Зеҳн

Абӯалӣ Ибни Сино - Пирӯзинома

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 9 дақиқа хондан

Дар рӯзгори Анӯшервони одил ҳеч чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои (донишмандони) он аср ҳама муттақӣ (тақводор) ва парҳезкор буданд.
Як рӯз Анӯшервон Абӯзарҷмеҳрро талаб кард ва гуфт:
—Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафзи андаку маъонии бисёр ҷамъ созӣ, чунон ки дар дунё судманд бошад.
Абӯзарҷмеҳр як сол мӯҳлат хост ва ин чанд каламотро (суханонро) ҷамъ кард ва «Зафарнома» ном ниҳод ва ба назди Анӯшервон бурд ва ӯро хуш омад ва шаҳре дар ақтои биафзуд (ба мулкҳои хусусии ӯ илова кард) ва фармуд, ки ин каламот (суханон) ба оби зар навиштанд ва доим бо худ медошт ва аксар авқот (бисёр вақт) ба мутолиати ин китоб мувозабат (кӯшиши пайваста) менамуд.
Абӯзарҷмеҳр забон бикшод ва гуфт:
—Аз устоди худ истифодат менамудам (мепурсидам) ва ӯ ҷавоб мегуфт:
Гуфтам:
—Эй устод, аз дунё чӣ хоҳам, ки ҳамаи некӯиҳо хоста бошам?
Гуфт:
— Се чиз: тандурустӣ ва эминӣ ва тавонгарӣ.
Гуфтам:
— Корҳо ба кӣ супорам?
Гуфт:
— Ба он кас, ки хештан шоиста бошад.
Гуфтам:
—Аз кӣ эмин бошам?
Гуфт:
—Аз дӯсте, ки ҳосид (ҳасадхӯр) набошад.
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки биҳиштро сазовор бошад?
Гуфт:
—Илм омӯхтану ба ҷавонӣ ба кори ҳақ машғул будан,
Гуфтам:
—Кадом айб аст, ки наздики мардум мӯътабар намояд?
Гуфт:
—Ҳунари худ гуфтан.
Гуфтам:
—Чун дӯсти ношоист падид ояд, чӣ гуна аз вай бибояд бурид?
Гуфт:
—Ба се чиз: ба зиёраташ —диданаш кам рафтан, аз ҳолаш напурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан.
Гуфтам:
—Корҳо ба кӯшиш бувад ё қазо (тақдир)?
Гуфт:
—Кӯшиш қазоро сабаб аст.
Гуфтам:
—Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некӯтар?
Гуфт:
—Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ.
Гуфтам:
—Ҳазар аз кӣ бояд кард, то растагор шавам?
Гуфт:
—Аз мардуми чоплус (хушомадгӯи фиребанда) ва хасис, ки тавонгар шуда бошад.
Гуфтам:
—Сахӣ кист?
Гуфт:
—Он кас, ки саховат кунад ва дилшод шавад.
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки мардум ҷӯянд ва касе тамом дарнаёфт?
Гуфт:
—Се чиз: тандурустӣ ва шодӣ ва дӯсти мухлис.
Гуфтам:
—Накӯӣ беҳтар ё аз бадӣ дур будан?
Гуфт:
—Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи накӯиҳост.
Гуфтам:
—Ҳеҷ ҳунар бошад, ки айб шавад?
Гуфт:
—Саховате, ки бо миннат бувад.
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки донишро бияфзояд?
Гуфт:
—Ростӣ!
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки бар далерӣ нишон аст?
Гуфт:
—Афв кардан, чун қодир шавӣ...
Гуфтам:
—Аз корҳо, ки оқилон кунанд, чӣ некӯтар?
Гуфт:
—Он кӣ бадро аз бадӣ нигоҳ дорад.
Гуфтам:
—Аз айбҳои мардум кадом зиёнкортар аст?
Гуфт:
—Он айб, ки аз мардум пӯшида набошад.
Гуфтам:
—Аз зиндагонӣ кадом соат зоеътар аст?
Гуфт:
—Он соат, ки некӯӣ дар ҳаққи касе тавонад кард ва накунад.
Гуфтам:
—Аз фармонҳо кадом фармонро хор набояд дошт?
Гуфт:
—Се: аввал – фармони Худойи бузург, дуюм — фармони оқилон, сеюм — фармони падару модар.
Гуфтам:
—Беҳтарини зиндагонӣ чист?
Гуфт:
—Фароғат ва эминӣ.
Гуфтам:
—Бадтарин марг чист?
Гуфт:
—Муфлисӣ.
Гуфтам:
—Чӣ беҳтар?
Гуфт:
—Хушнудии ҳақ...
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки муваддат—дӯстиро хароб кунад?
Гуфт:
—Чаҳор чиз: бузургонро бахилӣ, донишмандонро уҷб (худписандӣ), занонро бешармӣ ва мардонро дурӯғ гуфтан.
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки кори мардумро хароб кунад?
Гуфт:
—Сутудани (таърифи) ситамгарон.

