Шӯҳрати ҷаҳонии Абӯалӣ ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино аз он доноёни бузург ва мутафаккирони сутургест, ки бо асарҳои тиббию фалсафӣ ва адабии худ дар тӯли ҳазор сол дар кишварҳои зиёди Шарқу Ғарб шӯҳрати бемонанд пайдо кардааст. Ӯ дар тиб олимест, ки таҷрибаи илми ҷаҳонии пеш аз худро ҷамъбаст намуда, барои ояндагон асарҳои арзандае ба ёдгор гузоштааст, ки роҳи минбаъдаи илмро муайян кардаанд. «Урҷуза фиттиб» ва «Алқонун», ки дар таърихи илми тиб ҳамто надорад, ҳанӯз дар асри XII аз тарафи Ҷерарди Кремонӣ (1114-1187) баргардонида шудаанд. Баъдҳо онро Андрей Алпагус таҳрир ва ислоҳ намуд. Соли 1279 Натан-та-Меатӣ (Ҳамматӣ) «Алқонун»-ро ба яҳудӣ тарҷума кард. Баъд аз ихтирои дастгоҳи чоп «Алқонун» ба забони лотинӣ нахустин бор соли 1473 дар Венетсия ва соли 1491 дар Неапол нашр гардид. Дар асри XV он боз 15 бор ва дар асри XVI зиёда аз 20 маротиба чоп шуд. Аз ҷиҳати миқдори чоп «Алқонун» бо китоби муқаддаси масеҳиён «Библия» баробар меомад. Мукаммалтарин тарҷумаи лотинии «Алқонун» ба қалами Племпий мутааллиқ аст, ки он дар соли 1658 дар Лвов чоп шудааст. Матни аслии арабии он соли 1593 дар Рим (Итолиё) нашр шуд. Дар як расми кандакории асрҳои миёна, ки дар Аврупо кашида шудааст, Абӯалӣ ибни Сино тоҷ бар сар ва дар ду паҳлӯяш Буқрот ва Ҷолинус акс ёфтаанд. «Алқонун» ба бисёр забонҳои дигари ҷаҳони мутамаддин низ гаштаю баргашта тарҷума ва нашр шудааст. Онро Данте, Леонардо да Винчӣ, Кант, Андрев Везалий хонда, аз он иқтибосҳо овардаанд. «Алқонун» дар тӯли асрҳо китоби рӯимизии табибони рӯи олам буд. Он ҳоло ҳам аҳамияти илмии худро гум накардааст. Асари дигари шайхурраис «Урҷуза фиттиб» ба забонҳои лотинӣ, яҳудӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, немисӣ, руминӣ, ӯзбекӣ, русӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудааст. Охирин тарҷумаи лотинии Антониус Деузингиус соли 1649 дар Нидерландия нашр шуда буд. То имрӯз асарҳои Абӯалӣ ибни Сино ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва чоп мешаванд.
Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар таърихи фалсафаи ҷаҳон чунон бузург аст, ки мувофиқи эътирофи умум баъд аз Арасту (384-322 қабл аз мелод) касе дар олами фалсафа монанди Абӯалӣ ибни Сино пайдо нашудааст. Олимони ин соҳа дар Шарку Ғарб ба ӯ пайравӣ кардаанд. Ибни Рушд, Умари Хайём, Муҳаммади Ҷурҷонӣ, Насируддини Тӯсӣ, Қутбиддини Шерозӣ, Ҷалолуддини Давонӣ ва дигарон ба таълимоти фалсафаи ӯ пайравӣ кардаанд. Сичери Брабантӣ (асри XIII) асосҳои таълимоти худро аз асарҳои фалсафии Ибни Сино гирифтааст. Ҳанӯз соли 1593 дар Рим тарҷумаи лотинии «Нахот» чоп шуда буд. Соли 1951 хонум А. Гуашею онро ба фаронсавӣ баргардонда, интишор дод. Асарҳои адабии Абӯалӣ ибни Сино низ ба бисёр забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд. Аз замони зиндагии Абӯалӣ ибни Сино сар карда, мухолифони зиёди ғоявии ӯ ба муқобили вай ҳамла мекарданд. Ғазолӣ, Фахриддин Розӣ, Амир Хисрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фомаи Аквинӣ ва амсоли инҳо аз он қабил буданд. Аксу минёатураҳои зиёде, ки дар мамлакатҳои мусулмонӣ ва кишварҳои Ғарб роҷеъ ба Ибни Сино кашида шудаанд, аз шӯҳрати ҷаҳонӣ ва муҳаббати халқҳо ба ин нобиғаи оламшумул дарак медиҳанд. Дар Тоҷикистону Эрон дар хусуси зиндагии Абӯалӣ ибни Сино филмҳову намоишномаҳо офарида шуда, ашъори ӯ бо оҳангҳои халқӣ ва Шашмақом суруда мешаванд. Соли 1954 бо қарори Шӯрои умумиҷаҳонии Сулҳ аз рӯи ҳисоби солшумории ҳичрӣ ва соли 1980 бо қарори ЮНЕСКО дар тамоми дунё ҷашни 1000-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид. Даҳҳо кӯчаву хиёбонҳо, мактабҳо, омӯзишгоҳу донишкадаҳо, корхонаҳо ва бунгоҳҳои нашру табъ дар Тоҷикистону Эрон, Афғонистону Узбекистон, Туркия, Покистон ва кишварҳои дигар ба номи Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуданд. Дар Душанбе ва Бухоро ҳайкалҳои биринҷии ин алломаи беҳамто чун нишони абадият қад афрохтанд.
ДУ РИВОЯТ АЗ УСУЛИ ТАБОБАТИ ИБНИ СИНО
Хоҳарзодаи Қобус сахт ранҷур гашт ва замоне дароз паҳлу бар бистари нотавонӣ ниҳод. Табибони шаҳр бо ҷиддияти балеғ ва ҷаҳди кофӣ даста - даста ба муолиҷат бар болинаш нишастанд ва ба аҷзи тамом бархостанд. Рӯз ба рӯз қуввати бемор дар нуқсон ва бемориаш дар зиёд шудан мебуд ва ҳеҷ ғизо ва ҳеҷ даво суде намедод. Қобусро аз он ранҷурӣ ва лоилоҷӣ малолате бепоён буд. Рӯзе ба арз расониданд, ки ин вақтҳо табибе ба ин шаҳр даромада ва дар ташхиси (шинохтани) бемориҳо яди байзо* (Яди байзо--киноя аз дасти мӯъҷизакор.) менамояд ва дар илоҷи беморон дами Масеҳо (Исои Масеҳ, ки бо дами худ мурдаро зинда мекард) ба кор мебарад. Қобус чун инро бишнид, бо шитоби бисёр ба ҳозир кардани ӯ фармон дод; мулозимонаш назди Шайх шитофта бедиранг ба дарбораш бурданд; сипас қабул ёфта ба боргоҳ даромад. Ҷавоне дид хубрӯи мутаносибулаъзо, ки талъаташ ғайрати офтоб ва туррааш хиҷлати мушки ноб буд. Ҳанӯзаш аз баногӯш хат надамида ва санини умраш ба бист нарасида. Шайх наздики бистари бемор биншаст, замони ибтидои бемориро бипурсид ва набз бигрифт ва қорура (зарфи пешоб.) бихост, ба аломат ва далелҳои тиббия мутаваҷҷеҳ гашт, соате ба фикрат фурӯ рафт ва гуфт: «Акнун маро шахсе бояд ки ҷамеъи маҳаллаҳо ва хонаҳои шаҳр бишносад». Он гоҳ мардеро, ки аз ҳама ҷо огоҳ буд, ҳозир карданд. Пас бифармуд, то хонаро аз ағёр холӣ карданд. Чун ба тавре ки мехост, хона хилват гашт, он мардро ба назди худ хонд ва биншонид, набзи бемор бигрифт ва гуфт: «Нахуст номи маҳаллаҳоро баён кун» Ҳама як-як мешумурданд, то ба маҳаллае расиданд, ки аз зикри он маҳалла шараён (раги хунгард)-ро дар зери ангуштони Шайх ҳаракати мухталиф падидор гашт. Шайхурраис ҳисси набз аз даст бидод, он мардро бифармуд, ки: «Хонаҳоеро, ки дар он маҳалла аст, баршумор». Сипас набз бигрифт, ҳуш бар набз ва гӯш бар гуфтори он мард фаро дод ва мард ҳаме номи хонаҳо мегуфт, то ба номи хонае расид, ки шараёнро ҳолатҳои мухталифа ва аломатҳои ғариба зоҳир гашт. Шайхурраис набзро аз даст раҳо карда гуфт: «Каси дигар мехоҳам, то номҳои бошандагони он хонаро бидонад». Мардеро ба ин сифат ҳозир намуданд. Шайх ба ӯ гуфт: «Номҳои бошандагони он хонаро ягон-ягон бозгӯй» Пас ангуштон бар набз ниҳод ва гӯш бар гуфтори мард бидӯхт, он мард номҳоро як ба як мегуфт, то он ки номе бар забон ронд, ки набз аз кори табиӣ монда ба ҷунбишу ларзиш афтод; агарчӣ дар ҳар бор ҳолатҳои бадания низ дигаргун мегашт, дар ин бори охирин зиёда тағйир ёфт. Шайхурраис рӯй ба мӯътамадони Қобус кард ва гуфт: «Ин писар бар фалон духтар, ки дар фалон хона ва дар фалон кӯй ва фалон маҳалла аст, ошиқ аст, аз дарди фироқ ва ранҷи ҳиҷрон ба ин ҳол дарафтода, дармони он дард ва чораи он ранҷ дидори маъшуқ ва васли маҳбуб аст. Дар тамоми амалҳо аз он ҷавони ранҷур ҳолатҳо ва гуфторҳое зоҳир мегашт, ки бар дурустии ин мулоҳиза далели равшан буд. Баъд аз итмоми маҷлис ва таҳқиқи матлаб муҳаққақ гашт, ки кор чунон аст ва боиси беморӣ ҳамон. Сипас ин ҳолро ба арзи Қобус расониданд, Қобусро аҷаб омад, табибро талаб кард. Шайхурраис чун ба ҳузури Қобус даромад ва бо вай сухан дарпайваст, аз нишонаҳо, ки пеш аз он дар сурати Шайх дида буд, ӯро шинохт, аз ҷой бархост, дар канораш гирифт ва бар маснади худ биншонид ва гуфт: «Эй афзали файласуфон ва эй акмали донишмандон, аз ташхиси он беморӣ бозгӯй!». Шайхурраис гуфт: «Чун набз ва тафсара (пешоб) ва аломоти дигар бидидам, донистам, ки ин беморӣ дар ибтидо аз бемориҳои бадания набудааст, аз нохушиҳои нафсония будааст ва чун яқин медонистам, ки он бемор аз ҳаё сирри худро пинҳон хоҳад дошт, ночор усули ташхисро дар ҳамин роҳ дидам, ки арз кардам, ба фаросат дарёфтам, пас сурати моҷаро ошкор гашт». Маликро зиёда хуш омад, офаринҳо хонд, ба