Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон
Театри давлатии лухтаки шаҳри Бӯстон — ҳайати эҷодист, ки соли 1950 бо ташаббуси гурӯҳи ҳунарпешагони ҳаваскори Театри драма ва мазҳакаи русии шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон) таъсис ёфтааст. Нахустнамоиши театр «Гулаки сурх»-и А. Аксаков (1950) буд. Соли 1952 студияи лухтакбозон таъсис ёфт, ки А. Волохова, Н. Карпова, И. Морозов, Н. Полигалов ва дигарон ба ҳайати он дохил буданд. Дар ин солҳо театр қариб 30 намоишномаро аз рӯи афсонаҳои халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва рус ба намоиш гузошт. Соли 1965 дар Театри ҷумҳуриявии лухтак гурӯҳи тоҷикӣ ташкил шуд. Соли 1971 театр узви Иттиҳоди байналхалқии ходимони театри лухтак гардид. Соли 1979 ҳайати эҷодии театр дар Фестивали байналмилалии театрҳои лухтак дар шаҳри Тошканд иштирок карда, сазовори ҷоизаи махсус гардид (барои намоишномаи «Қиссаи аввал»-и А. Атобоев (аз рӯи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ)). Дар тӯли фаъолияташ театр беш аз 170 намоишномаро ба забонҳои тоҷикию русӣ ба саҳна гузоштааст, аз ҷумла «Бузаки чингилапо»-и Н. Бақозода, «Саодати уддабаро», «Парвоз ба Моҳ»-и Ф. Тошмуҳаммадов, «Чӯпонбача ва оҳуи тило»-и Ш. Қиёмов, «Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов, «Донаки сеҳрнок» ва «Суруди Бахтиёр»-и Н. Исломов, «Шаҳри тиллоӣ»-и Р. Маруҳян, «Шайтони гӯшдароз»-и Р. Мингалиев, «Уқобча»-и М. Супонин, «Алибобо ва роҳзанҳо»-и Б. Маслов, «Духтари ҷасур» ва «Эраҷ-паҳлавон»-и Ш. Қиёмов ва ғайра. Солҳои 90-уми асри 20 театр намоишномаҳоро, аз қабили «Хирсбачаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой», «Дурри нилгун», «Мишкаи дурӯғгӯй», «Хурӯсчаи гапногир», «Хуршед ва ҷодугари ғаммоз», «Се хукбача», «Рӯбоҳаки ҳилагар», «Дарахти зардолу», «Саргузашти Лаку Пак», «Тоқисурхак» ва ғайраро манзури тамошогарони хурдсол гардонд. Дар театр дар давраҳои гуногун гурӯҳи ҳунарпешагони бомаҳорат А. Волохова, М. Бойматова, У. Абдуллоев, И. Грибовская, Н. Бойматов, В. Пименова, Л. Лихнер, М. Алибоева, В. Одинаев, Ш. Юсуфова, К. Додарбеков, А. Боймуродов, С. Бобоев, С. Холов, А. Ҳоҷибоев, Н. Ахмедова, Насиба Ахмедова, А. Ахмедов, Ф. Мӯъминов, Р. Мӯъминов, В. Н. Лихачёва, Е. Крапоткина, С. Казансов, Р. Маҷидов, Н. Числов, З. Зиёева ва дигарон кор кардаанд. Дар пешравии театр В. Соколова, Пантелеймонова (директори театр), П. Поздняк, А. Аҳмадов, А. Тараханов, П. Рудометкин саҳми арзанда гузоштаанд. Аз соли 1988 саркоргардони театр Н. Шарифов аст. Театр ҳар сол 4 намоишнома (ба забонҳои тоҷикию русӣ) таҳия намуда, қариб дар ҳамаи ноҳияву деҳоти ҷумҳурӣ барои тамошогарони хурдсол намоиш медиҳад. Ҳайати театр чанд бор сазовори ҷоизаи Вазорати маданияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ гардидааст. Соли 1983 театр дар азназаргузаронии умумииттифоқии драматургия ва санъати театрии халқҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ барои намоишномаҳои «Суруди Бахтиёр» (таҳияи Е. Абраамян, рассом Т. Кислова) ва «Лаку Пак»-и И. Усмон ба Дипломи дараҷаи III-и Вазорати маданияти Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ, Котиботи Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Кумитаи Марказии Иттифоқи касабаи коркунони маданият сазовор гардид.
«Гулранг ва Хушранг»-и М. Миршакар, «Духтари ҷасур»-и Ш. Қиёмов, «Ҳар кӣ китобхон шавад, оқилу доно шавад»-и А. Мақсудов, «Лаку Пак»-и И. Усмон, «Рӯбоҳи маккор»-и Н. Аҳмадова, «Хирсчаҳои хушҳол», «Кали зирак ва бой»-и Н. Шарипов, «Гӯсолаи хасин»-и К. Мешков аз ҷумлаи намоишномаҳоеанд, ки театр солҳои ахир ба маърази тамошо гузошт.
Театр бо намоишномаҳои ҷолибу пурмуҳтаво пайваста дар ҷашнвораҳои театрӣ, аз ҷумла «Парасту» ва «Чодари хаёл» ширкат мекунад. Ҳунарпешагони театр дар фестивали ҷумҳуриявии «Парасту-2003» бо намоишномаи «Дарахти дӯстӣ биншон» (Н. Шарипов) ширкат карда, аз ҷониби тамошогарону мутахассисон баҳои баланд гирифтанд. Дар «Парасту-2019» намоишномаи «Зумрад ва Қимат»-и Н. Маҳкамова ва дар «Парасту-2021» намоишномаи «Лак ва Пак»-и Н. Шарипов сазовори ҷоизаи беҳтарин асари кӯдакона гардиданд.
Театри давлатии драмаи мусиқии Конибодом ба номи Туҳфа Фозилова
Яке аз театрҳои аввалини Тоҷикистон аст. Солҳои 1925–26 нахустин театри ҳаваскорӣ таъсис ёфт, ки дар ҳайати он аввалин муаллимон К. Ҳусейнзода, И. Тӯрахонов, М. Нозиров, Ҳ. Қобилов, С. Шерматов ва ҷавонони 15–18-сола, аз ҷумла К. Ёрматов дохил буданд. Соли 1930 дар заминаи дастаи ҳаваскорӣ театри касбӣ таъсис ёфт. Калонтарин намоиши он «Ҳалима»-и Ғ. Зафарӣ буд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳаваскорони боистеъдод интихоб гардид, ки анъанаи мардумии иҷрогариро ба театр оварданд. Дар кори басаҳнагузорӣ ва таҳияи намоишномаҳои аввалин артистони театр Б. Неъматов, М. Ғаффоров, Ҳ. Қосимов фаъолона иштирок доштанд. Барои рушди эҷодии ҳайат коргардонони театр Р. Розиқов ва С. Холматов саҳми басазо гузоштанд. Дар таъсиси театр мусиқинавоз Х. Азимов низ саҳми бориз дорад. Артисти халқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Тӯҳфа Фозилова, Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Л. Орифова, К. Маҳкамов ва дигарон фаъолияти эҷодиашонро аз саҳнаи ҳамин театр оғоз намуданд. Дар театр ҳунарпешагони маъруф ба монанди Ш. Қодирова, Т. Орифова, С. Ашӯрова, К. Дӯстматова, Ш. Каримова, Б. Ҷӯраев, Г. Шодиев, А. Неъматов ва М. Қодиров, М. Эргашева, И. Муҳаммадҷонова, Д. Баҳромова, Б. Содиқов, А. Аҳмадов, М. Мухторов, Х. Шарипов, Ш. Каримова, С. Ашӯрова, Қ. Дӯстматова, Б. Тоҷибоева, Т. Тоҷибоев, Л. Орифова, К. Маҳкамов, Т. Фозилова, М. Аҳмадов, М. Мавлонов ва дигарон ба камол расидаанд.
Барномаи театр ҷолибу рангин аст: «Найрангҳои Майсара»-и Ҳ. Ҳамза, «Гулсара»-и К. Яшин, «Ғолибият»-и Р. Ҷалил, «Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, «Комсомолон»-и М. Саидов, «Оршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, «Орият»-и М. Ҳалимова, «Туҳфа», «Виҷдон»-и Ҳ. Содиқ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Суруди кӯҳсорон»-и Ғ. Абдулло, «Сирри дилҳо»-и Д. Раҳмонов, «Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев, «Ишқи араб»-и П. Мериме ва ғайра. Солҳои 1941–56 бештар концерту асарҳои якпардагӣ («Дар сояи шипанг»-и Б. Раҳимзода ва М. Рабиев, «Пеш аз тӯй нағора»-и С. Саидмуродов, «Меҳмони азиз» ва «Домоди қаллоб»-и А. Чехов, «Таърифхӯҷаев»-и А. Деҳотӣ ва Б. Раҳимзода)-ро намоиш медод. Калонтарин намоиши театр «Сӯзании шоҳӣ»-и А. Қаҳҳор (1954) буд. Соли 1956 театр баста шуд ва ба ҷои он театри халқӣ амал мекард. Соли 1956 бо ташаббуси коргардону драманавис С. Саидмуродов театр эҳё шуд. Солҳои 70-уми асри 20 барномаи театр аз пйесаҳои С. Саидмуродов «Чинори гӯё», «Зафар ва Зарина» ва ғайра иборат буд. Соли 1979 як гурӯҳ хатмкардагони Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба ҳайати театр дохил шуданд. Баъдан асарҳои «Раъно», «Гаҳвораи заррин»-и С. Саидмуродов, «Тӯй»-и С. Ғанӣ, «Кӯчабоғи ошиқон»-и А. Шукӯҳӣ, «Гулҳои саҳро»-и М. Тӯйбоев, «Лайлӣ»-и М. Ҳоҷиқулов, «Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ, «Суруди кӯҳсор»-и Ғ. Абдулло, «Эшони Иллонта ва қории ҳиромон»-и А. Атобоев, «Гирдоб»-и С. Сафар, «Зангирӣ»-и Гогол, «Бемории хаёлӣ»-и Мольер саҳнаи театрро рангинтар гардонданд. Асарҳои «Бало қоим аст»-и Н. Ҳикмат, «Трибунал»-и А. Макаёнок, «Дуэл»-и М. Бойчиев, «Нурхон»-и К. Яшин, «Шаби пас аз хатм»-и Тендряков, «Шоҳина»-и А. Володин далели ҷустуҷӯю заҳматҳои эҷодию тахайюли рангини Т. Баҳромов буданд. Солҳои 90-уми асри 20 асарҳое назири «Кооперативи тумор»-и Ш. Қиёмов, «Як каллаву сад хаёл»-и У. Раҳимов, «Сӯҳони қазо»-и А. Абдуҷабборов, «Марги судхӯр»-и С. Айнӣ, «Парвона»-и Уйғун, «Гумроҳ»-и М. Юсуфов, «Умри гузарон»-и Аъзам Сидқӣ ва якчанд намоишномаи кӯдаконаро ба саҳна гузоштанд. Театр дар ин солҳо дар озмунҳо бо намоишномаҳои «Марги судхӯр», «Парвона», «Сӯҳони қазо», «Товони гӯсола» ширкат варзида, соҳиби ҷоизаҳо гардид (масалан, намоишномаи «Умри гузарон» Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандиро соҳиб шуд). Ибтидои соли 2000 Ю. Эргашев дар назди театр студияи актёрони наврасро ташкил намуд. Соли 2016 намоиши «Суди девонагон» (аз рӯи асарҳои «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир»-и Шекспир) дар таҳияи А. Ҳоҷақулӣ намоиш дода шуд. Театр дар саҳнаҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ фарҳангу санъати театри тоҷиконро муаррифӣ кард. Соли 2017 намоиши «Қорӣ-ишкамба»-и С. Айнӣ (таҳияи М. Музаффар) дар фестивали «Место в городе» (Бишкек) баҳои баланд гирифта, дар фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2019» соҳиби ҷои аввал гардид. Дар ду соли ахир «Карлсон»-и А. Линдгрен, «Қобил»-и Н. Шодмонов, «Роҳзан»-и М. Музаффар, «Саргузашти О ва Э», «Бозичаҳо»-и Ф. Ғаффорпур ба саҳна гузошта шуданд. Театр дар фестивали «Парасту-2021» бо намоишномаи «Садои қу»-и А. Чехов (таҳияи А. Ҳоҷақулиев) ширкат карда, Шоҳҷоизаро ба даст овард.
Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Ашт ба номи Маҳмудҷон Воҳидов
Муассисаи театрӣ аст. Марти соли 2016 таъсис шудааст. 25 барномаи консертию намоишномаро ба саҳна гузоштааст. Машҳуртаринашон «Мардикорон», «Вопасин арӯси амиралмуъминин», «Гулпарӣ», «Дар ҷустуҷӯи Бобои Барфӣ».
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 674–675.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




