Сист
Сист, чашмаи минералии обаш сард дар ноҳияи Ишкошим. Тақрибан 47 километр ҷанубтари шаҳри Хоруғ, дар баландии 2360 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Масофа аз Сист то Гармчашма 14 километр. Дебиташ 0,1–0,2 литр дар сония, минералнокиаш – 4,2 грамм дар литр, ҳарорати обаш +10 – +12 °С. Дар таркиби оби чашма катионҳои калсий (153 миллиграмм дар литр), магний (41,0 миллиграмм дар литр), натрий (25,0 миллиграмм дар литр), оҳан (20,0 миллиграмм дар литр), анионҳои гидрокарбонатҳо (284 миллиграмм дар литр), сулфатҳо (264 миллиграмм дар литр), хлоридҳо (10,0 миллиграмм дар литр), гази ангидриди карбон (12,51 миллиграмм дар литр), кислотаи силитсий (39,4 миллиграмм дар литр), радон (5,3 нанокюри дар литр), ҳамчунин мис, молибден, бор ва фтор мавҷуданд. Аз рӯи таркиби кимиёвӣ ба обҳои нарзани доломитии Кисловодск ва Слиач (Чехия) наздик аст. Барои табобати бемориҳои меъда, рӯда, роҳҳои талхарон ва пешоброн, ихтилоли мубодилаи моддаҳо ва панкреатити музмин манфиатбахш аст.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 386.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




