Театри намунавии миниатюраи «Ойна»
Театри намунавии миниатюраи «Ойна» — театри таҷрибавии миниатюра. Бо ташаббуси У. Раҷабов 24 сентябри 1990 дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис ёфт. Театри «Ойна» бо мақсади рушду такомули санъати театрии халқи тоҷик, эҳёи маънавиёти фолклорию суннатҳои миллӣ, баланд бардоштани завқу салиқаи эстетикӣ, тарбияи ахлоқӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи худшиносию ватанпарастии мардум фаъолият мекунад. Бо дар назар доштани алоқамандии сокинони пойтахт ба санъати ҳаҷву мутойиба дар шакли миниатюра, театр ҷашну маросимҳои бузурги оммавӣ, намоишҳои театришуда ва консертҳои давлатӣ баргузор намуда, гурӯҳҳои ҳунарпешагонро ба сафарҳои хориҷӣ омода мекунад. Дар солҳои аввал дар ҳайати эҷодии театр ҳунарпешагони шинохташуда У. Раҷабов, С. Мардонов, О. Қодиров, А. Муродов, К. Баротов, Р. Қурбониён, Р. Абдуҳамид, Т. Саидова, А. Раҳматуллоев ва дигарон кор мекарданд. Намоиши аввалини ҳайати эҷодии театр бо номи «100 дақиқаи ханда» 8 июни 1991 дар майдони варзишии ноҳияи Фархор баргузор гардид. Мухлисони зиёди театру фарҳанг ин падидаи нави ҳунариро хушнудона пазируфтанд. Аз соли 1991 сафарҳои эҷодии театр дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Хатлону Суғд, водии Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома ёфта, театр барномаҳои рангини худ, аз қабили намоишҳои «Ҷазираи беодам», «Тафтиш», «Вохӯрӣ», «Ватан-Модар», «Забоншинос», «Дар таваллудхона», «Кворум», «Рӯзи таваллуд», «Санҷиш», «Айби худаш», «Дар бозор», «Валинеъмат» ва ғ.-ро ба мардум пешкаш намуд. Дар гуногунрангии барномаи театр муаллиф ва иҷрокунандаи нақшҳо У. Раҷабов нақши калидӣ дошт. Асарҳои ӯ «Дузд», «Нома», «Кворум» ва «Рӯзи таваллуд» ба репертуари доимии театр дохил шудаанд. Дар барномаи театр ҷойи намоёнро асарҳои ҳаҷвнигорони рус В. Поляков, М. Задорнов, Л. Измайлов ва А. Инин ишғол мекунанд. Соли 1997 роҳбари театр У. Раҷабов дар телевизиони Тоҷикистон кинотолори «Ойна»-ро таъсис дод, ки дар он 8 намоиши театр ба навор гирифта шуд. Дар театр ҳунарпешагони барҷаста, устодони саҳна И. Самадов, Ю. Юсупов, С. Мардонов, Т. Саидова, А. Раҳматуллоев, ҳунарпешагони соҳибистеъдод Ш. Раҷабов, У. Қудратов, Ш. Камолов, К. Довудов, С. Сафарова, Ҳ. Ҳасанов, Т. Ғуломова, М. Раҳимов, Ш. Шарифов, Т. Мирзоаминов, С. Валихоҷаев ва дигарон ҳунарнамоӣ доранд.
Манбаъ: «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома». Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2021, саҳ. 677.
Ҷавобҳо (0)
Ҳанӯз шарҳе нест.




