АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ИДОРАКУНИИ ХАВФУ ХАТАРИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ
Идоракунии хавфу хатар дар корхонаҳои бахши саноатии иқтисодиёт хусусияти ба худ хос дорад, зеро корхонаҳои мазкур ҳаракатдиҳандаи асосии иқтисодиёт маҳсуб гардида, на танҳо масъулияти иқтисодӣ, балки иҷтимоиро низ бар душ доранд. Зеро корхонаҳои саноатӣ қисмати аҳамиятноки арзиши иловаро ташкил дода, аксаран вазифаи шаҳрсозиро низ ба уҳда доранд.
Аз ин ҷиҳат, таъмини оптималии дараҷаи хавфҳо барои рушди инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва фаъолияти амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ, инчунин иҷроиши кафолатҳои иҷтимоӣ дар назди ҷомеа масъалаи актуалӣ ба ҳисоб меравад.
Чунин вазъият аз тарафи як қатор муҳаққиқон баррасӣ гардидааст. Чунончи, Белоусова Л.В. қайд менамояд, ки дар байни самтҳои идоракунии хавфҳо, илова ба усулҳои маъмурӣ (масалан, дар соҳаи танзими техникӣ) давлат ба субъектҳои ба фаъолияти иқтисодӣ машғул буда, дар интихоби сиёсати идоракунӣ, аз ҷумла идораи хавфу хатарҳо мустақилиятро пешниҳод менамояд.
Нуктаҳои стандартии дар боло зикрёфта низоми қатъӣ ва якҷонибаи муайянкунӣ, баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳоро дар корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ намекунад. Вале, то як андоза, принсипҳои умумиеро муқаррар менамояд, ки дар чаҳорчӯбаи онҳо, вобаста аз шакли ташкил ва шароитҳои татбиқ истифодаи тарҳҳои гуногунро қобили қабул медонад.
Муҳтавои мақолаи мазкур маҳз баррасии идоракунӣ ва назорати хавфҳои корхонаҳои саноатӣ ба сифати зернизоми идоракунии стратегӣ ва амалии ширкат (менеҷменти умумии саноатӣ) ба салоҳияти менеҷерҳои мувофиқ дохил буда, ба нишондиҳандаҳои махсуси фаъолияти амалиётӣ ва таҳлили майлкунии онҳо такя менамояд ва ба ҳамин тарз, бо низоми нишондиҳандаҳои идоракунии умумии саноатӣ пайвасти ногусастанӣ дорад.
Бояд таъкид кард, ки вобаста аз мақсад ва вазифаҳои таҳқиқоти мушаххас ва коркардҳои амалӣ муаллифони гуногун таърифҳои мухталифи хавфу хатарҳои корхонаҳои саноатиро пешниҳод менамоянд, масалан:
1. «Хавфҳои корхонаҳои саноатӣ бо омилҳои номуайянӣ алоқаманд мебошанд, ки онҳо ба қисматҳои техникӣ-технологии фаъолияти сармоягузорӣ дар давлат, минтақа, амалигардонии лоиҳаҳо ва ба фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ дар умум таъсир мерасонад. Чунончи, эътимоднокии (аз кор баромадани) таҷҳизот, пешгӯишавандагии (ҳодисаҳои гуногун ҳангоми истифода) равандҳои истеҳсолӣ ва технологӣ, мураккабии онҳо, дараҷаи автоматиконӣ, ҳаҷми истеҳсолот, суръати модернизатсияи таҷҳизот ва технологияҳо, суръати навкунии инноватсионӣ аз қисматҳои он мебошанд». Ин таъриф бо баҳисобгирии мавзӯи асосии таҳқиқоти Кангро М.В. – лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод шудааст.
2. Дар назарияи умумии идоракунии хавфу хатар нисбат ба корхонаҳо, ки ба онҳо аксарияти корхонаҳои саноатӣ мансуб мебошанд, ба сифати муайянкунии хавф ду таърифи нисбатан устуворро пешниҳод кардан мумкин аст.
- эҳтимолияти (имконияти) талафот, ки ба туфайли ҳодисаҳои пешгӯишаванда ва пешгӯинашаванда муайян карда мешаванд;
- эҳтимолияти (имконияти) фарқияти нишондиҳандаҳои ба нақша гирифта шуда ва натиҷаҳои ҳақиқӣ.
