Санъати балет
Балети тоҷик дар натиҷаи анъанаҳои ғании рақси миллӣ ва омӯхтану истифодаи таҷрибаи хореографияи русӣ ва ҷаҳон ба вуҷуд омадааст. Унсурҳои миллии балет қарнҳои зиёд дар рақсҳои халқӣ ва классикии тоҷикӣ («Кордбозӣ», «Калтакбозӣ», «Нағорабазм» ва ғ.) вуҷуд доштанд, ки ҳангоми сайругаштҳои халқӣ ва баргузории ҷашнҳо иҷро мешуданд. Баъди барпо шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон дар заминаи балети классикӣ ва санъати рақси миллӣ балети касбии тоҷикӣ таваллуд ёфт. Соли 1936 дар назди Театри мусиқии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ) таҳти сарварии иҷрокунандагони моҳири рақси миллӣ Ғ. Валаматзода, А. Исҳоқова, С. Хоҷаев, М. Файзибоева, Г. Пассаров, Ӯ. Ҳомидов ва дигарон гурӯҳи рақсӣ таъсис дода шуд, ки барои драмаҳои мусиқӣ («Восеъ»-и С. Баласанян, «Лола»-и С. Урбах ва С. Баласанян ва ғ.) саҳнаҳои рақсӣ меофариданд. Баъди ба Тоҷикистон омадани балетмейстерҳои рус (1936) дар баробари омӯхтани рақси тоҷикӣ аз балети классикӣ низ машғулиятҳо доир мешуданд. Нахустин кори мукаммали гурӯҳи балетӣ «Шаби балет» (1939) буд. Барномаҳои рақсӣ («Гулсара», «Лола»), саҳнаҳои хореографии операҳои нахустини тоҷикӣ («Шӯриши Восеъ», «Коваи оҳангар») барои намоишҳои ояндаи балет дар саҳнаи тоҷикӣ асос гузоштанд. Дар театр омӯзиши нозукиҳои балет ва рақси классикӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1941 ҳайати эҷодӣ аз намоиши саҳнаҳои ҷудогонаи хореографӣ ба балет гузашт. Нахустин балети тоҷик «Ду гул» (мусиқии А. Ленский, устоди рақс К. Голейзовский) ном дошт, ки дар заминаи омезиши устокоронаи санъати балет ва рақси миллии тоҷикӣ эҷод шудааст. Дар он аввалин ҳунарпешагони балети тоҷик А. Азимова, А. Исҳоқова, О. Исомова, Ғ. Валаматзода, М. Қобилов, У. Рабимов, С. Баҳор ва дигарон ҳунарнамоӣ кардаанд. Минбаъд театр «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Гертел (1943), «Фаввораи Боғчасарой»-и Б. Асафев (1945), «Кӯли қувон»-и П. Чайковский (1947, 1956, 1962, 1983) ва дигар балетҳоро манзури бинандагон менамуд. Балеринаи тоҷик Л. Зоҳидова нахустин ҳунарпешаи тоҷик аст, ки сазовори унвони Артисткаи халқии ИҶШС гардид. Соли 1947 Ғ. Валаматзода дар саҳнаи Театри опера ва балети тоҷик «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанянро таҳия намуд. Соли 1949 муаллифон ва иҷрокунандагони асосии ин намоиш С. Баласанян, Ғ. Валаматзода, Е. Чемодуров, Л. Зоҳидова ва М. Қобилов ба дарёфти Мукофоти давлатии ИҶШС мушарраф гардиданд. Баъдан балети тоҷикӣ ба мавзӯъҳои таърихию қаҳрамонӣ, ишқию афсонавӣ ва ғайра рӯй овард. Балетҳои «Дилбар»-и А. Ленский, «Афсонаи кӯҳистон», «Писари Ватан» ва «Винни Пух ва ҳама чиз»-и Ю. Тер-Осипов, «Темурмалик»-и М. С. Ашрафӣ ва «Алибобо ва чиҳил роҳзан»-и Г. Александров аз ҷумлаи онҳо буданд. Инчунин осори классикон («Шелкунчик»-и П. Чайковский, «Жизел»-и А. Ш. Адан, «Ромео ва Ҷульетта»-и С. Прокофьев, «Дон Кихот»-и А. Минкус, «Болеро»-и М. Равел, «Хонум ва авбош»-и Д. Шостакович) ба ғанишавии репертуар ва сайқал ёфтани маҳорати эҷодии артистони балети тоҷик боис шуд. Солҳои 1958—1961 ба ҳайати эҷодии Театри опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ як гурӯҳ хатмкардагони студияи тоҷикии омӯзишгоҳи хореографияи Ленинград (ҳоло Академияи балети рус ба номи А. Ваганова): Б. Исаева, М. Собирова, Ш. Турдиева, Г. Головянс, Л. Гусакова, Н. Мадёрова, М. Бурҳонов, Қ. Холов ва дигарон ҳамроҳ шуда, намоишҳои нав: «Шурале»-и Ф. Ярулин (1962), «Бо роҳи озарахш»-и Қ. Қароев (1963); «Класс-концерт» аз рӯи мусиқии оҳангсозон (1972); «Маскарад» (1973), «Офариниши олам»-и А. Петров (1982) ва барномаи классикӣ — «Шопениана» (1961), «Шелкунчик» (1971, 1991), «Нозанини хуфта»-и П. И. Чайковский (1975), «Баядерка»-и Л. Минкус (1974), барои бинандагони хурдсол намоишҳои «Духтур Айболит»-и Н. Морозов (1952, 1963, 1977, 1992), «Петя ва гург», мусиқии С. Прокофьев (1963), «Буратино»-и Н. Собитов (1965, 2001), «Оҳуи тилоӣ» (1969), «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Г. Александров (1983), «Хурдакак ва Карлсон» (1977) ва «Винни Пух ва ҳама»-и Ю. Тер-Осипов (1981), «Найи сеҳрнок»-и М. Атоев (1985), «Маликаи барфин»-и К. Тушен (1988) ва ғ.-ро ба саҳна гузоштанд. Июни 1977 ҳайати ҳунарпешагони балети тоҷик дар Фестивали байналхалқии «Куопио мерақсад» (Хелсинки) иштирок намуда, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и С. Баласанян ва «Жизел»-и А. Ш. Аданро намоиш доданд. Инчунин дастаи ҳунарии балети тоҷикӣ он солҳо дар чандин мамлакати ҷаҳон — Малайзия, Сингапур, Тайланд, Ҳиндустон, Покистон ва ғ. ҳунарнамоӣ карда, бо муваффақиятҳои калон баргаштаанд. Дар рушди санъати балети тоҷикӣ саҳми М. Собирова хеле бузург аст. Ӯ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст.
Солҳои 60–90 дар барномаи театр балетҳои нави миллӣ: «Қиссаи кӯҳсор» (1964) ва «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов (1967, 2000); «Темурмалик»-и М. Ашрафӣ (1972), «Марги судхӯр» (1978), «Достони кӯҳсор» (1985) ва ғ. пайдо шуданд. Барномаи театриро классика («Калисои модархудои Порис»-и С. Пуни, 1989), асарҳои муаллифони муосир («Кармен сюита»-и Ж. Бизе ва Р. Щедрин, 1981; «Макбет»-и К. Молчанов, 1984; «Ситора ва марги Хоакин Мурет» ба мусиқии А. Рибников, 1987; «Павана мавра»-и Г. Пёрселл, 1988; «1001 шаб»-и Ф. Амиров, 1986 ва ғ.) оро медоданд. Дар намоишномаҳои хореографии театри тоҷикӣ ҳунарпешаҳои Театри калони Маскав М. Кондратова, Е. Рябинкина, Г. Ледях, Б. Хохлов; Санкт-Петербург И. Колпакова, С. Викулов, Н. Кургапкина, Ф. Рӯзиматов; театри Ереван В. Галстян; балеринаи итолиёвӣ Л. Кози ва дигар ҳунармандони балети хориҷӣ иштирок намудаанд.
Майи 1989 дар ш. Душанбе нахустин Озмуни минтақавии артистони ҷавони балет ба номи М. Собирова баргузор гардид. Соли 1991 ин озмун байналмилалӣ гардида, довталабонро аз бисёр шаҳрҳои ҷаҳон ҷамъ овард.
Балети тоҷик дар давраи истиқлол. Баъди соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон балети миллӣ бино бар ҳаводиси сиёсию иҷтимоӣ муддате ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид, аксари раққосони таҷрибадида саҳнаро тарк карда, қисмате аз ҷумҳурӣ ҳиҷрат намуданд. Баробари ба эътидол омадани вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ якчанд тадбирро ба нақша гирифтанд. Бинои театр таъмиру тармим гардид ва гурӯҳи эҷодии боқимонда сарфи назар аз душвориҳо корро идома дод. Дар давоми чанд соли ахир балети тоҷикӣ мутахассисони ҷавонро ҷалб намуда, як силсила асарҳои нав, аз ҷумла: «Эҳтиёткории беҳуда»-и П. Л. Гертел (1990), «Юсуф ва Зулайхо»-и Т. Шаҳидӣ (аз рӯи достони Абдурраҳмони Ҷомӣ, 1991), «Сиёвуш» (муаллиф ва устоди рақс С. Азаматова) ва «Мақоми ишқ»-и Ф. Баҳор (1992), «Гули анор»-и Ю. Мамедов (1993), «Хоби ҳайкалтарош» дар асоси мусиқии Ф. Лист (1997), «Карашмаҳои муҳаббат»-и В. Мотсарт, «Буратино»-и Н. Собитов, «Писари Ватан»-и Ю. Тер-Осипов ва ғ.-ро ба намоиш гузошт. Як зумра раққосу раққосаҳои ҷавон ба арсаи ҳунар баромаданд. Тӯли солҳои ахир ҳайати эҷодии театр балети «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский ва балет-ораторияи оҳангсози маъруфи тоҷик Ф. Баҳор «Мақоми ишқ»-ро ба саҳна гузошт. Ин намоишномаро ҳайати эҷодии театр моҳҳои июн–июли 2014 ҳангоми сафари ҳунарӣ дар ш. Берлин (Олмон) ба тамошобинон пешкаш кард. Соли 2018 барои дӯстдорони санъати касбӣ намоиши бачагонаи «Буратино», инчунин (2019) балетҳои «Шелкунчик»-и П. И. Чайковский ва «Золушка»-и С. Прокофев, «Хусрав ва Ширин»-и А. Мусоев, «Хонум Пик»-и П. Чайковский (2020) манзури тамошобинони ҷавону наврас гардонида шуданд.
Баҳри баланд бардоштани сатҳи санъати балет дар давраи истиқлол бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 Коллеҷи ҷумҳуриявии хореография ба номи М. Собирова (аз 2007) таъсис дода шуд, ки барои ансамблҳои рақсӣ ва Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ мутахассисони касбии соҳаи хореография омода мекунад.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 681–682.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