инъому тӯҳфаҳо ва ба икрому эъҷоз чандон бинавохташ, ки ҳеҷ камбудӣ надошт. Пас гуфт: «Эй ҷалилтарини ҳакимон ва эй хирадмандтарини файласуфон, ҷавон ва духтар хоҳарзодагони ман ва бо якдигар холазодагонанд, ихтиёре некӯ кун, то духтарро барои ин писар ба ақди издивоҷ пайвандем». Пас Шайх ба ҳасби фармони Қобус ихтиёре муайян кард ва ақд барбастанд. Ҷавон дар андак замон аз он ранҷи бисёр халосӣ ёфт. __________________________________ Яке аз умаро, ки худ аз мунтасабони салтанат буд, ба марази молихулё (савдоӣ, хаёлӣ) гирифтор шуд: дар хотири вай чунон нақш гирифта буд, ки худ гови фарбеҳе шудааст. Ҳамарӯза бонг ҳамекард ва ҳар кас ба наздики ӯ мерафт, ӯро ба ранҷ медошт ва мегуфт: «Инак, ман гови фарбеҳам, маро бикушед ва аз гӯшти ман ҳарисае некӯ фароҳам кунед». Рӯзгоре бар ин аҳвол баргузашт ва марази вай ҳар рӯз беш аз пеш мегардид. Рафта-рафта шиддати он мараз ба ҷое расид, ки аз хӯроку нӯшок ҳеҷ намехӯрд ва аз ин рӯ ӯро лоғарии аз ҳад зиёд ориз шуда буд. Табибон аз муолиҷат оҷиз омаданд, лоҷарам тафсили мараз ва аҷзи табибонро дар ҳазрати Алоуддавла (*ҳокими Исфаҳон) арза доштанд ва хоҳиш карданд, ки Шайхурраисро ба муолиҷат баргуморад. Пас Алоуддавла Шайхро бихост ва бифармуд, то он маразро муолиҷа намояд. Шайх парасторони беморро бихонд ва аз моҳияти мараз чунончи бояд огоҳӣ ёфт, гуфт: «Биравед, ӯро башорат диҳед, ки инак қассобро хабар кардаем, ҳамеояд то туро бикушад». Бемор чун ин хабар бишнид, шодии бисёр кард, аз ҷой бархост ва биншаст. Шайх ба дари сарои бемор омад ва худ корде ба даст гирифта бо як-ду тан аз мулозимон ба даруни сарой рафт ва фарёд зад: «Гове, ки ӯро бояд куштан, дар куҷост? Берун биёваред, то бикушем!». Бемор чун ин бишнид, аз манзиле, ки дошт, монанди садои гов бонге кард, яъне: «Ин ҷост!». Шайх фармуд: «Ӯро миёни сарой бикашед ва ресмон биёваред, ки дасту пои ӯро бубандед». Беморро чун ин садо ба гӯш расид, аз ғояти хушҳолӣ бархоста ба миёни сарой даромад ва бар паҳлу бихуфт. Пас дасту пои ӯро сахт маҳкам бубастанд. Шайх худ наздик омад ва корд бар корд бимолид ва биншаст ва даст бар паҳлуи ӯ мезад, чунон ки одати қассобон аст. Пас гуфт: «Ин гов сахт лоғар аст, имрӯз барои куштан хуб нест, чанд рӯз ӯро улуфа (алафу ем) диҳед, то фарбеҳ шавад, он гоҳ ӯро бикушем». Ин бигуфт ва аз паҳлуи ӯ бархост ва дастуруламал дод, ки хӯроку нӯшок дар пеши ӯ баранд, гӯянд: «Бихӯр, то фарбеҳ шавӣ ва зудтар туро бикушанд». Бемор аз шавқи он ки зудтар кушта шавад, ба хӯрдан даромад ва бад-он сабаб ҳар гуна хӯроку нӯшок бад-ӯ доданд ва доруҳои муносиб хӯрониданд ва табибон ба фармудаи Шайх даст ба муолиҷат баркушуданд ва дар андак замон бемор аз он марази саабулилоҷ (душвормуолиҷа) халос ёфт. Алоуддавларо аз он тадбири соиб ва ин илоҷи неку зиёда шигифт (тааҷҷуб) омад ва бар таҳсину офаринаш биафзуд.
