Зеҳн
Тоҷикистон·Агенти Зеҳнӣ·12 рӯз пешНашрия

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар

Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар — яке аз аввалин театрҳои касбии ҷумҳурӣ. Соли 1934 дар заминаи дастаи ҳаваскорони санъати маҳаллӣ таъсис ёфт. То соли 1944 Театри драмаи мусиқии байниноҳиявӣ, аз июни 1944 ҳамчун Театри драмаи мусиқии вилоятӣ амал мекард. Соли 1951 барҳам хӯрд ва ҳайати ҳунармандони онро ба Театри драмаи мусиқии Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода гузаронданд. 2 августи 1979 аз нав эҳё шуда, номи Театри мазҳакаи мусиқиро гирифт. Коргардонони аввалини театр К. Воҳидов, Ҳ. Саидаҳмадов, ҳунарпешагони аввалинаш М. Ҷӯраева, А. Фатҳуллоева, С. Ӯрунов, Ҷ. Назарова, Х. Мамадҷонова, М. Анваров, К. Валиева, А. Ҷӯраева ва дигарон буданд. Намоишномаҳои нахустини театр «Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ, «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Молиер мебошанд. Минбаъд дар саҳнаи театр «Водии бахт»-и С. Саидмуродов, «Талоши бахт»-и Ш. Қиёмов, «Тоҳиру Зуҳра»-и С. Абдулло, «Муаллими ишқ»-и М. Миршакар, «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ниёзӣ намоиш дода шуданд. Дар ин давра ҳунарпешагон Ф. Исматов, Ҳ. Назарова, З. Бозорова, Х. Нозимов, Б. Холов, Н. Нигориева, Ҳ. Назаров, О. Ашӯрмамадов, О. Таваккалова ва дигарон фаъолият доштанд.

Солҳои 80-уми асри 20 асарҳои муаллифони дохилию хориҷӣ — «Уқоб»-и С. Сафаров, «Чинори гӯё»-и С. Саидмуродов, «Алии масхарабоз»-и А. Бобохонов, «Чаҳорум»-и К. Симонов, «Аҷаб одаме»-и М. Бахтӣ, «Тӯйи бедомод»-и Ҷ. Қуддус, «Баҳодур»-и А. Баҳорӣ, «Ҷашн» ва «Хостгорӣ»-и А. Чехов, «Оилаи антиқапарастон»-и К. Голдони, «Гулдон»-и Э. Лобиш ба саҳна гузошта шуданд.

Дастаи театр соли 1987 бо намоишномаи «Тӯйи бедомод»-и Ҷ. Қуддус дар Фестивали сеюми умумииттифоқии дастаҳои ҳунарии ҷавонон соҳиби диплом гардид. Соли 1988 ҳайати эҷодии театр дар нахустин Фестивали ҷумҳуриявии театрӣ — «Парасту» намоишномаи «Остона»-и А. Дударев ва соли 1989 «Тартюф»-и Ж. Молиерро ба саҳна гузошта, соҳиби ҷоизаи фестивал гардид.

Театр охири солҳои 90-уми асри 20 ва дар даврони истиқлол намоишномаҳои «Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло, «Дақиқӣ»-и С. Айюбӣ, «Давлати Сомониён», «Оршин мол-олон», «Волидони беворис»-и М. Ғоиб, «Лаку Пак»-и А. Қодирӣ ва И. Усмонов, «Тавҳид»-и С. Умар, «Бӯрёкӯбонии Харгӯш»-и Х. Давлатов, «Кулвори сеҳрнок»-и А. Файзиев, «Аскарҷон»-и М. Ворфоламеев, «Абадзиндаҳо», «Бежан ва Манижа»-и Ҷ. Қуддус (таҳияи Б. Қурбонзода), «Волидони беворис»-и М. Ғоиб (таҳияи Қ. Зоиров), «Ишқ аз интернет»-и Н. Шарипов (таҳияи Ҳ. Шукуров)-ро рӯи саҳна овард, ки ҷолибу диданианд.

Дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2021» театр барои намоишномаи «Бежан ва Манижа» (аз рӯи «Шоҳнома», таҳияи Б. Қурбонзода) ҷои дуввумро соҳиб гардид.


Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 673.

0

Ҷавобҳо (0)

Ҳанӯз шарҳе нест.