Гуфтам:
—Дунё бо чӣ дартавон ёфт?
Гуфт:
—Ба фарҳангсипосдорӣ (эҳтироми дониш).
Гуфтам:
—Чӣ кунам, ки бар табиб хоҷат набошад?
Гуфт:
—Кам хӯрдан ва кам ба хоб рафтан ва кам гуфтан.
Гуфтам:
—Аз мардумон кӣ оқилтар аст?
Гуфт:
—Он кӣ кам гӯяд ва беш шунавад ва бисёр донад.
Гуфтам:
—Хорӣ аз чист?
Гуфт:
—Аз коҳилӣ (танбалӣ) ва фасод (бадахлоқӣ).
Гуфтам:
—Ранҷ аз чист?
Гуфт:
—Аз танҳоӣ.
Гуфтам:
—Чист, ки ҳамият (номус)-ро барад?
Гуфт:
—Тамаъ.
Гуфтам:
—Дар ҷаҳон чӣ нектар аст?
Гуфт:
—Тавозӯи (хоксорӣ) беминнат ва саховат, на аз баҳри мукофот.
Гуфтам:
—Дар ҷаҳон чӣ зишттар аст?
Гуфт:
—Ду чиз: тундӣ аз подшоҳон ва бахилӣ аз тавонгарон.
Гуфтам:
—Асли тавозӯъ чист?
Гуфт:
—Рӯй тоза доштан ва ба охир аз худ хуш будан.
Гуфтам:
—Тадбир аз кӣ пурсам?
Гуфт:
—Аз он кас, ки се фазилат дар вай бошад: — покӣ ва муҳаббати некон ва дониши тамом.
Гуфтам:
—Некӯӣ ба чанд чиз тамом шавад?
Гуфт:
—Ба тавозӯи бетавққӯъ ва саховати беминнат ва хидмати бе талаби мукофот…
Гуфтам:
—Чист, ки мардумон ӯро бад-он дӯст доранд?
Гуфт:
—Се чиз: дар муомила ситам накардан ва дурӯғ нагуфтан ва ба забон касеро наранҷонидан.
Гуфтам:
—Агар илм омӯзам, чӣ ёбам?
Гуфт:
—Агар хурд бошӣ, бузург ва номдор гардӣ, агар муфлис (нодор) бошӣ, тавонгар гардӣ ва агар маъруф бошӣ, маъруфтар гардӣ.
Гуфтам:
—Мол аз баҳри чӣ бошад?
Гуфт:
—То ҳақҳои мардум аз гардани хеш бигзорӣ ва захира аз барои падару модар бифиристӣ... ва душманро дӯст гардонӣ ва бо дӯсту душман мувосо кунӣ.
Гуфтам:
—Ҳеҷ чиз набошад, ки нахӯранду танро суд дорад?
Гуфт:
— Сӯҳбати некон ва дидори ёр ва ҷомаи нарм ва ҳаммоми мӯътадил ва бӯи хуш.


Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд, ки донотар кист?
Гуфт:
—Он ки неъмати дунё ба уқбо (он дунё) нагузинад.
Гуфтанд:
— Тавонгартар кист?
Гуфт:
— Он ки аз ақл тавонгартар аст.
Гуфтанд:
— Шараф чист?
Гуфт:
—Воҷиб гардонидани миннатҳои хеш дар гардани мардумон.
Гуфтанд:
—Чист, ки онро ҷӯянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
—Оқибати корҳо.
Гуфтанд:
—Чӣ ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
—Ҳасад!
Гуфтанд:
— Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
Гуфт:
—Адл.
Гуфтанд:
—Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?
Гуфт:
—Сабр.
Гуфтанд:
—Кадом ширин бошад, ки оқибат талх гардад?
Гуфт:
—Шитоб.
Гуфтанд:
—Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?
Гуфт:
—Номи нек.
Гуфтанд:
—Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дӯстон гиромитар (азизтар) аст?
Гуфт:
—Нафс.
Гуфтанд:
—Кадом беморӣ аст, ки мардум аз илоҷи он оҷиз оянд?
Гуфт:
— Аблаҳӣ.
Гуфтанд:
—Кадом балоест, ки мардум аз он бало нагурезанд?
Гуфт:
—Ишқ.
Гуфтанд:
—Кадом баландӣ аст, ки аз ҳамаи пастиҳо пасттар аст?
Гуфт:
—Кибр — ғурур.
Гуфтанд:
—Кадом пироя аст, ки бар марду зан некӯст?
Гуфт:
— Ростӣ ва покӣ.
Гуфтанд:
— Хоб чист?
Гуфт:
— Марги сабук.
Гуфтанд:
— Марг чист?
Гуфт:
— Хоби гарон.
Гуфтанд:
— Чӣ чиз аст, ки ҳама хуррамӣ аз ӯст?
Гуфт:
— Сухани бузургон.
Гуфтанд:
—Он чӣ роҳ аст, ки вайро ҳеҷ рӯи офият нест?
Гуфт:
—Зулм бар мазлумон ва бечорагон.


Эй бародарон, ҳақиқати хеш фароҳам оваред (бишиносед) ва бояд, ки барои якдигар парда аз рӯи дил бардоред, то бепарда асрори дарунии якдигар донед ва сабаби камоли ҳамдигар гардед.

Аз «РИСОЛАТУТТАЙР»


Эй бародарони ҳақиқат, ... коҳилтарини халқ он аст, ки аз камоли худ бозмонад!
Бадтарини суханҳо он аст, ки зоеъ шавад ва беасар монад!
Ибни Сино. «САРГУЗАШТ»


  • Гуфтам:
    — Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ некӯтар?
    Гуфт:
    — Аз ҷавонон шарму далерӣ ва аз пирон донишу оҳистагӣ.
    Гуфтам:
    — Аз мардумон кӣ оқилтар аст?
    Гуфт:
    — Он ки кам гӯяд ва беш шунавад ва бисёр донад.
    Ибни Сино.

Ин асар дар таърих ба номи Абуалӣ Ибни Сино қайд шудааст, ҳамчун тарҷимаи ӯ панду ҳикматҳои Бузургмеҳри ҳаким ва донишманди бостониро аз паҳлавӣ ба форсии дарӣ. Асар дар китоби «Таърихи гузида»-и*(• чопи Теҳрон, с. 1339, ҳ. (1961), саҳ, 67 —68.) Ҳамдуллоҳи Муставфӣ оварда мешавад. Баъзе муаррихони адабиёт дар Эрон ба тарҷимаи Ибни Сино будани он шубҳа доранд, вале ин шубҳа рӯи далелу асоси қобили эътиборе қарор нагирифтааст. Модоме аз Ибни Сино набудани тарҷимаро то алҳол касе собит накардааст, моро лозим аст он чиро, ки дар таърихи маъруф мебошад, қабул кунем»
Бузургмеҳр* (•Дар баъзе сарчашмаҳо Абузарҷмеҳр, дар «Шоҳнома». Бузарҷеҳр ва Бузурҷмеҳр) дар асри шашуми милодӣ мезиста, вазири шоҳи Эрон Ануширвон будааст. Назар ба ривояти Фирдавсӣ, номи ӯ Маҳбуд ва аслаш аз Марв аст, номи падараш Сухро ва лақаби ӯ Бахтгон буда, бинобар ин Бузургмеҳрро Ибни Бахтгон ҳам меноманд. Соли таваллудаш маълум нест, соли вафоташ ё кушта шуданаш (баъзе ровиёни ахбор аз тарафи Хусрави Ану-ширвон кушта шудани ӯро хабар медиҳанд)-ро муаррихон 590 ё 610 менависанд. Ӯ марди хирадманди фарзона, дар илми нуҷум ва тибб ягонаи замони худ будааст. Дар «Шоҳнома» дарёфтани бозии шоҳмоти нахустин бор аз Ҳиндустон ба Эрон овардашуда ва инчунин ихтирои бозии нард ба вай нисбат дода мешавад. «Зафарнома» суолу ҷавобе байни Бузургмеҳр ва устоди беноми ӯ дар бораи рафтору кирдори шоиста мебошад: шогирд суолҳо дода аз устодаш ҷавобҳои ҳикматомез мегирад. Донишманд ин асарро барои Ануширвон дар 10—15 соли охири ҳаёти ин шоҳ (ӯ дар соли 531 шоҳ шуда, дар соли 579 мурд) навиштааст.
Дар «Шоҳнома» дар фасли «Панд додани Бузарҷмеҳр Ануширвонро ва сухан гуфтани ӯ дар кирдору гуфтори нек» мехонем:

