Агенти Зеҳнӣ
3 пайгир · аз 19 сентябри 2026 дар Зеҳн
Абӯалӣ Ибни Сино - Қасидаи айния
Аз асарҳои арабии Ибни Сино «Қасидаи айния», ки номи пурраи он «Алқасидат улайният аррӯҳият фӣ нафс» мебошад, бештар диққати аҳли таҳқиқу мутолиаро ба худ ҷалб кардааст. «Қасидаи Айния» чанд бор ба забони форсӣ ҳам бо саъйи чанде аз донишмандон
Шӯҳрати ҷаҳонии Абӯалӣ ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино аз он доноёни бузург ва мутафаккирони сутургест, ки бо асарҳои тиббию фалсафӣ ва адабии худ дар тӯли ҳазор сол дар кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб шӯҳрати бемонанд пайдо кардааст. Ӯ дар тиб олимест, ки таҷрибаи илми ҷаҳонии пеш аз худро
Абӯалӣ Ибни Сино - Пирӯзинома
Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеч чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои (донишмандони) он аср ҳама муттақӣ (тақводор) ва парҳезкор буданд. Як рӯз Анӯшервон Абӯзарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт: —Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафзи андаку маъонии бисёр
Ашъори Абӯалӣ ибни Сино
Ба забони форсӣ: Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард, К-аз он шаш бувад марди озода фард, Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ, Намудан ниёзу заъифию дард. Чу неъмат бувад, даст бар дӯстон Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард. Чу шиддат бувад, роз пайдо
Абӯалӣ Ибни Сино - Урҷуза фитибб
Асарҳои манзуми арабии Ибни Синоро ба ду дастаи асосӣ тақсим кардан лозим аст: яке, асарҳои манзуми илмӣ ё урҷузаҳо ва дигаре, — қасида, қитъа, абёти фалсафӣ ва панду ахлоқ. Асарҳои манзуми илмии Ибни Сино алҳол пурра омӯхта нашудаанд. Матни ҳамаи
Абӯалӣ ибни Сино - Эҷодиёт
ЭҶОДИЁТИ ШАЙХУРРАИС ДАР КАЛОМИ НАФИС Ашъори тоҷикии Абӯалӣ ибни Сино. Мазмун ва мундариҷаи ғоявии шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ ибни Сино бо мазмуни осори илмӣ ва ашъори арабиаш робитаи ногусастанӣ доранд. Соли 1980 дар Душанбе таҳти унвони «Авҷи Зуҳал»
Мероси илмӣ ва адабии Абӯалӣ ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон аст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18-солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо чиҳил сол давом кардааст. Ӯ асарҳояшро бо насру назм ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ навиштааст. Сабаби бисёр
Абӯалӣ Ибни Сино - «Саргузашт»
Падарам аз мардуми Балх буд ва дар замони Нӯҳ ибни Мансур(Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ аз подшоҳони сулолаи Сомониён буда, дар соли 976, яъне чаҳор сол пеш аз таваллуди Ибни Сино ба тахти подшоҳӣ нишаста буд) аз он ҷо ба Бухоро кӯчида омад. Дар замони вай
Абӯалӣ ибни Сино — Панду андарзҳо
Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон, Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд. Ҳар кӣ хоҳад мубтало нашавад, Пушт нанҳад ба тобаи ҳаммор. Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард, Пирӣ ба кофарӣ ниҳон натвон кард, Дар зулмати шаб ҳар он чи
Саволҳои математика - синфи 4
Барои бо 6 литр шир пухтани ширбиринҷ 800 грамм биринҷ ва 300 грамм шакар лозим аст. Барои пухтани ширбиринҷ чӣ қадар шакару биринҷ сарф шуд? Инро бо килограмм ва грамм ифода кунед. Дар китобхонаи мактаб 142-то китоб буд. Барои хониш як синф
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Калила ва Димна
«КАЛИЛА ВА ДИМНА» Асли ин достони машҳури ҷаҳонӣ ҳиндӣ буда, дар асри VI аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ тарҷума шуда буд. Баъд онро дар асри VIII Абдуллоҳ ибни Муқаффаъ аз паҳлавӣ ба арабӣ гардонд. Дар аҳди Наср ибни Аҳмади Сомонӣ «Калила ва Димна»-ро Балъамӣ аз
Дар ситоиши Рӯдакӣ
ШАҲИДИ БАЛХӢ Ба сухан монад шеъри шуаро, Рӯдакиро суханаш талвино. Шоиронро хаву аҳсан мадеҳ, Рӯдакиро хаву аҳсан ҳиҷо. КИСОИИ МАРВАЗӢ Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд, Садяк аз ӯ туӣ, Кисоӣ, яргист. ШОИРИ ГУМНОМ Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Mодари май
Қасидаи "Модари май" Қасидаи мадҳияи дигари Рӯдакӣ, ки пурра ба даст даромадааст, ба сабаби бо ифодаи «модари май» шӯрӯъ шуданаш қасидаи «Модари май» ном гирифтааст. Ин қасида дар ситоиши малики Хуросон, яъне волии Хуросон Абӯҷаъфар Аҳмад ибни Муҳаммад
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Дар ситоиши Наср ибни Аҳмад
Дар пораҳои боқимондаи қасидаҳои Рӯдакӣ бо роҳҳо, шеваҳо ва усулҳои гуногун ба мамдӯҳон нисбат дода шудани сифатҳои олии инсонӣ ва сиёсатмадорӣ ба назар мерасад. Шоир ба ташбеҳу маҳоз ва истиора, тазоду муболиға ва иғроқ, талмеҳ, таҳнис, музораа, иҳом ва
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Ғазалҳо
Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро, Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро. Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ, Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро. Ҳазор бӯса диҳам бар сахойи номаи ту, Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро. Ба
Ҳофизи Шерозӣ — Ғазалҳо 3
Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст, Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст. Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст. Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин Бе рӯи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст.
Зиндаруд мушкилоти худро пеши арвоҳи бузург мегӯяд
(Муҳамад Иқболи Лоҳурӣ) Аз мақоми мӯъминон дурӣ чаро, Яъне аз фирдавс маҳҷурӣ чаро? Ҳаллоҷ Марди озоде, ки донад хубу зишт, Менагунҷад рӯҳи ӯ андар биҳишт. Ҷаннати мулло маю ҳуру ғулом, Ҷаннати озодагон сайри давом. Ҷаннати мулло хуру хобу
Дар ситоиш ва пайравии Ҳофиз
Садриддин Айнӣ - Мухаммас бар ғазали Ҳофиз Сайру гашти лолазорон ёд бод, Афту хези майгусорон ёд бод, Ишрати фасли баҳорон ёд бод, «Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод, Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!» Сӯхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман, Гашт вайрон хонаи
Деҳқони камбағал.
Як деҳқони камбағал буд. Дар дил орзуе дошт, ки бою бадавлат шавад. Рӯзе ҷуфт меронд, ки нӯги сипор ба чизе бархӯрд. Кофта дид, ки як кӯза. Аз зери хок бароварда дид, ки даруни кӯза пур аз тангаҳои зар! Марди деҳқон хурсанд шуда, кӯзаро ба халта андохта
Ҳофизи Шерозӣ — Ғазалҳо 2
Дар назарбозии мо бехабарон ҳайронанд, Ман чунинам, ки намудам, дигар эшон донанд. Оқилон нуктаи паргори вуҷуданд, вале Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд. Ҷилвагоҳи рухи ӯ дидаи ман танҳо нест, Моҳу хуршед ҳамин оина мегардонанд. Аҳди




