Ашъори Абӯалӣ ибни Сино
Ба забони форсӣ:
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард,
Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дӯстон
Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рӯят аз дард зард.
Саволе наярзад саросар чаҳон,
Чу фарҷом бошад яке оқи сард.
Аҷал нардбоз асту мо мӯҳраем,
Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард.
Бо ҳар хасе зи рӯи ҳаво дӯстӣ мадор,
Бо ҳар касе зи содадилӣ рози худ магӯй.
Бо мардуми музаввири бадасли бадгуҳар,
Дар кӯи мардум зи паи дӯстӣ мапӯй.
Гар боядат, ки кам нашавад обрӯи ту,
Фармону ихтилоти фурӯмоягон маҷӯй,
Дар обрӯй кӯш, зеро ки оби рӯй.
Чун кам шавад, бад-ӯ напазиранд обрӯй.
ҒАЗАЛ ДАР ҲАҚҚИ БОДА
Ғизои рӯҳ бувад бодаи раҳиқ алҳақ,
Ки ранги ӯ кунад аз дур ранги гулро дақ
Ба ранг занг зудояд зи ҷони андӯҳгин
(Ё ки: Ақиқпайкару ёқутрангу лаълнишон)
Ҳумой гардад, агар ҷуръае бинӯшад бақ.
Чу дарчакад ба миёни қадаҳ зи ҳалқи сабӯҳ,
Ба лаҳни борбадӣ хуштар ояд он бақ-бақ.
Ба таъм талх чу панди падар, валек муфид,
Ба пеши мубтил ботил, ба назди доно ҳақ.
Май аз ҷаҳолати ҷуҳҳол шуд ба шаҳр ҳаром,
Чу маҳ ки аз сабаби мункирони дин шуд шақ.
Ҳалол гашта ба фатвои ақл бар доно,
Ҳаром гашта ба аҳкоми шаръ бар аҳмақ.
Шаробро чи гунаҳ з-он ки аблаҳе нӯшад?
Забон ба ҳарза кушояд, диҳад зи даст варақ,
(Ё ки: Гаҳе ба теғ барад дасту гаҳ ба сӯи баҳақ)
Ҳалол бар уқалову ҳаром бар ҷуҳҳол,
Ки май маҳак буваду хайру шарр аз ӯ муштақ.
Ғуломи он майи софам, к-аз ӯ рухи хубон
Ба як-ду ҷуръа барорад ҳазор гуна арақ.
Чу Буалӣ майи ноб агар хӯрӣ ҳакимона,
Ба ҳаққи ҳақ, ки вуҷудат ба ҳақ шавад мулҳақ.
Тарҷума аз арабӣ:
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост,
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик, он лаҳза ҳаётат дар фаност.
Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад,
Пояи поён нахоҳад ҳеҷ гоҳ хотир маро.
Хоҳам ин ки ворасам то қуллаи мақсуди худ,
Ё ки дар ин роҳ хобонад аҷал охир маро.
Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро,
Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо.
Чи қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,
Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.
Камолу фану ҳикматам сарзаниш
Намоянд аз нуқси худ ҳар куҷо.
Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд
Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.
Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,
Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.
Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд
Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.
Зи тарси шери ғуррон чоҳ кобанду зананд ав-ав,
Гирифт овози ин сагҳо валекин ман ҳамон шерам.
Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯи ман,
Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.
Агар чашми адолат будӣ дар ҷои адоват, пас
Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.
Хирад рад мекунад ҳар тири ҳуҷҷатро, ки меоранд,
Ба ҳалли мушкиле, гар аз масоил мешавад туғён,
Агар коре шавад пайдо, ки душвор аст ҳалли вай,
Намебинӣ яке аз муддаиҳоро дар он майдон.
Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун,
Касе ки ба ҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор.
Асири туст ҳама сиррат, ар ниҳон дорӣ,
Асири сирр бишавӣ, гар ҳамекунӣ изҳор.
Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри чоҳилон,
Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.
Нӯшидани бисёрро одат магиру гӯш кун:
Аз бода қонеъ шав ба кам, гоҳею андак нӯш кун.
Пайваста бар каф ҷомро бигрифтанат набвад раво,
Сархуш ба моҳе як карат бошӣ кифоят мар туро.
Ин манозил, ёди онҳоро намесозӣ магар?
Ҷояшон шуд маҳв бар тарзе ки нашносӣ дигар.
Селҳо шустанд асарҳои манозилро тамом,
Ончунон ки дида рухро шуст аз хуни ҷигар.
Нест гаштанд он асарҳо, ҳам ҷавониҳои ман,
Ин сафедии гулу мӯ кард бар ҳар ду зафар.
Омад аз пирӣ нишона ранги байзоӣ ба риш,
Аз бадӣ тарсонда мегӯянд: «Зи бад мекун ҳазар?»
«Ранг бинмо риши худ»—гуфтанд, гуфтам:«Хуб, нест,
Мӯсафеду мӯсияҳро марг кай созад назар»
Зи тақдиру аз гардиши сарнавишт,
Шикоят кунам бар худованд ман:
Ҷавонӣ гирифту ҷавон аст худ,
Ман оҳанрабо гаштам, оҳан-миҳан.
Хаста гардидам зи мижгоне, ки мебошад сиҳат,
Ҳам касал созанд онҳо, ҳам парасторӣ яқин.
Лутф бар ман кун висолатрою хушбахтам намой!
Медиҳад табдил ҷавҳарро араз баъзан чунин
Аё мижгонсияҳ! Оё на ҳар як духтару занро
Зи рӯи хислати хубӣ ба май ташбеҳ месозанд?
Чу май ҳастанд тиллоӣ, ки душман бохабар з-онҳо,
Ба дасти содиқон афтанд агар, бо лутф бинвозанд.
Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт,
Ҳастем санги сахт ману ту ба роҳи ишқ.
Хост аз гесӯи худ шабро кунад зоҳир, вале
Рахшиши рӯяш надод имкон, ки шабро оварад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё