Зеҳн

Абӯалӣ Ибни Сино - Қасидаи айния

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 7 дақиқа хондан

Аз асарҳои арабии Ибни Сино «Қасидаи айния», ки номи пурраи он «Алқасидат улайният аррӯҳият фӣ нафс» мебошад, бештар диққати аҳли таҳқиқу мутолиаро ба худ ҷалб кардааст. «Қасидаи Айния» чанд бор ба забони форсӣ ҳам бо саъйи чанде аз донишмандон баргардонида шуд. Яке аз охирин тарҷумаҳои ин қасида ба Муҳаммад Алии Фариданӣ тааллуқ дорад. Тарҷумаи ин муаллиф бо он аз дигарон фарқ дорад, ки ҳар байти арабии қасида бо ду байти форсӣ тарҷума шудааст. Дар айни ҳол байти якум тарҷумаи матни арабӣ буда, байти дуюм шарҳи он аст. Қасидаи мазкур бо абёти зерин шурӯъ мешавад:

Фуруд омад аз ҷойгоҳи баланд,
Туро як кабӯтар басе арҷманд.
Бувад он кабӯтар туро он равон,
Ки бошад ба зеру ба боло равон.
Зи чашми хирадманд пӯшида аст,
Ба пайдоиши чеҳра кӯшидааст.
Зи гаҳвар бувад пок з-омезҳо,
Вале ҳаст дар ӯ ҳама чизҳо...,
Расидаш ба ту назди ӯ нописанд,
Зи дурии ту низ зору нажанд.
Чу дидат ба гаҳвар, ки бегонаӣ,
Вале баҳри ӯ беҳтарин хонаӣ.
Нахуст ӯ зи вайронии тан рамид,
Сипас меҳри ҳамсоягӣ баргузид.
Чу ӯ гавҳаре буд пероста,
Вале хост то гардад ороста.
Гумонам, ки паймонҳои нахуст,
Фаромӯш карда ба он хӯи суст.
Басе ҷойгоҳҳо, ки дода зи даст
Насозад аз онҳо ба чизе, ки ҳаст.
Чу пайваст бо пасттарин пойгаҳ,
Пас аз буд дар номвар ҷойгаҳ.

Аз ин мисраъҳо тамоман равшан аст, ки «Қасидаи айния» мазмуни фалсафӣ дошта, дар он сайри ақл ва нисбати тану ҷон аз рӯи фалсафаи замони Ибни Сино таҳлил шудааст.

Ақл, ки кабӯтар рамзи он аст, аз боло, олами улвӣ ба тан омада, мартабаи бузург дорад ва ба қавли шореҳ ҷони одам ҳамон аст. Вай — ҷон ба чашм аён набуда, агарчи ҷавҳари ҳама чизҳост, аз омезиши онҳо пок мебошад. Тан макони ҷон; буда, барои ӯ бегона ва дар айни замон ягона хонаи он, бо кӯмаки якдигар вуҷуд дошта метавонанд. Бо ҳамин равиш Ибни Сино тасаввуроти илмии он замонро дар бораи офариниш баён кардааст, ки тафсилоти он дар китобҳои фалсафии ӯ баён шудаанд. Аммо баёни ин мавзӯъ дар ин қасида махсусан ба мазмуни қиссаи тамсилию фалсафии Ибни Сино «Ҳай ибни Яқзон» қаробат дорад, Вазифаи асосии ҷон омӯхтан аст, вай ба тан ворид шуда, вазифаи аслии худро, ки маърифат аст, фаромӯш мекунад. Абёти зерин аз ҳамин пайванди руҳу тан баҳс мекунанд:

Дар ин ҷо ҳама нохушию ниёз,
Дар он ҷо ҳама фарраҳию фароз
Биёмехт бо ӯ ниёзи манаш,
Зи андому нерӯву банду бараш,
Чу худро гирифтори гетӣ намуд
Миёни нишонҳои буду набуд.
Бигирьяд зи паймонҳое, ки баст,
Ба меҳан, пас онгоҳ, онро шикаст.
Ба он ашкҳое, ки резад ба зер,
Бурида нагардад ба ҳар дору гир.
Бар андоми худ сӯгворӣ кунад,
Ки шуд кӯҳна аз он чи бар он танад,
Ки мурғи равон тозагӣ хоҳаде,
Битарсад аз он чи аз он коҳаде.
Ҷилавгири ӯ гашт доми палид,
Нигаҳ дошт ӯрову во пас кашид.
Аз ин ҷойгоҳи фаррохи баланд,
Ки андар баҳорон будӣ чун паранд.
Чу наздик шуд рафтани ҷони пок,
Ба паҳновар он меҳани тобнок
Дар он ҷо равонҳо ҳама равшан аст,
Дар он ҷо ҳама хорҳо гулшан аст.

Дар ин олам равони одам, гирифтори нохушиҳо мегардад. Ин нохушиҳо омезиш бо ниёзу дархостҳои худӣ, гирифтори талаботҳои моддӣ, шудан аст. Ин талабот ба моддиёти ноустувору дигаршаванда такя карда, кӯшиши нафсро аз дарёфту биниш нигаҳ медоранд. Ҳасрати вай, ки нишони он ашкрезист, касро фаро мегирад ва гирифтори банди моддист бар он кӯҳнагӣ меорад, нафси Одамӣ аз он чи нигаҳдори ӯст, мекоҳад, аз парвозу муроҷиат ба дарёфтҳои олии маънавӣ мемонад. Пас нафс ба асли ҷойгоҳи худ қарор мегирад ва қувватҳои одамӣ ба таҳрик меоянд:

Бихобиду шуд парда бардошта,
Бидид он чи нодида ангошта.

Гаҳе хоб ангезаи биниш аст,
Чу биниш, ки ангезаи дониш аст.
Ҷудо шуд аз онҳо, ки дар даст дошт.
Чу худ рафт, бар ҷои хешаш гузошт.
Чунин аст оинаи гетипараст,
Ки поён бимонад аз ӯ ҳар чи ҳаст.
Ба шодӣ бихонад зи кӯҳе баланд,
Ки дониш кунад мардро арҷманд,
Ки он кимиёе бувад пурнаво
Равоӯ диҳад, ҳарчи набвад раво.
Барои чӣ аз ҷойгоҳе баланд,
Биафтод дар пастарин борбанд?
Мар ин достонест ногуфтанӣ
Ва ё мӯҳрае ҳаст носуфтанӣ.
Агар баҳри коре шудастӣ равон,
Худо донад онрову равшанравон.
Ки доно зи дониш басе кӯтаҳ аст
Магар ин ки чун сим дар бӯта аст,
Агар омадан бошадаш дар ҷаҳон,
Ки то бишнавад розҳои ниҳон,
Ки он розҳо нест ҷои дигар?
Ва агар нашнавад, набвад ӯ баҳравар.

Дар байти аввал мақсад аз хобидану парда бардоштан осоиши ақл аст, ки боиси ҷунбиши ангеза ё қувватҳо мегардад. Ин қувват, хаёл, муҳаррика, ваҳм ва дигарҳо аз ҳаввоси ботин буда, ангезаи донишанд ва низоми ҷисми инсонӣ ҳам; ба онҳо вобаста аст. Ақл бо ёрии ин қувваҳо боло меравад ва онҳоро дар поён — зери итоати худ нигоҳ медорад. Дар ин ҳол ақл рӯй ба «кӯҳи баланд» дорад ва «дониш мардро арҷманд» мегардонад. Вай аз ҷойгоҳи баланд ба ин пастӣ фуромад, то худро бо роҳи маърифату рафъат бишиносад. Пас, худшиносӣ ва арзи худӣ фақат бо роҳи маърифат мумкин аст ва ҳастии бемаърифату камол нишона ба нобудӣ дорад ва ба ҳеҷӣ баробар аст. Аммо дониш ҳама вақт аз доно бартар аст, ё баръакс, доно зи дониш басе кӯтоҳтар мебошад. Агар ин чаҳон макони донистани розҳо бошад, он гоҳ онҳо дар ҷои дигар нестанд ва дар ҳоли нашунидан аз онҳо баҳравар нахоҳад шуд. Агар ин олам дар воқеъ макони розҳо бошад, ин розҳо сарчашмаи дониш ва неку бадиҳо, асоси тавоноӣ бошанд, пас, чаро ҳарчи ӯ мехоҳад, ба вай насиб нагардид:

Ва то ӯ ба ҳар роз доно шавад,
Ба ҳар неку ҳар бад тавоно шавад.
Чаро пас нашуд ҳарчи ӯ хоста,
Ки то гардад аз дониш ороста.
Ҳамин раҳравест, он ки ин рӯзгор,
Раҳашро бурида дар ин раҳгузор
Чунон гашт аз дидаҳо нопадид,
Ки ҳаргиз нагардад ба ҷое падид.
Ва ё чун дурахше, ки тобиш кунад,
Натобида дар нимараҳ бишканад.
Ҳамоно равоне, ки норас бувад,
Ва наздики яздон кам аз хас бувад,
Маро посух аз он чӣ гуфтам, бигӯ,
Ки дониш фурӯғиш бувад тӯ ба тӯ
Зи ҳар роз ман парда бардоштам,
Ман инро барои ту бигзоштам.

Зиёда аз он, вай на фақат ҳар он чи хост намеёбад, балки дар ин раҳгузар роҳи ӯ бурида мешавад ва абадан нопадид мегардад. Ин монанди тобиши дурахшест, ки рӯшноии он то нимараҳ натобида бишканад. Ин ҳама бо равони донишпарвар ва расо рӯй медиҳад. Шояд равони норасо, ё ҷони нокомил дар назди худо ба қадри хасе арзиш надошта бошад. Ибни Сино ҷавоби ин мулоҳизаҳоро дар шакли суоле ба ӯҳдаи хонанда мегузорад. Муҳокимаҳои Хайём дар рубоиёташ ба андешаҳои Ибни Сино дар ин қасида сахт шабоҳат доранд. Равони одамӣ чун кабӯтаре аз осмон меояд ва ба тан медарояд. Аввал равон аз ин маскани тоза сахт норозист, баъд онҳо унс мегиранд. Равон ба вазифаи асосии худ, яъне маърифат машғул мешавад, ки ин роҳу тариқи камоли ӯст. Сабаб чист, ки равон аз роҳи камол боз дошта мешавад? Агар нокомил аст, вай дар роҳи камолот буд? Ҳамаи ин бемаънигист ва ё асрори он дастраси мо нест? Хулоса, асоси ин қасида муаммои вуҷуд, сабаб, мақсад ва натиҷаи офариниш аст, ки баъдҳо асоси мазмуни рубоиёти Хайёмро ташкил кардааст. Дар он замон ин масъалаи асосии мафкура ва ҷаҳонфаҳмӣ буд. Пайравони мазҳабҳои гуногун дар шарҳи ин муаммо мухолифату муборизаҳои шадид доштанд. Ҳар кӣ дар шарҳи ин маънӣ аз доираи таълимоти расмии ислом берун рафта бошад, барои фаҳмидани асрори вуҷуд ва таркиби табоеъ қадаме ба пеш ниҳода, ба дараҷаи таҳлили илмии ин масъала наздиктар будааст. Бешубҳа Ибни Сино дар ин роҳ яке аз пешоҳангони корвони тамаддуни асри худ будааст ва қасидаи мазкур як далели шоеъи ин баҳс мебошад. Дар тарзи суол ба анҷом расидани қасида, вогузоштани ҳалли масъалаҳои ба миён оварда тасдиқ менамояд, ки муаллиф ақидаи худро дар бораи он то охир баён накарда, ба аҳли назар имкони истиқлоли муҳокима ва натиҷаро гузоштааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2