Саришитхарв
Саришитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Дар водии сойи Саришитхарв, 52 километр дуртар аз маркази ноҳия ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 3300 метр. Дар ин мавзеъ оби чашма ҳашт роҳи баромад дорад. Дебиташ 0,3–0,5 литр дар сония, минералнокиаш 2,27 грамм дар литр, ҳарорати обаш 8 – 12 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (263 миллиграмм дар литр), натрий (91,0 миллиграмм дар литр), магний (91,0 миллиграмм дар литр), калий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонат (909 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (339 миллиграмм дар литр), ангидриди карбон (458 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (102 миллиграмм дар литр), ҳамчунин оҳан, радон (3 нанокюри дар литр) мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъда, рӯда, ҷигар, талхадон, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин истифода бурдан мумкин аст. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби минералии Аршанск (Бурятистон) шабоҳат дорад.
Сасиқбӯлоқ
Сасиқбӯлоқ, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Дар соҳили ҷанубии Яшилкӯл, дар баландии 3800 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Роҳ ба сӯи чашма аз тарафи деҳаи Булункӯл мегузарад. Минералнокиаш 0,55 грамм дар литр, дебиташ 2–4,6 литр дар сония, ҳарорати обаш 22–32 °С. Дар таркиби оби чашма натрий (59,0 миллиграмм дар литр), калсий (10,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (11,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (50,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (50,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (11,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силикат (35,0 миллиграмм дар литр), фтор (6,4 миллиграмм дар литр), радон (1,1 нанокюри дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, маргимуш ва молибден мавҷуданд. Онро барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, роҳҳои талхарон, панкреатит, дарди мафосил (колит) истифода мебаранд. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби осоишгоҳи Ачалуки (Гурҷистон) шабоҳат дорад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385–386.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