Ба сифати нишондиҳандаҳои ба нақша гирифта шуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, ҳаҷми воситаҳои азхудшуда ва маблағгузорӣ, ҳаҷми арзиши фоидаҳои ба кор андохта шуда, бақияи (арзишҳои аслии) фаъолияти истеҳсолӣ ва тиҷоратӣ, фоида, сарватмандии ширкат ва арзиши кор (бизнес)-ро маҳсуб донистан мумкин аст. Бояд қайд намуд, ки таърифҳои овардашуда (2-4) дар маҷмӯъ ба таърифи асосӣ (1) мухолифат накарда, дар баробари ин, барои соҳаи мушаххас қобили татбиқ аст. Масалан, таърифи (4)-ро барои саҳеҳгардонии таърифи ISO 73:2009 истифода кардан мумкин аст, зеро:
1. Талафоти ба хавфи объектҳои хатардоштаи саноатӣ вобаста буда ба туфайли мушаххасгардонии номуайяниҳои зерин ба вуҷуд омада метавонад:
- фавқулодда (ҳодисаҳои ғайриинтизор): фалокат (вайроншавии вазнини раванди технологӣ дар ҷараёни гузариши ба нақша гирифта шудаи он, ки ҳам бо таъсири беруна ва ҳам дохилии корхона алоқаманд мебошад);
- ҳамчунин ғайриимкон гардидани амалишавии раванди истеҳсолӣ;
- роҳ додан ба саҳв дар лоиҳакашии низоми технологӣ, ки боиси ғайриимкон гардидани амалишавии раванди истеҳсолӣ дар низоми мавҷудаи истеҳсолӣ-технологӣ, ки хусусиятҳои махсуси раванд (иқтисодӣ, техникӣ, ташкилӣ, экологӣ) ва сифати маҳсулотро талаб менамояд, мегардад;
- ҳодисаҳои чашмдоштӣ (систематикие), ки воқеаҳои гуногуни хусусияти низомнок дошта, ба монанди партовҳо ва ҳосилшавии пасмондаҳои истеҳсолӣ, нуқсонҳои истеҳсолӣ, сарфи барзиёди (исрофи) захираҳои истеҳсолӣ ва ғайраро дар бар мегирад.
2. Ҳодисаҳои хавф дар корхонаҳои саноатӣ дар ҳолатҳои дилхоҳ ба тағйироти ҷараёни арзиши (мушаххасгардонии таъсир ба ноилшавӣ ба мақсадҳои пешгузошташуда) корхонаҳои истеҳсолӣ, дар асоси робитаи мустақим бо ҳодисаи хавф (фалокат ва ё низомнок), ки табиати эҳтимолӣ (имкониятӣ) доранд, таъсир мерасонанд, аз ин рӯ, дар робита бо ин муайян намудани табиати эҳтимолии тағйироти ҷараёни арзиш аҳамияти амалӣ пайдо мекунад.
Роговим М. қайд мекунад, ки идоракунии хавфу хатари сармоягузорӣ дар як вақт ҳам сиёсат ва ҳам иқтисодиёт ва занҷири звеноҳои сершуморро ифода менамояд, ки ба онҳо на танҳо мутахассисони соҳибихтисос, балки бояд мутахассисоне роҳбарӣ кунанд, ки соҳиби ваколатҳои мувофиқ буда, бо методикаву стандартҳо мусаллаҳ бошанд. Олимон кайҳост, ки ба омӯзиши асосҳои гуногуни методӣ ва назариявии идоракунии хавф машғул мебошанд. Тавсиф ва банизомдарории нуктаҳои асосии назарияи идоракунии хавф дар корхонаҳои саноатӣ мавҷудияти низоми безиддияти категорияҳо – аппарати категориалиро (забони тасвирро) тақозо менамояд. Он қисмати муҳимми таркибии назарияи идоракунии хавф дар корхонаҳои саноатӣ ба ҳисоб меравад.
Масъалаҳои оптимизатсиякунонии идоракунии ҳал ва фаъолияти амалиётии корхонаҳои саноатӣ ҳамеша дар вазъияти баланди масъулият қарор доранд. Зеро чи тавре мегӯянд «Дар бозӣ чизи андак не, балки фароғати истеъмолкунандагон, воситаҳои калони моддӣ, билохира бехатарии одамон гузошта шудааст ва омаду барори корро чашмдор будан, ба ақли солим мувофиқ намеояд».
Дар шароити имрӯза дар соҳаи назарияи идоракунии хавф ҳамчун қисмати таркибии идоракунии хавф дар корхонаҳои саноатӣ вазъияте ба амал омадааст, ки ба низомдарорӣ ва омӯзиши амиқи донишҳои ғуншуда бе аниқкунии асосҳои консептуалии назарияи идоракунии хавф ва тавсифи мундариҷаи мазмуни он дар мувофиқат бо моҳияти аслии ҳодисаҳои дар идоракунии хавфҳо инъикосёбанда ниҳоят мушкил мебошад. Масалан, дар таҳқиқотҳои Каплан А.В., Каплан В.Е., Машенко М.В., Овечкина Е.В. таснифи нисбатан пурраи методҳои оптимизатсияи масъалаи идоракунӣ аз рӯйи меъёрҳои (критерияҳои) гуногун пешниҳод шудааст, ки дар байни онҳо максималигардонии фоида ва ҳисоби самаранокии иқтисодӣ мавқеи хосро ишғол менамоянд.
Дар кори Лукашов А.В. бошад ба рушди консепсияи идоракунии активҳо ва воситаҳои пулии корхонаҳо дар шароити хавф диққати калон дода шудааст. Идоракунии хавфҳо ҳамчун низоми зиёдгардонии арзиши саҳмияҳои корхона арзёбӣ мегардад. Низоми идоракунии хавфу хатарҳо ба сифати абзори оптимизатсияи равандҳои тиҷоратӣ дида баромада намешавад. Хусусан, дар ин бобат мақсаднокии сармоягузорӣ барои коғазҳои қиматнок ва рушди лоиҳаҳо нақши муҳим мебозад. Аз тарафи дигар, аз рӯйи таърифот метавон гуфт, ки низоми идоракунии хавфҳо набояд барои муайян кардани даромаднокии сармоягузорӣ, балки бояд барои ташаккули устувори корхона истифода бурда шавад. Хусусияти умумии консептуалии ҳамаи таҳқиқоти мавҷударо самтнокии идоракунии хавф барои кам кардани имконияти сар задани натиҷаҳои номусоиди моддии ченшаванда ташкил медиҳад.
Дар таҳқиқоти Кричевский Н.А. унсурҳои асосии консепсияе муайян карда шудааст, ки он раванди идоракунӣ, эҳтимолияти бавуҷуд омадани хавфҳо, натиҷаҳои номусоид, камкунии (минимизатсияи) талафотро дар бар мегирад.
Ҳамчунин дар ин таҳқиқот вазифаҳои асосии идоракунии хавфу хатар:
ошкор сохтани хавфи имконпазир;
арзёбии талафоти имконпазири молиявӣ;
ташаккули стратегияи идоракунии хавфҳо; таъсиррасонӣ ба хавфҳо;
таҳлили натиҷаҳо ва арзёбии методҳои самараноки идоракунии хавфҳо муайян карда шудаанд.
Дар таҳқиқоти Резниченко В.Ю. самтҳои интегратсияи менеҷменти хавф: ҳамоҳангсозӣ (координатсия), бетанаффусӣ (муназзамӣ), дарбаргирии ҳамаи намудҳои фаъолият ба таври муфассал тасвир ёфтааст. Дар он ҳамчунин консепсияи хавфи соҳибкорӣ, ки ба таҳқиқи сабабҳои сар задани хавф асос ёфтааст ва дар навбати худ он таҳдид ва ё майлкунӣ аз натиҷаҳои нақшавиро муайян мекунад, нишон дода шудаанд. Дар таҳқиқоти Асват Дамодаран алгоритми умумии идоракунии стратегии хавф дар корхона тавсиф ёфта, механизмҳои идоракунии хавфҳои гуногуни ба корхона таҳдидкунанда баррасӣ гардидааст. Метавон гуфт, ки имрӯз дар соҳаи идоракунии хавфҳои молиявӣ ва сармоягузориҳои корхонаҳои саноатӣ коркардҳои зиёде мавҷуданд. Вале бояд қайд кард, ки ба масъалаҳои идоракунии хавф дар фаъолияти амалии корхонаҳои сектори ҳақиқӣ камтар диққат дода мешавад.
Ҳамин тавр, таъкид месозем, ки хавф ин омили доимӣ, ба таври даврӣ ва схоластикии таъсиркунандаи муҳити беруна ва ё дохилии корхонаи саноатӣ мебошад, ки ба пастравии арзиши онҳо равона гардидааст.
Ҳамин тариқ, гуфтан мумкин аст, ки қисмати зиёди таҳқиқоти имрӯз мавҷудбударо таҳқиқоти ба идоракунии молиявии хавфҳо бахшидашуда ташкил медиҳад. Дар робита бо ин, пешниҳод мегардад, ки чунин консепсияи идоракунии комплексии хавфҳо ташаккул дода шавад, ки он ба махсусияти кори корхона нигаронида шуда, ба оптимизатсияи равандҳои тиҷоратӣ равона бошад. Мушкилоти (проблемаи) пешниҳодшуда дар назди идоракунии корхона ташаккули консепсияи идоракунии хавфҳоро вазифа мегузорад, ки он ба корхонаи саноатӣ хос мебошад. Дар зери мафҳуми консепсияи низоми идоракунии хавфҳои корхонаҳои саноатӣ тарзи муайяни кори низом, принсипҳои асоснокӣ ва ҷанбаҳои назариявии он дар назар дошта шудааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё