Дар ситоиш ва пайравии Ҳофиз
Садриддин Айнӣ - Мухаммас бар ғазали Ҳофиз
Сайру гашти лолазорон ёд бод,
Афту хези майгусорон ёд бод,
Ишрати фасли баҳорон ёд бод,
«Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод он рӯзгорон, ёд бод!»
Сӯхт ҳиҷрон хирмани бунёди ман,
Гашт вайрон хонаи ободи ман,
Нест фориғ хотири ношоди ман,
«Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод».
Дилбаронро фикри дилдорӣ намонд,
Ошиқонро қуввати зорӣ намонд,
Аз касе бар кас ғами ёрӣ намонд,
«Ин замон дар кас вафодорӣ намонд,
Ҳам-он вафодорон ёрон ёд бод!».
Он ки дил аз баҳри ӯ аз даҳр гашт,
Кори ӯ дар бораи ман қаҳр гашт,
Оби чашмам шоми ҳиҷрон наҳр гашт,
«Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши бодахорон ёд бод».
Нест дар ғурбат касе ғамхораам,
Дар назарҳо чун хасе бекораам,
Дар куҷо монам сари овораам?
«Ман, ки дар тадбири ғам бечораам,
Чораи он ғамгусорон ёд бод»
Мурд Айнӣ, дарди ӯ бинҳуфта монд,
Толеи носозгораш хуфта монд,
«Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғ, аз роздорон ёд бод».
Сарам ҷуз хаёлат ҳавое надорад,
Ғамам бе висолат давое надорад,
Танам бе наволат навое надорад,
«Дилам бе ҷамолат сафое надорад,
Чу бегонае, к-ошное надорад».
Гули рӯи зебо, бару дӯши насрин,
Қади сарви раъно, тани софи симин,
Лаби лаъли гӯё, сари зулфи мушкин —
«Ҳама чиз дорад дилорому лекин —
Дареғо, ки бо мо вафое надорад!»
Ба он рӯи зебо, ба он холи мушкин,
Ба ин қадди раъно ба ин зулфи пурчин,
Супурдам дили хешро пок, лекин
«Матои дили поки ушшоқи мискин,
Ба бозори ҳуснаш баҳое надорад».
Дили Айнӣ ошуфта гашта чу мӯят,
Шабу рӯз гардид дар ҷустуҷӯят,
Сафо ёфт охир зи рӯи накӯят,
«Чу моҳ аст равшан, ки бе меҳри рӯят,
Дилу ҷони Ҳофиз сафое надорад».
Гёте - Дар ситоиш ва пайравии Ҳофиз
БА ҲОФИЗ
Ҳофизо, бо ту баробар будан?
Чӣ хаёлест маҳол!
Хешро чун ту ба қадр афзудан?
Нест ҷуз айни вубол!
Ту чунон киштии паррон биравӣ,
Карда огард дили дарёро.
Нашавӣ дастхуши тӯфоне,
Ғул-ғул андозӣ ҳама паҳноро.
Шеъри ту ҳадди ҷамол асту камол.
Гоҳ чун мавҷи шарар ҷону диламро сӯзад,
Гоҳ монанди насими саҳар аз тарфи чаман
Ба дилам накҳати гулбоди баҳор андӯзад.
Шӯъла зан бар сарам, эй барқи мунир,
Ба забони қаламам ҷуръати гуфтор бидеҳ.
Ман муриде зи муридони туам, эй устод,
Баски дар кишвари нуронӣ чу Шерози ту
Умр варзидаму ошиқ шудаму будам шод.
БЕПОЁН
Ҳофиз, ту мисоли ҷовидонӣ,
Чун умри абад надорӣ поён.
Ҳар як ғазалу чакомаи ту,
Ҳар нақши сарири хомаи ту,
Вобаста фақат ба хеш бошад.
Чун чанбари осмони гардон.
Сарчашмаи умри лоязолӣ
Шеъри ту мисоли оби ҳайвон.
Лабҳои ту баҳри бӯса бурдан,
Ҳам аз лаби ёр бода хӯрдан.
Табъи ту барои хуш сурудан,
Ақли ту паи гиреҳ кушудан,
Қалби ту барои меҳрубонист,
Бар шоҳиди маст армуғонест.
Бигзор фурӯ равад ҷаҳоне,
Ман боки шикасти он надорам.
Хоҳам, ки миёни шодию ғам
Худро чу бародарат шуморам.
Ҳофиз, ману ту чу тавъамонем,
Ҳамқисмати рӯзгори фонӣ.
Гар ҳамдилу ҳамдами ту бошам,
Он аст ҳаёту шодмонӣ.
Эй шеър,
Ту лек дар амон бош,
Такрор машав: ки ҷовидон бош.
Ту дер зи мою пиртар ҳам
Ҳам дер бимон зи мо дар олам!
ФАТВО
Чеҳраи шоиронаи Ҳофиз
Бар дили кас ҳақиқат ангезад.
Нашиносад вале шариатро,
Аз гуноҳу хато напарҳезад.
То ки бошем мӯъмини комил,
Фарқ созем нӯшро аз неш,—
Бояд умре нишот бигзинем,
Нашавем аз ғаму алам дилреш.
Оташи бодаро барафрӯзем,
Тухми дарду алам дар он сӯзем.
Роҳи шодию хайрият ин аст,
Ҳам шариат ва охират ин аст.