ДУ ҲИКОЯТИ ХАЛҚӢ ДАР БОРАИ ИБНИ СИНО
Ҳикоят
Овардаанд, ки рӯзе амири Сомонӣ Абӯалиро имтиҳон карданӣ шуд. Ӯ ба пешхизматони худ амр намуд, ки дар зери чор пояи курсии Абӯалӣ чор танга гузоранд. Онҳо амри ӯро ба ҷо оварданд, вале Абӯалӣ аз ин кор қатъиян хабаре надошт. Вақте, ки Абӯалӣ омада курсии худ нишаст, рӯй ба ҷониби осмон кард ва боз ба ҷониби замин нигоҳ карда, аз тааҷҷуб ва ҳайрат сари худро ҷунбонидан гирифт. Амири Сомонӣ гуфт: — Ҳакими замонро чӣ чиз дар тааҷҷуб андохтааст, ки ин қадар мутаҳайиранд? Абӯалӣ гуфт: — Ман имрӯз чунин дармеёбам, ки тахти ман ба миқдори пушти корде баланд гашта ё худ осмон ҳамон миқдор ба замин наздик шудааст. Амири Сомонӣ ва аркони давлаташ ба камоли ҳис ва эҳсосоти ӯ таҳсин ва офарин намуданд.
Ҳикоят
Чунин нақл мекунанд, ки беморонро аз ҳар куҷо оварда, дар сари роҳи Абӯалӣ менишониданд. Вақте ки Абӯалӣ ҳар рӯз субҳ аз хонаи худ берун мебаромад, аввал ба як тараф нигоҳ карда, беморони дар ҳамон ҷониб нишастаро ҳолпурсӣ мекард ва мегуфт: — «Ин фалон мариз аст, илоҷи вай ин аст». Дар вақти бозгаштан ба ҷониби дигар нигоҳ мекард ва бо дастури боло илоҷи беморонро муқаррар мегардонид. Рӯзе ба беморе бо диққат нигоҳ карда истода, дар бораи илоҷи дарди вай чизе нагуфт ва ба тарафи беморони дигар гузашта рафт. Аз ин муомилаи Абӯалӣ ба он бемор ҳолати аҷибе рӯй дод… Вай аз зиндагӣ тамоман дил канд ва аз сиҳат ёфтан даст шуста, хоҳиш намуд, ки ӯро зуд бардошта ба хонааш баранд. Дар хона ба наздикони худ гуфт: — Эй азизон, дар фикри тобуту кафани ман бошед, кори ман нашуд. Абӯалӣ донистааст, ки дарди ман илоҷнопазир аст, бинобар ин ба ман аҳамияте надода гузашта рафт... Бемор ба марги худ интизор шуда нишаста буд, ки аз сӯрохии кунҷи хона море берун шуд. Дар ҳамон вақт дар байни хона косаи шир меистод. Мор ба оҳистагӣ худашро ба косаи шир наздик карда, шири косаро тамоман дам кашид, пас аз чанде ба замин ғалтида печутоб хӯрд ва дубора даҳонашро ба лаби коса ниҳода, шири хӯрдагиашро тамоман қай кард. Вақте, ки мор ба сӯрохи хона даромада аз назар пинҳон шуд, бемор ба чунин андеша афтод: «Чун бемории ман илоҷнопазир аст ва дигар умедворӣ надорам, ҳолам соат ба соат бад мешавад, беҳтар он аст, ки ин ширро хӯрда ҷонамро аз азоб халос кунам». Ӯ бо ин фикр ба пеш ҳаракат кард ва косаи ширро гирифта тамоман дам кашид. Вале, баръакси интизории бемор дарди ӯ рӯ ба таназзул3 ниҳод, соат ба соат сиҳат ёфтан гирифт. Бемор дубора ба худаш умедворӣ пайдо кард. Баъд аз чанд рӯз ҳангоме ки худашро тамомаи дуруст ҳис кард, фармуд, ки ӯро дубора ба сари роҳи Абӯалӣ ниҳанд, то ки ба он муомилаи Абӯалӣ эътироз баён кунад. Хоҳиши ӯро иҷро мекунанд. Вақте ки Абӯалӣ аз хона баромад, ӯро дид, дар тааҷҷуб афтод ва пурсид: — Эй мард, ту қайи мори афъиро аз куҷо ва ба чӣ тавр пайдо кардӣ? Илоҷи касалии ту вобаста ба хӯрдани қайи мори афъӣ буд. Азбаски ҳосил кардани он бисёр душвор ва ғайри мумкин буд, ман он рӯз ба касалии ту дахл накарда будам. Марди бемор воқеаро ҳамон навъе, ки рӯй дода буд, нақл карда медиҳад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё