Зеҳн

Абӯалӣ Ибни Сино - Урҷуза фитибб

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Асарҳои манзуми арабии Ибни Синоро ба ду дастаи асосӣ тақсим кардан лозим аст: яке, асарҳои манзуми илмӣ ё урҷузаҳо ва дигаре, — қасида, қитъа, абёти фалсафӣ ва панду ахлоқ.

Асарҳои манзуми илмии Ибни Сино алҳол пурра омӯхта нашудаанд. Матни ҳамаи урҷузаҳо ҳанӯз ба табъ нарасидаанд. Дар бораи моҳият ва мақсаду вазифаи урҷузаҳо Ибни Сино дар муқаддимаи «Урҷуза фитиб» чунин изҳори ақида мекунад:

«Барои ҳакимону фозилони қадим тааммул шуда буд, ки хизмати подшоҳон, амирон, халифаҳо, вазирон, қозикалонҳо ва фақеҳонро ба ҷо оварда, асарҳои мансуру манзум, санъатию илмӣ тасниф ва таълиф намоянд, махсусан табибони шоир (аз ин доира бар канор набуданд). Ин табибшоирон бештар ба танзим ва таълифи урҷузаҳою маҷмӯаҳои (шеърӣ) мепардохтанд, ки дар натиҷа хушбаёнию лукнатзабонӣ ва моҳирию оҷизии онҳо равшан мегардид. Ба ин васила подшоҳон аз қонунҳои илми тиб ва усулҳои ҳакимӣ огоҳӣ меёфтанд...

Ман ба тариқи гузаштагон роҳ паймуда,... ҳамин «Урҷуза»-ро таълиф намудам. Он ҷомеи қисматҳо ва навигариҳои илми тибро дар бар кардааст, ки ороиши он ридои камолу рахти ҷамол аст, бо дарҳампечии саҳлу мавзунӣ осонфаҳм буда, заҳматталаб намебошад».

Аз ин мулоҳизаҳо сабаб ва мақсади дар илми тиб урҷуза навиштан маълум мегардад. Якум, урҷуза воситаи нишон додани ҳунари суханварӣ мебошад. Вазифаи урҷуза навиштан ин будааст, ки бо ороиши сухан ва мавзунӣ маънӣ осонфаҳмтар ва ба фаҳму завқ наздиктар мешавад. Бо ин роҳ кори шарафманде ба ҷо оварда мешавад, яъне дониши фаровон бо сухани некӯ баста мегардад. Дар ҳамин рисола гуфта шудааст, ки «шарафмандтарини ашхос—ин накӯкорону накӯ-гуфторонанд». Бо таълифи урҷуза ҳамин кори нек бо гуфтори накӯ ба ҷо оварда мешавад.

Дар «Урҷуза фитиб» мулоҳизаҳои боёне роҷеъ ба вазифаи шоиру табиб баён мешавад:

«13. Шоирон амирони забонанду табибон бошанд, подшоҳони бадананд.

  1. Яке рӯҳро бо фасоҳати калом ҳаловат бахшида, дигаре танро бо парасторӣ табобат мекунад.

  2. «Урҷуза» асарест, ки комилан дар маҷмӯи масъалаҳои илмӣ ва амалии тиб баҳс менамояд.

  3. Ман ҳоло он чи аз асарҳои насрӣ оид ба ин илми тиб азхуд кардаам, ба риштаи назм медарорам».

Дар ин ҷо ду ҷиҳати сухану шоирӣ қайд шудааст. Аввало, воситаи асосии шоирӣ сухан буда, шоир амири мулки сухан аст. Сониян, сухан тарбиятгари рӯҳи инсонӣ буда, ба маънавиёти одам дахл дорад, вай бояд инсонро аз ҷиҳати маънавӣ тарбия намояд. Азбаски «Урҷуза фитиб» дар шакли шеър ва бо маънии табибӣ таълиф шудааст, ин мулоҳизаҳои муаллиф бояд далолат ба арзиши амалии он мекарда бошанд. Яъне ин ки онҳо бо шакли шеърии худ рӯҳпарвар буда, дар айни замон барои табобати ҷисмонии ӯ ҳам ёрӣ мерасонанд. Ба таъбири дигар, ин урҷуза ҳам барои тан ва ҳам барои равон судманд аст.

Урҷузаҳои Ибни Сино дар соҳаҳои гуногуни дониш таълиф шудаанд ва аз қарори мулоҳизаҳои боло вазифаи онҳо дар шакли мӯъҷазу гуворо ба доираи васеи толибон расонидани маълумоти илмӣ мебошад. Аз ҷумла дар илми мантиқ «Урҷуза фи мантиқ» ва «Алқазоё фӣ мантиқ»-ро таълиф кардааст. Илова ба асари зикршуда, дар илми тиб ва соҳаҳои дигари дониш урҷузаҳои зеринро таълиф кардааст: «Урҷузат фи ташреҳ» — 98 байт, «Урҷузат филмуҷарработ фи тиб», «Урҷузат филусул аларбаат», «Алурҷузат фитиб», «Урҷузат фил-лвасоо уссабият», «Урҷузат уттинат фи васос Буқрот».

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2