Инчунин мефиристад Эбусуд,
Он чи Ҳофиз ҳамеша мефармуд.
«Ҳар кӣ худ ва дигиронро бишносад, ночор ба ин нукта пай барад, ки аз ин пас Шарқу Ғарб аз ҳам ҷудо наметавонанд зист! Дерест, ки ман дар олами андеша миёни Шарқу Ғарб роҳ мепаймоям. Эй кош, роҳпаймоёни воқеӣ мисли ман Шарқро ба Ғарб наздик кунанд.»
Ҳиҷрат
Шуд шимолу ҷануб вайрона,
Мулки мағриб шудаст бесомон.
Бояд акнун ба Шарқ ҳиҷрат кард –
Кишвари ишқу шеъру паймона.
В-аз насимаш, ки чун дами Исост,
Бар тани мурда ёбӣ аз нав ҷон.
Рав ба он ҷой – мулки пайғамбар,
Хираду нур чашмаҳо дорад.
Марди хокӣ зи ғояти дониш
Баҳси андеша бо Худо дорад.
Он, ки дар ҷабҳаи хирадмандиш,
Нури ғайби Худо ҷило дорад.
Рав он ҷо, ки бар ниёгонаш
Ҷумларо ҳаст фарохмайдоне,
Бастароҳе ба ҳилаю бӯҳтон,
Шеър дорад таҷаддуди ҷовид,
Баски з-аввал шифоӣ будаст он.
Бар чарогоҳ рав шубонӣ кун,
Пои сабзи чанор шав гоҳе.
Корвоне бубар зи регистон,
Бораш аз мушку қаҳваю шоҳӣ.
Аз биёбони бераҳу тафбод
Гар гузар созӣ гоҳу бегоҳе.
Ҳар куҷо роҳ пурнаҳиб ояд,
Зуд оғоз кун ғазалхонӣ.
То тавонӣ суруди Ҳофиз хон,
Аз ҳама бим то амон монӣ,
То ҳама ахтарон ба рақс орӣ,
То ҳама раҳзанон гурезонӣ.
Ғазали Ҳофизи лисонулғайб
Боз бархон ба базми маҳрӯён.
К-ӯ ба зону фитода мебӯсид
Аз лабони чу ёқути рахшон;
К-ӯ ҳаме бо таровиши табъаш
Гарм медошт маҷлиси ҳурон,
Дур, ҳосид, дур, эй бадгӯй!
Баски ин ҷост маскани шоир
Меравад то биҳишт бетаъхир,
Мезанад панҷа бар дари ҷаннат,
То биёбад ҳаёти беохир.
ПАЙРАВӢ
Ҳофизо, кош чу ту нодирагуфторӣ кунам,
Пайрават бошаму гӯям сухани хостае.
Резакорӣ зи ту омӯхтаву пардозам
Шеъри мумтозу гаронмояву перостае.
Гар тақозои маонӣ надиҳад дастурам,
Суханеро паи такрор наорам ҳаргиз,
То ба тарзи ту кунам шеъру ғазалпардозӣ,
Эй маликушшуарои ҳама дунё, Ҳофиз!
Ҳамчунон ки шараре тахтгаҳи шоҳонро
Эй басо сӯхта дар ҳоли хароб афкандаст,
Ҳофизо, ҷону тани шоири олмониро
Оташи шеъри ту андар табутоб афкандаст.
ҚИТЪАҲО
Ҳофизо, вақте ки ба ёди дилдори зебо ғазал месароӣ, ба чӣ лутфе аз хоки кӯи ӯ сухан мегӯӣ. Зеро барои ту хоки остони ёр аз фарши зарбофти Маҳмуди Ғазнавӣ гаронбаҳотар аст. Агар бод бар кӯи дӯст вазад ва хокашро бипароканад, ту атри онро аз мушку гулоб азизтар хоҳӣ дошт. Вале ман солҳост дар сарзаминҳои маҳолудаи шимолӣ ғуборе ба чашм надидаам, дилдоре низ дари хонаи худро ба рӯям накушуда. Агар бороне фурӯ набарад, бӯи кӯи ёрро аз кӣ хоҳам шамид.
Ман низ борҳо дил ба доми гесувони пуршикан додаам ва сар дар пои зеборӯёни фитнагар ниҳодаам. Эй Ҳофиз, магар на дӯстдори ту бояд сарнавиште чун ту дошта бошад? Аммо агар дилбарони даврони ту гесувони баландро ба нармӣ шона мезаданду бар шона мерехтанд, имрӯз турраи зулфи зеборухони ҷангии мо пурчину шикан аст. Ман худ аз ин шеваи нав бештар нигоринам, зеро агар доми куҳан аз торҳои нозук танида буд, имрӯз домгустарон бо занҷирҳои гарон ба майдон омадаанд.
Ин нуктаро бипазир, ки сухаисароёни Шарқ аз мо шоирони Ғарб тавонотаранд. Танҳо дар он ҷо мо ба эшон баробарем, ки пои буғз ба дигар шоирон дар миён ояд.
Рӯҳи Машриқзамин пирӯзмандона аз Мадитрона (баҳри Миёназамин) гузашт ва ба Урупои мо омад. Танҳо он кас маънии сухани нағзи Калдеронро дартавонад ёфт, ки ҷуръанӯши ҷоми ҳикмати Ҳофиз бошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё