Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Оқсуқон

Оқсуқон, кӯли шӯрест дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд. Дар соҳили рости дарёи Сир, дар доманаи қаторкӯҳи Қизилҷар воқеъ аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 420 метр. Масоҳаташ 12 километри мураббаъ, тӯлаш 5 километр, бараш то 2,5 километр; умқаш қариб 1 метр. Баҳорон кӯл аз оби барфу борон пур мешавад, тобистон обаш дар натиҷаи бухори зиёд хушк шуда, қабати намак боқӣ мемонад. Гиле, ки дар зери намак ҷамъ шудааст, шифобахш аст. Мавсими табобат дар кӯл моҳи июл оғоз ёфта, то сентябр давом мекунад. Тобистон боришот кам аст, боронгариҳо тирамоҳ сар мешаванд.

Маълумоти нахустин оид ба Оқсуқон охири асри 19 пайдо шудааст. Вале аҳолии таҳҷоӣ гили шифобахши онро аз замонҳои қадим истифода мебурданд. Таҳқиқоти аввалини гидрогеологӣ ва физикию кимиёвии кӯл соли 1887 сурат гирифт. Ранги сиёҳи гили кӯлро олимон ба мавҷудияти пайвастҳои сулфури оҳан дар он нисбат медиҳанд. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон ионҳои натрий ва калсий (то 95%), ҳамчунин хлор (то 90–95%) ва сулфатҳо (4–5%) бартарӣ доранд. Вобаста ба мавсим ва маҳал дараҷаи ғилзат (консистенсия)-и лойқа гуногун мешавад. Чунончи, лойқаи соҳилҳо нисбатан дурушт буда, лойқаи қисми наздик ба маркази кӯл нарм ва «обакӣ» аст. Ҳангоми омезиш бо об лойқа массаи якранги часпак ҳосил мекунад. Оби лойқаи шифобахш бояд аз 40–60% зиёд набошад. Дар таркиби лойқаи Оқсуқон хлориди натрий (74,86%) ва сулфати магний (7,76%) хеле бисёр аст. Вазни хоси лойқа 1,85–1,87 аст. Соли 1951 дар назди кӯл табобатхона кушода шуд. Ночӯриҳои асаб, гардиши хун, фаъолияти ғадудҳои эндокринӣ ва мубодилаи моддаҳоро дар андомгон ба сомон меорад. Инчунин дар Оқсуқон остеохондроз, тарбод (ревматизм), артрит, бемориҳои меъда, рӯдаҳо, талхадон, ҷигар, ғадуди зери меъда, гурда, амрози занона, простатит, бенаслӣ, бемориҳои пӯст табобат карда мешаванд. Лойи Оқсуқонро дар шифохонаҳои Хуҷанд, Хоҷаобигарм, Обигарм, Тошкент, Фарғона, Чортоқ истифода мебаранд.

Оқтош

Оқтош, Шаймак, чашмаи минералӣ дар ноҳияи Мурғоб. Тақрибан 128 километр ҷанубу шарқтари деҳаи Қизилработ дар баландии 3860 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Оби чашма дар соҳили рости дарёи Оқсу аз 16 мавзеи хурд мебарояд. Атрофи чашма шибарзамин аст. Дебиташ 3–5,3 литр дар сония, ҳарорати обаш +15 – +27 °С. Таркибаш аз калсий (31,0 миллиграмм дар литр), магний (11,0 миллиграмм дар литр), натрий (7,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (12,0 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (35,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (6,0 миллиграмм дар литр), ҳамчунин аз мис, никел, руҳ, сурб ва маргимуш иборат аст. Оби чашмаро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои ҳозима, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва роҳҳои пешоб истифода мебаранд.

Ривак

Ривак, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Шуғнон. Дар водии дарёи Ғунд, 32 километр шимолу шарқтар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,9 литр дар сония; ҳарорати обаш +8 °С. Таркиби оби чашма аз ангидриди карбон (555 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (51,0 миллиграмм дар литр), катионҳои калсий (93,0 миллиграмм дар литр), натрий (20,0 миллиграмм дар литр), магний (10,0 миллиграмм дар литр), оҳан (5,0 миллиграмм дар литр), калий (3,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (329 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (44,0), хлоридҳо (3,0 миллиграмм дар литр) иборат аст. Оби чашма шифобахш буда, барои табобати бемориҳои санги пешобдон ва талхадон, дарди мафосил, гепатит, холангит ва душворҳаракатии талхароҳа муфид мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ва хосиятҳои физикӣ ба оби осоишгоҳи Лебарден (Гурҷистон) ва чашмаи Молоковскии вилояти Читаи Россия наздик аст. Оби чашма тавассути қубурҳо ба водӣ ҷорӣ мешавад. Аз он нӯшокии минералии «Бадахшон» истеҳсол мекунанд.

Ростошитхарв

Ростошитхарв, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 56 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар баландии 3900 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дебиташ 0,8 – 1,9 литр дар сония, минералнокиаш – 0,98 грамм дар литр, ҳарорати обаш +8 – +10 °С. Дар таркиби оби чашма калсий (136 миллиграмм дар литр), натрий (72,0 миллиграмм дар литр), магний (23,0 миллиграмм дар литр), гидрокарбонатҳо (366 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (278 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (88,0 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (14,0 миллиграмм дар литр) мавҷуданд. Барои муолиҷаи бемориҳои аъзои хунгард, ҳозима ва роҳҳои нафаскашӣ истифода мешавад. Вобаста ба таркиби кимиёвӣ ба оби нарзани доломитии Кисловодск наздик аст.

Рохарвдара

Рохарвдара, чашмаи минералии обаш сард. Тақрибан 7,5 километр ғарбтар аз маркази ноҳияи Ванҷ, дар соҳили рӯди Рохарвдара, дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Ҳарорати обаш +18 °С; дебиташ 1,4 литр дар сония. Дар таркиби обаш катионҳои калсий (145 миллиграмм дар литр), магний (21,0 миллиграмм дар литр), натрий (12,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (612 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (97,0 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (5,0 миллиграмм дар литр), ангидриди озоди карбон (700 миллиграмм дар литр), ҳамчунин никел, руҳ, мис ва кобалт мавҷуданд. Минералнокии умумиаш 1,6 грамм дар литр. Омили асосии шифобахши чашма оби минералнокиаш ками дорои карбонатҳо ва калсий мебошад. Онро барои муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, ҷигар, роҳҳои пешоб ва ихтилоли мубодилаи моддаҳо истифода мебаранд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 385.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.