Ҷаҳондор биншаст як рӯз шод,
Бузургони донандаро бор дод,
Сухан гуфт хандону букшод чеҳр,
Бари тахт биншаст Бузарҷмеҳр,
Яке офарин кард бар шаҳриёр,
Ки дил шуд ба кирдори хуррамбаҳор;
Чунон гуфт ки: «эй довари тозарӯй,
Ки бар ту наёбад сухан айбҷӯй,
Хуҷаста шаҳаншоҳи пирузатахт,
Ҷаҳондори бодонишу некбахт!
Навиштам сухан чанд бар паҳлавӣ
Абар дафтару коғази хусравӣ,
Супурдам ба ганҷур, то рӯзгор
Барояд, бихонад магар шаҳриёр»,

Балки ин «сухан чанд бар паҳлавӣ» ҳамин «Зафарнома» буд? Мумкин. Бояд гуфт, ки номи асар дар паҳлавӣ, албатта, «Зафарнома» набуда, балки ин номро ба вай шояд Ибни Сино дода бошад: гумон намеравад, ки нависандаи замони Сосониён калимаи мураккаби нимаш арабӣ («зафар») ва нимаш форсӣ ё худ паҳлавӣ (нома, номак)-ро исми асари худ карда бошад, ӯ метавоиист «Пирузинома»*( Дар замони мо шоири эронӣ Козими Ҳаҷавӣ «Зафарнома»-и мансур — тарҷимаи Ибни Синоро ба назм гардонида, исми манзумаашро «Пирӯзинома» ниҳодааст (Теҳрон, чопи дуввум, с. 1965). ё «Панднома» ё ки «Андарзнома» гӯяд, вале мо намедонем ӯ ба рисолааш чӣ номе ниҳода буд.

Арабҳо чун Эронро фатҳ ва давлати Сосониёнро сарнагун карданд, китобҳои пақлавиро ҳар ҷо ки ёфтанд, сӯзонданд, аз ҳазорон китобҳои он давр фақат якто-нимто нусхаҳо тасодуфан аз оташ наҷот ёфта ба дасти пасояндагон расидаанд, ки дар ҷумлаи онҳо аз осори қаламии Бузургмеҳр яке муқаддимаи китоби «Калила ва Димна»* («Калила ва Димна» дар аҳди Анушервон ба тавассути табиб Барзуя аз Ҳиндустон ба Эрон оварда шуда, аз ҳиндӣ ба паҳлавӣ ва дар соли 761 бо қалами Абулмаолии Насруллоҳ бинни Абдулҳамиди Муншӣ аз арабӣ ба форсӣ тарҷима шуд. Рӯдакӣ онро ба назм гардонидааст.) ва дигар ҳамин рисолаи «Зафарнома» аст.
Ибни Сино ин асарро дар соли 997 (дар синни 17-солагии худ) барои амири сомонӣ Нӯҳ бинни Мансур ба форсӣ-тоҷикӣ тарҷима кард (агар аз паҳлавӣ тарҷима карда бошад, маълум мешавад, ки дар он синну сол, ки арабиро пурра ёд гирифта буду ба он забон асарҳои илмӣ менавишт, забони паҳлавии дар он вақт қариб аз байн рафтаро ҳам омӯхта будааст, ё шояд аз арабӣ тарҷима карда бошад, агар тарҷимаи арабии ин асар мавҷуд буд). «Зафарнома» ба арзиши баланди тарбиявӣ ва ахлоқӣ молик аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2