Абӯалӣ ибни Сино — Панду андарзҳо
Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри ҷоҳилон,
Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.
Ҳар кӣ хоҳад мубтало нашавад,
Пушт нанҳад ба тобаи ҳаммор.
Чун пир шудӣ, кори ҷавон натвон кард,
Пирӣ ба кофарӣ ниҳон натвон кард,
Дар зулмати шаб ҳар он чи кардӣ—кардӣ,
Дар равшании рӯз ҳамон натвон кард.
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост,
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик, он лаҳза ҳаётат дар фаност.
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Эй нафс, ки бастаи ҳавову хавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ришва махур,
К-аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард,
Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дӯстон
Бибояд кушудан ба доду ба х(в)ард.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рӯят аз дард зард.
Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун,
Касе ки ба ҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор.
Асири туст ҳама сиррат, ар ниҳон дорӣ,
Асири сирр бишавӣ, гар ҳамекунӣ изҳор.
Май душмани масту дӯст бо ҳушёр аст,
Андак — тарёку беш — заҳри мор аст,
Дар бисёраш мазаррати андак нест,
Дар андаки ӯ манфиати бисёр аст.
З-он пеш, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ х(в)ард.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеҷ натвонӣ кард.
Ҳар касе нек мекунад ё бад,
Неку бад ҳар чӣ мекунад ёбад.
Бузургмеҳр гуфт:
—Аз устоди худ пурсидам, ки чӣ чиз аст, ки ба ҳама вақт туро сазовор бошад?
Гуфт:
—Илм омӯхтан ба ҷавонӣ ва ба кори Ҳақ машғул будан дар пирӣ.
Гуфтам:
—Кадом чиз аст, ки мардумон ба гуфтани он ҳақир намоянд?
Гуфт:
—Ҳунари худ гуфтан.
Гуфтам:
—Чун аз дӯсте ношоиста ояд, чӣ гуна аз вай тавон бурид?
Гуфт:
—Ба се чиз: пеши ӯ кам рафтан, аз ҳолаш кам пурсидан ва аз вай ҳоҷат нахостан.
Гуфтам:
—Аз ҷавонон чӣ беҳтар ва аз пирон чӣ накӯтар?
Гуфт:
—Аз ҷавонон шарм ва далерӣ, аз пирон дониш ва оромӣ.
Гуфтам:
—Некӯӣ беҳ ё аз бадӣ дур будан?
Гуфт:
—Аз бадӣ дур будан сари ҳамаи накӯиҳост.
Гуфтам:
—Ҳеҷ некӣ бошад, ки вақте айб гардад?
Гуфт:
—Саховате, ки бо миннат бувад.
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки донишро биорояд?
Гуфт:
—Ростӣ!
Гуфтам:
—Оқилро аз корҳо чӣ беҳтар аст?
Гуфт:
—Он ки аз бадӣ худро нигоҳ дорад.
Гуфтам:
—Аз зиндагонӣ кадом соат бесамартар аст?
Гуфт:
—Он соат, ки некӯие дар ҳаққи касе тавонӣ кард ва накунӣ.
Гуфтам:
—Беҳтар дар зиндагонӣ чист?
Гуфт:
—Фароғат ва эминӣ.
Гуфтам:
—Бадтар аз марг чист?
Гуфт:
—Хӯрдану хуфтан.
Гуфтам:
—Чӣ чиз аст, ки мурувватро табоҳ кунад?
Гуфт:
—Чаҳор чиз: бузургонро бахилӣ, донишмандонро такаббур ва занонро бешармӣ ва мардонро дурӯғ.
Гуфтам:
—Ин ҷаҳон ба чӣ дартавон ёфт?
Гуфт:
—Ба илм ва омӯзиш.
Гуфтам:
—Чӣ кунам, то ба табибам ҳоҷат набошад?
Гуфт:
—Кам хӯрдан, кам хуфтан ва кам гуфтан ва худро ба кас наолудан.
Гуфтам:
—Аз мардумон кӣ оқилтар аст?
Гуфт:
—Он кӣ кам гӯяд ва беш шунавад ва бисёр донад.
Гуфтам:
—Чист, ки мардумонро бад-он дӯст доранд?
Гуфт:
—Се чиз: дар муомила ситам накардан ва дурӯғ нагуфтан ва ба забон касеро наранҷондан.
Гуфтам:
—Агар илм омӯзам, чӣ ёбам?
Гуфт:
—Агар бузург набошӣ номвар гардӣ, агар дарвеш бошӣ, тавонгар гардӣ ва маъруф набошӣ, маъруф гардӣ.
Аз Луқмони Ҳаким... пурсиданд, ки тавонгар кист?
Гуфт:
Он ки аз ақл тавонгар аст.
Гуфтанд:
—Чист, ки ӯро ҷӯянд ва касе надонад ва нашиносад?
Гуфт:
—Оқибати корҳо.
Гуфтанд:
—Чӣ чиз ширин аст, ки оқибат чашандаи худро бикушад?
Гуфт:
—Ҳасад!
Гуфтанд:
—Кадом биност, ки ҳаргиз хароб нашавад?
Гуфт:
—Адл.
Гуфтанд:
—Кадом талхӣ бошад, ки охир ширин гардад?
Гуфт:
—Сабр.
Гуфтанд:
—Кадом ширинӣ бошад, ки охир талх гардад?
Гуфт:
—Шитоб.
Гуфтанд:
—Кадом пироҳан аст, ки ҳаргиз кӯҳна нагардад?
Гуфт:
—Номи нек.
Гуфтанд:
—Кадом душман аст, ки аз ҳамаи дӯстон гиромитар аст?
Гуфт:
—Нафс.
Гуфтанд:
—Кадом беморӣ аст, ки мардум аз илоҷи он оҷиз оянд?
Гуфт:
— Аблаҳӣ.
Гуфтанд:
—Кадом баландист, ки аз ҳама пастиҳо пасттар аст?
Гуфт:
—Кибру ғурур.
Гуфтанд:
—Кадом пироя аст, ки ба марду зан некӯст?
Гуфт:
— Ростӣ ва покӣ.
Гуфтанд:
— Хоб чист?
Гуфт:
— Марги сабук.
Гуфтанд:
— Марг чист?
Гуфт:
— Хоби гарон.
Гуфтанд:
— Чӣ чиз аст, ки ҳама хуррамӣ аз ӯст?
Гуфт:
— Сухани бузургон.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё