Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Тағкамар

Тағкамар, чашмаи минералӣ. Дар нишебии шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисор, 103 километр шимолтар аз шаҳри Душанбе, дар соҳили чапи дарёи Яғноб ҷой гирифтааст. Баландиаш аз сатҳи баҳр 2600 метр. Дебиташ – 0,04 литр дар сония, ҳарорати обаш – 7,5 °С. Дар таркиби оби чашма кислотаи силикат, маргимуш, молибден, литий, сезий, стронсий, ҳамчунин манган, никел, титан, хром, сирконий, мис, сурб, нуқра, руҳ, бор, барий мавҷуданд. Онро метавон бо мақсади табобати бемориҳо истифода бурд.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.