Зеҳн

ИМКОНОТИ ЗИЁД БАРОИ ОМЎЗИШИ ФИЗИКА МАВҶУД АСТ

БА
Барномасоз28 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

Солҳои зиёдест, ки ба таълими физика дар муассисаҳои таълимӣ машғул ҳастед. Аз ин рў, нахуст дар бораи муҳиммияти омўзиши фанни физика чанд сухан мегуфтед.

– Мусаллам аст, ки физика яке фанҳои бунёдӣ дар омўзишу донистани падидаҳои табиат мебошад ва дар шаклгириву рушди ҷаҳонбинии илмии хонандагон нақши муҳим дорад. Хонандагон дарку маърифат мекунанд, ки афтиши ҷисм дар наздикии сатҳи Замин ва гардиши худи Замин дар гирди Офтоб тобеи ҳамон як қонун ба ҳисоб мераванд. Дар зеҳни хонанда бояд ҷойдод, ки қонуни дуюми Нютон бо он ки шакли сода дорад, шумораи зиёди рўйдодҳо ва ба ҳаракати ҷисмҳо алоқамандро шарҳ медиҳад. Ё худ, падидаи индуксияи электромагнитӣ, ки Фарадей ошкор карда буд, дар рўзгори имрўзӣ аз кори чархаи неругоҳ то хурдтарин муҳаррику лавозимоти барқӣ нақши муассир дорад. Ҳамин аст, ки физика дар раванди омўзишу парвариши хонандагон ҷойгоҳи вижа дорад.

Дар зимн, омўзиши фарогиру ҳамаҷо нибаи ин фанни ҳаётан муҳим имкон фароҳам меорад, ки хонандагон ба ҳодисаҳои табиат ва воқеоти рўзгор бо диди амиқ ва илмӣ мусоидат намоянд.

– Бо дастури Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид.

Нақши ин ташаббусро дар рушди фанҳои бунёдӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Шоистаи таъкид аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои тибиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид ва ин иқдом омили муҳим дар рушду такомули омўзиши физика дар муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад. Ин дастури Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такони ҷиддие дар рушди омўзиши фанҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ ва ҳамзамон, роҳнамое гардид, то мақому ҷойгоҳи ин фанҳо дар сатҳи баланд қарор гирад. Метавон гуфт, ин ҳидояти Сарвари давлат барои мо, омўзгорон, чароғи роҳнамо ва неруи такондиҳанда гардид ва акнун муаллимони ин фанҳо эҳсос мекунанд, ки то кадом андоза кори онҳо дар назди ҷомеа ва давлат арзишманд аст. Аз ин ҷост, ки мактабҳо бо омўзгорони физика таъминанду омўзишу тадрис такмил ёфтааст ва ҷунбише дар омўзиши ин фан ба вуҷд омадааст. Дар зимн, тадриҷан муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннии дорои асбобҳои зарурӣ таъмин мегарданд.

Тавре мегўянд:

«Шунидан кай бувад монанди дидан».

Ба ҳамин маънӣ, вақте таҷрибаҳову намоишҳои имконпазирро пешкаши шогирдон мекунем, табиист, ки дарку фаҳмиши ин ё он падида дар зеҳну тафаккури хонандагон амиқтар ҷойгир мешавад. Дастрас намудани мактабҳо ба видеопроектору абзорҳои технологӣ, ба корбурди навгониҳои муосир, мисли интернету замимаҳои компютерӣ ба тақвияти омўзиши ин фан такони ҷиддӣ мебахшад. Набояд фаромўш кард, ки дар замони рушди бавусъати техникаву технология, дидгоҳи хонандагон низ ба ин масъалаҳо ба самти мусбат тағйир меёбад. Аз ин рў, омўзгоронро зарур аст, ки ҳам аз техникаву технология бархурдор ва ҳам донишу ҷаҳонбинии пешрафтаи илмӣ дошта бошанд.

– Барои рангину ҷолиб гузаронидани дарсҳо ва шавқманд кардани хонандагон ба омўзиши физика аз кадом роҳу шеваҳо метавон истифода кард?

