Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Опера

Унсурҳои опера дар санъати сарояндагии бостонии тоҷик бештар дар драмаҳои мусиқии халқӣ дида мешаванд. Дар яке аз онҳо – «Муғулча» (аз тарафи се ё чор ҳаваскор таҳти ҳамовозии ҳамин қадар навозанда дар ҷашнҳои оилавию мардуми Бадахшон суруда мешуд) аз оғоз то ба охир нақши Домод вокалӣ буда, нақши Муғулча танҳо ба воситаи рақс иҷро мегардид. Нахустнамоиши аввалин операи тоҷикӣ «Шӯриши Восеъ» 16 октябри 1939 баргузор гашт. Намоиши мусиқии «Лола» («Тюлпан», мусиқии С. А. Баласанян ва С. Ю. Урбах, 1939) барои ба вуҷуд омадани нахустин опера ва балети тоҷик замина гузошт. Соли 1940 Театри мусиқии тоҷик ба Театри опера ва балет (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) табдил дода шуд. «Шӯриши Восеъ» (таҳияҳои нави он солҳои 1941, 1945, 1958, 1974) нахустин операи миллӣ буд. Ба саҳна омадани операи «Евгений Онегин» ба забони тоҷикӣ (1946) аз баланд рафтани сатҳи маҳорати ҳунарпешагон (Онегин – А. Муллоқандов, А. Наматиев; Татьяна – Т. Фозилова, Р. Ғолибова) гувоҳӣ медод. Барои театри опера ва балети тоҷик ба саҳна гузоштани асарҳои П. И. Чайковский мактаби бузурги мусиқии касбӣ гардид. «Модари қарамашшоқ» («Пиковая дама» 1948, 1958, 1968, 1991) идомаи кор аз рӯи асарҳои П. И. Чайковский буд. Дар саҳнаи театри опера ва балет асарҳои «Афсона дар бораи шоҳ Султон» (1949), «Шаби моҳи май», (1950), «Аруси шоҳ» (1953, 1973), «Мосарт ва Салери» (1983), операҳои «Княз Игор»-и А. Бородин (1949, 1953, 1980), «Парии обӣ»-и А. Даргомижский (1951, 1984), «Азозил»-и А. Рубинштейн (1955, 1982), «Мазепа» (1956) ва «Ярмаркаи Сорочинск»-и М. Мусоргский (1971), «Иван Сусанин»-и М. Глинка (1967), «Алеко»-и С. Раҳманинов (1968, 1996) намоиш дода шуданд. Барои бачагон операҳои «Кулоҳсурхак»-и И. Кюи (1956, 1969, 2001), «Рӯбоҳи фиребгар»-и М. Светков (1961), «Сафедак»-и Э. Колмановский (1975), «Кафши тилоӣ»-и А. Спадавекқиа (1988), «Карлик-бинӣ» (1994), «Нозанин ва ваҳшӣ»-и Т. Шаҳидӣ (1995) ва дигарҳо офарида шуданд.

Дар рушди санъати опера таҳиягарон Р. Корох, Н. Фрид, А. Баранников, Б. Мартов, А. Бакалейников, А. Макаревский, С. Усмонов, Ш. Низомов ва дигарон, дирижёрон В. Чернов, Л. Левин, Г. Рисман, Э. Айрапетянс, Д. Далгат, И. Чудновский, И. Абдуллоев, А. Ниёзмамадов, Б. Меробов ва дигарон, хормейстерҳо К. Марожников, Х. Муллоқандов, А. Мелехин, Х. Маҷидов ва монанди инҳо саҳми назаррас гузоштанд. Аз ҳунарпешагони рус Г. Лерская, С. Зарифян, Г. Бенеманская, С. Баринский, Н. Чередникова, В. Дубовик, Р. Волберг, А. Матеосов, В. Ризванович, В. Першина, Н. Бесстрашнов, Л. Нерсесова, Ю. Ягунова, Н. Карасева, Г. Зорина, Н. Буряк, Н. Свешникова, В. Свиридова, Р. Соколская, А. Денисов, Е. Андреев, Г. Федюк ва мисли инҳо дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик ҳунарнамоӣ намуданд. Операҳои Ш. Сайфиддинов– «Рӯдакӣ» (1976) ва «Айнӣ» (1978) симои барҷастаи асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик ва нависандаи забардасти асри 20-и тоҷикро нишон додаанд. Асарҳои бадеӣ низ маводди хубе барои операҳои Д. Дӯстмуҳаммадов «Лаънаткардаи халқ» (1973) ва «Қишлоқи тилоӣ» (1981) гаштанд. Афсонаи халқии «Бузаки чингилапо» барои Ф. Одинаев баҳри офаридани операи ҳамноми кӯдакона (1987) асос гардид. Охири асри 20 ва ибтидои асри 21 операҳои «Амир Исмоил»-и Т. Шаҳидӣ (1999) ба муносибати 1100-солагии Давлати Сомониён ва операи нави «Рустам ва Суҳроб»-и Т. Сатторов (2001) аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ рӯи саҳна омаданд. Х. Мавлонова аввалин зани тоҷик аст, ки санъати вокалиро аз худ намуда, беҳтарин шоҳкорҳои операи классики ҷаҳониро (Тоска, Аида, Лиза, Дездемона, Ярославна, Мария ва дигарон) иҷро кардааст. Вай эстафетаро аз нахустин сарояндагони операи тоҷик Т. Фозилова, Р. Ғолибова, А. Бобоева қабул намуда, ба қуллаҳои баланди санъати опера расонд.

Солҳои 2004–16 дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷики ба номи С. Айнӣ коргардони итолиёвӣ Ч. Колела бо ҳамкории коргардонҳои театр С. Темурова ва Ш. Низомов оперераҳои «Аида»-и Ҷ. Верди, «Богема»-и Ҷ. Пуччини (ба забони итолиёвӣ), «Кармен»-и Ж. Бизе (ба забони фаронсавӣ), «Бастиен ва Бастиенна»-и В. Мотсарт (ба забони олмонӣ)-ро ба саҳна гузошт. Дар давоми солҳои 2004–20 операҳои тозаҷоди оҳангсози маъруф М. Бафоев «Шайҳуррайс Абӯалӣ ибни Сино» (либреттои К. Олимов), асарҳои классикии ҷаҳонӣ «Сартароши севилӣ»-и Ҷ. Россини, «Трубадур»-и Ҷ. Верди намоиш дода шуданд. Дар мавсими театрии соли 2014 операи нави М. Бафоев (либреттои Низом Қосим) дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Борбади Марвазӣ манзури тамошобинон гардид. Дар давоми солҳои 2020–21 театр афсонаҳои «Хонаи Заргушбибӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов (либреттои Н. Бақозода), «Рӯбоҳи ҳилагар»-и М. Светаева, «Бузаки чингилапо», «Сафедак», «Буратино» ва ғ., операҳои «Комде ва Мадан»-и З. Шаҳидӣ, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусо, опереттаҳои «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Дугонаҳо», «Кони пурганҷ», «Маликаи чардаш»-и И. Калман ба саҳна гузошта шуданд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 683.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.