералнокии умумиаш – 0,6 грамм дар литр. Ҳарорати обаш +22 – +27 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (192 миллиграмм дар литр), калсий (6,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (161 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (152 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (18,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (6,6 миллиграмм дар литр), ҳамчунин фтор, руҳ, маргимуш, сурб ва молибден мавҷуданд. Оби чашма бӯи гидрогенсулфид мекунад. Барои табобати бемориҳои узвҳои хунгард, такяву ҳаракат, системаи асаб ва амрози занона муфид аст. Оби чашмаро метавон барои қабули обзан (ванна) ва ошомидан кор фармуд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ шабеҳи оби осоишгоҳҳои Белокурихаи кишвари Олтой аст. Немағс Немағс, чашмаи минералии обаш сард. Дар ноҳияи Шуғнон дар соҳили чапи дарёи Немағсдара (шохоби чапи дарёи Ғунд) воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3170 метр. Дебиташ 5,6–6,7 литр дар сония, ҳарорати обаш +6,0 °С. Дар таркиби оби чашма ангидриди карбон (449 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (20,0 миллиграмм дар литр), натрий (8,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (92,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (5,0 миллиграмм дар литр), радон (9,6 нанокюри дар литр) вуҷуд доранд. Оби чашма шифобахш буда, барои муолиҷаи гастрити музмин, гепатит, холетсистит, колит, проктосигмоидит, ихтилоли мубодилаи моддаҳо (диабет ва диатези бавлӣ-заҳрпешобӣ) муфид аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии осоишгоҳи машҳури Брамбахийск (Олмон) ва Дарасуни вилояти Чита (Руссия) шабоҳат дорад (вале минералнокиаш қадре кам аст). Обигарм Обигарм, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 76 километр дуртар аз шаҳри Хоруғ, дар баландии 2400 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ – 53 литр дар сония, ҳарорати обаш +27 – +31 °С. Дар таркиби оби чашма гази ангидриди карбон (960 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (233 миллиграмм дар литр), натрий (180 миллиграмм дар литр), магний (52,0 миллиграмм дар литр), калий (38,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (872 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (232 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (196 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (52,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин магний, оҳан, мис, никел, фтор, радон (8,6 нанокюри дар литр) ва бром мавҷуданд. Онро метавон барои обзан (ванна)-ҳо, ингалятсия ва ошомидан истифода бурд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Дарасун (вилояти Читаи Россия) ва Лагунск (Украина) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхароҳа ва узвҳои ҷинсӣ нафъ дорад. Обигарм Обигарм, гурӯҳи чашмаҳои минералии обашон гарм. Дар доманаи ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Қаротегин, дар канори шаҳраки ҳамноми Обигарм ҷой гирифтааст. Бино ба тақсимоти маъмурӣ маҳалли мазкур тобеи шаҳри Роғун аст. Маълумоти нахустин оид ба чашмаҳо аз соли 1870 (К. А. Абрамов) ибтидо мегирад. Дар бораи чашмаҳо В. Ф. Ошанин (1878), В. Н. Вебер (1913), Г. Андреев (1916), И. И. Бездека (1925), Н. Л. Корженевский (1925) ва дигарон низ тадқиқот кардаанд. Аз рӯи таркиби физикию кимиёвӣ обҳо ишқорӣ, сулфатдор, хлориди натрийдор мебошанд. Минералнокии онҳо суст (0,9 грамм дар литр) ва ҳарораташон 45 – 55 °С аст; миқдори кислотаи силикат 20 – 30 миллиграмм дар литр. Дар таркиби обҳо ҳамчунин анионҳои сулфат ва хлор, катионҳои натрий ва калсий, камубеш гидрокарбонатҳо, магний, нитритҳо, микроэлементҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол – алюминий, титан, манган, мис, силитсий, молибден, стронсий, барий, бор, фтор ва ғайра вуҷуд доранд. Аз ҷиҳати таркиби кимиёвӣ ба обҳои минералии Иссиқота (Қирғизистон), Ткваригели ва Схалтубо (Гурҷистон) наздик мебошад. Соли 1946 осоишгоҳи «Обигарм» ташкил карда шуд, ки аз оби минералии пармачоҳҳо истифода мекунад. Обисафед Обисафед, чашмаи гарми минералӣ дар ноҳияи Ғарм; 22 километр шимолу ғарбтари деҳаи Ҳоит, дар водии дарёи Қарокушхона воқеъ аст. Оби чашма аз роғҳои тектоникии байни табақаи оҳаксангу варақсангҳои силури боло чорист. Дебиташ 10 – 12 литр дар сония, ҳарорати об 51 °С. Оби чашма аз қабили обҳои силитсий (50 миллиграмм дар литр), фтор (11 миллиграмм дар литр), сулфати гидрокарбонати натрийдор буда, дар таркибаш инчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, никел, титан, молибден, волфрам, мис, сурб, нуқра, руҳ, қалъагӣ, германий, галлий, бор, бериллий, барий, стронсий, литий ва дар ҳолати ҳалшуда гази азот мавҷуд аст. Онро ба мақсадҳои муолиҷа (ванна) истифода бурдан мумкин аст. Обшир Обшир, чашмаи минералии обаш сард дар водии дарёи Чичкрӯди ноҳияи Айнӣ. Чашма дар минтақаи тектоникӣ (рӯгечаи байни ҷинсҳои палеозой - аз боло ва таҳнишастҳои мезозой - аз поин) ҷой гирифтааст. Дебиташ 0,3 литр дар сония, ҳарорати обаш 11 °С. Чашма ба гурӯҳи обҳои дорои гази карбонат, сулфиди гидроген, силикат, гидрокарбонату сулфат, калий, магний ва натрий мансуб аст. Он ҳамчунин ба миқдори ниҳоят кам манган, титан, волфрам, мис, сурб, бериллий, стронсий, литий, инчунин дар ҳолати ҳалшуда гази сулфиди гидроген ва дар ҳолати озод гази карбонат низ дорад. Оби шифобахши чашмаро барои муолиҷаи баъзе бемориҳо истифода бурдан мумкин аст. --- Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 383–385.

0