– Замони Шуравӣ маҷаллаи «Физика в школе» ҳар моҳ дастраси муалли мони физика мешуд, ки барои беҳтар ва рангину шавқовар ба роҳ мондани дарсҳо маводи ҷолиберо пешниҳод мекард. Ҳамчунин, адабиёти илмиву методӣ ва дидактикӣ фаровон буд. Ҳоло мо маҷаллаи фаннӣ надорем, аммо маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон», «Маърифати омўзгор», «Масъалаҳои методикаи таълим» ва ҳафтаномаи «Омўзгор» ба омўзгорон ёрӣ мерасонанд. Барои шавқовару ҷолиб роҳандозӣ намудани дарс шахсияти шогирд бояд ба эътибор гирифта шавад. Яъне, ба қавли маъруф, бо хонанда бояд кори инфиродиро ба роҳ монд. Дар ҷараёни дарс лаҳзаҳоеро биофарем, ки хонандаро ба фикр кардан водор созад. Ба назари инҷониб, бояд ҷараёни дарс бо истифодаи аёният сурат бигирад. Ҳалли масъалаҳои ҷолиб, баргузории саволу ҷавобҳои гурўҳӣ низ хеле муфиданд.

Кори дигаре, ки шавқи шогирдонро ба омўзиши физика зиёд мекунад, барномаҳои ғайридарсӣ мебошанд. Мо машғулияте дорем, бо номи «Заковат», ки ҳамасола дар нимсолаи дуюм дар муассиса ба роҳ монда мешавад. Барои пурмазмуну шавқовар сурат гирифтани барномаи мазкур аз қабл омода мешавем. Ин барнома монанди бозии телевизионии «Что? Где? Когда?» аст. Маълум мегардад, ки бо ин усулу шеваҳо таваҷҷуҳи хонандагон ба омўзиши физика бештар мегардад ва дар ин роҳ нақши омўзгор бузург мебошад. Умуман, барои кор бо хонанда ва дар дили онҳо ҷой додани меҳри омўзиши фанни физика имкон фаровон буда, дар инсамт танҳо заҳмати содиқона бояд кашид.

– Дар ин замина, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ, махсусан, «Илм - фурўғи маърифат»-ро дар густариши омўзиши физика чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

– Иқдоми дигаре, ки дар омўзиши фанҳои табиатшиносӣ, ба вижа, фанни физика нақши муассир дорад, роҳан дозии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурўғи маърифат» мебошад. Ин озмун имкон медиҳад, ки шогирдони боистеъдод, лаёқатманд аз мадди назар дурнамонанд. Мегўянд, як вақтҳо зиндаёд, академик Муҳаммад Осимӣ шахсан ба мактабҳо рафта, чунин шогирдонро пайдо мекардаанд. Ҳамин корро акнун дар доираи васеъ озмуни номбурда анҷом медиҳад. Мо бар ин боварем, ки мисли озмунҳои «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм фурўғи маъ рифат» низ ҳамасола маҳбубияти бештар дар ёфт карда, барои хубтару амиқтар омўхтани физика нақши мусбате хоҳад гузошт.

– Китобҳои дарсии физика то кадом андоза ҷавобгўйи талаботи замонанд ва дар ҷараёни дарс истифодаи дигар воситаҳои аёниву таълимӣ чӣ нақш доранд?

– Даврони истиқлол имконият фароҳам овард, ки китобҳои дарсии худро дошта бошем. Акнун барои тамоми зинаҳои мактабӣ китобҳои дарсӣ мавҷуданд. Дар мавриди ҷавобгў будани китобҳои дарсӣ бояд гуфт, ки ҳанўз номувофиқатиҳое байни китобҳои дар сӣ ва барномаи таълимӣ ҷой доранд. Масалан, боби «Электродинамика» дар китоби дарсии «Физика» (синфи 10) ҷой дода шудааст, дар ҳоле ки барномаи таълимӣ омўзиши онро дар синфи 11 пешбинӣ кардааст.

Омили дигари ташвишовар аз ҳисоби соатҳои физика дар синфҳои 10 ва 11 ҷудо кардани як соати дарсӣ барои омўзиши астрономия мебошад. Замоне дар синфҳои болоӣ омўзиши физика то чор соат ва астрономия як соат буд. Ҳоло шогирдони равияи умумӣ дар синфҳои болоӣ ҳамагӣ ду соат физика мехонанд. Паҳлуи дигари масъалаи зикршуда, набудани ягонагии корбурди вожаҳо истилоҳоти илмӣ мебошад. Барои мисол, якҷо барқа, ҷойи дигар заряд, якҷо ҳарорат, ҷойи дигар температура, якҷо суди мошинҳо, ҷойи дигар коэффитсиенти кори фоиданок ва ғайра омадааст.

Дар мавриди истифодаи аёният бо лотар ёдовар шудем. Албатта, будани кабинети физика ва низоми кабинетӣ хуб аст, аммо ҳанўз ба таври мукаммал дастрас нест. Соли гузашта як миқдор асбобҳои аёнӣ дастрасамон гардид, ки то андозае имкон медиҳад, дарсҳоро босамару шавқовар баргузор кунем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба